Фанни Ҳуқуқ

Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар ин давлат мебошад, намунаи сазовори шакли омехтаи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад.

Тафтишоти пешакӣ. Тафтишоти пешакӣ ба ҳуқуқи давлат оиди ба ҳуқуқвайронкунанда эълон кардани айбдоркунӣ асос меёбад. Чун қоида пеш аз тафтишоти пешакӣ полис таҳқиқ мегузаронад, ки ду намуди онро ҷудо мекунанд: таҳқиқ дар намуди пурра гузаронидани тафтишот ва таҳқиқ оид ба парвандаҳое, ки нисбати онҳо гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмист. Таҳқиқи полис зери роҳбарии прокурор аз ҷониби комиссарҳо, офитсерон ва агентони политсияи судӣ ва перефектҳои департаментҳо гузаронида мешавад. Ба политсияи судӣ барои гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан, дастгиркунии гумонбаршудагон ва шоҳидон, инчунин, пурсиши шахсони зикршуда ҳуқуқҳои васеъ дода шудааст. Ҳангоми гузаронидани таҳқиқ барои анҷом додани амалҳои тафтишӣ шакли муайяни мурофиавӣ пешбинӣ нашудааст, ҳарчанд маълумоте, ки аз ҷониби политсия ҷамъ оварада мешавад, аҳамияти исботкунӣ доранд. Мавриди зикр аст, ки гузаронидани таҳқиқ ҳатто то оғози парвандаи ҷиноятӣ имконпазир аст. Ваколатҳои политсияи судӣ оид ба парвандаҳое, ки нисбати онҳо гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, хеле васеъ мебошад.

Тафтиши пешакӣ аз ҷониби шахси мансабдори унвони судӣ дошта, ки судяи тафтишӣ номида шудааст, гузаронида мешавад. Судяи тафтишӣ аз ҷиҳати ташкилӣ ба мақомоти судӣ тобеъ аст, вале ҳангоми иҷро намудани вазифаҳои худ бошад он ба прокуратура тобеият дорад. Судяи тафтишӣ аз прокурор дархост гирифта, ба тафтиш дар асоси хулосаи муқаддимавии прокурор шурӯъ мекунад ва ӯ аз далелҳое, ки политсия пешниҳод намудааст вобаста нест. Судяи тафтишӣ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зарурӣ ҳозиршавии айбдоршавандаро бо роҳи даъват намудан ё бо роҳи татбиқ намудани чораҳои гуногуни маҷбуркунӣ таъмин менамояд. Ба сифтаи востаҳои таъмин супориш дар бораи ҳозиршавӣ, қарор дар бораи маҷбуран овардан, инчунин қарор дар бораи дастгиркунӣ ва ордер барои ба ҳабс гирифтан хизмат мекунанд. Судяи тафтишӣ ҳуқуқ дорад айбдоршавандаро дар асоси гарав муваққатан озод кунад.

Дар ҳар марҳилаи тафтиш прокурор ҳуқуқ дорад дахолат намояд ва иҷро намудани вазифаҳои тафтиширо ба зимаи худ гирад ё ба судяи тафтишӣ барои гузаронидани амалҳои муайяни тафтишӣ, ки ба ақидаи ӯ барои беҳтар бурдани адолати судӣ ба мақсад мувофиқ аст, супориш диҳад.

Судяи тафтишӣ тафтишро ба анҷом расонида, пешбурди парвандаро ба прокурор медиҳад, ки дар сурати ҷонибдорӣ кардан парвандаро ба судя барои баррасии минбаъда медиҳад. Дар чунин ҳолат судяи тафтишӣ ҳуқуқ дорад барои равон кардани парванда ба суди зинаи дахлдор ё агар ӯ айби пешниҳодшударо беасос донад дар бораи қатъ намудани таъқиби ҷиноятӣ қарор қабул мекунад.

Соли 1985 дар Франсия мақомоти нави дастаҷамъӣ оид ба назорат аз болои тафтишот бо номи палатаи тафтишӣ таъсис гардид, ки он аз 1 марти соли 1988 ба фаъолият шурӯъ намуд.

Палатаи тафтишӣ дар назди трибуналҳои зинаи калон дар ҳайати се судяи касбӣ, ки бояд ду нафари онҳо собиқаи кории тафтишӣ дошта бошанд, таъсис дода мешавад. Судяҳои палатаи тафтишӣ аз ҷониби раиси трибунал ба мӯҳлати се сол таъин карда мешаванд.

Палатаи тафтишӣ қонунӣ ва асоснок будани таъқиби ҷиноятӣ, амалҳои гузаронидашудаи тафтишӣ, манфиатнок будани ҷудо ва якҷая кардани пешбурди тафтишӣ ва монанди инҳоро нисбати парвандаи оғозгардида санҷида, дорои салоҳиятҳои васеъ мебошад. Дар тафтиши парандаҳои мураккаб палатаи тафтишӣ ҳуқуқ дорад барои бурдани тафтиш судяҳои иловагиро (як судя ё якбора якчанд судяро) ҷалб намояд. Палатаи мазкур дар бораи моҳияти чораҳои маҷбурии мурофиавии андешидашуда қарор мебарорад.

Басуддиҳӣ. Масъалаи мазкур на аз ҷониби суд ё судя, балки аз ҷониби камераи айбдоркунӣ, ки дар назди ҳар як суди аппелятсионӣ мавҷуд буда, ба сифати мақомоти тафтишии зинаи дуввум баромад мекунад, ҳал карда мешавад. Камераи айбдоркунӣ дар ҳайати раис ва ду нафар аъзо фаъолият мекунад. Дар як вақт вай аз болои фаъолияти судҳои тафтишӣ назорат намуда, ҳуқуқ дорад ба онҳо ҷазои интизомӣ татбиқ намояд. Камераи айбдоркунӣ ҳамчун зинаи назоратӣ қарор ва супоришҳои судяҳои тафтиширо назорат намуда, аризаҳои иштирокчиёни мурофиаро дар бораи вайрон шудани меъёрҳои қонуни мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷониби судяҳои тафтишӣ, прокурор ё шахсони мансабдори политсияи судӣ баррасӣ менамояд. Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба камераи айбдоркуниро на танҳо судяи тафтишӣ ва прокурор, балки айбдоршаванда, даъвогари гражданӣ, ҷабрдида ва ҳимоятгар низ доранд.

Камераи айбдоркунӣ оид ба ҳар як парвандае, ки дар баррасии он қарор дорад, ҳуқуқ дорад дар бораи ба тафтишоти иловагӣ супоридан (агар тафтиши гузаронидашударо нопурра донад) ё дар бораи тамом шудани тафтиш қарор барорад. Дар сурати қабули қарор дар бораи тамом шудани тафтиш, камераи айбдоркунӣ метавонад таъқиби ҷиноятиро қатъ намояд ё дар бораи ба суд додани айбдоршаванда қарор қабул кунад.

Муҳокиаи судӣ. Мурофиаи судӣ даҳонӣ, ошкоро ва дар шакли мубоҳисавӣ гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар баъзе мавридҳо мурофиаи судиро бе иштироки айбдоршаванда низ гузаронидан мумкин аст.

Дар зинаи якум баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои ҳакамӣ (суд присяжных) (парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо), дар трибуналҳои ислоҳотӣ (парвандаҳо оид ба кирдорҳои ношоям), дар трибуналҳои политсия (парвандаҳо оид ба вайронкуниҳо) гузаронида мешавад.

Ҳайати суди ҳакамӣ аз се аъзои доимӣ (раис ва ду ассесор) ва нуҳ машваратчиёни халқӣ иборат аст. Дар фарқият аз мурофиаи ҷиноятии англосаксонӣ аъзоёни доимӣ ва машваратчиёни халқии суди франсузӣ коллегияи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне фарқият байни салоҳияти онҳо вуҷуд надорад ва ҳамаи масъалаҳои «ҳуқуқ ва факт» якҷоя ҳал карда мешавад. Аммо раиси суд ваколати дискретсионӣ (дискреционными полномочиями) дорад: ӯ новобаста аз ақидаи дигар ҳайати суд, метавонад як қатор қарорҳои муҳими мурофиавиро мутақилона қабул намояд. Чунончӣ, ӯ аз рӯи «инсоф ва виҷдон» амал намуда, ҳуқуқ дорад тамоми чораҳоро барои муайян кардани ҳақиқат андешад.

Мурофиа дар суди ҳакамӣ бо санҷидани ҳозир будани тарафҳо, шоҳидон, экспертҳо кушода мешавад. Баъд аз ин қарори камераи айбдоркунӣ дар бораи ба суд додани парванда хонда мешавад. Қайд намудан муҳим аст, ки дар мурофиаи ҷиноятии Франсия чунин санади муҳими мурофиавӣ ба мисли санади айбдоркунӣ пешбинӣ нашудаст. Бинобар ин раиси суд метавонад бо хоҳиши худ ҳудуди таҳқиқи судиро маҳдуд ё васеъ намояд, ки ин судшавандаро ба вазияти мушкил мегузорад. Сипас фикри прокуроре, ки айбдоркунии давлатӣ ва даъвогари гражданиро ҷонибдорӣ мекунад, шунида мешавад. Баъд аз ин музокираи тарафҳо оғоз мешавад. Раисикунанда муносибати худро ба масъалаи гунаҳкорӣ нагуфта, судшавандаро мепурсад ва нишондоди онро қайд мекунад. Сипас шоҳидон, баъд аз қасам хурдан шунида мешаванд.

Баъд аз нишондоди ҳар шоҳид раисикунанда ва айбдоркунандаи давлатӣ ҳуқуқ доранд ба шоҳид савол диҳанд. Ин ҳуқуқро ҳимоятгари айбдоршаванда ва дигар иштирокчини мурофиа низ доранд, вале онҳо танҳо бо иҷозати раисикунанда савол дода метавонанд. Сипас экспертҳо шунида мешаванд ва далелҳои шайъӣ санҷида мешаванд.

Дар тамоми мӯҳлати муҳокимаи судӣ раисикунанда ваколатҳои ба ӯ додашударо истифода мебарад ва воситаҳоеро, ки аз назари ӯ барои дарёфт кардани ҳақиқат заруранд татбиқ мекунад.

Бо тамом шудани тафтиши судӣ даъвогари гражданӣ ва ҳимоятгари ӯ шунида мешаванд, сипас айбдоркунандаи давлатӣ сухан мекунад, судшаванда ва ҳимоятгари ӯ бошанд далелҳои ҳимояро пешниҳод мекунанд. Тарафи айбдоркунанда ба луқмапартоӣ ҳуқуқ дорад, вале сухани охирон ба судшаванда ва ҳимоятгари ӯ дода мешавад.

Баъд аз музокираи судӣ суд ҳукмро қабул мекунад. Барои баровардани ҳукми айбдоркунанда овозҳои аксарият лозим аст. Сипас суд метавонад оид ба даъвои гражданӣ қарор қабул кунад.

Парвандаҳо оид ба кирдорҳои ношоям аз ҷониби трибунали ислоҳотӣ баррасӣ мегардад. Ба ҳайати он се нафар судяи касбӣ (раис ва ду нафар аъзои суд) дохил мешаванд. Иштироки прокурор дар маҷлиси трибунали ислоҳотӣ ҳатмӣ буда, иштироки ҳимоятгар танҳо иҷозат дода мешавад. Дар як қатор мавридҳо парвандаро бе иштироки айбдоршаванда баррасӣ кардан мумкин аст. Дар байни далелҳо ҷои асосиро ҳуҷҷатҳои хаттӣ (одатан протоколҳо ва хабарҳои аз ҷониби политсия тартибдодашуда) ишғол мекунанд.

Парвандаҳо оид ба вайронкуниҳо аз ҷониби трибуналҳои политсия баррасӣ мегардад. Ҳайати трибунали политсия аз як судяи касбӣ иборат аст. То моҳиятан баррасӣ кардани парванда, судя айбдоршавандаро ба мундариҷаи протоколи политсия шинос намуда ба ӯ пардохт намудани ҷаримаи муқарраршударо пешниҳод мекунад. Розӣ шудани айбдоршаванда ба ҷазои мазкур ва супоридани ҷарима пешбурди минбаъдаи парвандаро якбора қатъ мегардонад. Вале дар ҳолати розӣ набудан ба пардохти ҷарима, судя барои моҳиятан барраси кардани парванда шурӯъ мекунад ва қарори худро мебарорад. Дар чунин маврид судя бештар ба далелҳои хаттие аҳамият медиҳад, ки аз ҷониби политсия пешниҳод гардидааст.

Пешбурди аппелятсионӣ. Аппелятсия тарзи шикоят овардан нисбати ҳукмҳое мебошад, ки аз ҷониби политсия ва трибунали ислоҳотӣ бароварда шудааст. Нисбати ҳукмҳое, ки бо иштироки машваратчиёни халқӣ қабул гардидаанд, аппелятсия роҳ дода намешавад.

Дар мурофиаи ҷиноятии Франсия мақсади аппелятсия тағйир додан ё бекор кардани қарори суди зинаи якум аз ҷониби суди аппелятсионӣ мебошад. Доир ба аппелятсия дар қонуни мурофиавии ҷиноятии Франсия чунин муқаррарот пешбинӣ шудааст: «Аз нав баррасӣ намудан боиси пурра ё қисман тағйир ёфтани қарори суди зинаи якум ё бекор кардани қарори он ё боиси нодуруст эълон кардани қарори аввалаи суд мегардад».

Шикояти аппелятсиониро чӣ бо асосҳои ҳуқуқӣ ва чӣ бо асосҳои воқеӣ арз кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар мӯҳлати даҳ рӯз аз лаҳзаи қабули қарор оиди парванада арз карда шавад. Овардани шикоят иҷроиши ҳукмро боз медорад ва парванда ба суди марҳилаи дуввум барои баррасӣ супорида мешавад. Аммо суди зинаи дуввум наметавонад қарореро барорад, ки он боиси вазнинтар гардидани ҷазои таъиннамудаи суди зинаи якум гардад, инчунин суди зинаи дуввум наметавонад маблағи барои ҷуброни зарар таъиншударо, ки аз ҷониби суди зинаи якум муайян шудааст, кам кунад. Танҳо аппелятсияи прокурор ба суд ҳуқуқ медиҳад, ки қарори суди зинаи якумро бар зарари маҳкумшуда тағйир диҳад. Чун қоида, барои имконият додан ба суди аппелятсионӣ дар озодии интихоби қарор, прокурор аппелятсияи худро ба шикояти маҳкумшуда ҳамроҳ менамояд.

Пешбурди кассатсионӣ. Бо тартиби кассатсионӣ аз нав баррасӣ намудани ҳукмҳои суди ҳакамӣ ва қарори суди аппелятсионӣ бинобар сабаби вайрон кардани қонун имконпазир аст. Яъне предмети баррасии зинаи кассатсионӣ танҳо масъалаҳои ҳуқуқ мебошад.

Шикояти кассатсионӣ дар сурати мавҷуд будани асосҳои зерин иҷозат дода мешавад: ҳангоми қабули қарор аз ҷониби ҳайати нопурраи суд; бесалоҳият будан суд ва баромадан аз ҳадди ваколатҳо аз ҷониби суде, ки қарорро баровардааст; риоя накардани шаклҳои мурофиавии дар қонун муқарраршуда, бо таҳдиди нодуруст будани тамоми муҳокимаи судӣ; вайронкунии ҷиддии меъёрҳои қонуни ҷиноятӣ.

Шикояти кассатсионӣ иҷроиши ҳукмро бозмедорад. Шикояти кассатсиониро маҳкумшуда, даъвогари гражданӣ ва прокурор дар мӯҳлати панҷ рӯз аз лаҳзаи эълон кардани ҳукм ва агар тарафи мазкур дар маҷлиси судӣ иштирок надошта бошад, аз лаҳзаи хабар додан аз ҳукми баровардашуда, пешниҳод карда метавонанд. Баъди гузаштани мӯҳлати панҷрӯза бошад шикояти кассатсиониро прокурори генералии назди суди кассатсионӣ ё вазири адлия пешниҳод карда метавонанд.

Пешбурди ревизионӣ. Дархост дар бораи бо тартиби ревизионӣ аз нав баррасӣ кардани ҳукм, бо сабаби пайдо шудани ҳолатҳои нав, ки дар марҳилаи иҷроиши ҳукм ошкор шудаанд, арз шуданаш мумкин. Шикоят кардан бо роҳи арз кардани дархост оиди ревизия танҳо ба шарте мумкин аст, ки ҳукм ба қувваи қонунӣ даромада бошад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо гузаронидани ревизия нисбати ҳукми ба қувваи қонунӣ надаромада низ иҷозат дода мешавад.

Оғоз кардани дархост оиди ревизия танҳо аз ҷониби маҳкумшуда ё аъзоёни оилаи ӯ имконпазир аст. Дархост ба камераи ҷиноятии суди кассатсионӣ пешниҳод карда мешавад, ки он парвандаро ба баррасии нав месупорад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *