Фанни Забони точики

Назари Айнӣ дар бораи забони адабии тоҷикӣ

Миллати тоҷик дар таърихи чандҳазорсолаи хеш бо фарзонагон ва бузургони илму фарҳанги худ, ки барои худогоҳии миллӣ ва худшиносиву тарбияи ахлоқии ҳамзамонон ва наслҳои оянда нақши боризе доранд, ифтихор менамояд. Устод Садриддин Айнӣ яке аз ин гуна абармардон мебошад, ки дар як лаҳзаи сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ба майдон омада, дар пешрафту густариши илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни он нақши ҳалкунанда бозидааст. Аз ин ҷост, ки ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун сардафтар ва поягузори давраи навини адабиёти мо шинохта шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон заҳмату фидокориҳои ин фарзанди баруманди миллатро дар таҳкими ваҳдат ва худогоҳии миллӣ, таблиғу тарвиҷи ақидаҳои ватанпарастона ва бунёдгузории адабиёти навини тоҷик ба назар гирифта, ӯро ба унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонид.

Садриддин Айнӣ на танҳо ҳамчун адиб ва нависандаи забардаст, муаллифи асарҳои дар ҷаҳон машҳури «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Марги судхур», «Ёддоштҳо», балки чун донишманд ва олими забардасти риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст.

Устод Айнӣ дар баробари таҳия ва эҷоди асарҳои адабӣ ва таърихӣ дар бораи забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳои он, масъалаҳои имло, сабк ва услуби забонии адибону нависандагон, фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ як силсила мақолаҳову асарҳо офаридааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин бахш ҳам ӯ ба ҳайси яке аз поягузорони илми забоншиносӣ дар асарҳои худ барои асолат ва покизагии забон, сода ва оммафаҳм намудани забони адабӣ, дастраси оммаи васеъ кардани захираҳои луғавии забон хеле заҳмат кашидааст. Ӯ яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои нав, мураттиб ва муҳаррири нахустин «Луғати русӣ- тоҷикӣ» (1933-1934), «Луғати тоҷикӣ – русӣ» (1940) ва муаллифи нахустин фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ мебошад. (1938). Гуфтан ба маврид аст, ки асарҳои илмиву адабии устод Айнӣ дар риштаи забоншиносӣ барои инкишофи забони адабӣ, истифода аз таҷрибаҳои пешгузаштагон, ба таври интиқодӣ назар кардан ба осори адибону нависандагон аҳамияти калоне доштааст. Мулоҳизаҳои ӯ оид ба забон дар як қатор мақолаҳояш, ба монанди «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ», «Забони тоҷикӣ», «Ҷавоби ман (дар бораи забони адабии тоҷик)», «Мактуби кушод ба рафиқ Толис», «Забони Шоҳнома», «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» имрӯз ҳам аҳамияти илмии худро гум накарда, барои рушди минбаъдаи забони адабӣ ҳамчун як роҳнамо хидмат мекунанд.

Барои равшантар кардани ин масъалаҳо ва аз нав ба ёд овардани фикру пешниҳодҳои устод Айнӣ дар бораи забони адабӣ, ҳамгунӣ ва фарқиятҳои тоҷикиву форсӣ, навсозӣ ва муайян намудани меъёрҳои забони адабӣ, проблемаҳои имло, фарқи байни забони адабӣ ва лаҳҷа, кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ месазад, ки ба таври хеле мухтасар ин мақолаҳои устод Айниро баррасӣ намоем.

Навсозӣ ва меъёрбандии забони адабӣ. Яке аз масъалаҳои асосии забоншиносии тоҷик дар ибтидои асри XX ва махсусан дар аввали солҳои сиюм масъалаҳои навсозии забони адабӣ, интихоби меъёрҳо ва нормаҳои грамматикии забон, таҳияи имло ва интихоби истилоҳоти корбурдӣ буд.

Забони тоҷикӣ дар масири умри тӯлонии хеш, зери таъсири авомили иҷтимоиву сиёсии замонаҳои гуногун бисёр сифатҳои ноби худро чун содагиву расоӣ, таровати табиӣ ва зояндагиву боландагиро аз даст дода буд. Ва ба он шаклу сурате, ки ба ворисони оғози асри бистумаш расид, дар нигоришоти расмӣ забоне шуда буд муншиёна, пуртакаллуф, махлут ва дур аз дарки мардуми оддӣ.

Тавре ки Абдуқодир Муҳиддинов, Садри Шӯрои комиссарони Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ё Сарвазири онвақтаи Тоҷикистон дар мақолаи худ бо номи «Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷик» (9- январи 1929) менигорад: «Агар саргузашти ҳафтсад, ҳаштсад солаи «забони адабӣ», «забони китобӣ»-и порсиро бо дидаи санҷиш нигаред, мебинед, ки дар ин муддат забони адабӣ, забони китобии мо пеш нарафта аст, балки пасттар рафтааст, оҳиста-оҳиста дар адабиёти мо ҷои калимаҳо ва ҳатто ҷойи ҷумлаҳои порсиро калимаҳо ва ҷумлаҳои арабӣ гирифтааст. Кор ба ҷое расидааст, ки имрӯз ба забони покизаи порсӣ навиштан барои мо душворӣ мекунад. Барои ифода кардан, навиштан ва гуфтани фикрҳо ва андешаҳои худ, доираи забони порсиро танг мепиндорем, ночор ба кор фармудани суханҳои арабӣ маҷбур мешавем».[1]

Пешаз он ки баҳси худро дар бораи забони адабии тоҷикӣ идома диҳем, бояд ба ин савол ҷавоб пайдо кунем, ки чаро дар даврони чунин дигаргунсозиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ масъалаи забон ба ин андоза мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор гирифт?

Ҳукумати шӯравӣ тасмим дошт, ки илму фарҳангро насиби омма гардонад. Бинобар ин забони адабӣ бояд чунон содда бошад, ки омма онро фаҳмад ва аз ҷониби дигар чунон бошад, ки бо он навиштани осори илмиву фаннӣ ва матолиби сиёсиву иҷтимоӣ мумкин бошад. Табиист, ки муқаррар ва муайян кардани чунин забон кори сода набуд. Аз ин рӯ дар баҳсҳо ва мақолот забонро ба «нав»-у «кӯҳна» ҷудо карда, барои баёни он истилоҳоти гуногун сохтанд ва гоҳо мутобиқи руҳи замон рангу бори сиёсӣ ҳам ба он илова карданд, аз қабили: «забони адабии кӯҳна», «забони китобии мавҷуда», «забони китобӣ», «забони адабии омма», «забони зинда»[2] ва ғайра. Дар ин давра, яъне дар аввали солҳои бисти садаи гузашта, як гурӯҳи нав бадавлатрасидагони мутаассиби туркпараст кӯшиш карданд, ки тоҷиконро «халқи омад», «бозмондагони эрониён» ва забони онҳоро «забони форсӣ», яъне забони аз берун ба Осиёи Миёна омада, эълон кунанд. Аз мансабу мақомоти ишғолкардаи хеш дар Ҳукумати Бухоро сӯистифода карда, мехостанд ин «ақида»-ро расмӣ созанд ва муваффақ ҳам шуданд, ки тоҷиконро то муддате аз маорифу маданият ва рӯзномаву маҷаллот маҳрум созанд.

Валепас аз ташкили ҷумҳурии худмухтор ва сипас таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ва пас аз он (1925-1930) фарҳангиёни тоҷик бо ҳамроҳи забоншиносон ва шарқшиносони машҳури рус (СемёновА.А., Дяков, Е.Э.Бертелс, ФрейманА.А., Виноградов ва дигарон) имконият ва ҳуқуқ пайдо карданд, ки бевосита дар таъини сарнавишти забони тоҷики иштирок ва ибрози ақида кунанд.

Соли1930 барои забони адабии муосири тоҷик, таъини меъёру марзҳо ва чигунагии он соли бисёр муҳим буд. Дар таърихи 10-15 феврал дар шаҳри Самарқанд «Кенгош»-и илмии тоҷикони Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳадафи ин конференсия омодагӣ ба Анҷумани забоншиносони Тоҷикистон буд. Масъалаҳое, ки дар ин Анҷуман баррасӣ мешуд, бояд қаблан ҳамаҷониба муҳокима ва музокира мешуданд. Асоситарин масъалаи рӯзномаи ин маҷлис масъалаи забони адабии тоҷикӣ буд. Бояд гуфт, ки тамоми баҳсҳое, ки дар тӯли солҳои охир дар ин мавзӯъ ҷараён дошт, ҳама дар атрофи «асос»- и забони адабии тоҷикӣ буд, яъне кадом манбаъро бояд ба ҳайси зербиное, ки забони адабии тоҷикӣ бар пояи он бояд устувор бошад, қабул кард. Андешаҳо мухталиф ва гоҳо муттазод, мубоҳисаҳо бисёр гарм ва гоҳо тезу тунд буд. Аз ҷумла чанд ақида буд, ки музокира ва баҳсҳо дар атрофи онҳо бештар авҷ гирифт.

Гурӯҳи маҳдуде мегуфтанд, ки забони адабии тоҷикӣ вуҷуд надорад ва онро бояд эҷод кард, бояд сохт.

УстодС. Айнӣ, ки қавлаш барои мо муътабар аст чунин менависад: «Вақте ки ман «Намунаи адабиёт»-ро (мурод «Намунаи адабиёти тоҷик», чопи соли 1926 дар Маскав аст С.Н.) навишта баровардам, ҳамаи шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо «забони адабӣ» доштани халқи тоҷикро инкор карданд… Аз ин хатои шарқшиносон пантуркистон истифода бурда, будани тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор карданд… Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда давом намуд. Дар соли 1926 дар Тошканд, вақте конференсияи ба алифбои лотинӣ гузаштани тоҷикон барпо шуд, як қисми шарқшиносон гуфтанд, ки «тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегӯянд, аз они Эрон аст. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад»[3] ва ғайра.

Пасаз баҳсу мунозираҳои шадид тақрибан соли 1930 масъалаи забони адабӣ доштани тоҷикон эътироф шуд ва аксарият тарафдори он шуда буданд, ки «тоҷикон забони адабӣ доранд».

Забони адаби ва лаҳҷа. Баъд аз он, ки вуҷуд доштани забони адабӣ эътироф гардид, масъалаи муносибати забони адабӣ ва лаҳҷаҳои тоҷикӣ ба миён омад. Аслан масъалаи мавриди баҳс он буд, ки кадом лаҳҷа ба ҳайси асоси забони адабӣ пазируфта мешавад. Як гурӯҳ бар он буданд, ки «забони кӯҳистон» ба сифати асос қабул карда шавад. Мунаққидон ва мубоҳисон ҳама «софӣ» ва «покизагии забони кӯҳистон»-ро эътироф доштанд, вале дар айни замон мухолифи асоси забони адабӣ қарор додани он гардиданд ва далелҳое пеш оварданд, ки вай аз сабаби сустии робитаҳо бо марказҳои калони сиёсӣ ва фарҳангӣ маҳдуд мондааст ва ё ин ки дар кӯҳистон лаҳҷаҳо бисёр аст ва кадоми онро бояд асос қабул кард ва чанд фоизи аҳолии Тоҷикистон он лаҳҷаро мефаҳмад?

Баъзеҳо тарафдори он буданд, ки ҳамин «забони оммаро ислоҳ карда» ба ҳайси забони адабӣ қабул намоем. Чанде дигар тарафдори он буданд, ки забони яке аз маҳалҳои Бухоро ва ё Самарқанд асос қарор дода шавад. Аммо «забони Самарқанд» ҳам рад шуд, зеро ки вай «бо овозҳои ӯзбекӣ махлут шуда, ширинии худро аз даст додааст».

Ҳатто яке аз иштирокчиён Ҷалолзода пешниҳод кард, ки «мо забони Бухороро намефаҳмем, забони Душанбеи Тоҷикистонро асос гирифта, аз забони Фарғона низ истифода кунем»[4].

Дарин Кенгош устод С. Айнӣ ҳам баромад карда, тарафдори «забони Бухороро» асоси забони адабӣ қабул кардан шуд. Ба ақидаи ӯ «забони Бухоро аҳамияти таърихӣ ҳам дорад» зеро «ин забони адабии мо ба меҳнаткашони эрониён бегона бошад ҳам, аммо онро нисбат ба забони матбуоташон хубтар мефаҳманд. Байни мо ва онон дар ҷумлабандӣ ва луғат фарқ мавҷуд аст». Аз ҷониби дигар ба фикри ӯ «Бухоро хазинаи луғатҳои тоҷикӣ аст, фақат ҳамин ки ҳанӯз тафтиш нашудааст»[5].

Азбаски ҳадафи маҷлиси мазкур қабул кардани қарори «қатъӣ» набуд, бинобар ин фикри аксариятро ба назар гирифта ин чамъомад ба чунин хулоса омад:

«Азбаски шеваи шаҳри Бухоро шеваи ҳама маҳалро дар бар гирифта, шакли умумӣ пайдо кардааст, онро дар забони адабии тоҷик асос қарор дода, баъзе хусусиятҳои майда чуйдааш бароварда шавад ва ба ҳамин асос шеваҳои софи дигар маҳалҳо ҳам дар назар дошта шавад»[6].

Дарин мавзӯъ устод Айнӣ дар мақолаи дигари худ бо номи «Забони тоҷикӣ» муфассалтар сухан рондааст: «Лекин масъалаи хуш карда гирифтани лаҳҷа ва қабул карда гирифтани лаҳҷаҳои умумитар як масъалаест, ки ба андак-мандак кӯшиш ҳал намешавад. Нависандагони маҳаллӣ, ки дар гирди нашриёти тоҷик ғун шудаанд, донотарини инҳо танҳо лаҳҷаи Бухоро, Самарқанд, агар бисёр донанд, Хуҷандро медонанд. Ва ҳол он ки ин масъала ба ин қадарҳо кушода намешавад. Барои оммафаҳм кардани забони адабиёти тоҷик тафтиш кардан ва донистани лаҳҷаҳои кӯҳистон низ зарур аст, ки ба ин вазифа то ҳол даст расонида нашудааст.

Инроҳам аз ёд набаровардан даркор аст, ки барои ба кор андохтани забони авомфаҳми тоҷик лаҳҷаи ҷоеро асос карда гирифтан лозим аст, лекин ба шарти пурра кардан ва дуруст кардани он бо лаҳҷаҳои ҷойҳои дигар. Масалан, агар мо гӯем, ки лаҳҷаи Бухороро асос карда мегирем, маънии ин он нест, ки сад фоиз бо риояи лаҳҷаи Бухоро менависем. Балки мақсад он аст, ки лаҳҷаи Бухороро асос карда мегирем, ҷойҳои дигарро тафтиш мекунем, ҳар қадар ки аз ҷойҳои дигар чизҳои муносиб ёбем, ба ин ҳамроҳ мекунем ва чизҳои нобоби лаҳҷаҳои Бухороро бароварда мепартоем.»[7]

Аҷабон аст, ки дар ин марҳилаи ҳалли масъалаи забони адабии тоҷикӣ ҳам андеша ва мулоҳизоти илмии муаллифи мақолаи «Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷик» А. Муҳиддинов, ки болотар аз он иқтибос шуда буд, ба эътибор гирифта нашуд. Ҳол он ки ӯ мухолифи лаҳҷаи ягон маҳалро асоси забони адабии тоҷик қарор додан буд ва ақида дошт, ки пеш аз ҳама бояд асосҳои илмӣ ва назарии мавзӯъ ҳал карда шавад. Ӯ чунин навишта буд: «Ба ақидаи мо, барои ба вуҷуд овардани забони адабӣ лаҳҷаи як ҷоеро чун асос шинохтан даркор нест, беҳтар аст, ки мо асосҳои назарӣ ва амалиро муайян кунем. Лаҳҷаи кадом ҷой, ки ба асосҳои мо мувофиқ ва наздик бошад, забони адабии мо низ ба он лаҳҷа наздик мешавад. Ё он ки он лаҳҷа ба забони адабии мо наздик мешавад. Мақсади мо ба вуҷуд овардани забони адабии маҳаллӣ (таъкиди мо-С.Н.) нест, бояд мо як забони адабӣ ба вуҷуд орем, ки фаҳмиданаш барои ҳамаи тоҷикзабонони шӯроӣ осон бошад. Забоне ки барои оммаи мо фаҳмиданаш осон бошад, он забон барои мардуми порсигӯи Эрону Афғонистон ва Ҳиндустон ҳамчун забони адабии умумӣ пазируфта хоҳад шуд».[8]

Баъдтар дар соли 1948 дар «Мактуби кушода ба рафиқ Толис» (12 – декабри с.1948) устод Айнӣ боз ба масъалаи забони адабӣ ва лаҳҷа баргашта, чунин ақидаҳоро изҳор медорад: «Фарқи забони адабии тоҷик аз забони гуфтугӯ аз ҳад зиёд бисёр аст. Ҳатто онҳое ҳам, ки дар мактаб ва мадрасаҳои куҳна нисбат ба замони худ бо муваффақият хондаанд, дар байни худ бо ҳамон забони омма гуфтугӯ мекунанд. Ба фаҳми ман, дар кор фармудани луғатҳои маҳаллӣ бисёр эҳтиёт кардан, аммо чизҳои нағзи онро аз назар нагурезондан лозим аст. Дар лаҳҷаҳои маҳаллӣ, монанди «ибӣ»-и бухороиён (бухорогиён не!) калимаҳое ҳастанд, ки қобилияти умумӣ шудан надоранд ва ингуна калимаҳоро танҳо дар порчаҳои ҳаҷвӣ кор фармудан мумкин аст. Аммо дар забонҳои маҳаллӣ баъзе калимаҳо ҳастанд, ки баъзе касони бехабар онҳоро «забони қадимии мурда» мепиндоранд ва дар архаизм медароранд. Чунончи «гусел» дар Ленинобод дар байни авоми бесавод кор фармуда мешавад. Аммо бухороиён дар ҷои ин калима «узод»-ро кор мефармоянд. Вазифаи нависандагон ингуна калимаҳоро умумӣ кардан аст.

Хулоса дар забони зиндаи халқи тоҷик чунон хазинаҳо ҳастанд, ки пур аз дурдонаҳои пурқимат мебошанд. Вазифаи мо нависандагон ана ҳамон дурдонаҳоро ёфта ба омма тӯҳфа кардан аст, на ин ки дар бораи умумӣ кардани баъзе луғатҳои хона ё маҳаллаи худ бикӯшем!»[9]

Забони адабӣ ва имло. Имлои забон ва ба шакли дуруст навиштани калимаҳо дар асарҳои оид ба забон ва забоншиносӣ навиштаи устод Айнӣ мавқеи асосӣ дорад. Ақида ва пешниҳодҳои устод имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накарда, он масъалагузориҳо дар забони адабии имрӯз вуҷуд доранд. Устод Айни дар мақолаи хеш таҳти унвони « Забони тоҷикӣ» таъкид мекунад, ки «душвортарин масъалаи мо масъалаи имло аст.»[10] Садриддин Айнӣ замоне, ки президенти Академияи фанҳо имрӯза Академияи илмҳо буд, дар бораи масъалаҳои забоншиносӣ ва махсусан имлои забони адабӣ чунин ибрози назар кардааст: «…ин забон дар муддати ин сайри таърихии кӯтоҳи баъдазреволютсиягии худ бисёр моҷароҳо ва мунозираҳоро аз сар гузаронид. Гурӯҳе ба майдон баромада кӯшиш мекарданд, ки забони адабии тоҷикро дар кӯчаи пешбастаи забони матбуоти Эрон дароварда фиристонанд; гурӯҳи дигар забони адабии ҳазорсолаи тоҷикро бо ҳамаи меросҳои адабиаш тамоман инкор карда мехостанд дар асоси забони кӯчагӣ забони «нави адабӣ» созанд ва ба он «забони нав» грамматикаи аҷибу ғарибе ҳам тартиб диҳанд. Яке аз ин ҳуҷумҳои «чап» ки вайро режими аракчеевӣ номидан мумкин аст, дар соли 1937, 1938, 1939 ташкил ёфта буд. Лоиҳанависони ин ҳуҷум дар зери пардаи «забонро ба халқ наздик кардан» мехостанд, ки бо грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ» созанд. Онҳо нависандагон ва соҳибқаламонро маҷбур мекарданд, ки «ин Аҳмада китобаш» барин ҷумлаҳоро ҳам ҷумлаи тоҷикӣ дониста кор фармоянд ва дуруст шуморанд. Ва ҳол он ки ин ҷумла тарҷимаи ҳарф ба ҳарфи вайрони як ҷумлаи ӯзбекӣ буд.

Даримло ҳам дар матбуоти тоҷикӣ ба асоси он лоиҳа вайронкориҳо ҳанӯз ҳукмрон аст. Дар ягон забони маданӣ ва аз ин ҷумла дар забони русӣ дар навиштан талаффуз асос гирифта нашуда бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ талаффузро асос гирифта масалан ба ҷои калимаҳои «анбор, занбар, ҷунбидан» — «амбор, замбар, ҷумбидан» менависанд.

Ваҳол он ки дар забони тоҷикӣ аз талаффуз то навиштан фарқ доштани монанди суханҳои дар боло қайдшуда тасодуфӣ ва ғалати омма набуда, балки ба як асоси илмӣ такя мекунад, ки ин аз хусусияти забони тоҷикӣ омадааст: Дар забони тоҷикӣ ҳаргоҳ баъд аз нуни сокин (ан, зан, ҷан, қан ва монанди инҳо) ҳарфи «б» ояд дар талаффуз он «б» ба «м» табдил меёбад.

Имлочиёни мо, ки аз ин хусусияти забони тоҷикӣ хабар надоранд, дар навиштан ҳам ҳарфи «б» — и монанди калимаҳои мазкурро ба «м» табдил дода менавиштанд, бо ин корашон аз як тараф хусусияти забони тоҷикро поймол кунанд, аз тарафи дигар луғатҳои бисёреро вайрон карда ба халқ такдим менамоянд.

Қатъи назар аз ин хусусияти забони тоҷик, агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншавандааст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост.»[11]

Дарохир якчанд фикру ақидаи устод Айниро дар бораи роҳҳои пажӯҳиши забоншиносӣ ва таҳқиқи калимаҳои лаҳҷавӣ ва муқоисаи онҳо бо матнҳои адабиёти классикиро, ки имрӯз ҳам барои илми забоншиносии тоҷик аҳамияти хеле калон дорад, ба таври мухтасар баррасӣ менамоем. Ин фикру ақидаҳо барои тарзу усулҳои амалии ҷамъоварии маводи забоншиносӣ хеле муҳиманд. Дар мактуби худ ба Абдусалом Деҳотӣ аз 24- июли соли 1940 устод Айнӣ дараҷа ва марҳилаҳои таҳқиқи забоншиносии забони зиндаи халқ ва калимаҳои лаҳҷавиро ба се давра тақсим менамояд:

Марҳилаи аввал аз он иборат аст, ки барои омӯхтан ва ҷамъоварии калимаҳо аз забони зиндаи халқ ба минтақаҳои гуногун сафар карда, маводди забониро ҷамъоварӣ карда, дар хотир ва зеҳни худ нигоҳ доштан лозим аст. Ин кор бояд ба таври амалӣ ва самарабахш анҷом ёбад. Дар ин бора худи устод Айнӣ чунин мегӯяд: «Барои ин кор ба мардумҳои районҳои гуногун мусоҳиба кардан ва ба районҳо сайр кардан даркор аст. Лекин ин сайру гашт бояд бо усули экспедицияҳои «забоншиносон» нашавад. Одатан, онҳо дар районҳо мегарданд, як луғати тозаро, ки шуниданд, аз гӯяндаи он такрор мепурсанд ва ба дафтарчаи худ (ғалат аст, ё рост) қайд мекунанду меоянд. Дар натиҷа «забоншинос» мешаванд, ин корро таҷриба тамоман рад мекунад. Бояд дар даруни мардуми гуногун гардед, ҳар чи шунавед, дар хотираи худ нигоҳ доред ва кӯшиш кунед, ки ин кор ба шумо одат шавад.»[12]

Дармарҳилаи дуюм маводди ҷамъкардаи забонии як минтақаро бо маводи минтақаи дигар муқоиса карда, умумият ва фарқиятҳои онҳоро ташхис ва калимаҳои умумии онҳоро барои истифода дар забони адабӣ ва тадқиқотҳои забоншиносии баъдӣ ҷамъоварӣ намоем.

Дардавраи сеюм ин калимаву вожаҳои умумиро бо вожаву таркибҳои матнҳои классикӣ муқоиса бояд кард. Фақат дар ҳамин сурат ва иҷрои пайгиронаи ин амалҳо ба муваффақият ва натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан мумкин аст. Тавре ки худи устод мефармояд: «Албатта, ҳамаи инҳо як бора намешаванд, агар ин усул пеш гирифта шавад, дар рафти кор худ ба худ натиҷа ба даст медарояд.»[13]

Хулоса, устод Садриддин Айнӣ дар як давраи пурфоҷиаи таърих барои худогоҳии миллӣ, бедории мардуми тоҷик инкишофи минбаъдаи давлатдории тоҷикон мубориза бурда, барои заминагузории давлатдории миллии хидматҳои босазое кардааст. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ҳини мулоқот бо зиёиёни кишвар дар бораи замони зиндагӣ ва фаъолияти қаҳрамонона ва фидокоронаи фарзандони баруманди миллат, ки устод С. Айнӣ аз ҷумла онҳо аст, чунин изҳор намуд: «Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки онро метавон ҳаракати шуубияи даврони шӯравӣ номид.»[14]

  1. Муҳиддинов А., Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷик // Тоҷикистони сурх, 9 январи соли 1929.
  2. Тоҷикистони Сурх, № 4 (34), 9.01. 1929
  3. Шакурӣ М. Забони мо ҳастии мост, 1991, с.88
  4. Азизӣ Б. Ҷамъбасти Кенгоши илмии тоҷикони Узбекистон // Раҳбари дониш, №2, с.28
  5. Ҳамин асар, с.27
  6. Хамин асар, с.30
  7. Айнӣ С. Забони тоҷикӣ// «Раҳбари дониш», 1928, № 11-12.
  8. Муҳиддинов А., Фикрҳои мо дар бораи забони адабии тоҷик // Тоҷикистони сурх, 9 январи соли 1929.
  9. Айнӣ С. Мактуби кушода ба рафиқ Толис. // С. Айнӣ., «Куллиёт», ҷ.11, к.2, Душанбе «Ирфон» 1964, саҳ.377
  10. Айнӣ С. Забони тоҷикӣ // «Раҳбари дониш», 1928, № 11-12.
  11. Айнӣ С. Оид ба вазъи забоншиносии тоҷик// Шарқи Сурх, 1952, №6, саҳ. 3-8
  12. Айнӣ С. Ба Абдусалом Деҳотӣ // «Шарқи сурх», 1956, № 4, саҳ. 100
  13. Айнӣ С. Ба Абдусалом Деҳотӣ // «Шарқи сурх», 1958, № 4, саҳ. 31-32
  14. Эмамолӣ Раҳмон, Муждаи бахту пайки пирӯзӣ // Омӯзгор, №13, 28 марти соли 2008
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *