Мафҳум, аҳамият ва шартҳои умумии муҳокимаи судӣ
Муҳокимаи судӣ – ин марҳилаи марказии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он парвандаи ҷиноятӣ моҳиятан баррасӣ мегардад ва масъалаи гунаҳгор эътироф кардани судшаванда, нисбати ӯ татбиқ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳал мегардад ва ё судшаванда бегуноҳ эътироф шуда, сафед карда мешавад.
Дар марҳилаи мазкур бо риояи қатъии принсипҳои демократии адолати судӣ суди марҳилаи якум санади муҳими адолати судӣ – ҳукмро қабул мекунад.
Ҳамаи марҳилаҳои пеш аз ин марҳила анҷом ёфта, бомувафақ гузаронидани муҳокимаи судиро ва марҳилаҳои баъдина бошанд санҷиши қонунӣ ва асоснок қабул гардидани қарорҳои муҳокимаи судӣ ва иҷроиши онҳоро таъмин мекунанд.
Дар муҳокимаи судӣ ҳамаи далелҳои пештар ҷамъшуда ва далелҳои нави пешниҳодшуда бо иштироки фаъолонаи айбдоркунанда, судшаванда, ҳимоятгари ӯ, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаҳои онҳо дар шароити ошкоро аз нав таҳқиқ мешаванд. Суд хулосаи худро танҳо ба он далелҳое асоснок мекунад, ки дар муҳокиаи судӣ дида баромадааст.
Қонун меъёрҳои ҳуқуқиеро дар бар мегирад, ки қисмҳои гуногуни муҳокимаи судиро танзим менамоянд. Инҳо: қисми омодасозии маҷлиси судӣ, тафтиши судӣ, музокираи судӣ ва сухани охирони судшаванда, баровардани ҳукм.
Чунин сохтори муҳокимаи судӣ ба суд имкон медиҳад, ки нисбатан пурра вазифаҳои мурофиаи пешбурди судии ҷиноятиро таъмин намуда, ба ҷамъият хавфнокии ҷиноят, инчунин сабаб ва шароитҳои содири ҷиноятро муайян кунад ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии тамоми шахсони манфиатдорро то ҳадди ниҳои кафолат диҳад.
Дуруст амалӣ намудани адолати судӣ вазифаи асосии муҳокимаи судӣ мебошад, ки дар ҷараёни баррасии парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд амалӣ мегардад.
Дар муҳокимаки судӣ инчунин масъалаи муҳим ба монанди тарбияи шаҳрвандон ва огоҳ намудани ҷиноят ҳал карда ешаванд. Суд чораҳои ҷазои ҷиноятиро татбиқ намуда, на танҳо ҷинояткоронро ҷазо медиҳад, балки мақсади ислоҳ ва тарбия намудани онҳо, инчунин пешгирикунии ҷиноятро а\малӣ менамояд.
Танҳо дар натиҷаи муҳокимаи судӣ судшаванда мумкин аст, ки барои содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста шавад ва нисбати ӯ ҷазои ҷиноятӣ татбиқ карда шавад.
Муҳокимаи судӣ аз қисми тайёрӣ оғоз мешавад, ки дар он имкон доштани баррасии парванда дар маҷлиси судии мазкур санҷида шуда, чораҳо оид ба тайёр ташкили андешида мешаванд. Баъд тафтиши судӣ гузаронида мешавад, ки дар он бевосита далелҳо аз ҷониби суд таҳқиқ мешаванд. Баъд аз тафтиши судӣ музокираи судӣ сурат мегирад, ки дар он иштирокчиёни муҳокимаи судӣ нуқтаи назари худро оиди парванда асоснок мекунандва баъд сухани охирони судшаванда меояд. Марҳилаи анҷомёбии муҳокимаи судӣ баровардан ва эълони ҳукм мебошад. Дар КМҶ ҶТ тартиби муҳокимаи судии парванда дар ҳар яке аз ин марҳилаҳо танзим шудааст.
Як қатор қоидаҳое, ки тартиби баррасии парвандаро дар суди зинаи якум муайян мекунанд дар давоми тамоми марҳилаҳои муҳокимаи судӣ амал мекунанд. Дар КМҶ ҶТ ин қоидаҳо махсус дар боби 32 муқаррар шуда, барои танзими қисматҳои ҷудогонаи муҳокимаи судӣ равона шудаанд ва шартҳои умумии муҳокимаи судӣ ном доранд.
Шартҳои умумии муҳокимаи судӣ ин қоидаҳои дар қонун мустаҳкамшудае мебошанд, ки хусусиятҳои хоси муҳокимаи судиро инъикос менамоянд ва дар марҳилаи муҳокимаи судӣ амалигардонии ҳамаи принсипҳои мурофиаи ҷиноятиро таъмин менамоянд. Ба шартҳои умумии муҳокимаи судӣ қоидаҳо дар бораи бевосита, шифоҳӣ ва ошкоро будани муҳокимаи судӣ, тағйирнопазирии ҳайати суд ҳангоми муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ, нақши раисикунанда ва машваратчиёни халқӣ дар маҷлиси судӣ, баробарҳуқуқии тарафҳо дар муҳокимаи судӣ, иштирокчиёни муҳокимаи судӣ (котиб, айбдоркунандаи давлатӣ, судшаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, мутахассис), ҳадди муҳокимаи судӣ, инчунин меъёрҳое, ки шартҳои мавқуф гузоштан ва боздоштани муҳокимаи судӣ, баргардонидани парванда барои тафтиши иловагӣ, қатъ намудани парванда, масъалаи чораи пешгирӣ, тартиби баровардани таъинот ва қарор, тартиботи маҷлиси судӣ, чораҳои таъсир расонидан барои риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд ва протоколи маҷлиси судро танзим мекунанд, дохил мешаванд.
Бевосита ва шифоҳӣ будани муҳокиаи судӣ. Дар муҳокимаи судӣ ҳамаи далелҳои парванда бояд таҳти тафтиши бевосита қарор дода шаванд. Суд, судя бояд нишондоди судшаванда, ҷабрдида, шоҳид, хулосаи коршиносонро шунавад, далелҳои шайъиро аз назар гузаронад, протокол ва дигар ҳуҷҷатҳоро эълон кунад ва дигар амалҳои судиро оид ба тафтиши далелҳо анҷом диҳад. Эълони нишондоде, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ дода шудаанд, танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ иҷозат дода мешавад.
Ҳукми суд, судя танҳо бо он далелҳое, ки дар маҷлиси суд тафтиш шудаанд, асоснок карда мешавад.
Ошкоро будани муҳокиаи судӣ. Мутобиқи қонун муҳокимаи судӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки он ба фош шудани сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшуда оварда мерасонад, ошкоро сурат мегирад. Ошкоро будани муҳокимаи судии парвандаро бояд суд, судя, таъмин намояд.
Шахсони иштироккунандаи маҷлиси ошкорои суд ҳуқуқ доранд рафти мурофиаро ба коғаз ва навори магнитофон сабт намоянд. Суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раисикунанда ва ризои тарафҳо мумкин аст.
Ноболиғони то шонздаҳсола, ба шарте, ки судшаванда, ҷабрдида ё аз рӯи парванда шоҳид набошанд, ба толори маҷлиси суд роҳ дода намешаванд.
Мавриди зикр аст, ки муҳокимаи пӯшидаи судӣ бо таъиноти асосноки суд (қарори судя) оид ба парвандаҳои ҷиноятии шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ ва ҷиноятҳои дигар, бо мақсади пешгирии фош шудани маълумоти ҷанбаҳои маҳрамонаи шахсони иштироккунандаи парванда ё маълумоте, ки шаъну эътибори онҳоро паст мезанад, инчунин дар ҳолатҳое, ки онро манфиати таъмини амнияти иштироккунандагони мурофиа ва шоҳидон ё хешовандони наздики онҳо талаб мекунад, мумкин аст гузаронида шавад.
Парванда дар маҷлиси пӯшидаи суд бо риояи ҳамаи қоидаҳои пешбурди судӣ баррасӣ карда мешавад. Таъиноти суд (қарори судя)-ро дар хусуси дар маҷлиси пӯшида баррасӣ намудани парванда оид ба тамоми муҳокима ё қисмҳои алоҳидаи он баровардан мумкин аст.
Бо мақсади риояи махфияти мукотиба ва муросилоти телеграфӣ, тафтиш намудани мукотибаи хусусӣ ва иттилооти шахсии шаҳрвандон дар маҷлиси ошкорои суд танҳо бо иҷозати шахсоне, ки байни онҳо чунин мукотиба ё иттилооти телеграфӣ сурат гирифтааст, иҷозат дода мешавад. Дар акси ҳол чунин мукотиба ва иттилооти телеграфӣ дар маҷлиси пӯшидаи суд эълон ва тафтиш карда мешавад. Қоидаҳои зикршуда инчунин ҳангоми тафтиши сабтҳои овоз ва видео, ки дорои хусусияти шахсӣ мебошанд, татбиқ карда мешаванд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳама ҳолат ҳукми суд ба таври ошкоро эълон карда мешавад. Вале дар ҳолатҳои баррасии парванда дар маҷлисҳои пӯшида тибқи таъиноти (қарори) асосноки суд, судя, танҳо қисми муқаддима ва хулосаи ҳукм эълон карда мешавад.
Тағйирнопазирии ҳайати суд ҳангоми муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ. Ҳангоми дастаҷамъона баррасӣ кардани парванда, он бояд аз ҷониби ҳамон ҳайати суд мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар сурати имконнопазирии иштироки яке аз судяҳо дар маҷлиси суд он бо судяи дигар иваз карда, муҳокимаи парванда аз нав шурӯъ карда мешавад.
Мутобиқи қонун оид ба парвандаи ҷиноятие, ки барои муҳокимаи судӣ муддати дарозро талаб мекунад, мумкин аст машваратчии халқии эҳтиётӣ ҷалб карда шавад. Машваратчии халқии эҳтиётие, ки аз оғози муҳокимаи парванда дар толори маҷлиси суд иштирок дорад, дар сурати хориҷ шудани яке аз машваратчиёни халқӣ ӯро иваз мекунад ва муҳокимаи парванда идома дода мешавад.
Раисикунанда дар маҷлиси суд. Раисикунанда ба маҷлиси суд роҳбарӣ намуда, тамоми чораҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро барои таъмини мубоҳиса ва баробарии тарафҳо меандешад, ки суд ҳаққонӣ ва беғаразона ҷараён гирад ва барои ҳамаҷониба ва пурра тафтиш намудани ҳолатҳои парванда барои тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам оварад. Раисикунанда инчунин риояи тартиботи маҷлиси судро таъмин намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни муҳокимаи судӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон ва тартиби татбиқи онҳоро мефаҳмонад. Дар сурати аз ҷониби яке аз иштирокчиёни муҳокимаи судӣ арз кардани норозигӣ ба амали раисикунанда ин норозигӣ дар протоколи маҷлиси суд инъикос мегардад.
Баробарҳуқуқии тарафҳо. Айбдоркунанда, судшаванда, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо барои изҳори раддия ва дархост, пешниҳоди далел, иштирок дар тафтиш, баромад дар музокираҳои судӣ, ба суд пешниҳод кардани тавсия оид ба ҳамаи масъалаҳои дар сархатҳои як-шаши қисми 1 моддаи 335 Кодекси мазкур нишондодашуда, инчунин барои иштирок дар баррасии ҳама масъалаҳои дигар, ки ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба миён меоянд, аз ҳуқуқи баробар истифода мебаранд.
Котиби маҷлиси суд. Котиби маҷлиси суд ҳозир шудани шахсонеро, ки бояд дар маҷлиси суд иштирок кунанд, тафтиш намуда, протоколи маҷлиси судро тартиб медиҳад. Ӯ вазифадор аст амал ва қарори суд, инчунин амали иштирокчиёни мурофиаро, ки дар ҷараёни маҷлис ҷой доштанд, пурра ва саҳеҳ дар протокол инъикос намояд.
Котиби маҷлиси суд бо супориши раисикунанда инчунин дигар амалҳои пешбининамудаи қонунро низ анҷом медиҳад.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар муҳокимаи судӣ. Дар мурофиаи суд иштироки айбдоркунандаи давлатӣ ҳатмист, ба истиснои парвандаҳои ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ, ки дар онҳо айбдоркуниро ҷабрдида дастгирӣ мекунад.
Прокурор ҳамчун айбдоркунандаи давлатӣ дар суд бо парвандаҳои ҷиноятии айбдоркунии умумӣ ва хусусӣ-умумӣ айбдоркунии давлатиро дастгирӣ мекунад. Оид ба парвандаҳои мураккаб ва бисёрлаҳза айбдоркуниро якчанд айбдоркунандаи давлатӣ дастгирӣ карда метавонад. Дар сурати ғайриимкон будани иштироки айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни тамоми муҳокимаи судӣ ӯро иваз кардан мумкин аст. Ворид шудани айбдоркунандаи давлатӣ ба баррасии парванда боиси такрори амалҳое намегардад, ки то ин лаҳза дар суд анҷом дода шуда буданд, вале бо дархости ӯ барои шиносоӣ бо маводи парванда ва далелҳои дар тафтиши суд баррасишуда суд ба ӯ вақт ҷудо мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ, ки айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, аз рӯи талаботи қонун ва эътиқоди ботинии худ амал мекунад.
Айбдоркунандаи давлатӣ мутобиқи талаботи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ даъвои граждании ҷабрдидаро пешниҳод ё дастгирӣ мекунад, ба шарте, ки онро ҳифзи манфиати давлат ё ҷамъият ё ҳуқуқи шаҳрвандон талаб намояд.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар тафтиши далел иштирок намуда, ба суд ақидаи худро дар бораи моҳияти айбдоркунӣ ва дигар масъалҳое, ки ҳангоми муҳокимаи судӣ ба миён омадаанд, баён мекунад, инчунин ба суд дар бораи татбиқи қонуни ҷиноятӣ ва ба судшаванда таъин намудани ҷазо фикри худро изҳор менамояд. Ӯ ҳуқуқ дорад дар бораи сабук кардани айбдоркунӣ таклиф пешниҳод намояд, пурра ё қисман аз айбдоркунӣ даст кашад. Аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ, ба шарте, ки ҷабрдида ҳам аз айбдоркунӣ даст кашида бошад, барои аз ҷониби суд қабул кардани таъинот (қарор)-и қатъ намудани парванда асос шуда метавонад. Агар ҷабрдида аз айбдоркунӣ даст накашида бошад, суд муҳокимаи парвандаро идома дода, масъалаи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшавандаро бо тартиби умумӣ ҳал мекунад.
Иштироки судшаванда дар муҳокимаи судӣ. Муҳокимаи парванда дар маҷлиси суди марҳилаи якум бо иштироки ҳатмии судшаванда мегузарад. Вале суд, судя ҳуқуқ доранд ҳангоми саркаши намудани судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси суд парвандаро дар ғоибии ӯ ва бо иштироки ҳатмии ҳимоятгар баррасӣ намоянд. Инчунин, мутобиқи қонун муҳокимаи парванда бе иштироки судшаванда ба таври истисно танҳо дар ҳолате иҷозат дода шуданаш мумкин аст, ки судшаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад ва аз ҳозир шудан ба суд саркашӣ кунад.
Ҳангоми ҳозир набудани судшаванда дар сурате, ки иштироки ӯ дар муҳокимаи судӣ ҳатмӣ мбошад, баррасии парванда бояд мавқуф гузошта шавад. Суд, судя ҳуқуқ доранд судшавандаи бе сабабҳои узрнок ҳозирнашударо маҷбуран оранд, нисбати ӯ чораи пешгириро татбиқ намоянд ё онро тағйир диҳанд.
Иштироки ҳимоятгар дар муҳокимаи судӣ. Ҳимоятгари судшаванда дар тафтиши далелҳо иштирок намуда, ба суд дар бораи моҳияти айбдоркунӣ ва исбот карда шудани он, дар бораи ҳолатҳое, ки ҷавобгарии судшавандаро сабук ё ӯро сафед мекунанд, дар бораи чораи ҷазо ва дигар масъалаҳо, ки ҳангоми муҳокимаи судӣ ба миён омадаанд, ақидаи худро изҳор мекунад. Ҳангоми ҳозир нашудани ҳимоятгар ва имконнопазирии иваз намудани вай муҳокимаи парванда мавқуф гузошта мешавад.
Агар иштироки ҳимоятгари интихоб ё таъиншуда дар маҷлиси суд дар давоми на камтар аз панҷ шабонарӯз имконнопазир бошад, суд, судя ҳуқуқ доранд ба судшаванда даъвати ҳимоятгари дигарро пешниҳод кунанд ё барои таъин намудани ҳимоятгар чора андешанд. Ба ҳимоятгаре, ки нав ба муҳокимаи парванда ҳамроҳ шудааст, барои омодагӣ ҷиҳати иштирок дар муҳокимаи судӣ вақти зарурӣ дода мешавад.
Иштироки ҷабрдида дар муҳокимаи судӣ. Муҳокимаи парванда дар маҷлиси суди марҳилаи якум бо иштироки ҳатмии ҷабрдида ё намояндаи ӯ гузаронида мешавад. Дар сурати ҳозир нашудани ҷабрдида суд масъалаи муҳокимаи парванда ё мавқуф гузоштани онро ҳал мекунад. Дар ҳолати ҳозир набудани ҷабрдида комилан равшан сохтани ҳамаи ҳолатҳои парванда ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ имконнопазир бошад, муҳокима мавқуф гузошта мешавад. Агар дар маҷлиси суд намояндаи ҷабрдида ҳозир шавад, суд ин масъаларо мутобиқи фикри намоянда ҳал мекунад. Мувофиқи дархости ҷабрдида суд, судя метавонад ӯро аз иштирок дар маҷлиси суд озод намуда, вазифадор кунад, ки дар мӯҳлати муайян барои додани нишондод ҳозир шавад.
Мавриди зикр аст, ки оид ба парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани ҷабрдида ба маҷлиси суди марҳилаи якум боиси қатъ намудани пешбурди парванда шуда метавонад, вале бо дархости судшаванда дар ғоибии ҷабрдида моҳиятан баррасӣ шудани парванда низ имконпазир аст.
Иштироки даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ дар муҳокимаи судӣ. Дар муҳокимаи судӣ даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо иштирок мекунанд. Ҳангоми ба суди марҳилаи якум ҳозир нашудани даъвогари гражданӣ ё намояндаи ӯ мумкин аст даъвои гражданӣ бе баррасӣ монда шавад.
Суд, судя ҳуқуқ дорад бо дархости даъвогари гражданӣ ё намояндаи ӯ даъвои гражданиро дар ғоибии даъвогари гражданӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Суд, судя сарфи назар аз ҳозир шудани даъвогари гражданӣ ё намояндаи ӯ, ба шарте, ки даъворо прокурор дастгирӣ намояд ё суд, судя онро зарур шуморад, даъвои гражданиро баррасӣ мекунад. Ба суд ҳозир нашудани ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи ӯ баррасии даъвои гражданиро боздошта наметавонад.
Иштироки мутахассис дар муҳокимаи судӣ. Мутахасис барои мусоидат намудан ба суд, судя дар ошкор ва дарёфт намудани далел, асоснок кардани он, инчунин дар татбиқи воситаҳои техникӣ мумкин аст ҷалб карда шавад. Мутахассиси ба суд даъватшуда бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 57 ва 179 КМҶ ҶТ дар муҳокимаи судӣ иштирок мекунад.
Ҳадди муҳокимаи суд. Қонун ҳадди муҳокимаи судиро муқаррар намудааст, ки он бо доираи айбдоршавандагон ва мундариҷаи айбдоркунӣ маҳдуд мегардад. Мутобиқи қисми 1 моддаи 285 КМҶ ҶТ парванда дар суд танҳо нисбат ба айбдоршавандагон ва танҳо нисбат ба ҳамон айбе, ки ба ӯ бо тартиби дар КМҶ ҶТ пешбинишуда эълон шудааст, муҳокима карда мешавад. Яъне суд наметавонад парвандаро нисбати шахсоне, ки ба онҳо айб пешниҳод нашудааст, баррасӣ намояд. Суд наметавонад, аз ҳадди айбе, ки доир ба он аз ҷониби судя муҳокимаи судӣ таъин шудааст, барояд. Ҳангоми баромадан аз ин ҳадд ҳукми суд бояд бекор карда шавад.
Ҳангоми баргузории муҳокимаи судӣ дар доираи айби пешниҳодшуда, суд метавонад, ки ба айби пешниҳодшуда розӣ нашавад, яъне айбдоршавандаро озод кунад ё айбро дар ҳукми худ иваз кунад. Мутобиқи қисми 2 моддаи 285 КМҶ ҶТ айбдоркуниро дар суд тағйир додан мумкин аст, ба шарте, ки вазъи судшаванда бадтар нашавад ва ҳуқуқи ӯ ба ҳимоя риоя гардад. Яъне суд наметавонад бандубасти ҷиноятро иваз намуда, моддаи қонуни ҷиноятро татбиқ намояд, ки дар он ҷазои нисбатан вазнин аз ҷазои пешниҳодшуда пешбинӣ шудааст.
Тағйир додани айбдоркунӣ ба айбдоркунии нисбатан вазнин на танҳо ба вазнин шудани вазъи судшаванда, балки инчунин ҳуқуқи ӯро ба ҳимоя вайрон мекунад. Зеро судшаванда тибқи қонун бояд имконият дошта бошад, ки аз айби ба ӯ нав пешниҳодшуда аз марҳилаи тафтишоти пешакӣ сар кард худро ҳимоя кунад. Бинобар ин агар суд иваз намудани айбдоркуниро ба айбдоркунии нисбатан вазнин зарур шуморад, пас бояд парвандаи ҷиноятиро барои тафтишоти иловагӣ равон кунад.
Мавқуф гузоштан ва боздоштани муҳокимаи судӣ. Агар дар натиҷаи ба маҷлиси суд ҳозир нашудани яке аз шахсони даъватшуда муҳокимаи парванда имконнопазир гардад ё бо дархости тарафҳо зарурати талаб карда гирифтани далелҳои нав ба миён ояд, суд, судя дар бораи мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда таъинот (қарор) мебарорад. Ҳамзамон барои даъват ё маҷбуран овардани шахсони ҳозирнашуда, қонеъ намудани дархостҳо чораҳо андешида мешаванд. Муҳокимаи парванда баъди мавқуф гузоштан ва боздоштани он аз лаҳзаи мавқуфгузорӣ ва боздошт идома дода, тарафҳо бояд бо далелҳои нави ба дастоварда шинос карда шаванд. Агар судшаванда пинҳон шуда бошад, инчунин ба бемории рӯҳӣ ё бемории дигари вазнин гирифтор гашта, ҳозир шудани ӯро ба маҷлиси суд имконнопазир гардонад, суд пешбурди парвандаро нисбат ба ин судшаванда то кофтуков намудан ё шифо ёфтани ӯ ё гирифтани хулосаи экспертиза бозмедорад ва нисбати судшавандагони дигар пешбурди парвандаро идома медиҳад. Агар муҳокимаи алоҳида ҳалли дурусти парвандаро мушкил гардонад, пешбурди парванда пурра боздошта мешавад. Кофтукови судшавандаи пинҳоншуда бо таъиноти (қарори) суд эълон карда мешавад.
Баргардонидани парванда барои тафтиши иловагӣ. Агар дар ҷараёни муҳокимаи суд ҳолатҳои нави қаблан номуайян ва барои парванда муҳим ошкор шуда бошанд, ки тафтиши онҳо дар маҷлиси суд бе тафтиши иловагӣ имконнопазир аст, суд, судя метавонад бо ташаббуси худ ё дархости тарафҳо парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонад. Суд, судя парвандаро барои тафтиши иловагӣ баргардонида, дар айни замон вазифадор аст, масъалаи чораҳои пешгириро нисбат ба судшаванда ҳал кунад. Ҳангоми пас аз тафтиши иловагӣ ба суд ворид гардидани парванда масъалаи таъини маҷлиси суд бо тартиби умумӣ ҳал карда мешавад.
Қатъ намудани парванда дар маҷлиси суд. Парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд ҳангоми маълум гардидани ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад: 1) гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан; 2) қабули санади авф; 3) оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ; 4)мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ӯ оғоз гардад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки прокурор бе аризаи ҷабрдида ҳуқуқи оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро дорад; 5) шахси айбдоршаванда фавтида бошад, ба ғайр аз ҳолати пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ӯ; 6)агар нисбати айбдоршаванда аз рӯи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамон асос мавҷуд бошад; 7) нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дошта бошад.
Инчунин, ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ, ба шарте, ки ҷабрдида ҳам аз айбдоркунӣ даст кашида бошад, парвандаи ҷиноятӣ бояд қатъ карда шавад.
Ба ғайр аз ин суд, судя ҳуқуқ дорад бо асосҳои дар моддаи 28 КМҶ ҶТ зикршуда парвандаи ҷиноятиро дар маҷлиси суд қатъ намояд.
Ҳалли масъалаи чораи пешгирӣ. Суд, судя ҳуқуқ дорад ҳангоми муҳокимаи судӣ дар ҳаққӣ судшаванда чораи пешгириро интихоб намояд, тағйир диҳад ё бекор кунад. Мӯҳлати чораи пешгирӣ ба сифати дар ҳабс нигоҳ доштани судшаванда аз лаҳзаи ба суд ворид гардидани парванда то лаҳзаи баровардани ҳукм аз шаш моҳ бештар шуда наметавонад. Оид ба парвандаҳои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бо гузашти мӯҳлати шашмоҳа суд, судя ҳуқуқ дорад бо таъиноти (қарори) худ мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштанро то дувоздаҳ моҳ дароз кунад. Пас аз гузаштани мӯҳлатҳои зикршуда суд, судя бояд чораи пешгириро дар ҳаққи судшаванда ба дигар чораи пешгирӣ иваз кунад.
Тартиби баровардани таъинот ва қарор дар маҷлиси суд. Оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки ҳангоми муҳокимаи судӣ аз тарафи суд ҳал мегардад, суд, судя таъинот (қарор) мебароранд, ки он бояд дар маҷлиси суд эълон карда шавад. Таъинот (қарор) дар бораи ба тафтиши иловагӣ фиристодани парванда, қатъ намудани парванда, тағйир додан, татбиқ ё бекор кардани чораи пешгирӣ оид ба раддияҳо, таъини экспертиза, ҳамчунин таъиноти хусусӣ дар хонаи машваратӣ бароварда, дар шакли ҳуҷҷатҳои алоҳида тартиб дода мешаванд. Ҳамаи таъинот (қарор)-и дигар бо салоҳдиди суд, судя бо тартиби муқаррнамудаи қонун бароварда мешаванд.
Тартиби маҷлиси суд. Муҳокимаи судӣ дар шароите, ки барои кори мӯътадили суд ва амнияти иштироккунандагони мурофиа мусоид аст, гузаронида мешавад. Ҳангоми ба толори маҷлиси суд ворид шудани суд, судя бо хитоби котиби маҷлиси суд «Суд меояд, хоҳишмандам аз ҷой бархезед!» ҳамаи ҳозирин аз ҷой бармехезанд. Ҳамаи иштироккунандагони муҳокимаи судӣ аз ҷой бармехезанд ва ҳар гоҳ ба суд бо ибораи «Мӯҳтарам суд» муроҷиат мекунанд, нишондод медиҳанд ва арзи изҳорот мекунанд. Сарфи назар кардани қоидаҳои мазкур танҳо бо иҷозати раисикунанда мумкин аст. Ҳамаи иштироккунандагони муҳокимаи судӣ, ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони дар толори маҷлиси суд ҳозирбуда бояд фармоиши раисикунандаро дар бобати риояи тартибот дар маҷлиси суд ба ҷо оваранд.
Чораҳои таъсир расонидан барои риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд. Ҳангоми риоя накардани тартибот дар толори маҷлиси суд, итоат накардан ба амри раисикунанда иштирокчии мурофиа огоҳ карда мешавад, ки дар сурати такроран риоя накардани тартибот ӯ аз толори маҷлиси суд берун ё ба андозаи то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Ҳар як иштирокчии мурофиа, ғайр аз айбдоркунанда ва ҳимоятгар мумкин аст аз толор берун карда шавад. Нисбат ба судшаванда, ҳимоятгар ва айбдоркунандаи давлатӣ ҷаримабандӣ татбиқ карда намешавад. Агар судшаванда аз толори маҷлиси суд берун карда шуда бошад, ҳукм бояд дар ҳузури ӯ ё пас аз қабули он ба гирифтани забонхат фавран ба ӯ эълон карда шавад. Дар бораи аз толори маҷлиси суд берун кардани иштирокчии мурофиа ва ҷаримабандӣ шудани ӯ таъинот (қарор) бароварда мешавад. Шахсоне, ки дар толори маҷлиси суд ҳузур доранд, вале иштирокчии мурофиа намебошанд, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя накардани тартибот бо амри раисикунанда аз толори маҷлиси суд берун карда мешаванд. Ба ғайр аз ин суд онҳоро ба андозаи то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда метавонад. Агар аз ҷониби иштирокчиёни муҳокимаи судӣ ё шахси дар толори маҷлиси суд ҳузурдошта ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир шуда, ба суд ва нисбати қоидаҳои муайяннамудаи суд беэҳтиромӣ зоҳир гардад, суд ҳуқуқвайронкунандаро пурсиш ва далелҳои ӯро тафтиш намуда, ҳуқуқ дорад дар ҳамон муҳокимаи судӣ дар бораи ба ӯ татбиқ кардани яке аз ҷазоҳои маъмурии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот (қарор) барорад. Агар дар амали вайронкунандаи тартиботи маҷлиси суд аломатҳои ҷиноят вуҷуд дошта бошад, суд маводи дахлдорро барои ҳалли масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ба прокурор равон мекунад.
Протоколи маҷлиси суд. Дар маҷлиси суди марҳилаи якум протокол тартиб дода мешавад. Протоколро бо даст навиштан ё чоп кардан мумкин аст. Дар протоколи маҷлиси суд маълумоти зерин қайд карда мешаванд: — вақти оғоз ва анҷоми он; — ному насаби ҳайати суд, котиб, тарҷумон, айбдоркунанда, ҳимоятгар, судшаванда, инчунин ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, шахсони дигари даъватнамудаи суд; — парвандаи баррасишаванда; — маълумот дар бораи шахсияти судшаванда ва чораи пешгирӣ; — амали суд бо тартибе, ки он сурат гирифта буд; — нишондод, эътироз ва дархостҳои шахсони иштирокчии парванда; — таъиноти суд (қарори судя), ки бе рафтан ба хонаи машварат бароварда шудааст; — ишора дар бораи баровардани таъинот (қарор) дар хонаи машварат; — ба шахсони иштирокчии парванда фаҳмондани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо; — матни пурраи нишондод; — саволҳое, ки ба коршинос дода шудаанд ва ҷавоби ӯ; — натиҷаҳои азназаргузаронӣ ва амалҳои дигари тафтиши далелҳо, ки дар маҷлиси суд анҷом дода шудаанд; — ишора ба далелҳое, ки шахсони иштирокчии парванда хоҳиш кардаанд дар протокол тасдиқ карда шавад; — мазмуни асосии баромади тарафҳо дар музокираи судӣ; — сухани охирини судшаванда; — ишора дар бораи эълон кардани ҳукм ва фаҳмонда додани тартиб ва мӯҳлати шикоят ё эътироз ба он.
Дар протокол инчунин далелҳои беэҳтиромӣ нисбат ба суд, ба шарте, ки чунин амал вуҷуд дошта бошад, ишора ба шахсияти вайронкунандаи тартибот ва чораҳои таъсиррасонӣ, ки суд дар ҳаққи вайронкунанда андешидааст, инъикос карда мешавад.
Протокол бояд аз ҷониби раисикунанда ва котиб таҳия ва дар мӯҳлати на дертар аз панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи хотимаи маҷлиси суд имзо карда шавад. Раисикунанда вазифадор аст ба тарафҳо барои пурра шинос шудан бо протоколи маҷлиси суд вобаста ба таҳия гардидани протокол имконият фароҳам орад.
Тарафҳо ҳуқуқ доранд дар давоми панҷ шабонарӯзи баъди имзои протоколи маҷлиси суд эродҳои худро доир ба протокол пешниҳод кунанд. Ин мӯҳлат аз ҷониби раисикунанда, мумкин аст бо дархости тарафҳо то даҳ шабонарӯз дароз карда шавад.
Эродҳо ба протоколи маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда баррасӣ карда мешавад ва барои дақиқ намудан шахсонеро, ки эрод пешниҳод кардаанд, даъват карда мешаванд. Эродҳои прокурор ва ҳимоятгар бо иштироки онҳо баррасӣ карда мешавад. Ҳозир нашудани шахсони мазкур барои баррасӣ намудани эродҳо монеа намешаванд. Раисикунанда дар бораи натиҷаҳои баррасии эродҳо доир ба тасдиқи қобили қабул будан ё набудани онҳо қарори асоснок мебарорад. Эродҳо ва қарори судя ба протоколи маҷлиси суд замима карда мешаванд.