Фанни Забони точики

Масъалаҳои стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ

Фаъолияти стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳоти илмиву техникӣ яке аз бахшҳои муҳими истилоҳшиносӣ буда, ҳадафи он ба тартиб ва меъёри муайян даровардани шабакаи истилоҳсозӣ аввалан дар сатҳи як давлати муайян ва сониян дар сатҳи умумиҷаҳонӣ мебошад. Пешрафти бесобиқаи илму техника, пайдо шудани шабакаи нави технологияи (фановарии) компютерӣ ва саросарӣ шудани технологияҳои иттилотӣ ва иртиботӣ масъалаҳои стандарт кардан ва ҳамгун сохтани истилоҳотро чи дар миқёси умумидавлатӣ ва чи дар сатҳи умумиҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои муҳимми забоншиносӣ гардондааст. Албатта масъалаи истилоҳот ва истилоҳшиносӣ дар шароити саросарӣ шудани иттилооту иртиботот масъалаи фақат илми забоншиносӣ набуда, он ба яке аз масъалаҳои байниилмӣ табдил ёфтааст ва ҳалли ин масъала мудохилаи коршиносони бисёр соҳаҳои илм, аз қабили риёзиёт, физика, химия, технологиҳои компютерӣ ва ғайраро талаб дорад. Муассисаҳои байналмилалӣ, ки ба стандарт кардани истилоҳоти илмӣ – техникӣ машғул ҳастанд, масъалаҳои стандарт карданро чунин шарҳ медиҳанд:

Стандарт кардан – фаъолияте мебошад, ки ба хотири батанзимдарорӣ ва истифодаи қоидаву меъёрҳои амалӣ гузаронида шуда, ҳадафи он танзими фаъолияти илмиву амалӣ дар як соҳаи муайян ба ҷалби тамоми тарафҳои манфиатдор аст. Яъне агар стандартсозиро дар низоми истилоҳии забон татбиқ намоем, ҳадафи он ба як меъёри муайяни илмӣ ва техникӣ даровардани истилоҳоти соҳаҳои мухталиф мебошад.

Масъалаҳои стандартсозӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот дар сатҳи давлатӣ гузаронида мешавад. Дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз дар соли 1965 қарори Шӯрои Вазирон (№ 16, аз 11-уми январи соли 1965) «Дар бораи беҳтар кардани фаъолияти стандартсозӣ дар истилоҳот» тасдиқ гардида буд, ки дар он зарурати дар асоси пешрафти илмиву техникӣ стандарт кардани истилоҳоти илмӣ-техникӣ ва бахшҳои гуманитарӣ аз масъалаҳои асосии сиёсати давлатӣ эълон шуда буд. Сиёсати давлатии стандарт кардани истилоҳот масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт:

-Таҳияи стандарти истилоҳот дар асоси услубҳои мушаххас, тартиб ва шаклҳои таъиншуда;

-Баррасии ҳаматарафа ва мувофиқаи ҳамаҷонибаи лоиҳаи стандартсозии истилоҳот бо тамоми муассисаҳои манфиатдор;

-Муоина (Экспертиза) ва тасдиқ кардани стандартҳо аз рӯи қоида ва меъёрҳои ягона;

-Таъмини дар амал ҷорӣ кардани истилоҳоти стандартшуда аз рӯи барномаи мушаххас;

-Назорати доимӣ аз болои тартиби иҷрои барномаи стандартсозии истилоҳот, бознигарии барномавии истилоҳоти стандартшуда.

Дармасъалаи стандарт кардан ва ҳамгунсозии истилоҳот аксари донишмандон бар ин ақидаанд, ки пеш аз ҳама бояд истилоҳоти байнисоҳавӣ, ки барои инкишофи соҳаҳои мухталифи илму техника умумияти бештар доранд, стандарт карда шавад. Сиёсати давлатии стандарт кардани истилоҳот дар баробари роҳҳои дигари ба танзим даровардани меъёрҳои истилоҳшиносӣ бартарӣ ва аҳамияти зиёде дорад. Афзалияти асосии сиёсати давлатии стандарт кардани истилоҳот дар муқоиса бо роҳҳои дигари стандартсозӣ равиши ягонаи усулӣ ва омодасозии стандарт кардани истилоҳоти илмӣ-техникӣ ва ҳамоҳангсозии ин фаъолият дар миқёси давлатӣ ва умумиҷаҳонӣ мебошад. Масалан, дар собиқ Иттиҳоти Шӯравӣ ба ин масъала Комитети стандартҳои назди Шӯрои Вазирон ва Институти умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии иттилооти техникӣ, гурӯҳбандӣ (классификатсия) ва кодгузорӣ, ки дар назди Комитети стандартҳо фаъолият мекард ба корҳои давлатии стандарт кардани истилоҳоти илмӣ-техникӣ роҳбарӣ мекард.

Раванди стандартсозӣ дар забон чунин давраҳоро дарбар мегирад.

  • батартибдарорӣ (такмилдиҳӣ)
  • ҳамгунсозӣ
  • стандартсозӣ

Батартибдарорӣ ва такмили истилоҳоти забони тоҷикӣ дар охири солҳои 20-ум дар баробари пайдо шудани чунин масъала дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардида, дар марҳилаи аввал бо дар назар гирифтани асосҳои назарии истилоҳшиносӣ сурат мегирифт. Дар солҳои баъдӣ масъалаи ҳамгунсозӣ ва стандартсозии истилоҳот аҳамияти бештар пайдо мекунад. Агар батартибдарории истилоҳот аз оғози пайдоиши чунин масъалагузорӣ дар забони тоҷикӣ бештар ба масъалаҳои умумии истилоҳот дахл карда бошад, пас масъалаи стандартсозӣ масъалаҳои аввал шоха-шоха ва соҳа ба соҳа ба тартиб даровардани истилоҳот ва дар маҷмӯъ тасдиқи онҳоро аз тарафи як созмони давлатӣ (масалан, Кумитаи истилоҳот ва Комитети стандарти давлатӣ) тақозо мекунад. Ба ҳамин тариқ, батартибдарории низоми истилоҳот пеш аз ҳама назари танқидӣ ба истилоҳ ё бахши истилоҳот буда, аз ҷиҳати моҳият ва шакл ду ҷанбаро дар бар мегирад:

а)маҷмӯи тадбирҳо ва корҳои илмиву амалӣ барои таҳлил, ошкорсозӣ ва ҷамъовариву сабти мафҳумҳои ифодашаванда;

б)таҳлил, арзёбӣ ва интихоби истилоҳ;

Боядгуфт, ки пайдо шудани чунин масъала ба пешрафти илмӣ-техникӣ сахт алоқаманд аст ва дар забони тоҷикӣ он дар солҳои сиюм оғоз гардид. Дар ибтидо ду луғати истилоҳоти соҳавӣ таҳия гардид, ки ба масъалаҳои ҷуғрофӣ ва риёзиёт бахшида шуда буданд. Вале батартибдарории истилоҳот низ зери шиори ҳамгунсозии истилоҳоти халқҳои шӯравӣ сурат мегирифт, ки бештар ҷанбаи «Советикунонии истилоҳоти забонҳои» халқҳои шӯравиро доро буд. Масалан, дар фармони №1-и Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 1939 чунин омадааст:

«Совешчанияҳое, ки дар бобати масъалаҳои сохти забон дар моҳи феврал ва дар моҳи ноябри соли 1938 аз тарафи КМ ПК (б) Тоҷикистон ҷеғ зада шуда буданд, дар соҳаи ба тартиб даровардани масъалаҳои грамматика, терминология ва орфографияи забони тоҷикӣ як қатор чорабиниҳои конкретӣ муайян карданд. Ин чорабиниҳо ба барҳам додани архаизмҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо дар забони тоҷикӣ, ба барҳам додани ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугӯӣ, ба наздик кардани забони адабӣ ба забони гуфтугӯӣ, ба дар забони тоҷикӣ ҷорӣ кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шуданд». (Тоҷикистони Сурх, 25 январи 1939, №19, (3118).

Ҳамгунсозии истилоҳоти забон асосан дертар шурӯъ шуда, ба масъалаи стандарт кардани истилоҳот сахт алоқаманд аст. Ҳамгунсозӣ ду ҷанба дорад: ҷанбаи дохили забонӣ ва байнизабонӣ. Масалан, дар солҳои 60-ум ба инкишофи стандартсозии истилоҳоти соҳаи гуногун дар Иттиҳоди Шӯравӣ марҳилаҳо ва зинаҳои ҳамгунсозии истилоҳот чунин муайян шуда буданд:

  1. ҳамгунсозӣ дар сатҳи маҳдуди шохаи як соҳаи муайян;
  2. дарсатҳи умумии як соҳа;
  3. дарсатҳи забони миллӣ;
  4. дарсатҳи забонҳои халқҳои шӯравӣ;
  5. дарсатҳи забонҳои кишварҳои сотсиалистӣ;
  6. дарсатҳи забонҳои пешрафтаи ҷаҳон.

Пешаз оғози ҳамгунсозии истилоҳот, тавре қаблан ёдовар шудем, бояд батартибдарории истилоҳот, ки амалҳои ҷамъоварии истилоҳот, таҳияи вожаномаҳои истилоҳоти мухталиф, таҳияи фарҳангҳои истилоҳии ҳамгуншуда ва ғайра анҷом ёфта бошад.

Масъалаи стандарт кардани истилоҳот дар миқёси умумиҷаҳонӣ низ аз масъалаҳои асосии истилоҳшиносӣ буда, яке аз бахшҳои фаъолияти Созмони байналмилалии стандартсозӣ мебошад ва ин созмон чандин маротиба дар конференсияву симпозиумҳои хеш масъалаи стандарт кардани истилоҳоти илмӣ- техникиро дар миқёси умумиҷаҳонӣ баррасӣ кардааст. Қоидаҳои стандарт кардани луғатҳои истилоҳӣ аз рӯи меъёрҳои ин созмон масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Забон ва масъалаҳои ҷаҳони имрӯз;
  2. Мафҳумҳо;
  3. Муайян кардани шаклҳои ифодаи мафҳумҳо;
  4. Истилоҳот ва корбурди онҳо;
  5. Хусусиятҳои забонӣ (сарфу наҳв ва қоидаҳои дастурӣ);
  6. Луғатномаҳо ва фарҳангҳои истилоҳӣ;
  7. Ҷанбаҳои назарии омӯзиш ва истифодаи амалии истилоҳот ва фарҳангнигорӣ;

Барои стандарт кардан ва ҳамгунсозии истилоҳот зарур аст, кимеъёрҳо ва қоидаҳои бо мурури вақт тағйирёбанда муайян карда шавад, зеро истилоҳот ҳамчун яке аз бахшҳои асосии лексикаи забон доимо дар тағйиру таҳаввул аст.

Хулоса, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ аз нуқтаи назари стандартсозӣ то ба ҳол оғоз нашудааст. Баъзе тадбирҳо дар дохили як соҳаи муайян барои батартибдарории истилоҳот анҷом меёбанд, вале ин амал ҳоло хусусияти умумиҷумҳурӣ пайдо накардааст. Ҳамгунсозии истилоҳот дар байни забонҳои наздик низ ҳоло дар сатҳи пешниҳодҳо боқӣ мондааст. Имкон дорад, ки агар байни Кумитаи истилоҳот ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин мавзӯъ ҳамкориҳо ба вуҷуд ояд ва дар оянда ба ин раванд коршиносони Афғонистон ҷалб карда шавад, дар ҳамгунсозии истилоҳоти се ҳавзаи форсизабонон – Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба хотири баҳамоии онҳо қадаме ба пеш гузошта шавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *