Фанни Ҳуқуқ

Танзими ҳуқуқии тартиби расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ

Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ҳангоми зарурати дар қаламрави давлати хориҷӣ гузаронидани пурсиш, муоина, ёфта гирифтан, кофтуков, экспертиза ва амалиёти дигари мурофиавӣ гузаронидани онҳоро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷие, ки бо он доир ба расонидани кӯмаки мутақобили ҳуқуқӣ шартнома ё созишномаи байналмилалӣ мавҷуд аст, супориш медиҳад.

Супориши гузаронидани амали алоҳидаи тафтишӣ ба воситаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани амали суд ба воситаи Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мутобиқан тавассути муовинони онҳо фиристода мешавад, ки онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои мусоидат ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

Ҳангоми ба расмият даровардани супориш, ба шарте, ки дар шартномаи байналмилалӣ ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, забони ҳамон давлате татбиқ мегардад, ки супориш ба он равон карда мешавад.

Супориши гузаронидани амалҳои алоҳидаи тафтишӣ ва судӣ бояд ба тариқи хаттӣ тартиб дода, аз тарафи шахси мансабдоре, ки супоришро мефиристад, имзо ва бо мӯҳри нишондори мақомот тасдиқ карда шавад ва маълумоти зеринро дошта бошад:

— номи мақомоте, ки супоришро мефиристад;

— ном ва суроғаи мақомоте, ки супориш ба он фиристода мешавад;

— номи парванда ва мушаххасоти супориш;

— маълумот дар бораи шахсоне, ки нисбат ба онҳо супориш дода мешавад, шаҳрвандии онҳо, шуғл, ҷои зист ё маҳалли будубош ва барои шахсони ҳуқуқӣ – ном ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо;

— баёни ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, ҳамчунин номгӯйи ҳуҷҷатҳо, далелҳои шайъӣ ва далелҳои дигари дархостшаванда;

— маълумот доир ба ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда ва бандубасти он бо замимаи нусхаи матни моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди зарурат маълумот дар бораи андозаи зараре, ки дар натиҷаи амали содиргардида расонида шудааст.

Агар шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо ва коршинос шаҳрвандони давлати хориҷӣ бошанд, метавонанд бо ризоии онҳо аз тарафи шахси мансабдоре, ки парвандаи ҷиноятиро тафтиш мекунад, барои гузаронидани амалҳои тафтишӣ ё судӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархост даъват карда шаванд. Амалҳои тафтишӣ ва судӣ бо иштироки шоҳид, ҷабрдида, дигар иштироккунандагони мурофиа, ки шаҳрвандони давлати хориҷӣ мебошанд, аз рӯи қоидаҳои КМҶ ҶТ гузаронида мешавад.

Шахсони мазкур, ки ба даъват ҳозир шудаанд наметавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, ба ҳабс гирифта шаванд ё ҳуқуқҳои шахсии дигари онҳо маҳдуд карда шаванд, ба шарте, ки ҳукми суд то ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани ин шахсон бароварда шуда бошад. Масуният ба шарте қатъ меёбад, ки шахси бо даъват ҳозиршуда имкони тарк кардани қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, дар мӯҳлати 15 шабонарӯз аз лаҳзаи аз байн рафтани зарурати ҳузури ӯ қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намекунад ва ё баъди тарки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардад.

Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ супоришҳои бо тартиби муқарраргардида ба онҳо додаи мақомот ва шахсони мансабдори дахлдори давлатҳои хориҷиро оид ба гузаронидани амалҳои тафтишӣ ё судӣ мувофиқи қоидаҳои умумии КМҶ ҶТ иҷро мекунанд. Ҳангоми иҷрои супориш метавонанд меъёрҳои мурофиавии давлати хориҷӣ истифода шаванд, ба шарте, ки ин амал дар шартномаи байналмилалӣ бо он давлат пешбинӣ шуда бошад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ, ҳангоми иҷрои супориш намояндаи мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ иштирок карда метавонад.

Агар иҷрои супориш имкон надошта бошад, ҳуҷҷатҳои воридшуда мутобиқан тавассути Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти хориҷие, ки супориш аз он омадааст, бо зикри сабабҳое, ки ба иҷрои он монеъ гардидаанд, баргардонида мешаванд. Агар иҷрои супориш ба истиқлолият ё амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида тавонад ва ё мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бе иҷро баргардонида мешавад.

Дар ҳолати содир шудани ҷиноят дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрванди давлати хориҷие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтааст, тамоми маводи парвандаи оғозшуда ва таҳқиқшаванда ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, то ки масъалаи фиристодани маводро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ барои идома додани таъқиби ҷиноятӣ ҳал кунад.

Муроҷиати мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ доир ба додани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави давлати хориҷӣ ҷиноят содир карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст, барои тафтиши минбаъда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ баррасӣ карда мешавад. Тафтиши пешакӣ, таҳқиқ ва мурофиаи суд дар чунин ҳолатҳо бо тартиби пешбининамудаи КМҶ ҶТ анҷом дода мешавад.

Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқи парванда дар қаламрави давлати хориҷӣ аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдоршуда дар доираи салоҳияти ӯ ва бо тартиби муқарраршуда ба даст оварда шудаанд, ҳангоми идома додани тафтиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар далелҳои доир ба парвандаи ҷиноятӣ ҷамъшуда эътибори ҳуқуқӣ доранд.

Дар ҳолати аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави давлати хориҷӣ содир кардани ҷиноят ва то нисбат ба ӯ оғоз шудани таъқиби ҷиноятӣ дар маҳалли содир шудани ҷиноят ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш парвандаи ҷиноятӣ метавонад аз тарафи мақомоти босалоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводе, ки мақомоти давлати хориҷӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, оғоз ва тафтиш карда шавад.

20.2. ТАРТИБИ СУПОРИДАНИ ШАХС БАРОИ

БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДАН Ё БАРОИ ИҶРОИ ҲУКМ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолат ва бо тартибе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ бо талабномаи додани шахсе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир кардааст, муроҷиат мекунад ба шарте, ки оид ба ин шахс ҳукми айбдоркунанда ё қарори ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда қабул шуда бошад.

Талабнома бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: — фамилия, ном ва номи падари маҳкумшуда (айбдоршаванда), соли таваллуд, маълумот дар бораи шаҳрвандӣ, тасвири зоҳирӣ, аксҳо; — баёни ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда бо зикри матни қонуне, ки барои ин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад ва зикри ҳатмии ҷазо; — маълумот дар бораи ҷой ва вақти баровардани ҳукме, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бо замимаи нусхаҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои дахлдор.

Шахсе, ки аз тарафи давлати хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, бе ризои давлате, ки ӯро супоридааст, барои ҷинояти дигаре, ки бо супоридани ӯ вобаста нест, наметавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ҷазо дода шавад, ҳамчунин ба давлати сеюм супорида шавад. Аммо ин қоида дар ҳолати аз тарафи шахс содир шудани ҷиноят баъди супоридани ӯ татбиқ намегардад.

Талабномаи супоридани шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки дар содир намудани ҷиноят айбдор карда мешавад ё дар қаламрави давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ баррасӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани талабномаи якчанд давлат доир ба супоридани шахс қарори ба кадом давлат супоридани шахсро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад. Шарт ва тартиби супоридан бошад тавассути КМҶ ҶТ ва шартномаи тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷӣ муайян карда мешавад.

Агар дар бораи шаҳрванди давлати хориҷӣ, ки барои ҷинояти дигар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо мекунад, дархости супоридани ӯ ворид гардад, супоридан метавонад то ба охир расидани мӯҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷазо мувофиқи ҳар гуна асоси қонунӣ ба таъхир андохта шавад. Агар шаҳрванд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, мӯҳлати супоридани ӯро то баровардани ҳукм, ба охир расидани мӯҳлати ҷазо ё озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо мувофиқи ҳар гуна асоси қонунӣ мумкин аст, ба таъхир андохта шавад. Агар ба таъхир андохтани мӯҳлати супоридани гунаҳгор боиси гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноятӣ гардад ё ба таҳқиқи ҷиноят халал расонад, шахсеро, ки супоридани ӯ дар асоси талабнома зарур аст, муваққатан супоридан мумкин аст.

Дар ҳолатҳои зерин супоридани шахс рад карда мешавад, агар:

— ба шахс аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳгоҳи сиёсӣ дода шуда бошад;

— кирдоре, ки асоси талабнома доир ба супоридан қарор дода шудааст, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноят эътироф нагардад;

— нисбат ба шахс аллакай барои ҳамон ҷиноят ҳукме бароварда шуда бошад, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст ё тафтиши парванда қатъ карда шудааст;

— мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби гузаштани мӯҳлат ё аз рӯи асоси дигари қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ наметавонад оғоз ё ҳукм иҷро карда шавад.

Супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои душаҳрвандӣ мебошад, танҳо дар ҳолатҳое имконпазир аст, ки махсус дар шартнома ё созишномаи тарафайн пешбинӣ шуда бошанд.

Ҳангоми аз мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ ворид гардидани талабномаи ба таври зарурӣ ба расмият даровардашуда ва дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунӣ барои супоридан ӯ, нисбати ин шахс мумкин аст чораҳои маҷбуркунии мурофиавии дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шавад. Дар бораи ба ҳабс гирифтани шахс ба мақомоти давлати хориҷие, ки талабномаи супориданро фиристодааст, якҷоя бо пешниҳоди вақт ва ҷои супоридан фавран хабар дода мешавад.

Агар дар давоми сӣ шабонарӯз супоридан иҷро нагардад, шахсе, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад бояд бо қарори суд озод карда шавад. Такроран ба ҳабс гирифтан танҳо баъди баррасии талабномаи нав доир ба супоридан имконпазир аст.

Ҳангоми ба мақомоти давлати хориҷӣ супоридани шаҳрванд, инчунин ашёе, ки олоти ҷиноят аст ва осори ҷиноят дорад ё бо роҳи ҷиноятӣ ба даст оварда шудааст, дода мешавад. Ин ашё дар асоси талабнома ва дар ҳолате, ки супоридани шахс ба сабаби фавти ӯ ё бо сабабҳои дигар амалӣ шуда наметавонад дода мешавад. Агар ашё барои тафтиш аз рӯи парвандаи дигари ҷиноятӣ зарур бошад, мумкин аст муваққатан нигоҳ дошта шавад.

Барои таъмини ҳуқуқи қонунии шахсони сеюм супоридани ашё танҳо дар сурати мавҷуд будани кафолатҳои мақомоти давлати хориҷӣ дар бораи баргардонидани ашё баъди ба охир расидани тафтиш аз рӯи парванда анҷом дода мешавад.

СУПОРИДАНИ ШАХСЕ, КИ

БА МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ МАҲКУМ ШУДААСТ,

БАРОИ АДОИ ҶАЗО БА ДАВЛАТЕ, КИ Ӯ ШАҲРВАНДИ ОН АСТ

Барои супоридани шахсе, ки аз тарафи суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар давлате, ки ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, ҳамчунин барои супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ маҳкум шудааст, барои адои ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба шумор меравад:

1) шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии дахлдор;

2) созиши хаттии бо шартҳои мутақобил имзонамудаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти босалоҳият ва шахсони мансабдори давлати хориҷӣ.

Супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, барои адои ҷазо ба давлате, ки ӯ шаҳрванди он давлат аст, то хатми ҷазои ӯ ба тариқи маҳрум кардан аз озодӣ дар асоси дархости маҳкумшуда, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ӯ, ҳамчунин дар асоси талабномаи мақомоти босалоҳияти давлати дахлдор бо ризои маҳкумшуда имконпазир аст.

Шахс танҳо баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм бо қарори Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ метавонад супорида шавад ва онҳо дар бораи супорида шудани маҳкумшуда ба суде, ки ҳукм баровардааст, хабар медиҳанд.

Супоридани шахси ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкумшуда барои адои ҷазо ба давлате, ки ӯ шаҳрванди он давлат аст дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, ба шарте, ки:

— кирдоре, ки шахс барои он маҳкум шудааст, бо қонунгузории давлате, ки ӯ шаҳрванди он мебошад, ҷиноят эътироф нагардад;

— ҷазо бо сабаби гузаштани мӯҳлат ё бо дигар асоси пешбининамудаи қонунгузории ин давлат наметавонад дар давлати хориҷӣ адо карда шавад;

— аз маҳкумшуда ё аз давлати хориҷӣ кафолатҳои иҷрои ҳукм дар қисми даъвои гражданӣ ворид нашуда бошанд;

— доир ба супоридани маҳкумшуда дар асоси шартҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ мувофиқа ҳосил нашуда бошад;

— маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ дошта бошад.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи суди давлати хориҷӣ ба маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, намояндаи қонунӣ ё хешовандони наздики ӯ, ҳамчунин мақомоти босалоҳияти давлати хориҷӣ бо ризои маҳкумшуда метавонанд ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости адои ҷазо аз тарафи маҳкумшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *