Фанни Забони точики

Марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол

Баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони давлатии мо дар ҷомеа беш аз пеш нақши ҳалкунанда мебозад. Пеш аз ҳама, вақте ки як давлат ба Истиқлолият мерасад, бештар ба анъанаҳову сарчашмаҳои бунёдии давлатсозии худ муроҷиат мекунад ва бинобар ҳамин беасос набуд, ки забони тоҷикии мо — забони модарии мо ҳам, баъд аз ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи бисёр бунёдӣ пайдо кард ва дар баробари забони русӣ, ки қаблан забони расмии мо буд ва дар даврони истиқлолият ҳам мувофиқи Қонуни асосӣ забони муоширати байни миллатҳо мебошад, нақши худро хеле боло бурда, ҷои ҳуқуқии худро дар ҷомеа пайдо кард. Тавре ки мову шумо медонем, имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар соли 2009 панҷуми октябр қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст. Ҳангоми тарҳрезӣ ва баррасии ин қонун меъёрҳои байналмилалии истифодаи забонҳои мухталифи ҷаҳон дар назар гирифта шудааст ва дар Тоҷикистон як сиёсати бисёр пайгиронаи забонӣ вобаста ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад.

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма мегирад. Биноан, марҳилабандии инкишофу густариши забони тоҷикиро дар даврони Истиқлол метавон шартан чунин тақсим кард.

  1. Забони тоҷикӣ дар даврони бозсозӣ ва солҳои аввали Истиқлол (солҳои 1985-1992)
  2. Забони тоҷикӣ дар даврони гузариш (солҳои 1993-2000)
  3. Забони тоҷикӣ ва давраи созандагиву бунёдкорӣ (солҳои 2000-2010)

Талошу сайъу кӯшиши зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик барои аз бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ берун баровардани забони тоҷикӣ бо шурӯи давраи бозсозӣ ва фароҳам шудани имконияти ошкорбаёнӣ ва ба таври аланӣ рушд ёфтани бедории миллӣ оғоз гардид. Дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаракат ва наҳзати истиқлолхоҳӣ бештар аз ҳама хусусияти фарҳангӣ дошта, дар навбати аввал бозгашт ба анъанаҳои миллӣ ва дигар унсурҳои пешқадами миллиро тарғиб мекард. Ҳаракати дар баробари забони русӣ ба забони тоҷикӣ додани мақоми расмиву давлатӣ дар нимаи дувуми солҳои 80-уми асри XX аниқтараш дар соли 1987 бо чопи мақолаҳо дар ин мавзӯъ дар матбуоти кишвар сар зад.[1] Зери таъсири чунин иқдомҳо ва шояд барои паст кардани шиддати вазъият дар моҳи майи соли 1988 қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон (№127 аз чоруми ноябри 1988) «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар баробари густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд. Вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳумин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Баъд аз чанд рӯзи қабули қонуни «Тадбирҳо…» оид ба иҷрои Қонуни забони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз тарафи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ба се забон — тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ (№142, аз 11 августи соли 1989) қабул гардид. Ин «Тадбирҳо» барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохта буд: «Муқаррар карда шавад, ки дар органҳои ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо дар давраи гузариш аз соли 1990 то соли 1995 коргузорӣ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ буда, аз якуми январи соли 1996 ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Дарин муддат коргузории органҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идораҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба забони давлатӣ гузаронида мешавад»[2] Минбаъд то тағийру дароз кардани иҷрои баъзе бандҳои ин «Тадбирҳо…» он як ҳуҷҷати расмӣ барои таъмин намудани иҷрои Қонуни забон ва густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ буд. Дар ин тадбирҳо чораҳои ба зергурӯҳҳо тақсим кардани гурӯҳҳои таълимӣ, ки шумораи таълимгирандагони онҳо аз 25 нафар зиёд буданд, ҷорӣ намудани дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ғайритоҷикӣ, тарбия кардани тарҷумонҳо, чопи дастуру фарҳангномаҳо ба забони тоҷикӣ ва як силсила тадбирҳои дигар пешбинӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар муддати солҳои 1989 аввали соли 1992 барои тадбиқи ин «Тадбирҳо…» корҳои зиёде амалӣ гардид, вале бо муташанниҷ гардидани вазъи ҷумҳурӣ ва сар задании ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иҷрои ин «Тадбирҳо…» ба таъхир афтод ва ҳатто дар солҳои баъдӣ пасравӣ аз иҷрои он, кам кардани соатҳои дарси забони тоҷикӣ, бастани маҳфилҳои забономӯзӣ, бештар шудани истифодаи забони русӣ дар коргузории расмӣ вағ. мушоҳида гардид. Бо оғоз шудани ҷангҳои шаҳрвандӣ ва муташанниҷ гардидани вазъияти ҷумҳурӣ марҳилаи аввали татбиқи Қонуни забон ва инкишофу густариши забони тоҷикӣ ба охир мерасад.

Вақте ки Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистонро 22 июли соли 1989 қабул гардид, Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат вуҷуд дошт, ки сиёсати забонии ҳамаи ҷумҳуриҳои бародарӣ аз як марказ идора мешуд ва албатта қонуни забоне, ки дар Тоҷикистон қабул гардид, яке аз қонунҳои аввалин дар сатҳи Иттиҳоди Шуравӣ буд. Баъд аз Ҷумҳурии Эстония дувумин Қонуни забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва албатта аз сабаби он, ки ин аввалин Қонуни забон буд, дувум он ки Тоҷикистон дар ҳайати як давлати абарқудрат қарор дошт ва ҳама вақт он сиёсати худро вобаста ба сиёсати марказӣ пиёда мекард, ин қонун як силсила нуқсону камбудиҳо дошт. Пеш аз ҳама дар асоси ин қонун ба таври саросарӣ истифодаи се забон дар Тоҷикистон расмӣ шуда буд, яъне ҳам забони тоҷикӣ, ҳам забони русӣ ва ҳам забони ӯзбекӣ. Аксарияти қонунҳои Тоҷикистон, аксарияти он қарору қонунҳое, ки Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул мекард бо ҳамин се забон нашр мешуданд.Аз тарафи дигар, дар ин қонун масъалаҳои бисёр муҳими нигаҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ, масъалаҳои риояи меъёрҳои он дар ҷомеа, яъне бисёре аз масъалаҳои муҳиму бунёдие, ки барои инкишофи забон роҳи васеъ мекушод, мутаассифона дарҷ нагардида буданд.Албатта, дар ҳамон давра, дар ҳамон замон қабули Қонуни забон як қадам ба пеш барои ҷомеаи мо буд. Мардуми Тоҷикистон ба як шӯру шавқ ин қонунро ҷонибдорӣ кард, ба ташаббуси устоди зиндаёд, Зафар Нозим Бунёди забон таъсис гардид, дар тамоми муассисаҳои Тоҷикистон курсҳои забономӯзӣ ташкил гардид. Баъди ба сари кор омадани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон декабри соли 1992 ва нисбатан ором гарифтани вазъият дар Тоҷикистон ҳамоно Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайи тақвияти масъалаҳои забон гардид ва ҳамасола ҷашни Қонуни забон таҷлил мегардид, ҳамасола вобаста ба татбиқи Қонуни забон чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал пиёда мегардид. Ба вазъи номусоид ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда, дар соли 1994 қарори Шӯрои Олӣ дар бораи гузаронидани ҷашни забон дар шароити фавқулода ба имзо расид.[3]

Баъдаз ба андозае мусоид шудани вазъи сиёсӣ ва рушди иҷтимоӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Қонуни забон ва рушди густариши забони тоҷикӣ ба иқдому чорабиниҳои ҷиддӣ пардохт. Пеш аз ҳама бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №142 муддати давраи гузаришро дар татбиқи Қонуни забон, ки мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (№142 аз 11 январи соли 1989) якуми январи соли 1996 муқаррар шуда буд, то моҳи декабри соли 1999 тамдид намуд. Дар асоси ин қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 23-юми феврали соли 1996 ба Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1989 № 142 тағйироту иловаҳо ворид кард. Масъалаи густариши забони давлатӣ ва татбиқи Қонуни забон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус баррасӣ гардида, дар ин бора 2 июни соли 1997 № 256 қарори махсус қабул гардид. Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсея ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламравӣ Ҷумҳури Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 459 қабул гардид. Имлои нави забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998 № 355 тасдиқ гардид.

Дарохири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффакияҳои бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Президенти кишвари дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забони Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шурӯъ карда ҷараёни гузариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт. Махсусан қабули оинномаҳо, амру фармонҳо ба забони тоҷикӣ ва тасдиқ шудани онҳо дар Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони давлатӣ дар қувваҳои мусаллаҳ аҳамияти калоне доштанд. Инчунин сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон (Вазорати молия, Вазорати савдо ва рушди иқтисод, бонкҳо) низ оҳиста-оҳиста рӯ ба забони тоҷикӣ оварданд ва санаду ҳуҷҷатҳои худро ба забони давлатӣ гузарониданд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикии хеш ба муносибати Рӯзи забон дар соли 2003 нақши забони давлатиро дар рушд ва инкишофи ҷомеа чунин арзёбӣ кард: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳилаи кӯтоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатовариро адо намуд.»[4]

Нимаи дувуми солҳои 2000-2010 дар таърихи рушду густариши забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлол шояд аз солҳои пурсамартарини инкишофи забони давлатӣ бошад. Агар ба таври мухтасар ба ин давра равшанӣ андозем метавон гуфт, ки ин солҳо солҳои таҳкимӣ раванди густариши забони модарии мо дар маснади забони давлатӣ мебошад. Соли 2004 70 солагии Институти забон ва адабиёт дар сатҳи баланд таҷлил гардид ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари арҷгузорӣ ба забони модарӣ дар назди зиёиён ва махсусан кормандони Институти забон ва адабиёт як силсила вазифаҳои мушаххас гузошта, ин муассисаи илмиро ҳамаҷониба ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози моддӣ мавриди пуштибонӣ қарор дод: «Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм сохтани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад. Ҳамчунин зарурати эҷод ва эҳёи забони илмии тоҷикӣ кайҳо расидааст, ки ин ҳам аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини муҳаққиқонон ва зиёиён, аз ҷумла Институти забон ва адабиёт аст»[5]

Минбаъд барои рушду такомули забони тоҷикӣ дар назди муҳаққиқон як силсила вазифаҳои ниҳоят муҳим, таҳияи «Фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд соли 2008 чоп шуд), таҳияи «Донишномаи Рӯдакӣ» ки ду китоби он соли 2008 чоп шуд, гузошта шуд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» дар шаш ҷилд оғоз гардид. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2007 соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва якҷо бо 1150 солагии устод Рӯдакӣ дар саросари кишвар таҷлил гардид. Татбиқи тамоми ин тадбиру чорабиниҳо ва рушду густариши бемайлонаи забони давлатӣ дар ҷомеаи зарурати бозбинии ҷадиди куллиеро дар самти дурнамои инкишофи забон ва қабули қонуни нави забон ба вуҷуд овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ин қонунро барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қайд намуда зарурати пешниҳоди лоиҳаи навро зарур дониста, ҳадаф ва мақсади қабули онро низ ба таври возеҳ нишон дод: «Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шӯравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст…»[6]

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як силсила қарори тадбирҳои мушаххас бобати беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва татбиқи марҳила ба марҳилаи қонуни забони тоҷикӣ дар Комиссияи татбиқи қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиди қонун ва таҳияи қонуни нави забон комиссияи махсус таъсис дод, ки муддати солҳои 2007-2008 матни қонуни нави забонро бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

5-уми октябри соли 2009 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар Қонуни забони пешин набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва ин қонун ман фикр мекунам, яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чунки ҳангоми таҳияи ин қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто кишварҳои араб, кишварҳои Аврупо, то Лаҳистону то тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар назар гирифта, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд. Акнун, ки ин қонун мавриди амал қарор гирифтааст, роҳи васеъ барои инкишофи забони модарии мо ҳамчун забони давлатӣ боз хоҳад шуд.

Махсусан пешниҳодҳои судманди Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ӯ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5-октябри соли 2010) барои рушду густариши забони модарии мо шароити мусоид фароҳам хоҳад овард. Таҳияи як Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ бо дар бар гирифтани тамоми масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ аз қабили ба забони илм табдил додани забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳот, кампютерӣ кардани забони тоҷикӣ, забони давлатиро фаро гирифтани мансабдорони давлатӣ ва аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштани шахсоне, ки ба вазифоҳои давлатӣ таъин мешаванд, таъсиси «Конуни забони тоҷикӣ ва омузиши забонҳои хориҷӣ» дар Китобхонаи миллӣ. Барои рушди забони давлатӣ роҳи васеъ кушод.

Масъалаи дигари бисёр муҳим барои сарнавишти забони тоҷикӣ имрӯз таҳияи дуруст ва ба тартиб овардани имлои забони тоҷикӣ мебошад. Бар уҳдаи Комиссияи имло, ки имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, вазифаи басе пурмасъулият гузошта шудааст.

Тавре ки Президенти кишвар дар ин суханронӣ бори дигар таъкид намудаанд: «Имрӯз бо қаноатмандӣ бояд таззакур дод, ки бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия гардиданд, ки пас аз баррасии ниҳоӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд» [7]

Пешаз ҳама дар таҳияи имлои нави забони тоҷикӣ хусусиятҳои таърихии рушди онро аз давраи пешин то имрӯз ба назар гирифта, хатову иштибоҳҳоеро, ки дар солҳои пешин зери таъсири омилҳои сиёсии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ (иловаҳои ҳарфҳои хоси забони русӣ, ки ҳанӯз ҳам бо номи сунъии- «ётбарсарҳо» боқист, ва махсусан бесарусомонӣ дар истифодаи садонокҳои ӯ ва ӣ ва ғайра) таҳиягарони имлои забон роҳ дода буданд, бояд дар асоси пажӯҳишҳои дақиқи илмӣ бартараф карда шаванд. Акнун дар даврони Истиқлол вақти он расидааст, ки ақидаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар бораи имло тадбиқ карда шавад, ки дар мақолаи худ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952 гуфта буд: «Дар ягон забони маданӣ ва аз ин ҷумла дар забони русӣ дар навиштан талаффуз асос гирифта нашуда бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ талаффузро асос гирифта, масалан, ба ҷои калимаҳои «анбор, занбар, ҷунбидан» — «амбор, замбар, ҷумбидан» менависанд. Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост».

Даростонаи ҷашни 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври самарабахш татбиқ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикору ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷаллаи «Забоншиносӣ» ва таҳияи як Барномаи мукаммали густариши забони тоҷикӣ барои боз ҳам густариш ёфтани забони модарии мо аҳамияти ҳалкунанда дорад, зеро мо тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати ҷашни «Рӯзи забони давлатӣ» фармуданд: «Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд.

Ҳаряк фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гаҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.»[8]

  1. Дузабонӣ талаби ҷомеа аст.// Мақолаи дастҷамъонаи устодони Институти педагогии шаҳри Хуҷанд ҳоло Донишгоҳи Давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров// Газетаи «Муаллимон», 19 майи соли 1987.
  2. Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони РСС Тоҷикистон, Душанбе, 1989, саҳ 13.
  3. Ниг. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи забон» // Ҷумҳурият, 16 июли соли 1994
  4. Номаи табрикии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон // Ҷумҳурият, 24 июли соли 2003
  5. Суханронии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат. // Ҷумҳурият, 25 марти соли 2004
  6. Ҷомеа ва рисолати зиёӣ.Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар.// Ҷумҳурият, 21 марти соли 2009
  7. Бузургдошти забони давлатӣ арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 октябри соли 2010 // Ҷумҳурият, 9 октябри соли 2010.
  8. Бузургдошти забони давлатӣ арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 октябри соли 2010 // Ҷумҳурият, 9 октябри соли 2010.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *