Фанни Ҳуқуқ

Принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ

3.1. МАФҲУМ, МОҲИЯТ ВА НИЗОМИ

ПРИНИПҲОИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ

Истилоҳи «принсип» решаи лотинӣ (Principum) дошта, ба маънои асос, бунёд, таҳкурсӣ истифода мегардад.

Дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ муайян намудани мафҳум ва моҳияти принсипҳои он аҳамияти муҳим дорад. Зеро принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ ғояҳо ва ақидаҳои роҳбарикунандаро дар бар гирифта, моҳият ва сохти мурофиаи ҷиноятиро ошкор ва муайян мекунанд.

Он қоидаҳои роҳбарикунандае принсипҳои мурофиавии ҷиноятӣ мебошанд, ки сохтор ва характери демократии мурофиаи ҷиноятиро муайян намуда, адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин менамоянд ва дар меъёрҳои ҳуқуқ ифода ёфтаанд.

Мавриди зикр аст, ки ба принсипҳои мурофиавии ҷиноятӣ хусусиятҳои зерин хосанд:

А) танҳо он ақидаҳое принсипҳои мурофиавии ҷиноятӣ шуда метавонанд, ки ҷавобгӯи шароити инкишофи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа мебошанд;

Б) принсипҳои мурофиавии ҷиноятӣ ақидаҳое мебошанд, хусусияти демократӣ дошта, барои ҳалли вазифаҳои мурофиавии ҷиноятӣ мусоидат менамоянд;

В) принсипҳои мурофиавии ҷиноятӣ ақидаҳое мебошанд, ки дар меъёрҳои ҳуқуқ инъикос ёфтаанд. Ин хусусият ба онҳо моҳияти ҳатмӣ, муайянӣ ва кафолатнокиии риояро медиҳад.

Моҳияти принипҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ гуногунанд:

а) онҳо моҳият ва хусусиятҳои хоси мурофиаи ҷиноятиро ифода менамоянд; б) принсипҳо низоми меъёрҳои хусусияти умумидошта буда, таҳкурсии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд; в) вайрон кардани меъёрҳо-принсипҳо барои бекор кардани қарорҳои қабулшуда асос шуда метавонанд.

Принсипҳои мурофиавии ҷиноятӣ асосан дар бобҳои 2 ва 8 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар боби 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ» номида шудааст, мустаҳкам карда шудаанд.

Бо назардошти меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми пинсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ инҳо дохил мешаванд: қонуният; эҳтимолияти бегуноҳӣ; баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; ба амал баровардани адолати судӣ танҳо аз ҷониб суд; мустақилияти судяҳо; мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо; ошкоро гузаронидани муҳокимаи судӣ; эҳтироми шахсият, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон; таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршаванда ва айбдоршаванда; ҳамаҷониба, пурра ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои парванда; баҳодиҳӣ ба далелҳо аз рӯи ақидаи ботинӣ; бевосита ва шифоҳӣ бурдани муҳокимаи судӣ; таъмини истифодаи забони модарӣ дар мурофиа, ҳуқуқи шикоят намудан аз амал ва қарорҳои мурофиа.

3.2. ПРИНСИПИ ҚОНУНИЯТ

Қонуният принсипи умумиҳуқуқӣ буда, заминаи умумии он дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти ҳуқуқбунёдии давлатро муайян менамояд, таҷасум ёфтааст. Пинсипи мазкур дар қисми дуввуми моддаи 10 Конститутсия, ки ӯҳдадории давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро оиди риоя ва иҷро намудани Конутситусия ва қонунҳои ҷумҳурӣ муқаррар намудааст, равшантар ифода ёфтааст.

Ба мурофиаи ҷиноятӣ низ ин принсипи конститутсионӣ тааллуқ дорад.

Дар боби 2, моддаи 9 КМҶ ҶТ низ принипи мазкур мустаҳкам карда шудааст ва он чунин маъно дорад, ки ҳангоми амалӣ гардонидани фаъолияти мурофиавӣ-ҷиноятӣ субъектони мурофиаи ҷиноятӣ вазифадоранд талаботи меъёрҳои Конститутсия, қонуни мурофиаи ҷиноятӣ ва дигар қонунҳои истифодашавандаро дақиқ ва якхела риоя намоянд. Муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти КМҶ ҶТ мутобиқ бошанд. Ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он, ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси масъулияти муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мавҷудияти қонунҳои хушсифат ин таҳкурсии қонуният аст, вале он ҳоло қонуният нест. Қонуният дар мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми риояю иҷрои бечунучарои қонунҳо ва таъмини рафтори шаҳрвандон, фаъолияти мақомоти давлатие, ки ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷавобгӯ аст, таъмин мегардад.

Дар мурофиаи ҷиноятӣ талаботи қонуният ин пеш аз ҳама таъмин намудани зуд, пурра ва ҳаматарафа оғоз, таҳқиқ, тафтиш ва баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ мебошад. Мақомоти дахлдор, шахсони мансабдори онҳо бояд саривақт ҳаракатҳои мурофиавии зарурии дар қонун пешбинишударо гузаронанд, санадҳо тартиб диҳанд ва тамоми он ӯҳдадориҳое, ки тибқи қонун ба зимаи онҳо гузошта шудааст иҷро намоянд.

Принсипи қонуният дар низоми пинсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ мақоми махсус дошта, дигар принсипҳоро сарварӣ менамояд.

3.3. ЭҲТИМОЛИЯТИ БЕГУНОҲӢ

Принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ дар Эъломияи умумиии ҳуқуқи башар (1948), Санади байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (1966) ва дигар санадҳои байналмилалӣ ҳамчун арзиши умумибашарӣ эътироф гардидааст.

Принсипи мазкур дар моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ба таври дақиқ чунин ифода ёфтааст: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад». Бевосита дар Конститутсия муқаррар намудани эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳам дар амалияи мақомоти тафтишотӣ ва судӣ ва ҳам дар ҷараёни қонунэъҷодкунӣ таъсири мусбӣ дорад.

Бояд қайд намуд, ки муқаррароти конститутсионӣ оиди эҳтимолияти бегуноҳӣ дар боби 2 моддаи 15 КМҶ ҶТ мушаххас гардонида шудааст. Аз ҷумла дар моддаи мазкур муқаррар карда шудааст, ки «ӯҳдадории исботи айб ба зиммаи айбдоркунанда гузошта мешавад; айбдоршаванда ӯҳдадор нест, ки бегуноҳии худро исбот намояд; ҳама гунна шубҳаҳои гунаҳгории айбдоршаванда, ки бо тартиби пешбининамудаи КМҶ ҶТбартараф карда намешаванд, ба фоидаи айбдоршаванда маънидод карда мешаванд; ҳукми айбдоркуниро бо тахмин асоснок кардан мумкин нест».

Мутобиқи принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳатто аз ҷониби муфаттиш амалан эълон кардани айбдорӣ ба шахс ва аз тарафи прокурор тасдиқ кардани фикри айбдорӣ маънои онро надорад, ки айбдоршаванда гунаҳкор аст. Танҳо як мақомот дар давлат, яъне суд ваколати гунаҳкор эътироф кардани шахсро дорад. Яъне суд нисбат ба муфаттиш ва прокурор сазовори боварии комил мебошад. Тахмини бегуноҳӣ то ҳамон вақт амал мекунад, ки дар асоси далелҳои кофӣ, аниқ ва воқеӣ, бо тартиби қонун муқарраркарда гунаҳкории шахс дар содир кардани ҷиноят бо ҳукми баамалдаромадаи суд муайян карда нашавад.

Аз пинсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ як қатор қоидаҳое, ки дар қонун мустаҳкам гардидаанд, бармеоянд:

1. Ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд ба муносибати яктарафа ва майли айбдоркунӣ роҳ дода нашавад. Суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқкунандаи ибтидоӣ ӯҳдадоранд ки барои ҳамаҷониба, пурра ва объективона тафтиш кардани ҳолатҳои кор тамоми чораҳои дар қонун пешбинишударо андешанд, чи ҳолатҳои фошкунанда ва чи ҳолатҳои сафедкунандаи айбдоршаванда, инчунин, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии ӯро ошкор намоянд.

2. Айбдоршаванда вазифадор нест, ки бегуноҳии худро исбот кунад. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад, ки айбдоркуниро рад кунад. Аз ҷониби айбдоршаванда пешниҳод нагардидани далели бегуноҳӣ наметавонад ҳамчун асос барои баровардани хулоса оиди гунаҳкор будани вай хизмат кунад. Вазифаи исботи айб ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки функсияи айбдоркуниро иҷро менамояд. Ин функсия дар тафтишоти пешакӣ ба муфаттиш ва прокурор ва дар суд бошад ба прокурор ва айбдоркунандаи ҷамъиятӣ тааллуқ дорад. Зимнан суд, прокурор, муфаттиш ва шахи таҳқиқкунандаи ибтидоӣ ҳақ надоранд, ки вазифаи исбот кардани айбро ба зиммаи айбдоршаванда гузоранд.

3. Ҳукми айбдоркунӣ ба тахминҳо асос ёфта наметавонад. Он танҳо дар ҳамон ҳолат бароварда мешавад, ки агар дар рафти муҳокимаи суд гунаҳкории судшаванда дар содир кардани ҷиноят бо далелҳои аниқ ва қонунӣ ба даст овардашуда исбот карда шавад.

4. Шубҳаҳои гунаҳкории айбдоршаванда, ки бо тартиби пешбининамудаи КМҶ ҶТ бартараф карда намешаванд бояд ба фоидаи айбдоршаванда ҳал карда шаванд. Ин чунон маъно дорад, ки агар ҳангоми баҳодиҳӣ ба ҳамаи далелҳои ҷамъовардашуда муфаттиш ё суд оиди гунаҳкор будани айбдоршаванда дудила шаванд, шахс бояд пурра ё қисман сафед карда шавад. Дар ҳолати исбот карда нашудани иштироки судшаванда дар содир кардани ҷиноят бояд ҳукми сафедкунанда бароварда шавад.

3.4. БАРОБАРӢ ДАР НАЗДИ ҚОНУН ВА СУД

Мутобиқи моддаи 17 Конститутияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 КМҶ ҶТ ҳама дар назди қонун ва суд баробар буда, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Принипи мазкур пурра ба мурофиаи ҷиноятӣ низ тааллуқ дошта, дар тамоми марҳилаҳои мурофиа бояд ба назар гирифта шавад. Мутобиқи ин принсип мавқеи мурофиавии шахс на аз рӯи мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, иҷтимоӣ, молу мулк ва дигар омилҳои ба онҳо монанд, балки аз рӯи он, ки ӯ дар парвандаи ҷиноятӣ ба кадом сифат (гумонбаршаванда, айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳид, даъвогари гражданӣ ва ғ.) баромад мекунад ва дорои кадом ҳуқуқҳо мебошад, муайян карда мешавад.

Баробарии ҳама дар назди қонун маънои онро дорад, ки бояд ҳангоми гузаронидани мурофиа оид ба парвандаи ҷиноятӣ қонуни ҷиноятӣ ва қонуни мурофиавии ҷиноятӣ барои ҳама якхела татбиқ карда шаванд. Яъне татбиқи якхелаи муқаррароти қонунҳо барои тамоми шаҳрвандон бояд таъмин гардад.

Баробарии ҳама дар назди суд бошад талаб менамояд, ки ҳангоми дида баромадани парвандаи ҷиноятӣ суд вазифадор аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони дар парванда иштирокдоштаро риоя намояд ва наметавонад барои касе имтиёз ё маҳдудиятҳои дар қонун пешбинӣ нашударо татбиқ намояд. Масалан, агар касе ба суд ба сифати шоҳид даъват шавад, ӯ новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансабӣ, вазъи молу мулкӣ ва ғайра ӯҳдадор аст ба суд ҳозир шавад ва нишондоди ҳаққонӣ диҳад. Низоми судии дар Конститутсия ва қонунҳо муқараршуда барои ҳамаи шаҳрвандон якхела мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки ба истиснои қоидаҳои умумӣ дар қонунгузорӣ як қатор қоидаҳое мавҷуданд, ки тартиби махсуси ба ҷавобгарӣ кашидани депутатҳо, судяҳо, прокурорҳо ва дигар шахсони мансабдорро пешбинӣ намудаанд. Масалан, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд ва онҳоро бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бо тартибе, ки дар қонун пешбинӣ шудааст дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, мавриди кофтуков қарор додан мумкин нест. Аммо чунин истисно ҳаргиз маънои бартаият ё имтиёзи шахсони мазкурро надошта, ҳамчун кафолати иловагӣ барои хубтар иҷро намудани вазифаҳои хизматиашон муқаррар шудааст. Ҳамин ки шахсони номбурда аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум шуданд, нисбаташон кори ҷиноятӣ оғоз шуда, дар баробари шаҳрвандони дигар онҳо низ соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайяни мурофиавӣ мегарданд.

3.5. ТАТБИҚИ АДОЛАТИ СУДӢ

Принсипи ба амал баровардани адолати судӣ танҳо аз ҷониб суд (татбиқи адолати судӣ) асоси конститутсионӣ дошта маънои онро дорад, ки адолати судиро оиди парвандаҳои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон танҳо мақомоти судӣ амалӣ мегардонад[1]. Адолати судиро оиди парвандаҳои ҷиноятӣ Суди Олӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ менамоянд. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Танҳо суд бо ҳукми баровардаи худ метавонад шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста, нисбати ӯ ҷазои ҷиноятӣ татбиқ намояд. Судҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Ба ғайр аз мақомоти судӣ дигар ҳеҷ ягон мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки адолати судиро амалӣ гардонад. Ғайриқонунӣ соҳиб, шудан ба ваколати судӣ мутобиқи қонуни ҷиноятӣ ҷазо дода мешавад.

Тарзи ташкил ва фаъолияти судҳоро Конститутсия ва қонунҳои конститутсионии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

Ташкили суди фавқулодда манъ аст (м. 84 Конститутсияи ҶТ).

Санадҳое, ки суд дар доираи ваколати худ қабул кардааст, баъди ба қувваи қонунӣ даромадан, барои ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошанд ва дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷро карда шаванд.

3.6. МУСТАҚИЛИЯТИ СУДЯҲО

Мутақилияти судяҳо муҳимтарин принсипи адолати судӣ буда, дар моддаи 87 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 17 КМҶ ҶТ ва моддаи 5 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мустаҳкам кардашудааст[2]. Чунончӣ, мутобиқи моддаи 87 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Моҳияти ин принсип дар он ифода меёбад, ки барои фаъолияти судҳо чунин шароите фароҳам оварда шавад, ки онҳо ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ аз ҳар гуна дахолат ва фишороварӣ эмин бошанд. Ҳангоми баррасии парванда суд аз ақидаи дигарон вобаста нашуда, парвандаро дар такя ба қонун аз рӯи ақидаи ботинии худ ҳамаҷониба, пурра ва холисона баррасӣ карда тавонад.

Мутобиқи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба воситаҳои таъмини мустақилияти судҳо инҳо дохил мешаванд: тибқи қонун интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан; ҳуқуқи дахлнопазирӣ доштани судя; ба амал баровардани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонун; махфияти машварати судяҳо ҳангоми баровардани санадҳои судӣ; манъи ҳамагуна дахолат ба фаъолият оиди баамалбарории адолати судӣ, таҳти таҳдиди ҷавобгарӣ; ҷавобгарӣ барои эҳтиром накардани суд; ҳуқуқ доштан барои ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худаш ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан ва бозхонди судя; ташкил намудани ҷомеаи судяҳо; муҳайё намудани шароити ташкилию техникӣ барои фаъолияти судҳо; мувофиқи мақомаш аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.

Ҳамин тавр, кафолати мустақилияти судяҳо, аз ҷумла чораҳои химояи ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии онҳо, ки қонуни конститутсионии мазкур пешбинӣ намудааст, ба ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта, бо ягон санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор ё маҳдуд карда намешаванд.

3.7. МУБОҲИСА ВА БАРОБАРҲУҚУҚИИ ТАРАФҲО

Мутобиқи қ. 2 м. 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо сурат мегирад.

Принсипи мазкур дар моддаи 20 КМҶ ҶТ мустаҳкам ва инкишоф дода шудааст. Чунончӣ мутобиқи моддаи мазкур муқаррар карда шудааст, ки «мурофиаи судии ҷиноятӣ ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад; суд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нест ва тарафи айбдоркунанда ё ҳимояро ҷонибдорӣ намекунад. Суд барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо шароит муҳайё мекунад; тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи судии ҷиноятӣ баробарҳуқуқанд ва барои ҳимояи мавқеи худ имкониятҳои баробар доранд».

Ҳаминтавр, моҳияти принсипи ба таври мубоҳисавӣ сурат гирифтани мурофиа дар он ифода меёбад, ки дар муҳокимаи судӣ функсияҳои айбдоркунӣ, ҳимоя ва ба амал баровардани адолати судӣ ҷудо буда, тарафҳо дар вақти мурофиа ба тарзи мубоҳисавӣ баробарҳуқуқанд. Ҳуқуқҳои мурофиавии тарафҳо дар суд ҳангоми ҳимояи мавқеи худ баробар таъмин карда мешавад. Онҳо барои асоснок намудани мавқеи худ ба истифодаи воситаҳои мурофиавии роҳдодашуда имконияти якхела доранд, яъне оиди айбдоркунӣ ва ҳимоя. Суд вазифадор аст, ки ҳангоми ба тарзи мубоҳисавӣ гузаронидани муҳокимаи судӣ ба тарафҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои мурофиавиашон шароит муҳаё кунад, аз болои қонуни будани амали тарафҳо назорат кунад, бо ҳаракатҳои худ барои муайян кардани ҳақиқати воқеӣ оиди парванда мусоидат кунад.

Аммо бояд қайд намуд, ки принсипи мубоҳисавӣ танҳо ба марҳилаи судии мурофиаи ҷиноятӣ тааллуқ дорад. Ба марҳилаи тафтишоти пешакӣ бошад принсипи мазкур таалуқ надорад. Баъзан маврид он ҳатто дар марҳилаи судии мурофиа низ татбиқ намегардад. Масалан, прокурор-айбдоркунандаи давлатӣ на дар ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ иштирок мекунад.

Ба ақидаи баъзе муҳақиқон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе камбудиҳо дар татбиқи принсипи мазкур вуҷуд дорад. Чунончӣ, прокурор тарафи айбдоркунӣ буда, аз болои риояи дақиқ ва иҷроиши якхелаи қонунҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ назорат мебарад ва дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фарқият аз тарафи ҳимоя ба ӯ афзалиятҳо дода шудааст, ки ин ҳама мухолифи принсипи мубоҳиса ва баробарҳуққии тарафҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ мебошад[3].

3.8. ОШКОРО ГУЗАРОНИДАНИ МУҲОКИМАИ СУДӢ

Мутобиқи қ. 3 моддаи 88 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Аз мазмуни меъёри мазкури конститутсионӣ чунин бармеояд, ки принсипи ошкоро ба тамоми судҳои низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне суди конститутсионӣ, судҳои умумӣ, ҳарбӣ ва судҳои иқтисодӣ як хел муқаррар шудааст.

Мутобиқи моддаи 19 КМҶ ҶТ павандаи ҷиноятӣ дар суд ба таври ошкоро муҳокима карда мешавад. Яъне павандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси кушодаи судӣ, дар ҳузури омма дида баромада мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар муҳокимаи судии парванда иштирок дошта бошад, ба истиснои шаҳрвандоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд. Инчуин, суд низ метавонад бо сабаби нокифоя будани ғунҷоиши толори судӣ ҳуқуқи шаҳрвандонеро, ки хоҳиши дар маҷлиси судӣ иштирок каданро доранд маҳдуд кунад.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсия ва КМҶ ҶТ ба таври пӯшида гузаронидани муҳокимаи судиро низ пешбинӣ менамоянд, ки он танҳо дар ҳолатҳои истисноии дар моддаи 273 КМҶ ҶТ зикргардида мумкин аст.

Мутобиқи моддаи 273 КМҶ ҶТ мурофиаи судии пӯшидаро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлат, яъне муҳофизати сирри давлатӣ, инчунин сирри дигари дар қонун ҳифзшаванда гузаронидан мумкин аст.

Мутобиқи қ.2 моддаи 273 КМҶ ҶТ дар ҳолатҳои зерин муҳокимаи пӯшидаи судӣ, инчунин бо таъиноти асосноки суд (қарори судя) оид ба парвандаҳои ҷиноятии шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар, бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштироккунандаи парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, инчунин дар ҳолатҳое, ки онро манфиати таъмини амнияти иштироккунандагони мурофиа ва шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо талаб мекунад, мумкин аст гузаронида шавад.

Парванда дар маҷлиси пӯшидаи судӣ бо риояи тамоми қоидаҳои пешбурди судӣ баррасӣ карда мешавад. Таъиноти судро (қарори судя ро) дар хусуси гузаронидани маҷлиси пӯшида оидба тамоми муҳокима ё қисмҳои алоҳидаи он бароварданмумкин аст.

Бо мақсади риояи махфияти мукотиба ва муросилоти телеграфӣ, тафтиш намудани мукотибаи хусусӣ ва иттилооти шахсии шаҳрвандон дар маҷлиси ошкорои суд танҳо бо иҷозати шахсоне, ки байни онҳо чунин мукотиба ё иттилооти гуфтугӯӣ сурат гирифтааст, иҷозат дода мешавад. Дар акси ҳол чунин мукотиба ва иттилооти телеграфӣ дар маҷлиси пӯшидаи суд эълон ва тафтиш карда мешавад. Қоидаҳои зикршуда инчунин ҳангоми тафтиши абтҳои овоз ва видео, ки дорои хусусияти шахсӣ мебошанд, татбиқ карда мешаванд.

Ҳукми суд ошкоро ба таври эълон карда мешавад. Дар ҳолатҳои баррасии парванда дар маҷлисҳои пӯшида тибқи таъиноти (қарори) асосноки суд, судя, танҳо қисми муқаддимавӣ ва хулосаи ҳукм эълон карда мешавад.

Ошкоро будан принсипи фаъолияти суд буда, дар тафтишоти пешакӣ бошад, маълумоти тафтишот танҳо бо иҷозати муфаттиш ё прокурор дар ҳамон ҳаҷме, ки имконпазир мешуморанд, ошкор шуданаш мумкин аст.

3.9. ПРИНСИПҲОИ ЭҲТИРОМИ ШАЪНУ ШАРАФИ ШАХС,

ДАХЛНОПАЗИРИИ ШАХСИЯТ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАХС ҲАНГОМИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ

Принсипҳои мазкур дар як қатор моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтааст.

Чунончӣ, мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътиоф, риоя ва ҳифз менамояд[4]. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегардад. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад[5]. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибатҳои ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст[6]. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест[7]. Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зуран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст[8]. Маҳрумияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудаанд. Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кадани маълумот манъ аст[9].

Ин меъёрҳои конститутсинӣ дар моддаҳои КМҶ ҶТ мушаххас гардонида инкишоф дода шудаанд.

Чунончӣ, дар моддаи 10 КМҶ ҶТ принсипи эҳтироми шаъну шарафи шахс ба таври зерин ифода ёфтааст: «Эҳтироми шаъну шарафи шахс вазифаи шахсони мансабдор ва мақомотест, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро анҷом медиҳанд. Ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зуроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад».

Ё ин ки принсипи дахлнопазирии шахсият дар моддаи 11 КМҶ ҶТ чунин нишон дода шудааст: «Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест. Ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс танҳо дар асоси қарори суд, судя ба иҷро расонида мешавад. Шахсеро, ки нисбаташ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, инчунин шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, бояд дар ҷойҳое нигоҳ дошта шавад, ки шароиташон барои ҳаёт ва саломатӣ хавф надошта бошад. Шахсиба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад. Қарори суд, судя дар бораи аз ҳабсозод намудани шахс фавран иҷро карда мешавад».

Ҳамчунин, принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар моддаи 12 КМҶ ҶТ мустаҳкам ва инкишоф дода шудааст.

Мутобиқи моддаи мазкур суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ҳуқуқу озодиҳои шахсро, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок мекунанд, ҳимоя намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит фароҳам оваранд, барои қонеъ намудани талаботи қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ сари вақт чораҳо андешанд. Товони зараре, ки ба шахс ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ расонида шудааст, бояд тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнида шавад. Ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи он ки ба ҷабрдида, шоҳид ё дигар иштирокчиёни парванда, инчунин аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо бо куштор, зӯроварӣ, несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба молу мулк ё дигар амали ғайриқонунии хавфнок таҳдид мекунанд, суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ӯҳдадоранд дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати муҳофизати ҳаёт, саломтӣ, шаъну шараф, обрӯ ва молу мулки ин шахсон чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд. Тартиби муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрӯ ва молу мулки иштирокчиёни мурофиаро қонун муайян менамояд. Ҳеҷ кас ӯҳдадор нест ба муқобили худ, хешовандони наздик, ки доираи онҳоро КМҶ ҶТ муайян кардааст, нишондод диҳад.

3.10. ТАЪМИНИ ҲУҚУҚИ ҲИМОЯ БА ГУМОНБАРШУДА,

АЙБОРШАВАНДА, СУДШАВАНДА ВА МАҲКУМШУДА

Принсипи мазкур аз меъёрҳои Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Чунончӣ, мутобиқи қ. 2 моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад», инчунин тибқи моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад».

Таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршаванда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда аз воситаҳои мурофиавие иборат мебошад, ки ба иштирокчиёни мазкур дар рафти истеҳсоли парванда барои ҳифзи манфиатҳои худ аз гумон ё айбдорӣ шароит муҳаё месозад.

Дар моддаи 22 КМҶ ҶТ принсипи мазкур ба мазмуни зерин ифода ёфтааст: «Ҳар шахс аз лахзаи дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода кунад.

Дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқ доранд барои ҳимояи худ аз айбдоркунӣ ҳуқуқҳояшонро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ шахсан, инчунин тавассути ҳимоятгар ё намояндаи қонуниашон истифода баранд.

Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқҳояшонро фахмонанд, ба онҳо имконият фароҳам оваранд, ки бо усул ва воситаҳои муқаррарнамудаи қонун худро ҳимоя кунанд, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва молумулкии онҳоро таъмин намоянд.

Ҳуқуқи ҳимоя инчунин ба шахсе таъмин карда мешавад, ки нисбат ба ӯ пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ҷой дорад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахсоне, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба зиммашон гузошта шудааст, вазифадоранд иштироки ҳимоятгари гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо таъмин намоянд.».

Ба сифати ҳимоятгар адвокатҳо ё шахсе, к ибо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокатӣ иҷозатнома дорад, роҳ дода мешавад. Бо таъиноти суд, қарори судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда хешовандони наздик ва намояндагони қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба сифати ҳимоятгар ба пешбурди парванда роҳ дода мешаванд.

Ҳимоятгар барои иштирок кардан дар парванда аз лаҳзаи дар ҳаққи шахс баровардани қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ, инчунин аз лаҳзаи воқеан дастгир гардидани гумонбаршуда роҳ дода мешавад.

Дар сурати мухолиф будани манфиати ду дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда як шахс наметавонад, ки ҳимоятгари ҳар дуи онҳо бошад[10].

КМҶ ҶТ ҳолатҳои ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгарро дар пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ муқаррар намудааст. Мутобиқи моддаи 51 КМҶ ҶТ иштироки ҳимоячӣ дар ҳолатҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • агар дар ин бора гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дархост пешниҳод кунанд;
  • агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошанд;
  • агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ (гунгҳо, карҳо, кӯрҳо) ҳуқуқи худашонро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда натавонанд;
  • агар гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забони пешбурди мурофиаро надонанд;
  • агар шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазоиякумра аз озодӣ маҳрум охтан пешбинӣ шуда бошад.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя хуқуқ доранд иштироки ҳимоятгарро оид ба дигар парвандаҳои мураккаб низ зарур шуморанд.

Агар дар мавридҳои номбурда ҳимоячиро худи дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё намояндаи қонунии онҳо ва ё бо ризоияти онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват нашуда бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя вазифадоранд иштироки ҳимоятгарро дар парванда таъмин намоянд. Дар ин сурат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи ҷудо кардани ҳимоятгар барои коллегияи касбии адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор ҳатмӣ аст.

Дар ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоячӣ ҳатмӣ мебошад, бе иштироки ҳимоячӣ дида баромадани парванда вайронкунии ҷиддии талаботи қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ буда, ин ҳолат барои бекор кардани ҳукми суд асос шуда метавонад.

3.11. ҲАМАҶОНИБА, ПУРРА ВА ХОЛИСОНА

ТАФТИШ КАРДАНИ ҲОЛАТҲОИ КОР

Принипи мазкур яке аз кафолатҳои ҳуқуқӣ барои майянкунии ҳақиқати воқеӣ оиди парвандаи ҷиноятӣ буда, дар моддаи 21 КМҶ ҶТ муқаррар карда шудааст.

Ҳамаҷониба тафтиш кардани ҳолатҳои кор чунин маъно дорад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва тафтиши судӣ бояд ҳамаи тахминҳои ҷойдошта санҷида шуда, ҳамаи ҳолатҳои айбдоркунанда ва сафедкунандаи айбдоршаванда, инчунин ҳолатҳои ҷавобгарии ӯро сабуккунанда ва вазнинкунанда муайян карда шаванд.

Пурра тафтиш кардани ҳолатҳои парванда маънои онро дорад, ки дар рафти тафтишот бояд далелҳои кофӣ ва зарурие ба даст оварда шаванд, ки ҳолатҳои дар парванда исботшавандаро тасдиқ ва ё инкор намоянд.

Холисона тафтиш кардани ҳолатҳои парванда маънои онро дорад, ки ҳангоми тафтишоти пешакӣ ва тафтиши судӣ бояд ба ғаразнокӣ, яктарафагӣ ва майли айбдоркунӣ ё сафедкунӣ роҳ дода нашавад. Чунончӣ, мутобиқи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҳамин тавр, принсипи ҳамаҷониба, пурра ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои парванда аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки масъули истеҳсоли парвандаи ҷиноятианд иҷро намудани талаботҳои нишондодашударо талаб менамояд. Иҷрои талаботи принсипи мазкур барои ошкор намудани ҷиноят, муқаррар кадани ҳақиқати воқеии кирдори ҷинояткорона ва шахси онро содиркарда, одилона, қонунӣ ва асоснок маҳкум кардани шахси гунаҳкор ва ё сафед кардани шахси бегуноҳ мусоидат менамояд.

3.12. БАҲОДИҲӢ БА ДАЛЕЛҲО АЗ РӮИ АҚИДАИ БОТИНӢ

Баҳодиҳӣ ба далелҳо ҳамчун принсипи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар боби 2 КМҶ ҶТ, ки принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятиро муқаррар менамояд, пешбинӣ нашудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки чунин принсип дар мурофиаи ҷиноятӣ мавҷуд нест.

Баҳодиҳӣ ба далелҳо аз рӯи ақидаи ботинӣ натиҷаи фаъолияти фикрии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ буда, муайян намудани равогӣ, тааллуқ доштан, боэътимодӣ ва кифоягии далелҳоро дар бар мегирад. Қабул намудани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ба мисли қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс, интихоб, тағйир ё бекор кардани чораи пешгирӣ, тартиб додани фикри айбдоркунӣ ва монанди инҳо аз баҳодиҳӣ ба далелҳо вобаста мебошад.

Принсипи мазкур маънои онро дорад, ки ҳангоми баҳодиҳӣ ба далелҳо иштирокчиёни масъули мурофиаи ҷиноятӣ (мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, муфаттиш, прокурор, судя) бояд қонун ва шуурнокии ҳуқуқии худро ба роҳбарӣ гиранд. Ҳеҷ гуна далел барои суд, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда қувваи пешакӣ муқарраркардашударо надорад.

3.13. БЕВОСИТА ВА ШИФОҲӢ БУРДАНИ МУҲОКИАМИ СУДӢ

Амали принсипҳои бевосита ва шифоҳӣ бо принсипҳои мубоҳисавӣ ва ошкоро алоқамандӣ дорад. Зеро ошкоро муқаррар намудани муҳокимаи судӣ шакли гуфтугӯи шифоҳии муҳокимаи судӣ ва бевосита аз тарафи суд дарк намудани далелҳоро дар назар дорад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо принсипи ошкоро, балки мубоҳисавӣ будани мурофиаи судӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафҳо низ зикр шудааст, ки татбиқи он низ бе шароити шифоҳӣ ва бевосита бурдани муҳокимаи судӣ дар амал имконнопазир аст.

Ҳамин тавр, шифоҳӣ ва бевосита бурдани муҳокимаи судӣ — ин оддитарин роҳи татбиқи принсипҳои ошкоро ва мубоҳисавӣ дар амалӣ гардонидани адолати судӣ мебошад.

Воқеаҳое, ки оиди парвандаи ҷиноятӣ тафтиш карда мешаванд доимо инъикоси ҳодисаҳои қаблан ҷойдоштаро дар назар доранд. Ин ҳодисаҳо танҳо дар ҳолатҳои қатъиян муайяншуда ва аз тарафи қонун пешбинишуда бо роҳи бевосита аз ҷониби муфаттиш дарк намудан санҷида шуданашон мумкин аст. Масалан, ҳангоми азназаргузарониҳо, эксперименти тафтишӣ, нишон додани шахс ва предмет барои шинохтан ва дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ.

Бисёр маълумотҳоро дар барои ҳодисаи ба мавзӯи исботкунӣ тааллуқдошта, суд ва тарафҳои дар суд иштироккунанда метавонад аз манбаъҳои исботкунии дар қонун номбаршуда ба даст оранд: баёноти шоҳид, ҷабрдида, баёноти айбдоршаванда ва ғайраҳо. Мутобиқи принсипи бевосита суд ҳукмро ба ҳамон далелҳое асос менамояд, ки онҳо дар маҷлиси суд дида баромада шудаанд.

Шифоҳӣ бурдани мурофиаи судӣ аз он иборат аст, ки суд дар вақти баррасии парванда вазифадор аст далелҳоро бевосита тафтиш намояд, пурсиши судшавандагон, ҷабрдидагон, шоҳидонро гузаронад, фикри коршиносро шунавад, далелҳои шайъиро дида барояд, протоколҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро эълон намояд. Алоқаи байни иштирокчиёни муофиаи судӣ бо ҳамдигар ва бо суд дар шакли шифоҳӣ сурат гирифта, инчунин дар рафти муҳокимаи судӣ аз рӯи баъзе ҳаракатҳои мурофиавӣ ҳуҷҷатҳои хаттӣ низ тартиб дода мешаванд, ки онҳо барои аниқ сабт намудани рафту натиҷаи мурофиа мусоидат карда, ба судҳои болоӣ барои тафтиши қонунӣ ва асоснок будани хулосаҳои ҷамъбастии суд ва инчунин ҳаракатҳои мурофиавии қаблан гузаронидашуда имконият медиҳад. Масалан, тартиб додани протоколҳо, таъинотҳо, баровардани ҳукм ва монанди ин.

3.14. ПРИНСИПИ ТАЪМИНИ ИСТИФОДАИ

ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

Мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурофиа, аз ҷумла оиди парвандаҳои ҷиноятӣ, ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд бо тарҷумон таъмин карда мешаванд[11]. Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад[12].

Ин муқаррароти конститутсионӣ дар моддаи 18 КМҶ ҶТ низ пешбинӣ шудааст ва мутобиқи он шахсони иштироккунандаи муҳокимаи парванда, ки забони мурофиаро намедонанд ҳуқуқ доранд ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд арз кунанд, нишондод диҳанд, изҳори дархост кунанд, ба маводҳои парванда шинос шаванд, дар суд ба забони модарӣ баромад кунанд ва аз хизмати тарҷумон ба тартибе, ки КМҶ ҶТ муқаррар кардааст, истифода баранд.

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи КМҶ ҶТ ҳуҷҷатҳои тафтишӣ ва судӣ ба забони гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда ё ба забони дигаре, ки онҳо медонанд, тарҷума карда ба онҳо супурда мешаванд. Мавқеи ҳуқуқии тарҷумон дар моддаи 59 КМҶ ҶТ оварда шудааст. Иштироки ӯ дар рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ ва ҳангоми амалӣ кардани адолати судӣ оиди парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ муайян карда мешавад.

Бо тарҷумон таъмин накардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае, ки забони мурофиаи судиро намедонад вайронкунии ҷиддии қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ба шумор рафта, он барои бекор кардани ҳукм асос шуда метавонад.

Принсипи ба ҳар кас таъмин намудани истифодаи забони модарӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ хусусияти демократӣ дошта, ҳамчун асоси сохти давлатдории Тоҷикистон муқаррар шудааст. Чунончӣ, мутобиқи қисми 2 моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд. Принсипи мазкур ҳалли чунин масъалаҳои муҳими ба амалбарории адолати судӣ, ба монанди дастрас ва фаҳмо будани суд барои аҳолӣ, таъмини ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаро муайян мекунад. Агар мурофиа бо забоне гузаронида шавад, ки он ба аҳолии ҳамон маҳал фаҳмо набошад, онгоҳ алоқаи суд ва аҳолӣ мушкил ва ё вайрон гардида, таъиноти тарбиявии муҳокимаи судӣ суст мешавад ва ё умуман ба мақсад намерасад, шахсони дар мурофиа иштироккунанда бошанд ҳуқуқҳои мурофавии худро оиди фаъолона мусоидат кардан барои ба амал боровардани адолати судӣ дар амал татбиқ карда наметавонанд.

Ҳамин тавр, таъмини ҳуқуқи истифодаи забони модарӣ ва интихоби забони муошират дар рафти мурофиаи судӣ кафолати муҳими амалӣ гардонидани принсипҳои дигари мурофиаи ҷиноятӣ, ба монанди принсипи мубоҳисавӣ, таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ошкоро ва шифоҳӣ бурдани муҳокимаи судӣ мебошад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *