Фанни Забони точики

Маълумоти умуми дар бораи артиклҳои забони тоҷики

Артикли ишоратии -е бо ҷонишинҳои ишоратӣ ва калимаи | як дар ҷудо кардан ва таъин намудани исми муайяншавандаи ҷумлаи пайрав ҳамвазифа мешавад. Аз ин ҷост, ки бо исми муайяншаванда дар як вақт ҳам артикли -е, ҳам ҷонишини ишоратӣ ё калимаи як ис-тифода мешавад. Дар ин сурат исми муайяншаванда таъкид меёбад.

  1. Артикл ва ҷонишини ишоратӣ: Дохунда мактуби нишондори сардорро гирифта, бо ин роҳе, ки ногаҳонӣ ёфт шуд, аз қалъа бадар шуд (Айнӣ). Дар ин фурсат аз ким-куҷо он духтаре, ки як вақтҳо па-ривор як намудор шуда, гайб зада буд, боз аз нав пайдо шуд (Раҳим Ҷалил). Ҳамин корҳое, ки ҳамин рӯзҳо карда истодаед, чӣ натиҷа ме-дода бошад (Айнӣ). Бибиоиша ҳамон ҷавоби сохтаеро ки Одина дар вақти рафтанаш ба ӯ омӯхта буд, ба ёд овард (Айнӣ). … дар он рӯз дар тани ман чунон либосҳое буд, ки ман пеш аз он монанди онҳоро на-пӯшида будам (Айнӣ).
  2. Артикль ва як: … аз як меҳмоне, ки аз Самарқанд омада буд, … гирифтам (Айнӣ).

Бо исми муайяншаванда бо артикли -е ҷонишинҳои дигар низ ома-да, ба вай тобишҳои маъноии дигар мебахшанд, ки он ҳам барои рав-шаитар зоҳир шудани исми муайяншаванда ва ҷилоҳои маъноии ҷум-лаи пайрав мусоидат мекунад: Кадом шабе, ки хобам гурезад, гулханро гарм карда, Ҳалимро ҷеғ зада оварда, гап занонда менишинам (Айнӣ). Ҳеҷ коре нест, ки бе розигии ӯ шуда бошад (Раҳим Ҷалил).

Артикли ишоратӣ мавриди муайяни истифода дорад, вай бо ҳар гуна исм намеояд.

1. Артикли -е бо исмҳои хоси муайяншавандаи ҷумлаи пайрав ис-тифода намешавад, чунки исмҳои хос предметҳои муайяи ва ягонаро ифода мекунанд.

а) Чумлаҳои пайрави муайянкунандаи тавсифй аломати предметҳои муайяну конкретро тасвир менамоянд. Дар ин гуна мавридҳо ба ишораи он исм, ё ҷудо кардани вай ҳоҷат намемонад:

Камолиддин махдум, ки як мардаки қоқинаи чашму абрусиёҳ ва кулӯтариш ва озодалибос буд, чӣ гуфтанашро надониста, аввал чой-никро аз пешаш гирифта, ба поёни хонтахта гузошт ва онро бо чой-никпӯшак пӯшонд, баъд боз чойникпӯшакро ба зери хонтахта гузошта, чойгаикро ба рӯи он ниҳод (Икромй). Ғулом, ки марди ғӯладинги миё-насоле буд, зудтар аз зинаҳо баромада, ҳучраи худро мекушояд (Ирфон).

б) Ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда ҳолату вазъият ва кору амали исми хосро ҳамчун аломат тавзеҳ медиҳад. Дар ин ҳолат ҷумлаи пайрав тобишҳои гуногуни маъноӣ пайдо мекунад, ки он низ ба қабул намудани артикль имкон намедиҳад:

Закотчӣ аз Фатҳуллоҳ, ки ба сари ҷанҷол расида омада, дар паси сари худащ ба поёни суфа рост истода буд, оҳиста пурсид (Айнӣ). Абдулатиф-тағо, ки аз хонаи Одилмагазинчй кайфаш хеле баланд шуда омада буд ва чашмонаш хумор мешуданд, як ба пои Қосимҷон нигоҳ карду гуфт (Толис).

2. Артиклро ҷонишинҳои шахсй қабул намекунанд, чунки онҳо шахсҳои ба дараҷае муайян мебошанд, ки ба ҷудо кардан ҳоҷат надоранд. Аммо ҷонишини шахси сеюми ҷамъ артикль қабул мекунад, чунки вай гурӯҳи предметҳои номуайяни шахсу гайришахсро иваз мена-мояд. Аз ин рӯ барои аз он гурӯҳ ҷудо кардани гурӯҳи дигар, ки бо аломатҳои гуногун тафовут дошта бошанд, имконият мавҷуд аст.

3. Исмҳои ягона, ҳамчун офтоб, моҳ, замин, Революцияи Октябрь,Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки моҳиятан ба нсмҳои хос баробаранд, низ артикл қабул намекунанд. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб ҷумлаи пайрави муайянкунаида аксар мазмун ва моҳияти исми муайяншавандаро ифода мекунад:

Офтоб, ки акнун ба қади найза бардошта шуда буд, нурҳои най-заши худашро ба биёбони васеи пурбарф паҳн мекард (Айнӣ).

4. Исмҳои ҷинси ифодакунандаи хешу табор, мансаб, касбу кор, ки умуман маълуманд ва ё дар ҳамон шароити тасвиршаванда равшану ягонаанд, артикль қабул намекунанд. Ин гуна исмҳо дар мавридҳои зарурӣ бо аъзои пайрави муайянкунанда чудо карда мешаванд

(амаки калонӣ, оими хурдӣ, зани миёнангӣ, раиси калон ва ғ.):

Баъд аз ғунучини ҷуворй тағоиям, ки модарамро бурда буд, омад . (Айнӣ). Гӯё барои ҳисоб додан аз корҳои савоби худ ҳамон шаб ба хонаи қозикалон, ки соҳиби шариат аст, ба ифтори ногуфт рафтем (Айнӣ).

5. Исмҳои ҷинсе, ки дар матни собиқа дар хусуси онҳо сухан рафтааст, низ муайян буда, артикль қабул намекунапд: Шинелпӯш, ки рангу рӯяш дока барин канда буд, чизе гуфтанӣ шуда даҳон кушод

(Толис). Бо шунидани ин овоз ҷуфтрон, ки нав аз кор омада, ба рӯи суфачаи пеши саисхона хобида буд, сари худро як бардошта ба оян-да як нигоҳ кард (Айнӣ). Мактабдор ҳам бе ҳеҷ мулоҳиза сари бедо-наро, ки ҳанӯз аз сари ҷанг хуншор буд, канда ҳаво дод (Айнӣ). Саг, ки пас аз хӯрдани хӯрокаш боз хобида буд, баробари аз қӯра барома-дани гӯсфандон аз ҷояш хест (Айнӣ).

Исмҳое, ки дар матни собиқа истифода шудаанд, ба ҷонишини ишоратии ин дар шакли ибораи ҳамроҳӣ такрор меоянд. Дар ин сурат ҷонишини ин бо артикли -е муродиф ба шумор намеравад ва артикли -е қабул намекунад:

Ин майдони васеъ, ки бо бозори ҳезум, бозори харбуза, бозори ангур ва бозори ресмон дар як ҷо қариб масоҳаи даҳ гектар заминро ишғол мекард, бо бомҳои ҳавлӣ, дӯкон ва саройҳои дар атрофаш буда аз мардум пур буд (Айнӣ). Ин мард, ки яктаки сафеде дар бар ва сал-лаи сафеди фарғонапече монанди ошьёнаи лаклак бар сар дошт, аз гиребони яктак синаи сармою офтобзадаи супсурхаш то худи нофаш менамуд (Ирфон).

6. Агар ҷумлаи пайрав аломату хосиятеро ифода намояд, ки ба ҳамаи предметҳои ҳамҷинс тааллуқ дорад, исми муайяншаванда артикл қабул намекунад: Ниҳолҳои навраси пахта, ки дирӯзакак аз за-

мин сар бароварда буданд, ҳоло хеле сабзида, қомати худро устувор карда гирифтанд (Толис). Дар вақти аз қалъа баромадан аз дасти босмачиён, ки шабу рӯз сахт дидбонй мекунанд, албатта, гирифтор мешавӣ (Айнӣ).

7. Баёнияҳои муайяншавандан ҷумлаи пайрав артикль қабул на-
мекунанд: Ҳотами кулол, ки аз ӯ калонсолтар буд, ба насиҳат дармад (Раҳнм Ҷалил). Мулло Қаҳҳори босмачй, ки қишлоқи ӯ ба қишлоқи мо наздик буд, як тӯй кард (Айнӣ).

8. Агар исми муайяншавандаи ҷумлаи пайрав бо ягон сифати хосаш аз дигар исмҳо ҷудо карда шуда бошад, бе артикль меояд:

Духтараки резаҷуссаи сиёҳчашм, ки тақрибан шонздаҳ-ҳабдаҳ-сола менамуд, китобу дафтар дар бағал ин тарафу он тараф ишорат карда, ба русдухтари дар кабинаи кран нишаста бо ҳасад мепигарист(«Маориф ва маданият»).

9. Агар ба исми муайяншаванда бандакҷоиишинҳон шахпш соҳи
би васл шаванд, артикль қабул намекунад:

,… мо колхозамонро, ки дар мусобиқа имсол ҷои аввалро гирифт, боз ҳам мустаҳкам менамоем («Тоҷикистопи Советӣ»). Агния Астафь-евна мулоим хапдиду ба паси пардаи хопачаи дорусозиаш, ки дар як гушаи дигари утоқ воқеъ буд, гузашт (Ниёзи).

10. Дар ибораҳои изофй исми муайяншавандаро ҷонишинҳои пред-
метй эзоҳ диҳанд, артикль ба муайянкунанда васл намешавад.

Аз ҳар як сатру саҳифаи ахбороти Бюрои информационии Советӣ нидои хоки муқаддаси мо, ҳамватанони азизи мо шунида мешуд, ки ҳамаро ба ҷанг, ба муборизаи умумихалқи даъват мекард (Ниёзӣ). Соидҳои у, ки монанди моҳии тиллоӣ фарбеҳ, сурх ва шаффоф буданд, дар чида гирифтани бандчаҳои пахта … аҷаб як манзараи дилраборо нишон медоданд (Айнӣ). Табиб.аз ҳавлии Аҳмадхоҷа баромада, рост ба ҳавлии худаш, ки дар гузари Мехчагарон буд, рафт.

11. Дар ибораҳои изофии исму исм калимаи муайяншаваида, ки бар эзоҳи он ҷумлаи пайрав омадааст, артикль қабул намекунад: Ман чизе нагуфта хати Қосимҷонро, ки ҳанӯз дар дастам буд, ба ӯ дароз кардам (Толис).

12. Ба исмҳои муайяишавандаи ҷумлаи пайрав, ки калимаҳои ишоратии мазкур, зайл, зерин, боло бо бандаки изофй тобеъ шудаанд, артикль васл намешавад: Мужики мазкур, ки шикамаш аз ҳосили замини хароб сер нашуд ва барои дурусттар кор кардан асбоби дуруст
ҳам надошт, маҷбур шуд, ки бо ҳаққи арзон замиии соҳиби собиқи худашро ронад ва боғчаи ӯро гардонад (Айнӣ). Иброҳимбек ба мазмуни мактуби боло, ки ба шарҳ кардан ҳеҷ ҳоҷат надорад, ҳошияҳо ва иловаҳо баста, ба ҳама қурбошиёни атроф навишта фиристед (Айнӣ).

Артикли -е. Дар қисми якуми ҷумлаи мураккаби пайваст артикли -е омада, ногузирии ҳиссаи дуюми ҷумлаи мураккабро далолат мекунад. Ҷумлаи соддаи дуюм хусусияти шарҳу эзоҳ пайдо мекунад:

Аз берун ашӯлахонии касе шунида шуд ва баъди як дам ба правления як ҷавони ба назар понздаҳ-шонздаҳсолаи тозарӯ ва шӯхчашм дохил шуда, Нуралиро аз ҳоли танг баровард (Улуғзода). Рӯзи дигар газетаи «Норак» дар саҳифаи аввали худ бо унвони «Булдозери парранда» репортажи аҷибе ҷой карда буд ва дар он корнамоии дирўзаи Ориф муфассал нақл карда мешуд (Акобиров). Чанде муқаддам дар Тошканд ба шарафи ташкил ёфтани республикаҳои миллин советии Осиёи Миёна намоише барпо шуд ва намоишчиён шабона бо машъалҳо мегаштанд (Улуғзода). Аз пеш аввал паровоз, пас садои қадами аспҳо, таконхӯрии фойтуне шунида шуд ва фурсате нагузашта фойтуни болопӯшнок аз назди Пӯлод гузашта рафт (Раҳим Ҷалил).

Артикли -е аломати муҳимми структурии ҷумлаи муракка-би тобеъ бо ҷумлаи пайрави муайянкунанда буда, дар алоқаи ин ҷум-лаи пайрав бо сарҷумла иштирок менамояд, чунки ҳам артикль ва ҳам чумлаи пайрав вазифаи ҷудокунӣ доранд ва барои чудо намуда-ни исми муайяншаванда аз гурӯҳи ҳамҷинсон ва конкрет намудани он хизмат мекунад:

  1. Муллое, ки иавбати қабулро ба ман дода буд, маро дар роҳрав дида гуфт (Айнӣ).
  2. Бо ин боронҳои дам ба дами баҳорӣ хомаҳои реги равон, ки дар айёми гармии тобистон монанди кӯхи оташ гардида, бо андак бо-де ба ҳар тараф ҳаракат мекарданд, ҳоло вазнин шуда ором гирифта буданд ва оташи туғьёнашон фурӯ нишаста буд (Айнӣ).

Дар ҷумлаи якум исми муайяншаванда аз ҳамҷинсонаш чудо кар-да шуда, бо аломате, ки чумлаи пайрав дарбар мегирад, аз онҳо фарқ мекунад, вале дар чумлаи дуюм чумлаи пайрав аломатеро ифода ме-кунад, ки ба предмети муайян мансуб аст, бинобар ин исми муайян-шаванда бе артикль воқеъ гардидааст. Азбаски вазифаи асосии артик-ли -е ҷудо кардан аст, вай асосан бо исмҳои ҷинс меояд. Ҷонишини шахси сеюми ҷамъ ҳам маънои умумӣ дорад, бинобар ин артикли -е доираи онро маҳдуд ва ҷумлаи пайрав аломати ҳамин гурӯҳи махдуд-ро возеҳ мекунад:

Деҳқононе, ки ба сари оббурда баргашта омада буданд, дар ним соат он ҷоро бо хок гӯрониданд… (Айнӣ). Афсонае ба ёдам мерасад, ки дар бачагӣ падарам гуфта буд (Муҳаммадиев). Онҳое, ки лаб-ла-би чӯй мерафтанд, ба ҷое рост омаданд, ки об аз ду ҷой роши ҷӯйро бардошта, тамоман ба тарафи киштзор гузаштааст (Айнӣ).

Бо исмҳои хос ва ҷонишинҳои шахсӣ омадани артикли -е дар забони тоҷикӣ маъмул нест, фақат бо ягон нияти услубй вокеъ мегар-дад. Дар ин гуна мавридҳо муайяншаванда задаи мантиқӣ гирифта, аз байни дигар аъзоҳои ҷумла ҷудо шуда меистад:

Одинае, ки ду дақиқа пештарак барои фаҳмидани хабаре шахси ношиносро бо тадбире бар сари матлаб овард, ҳозир бо як нигоҳ ба ӯ ошнои дерина шуда баромада буд (Айнӣ). Онҳое, ки пеш-пеши дас-та меояид, роҳро хеле хуб медоианд («Садои Шарк»).

Дар ҷудо кардани исми муайяншаванда ва ба ин восита ба қавитар гардидани алоқаи калимаи муайяншавандаю ҷумлаи пайрав мақоми ҷонишинҳои ишоратӣ, ки ҳамчун калимаи ҳамнисбат хиз-мат мекунанд, калон аст. Ба ин вазифа ишорачонишинҳои ин, он, ҳа-мин, ҳамон, чунин, чунон, ин (он) гуна, ин (он) хел, ҳамин (ҳамон) хел, ҳамин (ҳамон) гуна истифода мешаванд. Ҷонишинҳои ишоратии ҳамнисбат аз ҷопишинҳои ишоратии дигар бо ин хусусияти худ фарқ мекунанд, ки муайяншаванда бо артикль ё ишораҷонишин ояд^ сарҷум-ла хусусияти номустақилии структурӣ ва маъноӣ (синсеманти) пайдо мекунад, шарҳи аломати муайяншаванда ҳатмй мегардад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *