Фанни Ҳуқуқ

Баровардан ва эълон кардани ҳукм

Баровардан ва эълон кардани ҳукм қисми охирин ва ҳалкунандаи муҳокимаи судӣ мебошад.

Мутобиқи қонун ҳукм қарорест, ки суди марҳилаи якум дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баровардааст[1]. Суд ҳукмро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо дар асоси он далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шуда, дар протоколи маҷлиси судӣ ифода ёфтаанд мебарорад.

Дар қонун як қатор талаботҳо нисбати ҳукм пешбинӣ шудаанд. Мутобиқи моддаи 333 КМҶ ҶТ ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад.

Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад.

Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад.

Ҳукми суд ба шарте одилона дониста мешавад, ки дар он ҷазои ба гуноҳгор таъингардида мутобиқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноят пешбинӣ мекунад, бо назардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунада ва сабуккунандаи ҷазо таъин шуда бошад. Ҳар шахси бегуноҳ бояд сафед карда шавад.

Ҳукм аз ҷониби суд, судя дар хонаи машваратӣ бароварда мешавад. Ҳангоми баровардани ҳукм дар хонаи машваратӣ танҳо ҳайати суде, ки ҳамин парвандаро баррасӣ кардааст, ҳузур дошта метавонад. Суд, судя ҳуқуқ доранд бо фарорасии шаб, ҳангоми зарурат, инчунин рӯзона аз хонаи машваратӣ баромадан барои истироҳат танаффус эълон кунанд. Судяҳо ҳуқуқ надоранд фикру мулоҳизаи ҳангоми муҳокима ва баровардани ҳукм ҷойдоштаро фош кунанд.

Суд дар хонаи машваратӣ ҳангоми баровардани ҳукм масъалаҳои зеринро ҳал мекунад: — кирдоре, ки дар содир намудани он судшаванда айбдор карда мешавад, ҷой дорад ё не; — оё исбот шудааст, ки кирдорро судшаванда содир кардааст; — ин кирдор ҷиноят аст ё не ва он маҳз бо кадом моддаи қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст; — судшаванда дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор аст ё не ва ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо мавҷуданд ё не; — ба судшаванда барои ҷинояти содирнамудааш ҷазо додан лозим аст ё не; — ба судшаванда кадом ҷазо бояд таъин карда шавад; — шахси аз озодӣ маҳрумшуда дар кадом намуд ва низоми муассисаи ислоҳӣ бояд мӯҳлати ҷазоро адо намояд. Агар судшаванда дар содир намудани якчанд ҷиноят айбдор карда шавад, суд масъалаҳои зикршударо оид ба ҳар як ҷиноят дар алоҳидагӣ ҳал мекунад.

Инчунин суд дар хонаи машваратӣ ҳангоми баровардани ҳукм бояд масъалаҳои зеринро низ ҳал кунад: — даъвои гражданӣ қобили қонеъгардонӣ аст ё не, ба манфиати кӣ ва инчунин агар даъвои гражданӣ арз нашуда бошад, товони зарари молу — мулкӣ ситонида мешавад ё не; — бо молу мулке, ки барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодира таҳти ҳабс қарор дода шудааст, чӣ бояд кард; — бо далелҳои шайъӣ чӣ бояд кард; — хароҷоти мурофиавӣ ба кадом андоза ба зиммаи кӣ бояд гузошта шавад; — судшавандаро аз унвонҳои махсус ё рутбаҳои ҳарбӣ, инчунин ордену медалҳо ва унвонҳои фахрӣ маҳрум созад ё не; — татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро, дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 98 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ шудаанд; — дар хусуси чораи пешгирӣ ба ҳаққи судшаванда.

Агар ба содир намудани ҷиноят якчанд судшаванда айбдор карда шавад, суд ин масъалаҳоро бо муайян кардани нақш ва дараҷаи иштирокашон дар кирдори содиршуда нисбат ба ҳар як судшаванда дар алоҳидагӣ ҳал мекунад.

Суд вазифадор аст ҳангоми баровардани ҳукм масъалаи мукаллафии судшавандаро муҳокима кунад. Бо эътирофи он ки судшаванда ҳангоми содир намудани кирдор дар ҳолати номукаллафӣ қарор дошт ё баъди содир намудани ҷиноят ба бемории рӯҳӣ мубтало шудааст, ки ӯро аз имконияти дарки воқеии моҳияти амали содирнамуда, зарари он ё идора кардани он маҳрум сохтааст, суд ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятиро мутобиқи талаботи боби 45 КМҶ ҶТ баррасӣ намуда, қарор қабул намояд.

Ҳангоми баррасии дастаҷамъонаи парванда бошд қабл аз баровардани қарор машварати судяҳо доир мегардад. Раисикунанда масъалаҳоеро, ки ҳангоми баровардани ҳукм бояд ҳал карда шаванд, бо тартиби дар қонун зикргардида барои ҳал пешниҳод мекунад.

Ҳангоми ҳалли ҳар як масъала ҳеҷ яке аз судяҳо ҳуқуқ надорад, аз овоздиҳӣ худдорӣ кунад. Аммо судяи дар ақаллият қарордошта ҳуқуқ дорад фикри худро оид ба ҳукми баровардашуда хаттӣ баён кунад, ки он ба ҳукмнома замима гардида, набояд дар толори маҷлиси суд эълон карда шавад. Ҳамаи масъалаҳо бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешаванд. Раисикунанда пас аз ҳама овоз медиҳад.

Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ҳукми суд айбдоркунанда ё сафедкунанда шуда метавонад.

Ҳукми айбдоркунӣ метавонад бароварда шавад: — бо таъини ҷазои ҷиноятӣ, ки маҳкумшуда бояд онро адо кунад; — бо таъини ҷазои ҷиноятӣ ва озод кардан аз адои он; — бе таъини ҷазои ҷиноятӣ.

Ҳукми айбдоркунанда танҳо ба шарте бароварда мешавад, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гунаҳгор будани судшаванда дар содир намудани ҷиноят бо маҷмӯи далелҳои таҳқиқшуда тасдиқ гардидааст. Ҳукми айбдоркунанда ба тахмин асос ёфта наметавонад.

Суд ҳукми айбдоркунандаро бо таъини ҷазо, ки судшаванда онро бояд адо кунад, бароварда, бояд намуд, андоза ва оғози баҳисобгирии мӯҳлати адои ҷазоро дақиқ муайян кунад.

Суд ҳукми айбдоркунандаро бо таъини ҷазо ва озод кардан аз адои он дар ҳолатҳое мебарорад, ки то лаҳзаи баровардани ҳукм: — санади авф қабул гардад, ки он маҳкумшударо аз татбиқи ҷазои бо ин ҳукм таъингардида озод мекунад; — мӯҳлати оид ба ҳамин парванда таҳти ҳабс қарор доштани судшаванда мутобиқи қоидаҳои баҳисобгирии ҳабси пешакӣ, ки моддаи 70 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҷазои таъиннамудаи судро дар бар гирад.

Суд ҳукми айбдоркунандаро бе таъини ҷазо дар ҳолатҳое мебарорад, ки дар лаҳзаи қабули он: — мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои ҳамин ҷиноят гузашта бошад; — судшаванда фавтида бошад.

Ҳукми сафедкунанда бошад дар сурате бароварда мешавад, ки: — ҳодисаи ҷиноят вуҷуд надошта бошад; — дар кирдори судшаванда таркиби ҷиноят мавҷуд набошад; — иштироки судшаванда дар содир кардани ҷиноят исбот нашуда бошад.

Сафедкунӣ вобаста ба ҳар яке аз асосҳои номбаршуда маънои эътирофи бегуноҳии судшавандаро дошта, боиси пурра сафед кардани ӯ мегардад.

Агар ҳангоми баровардани ҳукми сафедкунанда бинобар исбот нашудани иштироки судшаванда дар содир намудани ҷиноят ва шахсе, ки ин ҷиноятро содир кардааст, муайян нашуда бошад, суд баробари эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм парвандаро ба прокурор барои андешидани чора ҷиҳати муайян кардани шахсе, ки ба сифати айбдоршаванда бояд ҷалб гардад, равон мекунад.

Суд пас аз ҳалли масъалаҳое, ки бояд ҳангоми қабули ҳукм ҳал карда шаванд, ба тартиб додани ҳукм мегузарад. Он ба забоне таҳия карда мешавад, ки бо он муҳокимаи судӣ сурат гирифта буд ва аз қисми муқаддима, баёнию асосноккунӣ ва қисми хулосавӣ иборат мебошад.

Ҳукм бояд аз ҷониби яке аз судяҳо, ки дар баровардани он иштирок дошт, навишта шавад ё бо ёрии воситаҳои техникӣ таҳия гардад ва аз ҷониби ҳамаи судяҳо имзо карда шавад.

Ислоҳ даровардан ба ҳукм бояд то эълон кардани он дар хонаи машваратӣ ворид карда шуда, эзоҳ дода ва бо имзои ҳамаи судяҳо тасдиқ карда шавад.

Дар қисми муқаддимавии ҳукм инҳо инъикос мегарданд: — баровардани ҳукм аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон; — вақт ва ҷои баровардани ҳукм; — номи суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳайати суд, котиби маҷлиси суд, айбдоркунанда, ҳимоятгар; — фамилия, ном ва номи падари судшаванда, сол, моҳ, рӯз ва ҷои таваллуди ӯ, ҷои истиқомат, ҷои кор, шуғл, таҳсилот, вазъи оилавӣ ва дигар маълумот оид ба судшаванда, ки барои парванда аҳамият доранд; — қонуни ҷиноятие, ки ҷавобгариро барои ҷинояте, ки дар содир намудани он судшаванда айбдор дониста мешавад, пешбинӣ мекунад.

Дар қисми баёнию асосноккунӣ бояд баёни кирдори ҷиноятӣ, ки суд онро исботшуда эътироф кардааст, бо нишон додани маҳал, вақт, тарзи содир кардани он, намуди гуноҳ, сабаб, мақсад ва оқибатҳои ҷиноят инъикос гарданд. Дар ҳукм далелҳое, ки хулосаи суд бо онҳо асоснок карда шудаанд ва ваҷҳҳое, ки мутобиқи он суд дигар далелҳоро рад кардааст, оварда мешаванд. Дар он ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ва дар сурати эътирофи беасосии қисми айб ё муайян намудани нодурустии бандубасти ҷиноят асос ва сабабҳои тағйир додани айб зикр мешаванд. Суд инчунин вазифадор аст асосҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳоеро, ки бо таъини ҷазои ҷиноятӣ, озод кардан аз ҷазо ё аз адои он, татбиқи дигар чораҳои таъсиррасонӣ алоқаманданд, инъикос кунад.

Қисми баёнию асосноккунӣ асоснокии қарорҳои қабулшударо оид ба масъалаҳои зикршудае, ки бояд дар вақти қабули ҳукм ҳал карда шаванд дар бар мегирад.

Дар қисми хулосавии ҳукми айбдоркунанда инҳо бояд нишон дода шаванд: — фамилия, ном ва номи падари судшаванда; — қарори гунаҳгор донистани судшаванда дар содир намудани ҷиноят; — қисм ва бандҳои моддаи қонуни ҷиноятӣ, ки тибқи он судшаванда гунаҳгор эътироф шудааст; — намуд ва андозаи ҷазои нисбат ба судшаванда таъиншуда барои ҳар як ҷинояте, ки дар содир намудани он ӯ гунаҳгор эътироф шудааст, чораи ниҳоии ҷазо, ки дар асоси моддаҳои 67, 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд адо карда шавад, намуд ва низоми муассисаи ислоҳӣ, ки дар он бояд маҳкумшуда ҷазоро адо кунад; — давомнокии мӯҳлати санҷиш ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо ва ӯҳдадориҳое, ки ба зиммаи маҳкумшуда гузошта мешаванд; — қарор дар бораи таъин кардани ҷазои иловагӣ; — қарори баҳисобгирии мӯҳлати дар ҳабси пешакӣ қарор доштан, ба шарте, ки судшаванда то баровардани ҳукм дастгир ё нисбати ӯ чораҳои пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ, ҳабси хонагӣ татбиқ шуда бошад ё ӯ дар муассисаҳои равонпизишкӣ ҷой дода шуда бошад.

Инчунин, дар қисми хулосавии ҳукм қарори чораҳои пешгирӣ нисбат ба судшаванда то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бояд нишон дода шавад.

Агар ба судшаванда оид ба якчанд моддаҳои конуни ҷиноятӣ айб эълон шуда бошад, дар қисми хулосавии ҳукм бояд дақиқ нишон дода шавад, ки бо кадоме аз онҳо судшаванда сафед ва бо кадоме аз онҳо маҳкум карда шудааст.

Дар сурати озод кардани судшаванда аз адои ҷазо ё баровардани ҳукм бе таъини ҷазо дар ин бора дар қисми хулосавии ҳукм нишон дода мешавад.

Дар қисми баёнию асосноккунии ҳукми сафедкунанда инҳо зикр мегарданд: — моҳияти айби пешниҳодшуда, ҳолатҳои парванда, ки суд муайян кардааст; — далелҳое, ки барои сафед кардани судшаванда асос шудаанд; — асосҳое, ки мувофиқи онҳо далелҳои пешниҳоднамудаи тарафи айбдоркунӣ рад карда мешаванд; — асосҳои қарор нисбат ба даъвои гражданӣ.

Дар қисми хулосавии ҳукми сафедкунанда инҳо бояд зикр гарданд: — фамилия, ном ва номи падари судшаванда; — қарори бегуноҳ эътироф кардани судшаванда ва сафед кардани ӯ; — асосҳои сафедкунӣ; — қарори бекор кардани чораҳои пешгирӣ, ба шарте, ки он татбиқ шуда бошад; — қарори бекор кардани таъмини мусодираи молу мулк, ба шарте, ки чунин чораҳо андешида шуда бошанд.

Дар қисми хулосавии ҳам ҳукми айбдоркунанда ва ҳам ҳукми сафедкунанда ғайр аз масъалаҳое, ки мувофиқан номбар шудаанд, бояд инъикос гарданд: — қарори даъвои граждании арзшуда; — ҳалли масъалаҳои далелҳои шайъӣ; — қарори тақсими хароҷоти мурофиавӣ; — фаҳмондани тартиб ва мӯҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ ба ҳукм.

Пас аз имзои ҳукм суд, судя ба толори маҷлиси суд бармегардад ва раисикунанда ё судя ҳукмро эълон мекунад. Ҳамаи ҳозирони толори маҷлиси суд ҳукмро аз ҷой бархоста мешунаванд.

Раисикунанда ба судшаванда, тарафҳои дигар мазмуни ҳукм, тартиб ва мӯҳлати аз он шикоят карданро мефаҳмонад. Агар ба судшаванда ҷазои қатл таъин шуда бошад, ба ӯ инчунин ҳуқуқи пешниҳоди дархости бахшиши ҷазо фаҳмонда мешавад.

Ҳангоми сафед кардани судшаванда, инчунин ҳангоми баровардани ҳукми бо озод кардан аз адои ҷазо ё бе таъини ҷазо ё бо шартан маҳкум кардан ё бо маҳкум кардан ба ҷазое, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманд намебошад, судшавандаи ба ҳабс гирифташуда бояд фавран дар толори маҷлиси суд озод карда шавад.

Нусхаи ҳукм на дертар аз панҷ шабонарӯз баъд аз эълони он бояд ба маҳкумшуда ё сафедшуда супурда шавад. Дар ҳамин мӯҳлат нусхаи ҳукм ба ҳимоятгар, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо бо дархости шахсони зикргардида супурда мешавад.

Агар шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда фарзандони ноболиғ, дигар шахсони дар таъминоташ буда ё падару модари пиронсол, ки бе нигоҳбон мемонанд, дошта бошад, суд ҳамзамон бо баровардани ҳукми айборкунанда масъалаи ба хешовандони наздик, ё дигар шахсон супоридани ин шахсон ё ҷиҳати ҷойгир намудани онҳо дар муассисаҳои кӯдакона ё ҳифзи иҷтимоӣ қарор ё таъинот мебарорад. Агар маҳкумшуда молумулк ё манзиле дошта бошад, ки бе нигаҳбон мемонанд, суд ҷиҳати муҳофизати онҳо низ чора меандешад.

Агар дар парванда ҳимоятгар мутобиқи таъинот иштирок дошта бошад, суд ҳамзамон бо баровардани ҳукм дар бораи андозаи подошпулӣ, ки судшаванда бояд ба машваратхонаи ҳуқуқӣ супорад, таъинот (қарор) мебарорад.

Ҳамаи қарорҳои мурофиавии номбаршуда бояд дар толори маҷлиси суд баъд аз эълони ҳукм эълон карда шаванд.

То ба иҷро расонидани ҳукми суд раисикунанда ё раиси суд бояд ба хешовандони наздики маҳкумшудаи таҳти ҳабс қарордошта бо хоҳиши онҳо имконият диҳад то бо ӯ вохӯрӣ кунанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *