Фанни Забони точики

Нигоҳе ба забони рӯзномаҳои тоҷик: Аз «Бухорои шариф» то «Ҷумҳурият»

Матбуот ба забони тоҷикӣ таърихи тӯлонӣ надорад. Аввалин намунаҳои он ҳам бо вазидани насими дигаргуниҳои илмиву техникӣ дар нимаи дувуми асри XVIII дар Ҳиндустон пайдо шудааст. Аввалин рузномаҳо дар Ҳиндустон (рузномаҳои «Ҳигиз газет» ва «Бангол- газет» соли 1780) бо сутунҳои алоҳида ба забони тоҷикӣ ва рузномаи тоҷикии «Ҷоми ҷаҳоннамо» дар соли 1822) дар Эрон (Нашрияи беном дар соли 1837) ва Афғонистон (рузнома бо номи «Шамсуннаҳор» дар соли 1873) буданд. Инчунин дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Туркия, Гурҷистон, Миср, Англия рузномаҳое дар қарни ХIХ ба забони тоҷикӣ- форсӣ чоп мешуданд. Падид омадани рузномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ (форсӣ) дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ барои такомули истилоҳоти забони тоҷикӣ нақши муҳим дошт. Дар ибтидо онҳо рӯзнома ва маҷаллаҳое буданд, ба монанди «Ҳуб-ул-матин», «Тарҷумон», «Парвариш», «Вақт», «Мулло Насриддин», «Сироҷ-ул-ахбор», «Тӯрон», «Иршод», «Хуршед», «Туҷҷор», «Озод халқ» ва ғайра, ки ба забонҳои форсӣ, туркӣ, озарӣ, узбакӣ, тоторӣ дар Калкутта, Искандария, Кобул, Боку, Тифлис, Боғчасарой, Оренбург ва шаҳрҳои дигар нашр мешуданд ва гоҳ ошкору гаҳе пинҳонӣ ба Осиёи Миёна низ мерасид ва боиси густариши мафҳумҳо ва вожаву истилоҳоти нав дар забони мардумони ин сарзамин мегардиданд.

Валерӯзнома ва рӯзноманигорӣ ва умуман ташкили матбуот ҳам дар сарзамини мо нисбат ба кишварҳои ҳамсояи ҳатто форсизабон дертар ба вуҷуд омад. Тавре ки аз таърихи матбуоти тоҷик медонем, соли 1913 дар Самарқанд маҷаллаи ҳафтаворе ба кор оғоз кард, бо номи «Оина», ки қисме аз матолиби он ба забони тоҷикӣ ва ё тавре ки дар муқовааш навишта шуда буд, ба «забони форсӣ», чоп мешуд. Аммо нахустин рӯзномае, ки комилан ба забони тоҷикӣ нашр шуд. «Бухорои шариф» буд, ки шумораи аввалини он 11 марти соли 1912 бо ҳиммати Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп гардид. Дар рӯзномаи «Бухорои шариф», ки нахустин рӯзномаи тоҷикӣ дар Мовароуннаҳр аст ва имрӯз рӯзи чопи нахустин шумораи он ҳамчун Рӯзи матбуоти кишвар ҷашн гирифта мешавад, мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аморати Бухоро ва ҷаҳон инъикос ёфтааст. Ин рӯзнома бо 153 шумораи худ ба бедории миллии тоҷикон, ҳамчунин бедории ҳисси ватанхоҳиву, озодихоҳӣ ва додхоҳии миллати мо нақши бузург бозид ва бо ҳамин сабаб бо пешниҳоди намояндаи сиёсии Россияи подшоҳӣ ва фармони амири Бухоро Олимхон нашри он 2-январи соли 1913 манъ гардид.

Пешаз ҳама бояд ёдовар шуд, ки бо зуҳури рӯзномаву маҷаллаҳо ва умуман матбуот дар таърихи насри мо жанри нав-публисистика ва дар забони навишторамон шеваи тозае бо номи забони матбуот ва ё сабки рӯзноманигорӣ бо калимаҳову истилоҳоти хоси он пайдо шуд. Қоидаву қонуни ин жанри нав тақозо мекард, ки ахбору мақолот бо забони қобили дарки аксарият, бо вожагони балеғи меросӣ ва луғату истилоҳоти тозаворид, ки рӯз ба рӯз ба теъдод меафзуд ва аз корбурди онҳо ҷойи гурез набуд, навишта шаванд. Аз ин ҷиҳат зуҳури рӯзномаву маҷаллаҳо дар инкишофу истиқрори истилоҳоти нав дар ин давра нақши муҳиме бозид.

Албатта дар ҳаҷми як мақола тамоми ҷанбаҳои инъикоси ҳаёти ҷомеаи он замонро дар «Бухорои шариф» наметавон баррасӣ намуд. Вале ба бархе масъалаҳо, мисли баҳсҳои забонӣ ва сабку услуби баъзе мақолаҳои он метавон назар андохт. Мирзо Сироҷи Ҳаким ҳамчун яке аз масъулон ва гардонандагони ин рӯзнома дар бедории фикрии миллат дар мақолаи хеш бо номи «Сухани гуфтанӣ» дар шумораи 19 чунин менависад: «…ҷаридаи ҳар миллате забони гӯёи ҳамон миллат аст, ҳоло таклифи забони гӯё чист? Бояд ҳарф бизанад… бояд такаллум кунад. Акнун ҳарф задан лозим аст, чи навъ ҳарф бизанад, ки шумо розӣ бошед ва рӯзнома ҳам масъул набошад. Агар қабоиҳи миллатро нагӯяд, абадан вазифаи миллӣ иҷро намешавад… Пас чи бояд кард ва чи кор кунем ҳам миллат хурсанд бошад, ҳам вазифаи мо адо шуда бошад? Агар пайи таърифу тамҷид рафтаву маддоҳӣ кунем, олам моро таън карда, соирин ба ҳоли мо хоҳанд хандид. … Акнун таклифи мо чи бошад, олам мутаҳайир ва мо ҳам».

Ҳадаф аз овардани ин иқтибос агар аз як тараф ошкор кардани ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии рӯзнома бошад, аз тарафи дигар нишон додани сайри таърихии чанд ибораву калимаест, ки дар ин матн истифода шудаанд. Ин калимаву ибораҳо ҷарида ба маънои рӯзнома, таклиф ба маънои заҳмат, меҳнат, вазифа, ҳарф задан ва такаллум кардан ба маънои сухан гуфтан, гап задан, қабоиҳ-қабеҳҳо, адо шудан-тамом шудан, иҷро шудан, тамҷид-таъриф, таҳсин мебошанд. Имрӯз бархе аз фарҳангиён ва ҳатто забоншиносон аз нафаҳмо будани забони матбуот шикоят мекунанд ва сабаби душвор шудани онро дар забони рӯзномаҳо мебинанд. Ин калимаву ибораҳои «Сухани гуфтанӣ» ва намунаи бисёри дигар, ки дар матбуоти ибтидои садаи ХХ то солҳои сиюм фаровон истифода мешуданд, дар давоми солҳои 30-70-уми садаи гузашта ба мо нофаҳмо гаштанд. Дар ин солҳо дар забони адабии мо чи ноҷӯрие падид омад, ки ҳатто калимаҳои асилу худиро соҳибзабонон имрӯз намефаҳманд? Посухи он суолро аз намунаи мисолҳои дигаре, бо истифода аз санадҳои меъёриии дар ин солҳо зери фишори сиёсати давр қабул шуда, ҷустем.

Масъалаи покизагии забон, риояи дастур (грамматика), номгузорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди баҳсҳои забонӣ дар саҳифаҳои ин рӯзнома ҷои асосиро ишғол менамояд. Масъулон дар чанд шумора он қоидаҳои дастурии забонро чоп карда, дар ҳафт шумора таҳти унвони «Муҷмале дар хусуси забон» атрофи чигунагии забон домони баҳс мекушоянд. Аз ҷумла, дар шумораи сеюм дар мақолае менависанд: «Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф»-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд: Инҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст. Рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст». Дар саҳифаҳои ин нашрия чандин номаи бетаҳрир ба қавли худи рӯзнома «айнан бедуни ислоҳ ва тағйир» оид ба номгузории забон, хусусиятҳои ҳамагонӣ ва маҳаллии он, сифати забонии мақолаҳо чоп ва дар ин бора ақидаву назарҳои гуногун пешниҳод мешавад. Вале натиҷагирии худи муҳаррирони рӯзнома хеле муҳим аст, ки аз ҷумла ваҳдати забонии моро дастгирӣ намуда менависанд: «… риштаи қавмият бо ҳам омехта шуда, яке ба исми дарӣ, дигаре ба исми форсӣ, дигаре бо номи тоҷикӣ ҷудо шудаанд…. тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задану сухан гуфтани худашонро тобеи навиштану китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеи ҳарф задани авоми нос намоянд».

Валетавре ки баъдан дар намунаи сиёсати забонии солҳои сиюм мебинем, коршиносону мутахассисони ба ном забондони мо маҳз ҳамин роҳи дувум, яъне роҳи тобеъ кардани навиштаҳои худро «ба ҳарф задани авоми нос» интихоб намудаанд.

Сабку услуби рӯзномаи «Бухорои шариф» дар рӯзномаҳои баъдии матбуоти тоҷикии солҳои бистуми садаи бист то охири солҳои бистум ва аниқтараш то иваз гардидани алифбои арабиасоси тоҷикӣ ба алифбои лотинӣ идома ёфт ва дар ин давра истилоҳҳои инқилобие ба монанди нозир ба маънии вазир, фирқа ба маънои ҳизб, иштирокиюн ба маънои коммунистӣ, аксариюн ба маънои болшевикҳо пайдо шуданд, ки дар асоси меъёрҳои дастурии забони мо истифода мешуданд. Назари иҷмолӣ ба публисистикаи солҳои бист ин гуфтаҳои моро собит месозад. Дар ин замина нақши ниҳоят муҳимро маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бозидаанд. Аввалин ахбори нави ҷаҳон аз забони туркӣ ва нахустин фармону санадҳои Ҷумҳурии Шӯравии Русия аз забони русӣ тарҷума шуда, дар ҳамин нашрияҳо интишор гардиданд ва аксарияти истилоҳоти нав ҳам аз тариқи ҳамин нашрияҳо дар байни мардум паҳн мегардид. Шояд хато набошад агар гӯем, ки аввалин мутарҷимони марҳилаи нави забони тоҷикӣ муҳаррирону мухбирони ин нашрияҳо, чун Саид Ризо Ализода, устод Айнӣ ва чанде дигарон буданд, ки ҳодисаҳои ҷаҳонро аз матбуоти Туркия ва тоторию ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва манзури босаводони он давра мегардонданд. Пас аз инқилоб бо таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки забони умумидавлатӣ ва илму фарҳанги нав забони русӣ буд, таъсири забони русӣ зиёд гардид. Албатта, таъсири забони русӣ ба забони модарии мо дар ин давра ногузир ва дар сурати ба таври табиӣ ворид шудани вожаҳои русӣ-аврупоӣ он ҳодисаи табиӣ ва одии доду гирифти забонӣ мегардид. Ин нуктаро ҳатто муҳаррирони ҳафтавори «Оина» дарк карда, дар шумораи ёздаҳи моҳи январи соли 1914 чунин қайд карданд. «Дар ин замон, баъд аз он низ… ҷиҳати равнақи тиҷорат ва маноату (устуворӣ- С.Н) пойдорӣ ва беҳбуди умури зиндагонӣ ва маишатамон ба вай (забони русӣ-С.Н) муҳтоҷ ва маҷбурем.» Аз ин ҷиҳат матбуот ва тарҷума дар густариш ва интишори вожагони нав, хусусан воридшавии вожаҳои русӣ-аврупоӣ ва умуман шаклгирии забони адабии ҳозираи тоҷикӣ нақши бағоят муҳимро бозиданд. Зеро луғот ва истилоҳоти хоси Ҳукумати нав ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, сипас аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо дастраси мардум мегаштанд. Матбуот дар он солҳо (имрӯз ҳам) озмоишгоҳе буд, ки луғату истилоҳоти нав аввалан дар дастгоҳҳои он санҷида шуда, сипас вориди забони адабӣ мегардиданд. Гоҳо луғате ва ё истилоҳи наве ба чандин шаклу намуд: баробарӣ, иқтибосгирӣ, тарҷума ва ё худсохт дар матбуот озмуда мешуд ва пас аз писанди оммаву тавсияи вожашиносону луғатсанҷони камшумори ин давраҳо дар фарҳангу вожаномаҳои минбаъда сабт мегардид.

Забоншиносону муҳаққиқони риштаҳои рӯзноманигориву хабарнигорӣ хуб медонанд, ки фаъолияти рӯзноманигорӣ тақрибан дар заминаи холӣ оғоз шуд. Таҷрибаҳои пеш аз инқилобӣ дар ин замина дар сатҳи ибтидоӣ қарор дошта, қонунмандиҳо хоси ин соҳаҳо ҳанӯз кор нашуда ва ношинохта буданд. Бинобар ин сифати рӯзномаҳо ва тарҷумаҳо аз нигоҳи касбӣ дар ибтидо шогирдона ва бо норасоиҳои зиёд буд. Масалан шиори маъруфи коммунистӣ «Пролетарий всех стран соединяйтесь!» дар солҳои аввали инқилоб, дақиқтараш то соли 1930 ба ин шакл аз русӣ тарҷума шудааст: «Ба ҳам бипайвандед ранҷбарони ҷаҳон!», «Ҳамаи ранҷбарони ҷаҳон ба ҳам бипайвандед!», «Ранҷбарони рӯи замин иттиҳод!», «Ҳамаи камбағалон як шавед!», «Ҳамаи пролетарҳои дунё як шавед!», «Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед!», «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед»!

Албатта чунин аҳвол дар марҳилаҳои гуногун рушду инкишофи давлати Шӯравӣ дар ин соҳаҳо яксон намондааст. Хабарнигори хуб ва тарҷумонҳои варзида сипас тарбия ва парварида шуданд. Вале эродҳо дар мавриди ин ду бахш-забони матбуот ва тарҷума вобаста ба тараққиёти ҷомеа ва проблемаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ҳар давра гуногун буданд.

Назар ба аҳамияти фавқулодаи забони матбуот ва тарҷума барои ҳусну камоли забони адабӣ ва бахши истилоҳоти он ин масъалаҳо ҳамеша дар мадди назари донишмандон қарор доштааст ва имрӯзҳо ҳам андешаҳо перомуни аҳволи онҳо боз ҳам дар саҳифаҳои матбуот муҳокима ва таҳлил мешаванд. Барои намуна ба саҳифаҳои маҷаллаи «Роҳбари дониш» соли 1929 назар меандозем. Дар шумораи аввали маҷаллаи «Роҳбари дониш» мақолае бо номи «Алифбои нав» чоп шудааст, ки дар бораи натиҷаҳои нахустин конференсияҳои лотинии тоҷикӣ хабар медиҳад. Бояд гуфт, ки тағйири алифбо ҳам дар он замон яке аз силоҳҳои сохтмони низоми нав ҳисоб мегардид. Аз ҷумла, дар аввал гуфта мешавад: «Ба сохтмони васеи маданӣ даромадан ва дар ин фронти муҳим ғалаба намудан фақат дар замоне мумкин аст, ки оммаи васеи меҳнаткашони Тоҷикистон бевосита ба сохтмон ҷалб шуда ва дар ин роҳ иштирок намоянд ва дар ин ҷо масъалаи лотинонидани алифбои куҳнаи араб роли калонро бозӣ менамояд». Дар ин матн корбурди чанд вожа аз дигаргун шудани вазъи сабку услуб ва забони навиштаҳо хабар медиҳад. Аввалан, истифодаи вожаҳои иқтибосии фронт ба ҷои ҷабҳа, рол ба ҷои нақш ё аҳамият нишон медиҳад, ки ба забони матбуоти кишвар оҳиста-оҳиста калимаҳои ба ном «советӣ-интернатсионалӣ» бештар ворид мешаванд, ки аз нуктаи назари назариясозони замони шӯравӣ яке аз роҳҳои асосии ғаномандии таркиби луғавии забон ҳисоб мешуд. Корбурди вожаи меҳнаткаш ҳам яке аз хусусиятҳои вожасозии ин давра мебошад. То ибтидои солҳои бисти садаи ХХ ва нисбатан баъдтар ҳам дар забони тоҷикӣ вожаи ранҷбар ба таври васеъ истифода мегардид, ки мо инро дар намунаи тарҷумаи истилоҳи русии пролетарий дар матбуоти ин давра мебинем. Минбаъд ҷойи ин вожаи асили тоҷикиро дар забони матбуоти мо вожаҳои сохтаи меҳнаткаш (маънои аслиаш, азияткаш, заҷркаш) ва вожаи русӣ-аврупоии пролетарий ишғол мекунад. Дар ин матн боз як вожаи аҷиби дигар вомехурад, ки он лотинонидан мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки ин тарзи калимасозӣ аз ҳамин давра ба қавле муд мешавад ва баъдан ин тарзи «сохта»-и калимасозӣ дар шаклҳои электронидан, коллективонидан ва ғайра аз тарафи бархе аз муҳаққиқони забоншинос ҳамчун хусусияти хоси имкониятҳои вожасозии забони мо қаламдод гардид.

Дарҳамин матн истилоҳҳои навомади раён, -район-ноҳия, кружок –маҳфил, комиссариёт- комиссариат— Вазорат, аппарат— дастгоҳ дучор мешаванд, ки онҳо акнун оҳиста-оҳиста ба таркиби луғавии забони мо дохил шуда истодаанд. Ҳанӯз аз вожаҳои партия, совет, коммунизм, коммунист, партком, экономика, политика дарак нест. Ба ҷои онҳо вожаҳои фирқа-партия, (ташкилотҳои фирқавӣ) шӯро-совет (шӯройи шаҳр ва қишлоқ), иҷтимоӣ— сотсиалистӣ ва ғайра ҳанӯз корбурд доранд: «Гуфтан лозим аст, ки ин китоби луғат дар тоҷикӣ кардани аппарати давлатии Ҷумҳурии Иҷтимоии Шӯроии Мухтори Тоҷикистон ҳам роли қатъиро бозӣ менамояд».

Ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ забони матбуот зери таъсири сиёсати навсозии забон, гузариш ба алифбои лотинӣ, зери фишори сиёсати давлатӣ қарор гирифтани меъёрҳои дастурии забон ва ғайра қарор гирифт. Ин навсозии забони адабӣ, ки то ибтидои солҳои 40-уми садаи ХХ идома ёфт, аввал зери таъсири тағйири алифбои халқҳои туркзабон ба алифбои лотинӣ дар Тоҷикистон ҳам ба тағйири алифбо ва сипас аз соли 1938 зери таъсири сохтмони сотсиализм дар як кишвари ҷаҳон ва афзоиш ёфтани сиёсати марказгароӣ ба иваз шудани алифбои лотинӣ ба алифбои кириллӣ (май- сентябри соли 1940) овард. Дар ин давраи кутоҳ дар Тоҷикистон барои навсозии забони адабӣ ва мувофиқ кардани он ба шароити нави сиёсӣ-иҷтимоӣ якчанд комиссияву кенгошу анҷуманҳои забоншиносон ва фарҳангиён гузаронида шуда, ду санади меъёрӣ- «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (1936) ва Фармони №1 комиссари халқии маорифи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» (1939) қабул шуд. Ин ду санади меъёрӣ барои сарнавишти забони модарии мо таъсири бунёдӣ дошта, ба тағйирот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ дар овошиносӣ, вожашиносӣ ва умуман сохтори дастурии забон асос гузошт ва бисёре аз фарқиятҳои сунъӣ ва сохтае, ки байни се гунаи забонии мо (Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон) дида мешавад, бештари бештар аз ҳамин ду санади меъёрӣ сарчашма мегиранд. Санади меъёрии аввал бо номи «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» соли 1936 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» бори аввал чоп шудааст. Дар ин мақола ба таври комил оид ба хусусиятҳои ин санади меъёрӣ маълумот додан ғайриимкон аст, вале ба таври намуна чанд вожаеро, ки аз тарафи таҳиягарони ин санад, ҳамчун вожаҳое, ки хусусиятҳои «миллатчигии маҳаллӣ», «мафкураи буржуазӣ-кулакӣ» «бо роҳи сунъӣ сохта шудааст»-ро доранд ва ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, меорем ва қазовату баҳогузориро ба худи хонандагон ҳавола мекунем. Ин вожаҳо иштирокиюн ба маънои «коммунист», моддият ба маънои «материализм», худҷӯш-»самовар», пешоҳанг-»пионер», кимиё-»химия», ҷаҳонгирӣ-»империализм», сарнишин— «пассажир», сарборӣ— «нагрузка», маърака— «компания» ва чандин калимаҳои дигар мебошанд. (Матни комили «Установкаи терминологояи забони тоҷикӣ» дар шумораи №2 соли 2010 маҷ. «Забоншиносӣ», ки баъди се шумора чопи минбаъдаи он ҳам ба таъхир афтодааст чоп шудааст).

Барои намуна дар матни кутоҳи «Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон» аз 15 марти соли 1935 ки рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» чоп кардааст, вожаҳои русӣ интернатсионалиро ба таври фаровон дидан мумкин аст. Дар ин матни кутоҳ истилоҳоти русӣ- интернатсионалии терминология-истилоҳот, совет— шӯро, состав-ҳайат, функсия— вазифа смета— харҷнома, баровард, шахси юридикӣ— шахси ҳуқуқӣ, бланк- сарбарг, истифода шудааст. Нуктаи ҷолиби дигар тағйиф ёфтани тарзи талаффузи ин истилоҳот мебошад. Ҳарчанд дар ҳамин матн ҳоло телегроф ба ҷойи телеграф, кумита ба ҷои комитет (дар як ҷо комитет ҳам истифода шудааст) омадааст, баъд аз қабули «Установка» дигар аз меъёрҳои табиӣ ва дурусти илми овошиносӣ (ба меъёрҳои савтӣ ва талаффузи забон мувофиқ шудани калимаҳои иқтибосӣ) дар истифодаи вожаҳо ва истилоҳоти иқтибосии русиву аврупоӣ сарфи назар мешавад ва мавофиқи талаботи нав онҳо бо тарзи талаффузи русӣ айнан оварда мешаванд. Як мисол аз ҳамин шумораи «Тоҷикистони сурх» аз мақолаи кутоҳе бо номи «Алим Обидов ин гуна «тарбия» ёфтааст»: «Дар айни студентони Институти педагогии ш. Сталинобод прогулчигӣ ва беинтизомӣ давом мекунад… Талабаи институти педагогӣ ва талабаи курси III рабфак Алим Обидов бисёр вақтҳо вақти худро дар бозорҳо мегузаронад. Ӯ бисёр вақтҳо аз дарс прогул мекунад… Инчунин талабаи курси якуми педагогикаи Институт Соттӣ Бобидов ҳам дар байни 2 моҳи охир аз дарсҳо 120 соат прогул кардааст». Дар ин намунаи кутоҳ тавре мушоҳида мекунед, вожаҳои студент- донишҷӯ институт- донишкада рабфак-факултети коргарӣ прогул-ғайриҳозирӣ дар забони матбуоти мо мақоми расмӣ пайдо кардааст. Дар ин маврид як нуктаи асосиро, ки дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо оид ба навсозии забони адабӣ ба гардиши куллӣ овардааст, хотирнишон менамоем. Бояд гуфт, ки то қабули «Установка» баҳсу мунозираҳо оид ба чигунагии навсозии забони адабӣ ба фоидаи сиёсати рӯз ҳал гардида буд ва гуруҳҳои «миллатчигии маҳаллӣ» ва «мафкураи буржуазӣ-кулакӣ» ба шикаст рӯ ба рӯ шуд ва барои ба таври айнӣ ва бетағйир ворид гардидани вожаҳои иқтибосӣ роҳи васеъ кушода шуд. Аз тарафи дигар дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон то ибтидои солҳои 30-юми садаи ХХ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва бахши бештари аҳолӣ, махсусан босаводону руҳониён бар асари ин ҷанг ва таъқиби онҳо аз тарафи гуруҳҳои ба ном «тройка» , ки руйхати махсуси руҳониён ва муллобачаҳоро аз тарафи ҷадидони пантуркист дастрас карда буданд, аз кишвар муҳоҷир шуда буданд ва дар ин баҳсу мунозираҳо ширкат надоштанд ва фикру ақидаи онҳо дастрас нагардидааст.

Санади дувуме, ки дар сарнавишти забони модарии мо, аз ҷумла забони матбуот ҳам дар охири солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-ум нақши муҳим дошт ва минбаъд дар муддати мавҷудияти Ҳукумати шӯравии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи забон ва махсусан бахши вожагонии он таъсири амиқ гузошт, фармони Комиссариати Халқии маорифи РСС Тоҷикистон аз 2 январи соли 1939 «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» буд. Он аз се қисм қисми 1 «Масъалаҳои грамматика», қисми 2 «Дар бораи масъалаҳои терминологияи забони тоҷикӣ» ва қисми 3 «Дар бораи масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ» иборат буда, дар матни фармон вазифаҳо чунин муайян шудааст. «Ин чорабиниҳо ба барҳам додани архаизмҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо дар забони тоҷикӣ, ба барҳам додани ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугуй, ба забони тоҷикӣ ҷорӣ кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шудаанд». Дар ин санади меъёрӣ, ки иҷрои он барои ҳама ҳатмӣ буд, аз забон баровардани пасоянди-ро ва ба ҷои он истифода кардани шакли гуфтугуии –а, -я (Ин китоба хондан (амон) даркор (лозим, зарур), аз корбурди шакли пешоянди би- дар феълҳо даст кашидан («Мо метавонем бигӯем» не балки «Мо метавонем гӯем»), расмӣ кардани шаклҳои туркии ҷумласозӣ (истеъмоли сохти – «ман нарафтанба (нарафтани ман ба) ту хафа шудӣ? Ин Аҳмада китобаш» ҳам дуруст ҳисоб карда шавад», ) ҷамъбандиҳои нодурусти моҳо, моён, шумоён, шумоҳо, (Моҳо мехонем, моён мехонем) ва бисёри дигар аз қоидаҳои сохтаву сунъӣ ва аз лиҳози меъёри дастурии забон нодурусту хато ба сари забони мо бор карда шуд.

Азбаски ин санад дар шакли фармон чоп шуда буд, дигар дар тамоми муддати ба баррасиву муҳокима гузоштани он ин сабк риоя гардид ва баъд аз қабули алифбои кириллӣ дар моҳҳои май-сентябри соли 1940 ин санад асоси меъёрии ҳам дастур ва ҳам имлои забони мо гардид. Баъзе аз хусусиятҳои он ба монанди тарзи ҷумлабандии «Аҳмада китобаш» ва истифодаи –а-я ба ҷои пасоянди –ро баъдан аз тарафи устод С. Айнӣ мавриди накӯҳиши сохт қарор гирифт. Инак як намуна аз мақолаи Бобоев М.И «Доир ба масъалаҳои забони адабии тоҷик», ки дар шумораи 12 майи соли 1939 дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» чоп шудааст: «Бандаки»-ро як чизи сунъӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб ин бандак албатта партофта шуда ба ҷойи вай бандаки зиндаи а-я гирифта шуданаш лозим…… Орфографияи мо бояд, ки тағйироти дар забони зинда содир шудагия ва тенденсияи тараққиёти забона акс кунонда истад…» Ин ҷараён дар забони матбуоти кишвар то нимаи аввали солҳои 50-уми садаи ХХ идома пайдо кард ва бо оғоз шудани ҷанги Бузурги Ватанӣ ба забони матбуот ҳазорон вожаву истилоҳоти ҳарбии русӣ низ ворид гардид. Баъд ба чоп расидани асари И.В.Сталин «Марксизм ва масъалаи забоншиносӣ» ва махсусан мақолаи устод С. Айнӣ «Оид ба вазъи забоншиносии тоҷик» (маҷаллаи Шарқи Сурх, № 6, 1952, с.3-8), ки дар он баъзе масъалаҳои имлои забон зери интиқоди шадид қарор гирифт, дар забони матбуоти тоҷик низ оҳиста-оҳиста баъзе дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Вале ҳамоно матбуоти тоҷик зери фишори сохти сензураи давлатӣ ва идеологӣ қарор дошт. Як намуна аз рӯзномаи «Маориф ва маданият» аз 17 июли соли 1951 «Сессия маърӯзаи доктори илмҳои филологӣ, ноиби Президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон Б. Ниёзмуҳаммадовро дар бораи ҷамъбасти сессияи шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон бахшида ба яксолагии нашр шудани осори гениалии И.В Сталин» «Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ…» муҳокима кард». Мисоли дигар аз рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», ки 24 августи соли 1959 чоп шудааст: «Онҳо дар саҳро фидокорона меҳнат карда, нормаи ҳаррӯзаро 200-250 процент ба ҷо меоранд. Вале дар колхоз бригадаҳое низ ҳастанд, ки кори сеюми байни қаторҳоро то ин муддат кашол дода меоянд».

Баъдаз марги И.В.Сталин ва ба сари қудрат омадани роҳбарияти нави шӯравӣ сиёсати нисбатан нарми солҳои 50-ум ба забони матбуоти тоҷик таъсир расонд ва бархе аз вожагон аз матбуоти Эрон низ вориди забон гардид, ки намунаи барҷастаи онҳо вожаҳои «донишҷӯ» ва «донишгоҳ» буд. Вожаи «анҷуман» то ибтидои солҳои 30-юми садаи ХХ дар забони мо (анҷумани забоншиносон дар соли 1930) истифода мегардид, вале истилоҳҳои «донишгоҳ» ва «донишҷӯ» наввожаҳое буданд, ки аз тарафи Фарҳангистони аввали Эрон расмӣ шуда буданд.

Валеин ҷараён дер давом накард. Дар соли 1964 барои баррасии масъалаҳои рушду густариши забон ва махсусан барои ба танзим даровардани истилоҳоти забон конференсияи забоншиносӣ даъват гардид ва дар он забони матбуот зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Дар он калимаҳову истилоҳоти навомада чун «донишгоҳ» ва «донишҷӯ», ки дар он замон ба ҷои истилоҳоти «университет» ва «студент» зери таъсири забони форсии Эрон дар рӯзномаҳои Тоҷикистон истифода мешуданд, мамнуъ эълон гардиданд ва тақрибан ду даҳсолаи дигар то даврони бозсозӣ вазъи матбуоти тоҷик ба таври пешин боқӣ монд. Инак чанд намуна аз матбуоти ин давра. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» аз якуми марти соли 1984 мақолаи «Модельсозӣ» ё «моделиронӣ» чоп шудааст, ки муаллифи он тарафдори қабули истилоҳи «моделиронӣ» дар вазни «коллективонӣ», «электриконӣ», «интегронӣ» ва ҳатто «дифференсиронӣ» мебошад, чоп шудааст. «Мафҳумҳои моделиронӣ, ки дар марҳилаи ҳозираи револютсияи илмию техникӣ ба вуҷуд омад, … бояд ба таркибии луғавии забони тоҷикӣ дохил шавад». Як намунаи дигар аз мақолаи «Сиёсати партия- некӯаҳволии халқ» аз ҳамин шумора: «Намояндагони коллективҳои меҳнатӣ ва интеллигенсияи округи интихоботии Қурғонтеппа №729 дар мулоқот бо номзадашон ба депутатии Совети Олии СССР, сармуҳаррири журнали «Коммунист» доктори илми фалсафа Ричард Иванович Косолапов изҳор намуданд, ки…» Чунин мисолу намунаҳо аз рӯзномаҳои дигари ҷумҳурӣ низ овардан мумкин аст, вале «мушт намунаи хирвор» аст.

Тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву идеологӣ баъд аз эъломи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли 1991 бардошта шуд ва забони матбуот ҳам зуд аз насими форами Истиқлол истифода намуд ва рӯ ба асолати забон овард. Инак чанд намуна аз матбуоти ибтидои солҳои 90-уми садаи гузашта. Аз рӯзномаи «Садои мардум» аз таърихи 5 феврали соли 1991 «Аҳли пленум барномаи муътадил гардонидани вазъи мамлакатро дастгирӣ мекунад, ки Анҷумани IХ депутатҳои халқи ИҶШС тартиб дод». Дар ин намунаи кутоҳ истифодаи вожаҳои пленум ба маънои иҷлосия, ҷаласа, депутат — ба маънои намоянда, вакил нишон медиҳад, ки ҳанӯз матбуот зери нуфӯзи сиёсати давр қарор дорад. Вале корбурди вожаи «Анҷуман» ба маънои «съезд» дигарбора барқарор шудани истифодаи калимаи ноби тоҷикиро бар асари фароҳам омадани фазои мусоид барои густариши забон ва баргашт ба асолати миллӣ нишон медиҳад.

Рузномаи «Ҷумҳурият» аз 30 июни соли 1992. «Воқеаҳои рӯзҳои охир нишон доданд, ки Ҷумҳурияти тозаистиқлоли мо воқеан ҳам дар партгоҳи хавфноки парокандашавии қавмӣ қарор дорад», «Раиси Девони Вазирон Акбар Мирзоев бо ҳайати давлатӣ аз Қурғонтеппа ба Душанбе баргашт». Дар ин ду мисол истифодаи истилоҳҳои «ҷумҳурият» ба маънии ҷумҳурӣ ё республика ва ибораи «Девони Вазирон» ба маънои Кабинети Вазирон бо сифати намуна аз истилоҳҳои тозаворид ҷалби таваҷҷуҳ менамоянд. Тавре хонандагон огоҳӣ доранд, сари ба маънои «республика» ифода шудани вожаҳои «ҷумҳурӣ» ва «ҷумҳурият» дар он солҳо дар матбуоту давраҳои расмӣ баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифта буд ва охири охирон шакли дурусти он, яъне вожаи «ҷумҳурӣ» қабул гардид.

Баъд аз қабули Конуни забон 22 июли соли 1989 ва махсусан дар солҳои Истиқлолият бо сиёсати пайгиронаи Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар бобати татбиқи Конуни забон ва инкишофи забони тоҷикӣ забони мо ҳамчун забони давлатӣ ҳам аз лиҳози мақоми ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳози тағйироти вожагонию лексикӣ хеле густариш ёфт. Махсусан солҳои охир бар асари таҳаққуқи сиёсати забонии давлати Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар тамоми қишрҳои ҷомеа ва аксари сохторҳои давлатию ғайридавлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт . Имрӯз ба таври умум забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кардааст. Албатта камбудиву норасоиҳо низ хеле зиёданд. Бештари онҳо хусусияти амалӣ доранд. Ин хусусиятҳо бештар ба тарзи дуруст навиштани матнҳои гуногун, лавҳаву овезаҳо, навишти дурусти номи корхонаву муассисаҳо ва ғайра иртибот дорад, ки барои рафъи онҳо пеш аз ҳама сатҳи забондонии мардумро баланд бардоштан лозим аст. Имрӯз забони матбуот ҳамон хусусиятҳои имрӯзии забони тоҷикиро инъикос менамояд ва сабки навишти онҳо низ гуногун аст. Он даъвоҳое, ки гӯё забони тоҷикӣ бо истифодаи калимаҳои душворфаҳм дар ҳоли харобӣ қарор дорад, пояи мантиқӣ надорад. Дар воқеъ забони мо дар Тоҷикистон тӯли бист соли охир бисёр тағйир кардааст. Дар ҳақиқат агар як касе аз насли солҳои 60 ва 70 рӯзнома ва китобҳои моро бихонад, шояд дар дарки он ҷое ба мушкилӣ рӯбарӯ шавад. Аммо дар ин маврид калимаҳои бегона ва зиёдатӣ ба нудрат ва бисёр кам ба забон дохил шудаанд. Аксари ин калимаҳо дар собиқ ҳам истифода мешуданд ва моли ин забон ҳастанд. Ва имрӯз, ки маҳдудаҳо бардошта шудааст, дубора калима ва вожаҳое, ки дар замони шӯравӣ истифодаи онҳо мамнуъ буд, мисли пешоҳанг, сарнишин, сарборӣ, шоҳроҳ, анҷуман ва ғайра дубора истифода мешаванд. Бинобар ин имрӯз барои ҷомеаи мо масъалаҳои омӯзиши забони тоҷикӣ, хатти ниёгон, таърихи забони мо ва таҳқиқи ҷиҳатҳои гуногуни услубӣ ва сабкҳои гуногуни навишт аҳамият пайдо мекунад. Соли 2009 дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул шуд ва забони тоҷикӣ бо марҳилаи нави рушду густариши худ дохил гардид, ки ба забони матбуот низ бетаъсир нахоҳад монд ва он ҳам ҳамчун яке аз бахшҳои таркибии забони модарии мо ба асолату покизагии худ бармегардад ва яке аз шаҳсутунҳои густариши бесобиқаи забони модарии мо дар садаи ХХI хоҳад шуд. Барои ин тамоми шароит фароҳам аст. Тавре ки Эмомалӣ Раҳмон Президенти мамлакат, дар мулоқот бо зиёиёни кишвар 20 марти соли 2009 таъкид кард: «Итминони комил дорам, ки қабули қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои дигар дар иртибот ба забони миллӣ як силсила монеаҳои мавҷудаи сунъиро дар ин самт барканор сохта, марҳалаи воқеан навро дар таҳким ва рушди забони давлатӣ оғоз хоҳанд кард.»

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *