Фанни Ҳуқуқ

Хукуки дипломати ва консули

Ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ.

1.Мафҳум низом ва сарчашмаи низоми ҳуқуқи дипломатӣ.

2.Мақомотҳои робитаи беруна.

Дар муносибатҳои байналхалқӣ аз замонҳои қадим Сар карда меъёрҳое вуҷуд доштанд, ки онҳо фаъолият ва мавқеи намояндагии давлат ё ин мақомоти онро дар муносибатҳои расмии байни онҳо ба танзим медароварданд ва ин фаъолият мақсади намояндагии он, таъмини бехатарии давлат, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуни онҳо дар ҷараёни муносибатҳои байналхалқӣ буд. Бо мурури замон ин меъёрҳо муҳити мустаҳкам ва мустақил нисбати матлаби танзимкуниро ташкил дод, ки дар замони ҳозира аз нуқтаи назарияи кодификация яке аз соҳаҳои пурра дуруст тартиб дода шуда дар соҳаи ҳуқуқи байналхлақи мебошад.

Ҳуқуқи дипломатӣ – ин яке аз соҳаҳои байналхалқи Буда, аз маҷмӯи меъёрҳое иборат мебошад, ки статус ва функцияҳои мақомотҳои давлатии берунаро ба танзим медарорад. Албатта ин маҷмӯъ беасос набуда, балки низоми меъёрҳои байналхалқии батартибдаровардашудаи ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад. Он дорои алоқамандии дохили Буда, ҳамаи мақомотҳои робитаи берунии давлатҳо ва дигар субъектҳои байналхалқиро ба танзим медарорад. Инчунин намояндагии онҳо, муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳоро дар муносибатҳои байналхалқӣ таъмин мекунад.

Низоми ҳуқуқи дипломатиро бо чунин шаклҳои асосии дипломатия ҷудо кардан мумкин аст, дипломатияи дуиарафа, ки ба воситаи намояндагони дипломатӣ ё ин ки миссияҳои махсус ба амл бароварда мешавад, дипломатияи бисёртарафа, ки ба воситаи намояндагони доимии давлат дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ ба амал бароварда мешавад. Ҳуқуқи дипломатӣ дар тӯли солиёни дароз ба одатҳо асос меёфт. Кодификацияи қисман расмии ҳуқуқи дипломатӣ аввалин маротиба дар Америкаи Лотинӣ /20феврали соли 1928 Конвенцияи Гаванагӣ оиди мансабдорони дипломтӣ қабул шуда буд/ ба роҳ монда шуда буд. Дар айни ҳол ҳуқуқи дипломатӣ асосан пурра кодификация карда шудааст. Сарчашмаи асосии ин соҳа ин пеш аз ҳама Концепцияи Венагӣ оиди муносибатҳои дипломатӣ 18 апрели соли 1961 ба шумор меравад. Инчунин, соли 1969 Ассамблеяи Генералии СММ Конвенция оиди миссияҳои махсус ва соли 1975 дар Конфронси дипломатӣ дар шаҳри Вена Коцепция оиди намояндагии давлат дар муносибати онҳо бо ташкилотҳои байналхалқии характери универсалӣ дошта қабул карда шуд, ки инҳо низ бевосита сарчашмаи асосии ҳуқуқи дипломатӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии тоҷикистон аъзои Конвенцияи Вена оиди муносибатҳои дипломатӣ соли 1961 аз 4 ноябри соли 1995 ба шумор меравад.

Дар механизми баамалбарории функцияҳои давлат нақши муҳимро мақомотҳои робитаи беруна мебозанд. Фаъолияти онҳо на танҳо дар дохили ҳудуди давлат, балки инчунин берун аз он ҳам мегузарад. Дар ҳама ҳолатҳо новобаста аз ҷои ишғоли ин мақомотҳо фаъолияти онҳо бо барқароршавӣ ва нигоҳдории муносибатҳои расмӣ байни давлатҳо алоқаманд мебошанд. Мақомотҳои робитаи беруна чунин мақомотҳои давлатие мебошанд, ки бо ёрии онҳо давлат алоқаҳои худро бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба амал мебарорад.

Мақомотҳои робитаи берунаро ба мақомотҳои дохилидавлатӣ ва хориҷа тақсим мекунанд. Мақомотҳои дохилидавлатии робитаи беруна – ин мақомотҳои робитаи берунае мебошнд, ки дар дохили ҳудуди давлат доимо қарор доранд. Ҳуқуқи байналхалқи ду намуди чунин мақомотҳоро медонанд:

1.мақомотҳое, ки намояндагии давлатҳоро дар ҳамин масъалаҳо ба амал мебароранд;

2. мақомотҳое, ки давлатро дар як ё ин ки якчанд соҳаи начандон васеъ робитаи беруна намояндагӣ мекунанд.

Ба гуруҳи аввал инҳо шомиланд: мақомотҳои олии давлатӣ, хусусан мақомоти олии намояндагӣ, ки одатан асоси сиёсати берунаи давлатро муайян мекунад; сардори давлат, ки намояндагии олии давлатро дар арсаи байналхалқӣ ба амал мебарорад, ҳукумат, ки роҳбарии умумии сиёсати берунаи давлатро ба амл мебарорад. Вазорати корҳои хориҷӣ ки мақомти ҳукумати оиди ба амалбарории сиёсати беруна ба ҳисоб меравад. Мақомотҳои хориҷии робитаи берунаро дар навбати худ ба мақомотҳои доим ива муваққати ҷудо мекунанд. Ба мақомотҳои доими инҳо шомиланд: намояндагии дипломатӣ /сафоратхоан, миссия/: намояндагии доими дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ, муассисаҳои консулӣ. Ба мақомотҳои муввақатӣ – миссияҳои махсус ва вакилҳо дар конфронсҳои байналхалқӣ ё ин ки дар мақомотҳои байналхалқӣ дохил мешаванд.

Умуман намояндагии дипломатӣ ин мақомоти давлатие мебошад, ки дар ҳудуди давлати дигар мавқеъ гирифта, бо ин давлат алоқаҳои худро ба роҳ мемонад. Амалияи ҳуқуқи байналхалқӣ ин асосан ду намуди намояндагии дипломатиро медонад: Сафоратхона, ки аз тарафи сафир роҳбари карда мешавад; миссия , ки аз тарафи фиристода ва фиристодаи доими дар корҳо роҳбарӣ карда мешавад. Сохтори дохилии намояндагии дипломатӣ аз тарафи қонунгузории давлати равонкунандаи сафир муайян карда мешавад.

Дар бисёри давлатҳо инчунин дараҷаҳои дипломатӣ ё худ унвонҳои хизматӣ, ки ба коркунони дипломатӣ дода мешаванд вуҷуд дорад. Ин унвонҳо низ аз тарафи қонунгузории дохилидавлатии давлатҳо муқаррар карда мешавад. Ҳайати коркунони намояндагии дипломатӣ ба се гуруҳ ҷудо мешаванд: Ҳайати дипломатӣ, маъмурӣ, техникӣ ва ҳайати хизматӣ. Функцияи намояндагии дипломатӣ аз самтҳои асосии дипломатӣ фаъолияти мақомотҳои намояндагии дипломатӣ мебошад. Функцияи намояндагии дипломатӣ ҳам дар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳам дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи дохилидавлатӣ муайян карда мешаванд.

Дар асоси Конвенсияи Венагии соли 1961 оиди муносибатҳои дипломатӣ чунинанд:

1.баромад кардан аз номи давлати худ;

2.муҳофизат кардани манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони худ дар давлати мавқеъгирифтаи сафир;

3.ба амал баровардани гуфтушунид бо ҳукумати давлати мавқеъ гирифта;

4.тараққи додани муносибатҳои дӯстона бо давлати мавқеъгирифта;

5.функцияҳои консулӣ;

6.ахборот додан ба ҳукумати худ оиди давлати мавқеъгирифта.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *