Фанни Забони точики

Забони тоҷикӣ ва вазифаҳои он дар даврони истиқлол

Баъд аз эълони Истиқлоли давлатӣ вазифаҳои забоншиносони тоҷик ба куллӣ тағйир ёфт. Шароити нав ва зарурати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони тоҷикиро ба миён овард. Бояд гуфт, ки дар зарфи 18-соли истиқлолияти давлатӣ дар илми забоншиносии мо дигаргуниҳои амиқе ба вуҷуд омад, ки онро метавон ба таври фишурда чунин арзёбӣ кард:

Дардаврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар[1], суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун[2] дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.

Дастовардҳои асосии моро дар даврони Истиқлол метавон ба таври фишурда ба шакли зер гурӯҳбандӣ кард:

1.Ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ;

2.Таҳияи як силсила асарҳои муҳим дар бахши забоншиносии тоҷик. Махсусан, асарҳо оид ба таърихи забони тоҷикӣ[3], забони муосири тоҷикӣ[4], фарҳангу луғатномаҳои гуногун «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Донишномаи Рӯдакӣ» ва ғайра[5].

3.Ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ.

Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад»[6]. Дар ин гуфтаҳои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муҳим нуҳуфта аст. Аввалан, Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба забони муоширати байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал шавад.

Акнун баъд аз гузашти солҳо давлати миллии мо бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён ва фарҳангиёни тоҷик ба хотири равнақу инкишофи забони тоҷикӣ ва ба ҳамин восита пешрафти фарҳанги миллӣ вазифаҳои бомасъулиятро мегузорад. Имрӯз, ки мо дар остонаи 20-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, бояд ба назари интиқодӣ таҳқиқоту пажӯҳишҳои забоншиносии худро таҳлилу баррасӣ намуда, самтҳои асосӣ ва бунёдии густаришу такомули илми забоншиносии тоҷикро муайян намоем:

Таҳрир ва такмили Қонуни забон. Забони миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Ба касе пӯшида нест, ки дар давраҳои пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ дар таъмини ваҳдату ягонагии миллат парчами муборизони роҳи озодӣ ва истиқлол мегардад. Аз ҷумла, халқи тоҷик дар охири солҳои 80-ум муборизаи хешро баҳри истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ карда буд. Ва бояд зикр кард, ки Қонуни забон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид.

Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳанги миллӣ қайд намуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни Қонуни забон ин нуқтаро хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт».[7] Имрӯз ин Қонун рисолати таърихии худро иҷро кардааст. Таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва ба шароити имрӯзаи инкишофи забон мутобиқ кардани он, ки 22 июли соли 1989 қабул шуда буд, яке аз мубрамтарин масъалаҳои инкишофи забони мо мебошад. Тавре ки Президенти кишвар дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2009) фармуданд: «Итминони комил дорам, ки қабули қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои дигар дар иртибот ба забони миллӣ як силсила монеаҳои мавҷудаи сунъиро дар ин самт барканор сохта, марҳалаи воқеан навро дар таҳким ва рушди забони давлатӣ оғоз хоҳанд кард.»[8]

Дартаҳияву таҳрири Қонуни забон бояд асоси қонунгузории давлатии сиёсати забон дар назар гирифта шавад, ки он аз додани аҳамияти бештар ба забони давлатӣ ва ба шароити якзабонӣ ё монолингвизм мувофиқ кардани Қонун иборат аст. Пешниҳоди Президенти кишвар дар бобати тағйири номи Қонуни забон ба шакли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қобили дастгирии ҳамаҷониба аст.

Забони адабӣ ва меъёрҳои он. Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он яке аз масъалаҳои муҳими илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳамияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мутаассифона, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ҳанӯз мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он, ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайё аст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълим, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандзабона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси забоншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғ) муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди тадқиқотӣ ба анҷом расидааст. Аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Роҷеъ ба меъёрҳои забони адабии гуфтугӯӣ то кунун коре ба майдон наомадааст. Дар забоншиносии муосири тоҷик то кунун тадқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд накардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди тадқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.

Боядгуфт, ки дар иҷрои тамоми вазифаҳои давлатӣ оид ба инкишофи илми забоншиносӣ ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳамчун маркази муҳимми миллии ҳамоҳангсози татбиқи сиёсати забонии давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҷои ифтихор аст, ки аз ҷониби Президент Институти забон ва адабиёт ба сифати чунин як марказ интихоб шуда, вазифаҳои он низ барои оянда ба таври муфассал барномарезӣ шудааст: «Аз ин рӯ зарур аст, ки нерӯи илмии институти зикршударо афзун сохта, онро ба муассисаи ягонаи омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои забони давлатӣ табдил диҳем. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки тавассути Институти мазкур чунин масъалаҳои вобаста ба рушди забони давлатӣ мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор дода шаванд:

-танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;

-таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;

-таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;

-таҳия ва нашри грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;

-нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;

-таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.»[9]

Сарчашмаҳои таҳқиқи вожагони забон. Ба андешаи мо истифодаи манбаи миллӣ аз бахшҳои гуногун иборат мебошад ва онҳо дар фаъолияти амалӣ бояд дар назар гирифта шаванд. Пеш аз ҳама дар баробари додугирифт ва муносибатҳои забонӣ, иқтибоси калимаву истилоҳоти забонҳои бегона, ки дар муносибати байни забонҳо ҳодисаи маъмулист, дар тамоми забонҳои дунё ба манбаъ ва сарчашмаи миллӣ бартарӣ ва афзалият дода мешавад, ки ин равиши дуруст ва асоснокшудаи илмӣ мебошад:

-Истифодаи ҳадди аксари сарватҳои луғавии забони адабии ҳозира ва ҷалби маводи луғавии барои аксарияти мардум фаҳмо аз лаҳҷаҳо, истилоҳоти касбӣ ва ҳатто унсурҳои алоҳидаи забони гуфтугӯӣ;

-Истифодаи забони адабиёти классикӣ. Ин манбаъ дар назди забоншинсон чунин вазифаро мегузорад:

а)Пеш аз ҳама бояд забони осори боқимонда аз оғози шаклгирии забони форсии дарӣ аз дидгоҳи вожагузинӣ таҳқиқ шавад. Яқин аст, ки дар он ганҷина вожаҳои ноб ва усулҳои нодири вожагузинии нуҳуфта ва ё ноёфта ҳанӯз бисёр аст. Забони тоҷикии форсии дарӣ дар он давра ҳанӯз беолоиш ва дар ҷушу хурӯши ҷавонӣ ва зояндагӣ буд.

б)Ҷустуҷӯ дар девони шоирони бузурги он давра ва баъди он мисли Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Камол, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва чанд тани дигар, ки осорашон яке аз манбаъҳои асосии вожаҳо ва истилоҳоти забони форсии дарӣ ва шеваҳои калимасозии меросӣ ва шоиронаи ғайричашмдошт мебошанд;

в)Мутолиа ва баррасии таркиби луғавии забони осори достонҳои омиёна, сафарномаҳо. Нависандагони ин асарҳо аз дарборҳо дур ва ба таври куллӣ аз сабку тарзҳои нигоришоти печида ба саҷъҳо ва луғоту истилоҳоти арабӣ озодтар буданд. Гузашта аз ин онҳо бисёр вожа ва истилоҳоти манотиқи гуногун ва ҷорӣ дар байни мардумонро, ки нависандагони «забонсози» расмии асрҳои миёна онҳоро ҳамчун вожаҳои омиёна дар таълифоти хеш ҷой намедоданд, дар китобҳои худ дарҷ кардаанд ва бисёр имкон дорад аз байни онҳо ва ё усулҳои калимасозии онҳо баъзе луғатҳои мавриди ниёзи замони мо пайдо ва ё сохта шавад.

г)Таҳқиқ ва таҳлили фарҳангҳо, махсусан луғатномаҳои оғози фарҳангсозии забони форсии дарӣ аз нигоҳи вожагузинӣ ва истилоҳшиносӣ ва амсоли он.

Хушбахтона имрӯзҳо садҳо пажӯҳишгарони риштаҳои гуногуни илму дониш дар Тоҷикистон ва Эрону Афғонистон машғули омӯзиши ин мероси фарҳангӣ мебошанд. Фақат лозим аст, ки донишмандони муҳтарам зимни баррасии масоили мавриди назари хеш ба ин мавзӯъ низ каме бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин фаъолияти муштараки илмӣ саҳми худро гузоранд. Зеро вазъи мавҷудаи истилоҳоти хоси донишҳои гуногун дар маҷмӯъ вазъияти умумии истилоҳоти ҳар забонро ташкил мекунад.

-Истифодаи забонҳои бостонии форсӣ.

Баназари мо аз сарчашмаҳои бостонӣ бояд бисёр эҳтиёткорона кумак гирифт. Аввал он ки барои дарки арзиш ва маънои аслии таъбирот ва истилоҳоти он забонҳо ногузир бояд ба таври амиқ дар таърихи соҳибони ин забонҳо, адён ва умуман таърихи забон фурӯ рафта таҳқиқ кунем, ки дар кадом риштаҳои илму дониш онҳо борвар буданд. Ҳол он ки китобҳои илмии аз он забонҳо боқӣ монда бисёр андак мебошанд ва агар чизе ҳам дар даст аст ба ин усул ҷавоби равшан намедиҳад.

Азин ҷиҳат ба такрор мегӯем, ки луғот ва истилоҳоти мавриди ниёзи имрӯз ва усулҳои сохтмони онҳоро бояд дар бомдоди ташаккул ва такомули забони форсии дарӣ ҷустуҷӯ кард. Зеро дар баробари вожагони нави забонҳои ғарбӣ қарор додан ва зинда кардани вожаҳои маҳҷур ва камошнои форсии дарӣ барои забони мо зоҳиран манфиати бештар хоҳад дошт, аз он ки барои онҳо аз калимаҳои ноошно ғайримаъмул ва душворфаҳми забони арабӣ ва ё забонҳои бостонӣ муодил баргузинем.

-Истифода аз захоири луғот ва истилоҳоти навсохти ҳамзабонон. Азбаски нуфуз ва истифодаи «наввожаҳо»-и форсӣ имрӯзҳо дар ҳоли густариш аст, бинобар ин забони тоҷикӣ бояд муносибати худро ба ин луғот ба таври куллӣ муайян намояд.

Имрӯз барои забоншиносони тоҷик шароит фароҳам аст, ки таҷрибаву бозёфтҳо ва захираҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, форсӣ ва дариро олимона таҳлилу баррасӣ карда, муносибтарин ва озмудатарини онҳоро баргузинанд. Ҳамгунсозии риштаҳои илму фан ва технология ба далели таъсири забонҳои гуногун ва анъаноти истилоҳсозии асрҳои охир дар замони мо фурсат ва заҳмати бештарро талаб мекунад.

Азин рӯ набояд яке аз ин шохаҳоро бар дигаре тарҷеҳ дод. Баръакс, ба андешаи мо имрӯзҳо, ки дар истилоҳсозӣ ҳама гирифтори мушкилоти муштаракем, бояд талош варзид, ки ҳатто вижагиҳои луғавии минтақавии форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ бетаассуб таҳқиқ ва тафтиш шавад, то бошад ки бо кумаки ҳамдигар мушкилоти нави хешро ҳам дар ин ришта ба мисли гузаштаҳо бартараф созем.

Забони тоҷикӣ ва забони илм. Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Маҷмӯи истилоҳот ва калимаҳое, ки мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш ба вуҷуд овардааст ва ба кор бурдааст, оинаест, ки дар он шеваҳои зиндагонӣ, фарҳангу тамаддун ва андешаву орзуҳои он инъикос ёфтааст.

Азин нуқтаи назар саргузашти забони тоҷикӣ бисёр ҷолиб аст. Масалан, замоне, ки лашкари Искандари мақдунӣ вориди сарзаминҳои Эрону Осиёи Марказӣ гардид, азбаски бинои миллат ва тамаддуни сокинони онҳо ҳанӯз мустаҳкам буд, бунёд ва пояҳои фарҳанг ва забони ононро аз ҷо беҷо карда натавонист. Вале баъди чандин қарн, вақте ки арабҳо ба ин сарзаминҳо ҳуҷум оварданд, вазъ ба куллӣ дигаргун шуда буд ва забони арабӣ тавонист нуфузи комил ва рахнаи амиқ дар пайкари ин забон боқӣ гузорад. Вале забони тоҷикӣ боз ҳам, назар ба ҳамон пуштибонии фарҳанги нерӯманд ва тавоно то ҳудуде тавонист дар муқобили ҳуҷуми барқосои забони арабӣ худро ҳифз кунад.

Азоғози рушду такомули худ забони тоҷикӣ ба ғайр аз назму наср ва шеъру адаб дар заминаҳои дигар чун матолиби илмиву фаннӣ ва фалсафиву фарҳангӣ, мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои идориву ҳуқуқӣ ба кор рафтааст. Гувоҳи ин даъво китобҳо ва таълифоти фаровон ва гаронбаҳоест, ки дар ҳар яки ин риштаҳо навишта шуда, то имрӯз ба ҷо мондаанд.

Аммобояд иқрор шуд, ки тавоноии забони тоҷикӣ дар гузашта дар заминаи донишҳои қадим ва муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва робитаҳои иҷтимоиву мадании мувофиқ ва муносибат барои он давраҳо будааст. Ҳазорон суханвару суханшинос дар тӯли садаҳо барои ифодаи маъно ва мафҳумҳои гуногун ҳазорон вожаву луғот сохтаанд, ки ҳар кадоми он дар забон ҷойгоҳи баёни дуруст ва расо доштаанд ва шоҳиди беҳтарини ин гуфтаҳо луғат ва истилоҳоти фаровонест, ки аз замонҳо барои мо мерос мондааст ва мо метавонем бо онҳо ҳатто имрӯзҳо як миқдор мафҳумҳои тозаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва илмии мавриди ниёзи худро ифода кунем. Вале дар рӯзгори мо ҳоли ҷаҳону вазъи забон ба куллӣ тағйир ёфтааст, доманаҳои муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва кашфиётҳои илмии башар ба андозае густариш ёфтааст, ки дар ҳар соҳа ҳазор луғату истилоҳоти тоза сохта шуда ва ба кор бурда мешаванд.

Истилоҳот ва забони илм. Аз масъалаҳои дигари муҳими забоншиносии тоҷик масъалаи истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳими инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян даровардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагонии он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт дар нақша дорад, ки дар солҳои наздик «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (дар шаш ҷилд) ва «Фарҳанги русӣ – тоҷикӣ» (дар ду ҷилд)–ро таҳия ва пешкаши хонандагони тоҷик намояд. Инчунин таҳияи якчанд истилоҳномаҳои соҳавӣ низ дар назар аст. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст. Дар ин бора дар суханронии хеш ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2009) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефармоянд: «Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем. Ин амал пеш аз ҳама барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон мебошад.»[10] Тавре ки мебинем, ба таври куллӣ дар ин суханронӣ дар робита ба масъалаҳои номгузории миллӣ, таҳияи истилоҳоти илмӣ, таълими хати ниёгон ва ба як забони тавонои илмӣ табдил додани забони тоҷикӣ Президенти кишвар сухан ронда, масъалаи таҳияи истилоҳоти илмиро на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки «масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон» шумурда, ба муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла Академияи илмҳо ва дигар сохторҳои дахлдор дар роҳи иҷрои ин супоришҳо дастурҳои мушаххас доданд.

Дарин бобат бинобар парокандагии сохторҳои илмӣ, идорӣ ва махсусан нотавонии Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ дар масъалаи таҳияи истилоҳоти илмӣ ба мақсад мувофиқ аст, агар Кумитаи истилоҳот (дар Институти забон ва адабиёт шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот фаъолият дорад) бо Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АИ ҶТ муттаҳид карда шавад. Дар ин сурат таҳқиқи проблемаҳои илмии забони тоҷикӣ (истилоҳот ҷузъи таркибии илми забоншиносӣ мебошад) таҳияи истилоҳоти илмӣ ва ҳамгунсозии истилоҳот беҳтар ба роҳ монда мешавад.

Азтарафи дигар масъалаи таҳияи асарҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ (махсусан дар бахши илмҳои дақиқ) бояд ҳарчи зудтар ба таври расмӣ баррасӣ шавад ва роҳи ҳалли расмии худро ёбад. Ҳалли ин масъала агар аз як тараф барои ба забони илм табдил ёфтани забони давлатӣ мусоидат кунад, аз тарафи дигар барои таблиғу тарвиҷи илмҳои дақиқ дар Тоҷикистон замина фароҳам меоварад.

Пажӯҳиши забонҳои эронӣ. Таҳқиқи забонҳои эрониро аз давраи бостон то имрӯз бояд ҳамаҷониба тақвият ва густариш дод. Хушбахтона, аксарияти забонҳои эронӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Тавре, ки Президенти кишвар дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» мефармояд: «Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихи зинда аст. Чандин забонҳои қадимаи мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таърихи забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳарчи беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ, омӯхтан зарур аст.» [11]

Суннатҳои маҳаллии мардуми Бадахшон ва Яғноб низ идомаи суннатҳои гузаштаи шарқии зронӣ, ба вижа суғдиву бохтарӣ мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми суннатҳои шарқи эронӣ дар ин минтақаҳо хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Аҳамияти пажӯҳиши гуногунҷабҳаи забоншиносии ин забонҳоро ба назар гирифта, Президенти кишвар мефармояд: «Ба назарам, дар натиҷаи таҳаввулоти давраи нави таърихи миллатамон шояд забонҳои помирӣ бар асари марҳалаи сифатан нави равобит ва таъсири мутақобил тағйиру таҳаввули ҷиддии ногузир хоҳанд дид, вале мо бояд кӯшиш кунем, ки ин забонҳо ҳамчун сарвати маънавии халқамон ҳифз шаванд.»[12]

Имлова масъалаҳои он. Аслан, имлои забони тоҷикӣ, ки 3 сентябри соли 1998 қабул гардида буд, камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ дорад. Пеш аз ҳама имлои забони адабиро аз унсурҳои маҳаллӣ ва хусусиятҳои хоси овоии алифбои русӣ озод кардан ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин, равиши аз ҳама беҳтари таҳияи имлои нав барои забони адабӣ истифодаи унсурҳои миллии классикӣ ва таърихии забони мо, махсусан ба тартиби овоии табиии забон мувофиқ кардани он мебошад. Инчунин ҳарфҳои зиёдатии алифбои кунуниро (аз қабили ётбарсарҳо), ба ақидаи ман бояд ҳазф кард. Ба ғайр аз ин вақти он расидааст, ки садонокҳои забони тоҷикиро махсусан ӯ- и дароз ва у-и кӯтоҳ, й-и тибқи меъёрҳои забони адабии тоҷик ба як меъёри муайян дарорем. Ҳоло дар Институти забон ва адабиёт Комиссияи имло дар баробари таҳқиқи масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ ба таҳияи «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» машғуланд, ки то соли оянда анҷом ёфта, дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлол нашр хоҳад шуд. Хулоса, масъалаҳои имло бояд ҳарчи зудтар баррасӣ шуда, проблемаҳои баҳсноку ҳалталаби он бо иштироки васеи олимону донишмандон ҳал карда шавад.

Тарбияи кадрҳо. Дурнамои рушди на танҳо илми филологияи тоҷик, балки умуман илми тоҷик пеш аз ҳама ба сатҳи тайёрии касбии донишмандони ин ришта сахт марбут аст.

Бинобар ин тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ аз масъалаҳои муҳимтарини мо мебошад. Сол аз сол бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду сармоягузории илм аҳамияти зиёде медиҳад. Аз ҷумла, вазъи Институти забон ва адабиёт рӯз аз рӯз беҳтар мегардад ва кадрҳои ҷавон низ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб мешаванд. Вале баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар бобати аз худ кардани асосҳои забоншиносӣ, таърихи забонҳои эронӣ ва дастовардҳои ахири илми забоншиносӣ хеле зарур аст. Ногуфта намонад, ки аз худ кардани алифбои ниёгон ва ба таври озод мутолиа кардани осори адабиёти классикӣ яке аз талабҳои асосӣ барои кадрҳои ҷавони илми забоншиносӣ мебошад.

Хулоса, вазифаҳое, ки имрӯз аз тариқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ дар назди забоншиносони тоҷик гузошта шудаанд, аз мутахассисони илми забоншиносӣ масъулияти зиёде талаб мекунад. Вале як нукта мусаллам аст, ки иҷрои ин вазифаҳо сатҳи инкишофи забони модарии моро хеле баланд бурда, онро ба як забони тавонои илмӣ табдил хоҳад дод.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *