Фанни Ҳуқуқ

Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар низоми ҳуқуқ

Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ дорои предмети алоҳидаи танзимнамоии худ – пешбурди судии парвандаи ҷиноятӣ (уголовное судопроизводство) ва методи хоси танзимнамоӣ – шакли мурофиавӣ мебошад.

Дар баробари ин ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ бо дигар соҳаҳои ҳуқуқ дар алоқамандӣ қарор дорад. Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ба баъзе соҳаҳҳои ҳуқуқ на танҳо бо табиати худ, балки бо вазифаҳои мушаххас ва соҳаи татбиқи меъёрҳо алоқамандӣ дорад. Ба чунин соҳаҳо дохил мешаванд: ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ.

Аз ҳама бештар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ба ҳуқуқи ҷиноятӣ алоқамандӣ дорад. Меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятиро бе татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар амал татбиқ намудан ғайриимкон аст. Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятиро таъмин менамояд. Дар навбати худ ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ бе ҳуқуқи ҷиноятӣ аҳамияти амалии худро аз даст медиҳад ва беманфиат мегардад. Чӣ ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ва чӣ ҳуқуқи ҷиноятӣ барои ҳалли вазифаи ягона – яъне мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ равона шудаанд.

Дар асоси ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ принсипҳои демократӣ истодаанд. Алоқаи устувор ва ҷудонашавандаи ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ дар тамоми марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ дида мешавад.

Таносуби ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ва ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ ба таносуби ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ монанд аст. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар ҷараёни иҷроиши ҳукм ба вуҷуд меоянд ҳам дар ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ҳам дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ танзим карда мешаванд.

Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ҳангоми иҷроиши ҳукм тартиби ба иҷро даромадани ҳукм, ҳалли баҳсҳо ҳангоми иҷроиши ҳукм, пешниҳоди маводҳо ва пешбурди судиро оид ба озод намудани маҳкумшуда аз иҷроиши ҷазо бо сабаби беморӣ, пеш аз мӯҳлат ва шартан пеш аз мӯҳлат озод кардан аз адои ҷазо, иваз намудани ҷазо ба ҷазои сабуктар ва монанди инҳоро танзим менамояд. Мубориза бар муқобили ҷинояткорӣ на танҳо вазифаи умумиии ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, балки вазифаи ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ мебошад.

Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ба ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ низ алоқамандӣ дорад. Робитаи ин соҳаҳои ҳуқуқ бештар дар он ифода меёбад, ки муносибатҳои аз ҷониби онҳо танзимшаванда бо ҳамдигар алоқамандӣ доранд. Ҳар яке аз ин соҳаҳо муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба амалигардонии адолати судиро танзим мекунанд. Алоқамандии ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ва ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ боз бештар ба институти даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ (ҳангоми аз ҷиноят ба ҷабрдида расонидани зарари молумулкӣ ё маънавӣ) вобаста аст.

Дар навбати худ байни ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ ва ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ фарқияти ҷиддӣ мавҷуд аст. Мурофиаи ҷиноятӣ барои мақсадҳои мубориза бар муқобили ҷинояткорӣ хизмат мекунад, мурофиаи гражданӣ бошад – барои ҳалли баҳсҳое, ки аз муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ, меъросӣ ба вуҷуд меоянд, хизмат мекунад.

Тартиби ҷамъкунии далелҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ ва мурофиаи гражданӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Агар дар парвандаҳои ҷиноятӣ далелҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷамъ карда шавад, дар павандаҳои гражданӣ бошад аз ҷониби тарафҳо бо дастгирии суд ҷамъ карда мешаванд. Оқибати баррасии парвандаҳои гражданӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ низ аз ҳамдигар фарқ мекунад. Агар оид ба парвандаи гражданӣ зарари расонидашуда баргардонида шавад, ҳуқуқи вайронкардашуда барқарор карда шавад, дар мурофиаи ҷиноятӣ бошад на танҳо доир ба баргардонидани зарар, балки доир ба таъин намудани ҷазо нисбати гунаҳкор қарор қабул карда мешавад. Агар нисбати парвандаҳои ҷиноятӣ суд ҳукм қабул кунад нисбати парвандаҳои гражданӣ ҳалнома қабул карда мешавад ва монанди инҳо.

Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ҳамчун илм ва фанни таълимӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ба ҳайси яке аз илмҳои ҳуқуқӣ низ пазируфта шудааст.

Илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ – ин маҷмӯи ақидаҳои ҳуқуқӣ, тасаввуротҳо ва ғояҳое мебошанд, ки моҳият ва мазмуни пешбурди судии парвандаи ҷиноятиро дар асоси материализми диалектикӣ ҳамчун шакли татбиқи қонуни ҷиноятӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ошкор менамояд[1].

Предмети илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятиро назарияи мурофиаи ҷиноятӣ ташкил медиҳад, ки қонуниятҳои инкишофи мурофиаи ҷиноятиро меомӯзад, принсипҳои демократӣ, шаклу воситаҳои мубориза бар муқобили ҷинояткориро кор карда мебарояд, мафҳумҳои умумии интитутҳои мурофиавии ҷиноятӣ, кафолатҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳоро ҳосил мекунад.

Аз предмети илми мурофиавии ҷиноятӣ бояд мундариҷаи (содержание, мазмуни) онро фарқ намуд. Мундариҷаи ин илмро ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтиш, прокуратура ва суд; муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии ҷиноятӣ ҳангоми пешбурди судии парвандаҳои ҷиноятӣ – ташкил медиҳанд.

Методи илми ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ методи материализими диалектикӣ – ягона методи ҳақиқии илмӣ мебошад. Дар тадқиқотҳои илмӣ нақши методологиро на танҳо материализми диалектикӣ, қонуну категорияҳо он иҷро менамояд, балки материализими таърихӣ низ иҷро мекунад.

Ҳамин тавр, мавзӯи омӯзиши илми мурофиаи ҷиноятиро бояд қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, таҷрибаи татбиқи он, таълимотҳои дар заминаи он бавуҷудомада, таҷрибаи таърихиии давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи мазкур ташкил диҳанд.

Мурофиаи ҷиноятӣ дар тамоми сифатҳои худ (ҳамчун фаъолияти муайян ва муносибатҳои ба он алоқаманд; ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; ҳамчун илм ва фанни таълимӣ) бо соҳаҳои дигари донишҳо, ки аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ҳангоми ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо, инчунин аз ҷиниби суд ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парванда истифода мешаванд, алоқамандӣ дорад. Барои ба ҷавобгари кашидани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, доштани донишҳои махсус зарур аст. Истифодаи ин донишҳо дар мубориза бар муқобили ҷинояткорӣ ба он оварда мерасонад, ки соҳаҳои махсуси донишҳо ба вуҷуд омаданд. Ин соҳаи донишҳо: криминалистика, криминалогия, тибби судӣ, психиатрияи судӣ, психологияи судӣ ва омори судӣ мебошанд.

Сохти фанни таълимии «Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ» бо назардошти сохти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ҳамчунин бо назардошти маълумотҳои илми мурофиавии ҷиноятӣ муайян мегардад. Омӯзиши мурофиаи ҷиноятӣ аз фаҳмидани мафҳумҳои асосӣ, ки барои муайян кардани предмети ин фан ва сохти он заруранд, тавсифи қонунгузорӣ ва таърихи он, принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ ва як қатори дигар масъалаҳои умумӣ (далелҳо, субъектон, чораҳои мурофиавии маҷбурӣ ва ғайра) оғоз шуда, баъд дар бораи тамоми марҳилаҳои мурофиа, инчунин намудҳо ва тарзҳои махсусӣ ҳалли парвандаҳо (хусусиятҳои баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон, хусусиятҳои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дошта ва монанди ин) маълумот дода мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *