Фанни Забони точики

Зарф ва категорияи морфологии зарф

З А Р Ф

Зарф ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, ҳолат, тарз, вақту ҳангом, маҳаллу макон, сабабу мақсади кору ҳаракатро шарҳу эзоҳ медиҳад.

КАТЕГОРИЯИ МОРФОЛОГИИ ЗАРФ

Аломатҳои морфологии зарф аз инҳо иборатанд:

1. Зарф ҳиссаи мустақилмаънои нутқ буда, тағир намеёбад, яъне категорияи ҷамъ надорад.

2. Гурӯҳи калони зарфҳо дараҷаи қиёсӣ доранд: Вай зудтар харакат кард, ки ба лаби ҷӯй расад (П. Толис, Тобистон). Савор наздиктар рафта қарор гирифт (С. Улуғзода, Қисмати шоир).

Мисол: камтар, дертар, поёнтар, беҳтарин, қалонтар духтараш, зани зеботарин.

3. Зарф пасвандҳои махсуси калимасоз дорад.

Пасвандҳои –нокӣ, -акӣ, -она, -вор, -бар, -ӣ ва ғайра пасвандҳои зарфсоз ба шумор мераванд: Набӣ-Полвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонид (С. Айнӣ, Куллиёт). Банда кӯдаквор шодӣ мекардам (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).

Мисол: вазнинона, пешакӣ, пагоҳӣ, барвақт, бисёр паст, хеле васеъ.

ГУРӮҲИ ЗАРФ

Зарфҳо мувофиқи маъно ва вазифаи грамматикии худ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд: зарфҳои ҳолат ва зарфҳои ифодакунандаи муҳиту шароити амал.

Зарфҳоие, ки хосса, миқдор ва ҳолату вазъияти амалро ифода мекунанд, дар навбати худ ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. Зарфҳое, ки ҳолати амалро ифода мекунанд: хушҳолонана, мағрурона, дилпурона, озодона, оромона, бепарвоёна, бошуурона, бесаброна, шӯхона, эҳтиёткорона, далерона, фақирона, ҷиддиёна, чолокона, танбалона, бодиққатона, бетоқатона, бераҳмона, беҳавсона ва ғ.
  2. Зарфҳое, ки чӣ тарз ва чӣ тариқ иҷро шудани амалро ифода мекунанд: Қорӣ-Усмон ба Мулло Амон зуд як пиёла чойи гарм кашида дод (С.Айнӣ, Ёддоштҳо).

ЗАРФҲҳОИ ТАРЗИ АМАЛ

Мисол: зуд, зуд-зуд, якзайл, оҳиста, оҳистекак, оҳиста-оҳиста, диккак, савора, пиёда, аспакӣ, пуштокӣ, пуштонокӣ сахт, паснокӣ, даруннокӣ, даҳонакӣ, ёдакӣ, дузону, ҷо ба ҷо, рӯякӣ, дартоз, даррав, беист, ноист, пинҳонӣ, беихтиёр, тирвор, мичуринвор, халтавор, барқвор, тасодуфан, нохост, фавран, ногаҳон, якбора, якборагӣ, бечуну чаро.

Зарфҳои миқдору дараҷа низ ба ҳамин гурӯҳи зарфҳо дохил мешаванд. Ин зарфҳо ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд.

1. Зарфҳои тарзе амале, ки аз такрор омадани шумораҳо ташкил меёбанд.

Сарбозони дигар ҳам як-як, ду-ду омадан гирифтанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Баъзан зарфҳои як-як дар шакли ягон-ягон низ истифода карда мешаванд:

Ёдгор шунидаҳояшро ягон-ягон ба Гулнор нақл кард (С. Айнӣ, Куллиёт). Деҳқонон ҷуволҳои пурборро ягон-ягон ба анбор дароварданд (С. Айни, Куллиёт).

Мисол: ду-ду, чор-чор, панҷ-панҷ, даҳ-даҳ, дукаса, секаса, чоркаса, дукасаю секаса, кам, кам-кам, ин қадар, он қадар, чӣ қадар, як қадар, қариб, андак.

СОХТИ ЗАРФҲОИ ҲОЛАТ

Зарфҳои ҳолат аз ҷиҳати сохт ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд.

Зарфҳои содда

Зарфҳои содда фақат аз як реша иборат буда, як мафҳумро ифода мекунанд: зуд, пиёда, даррав, диккак, оҳиста.

Зарфҳои сохта

Зарфҳои сохта аз ҳиссаҳои нутқ ба воситаи пасвандҳо сохта мешаванд.

Аз исм ва сифат ба воситаи пасванди –вор зарфҳои монандӣ сохта мешаванд.

Мисол: бародарвор, пӯлодвор, девонавор.

Зарфҳои сохта инчунин бо тарзи зерин сохта мешаванл: ба исм бо илова гаштани пешванди бе: беихтиёр ин калимаҳо аз даҳонам мебароянд (Ф.Муҳаммадиев, Дар он дунё). Маро беихтиёр ханда омад (С.Айнӣ, Куллиёт).

Ба сифатҳо бо илова гаштани пешванди ба-:

– Кӣ вай? – овози ларзонаки Гулрӯ базӯр баромад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Ба сифатҳо бо илова гаштани пасванди –она:

Ҳамон рӯз Қорӣ аз дарс омада хашмгинона аз Махмуд пурсид (С.Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар осмони бепоёни нилгун порча-порча абрҳои сафед, ки ба хирмани пахта монандӣ доштанд, киштиҳои бодбонӣ барин оромона шино мекарданд.

Зарфи тарзи амали кӯр-кӯрона аз сифати такрор ва пасванди –она сохта шудааст.

Вақте ки мову шумо ҳам ҷавон будем, ба куҷо рафтанамро надониста кӯр-кӯрона, палмосида қадам мемондем (ҳ. Карим, Оқшуда).

Ба исм ва зарфҳо бо илова гаштани пасвандҳои –нокӣ ва –акӣ зарфҳо ташкил мегарданд.

Мисол: пуштнокӣ, руйнокӣ, паснокӣ, оқибнокӣ, дарунакӣ, оҳиста, -акак, оҳистекак, дартоз, беист, ист, бе-.

СОХТИ ЗАРФҲОИ МУРАККАБ

а) Зарфҳои мураккабе, ки аз шумораву исм ташкил ёфтаанд. Мисол: дузону, чорзону, якзайл.

б) Зарфи паёпай аз такрор омадани исми пай ва инфикси о сохта шудааст.

Хулоса, мардумони ҷабрдида,

Паёпай заҳри нодонӣ чашида.

в) Зарфҳои мураккабе, ки аз сифатҳои мураккаб ва пасванди –она ташкил гардидаанд.

Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб,

Дилпурона давлати олиҷаноб.

ЗАРФҲОИ ТАРКИБӢ

а) Ин зарфҳо аз такрори исм ва пешоянд ташкил меёбанд:

Падари худи ӯ бисёр вақтҳо аз рӯи ноилоҷӣ дар ба дар гашта, гадоӣ карда, рӯзгоргузаронӣ мекард (ҳ.Карим, Оқшуда). Ман худамро мешиносам, ки дар ба дар, ба дасти одамҳо мебошам (П.Толис, Повест ва ҳикояҳо).

ҳамин тавр, даст ба даст гузашта, вай се авлодро дидааст (ҳ.Карим, Оқшуда).

б) Зарфи таркибии худ ба худ аз такрори омадани ҷонишини нафсии худ ва пешоянди ба сохта шудааст:

Вай худ ба худ сурх мешуд, таб мебаровард (ҳ.Карим, Оқшуда).

в) Зарфҳое, ки аз такрор омадани шумораҳо ва пешоянди ба сохта шудаанд:

Сохти зарфҳои миқдору дараҷа

Зарфҳои миқдору дараҷа ҳам аз ҷиҳати сохт ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

Зарфҳои миқдору дараҷаи содда: кам, бисёр, чанд, андак.

Зарфҳои миқдору дараҷаи сохта

1.Ба исм бо иловаи гаштани пешванди –бе зарфҳои миқдорӣ сохта

мешаванд:

Ман беҳад шод будам (С.Улуғзода, Субҳи ҷафонии мо).

2. Зарфи миқдории барзиёд аз зарфи миқдории зиёд бо илова шудани пешванди бар- сохта шудааст:

Вафо бар аҳд кардан –хислати хос аст бар мо,

Супоришро ту бешак менамоӣ барзиёд иҷро.

(Р.Ҷалил, Баҳор).

Зарфҳои миқдору дараҷаи таркибӣ

  1. Зарфи таркибии кам андар кам аз такрор шуда омадани зарфи миқдории кам ва оварда шудани пешоянди андар сохта мешавад:… дар матонат ва суботкорӣ ба худ кам андар кам ҳамто доштанд (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё).
  2. Зарфи таркибии миқдору дараҷаи як дараҷа аз шумора ва исм сохта шудааст:

То расидан ба миёнаҷои дарё гупсарҳо як дараҷа ба осудагӣ меравтанд (С.Айнӣ, Куллиёт).

Зарфҳои ифодакунандаи муҳиту шароити амал

Ба ин гурӯҳ зарфҳои макон, замон, сабаб ва мақсад дохил мешавад.

Зарфи макон

Зарфи макон макону маҳалли амалро шарҳу эзоҳ медиҳад:

дар ин ҷо, дар он ҷо, поён, аз ақиб, ҳамон ҷо, берун, ақиб, қафо, дарун, аз поён, ҳамин ҷо, пеш, дур, аммо, наздик, он ҷо, намнок, ин сӯ ва он сӯ, ин сӯ он сӯ,ба ин сӯву он сӯ, он тараф ва он тараф, он тараф, ин тараф-он тараф, гоҳ ин тараф, гоҳ он тараф, ҳама ҷо, ҳар ҷо, ҷо-ҷо, ба куҷо, аз куҷо.

Сохти зарфҳои макон

Зарфҳои макон низ аз ҷиҳати сохт гуногун мешаванд:

Зарфҳои макони содда

Зарфҳои маконе, ки аз як калима иборатанд, зарфҳои макони содда ном доранд: берун, поён, пеш.

Зарфҳои мураккаби макон.

Зарфҳои мураккаби макон аз исм ва миёнванди о сохта мегаванд: саросар, саропой.

Зарфҳои таркибии макон

Зарфҳои таркибии макон аз исм, шумора, ҷонишин ва пешояндҳо сохта мешаванд:

сар ба сар, сар то по, ҷо-ҷо, ин сӯ-он сӯ, ин ҷо, он ҷо, дар ҳар ҷо, ҳар ҷо-ҳар ҷо, ин тараф-он тараф

Зарфи замон

Зарфи замон вақту ҳангоми воқеъ шудани амалро шарҳ медиҳад:

а) Зарфҳои замоне, ки амали замони гузаштаи нисбатан наздик, ҳозира ва ояндаро эзоҳ медиҳанд:

фардо, имшаб, дирӯз, дирӯзакак, динакак, бегоҳӣ, бегоҳонӣ, пешинӣ, шабона, рӯзона, шабона, пагоҳонӣ, пагоҳӣ, бегоҳирӯзӣ, нисфишабӣ, шабонгоҳ, нисфирӯзӣ, нимрӯзӣ, пагоҳирӯз, чоштгоҳӣ, чоштгоҳонӣ, рӯздармиён, саҳарӣ, саҳаргоҳ,саҳаргоҳон, имсол, порсол, парерсол, пешакӣ, аввал, сонӣ, пас, сипас, баъд, кай, ҳоло, ҳанӯз, ҳозир, тавба, навакак, акнун, дарҳол, ҳамоно.

б) Зарфҳои замоне, ки давомнокии вақти воқеъ шудани кору ҳаракат-феълҳоро ифода менамоянд:

доимо, доим, мудом, ҳамеша, кай, имрӯз, кайҳо, имрӯзҳо, ҳамеша, доимо, кайҳо, дербоз.

Сохти зарфҳои замон

Зарфҳои замон ҳам мувофиқи сохташон ба хелҳои зерин ҷудо мешаванд:

фардо, дина, ҳанӯз.

Зарфҳои замони сохта

Зарфҳои замони ба ду роҳ сохта мешаванд:

  1. зарфҳое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ба воситаи пасвандҳо сохта мешаванд:

пагоҳӣ, бегоҳӣ, саҳарӣ, саҳаргоҳон, кайҳо, рӯзона, шабона, пешакии, пешакӣ, ногоҳ, баногоҳ, дарҳол.

Зарфҳои замони мураккаб

а) Зарфҳои мураккабе, ки аз зарф ва исм сохта шудаанд: пагоҳирӯз

б) Зарфҳоимураккабе, ки бевосита аз ду зарф сохташудаанд: дергоҳ, пасфардо.

в) Аз исмҳои замон ва баъзан аз исму зарф ва пасванди-ӣ зарфҳои мураккаби замон сохта мешаванд: бегоҳирӯзӣ, имрӯзӣ, нисфишабӣ, имрӯзӣ.

Зарфҳои замони таркибӣ: соат ба соат, дам ба дам, рӯз ба рӯз, ба, рӯз аз рӯз, рӯз то рӯз, аз, то, ҳар гоҳ агар, ҳар гоҳ, он гоҳ.

Зарфи сабаб

Зарфи сабаб асосан ба калимаҳои ночор ва ноилоҷ ифода мешавад:

Зарфи мақсад

Зарфи мақсад ба воситаи калимаи қасдан ифода меёбанд:

Медонӣ, лекин қасдан худро ба нодонӣ мезанӣ! (С.Айнӣ,Куллиёт). Ӯ қасдан ё ин ки саҳван он корро вайрон карда мефиристонад (С.Айнӣ, Куллиёт).

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

3 Шарҳҳо

  1. Тут нет нужного для меня правила

  2. Вот этого:зарф дар нутк чи ахамият дорад?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *