Фанни Забони точики

Сайри таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ

Забони модарии мо, ки дар даврони истиқлол барои рушду густариши он тамоми имконияту шароит фароҳам шудааст, дар давоми 20-соли истиқлолият ба муваффақияту дастовардҳои чашмгире ноил шудааст. Забони тоҷикӣ имрӯз дар ҳақиқат ба як забони тавонои расмиву коргузорӣ табдил ёфта, тибқи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар моддаи дувуми он) «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Имрӯз забони давлатии мо дар паноҳи давлат қарор дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду густариши он тамоми иқдому чорабиниро дар амал пиёда менамояд. Агар танҳо ба суханрониҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарварӣ то имрӯз назар афканем, мебинем ки масъалаи ғамхорӣ ба забони модарӣ, ҳифозату нигаҳдорӣ ва густариши он чун хатти зарин дар мӯҳтаво ва мундариҷаи ин суханрониҳо дида мешавад. Ҳанӯз дар соли 2005 дар суханронии худ бахшида ба рӯзи забон («Ифтихори миллӣ аз волоияти мақоми забон оғоз меёбад», Ҷумҳурият, 23 июли 2005) чунин изҳор карда буд: «Ба назари ман дар овони истиқлолияти миллӣ пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикию халқӣ, ғанитару суфтатар намудани забони адабӣ ва покизаю беолоиш нигоҳ доштани забони матбуоти даврӣ вазифаи ҷонии зиёиёну аҳли фарҳанг ва ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст мебошад.»

Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳову суханрониҳои хеш ба донишмандон, забоншиносону фарҳангиёни тоҷик дар баробари таҳқиқу баррасии масъалаҳои бунёдии инкишофи забони модарӣ, барои тавсеаву инкишофи минбаъдаи забони тоҷикӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи забон (Ҷумҳурият, 23 июли соли 2009) чунин омадааст: «Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст.»

Торасидан ба ҳолати имрӯзии худ забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш чандин марҳилаву давраҳои рушду инкишофро тай намудааст. Аз рӯи санаду далелҳои забоншиносӣ забонҳои эронӣ, ки забони тоҷикӣ яке аз онҳост, давраи ориёӣ ё ҳиндуэрониро (дар ин давра як забони поя ба номи ориёӣ вуҷуд доштааст) тай карда, сипас ба гурӯҳҳои эронӣ ва ҳиндӣ ҷудо мешаванд. Ин ду гурӯҳи забонӣ дар марҳилаи аввали рушд бо ҳам дар сатҳи лаҳҷа ё гӯиш наздикӣ доштаанд, ки сохтори забонии китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» ва «Ведо»-ҳои ҳиндӣ аз ин наздикӣ шаҳодат медиҳад. (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979. -С. 129-130). Таърихи инкишофи забонҳои эронӣ шартан ба се марҳила ҷудо мегардад:

1.Марҳилаи бостон ё қадимӣ. Ин марҳила аз оғози ҳазораи дувуми пеш аз мелод шурӯъ шуда, то садаҳои IV-III то мелод идома доштааст. Мувофиқи санаду далелҳои то ба ҳол ба даст омада забонҳои эронии давраи бостонӣ – забони форсии бостон, забони авестоӣ (аз номи китоби «Авесто»), модӣ (аз номи қабилаҳои мод) ва скифӣ (аз номи қабилаҳои эронии сакоии ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва даштҳои назди Волга) мебошанд.

2.Марҳилаи миёна ё давраи асримиёнагии рушди забонҳои эронӣ (ин ном шартӣ буда, ба истилоҳи «давраи асри миёна»-и фани таърих иртибот надорад). Ин марҳила аз асрҳои IV-III-и пеш аз мелод то садаҳои VIII-IX баъди мелод идома доштааст. Забонҳои ин марҳилаи рушди забонҳои эронӣ-форсии миёна, портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, аланӣ (сарматӣ), бохтарӣ (кӯшонӣ, тахорӣ ё балхӣ) мебошанд.

3.Марҳилаи нав ё давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ. Ин марҳила аз асрҳои VIII-IX баъди мелод шурӯъ шуда, то имрӯз идома дорад. Забонҳои нави эронӣ тақрибан 40 забонро ташкил медиҳанд, ки онҳо форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ (се гунаи як забон ҳисоб мешаванд), ҳазора, пушту (афғонӣ), осетинӣ (аланӣ), курдӣ, балучӣ, тотӣ, толишӣ, гелонӣ (гилонӣ), мозандаронӣ (табарӣ), забонҳои помирӣ (бадахшонӣ), шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, орошорӣ, сарикӯлӣ, вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, мунҷонӣ, ормурӣ, парачӣ, яғнобӣ (суғдии нав), забонҳо ва гӯишҳои хурди марказ ва ғарби Эрон (яздӣ, габрӣ, натанзӣ, хурӣ, симнонӣ, ласгардӣ, сурхеӣ, сангисорӣ, шемерзодӣ, токистонӣ…) ва дигар минтақаҳои Эрон мебошанд. Баъзе забоншиносон ин гурӯҳбандиро ба гурӯҳҳои забонҳои матруки эронӣ (забонҳои бостонӣ ва давраи миёна) ва забонҳои зиндаи эронӣ ҷудо мекунанд.

Забонҳои эронӣ аз рӯйи талаффузи баъзе овозҳо (овозҳои ҷарангдори б, д, г, (b, d, g), вуҷуд доштан ё надоштани овозҳои с (ц) ва (dж), афтидан ё наафтидани овози ҳ (h) ба гурӯҳҳои забонҳои эронии ғарбӣ (ғарбии шимолӣ – модӣ (марҳилаи бостон), портӣ (марҳилаи миёна), курдӣ, толишӣ, симнонӣ, балучӣ вағ. (марҳилаи нав), ғарбии ҷанубӣ – форсии бостон (марҳилаи бостонӣ), форсии миёна (марҳилаи миёна), форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ, тотӣ, ҳазора, лаҳҷаҳои Форс вағ. (марҳилаи нав) ва гурӯҳи забонҳои шарқӣ (шимоли шарқӣ – скифӣ (марҳилаи бостон), марҳилаи миёна (аланӣ, суғдӣ, хоразмӣ), марҳилаи нав (осетинӣ ё осӣ ва яғнобӣ) ва ҷануби шарқӣ (марҳилаи миёна – сакоӣ, бохтарӣ (кушонӣ), марҳилаи нав – афғонӣ (пашту), мунҷонӣ, забонҳои помирӣ, вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ) гурӯҳбандӣ шудааст.

Азбаски забони авестоӣ ҳам хусусиятҳои забонҳои ғарбӣ ва ҳам хосиятҳои забонҳои шарқии эрониро дорад, он ба ин гурӯҳҳо дохил карда нашудааст. Аз забони бохтарӣ (кушонӣ) ҳам аз марҳилаи бостонӣ санаду далелҳои мушаххас боқӣ намондааст, мисли дигар забонҳое, ки ҳатто аз давраи миёна (пашту, курдӣ, балучӣ вағ.) далел надоранд.

Фарқияти ин ду гурӯҳи забонҳои эрониро метавон дар намунаи зерин баръало мушоҳида кард. Вожаи «пой» дар забони эронии қадим агар дар шакли pāda вуҷуд дошта бошад, он дар форсии бостон дар шакли «pād» ва дар форсии миёна (паҳлавӣ) дар шакли «pāy» ва дар форсӣ ва тоҷикии имрӯз он дар шакли pā(у) таҳаввули овоӣ пайдо кардааст. Ҳамин калима дар гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар намунаи забонҳои сакоии аҳди бостон дар шакли «pād», дар забони аланӣ (осетинии давраи миёнаи рушди забонҳои эронии шарқӣ) ба шакли «fād» ва дар забони осетинӣ (осӣ) ба шакли «fad» тағйири овоӣ пайдо кардааст. Дар нақша ин тағйиротро чунин тасвир кардан мумкин аст.

*pādа (эронииқадим) *pād (форсии бостон) pāу (форсии миёна (паҳлавӣ) pā(у) (забони тоҷикӣ).
*pād (эронии шарқии қадим) *fād (забони аланӣ) fād (забони осетинӣ)

(Основы иранские языкознания. Древнеиранские языки. –М., 1979.-С.84.).

Боядгуфт ки умумияти забонҳои эронӣ ва ба халқҳои эронии форсҳо, модҳо, ариҳо (сокинони Ҳирот ва атрофи он), бохтариён, суғдиҳо фаҳмо будани забонҳои онҳо на танҳо аз тарафи забоншиносон, балки аз тарафи муаррихон ва ҳатто сайёҳон ба таври махсус қайд шудааст. Масалан, Страбон қайд мекунад, ки форсҳо, модҳо, ариҳо ва суғдиҳо дар асри яки мелодӣ ба забонҳои тақрибан якхела сӯҳбат мекунанд. (Основы иранские языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979.-С.91.) БичуринН.Я. низ аз гуфтаи сайёҳи Чин Чжан-Тсян (асри II пеш аз мелод) ин нуктаро айнан чунин меорад: «Аз Давон (Фарғона) ба тарафи ғарб то давлати Анси (Порт), ҳарчанд, ки дар лаҳни гуфтугӯ фарқият зиёд аст, забони онҳо ба ҳамдигар хеле монанд аст ва дар гуфтугӯ ҳамдигарро мефаҳманд». (Бичурин Н.Я. Собрание сведений о народах, обитавших в Средней Азии в древние времена. -Т.1-3, 2 изд. М – Л., 1950-1953. -Т.II. -С.161-188.)

Инумумият ва ягонагии забонии мардуми эронитабор ва вуҷуд доштани як забони умумии ориёӣ ҳамчун забони расмии давлатдории шоҳаншоҳиҳои мо дар намунаи катибаи Бесутуни Дориюши Кабир (забони ориёӣ) ва катибаи Работаки Канишкаи Кабир, шоҳаншоҳи Кӯшониён дар ибтидои ҳазораи аввали мелодӣ (забони ориёӣ) дар асари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён» ба таври муфассал баррасӣ шуда, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ногуфта намонад, ки қабл аз Канишкаи Кабир яке аз бунёдгузорони империяи ҷаҳонии Ҳахоманишӣ – Дорои I дар катибаи Бесутун бо забони ориёӣ китобат шудани навиштаҷоти Бесутунро низ зикр намудааст, ки ин аз мавҷудияти забони умумӣ ва ба ҳамдигар наздики қавмҳои ориёитабор – аз Бохтар кашида то Порс шаҳодат медиҳад». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён. Душанбе, 2004, -С.114.)

Инмаълумоти умумӣ барои он оварда шуд, ки аксари муҳақкиқоне, ки имрӯз дар матбуот оид ба забони тоҷикӣ ва хусусиятҳои он андешаронӣ мекунанд, мутаассифона, дар бораи масъалаҳои бунёдии забони мо бе донистани асосҳои аввалияи илми забоншиносӣ пешниҳодҳои ба ном «илмӣ» мекунанд. Мо ин амалро дар бахши садонокҳои забони тоҷикӣ дар солҳои охир зиёд мебинем. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки дар бораи сайри таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ аз марҳилаи бостон то имрӯз дар асоси пажӯҳишҳои бунёдии илми забоншиносии эронӣ маълумоти мухтасаре пешниҳод намоем.

Пешаз ҳама аз тамоми забонҳои эронӣ ба забони тоҷикӣ ва сохтори овоиву дастурӣ ва вожагонии он забонҳои марҳилаи бостон — авестоӣ ва форсии бостон, марҳилаҳои миёна — портӣ, форсии миёна, бохтарӣ (кӯшонӣ) ва суғдӣ таъсири зиёде доранд. Аз ин забонҳо забони форсии бостон ҳамчун забони поягузори забони тоҷикӣ дар аҳди бостон ва забони форсии миёна ҳамчун забони поягузори мустақими забони мо дар аҳди миёна ҳисоб мешаванд ва аз рӯи ақидаи аксари муҳаққиқони эроншинос шартӣ ҳам бошад, забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) давомдиҳандаи бевоситаи забонҳои форсии бостон ва миёна ба шумор меравад. Забони портӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ ва бохтариву суғдӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дохил мешаванд, дар такомули забони тоҷикӣ нақши муҳиме доштаанд. Бояд ёдовар шуд, ки забони тоҷикӣ дар давраи сароғози пайдоиши худ, пеш аз ҳама, дар минтақаи паҳншавии ин забонҳо, яъне забонҳои портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ пайдо шуда, сипас дар асрҳои XI-XII-и мелодӣ ба қисматҳои дигари Эронзамини таърихӣ густариш ёфтааст. Намунаҳои аввалини осори тоҷикӣ (форсии нав) дар Балху Марв ва Бухорову Самарқанд ин ақидаро собит месозад. Бинобар ин дар шаклгирии меъёрҳои забони адабӣ ин забонҳо таъсири мустақим доранд.

Забони авестоӣ. Номи ин забон аз номи китоби муқаддаси зардуштиён, «Авесто» ба таври шартӣ [қаблан онро забони зандӣ ҳам (аз номи Тафсири «Авесто» ба забони форсии миёна бо номи «Занд» меномиданд] гирифта шудааст. Дар замони мавҷудияташ шакли хаттӣ надошт ё дошта бошад хам то ин дам ба дасти пажӯҳишгарон нарасидааст. Дар аҳди салтанати Ҳахоманишиён гӯё, ки он ҷамъоварӣ шуда буд, вале аз тарафи ишғолгарони мақдунӣ ба коми оташ кашида шуд ва гӯё як нусхаи он ба Юнон бурда шуд, ки ҳанӯз нопайдост. Аввалин бор аз тарафи Ашкониёни Порт (асри I-и пеш аз мелод) ба шакли хаттӣ баргардонда шуд, вале он хам ба дасти мо нарасидааст. Бори дуюм дар аҳди Сосониён (асрҳои III-VII баъд аз мелод) бо хати диндабира дар шакли овонавишт ҷамъоварӣ гардид. Матни «Авесто», ки имрӯз дар дасти муҳаққиқон қарор дорад, ҳамон матни таҳияшудаи даврони Сосониён аст, баъдан ки дар асрҳои XIII-XIV аз нав китобат шудааст. Ин забон, ки аз қадимтарин забонҳои эронӣ мебошад, аз ду гӯиш – гӯиши қадимӣ (Готҳо) ва гӯиши хурдавесто (яъне Авестои баъдӣ, ки бо дасти мӯбадони модӣ ва форсӣ таҳия шуда буд) иборат аст.

Тавре ки қаблан ёдовар шудем, масъалаи ба кадом гурӯҳи забонҳои эронӣ тааллуқ доштани забони авестоӣ то имрӯз аз тарафи донишмандони эроншинос ба таври мушаххас ҳал нашудааст. Агар қисматҳои қадимии «Авесто» — «Готҳо» бештар аз лиҳози забоншиносӣ хусусиятҳои шарқии эронӣ дошта бошад, пас бахшҳои боқимондаи он бештар хусусиятҳои ғарбиэронӣ (махсусан шимоли ғарбӣ) дорад. МуҳаҚқиқони муътабари забони авестоӣ П.Тедеско ва А.Мейе ин забонро ба гурӯҳи шимоли ғарбии эронӣ дохил намуда (Tedesco P. Dialektologie der westiranischen Turfantexte. – MO, 1925. -V.15. -S. 255; Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979. -С. 123.), дар аввал номи ин забонро бо номи забони бохтарии қадим муаррифӣ кардаанд. (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979. -С. 133). Зеро аз назари аксарияти авестошиносон бахшҳои аввали он дар Бохтар пайдо шуда, баъдан ба Мод ва марказҳои дигари тамаддуни ориёӣ паҳн шудааст. (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979. -С. 131.) Тавре ки Ф.Алтҳайм менависад, забони авестоӣ баъд аз муддатҳои тӯлонии мавҷудияти шифоҳӣ, дар асри VI то мелод аз тарафи шогирдони Зардушт дар аҳди Ҳахоманишиён бо хати оромии ин давра барои бори аввал китобат шудааст. Искандари Мақдунӣ низ кӯшиш кардааст, ки онро ба хати юнонӣ нависад ва таъсири «Авесто» ва дини зардуштӣ ба тамаддун ва фарҳанги Юнон ба ҳамагон маълум аст. Навишти «Авесто» бо хати оромӣ дар Суғд такмил ёфта, сипас дар давраи Кӯшониён (асри II-и баъд аз мелод) ба таври ҷамъбастӣ бо дар назар гирифтани баъзе хусусиятҳои овоии забони юнонӣ таҳия шудааст. (Altheim Fn Awestische Textgeschichte.- Halle, 1949. -S.66.) Масъалаи ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ тааллуқ доштани забони авестоӣ бо пайдо шудани маводи нави забони бохтарии тахорӣ ё кӯшонӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки дар ин бора мо дар бахши «Забони бохтарӣ» мухтасаран маълумот медиҳем.

Тавре ки қаблан зикр кардем, алифбои авестоӣ дар асоси алифбои форсии миёна ё паҳлавӣ бо илова кардани аломатҳо барои мушаххас сохтани овозҳои садонок ва ҳамсадоҳо сохта шудааст. Он аз 48 ҳарф (форсии миёна 16 ҳарф дошт) иборат буда 14 ҳарфи он барои ифодаи садонокҳо ва 34 ҳарфи он барои ифодаи ҳамсадоҳо сохта шуда буд. Овозҳои садонок ва ҳамсадои забони авестоӣ чунинанд.

Садонокҳо: 14 – садонок: ā, a, ē, e, ə, ə, o, ō, ā, a, i, ī, u, ū; i, ī, u, ū, a, ā, e, o, ō, , ã,

Садонокҳои мураккаб (дифтонгҳо) дар ин забон шашто мебошанд: aē, ao, ōi, əu, āi, au

Ҳамсадоҳо: k, g, x, ũ, c, j, t, d, δ, t, p, b, f, w, j, п, ŋ, m, y, v, s, z, š, ž, h, h, r, .

Тавре ки мебинем, барои ифодаи 14 садоноки хоси забони авестоӣ аз рӯйи хати диндабира 16 аломат гузоштаанд ва садонокҳои ин забон аз ҳафт ҷуфти кутоҳ ва дароз иборат аст. Муҳақкиқон садонокҳои забони авестоиро аввал аз 9 то 14 овоз ва дар солҳои охир шаш садонок ҳисоб кардаанд (a, ā, i, ī, u, ū ). (Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки. -М., 1979. -С.143; Benveniste E. le systeme phonologugue de’ iranien ancien. – BSL, 1968, T. 63, fase. 1.)

Забони форсии бостон. Забони форсии бостон ё забони ориёӣ, ки Дориюши Кабир дар сангнабиштаи Беҳистун (наздикии Кирмоншоҳ) забони форсии бостонро ба ҳамин ном номгузорӣ кардааст, ба ақидаи муҳаққиқони забоншинос баъд аз забони авестоӣ дувумин забонест, ки ба забони тоҷикӣ робитаи бевоситаи хешовандӣ дошта, аз лиҳози сохтори овоӣ, дастурӣ ва вожагонӣ падарбузурги забони мо мебошад. Забони форсии бостон аз рӯи боқимондаҳои навиштаҷоти мехӣ аз давраи ҳукмронии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён (асрҳои VI-IV-и то мелод) ба мо ошно аст. Махсусан, қисмати бештари ин сангнавиштаҳои мехӣ ба давраи ҳукмронии Дориюши Кабир (солҳои 521-486 то мелод) ва писари ӯ Хашиёршоҳ (Ксеркс дар навишти юнонӣ) (солҳои 486-465 то мелод) рост меояд. Ин навиштаҳо дар девору тиреза ва дарҳои мақбараҳои шоҳони Ҳахоманишӣ дар пойтахтҳои ин шоҳаншоҳӣ Пасаргад ва Суза, мақбараҳои Нақши Рустам (наздикии Шероз) бештар болои сангҳо нигошта шудаанд. Сангнавиштаи аз ҳама бузурги ин забон ба Дориюши Кабир тааллуқ дорад, ки дар кӯҳи Беҳистун (Бесутун) бо амри ин шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ ҳаккокӣ шудааст. Дар ин сангнавиштаҳо яке аз лаҳҷаҳои вилояти Форс инъикос ёфтааст, ки дар илми забоншиносӣ шартан онро «забони форсии бостон» номгузорӣ кардаанд. (Языки Азии и Африки.-М., Наука, 1978. -С.8.)

Забони форсии бостон дар маҷмӯъ 36 аломати ҳарфӣ дорад, ки онҳо дар шакли танҳо ё ҷуфт якҷо бо садонокҳо, мисли b ё ba, č ё čа, d ё da хонда мешаванд. Инчунин ин забон дорои панҷ ҳузвориш (идеограмма — ишораи яклухти калимаи алоҳида дар навишт) барои калимаҳои хшайасия (xšayasiya) – шоҳ, данйауш (dahyāuš) – вилоят, устон, бумиш (būmiš) – замин (бумӣ – и тоҷикӣ ба маънои таҳҷоӣ аз ҳамин вожа аст), Аурамазда (A(h)uramazdā) Аҳуромаздо, худованди зардуштиён ва бага (baga) Худо (ин калима дар номвожаҳои Бағдод, Бағлон, Беҳистон маҳфуз мондааст) мебошад.

Садонокҳои забони форсии бостон аз шаш садоноки одӣ (се садоноки кӯтоҳ ва дароз) i – ī, a – ā, u – ū ва чор садоноки мураккаб (дифтонг) ai, au, āi, āu иборат мебошад. Имрӯз муҳаққиқон аз рӯйи натиҷаҳои таҳқиқотҳои охир пешниҳод намудаанд, ки садонокҳои мураккаби ai ва au дар давраи инкишофи форсии бостон (то сангнавиштаҳои Дориюши Кабир) ба як овози садонок дар шакли ai ē ва auō табдил ёфта буданд (Brandenstein W. und Mayrhofer M., Handbuch des Altpervsischen. -Wiesbaden, 1961. -S. 29-30; Языки Азии и Африки. -М. Наука, 1978. -С.21.), вале ин тағйирот дар хат ва алифбои форсии бостон ворид нашудааст. Дар забони форсии бостон 22 ҳамсадо вуҷуд дошта, хати он аз чап ба рост навишта мешуд.

Аздавраи миёнаи рушди забонҳои эронӣ ба таркиби вожагон, сохтори овоӣ ва дастурии забони тоҷикӣ забонҳои портӣ, форсии миёна ба таври мустақим ва бевосита ҳамчун шакли мобайнӣ дар рушди забони тоҷикӣ (аз як тараф авесто ва забони форсии бостон, аз тарафи дигар худи забони тоҷикӣ) алоқаманд мебошанд. Ин забонҳо ба гурӯҳи забонҳои ғарбӣ (забони форсии миёна – ҷануби ғарбӣ ва портӣ – шимоли ғарбӣ) тааллуқ доранд. Албатта, дар бораи алоқамандии мустақими забонҳои форсии бостон, форсии миёна, портӣ, суғдӣ, бохтарӣ ба забонҳои нави эронӣ, масалан забони тоҷикии имрӯз бо пайдо шудани маводи нав баҳсҳо хеле зиёд аст, чунки на аз лиҳози пайдарҳамии таърихиву замонӣ ва на аз лиҳози тағйирёбиҳои сифатӣ натиҷагириҳои бархе аз донишмандон ба тақсимбандии анъанавӣ ва суннатии забонҳои эронӣ мувофиқат намекунанд. Аз забонҳои шарқии эронӣ нақши забонҳои бохтарӣ ва суғдӣ дар густариши забони тоҷикӣ зиёд аст. Дар мавриди забони суғдӣ тадқиқу пажӯҳишҳо хеле зиёд аст ва тақрибан андозаи таъсири он ба забони тоҷикӣ маълум аст. Вале дар бораи ду забони дигар – бохтарӣ ва хоразмӣ ба таври алоҳида бояд сухан гуфт. Махсусан, забони бохтарӣ, ки дар қаламрави густариши забони тоҷикӣ аз асри яки мелодӣ то солҳои 560-570 мелодӣ (аз оғози давраи Кушониён то шикасти давлати Ҳайтолиён аз тарафи туркҳо ва Сосониён) ҳам дар Бохтар ва ҳам дар Суғд забони расмии давлатӣ буд, дар пайдоиш ва густариши забони тоҷикӣ нақши ҳалкунанда дорад. Зеро забони мо қабл аз ҳама дар ҳамин минтақаҳо пайдо шуда, сипас ба тарафи ғарби Эрон ва дигар сарзаминҳо паҳн шудааст.

Забони портӣ. Забони портӣ ба гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ (шимоли ғарбӣ) дохил буда, он забони модарии портҳо мебошад. Порт (Parava) яке аз вилоятҳои бостонии ориёӣ мебошад, ки аз давраи шоҳигарии Модҳо ва Ҳахоманишиён маълум ва яке аз сатрапиҳои (вилоятҳои) ин давлатҳо ба ҳисоб мерафт. Дар замони мо ин сарзамин бахше аз вилоятҳои (устонҳои) Хуросону Гургону Мозандарон ва қисмати хурде аз бахши ҷануби ғарбии Туркманистонро ташкил мекунад.

Забони портӣ забони расмӣ ва давлатии шоҳаншоҳии Ашкониёни Порт (250 то мелод – 224 баъди мелод) буда, аз ин забон навиштаҳои бойгонии шоҳони ин сулола аз пойтахти аввали онҳо ш.Нисо — наздикии Ашқободи имрӯза (шакли дурусти ин калима Ашкобод аз номи шоҳи аввали портҳо Ашки аввал гирифта шудааст, ки дар ин ҷо тоҷгузорӣ кардааст) дар садаи аввали ҳазораи якуми мелодӣ ва навиштаҳои шоҳони Сосонӣ ва инчунин катибаҳои монавии портӣ аз Турфони Чин боқӣ мондааст.

Инзабон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Мехрдоди I (солҳои 171-132 то мелод) танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни Порт мегардад. Баъзе муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то мелод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта бошад. Бозёфти навиштаҳои болои зарфҳо аз Нисо дар ин бора шаҳодат медиҳанд. (Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -М., 1981. -С.156.)

Инзабон ба забони форсии миёна хеле наздик аст. Бинобар ин дар таҳқиқот ва пажӯҳишҳои донишмандони Эрон бо номи паҳлавии ашконӣ ё паҳлавии шимолӣ дар баробари паҳлавии сосонӣ ё паҳлавии ҷанубӣ ёд мегардад. Вале дар пажӯҳишҳои ховаршиносони аврупоӣ ҳамчун забони портӣ ба таври алоҳида ва мустақил оварда мешавад.

Алифбои забони портӣ дар асоси хати оромӣ сохта шудааст. Бинобар ин дар ин забон садонокҳои кутоҳ ва ҳатто баъзеи садонокҳои дарозро наменавиштанд.

Хатизабони портӣ, махсусан давраи аввал аз ҳузворишҳо пур буда, хондани матнҳои портиро душвор мегардонад. Хусусиятҳои морфологӣ ва овоии (фонетикии) забони портӣ асосан аз рӯйи навиштаҳои монавӣ, ки бо алифбои фонетикӣ буда, бе идеограммаҳо навишта шудааст, омӯхта мешавад. Ин навиштаҳо ба асри III баъди мелод тааллуқ доранд. Алифбои портии монавӣ дар асоси алифбои палмирии оромӣ сохта шуда, 22 аломат дорад ва садонокҳоро дар он бо аломатҳои алоҳида ишора мекарданд.

Садонокҳои портӣ то ҳанӯз ба таври мушаххас муайян нашудааст, вале муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки садонокҳои забони портӣ ба монанди садонокҳои форсии миёна аз ҳашт овози сода a, ā, i, ī, u, ū, o, ē (кутоҳу дарози a – ā, i – ī, u – ū) иборат буданд.

Ҳамсадоҳои забони портӣ бо ҳамсадоҳои забони форсии миёна ҳамгун буда аз 22 овоз иборат аст: p, t, k, b, d, g, č, j, f, s, š, x, h, y, , z, ž, m, n, l, r, y.

Боядгуфт, ки забони портӣ забони ибодатгузории на танҳо монавиёни Порт, балки монавиёни Суғд ҳам буд. Суғдиён барои иҷрои расму суннатҳои дини монавӣ аз забони портӣ истифода карда, калимаҳо ва таркибҳои дуо ва сурудҳои монавиро бо хати суғдии худ айнан менавиштанд, ки барои муайян кардани талаффузи дурусти баъзе ҳамсадоҳои ин забон аҳамияти бузурге доштанд.

Забони форсии миёна. Аз забони форсии миёна, ки бештар забони дарбори Сосониён (асрҳои III-VII-и мелод) буд, осори зиёди илмиву адабӣ, навиштаҳои болои иншоот, биноҳо ва мақбараву сангнавиштаҳо боқӣ мондааст. Бештари адабиёти аз ин забон боқимонда мундариҷаи динӣ (зардуштӣ, монавӣ) ва адабӣ доранд. Навиштаҳои катибаҳо бештар бо се забон (форсии миёна, портӣ, юнонӣ) ва гоҳо ду забон (форсии миёна ва портӣ) анҷом дода шудаанд. Хати забони форсии миёна ҳам дар асоси хати оромӣ сохта шуда, дар он ҳузворишҳо хеле зиёд аст. Бинобар ин бо ин забон «Фарҳанги паҳлавик» (Frahangi pahlavik) барои хондани ҳузворишҳо мураттаб шуда буд. Барои забони форсии миёна хати позанди авестоӣ [яъне овоӣ (фонетикӣ)] ва хати арабӣ ҳам дар солҳои охир ба шакли овонавишт истифода мегардид.

Забони форсии миёна ё паҳлавии сосонӣ аз номи яке аз лаҳҷаҳои қисмати ҷанубии Эрон, ки вилояти Форс (марказаш ш.Шероз) дар он ҷо мавқеият дорад, гирифта шудааст. Номи аслии забон дар шакли «parsig» аз аввали ҳазораи мелодӣ ба мо расидааст. Ба ғайр аз вилояти Форс бо ин забон ҳадди ақал сокинони ду вилояти ҷанубии Эрон – Кирмон ва Мекрон низ гуфтугӯ мекардаанд. Геродот, муаррихи юнонӣ дар зери номи умумии «форсҳо» тамоми сокинони ҷануби Эронро муттаҳид кардааст. (Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -М., 1981. -С.6.)

Инзабон тақрибан ҳазор сол, аз садаи IV-и то мелод то асрҳои VII-VIII-и мелод вуҷуд дошт. Баъдан ҳам аз тарафи зардуштиён истифода шудааст. Ба андешаи аксарияти муҳақкиқони эроншинос забони форсии дарӣ ё форсии нав бо як андоза фарқиятҳои лаҳҷавӣ давоми бевоситаи забони форсии миёна мебошад. Ҳамин тариқ, ин забон дар таърихи забони тоҷикӣ мавқеи мобайниро иҷро мекунад. Соҳибони забон номи забони худро дар шакли «parsik» дар давраи аввали инкишофи ин забон ва баъдтар, «parsig» мегуфтанд, ки шакли порсӣ ва шакли муосири арабишудаи он – форсӣ барои номгузории забони давраи нав истифода шуд. Барои фарқгузории ду марҳилаи инкишофи ин забон забони форсии миёнаро «pahlāvi» номиданд, ки аз лиҳози решашиносӣ ба калимаи Pahlaw – Парфия, Порт мерасад. Ин номгузорӣ то имрӯз барои ин забон дар маҳофили илмӣ истифода мегардад. (Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -М., 1981. -С.7.)

Забони форсии миёна дар шакле, ки имрӯз дар осори хаттӣ ба мо расидааст, аз забони форсии бостон ба куллӣ фарқ мекунад. Садонокҳои ин забон сода гардида, аз ҳайати шашсадоӣ ба садонокҳои одӣ мубаддал шудани ду садоноки мураккаб (ai ē, au ō) ба ҳайати ҳаштсадоӣ табдил меёбанд, ки он дар давраи аввали инкишофи форсии дарӣ ҳам боқӣ мемонад. Ҳамсадоҳои он ҳам ба тағйироти овоӣ дучор мешаванд. Аз лиҳози дастурӣ ҳам дар ин забон бо аз байн рафтани хусусиятҳои дастурии ҷинсҳо, низоми тасриф, ба низоми таҳлилӣ гузаштани феълҳо ва ғайра тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд меоянд.

Таърихи инкишофи забони форсии миёна ба ду давра – давраи ашкониҳо ва давраи сосониҳо ҷудо мешавад. Тағйиротҳои куллӣ асосан ба давраи охири рушди ин забон рост меояд. Ҳол он ки тақсимбандии аниқи ин давра то ҳол анҷом дода нашудааст. Азбаски хати ин забон дар давраи Ашкониҳо ва Сосониҳо оромӣ буда, дар он ҳузворишҳо хеле зиёданд, хусусиятҳои дастурӣ ва овоии он баъд аз пайдо шудани осори монавӣ аз Турфон, ки бо хати фонетикӣ (овоӣ) навишта шуда буданд, муайян гардид.

Забони форсии миёна дорои ҳашт садоноки сода a, ā, i, ī, u, ū, ō, ē ва ду садоноки мураккаб ai, ва au мебошад. Ҳамсадоҳои забони портӣ ва забони форсии миёна ҳамгун буда, аз 22 ҳамсадо (p, t, k, b, d, g, č, ĵ, f, s, š, x, h, ν, ү, z, ž, m, n, l, r, y) иборатанд.

Дарташаккулёбӣ ва густариши забони тоҷикӣ як гурӯҳ забонҳои эронии шарқӣ низ нақши бузург доранд. Ин забонҳо – забони бохтарӣ ва забони суғдӣ мебошанд, ки дар давраи нави инкишофи забонҳои эронӣ бештар дар бахши вожагон ва камтар дар бахши овоиву дастурӣ хеле аз хусусиятҳои худро ба забони тоҷикӣ додаанд.

Забони бохтарӣ. Бохтар, яке аз марказҳои асосии густариши забонҳои эронӣ, ки дар забонҳои аврупоӣ бо номи Бактрия, Бактриана маълум аст, кишваре аст дар минтақаи болооби дарёи Ому, ки аз як тараф аз шимол бо қаторкӯҳҳои Ҳисор ва аз тарафи дигар аз ҷануб бо кӯҳҳои Ҳиндукуш маҳдуд гардидааст. Минтақаҳои имрӯзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистони ҷанубӣ ва марказӣ, Узбекистони ҷанубиро (болооби ду тарафи дарёи Ому ва шохобҳои он Вахш, Кофарниҳон ва Сурхондарё) фаро гирифтааст.

Забони бохтарӣ ё кушонӣ ё балхӣ ё тахорӣ забони давраи миёнаи рушди забонҳои эронии сокинони сарзамини Бохтар ё Тахористони асрҳои миёна мебошад, ки бо номи «ориёӣ» аз ибтидои ҳазораи аввали баъди мелод то садаи VI –и мелодӣ дар ибтидо ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъд аз ба тахт нишастани шоҳ Канишка (соли 30-уми баъди мелод) забони расмии давлатдории се шохаи салтанати Кушониён – Кушониёни Кабир, Кидориён ва Ҳайтолиён буд.

Тавре Симс- ВилямсН. зикр мекунад: «Забони бохтариро метавон бо тамоми асосҳо дар садаҳои аввали солшумории мелодӣ яке аз забонҳои муҳими ҷаҳони бостонӣ номид. Ҳамчун забони модарии шоҳони кӯшонӣ ин забон барои тамоми халқҳои сокини шоҳаншоҳии паҳновари Кӯшон, ки сарзаминҳои имрӯзии Афғонистон ва Ҳиндустони Шимолӣ ва ҳамчунин бахше аз Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт, фаҳмо буд. Ҳатто баъд аз пошхӯрии шоҳаншоҳии Кӯшониён шашсад соли дигар бо ин забон менавиштанд, ки бозёфтҳои пайдошуда аз асри XI дар водии Тучо дар Покистон ва дастхатҳои буддоӣ ва монавӣ бо хат ва забони бохтарӣ дар минтақаҳои дурдасти Турфон дар Хитои ғарбӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Ҳамин тариқ, истифодаи забони адабии бохтарӣ қариб ҳазор сол идома доштааст». (Симс-Вилямс Н. Новые бактрийские документы // Вестник древней истории, 1997, №. -С.3.)

Дарон замонҳо ба ҳайати давлатдории Кушониён ба ҷуз аз Тахористон Суғд, Хоразм, Гандҳара (Қандаҳори имрӯза), қисмати шимолу ғарбии Ҳиндустон ва бахше аз сарзаминҳои ғарбии Чин дохил мешуданд. Бояд гуфт, ки Бохтару Суғд минтақаҳои марказии ин шоҳаншоҳӣ ба ҳисоб мерафтанд. Баъзе муҳаққиқон забони бохтариро идомаи бевоситаи забони авестоӣ дониста, забони авестоиро забони бохтарии қадим низ номгузорӣ намудаанд.

Номизабони бохтарӣ дар шакли бохтарии қадим дар асри XIX барои забони авестоӣ қабул шуда буд, вале аз сабаби набудани маводи зарурӣ дар нимаи аввали садаи ХХ рад гардид. Вале аз нимаи дуюми садаи ХХ бо пайдо шудани осори зиёде аз забони бохтарии давраи миёна (бохтарии кӯшонӣ, тахорӣ, балхӣ), тавре ки В.Б.Ҳенинг пешниҳод мекунад, боз бояд барои забони авестоӣ номи бохтарии қадимаро баргардонем. (Henning W.B. The Bactrian inscription. – BSOAS, 1960. -V.23, pt 1.-P. 47; Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки, 1981. -С.315. ). Ин забон аз тарафи Канишка, шоҳи Кӯшон (аввали ҳазораи мелодӣ) дар катибаи Работак «ориёӣ» номида шудааст. Ин забон ҳудудан то аввалҳои давраи исломӣ вуҷуд доштааст. Аз ҷумла, Ассамъонӣ қайд кардааст, ки забоне бо алифбои махсус ҳанӯз дар асри XII дар Хутталон вуҷуд доштааст (БартольдВ.В. К вопросу о языках сагдийском и тохарском. – В кн.: Иран, т.1, Ленинград, 1927. -С.40; Бартольд В.В. Сочинения, Т.2, ч.2, -М., 1964.), ки дар ин ҷо асосан сухан дар бораи забоне меравад, ки хати он аз хати арабиасос фарқ мекардааст.

Дарин забон пасвандҳои ҷинсият дида намешавад, яъне бо ин хусусият ин забонро ба гурӯҳи забонҳои шимоли ғарбии эронӣ дохил мекунанд. Инчунин бо якчанд хусусиятҳои худ ин забон аз забонҳои гурӯҳи эронии шарқӣ фарқ мекунад (афтидани ҳиссачаҳои охири калима ва истифодаи «о» дар охири калима барои ҷудо кардани калимаҳо, истифодаи ҳиссачаи инкории «на» вағ.).

Боядгуфт, ки то ибтидои садаи XXI аз ин забон осори хеле кам вуҷуд дошт. Дар миёнаи садаи ХХ, вақте ки ховаршиносон бештар ба таҳқиқи забонҳои эронӣ машғул буданд, аз ин забон фақат катибаи Сурхкӯтал (дар наздикии Бағлон) ва якчанд навиштаҷоти болои зарфҳо ва сиккаҳо вуҷуд дошт. Вале дар муддати 50 соли охир аз ин забон зиёда аз 200 навиштаҷоту катиба бештар дар Афғонистону Тоҷикистон, Ӯзбекистон пайдо гардид, ки хониши онҳо дар илми забоншиносии эронӣ инқилобе барангехт. Ин навиштаҳо бозёфтҳои бостоншиносон дар Работаки наздикии Самангони Афғонистон, Тирмизи Узбекистон, Дилварзинтеппаи Тоҷикистон, Урузгони Афғонистон ва Қоҷои Покистон мебошанд. Забони бохтарии кӯшонӣ аз лиҳози сохтор як забони дар ҳоли гузариш ба забони гурӯҳи таҳлилӣ (аналитикӣ) буда, дар баробари доштани баъзе хусусиятҳои бостонӣ ҷинсияту падеж, яъне тасрифи падежӣ надорад ва дар ин ҳолат хусусиятҳои забонҳои ғарбии эрониро дорад.

Забони бохтарӣ дорои 25 ҳарф ва аломатҳои ишорат буда, хати он дар асоси хати юнонӣ тартиб ёфтааст. Он 6-7 садонок ва 20 ҳамсадо дорад.

Баҳар ҳол дар ибтидои асри VII-и мелодӣ вуҷуд доштани алифбои юнониасоси забони бохтарӣ ва худи забони бохтарии тахорӣ аз тарафи сайёҳи Чин Сюан Тсизян, ки солҳои сиюми асри VII ҳам аз Суғд ва ҳам аз Тахористон дидан кардааст, қайд шудааст, ки он чунин аст: «… Аз рӯйи сохтори забонӣ (Тахористон) каме аз дигар шоҳигариҳо фарқ мекунад. Шумораи ҳарфҳои хат 25-то ҳисоб мешавад, онҳо ба ҳам омада таркибҳои гуногунро ташкил мекунанд, бо ёрии онҳо ҳамаро тасвир мекунанд. Хат ба таври уфуқӣ аз тарафи чап ба рост хонда мешавад. Осори адабӣ ба миқдори зиёд навишта мешаванд ва аз рӯйи ҳаҷм аз осори суғдӣ бештар мебошанд». (Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. -М., 1981. -С.316.).

Дарбораи муносибати байниякдигарии забонҳои бохтарӣ ва суғдӣ бояд якчанд сухан гуфт. Тавре ки қаблан ёдовар шудем, Суғду Бохтар вилоятҳои марказии Кӯшониён ба ҳисоб мерафтанд ва табиист, ки забони бохтарӣ ҳамчун забони расмии давлатдории Кушониён дар муддати тақрибан панҷсад соли ҳукмронии Кушониёни бузург, Кидориён ва Ҳайтолиён (аз ибтидои ҳазораи аввали мелодӣ то соли 570 мелодӣ) ба забони суғдӣ дар баробари дигар забонҳои қаламрави онҳо таъсири бештаре доштааст. Забони бохтарӣ дар ин замон нақши фарҳангии хеле бузурге бозида, дар якҷоягӣ бо забони суғдӣ барои интишор ва паҳн кардани тамаддун ва фарҳанги эронӣ ба минтақаҳои дигари Осиёи марказӣ ва шарқӣ саҳми бузурге доштааст. Тавре ки муҳаққиқон қайд мекунанд, забонҳои бохтарӣ ва суғдӣ қонунмандиҳои умумии овоӣ (фонетикӣ) доранд. Биноан, то ба ҳол ба таври мушаххас маълум нест, ки кадоме аз иқтибосҳои вожагонӣ ба забони бохтарӣ ё ба забони суғдӣ тааллуқ доранд. Масалан, калимаи мул ба маънои май аниқ шудааст, ки аз забони бохтарӣ ба забони тоҷикӣ ворид шудааст. (mul ← эронии шарқии «maδu», суғдии «mδw», авестоии maδu май; асал ва тоҷикии may — май). Вожаҳои калон ва ба маънии «бузург» ва аспист ба маънои «бедаи асп ё юнучқа» (эронии қадим aspa – asti – хӯроки асп, тоҷикии аспист ва аспаст) вожаҳои бохтарӣ мебошанд.

Ақидаи баъзе аз муҳаққиқон дар бораи наздикии забони бохтарӣ бо забони мунҷонӣ ва ба ҳамин тариқ ба гурӯҳи эронии шарқӣ (шимоли шарқӣ) тааллуқ доштани забони бохтарӣ ба таври умум бо ягон намунаи мушаххас исбот нашудааст ва фақат метавон тахмин зад, ки забони мунҷонӣ шояд яке аз лаҳҷаҳое аз гурӯҳи забонҳои эронии шарқӣ бошад, ки аз лаҳҷаҳои забони бохтарӣ тафовут ва фарқияти зиёде дорад ва дар хати забони бохтарӣ ягон нишонаи умумияти онҳо сабт нашудааст. (Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки. М., 1981, с.345-346.).

Боядгуфт, ки тағйироти сифатии забони бохтарӣ (аз байн рафтани аломатҳои ҷинсият, тасрифи чандгонаи феълҳо, нобуд шудани ҳиссачаҳои калимасоз, мавҷуд будани бандаки изофӣ ва ғайра) ба он оварда расонд, ки ин забон аз ибтидои ҳазораи аввали мелодӣ ба таҳаввулоти амиқе дучор гардад ва он оҳиста-оҳиста ба шакле тағйир кард, ки дар соли 725-уми мелодӣ забони пойтахти он шаҳри Балх ба шакли форсии дарӣ даромад, ки аз он то он имрӯз аввалин намунаи шеъри ҳиҷоии тоҷикӣ дар шакли эҷодиёти даҳонӣ «Аз Хутталон омадиҳ» боқӣ мондааст.

Забони суғдӣ. Забони давраи миёнаи сокинони водии Зарафшон ва Истаравшан (дар аҳди бостон Усрушана) мебошад. Забони суғдӣ ҳамҷавори забони бохтарӣ дар ҷануб, забони портӣ дар ҷануби ғарб, шимол ва шимолу шарқ сакоӣ ва шимоли ғарбӣ – хоразмӣ дар аҳди миёна буд. Дар асрҳои VI-VIII забони суғдӣ ба ҷониби қаламравҳои турк ва Чин паҳн шуда, барои густариши хат ва тамаддуни ориёӣ дар ин минтақа нақши боризе гузоштааст.

Бозёфтҳои аввалин ба забони суғдӣ дар ибтидои садаи ХХ дар Туркистони шарқӣ (Турфон), ки дорои матнҳои буддоӣ, насронӣ ва монавӣ мебошанд, пайдо шудааст. Ин навиштаҳо бо се намуди хати оромӣ – хатҳои оромии суғдӣ, суриёнӣ ва монавӣ навишта шудаанд. Соли 1933 дар куҳи Муғ (Тоҷикистон) як силсила санадҳои дигар, ки аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, хоҷагӣ ва ғайра иборат буда, бо номи «Бойгонии Деваштич» низ маъруф аст, пайдо шуд. Ин навиштаҳо барои муайян кардани давраи инкишофи забони суғдӣ ва хусусиятҳои вожагониву дастурии он аҳамияти бузурге доштанд. Қадимтарин навиштаҳои забони суғдӣ бо номи «Номаҳои кӯҳан» ба асри IV ва боқимондаҳо ба асрҳои VII-X-и мелодӣ тааллуқ доранд.

Алифбои забони суғдӣ ҳам баромади оромӣ дошта, дорои ҳузворишҳо мебошад. Масалан ҳиссачаи инкории «не» дар забони суғдӣ бо идеограммаи L (портии L «не» ва форсии миёнаи L — nē) ифода шудааст. Хатҳои оромии суғдӣ, махсусан хати бо ном «суғдӣ» ба забони уйғурӣ низ гузашта дар асоси он хати уйғурӣ ба вуҷуд оварда шудааст.

Хатизабони суғдӣ хатҳои оромии суғдӣ, монавӣ ва суриёнӣ мебошад. Хати суғдӣ аз 23 ҳарф иборат аст, ки 22 ҳарфи он аз алифбои оромӣ буда, 1 аломати махсус барои овози суғдӣ мебошад. Садонокҳои забони суғдӣ дар аввал аз 11 овоз (6 садоноки кӯтоҳ – a, i, e, u, o, ә ва 5 садоноки дароз ā, ī, ē, ū, ō ) иборат буда, инчунин чор садоноки мураккаб (ai, au, āi, āu) доштааст. Ҳамсадоҳо аз 19 овоз иборат аст. (k(g), x, , č(j), š, ž, t(d) ∂, δ, s, z, п, p(b), f, β, m, w, y, r). (Основы иранского языказнания. Среднеиранские языки.-М., 1981. -С. 347-373.).

Баъдан садонокҳои суғдӣ аз овозҳои a, ā, i, u, ō, ē, ə яъне ҳафт овоз иборат шуда, ки садонокҳои кӯтоҳи он a, i, u хеле ноустувор аст ва махсусан дар байни калима он қадар ҳис карда намешавад. Садонокҳои мураккаб ё дифтонгҳо аз ai, au иборат мебошанд.

Забони хоразмӣ. Навиштаҳои забони хоразмӣ ба асрҳои III-II то мелод ва асрҳои III-IV-VII баъди мелод тааллуқ дошта, дар сарзамини Хоразм пайдо гардидаанд. Хати забони хоразмӣ ҳам яке аз гунаҳои хати оромӣ мебошад. Барои ин забон алифбои арабӣ ҳам истифода гардидааст. Ин ибораҳои хоразмие мебошад, ки дар асарҳои муаллифони арабизабон – фарҳанги тафсирии арабӣ бо номи «Муқаддамотул-адаб» (Маҳмуди Замахшарӣ, асри XII), як асари ҳуқуқӣ бо номи «Қуният-ул-муния» (асри XIII) вағ. онро бо хати арабӣ навишта шудаанд.

Садонокҳои забони хоразмӣ низ ба кутоҳу (a, i, u, ə) дароз (ā, ī, ū, ō, ē) ҷудо мешаванд, ки аз рӯи овонигорӣ аз 9 овоз иборатанд.

Забони хутанусакоӣ. Осори забони хутанусакоӣ дар ибтидои асри ХХ пайдо гардид ва аз лиҳози сершумории осор аз байни забонҳои эронии миёна танҳо забони форсии миёна аз он бартарӣ дорад. Ин забон дар Туркистони шарқӣ дар минтақаи Хутан тахминан аз асрҳои III пеш аз мелод ба забони навишторӣ ва расмӣ табдил ёфта, аз худ осори зиёде боқӣ гузоштааст. Шоҳигарии онҳо танҳо дар асри XI бар асари истилои ин минтақа аз тарафи уйғурҳои мусулмон барҳам хурд. Ин забон ба гурӯҳи сакоии забонҳои эронӣ дохил шуда, то ба ҳол аз ин гурӯҳ шаш забон барои муҳаққиқон маълум шудааст. Номгузории ин забонҳо ба таври шартӣ чунин аст:

1.Забони хутаносакоии давраи оғозин ё аввал.

Инзабон дар ҳазораи аввали давраи мелод дар Хутан дар қисмати ҷанубии биёбони Такла-Макан вуҷуд дошта, осори он компендиуми буддоии «Китоби Замбаст» ва як силсила матнҳои дигари буддоӣ мебошад.

2.Забони хутанусакоии давраи охир, ки дар минтақаи Турфон то қарни XII-и мелодӣ вуҷуд доштааст. Бо ин забон осори хеле фаровон, матнҳои коргузорӣ, амалӣ (луғату муҳовараҳо), тиббӣ, риёзӣ ва ғайра боқӣ мондааст. Махсусан, матнҳои тиббии «Siddhasāra» ва «Jivakapustaka», ҷуғрофӣ, саёҳатномаҳо аз Хутан ба Кашмир, аз Хутан ба Тибет ва матнҳои ҳуҷҷатнигорӣ аз лиҳози таърихиву забоншиносӣ хеле муҳим мебошанд.

Инчунин, забонҳои сакоии Муртук бо матни бузурги «Karmavasana» (дар минтақаи шимолу шарқи Кошғар), сакоии Тумшук (дар ҳамин минтақа) бо доштани як силсила санадҳои расмиву коргузорӣ аз нимаи дувуми ҳазораи аввали мелодӣ, забони сакоии ҳиндӣ, забони сакоии Крарайин, забони сакоии Кошғар ба пажӯҳишгарои аз рӯи осори гуногун маълум мебошанд. Ин забонҳо аз лиҳози сохтори дастурӣ ва таркиби вожагонӣ умумияти зиёде дошта, фарқияти онҳо дар сатҳи гуишу лаҳҷаҳо қарор дорад.

Маводи забони хутанусакоӣ ба хати ҳиндии браҳмӣ навишта шуда, дар ибтидои асри ХХ аз Туркистони шарқӣ (Хутан, Тумшуқ, Муртук) пайдо шудаанд. Ин навиштаҳо ба асрҳои VII-X тааллуқ доранд. Дар ин забон устуворӣ ва ноустувории садонокҳо гӯё ки аз байн рафтааст. Садонокҳои одии ин забон i, ī, u, ū, a, o, e, ə, u ва садонокҳои мураккаби он ai, au, ua, ui мебошанд. (Основы иранского языкознания. Среднеиранские языки.-М., 1981. -С. 233-239.).

Батаври хулоса, ин забонҳо нисбатан бештар ба таърихи забони модарии мо муносибат ва алоқаи бевосита дошта, дар марҳилаҳои гуногуни рушди забони мо дар ин ё он минтақаҳои паҳншавии баъдии забони тоҷикӣ забони расмӣ, таҳрир, гуфтугӯии ин сарзаминҳо буда, ба роҳҳои гуногун (таъсири овоӣ, дастурӣ, вожагонӣ) ба забони модарии мо таъсир расондаанд.

Якеаз хусусиятҳои хоси овозҳои забонҳои бостонии эронӣ ба таври мушаххас фарқ кардани садонокҳо аз лиҳози дарозии овоз мебошад. Забони форсии бостон, ки падарбузурги забони тоҷикӣ ҳисоб мещавад, дар таркиби худ, тавре ки дидем се ҷуфти садонокҳои одӣ (i — ī, — a — ā, u — ū) ва чор садоноки мураккаб (ai, aī, au, aū) дорад. (Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901, 187; Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .-С. 47-48.). Инкишофи минбаъдаи садонокҳо дар забони форсии миёна ва портӣ нишон медиҳанд, ки ду садонокҳои мураккаб ai ва au мутаносибан ба садонокҳои дарози ē ва ō табдил ёфтаанд, дар забони форсии миёна дар давраи оғозини инкишофи забони классикии форсӣ-тоҷикӣ шумораи садонокҳо ба ҳашт садонок (i, ī, ē, a, ā, u, ū, о, ) мерасад.

Моин садонокҳоро дар осори шоирону нависандагони давраи классикии адабиёти форсу тоҷик (асрҳои IX-XX) мебинем. Дар ин давра дарозиву кутоҳии садонокҳо ба андозае аҳамият доштанд, ки дар ивази шеъри ҳиҷоии адабиёти мо шеъри арӯз ба вуҷуд омад. Ин амр агар аз як тараф зери таъсири адабиёти араб ба вуҷуд омада бошад, аз тарафи дигар дар пайдоиши ин навъи шеър нақши садонокҳои кутоҳ ва дароз хеле зиёд аст. Ин муқобилгузории садонокҳо ба садонокҳои дарозу кутоҳ дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҳам инъикос ёфт. Овозҳои садонокҳои дарози ī ва ē бо ҳарфи ی йо ва ū, ō бо ҳарфи (و) вов навишта мешуданд. Садонокҳои кӯтоҳи i бо касра (ﹻ), u – бо замма (ﹹ) ва а – бо фатҳа (ﹷ) ишора мешуданд, ки баъзан нишон дода намешуданд. Яъне дар алифбои арабиасоси мо барои ду садоноки барои арабҳо номаълум ē ва ō истилоҳҳои «йо-и маҷҳул» ва «вов-и маҷҳул» истифода мешавад. Яъне агар ī йо-и маъруф бошад ва навишт бо талаффуз мувофиқат кунад, пас ē — йо-и маҷҳул ва ū — вови маъруф бошад пас ō вови маҷҳул мебошад. Агар ин истилоҳҳои забоншиносӣ ва овонавишти онро бо алифбои имрӯза баргардонем, ӯ-и дароз дар калимаҳои гӯш, рӯз, бӯй ва ғайра вови маҷҳул ва у-и дарози калимаҳои дуд (форсии миёна dūt ), дур (форсии миёна dur) хун (форсии миёна xӣn) вови маъруф мебошанд. Ин овозҳо дар забони форсии имрӯз бо вов навишта шуда, ҳамчун у-и дароз ифода мешаванд, вале дар забони тоҷикӣ онҳо бархе бо ӯ-и дароз ва бархе дигар бо у-и кутоҳ навишта мешавад, ки ҳоло сарчашмаи баҳси доманадори донишмандон гардидааст. Айнан ҳамин усул дар навишти йо-и маҷҳул ва йо-и маъруф дар забони тоҷикӣ ва форсӣ мушоҳида мешавад. Агар йо-и маҷҳул дар забони тоҷикӣ ба садоноки алоҳидаи ē табдил ёфта бошад, он дар забони форсӣ бо овози ī якҷо шуда, бо йо (ی) навишта мешавад. Масалан калимаҳои шер ва шир дар забони форсӣ як хел (شیر) навишта мешавад, вале маъноҳои гуногунро ифода мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ҳар ду маврид хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ дар форсии миёна дида мешавад, вале дар форсии имрӯз шояд зери таъсири омилҳои забонҳои бегона тағйир карда бошад. Дар вазни арӯз i (и-и кӯтоҳ), ки бо касра (ﹻ) ифода мешавад ва ī (и-и дароз) маҷҳул, ки бо йо (ی) ифода мешавад бо ҳамдигар дар шеър ҳамвазн нестанд, вале бархе аз шоирони мо ба иллати чунин дигаргунии нодурусти солҳои 40-уми садаи ХХ дар имлои забон масалан калимаи дилро (دل) бо Нил (نیل) қофия мебанданд, ки дар вазни арӯз хатои маҳз ҳисоб мешавад.

Ҳамин тариқ, агар содатар гуем «вови маъруф» барои арабҳо ӯ-и маълум аст ва бо ин аломат ишорат мешавад, вале «вови маҷҳул» ӯ-и номаълум аст, яъне ба арабҳо ошно нест, вале он ҳам бо вов ишора мешавад. Ба истилоҳи дигар вов – ҳарфи арабист, ки бо аломати «و» ифода мешавад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ин ҳарф ба ғайр аз овози «в» ӯ-и дарозро (ū) ифода мекунад. Истилоҳи «вови маъруф» ба ҳамин овоз дар калимаҳои дур, хун, буд ва ғайра марбут аст. Овози ӯ-и дароз (ō) дар калимаҳои рӯз, бӯй, гӯш ба арабҳо маълум набуд ва дар алифбои арабӣ ҳам вуҷуд надошт ва азбаски барои арабҳо овози номаълум буд, онро бо ҳарфи вов (و) ишора карда, «вови маҷҳул», яъне «вови ноошно» номиданд.

«Йо»номи ҳарфи ی дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ мебошад. Ин ҳарф дар алифбои арабӣ овози ī-ро (ӣ-и дароз дар калимаҳои бино, пир, шир, сир…) ифода мекунад. Овози ē ( дар калимаи шер, деҳ, пеш, …) барои арабҳо ноошно буд, вале ин овозро ҳам бо йо (ی) ишора мекунанд. Биноан аввалиро «йо-и маъруф» ва овози ē-ро «йо-и маҷҳул», яъне ноошно ва номаълум номиданд. Овози е дар забони тоҷикӣ аз дарозӣ ба устуворӣ гузашта, садоноки ī-(и-и кӯтоҳ) калимаҳои арабиро пеш аз ҳамсадои ҳ, ки дар арабӣ бо ī талаффуз мешаванд, (иҳтимол, иҳтиром вағ.) ба худ тобеъ намуда, онро дар шакли эҳтимол, эҳтиром, эҳдо овардааст. Бояд гуфт, ки садоноки ē (аз таркибҳои овоии эрони қадим ai, aуa) дар тамоми лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ устувории худро нигоҳ доштааст.

Дармарҳилаи нави инкишофи забонҳои эронӣ забони тоҷикӣ дар гурӯҳи забонҳои ҷануби ғарбӣ ҳамроҳ бо забонҳои форсӣ, дарӣ, ҳазора, тотӣ мебошад. Албатта ин тақсимбандӣ шартӣ буда, фақат барои нишон додани хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунандаи ин забонҳои ба ҳам наздик шартан сохта шудааст. Тавре ки аз ин тақсимбандӣ мебинем, ба ғайр аз забони тотӣ, ки фарқиятҳои он аз забонҳои дигари ин гурӯҳ бештар мебошад, забонҳои дигар (форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ, ҳазора) тақрибан хусусиятҳои гуишӣ ва лаҳҷавии як забони умумиро доро мебошанд. Ин умумиятро метавон ба ҳамон умумияти забонҳои ориёӣ итлоқ кард, ки дар аҳди қадим бо номи «забони ориёӣ» (забони форсии қадим ва забони бохтарии кушонӣ дар сангнавиштаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ ва Кушонӣ забони ориёӣ номида шудааст) номгузорӣ шудааст. (Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ, Душанбе, 2006, с.211.).

Забони классикии форсии тоҷикии мо, ки ба ивази забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави паҳншавии ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид, аз лиҳози хусусиятҳои овоӣ, дастурӣ ва вожагонӣ аз забонҳои хешованди бостонии хеш хеле дур рафта, хусусиятҳои хоси худро пайдо кард. Пеш аз ҳама, дар бахши фонетика ё овошиносӣ масъалаи тағйирот ва таҳаввули сифатӣ бар ивази тағйироти миқдорӣ ба ҷои аввал мебарояд. Дар забони тоҷикии давраи классикӣ мисли забони форсии миёна ҳанӯз ҳам ҳашт садонок (се ҷуфти кутоҳи дарози i-ī, a-ā, u-ū ва ду садоноки дарози аз садонокҳои мураккаби ai>ē ва au>ō пайдошуда) вуҷуд дорад, вале дар зери таъсири тағйироти сифатӣ дар ҳоли тағйир ёфтан аст. Ҳамин тариқ, дар забони тоҷикии классикӣ (форсии дарӣ) ҳашт садонок (i, ī, ē, a, ā, u, ū, ō) вуҷуд дорад. Барои таҳаввули ҳамсадоҳои ин давраи забони мо тағйироти зиёди сифатӣ дар ҷобаҷогузории онҳо дида мешавад.

Дарбахши сарфу наҳв тағйроти асосӣ аз ҳолати тасрифӣ (синтетикӣ) ба ҳолати таҳлилӣ (аналитикӣ) гузаштани ҳиссаҳои нутқ мебошад.

Азбайн рафтани ҷинсияту тасрифи падежӣ ва гузариши ҳолати ҷамъбандии сегона (танҳо, дугона ва ҷамъ) ба ҷамъбандии дугона (танҳо ва ҷамъ) хусусиятҳои хоси ҳолати таҳлилии забон мебошад, ки ин тағйиротҳо ҳанӯз дар забонҳои форсии миёна, портӣ ва қисман дар забони бохтарӣ намудор шуда буданд. Албатта, дар давраи аввали инкишофи забони классикии форсии тоҷикӣ хусусиятҳои маҳаллӣ ва лаҳҷавии ин забон дар минтақаҳои гуногуни густариши он дида мешуд ва таҳияи фарҳангу луғатномаҳои гуногун шоҳиди ин гуфтаҳост. Вале хусусиятҳои умумӣ ва меъёрии забони адабӣ барои ин забон то имрӯз боқист ва метавон гуфт, ки алорағми хусусиятҳои хоси гунаҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ байни ин се гунаи забони адабӣ умумиятҳо аз фарқиятҳо дида хеле бештар аст.

Тавре ки маълум аст, талаффузи «вови маҷҳул», ки аз рӯи ақидаи забоншиносон имрӯз дар забони форсии Эрон дида намешавад, дар забони тоҷикӣ ва дарии Афғонистон боқӣ мондааст. Албатта, фонемаи ӯ ё ба таври дигар у-и дароз дар забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷиддӣ мехоҳад, зеро ки шакли талаффузи он ба вови маҷҳули классикӣ шартан муқоиса мегардад. Тарзи талаффузи он дар забони форсии миёна ва форсии дарӣ ё тоҷикии аҳди классикӣ ба таври мушаххас маълум нест ва он аз рӯи анъана ва суннати дароз талаффуз кардани он баррасӣ мегардад. (Основа иранского языкознания. Новоиранские языки, М.1982, с.20.). Ин масъаларо метавон ба таври муфассал дар намунаҳои мувофиқати таърихии ин овоз аз форсии бостон то забони тоҷикӣ баррасӣ намуд.

Вовимаҷҳул дар забони классикии форсии тоҷикӣ аз ҳисоби ба садоноки дарози ū табдил ёфтани садоноки мураккаби aū ва ба воситаи дароз талаффуз кардани баъзе аз таркибҳои овозӣ пайдо шудааст, ки мушаххасан дар мисолҳои зерин дида мешавад:

1.Дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, бӯӣ, рӯд, рӯй, дар асоси табдил ёфтани садоноки мураккаби забонҳои авестоӣ ва форсии қадим au ба садоноки дарози ū пайдо шудаанд:

рӯз< форсии миёна ва портии rōz (форсии миёнаи давраи аввал roč форсии бостон raučah ба маънои рӯз, авестоии raočan – равшан < эронии қадим* raučah). Калимаи авестоии raočan имрӯз дар забони тоҷикӣ дар шакли равшан ва рӯшан вуҷуд дорад ва ин мисол исбот мекунад, ки имрӯз ҳам кӯтоҳшавии садонокҳои мураккаб (ав-и тоҷикӣ ва оӯ-форсӣ) дар забони мо идома дорад. Равған ва рӯған ҳам шоҳиди ин гуфтаҳост.

гӯш< форсии миёна – gōš < форсии бостон gauša, авестоии gaoša< эронии қадим* gauša;

бӯй< форсии миёнаи bōy < авестоии baoδa < эронии қадим* bauda;

рӯд< форсии миёнаи rōd < форсии бостон rautah < эронии қадим* rautah;

рӯй< форсии миёнаи rōy < авестоии raoδa < эронии қадим rauda ба маънои намуди беруна.

2.Бо роҳи ба садоноки дарози ū табдил ёфтани таркибҳои овозӣ:

а)аз эронии қадими* aua: ӯ ба маънои шахси сеюми вай < форсии миёнаи ōy < форсии бостон avahya аз ҷонишини ишоратии ava – он, вай < эронии қадим* ava:

фурӯба маънои поин < форсии миёна frād < форсии бостон frauatа – ба пеш, ба поин;

зӯрба маънои тавоноӣ, қудрат < форсии миёна zōr < форсии миёнаи давраи аввал zavar, портии zāvar < авестоии zāvar;

пӯст< форсии миёна pōst < форсии қадим* pavasta;

ту< форсии миёна < авестоии tava < эронии қадим* tava ба маънои «аз ту»;

б)аз таркиби овозии форсии бостон agu* >avu* ōu > ō;

мӯбад < форсии миёна mōubad (давраи аввал — mōupat) < форсии бостон magupati – рӯҳонии зардуштӣ;

в)аз таркиби овозии va > ō;

вожаи ду < форсии миёнаи < авестоии dva, форсии бостон duva. (Муфассал ниг.: Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. М., 1982, с.42-43.).

Интаркибҳои овозии авестоӣ ва форсии бостон дар забони тоҷикии имрӯз бояд овози ӯ-ро диҳанд, ки тавре аз имлои имрӯз бармеояд, на ҳамаи ин овозҳо бо ӯ ишора мешавад. Ҳол он ки дар забони мо бе доштани меъёри таърихӣ як силсила қоидаҳо (аз қабили пеш аз овози (h)ҳ дар калимаҳои кӯҳна, куҳан ва пеш аз овозҳои h ва айн (аломати сакта) дар калимаҳои арабӣ талаффуз кардани ӯ пайдо шудаанд, ки имрӯз онҳоро ҳамчун хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ қаламдод мекунанд. Ҳол он ки хусусияти хоси ин овозҳоро, яъне ба ӯ-и дароз табдил ёфтани у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои «самарқандӣ-бухороӣ, ленинободӣ-конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепаӣ, шаҳристонӣ» дар намунаҳои уҳда, мӯҳтоҷ, мӯмин (арабии муъмин) ҳанӯз дар соли 1964 муҳаққиқи рус РасторгуеваВ.С. қайд карда чунин гуфта буд: «Гузариши u (у-и кӯтоҳ) ба ů (ӯ-и дароз) дар зери таъсири ҳамсадои гулӯӣ танҳо дар лаҳҷаҳои шимолӣ (ҷое, ки садоноки ū (ӯ-и дароз) дорад) ва махсусан дар лаҳҷаҳои самарқандиву бухороӣ, лелинободиву конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ дида мешавад». (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964. -С.29). Яъне ин падида дар аксарияти дигари лаҳҷаҳои минтақаҳои тоҷикнишини тоҷикони Осиёи Марказӣ ва лаҳҷаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон аз тарафи муҳаққиқон маълум карда нашудааст ва онро ҳамчун меъёр ба забони адабӣ дохил кардан ба назар дуруст намерасад. Агар меъёрҳои забони адабиро ба баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Узбекистону Тоҷикистон маҳдуд накарда, онро ба тамоми сарзамини тоҷикон мансуб донем, нодурустии ин меъёр боз ҳам равшантар ва бармалотар аён мегардад. РасторгуеваВ.С. таъсири забонҳои туркӣ ва махсусан забони узбекиро дар пайдо шудани овози ӯ дар калимаҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар намунаи лаҳҷаҳои Чирчиқи боло, Риштон ва атрофи он зикр намуда чунин мегӯяд: «Ин фонема (овози ӯ дар назар аст) хати инкишофи ō-и маҷҳули куҳанро идома намедиҳад. Он дар ин ҷо аз забони ӯзбекӣ иқтибос шудааст ва фақат дар калимаҳои иқтибосии ӯзбекӣ дида мешавад» (мисолҳо ҳам оварда мешавад).

Баъдан ӯ дар ҳамин ҷо зикр мекунад, ки «ō-и маҷҳул дар ин ҷо ба монанди лаҳҷаҳои марказӣ ба овози ū табдил ёфтааст: rūz, rūy, mūy вағ.». (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964. -С.41, Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской ССР, Сталинабад, 1959. -С.10-11). (яъне ба у-и дарози калимаҳои дур, пур, гур вағ.)

Боядгуфт, ки масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ дар даврони шӯравӣ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва то ин дам шумораи садонокҳои забони тоҷикиро пажӯҳишгарон гоҳ дар асоси шумораи садонокҳо дар забони классикии форсӣ-тоҷикӣ 8 садонок, гоҳ ҳафт садонок ва асосан шаш садонок ҳисоб кардаанд. Дар ибтидои асри ХХ, солҳои 1927-1928 дар давраи омодагӣ барои гузариш ба алифбои лотинӣ баҳс сари садонокҳои дарозу кутоҳи ū – u ва i – ī хеле доманадор буд ва ин баҳсҳо аввал бо қабул кардани ҳашт садонок i, ī, e, a, o, ů, ū, u анҷом ёфт. Дар натиҷа китобҳои аввалини дарсӣ барои забони тоҷикӣ, ки солҳои 1929-1930 чоп шуданд, бо овардани ҳашт садонок дар забони тоҷикӣ нашр гардидаанд. (Сухарева О.А. Руководство для изучения таджикского языка, Самарканд, 1929; Громатович, Дмитриевский, Хашимов. Учебник таджикского языка, Ташкент, 1931; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949.-С.11.).

Абдурауфи Фитрат дар китоби худ бо номи «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)», ки соли 1930 ба чоп расидааст, чунин менависад: «Босадоҳои (садонокҳои — С.Н.) забони тоҷик 8 адад буда, ба се ҷуфт ва 2 тоқа тақсим мешаванд. 6 босадои ҷуфт-ҷуфт:

Кӯтоҳ у, и,а
Дароз ӯ, ӣ,о

Дубо садои тоқа: е, ӯ» (Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009. -С.40-41.).

Валебаъдан Комиссия оид ба омодагӣ ба анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон садонокҳои забони тоҷикиро 6-то муқаррар намуд ва овозҳои i — ī ва u — ū-ро на аз рӯйи дарозӣ, балки дар асоси устуворӣ муайян намуд. (К вопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического сьезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.).

Дарсолҳои 1937-1940 дар давраи гузариш ба алифбои кириллӣ масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боз фарқ кардани i – ī ва ū – u масъалаи асосӣ гардид. Соли 1940 китоби Лутфулло Бузургзода «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд, ки дар он масъалаи дарозӣ ва кутоҳии садонокҳои i — ī ва ū – u аз нав тасдиқ гардида, барои забони тоҷикии меъёр ҳашт садонок муқаррар гардид. Аз ҷумла, ӯ дар бораи овози i: — ī менависад: «i: Ин овоз аз ҷиҳати ҷой ва усули ташаккул аз «i» фарқ надорад, яъне овози қатори пешин ғайрилабӣ ва танги болоӣ буда, аммо аз «i» андак кашидатар (дарозтар) талаффуз карда мешавад: i:d, bi:пo, si:r (sī:ri kosa), si:r, zi:n, zi:пa, xi:ra, pi:v, di:па, di:ruz//di:rūz, ki:па, si:. Ин овоз дар як қисм шеваҳо монанди забони адабӣ фонемаи мустақил ба шумор равад ҳам, дар як қисм шеваҳо (Самарқанд, Ленинобод) аз «i» фарқ карда намешавад». (Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940, -С.39; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, М.-Л., 1949. -С.11-12.). Л.Бузургзода дар бораи u:(ū) ҳам чунин ақидаро пешниҳод мекунад ва барои намуна мисолҳои du:r, hu:š, šu:š, пu:r, du:d-ро меорад. (Л.Бузургзода ва Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ, Сталинобод, 1941, с.21; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949, с.12.). Тавре ки аз ин намунаҳо мебинем, ва худи муаллиф ҳам қайд мекунад, ин дарозиву кутоҳӣ агар дар забони адабӣ ва баъзе аз шеваҳо фонемаи мустақил бошад ҳам, вале дар лаҳҷаҳои Самарқанду Ленинобод аз овози «i» фарқ надорад. Бинобар ин дар имлои забон ҳам минбаъд дар назар гирифта нашудаанд.

Валебаъд аз як соли нашри ин китоб китоби дигаре бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳафт садонок (a, e, u, ӣ, o, y, ӯ) барои забони адабии мо муқаррар шудааст.

Забони тоҷикӣ алорағми гуногунӣ ва мавҷуд будани шумораи зиёди лаҳҷаву шеваҳои мухталиф, ки дар гуногунии талаффузи садонокҳо бештар акс ёфтаанд, умумияти байни ин гӯишу лаҳҷаҳоро дар худ инъикос намудааст. Ин гӯишу лаҳҷаҳо аз лиҳози овозҳо дар зинаҳои мухталифи тағйирёбии сифатӣ ва миқдорӣ нисбат ба овозҳои забони адабӣ қарор дошта, ҳангоми таҳлилу баррасиҳои илмӣ умумияти таърихии овозҳои забонҳои эрониро ба таври возеҳ ошкор менамояд. Тавре ки аз сайри таърихии овозҳои забони тоҷикӣ аз авестоиву форсии бостон то забони форсии миёнаву бохтариву суғдӣ дидем, ин забонҳо ба ҷуз аз тағйиротҳои умумӣ, ки дар зинаҳои таҳаввулу такомул ва дар марҳилаҳои рушди таърихӣ ва хусусиятҳои хоси забонҳои шарқӣ ва ғарбии эронӣ дида мешаванд, умумияти равиши таърихии умумиэронӣ доранд.

Талаффузи садонокҳои i ва ī, яъне и-и кӯтоҳ ва ӣ-и дароз дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ аз рӯйи устуворӣ ва ноустуворӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд. Гурӯҳи лаҳҷаҳои шимолӣ (дарёи Зарафшон тахминан марзи лаҳҷаҳои шимоливу ҷанубӣ мебошад) ва гурӯҳи лаҳҷаҳои ҷанубӣ. Дар лаҳҷаҳои шимолӣ фарқияти байни i ва ī аз рӯи аломати устуворӣ ва ноустуворӣ боқӣ мондааст. Дар лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон (шева ва лаҳҷаҳое, ки дар қисмати ҷануби дарёи Зарафшон воқеъ мебошанд) ҳар ду овози i -и кӯтоҳ ва ī -и дароз ба як садоноки ī табдил ёфтаанд. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.19-20.)

Масъалаи талаффузи садонокҳои таърихии u, ū, ō (у ва ӯ-и дароз ва ӯ-и маҷҳул)-ро дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, РасторгуеваВ.С. ба панҷ навъ ё панҷ намуд ҷудо кардааст. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.23-29).

Дарлаҳҷаҳои навъи аввал ва навъи дувум, ки ба гурӯҳи аввал Бухоро Айнӣ, Чуст, Консой, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва ба гурӯҳи дувум лаҳҷаҳои ш.Самарқанд, болооби Варзоб, Бойсун, лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисору Қаратоғ дохил мешаванд, овози садоноки маҷҳули «ō» боқӣ монда, аз лиҳози устуворӣ дар муқобили «ū» ва «u» (дар гурӯҳи аввал) ва «u» (дар гурӯҳи дувум) қарор дорад. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.23-27; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, с.27-29.).

Дарлаҳҷаҳои гурӯҳи сеюм, (лаҳҷаҳои Мастчоҳ, Фалғар, Шайдон, болоби дарёи Чирчик), чорум (лаҳҷаҳои Кӯлоб, Ғорон (Бадахшон), Хумдара, Вахёи боло, Чилдара, Қаротегин, қисмати ҳамвории водии Ҳисор, бахше аз Варзоб) ва гурӯҳи панҷум (лаҳҷаи Дарвоз) хусусиятҳои умумӣ дар талаффузи ин садонокҳо дида мешавад:

  1. Дарҳар се навъ ё гурӯҳ садоноки таърихии ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои гӯш, бӯй, рӯз ба овози дарози ū-ӯ табдил ёфтааст.
  2. Овози садоноки дарози ӯ дар калимаҳои хун, дуд, дур, низ бо ō (ӯ-и дароз) якҷо шудааст. Фақат дар лаҳҷаҳои типи сеюм ба ū (у-и дароз) табдил ёфтани (у-и кӯтоҳ) дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад.

Дарлаҳҷаҳои типи чорум ва панҷум u (у-и кӯтоҳ) боз ҳам кутоҳтар шуда, ба ъ табдил ёфтааст, ки аз ҳамаи садонокҳои забони тоҷикӣ имрӯз кутоҳтарин садонок дар забони тоҷикӣ мебошад. Фақат дар лаҳҷаҳои гурӯҳи панҷум (Дарвоз) ҳар ду ҳолат, ҳам кутоҳшавии u (у-и кӯтоҳ) ба ъ ва ҳам нигоҳ доштани хусусияти ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, дида мешавад. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964.-С.23-27; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, с.27-29.).

Қонунмандиҳои инкишофи дохилии лаҳҷаҳои забони тоҷикии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон) аз лиҳози овошиносии садонокҳои одӣ шумораи ин садонокҳоро аз 6 садонок то ҳашт садонок нишон медиҳад. Садонокҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба таври умум аз лиҳози таҳаввули таърихӣ ҳадди ақал ду роҳи инкишофи худро тай кардаанд.

Аввал аз лиҳози дарозии талаффуз садонокҳои ҳамгун ба ҳам омада, якҷоя мешаванд, ки дар намунаи якҷояшавии садонокҳои ҳамгуни ō ӣ, u ва i, ī, e бо равишҳои мухталиф дида мешаванд. Дувум, садонокҳо аз лиҳози хусусиятҳои сифатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин тағйирот дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба тариқи зерин мушоҳида мешавад. (Инъикоси ин таҳаввул аз лиҳози минтақавӣ аз шимол ба ҷануб яъне аз лаҳҷаҳои шимолӣ ба самти лаҳҷаҳои ҷанубӣ мебошад):

1.Овозҳои садоноки навъи шимолӣ дар се марҳила дараҷаи инкишоф ва таҳаввули садонокҳоро ба самти якҷояшавӣ ё ҳамроҳшавӣ нишон медиҳад.

а)Марҳилаи аввал дар лаҳчаҳои гурӯҳи якум (Бухоро, Панҷакент, Уротеппа, Шаҳристон, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Консой, ҷануби Ашт дар намунаи гузаштан аз садонокҳои дарозу кутоҳ ба садонокҳои устувору ноустувор (баъзе ҳолатҳои муқобилгузории дарозу кӯтоҳ) дида мешавад. Ин лаҳҷаҳо дорои ҳашт садонок i, (ī), е, a, о, u, (ū), ů, мебошанд;

б)марҳилаи дувум якҷояшавӣ ва баҳамоии u ва ū (у-и дарози калимаҳои дур, нур…) бо нигоҳ доштани муқобилгузории i ī дар ҳолати ноустуворӣ ва устуворӣ (i ва ī дар намунаи калимаҳои дил-пир, китоб- ширин вағ.). Дар ин лаҳҷаҳо (танҳо лаҳҷаи Самарқанд ва атрофи он) ҳафт садонок (i, (ī), е, a, о, u, ů, ) дида мешавад;

в)марҳилаи савум баҳамоии садонокҳои i ва ī (ӣ, и) дар намунаи калимаҳои пир, дил, шир, вағ. ва вуҷуд доштани шаш садонок (i , е, a, о, ů, u) дар лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисор, Бойсун, Дарбанд, Варзоби боло. Бояд гуфт, ки ин лаҳҷаҳо бештар зери таъсири лаҳҷаҳои ҷанубӣ (кулобӣ ва қаротегинӣ) қарор дошта, дар онҳо баҳамоии ū ва ů (дар намунаи калимаҳои рӯ > ру, бӯ > бу, сӯ >су) дида мешавад.

2.Лаҳҷаҳои марказӣ (болооби Зарафшон, Мастчоҳ, Фалғар, Сух) бо хусусияти ҳафт садонокӣ (i, ī, a, о, е, ū, u), лаҳҷаҳои ҷанубӣ (Кӯлобу Вахш, Бадахшон, Рашт, қисмате аз ноҳияи Дарвоз ва Варзобу Ҳисор бахше аз минтақаҳои ҷудогонаи вилояти Фарғонаву Андиҷон) бо хусусияти шаашсадонокӣ (i, е, a, о, ъ, ū, ) ва лаҳҷаҳои ҷанубу шарқӣ (Дарвоз, асосан Дарвози боло) бо доштани даҳ садонок, (i, е, a, о, ū, u, ъ, ü) ва дорои хусусиятҳои ҳам шимолӣ ва хам ҷанубӣ дорои аломатҳои зерин мебошад.

а)Хусусияти умумии тағйироти сифатии садонокҳо бо гузаштани садонокҳои таърихии кӯтоҳи u (у) ва дарози ū (у) ба ů (ӯ) дар лаҳҷаҳои марказӣ;

б)гузариши садоноки таърихии ū ба ü дар лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ;

в)маҳдуд шудани дарозии садоноки маҷҳули ō (ӯ) ва гузаштани он ба ū (у) дар лаҳҷаҳои марказӣ;

г)гузаштани u (у-и кутоҳ) ба ъ, яъне боз ҳам кутоҳшавии у-и кутоҳ дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ.

Ҳамин тариқ дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ бештар садонокҳои таърихии қатори ақиб ба тағйироти сифатӣ дучор шудаанд. Агар мо тагйироти сифатии лаҳҷаҳои тоҷикии Афғонистонро (махсусан лаҳҷаҳои шимоли шарқӣ ва маркази Афғонистон- Балх, Бадахшон, Қундуз, Тахор, Самангон, Парвон, Кобул) бо лаҳҷаҳои Тоҷикистону Узбекистон муқоиса кунем, пас умумияти ин лаҳҷаҳо бештар бо лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон дида мешавад ва дар маҷмӯъ лаҳҷаҳои шимолӣ бо доштани хусусиятҳои қадимӣ (асосан доштани ҳашт садонок) аз як тараф ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо лаҳҷаҳои шимол ва маркази Афғонистон (бо доштани хусусияти ҳафтсадонокӣ ва шашсадонокӣ) дар байн ва лаҳҷаҳои забони форсӣ бо доштани хусусияти шашсадонокӣ аз тарафи дигар қарор мегиранд. (Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964. -С.38-41; Aвdul Chafar Favhadi. le persan parle en Afghanistan. Grammaive du Kaboli/ Paris. 1955; Саколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954. -С. 29-36. ).

Тавре ки аз муқоисаи овозҳои садоноки забонҳои баррасишуда ва таҷассуми онҳо дар алифбо аз рӯи барқарор кардани он овозҳо бар асоси таҳқиқот ва пажӯҳишҳои забоншиносон дидем, забонҳои эронии ғарбӣ ва шарқӣ ба таври умум дар ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

Забонҳои ҷануби ғарбӣ бошад дорои хусусиятҳои зерин мебошанд:

1.Забонҳои форсии бостон, форсии миёна ва марҳилаи классикии инкишофи забони тоҷикӣ хусусияти хоси ба ҳам муқобил гузоштани овоӣ (фонетикӣ)-и садонокҳои кӯтоҳ ва садонокҳои дарозро доранд. Масалан, забони форсии бостон дар ибтидо дорои се овози садоноки дароз (ā, ū, ī) ва се садоноки кутоҳ (a, u, i) мебошад. Баъдан ду овози садоноки мураккаб (дифтонгҳо) ба овозҳои садоноки дароз (ē аз садоноки мураккаби ai) ва (ō аз садоноки мураккаби au) ба ин гурӯҳ ҳамроҳ мешаванд. Бояд гуфт, ки ин муқобилгузории садонокҳои дарозу кутоҳ дар ин забон аз рӯи андозаи дарозиву кутоҳии овозҳо он қадар зиёд нест.

2.Муқоисаи забонҳои бостонӣ ва миёнаи форсӣ бо забонҳои нави эронӣ дар намунаи забонҳои эронии гурӯҳи ҷануби ғарбӣ чунин тағйиротҳои овоиро нишон медиҳад:

а)таҳаввули сифатӣ ва миқдории садонокҳо дар ин забонҳо;

б)мутобиқати таърихии садонокҳо;

в)таҳаввули умумии таркиби садонокҳо.

Садонокҳои забонҳои муосир пеш аз ҳама хусусияти муқобилгузории сифатии худро ба дарозу кутоҳ гум карда, садонокҳои дароз хусусияти маъноии худро аз даст дода (инро мо дар намунаи тағйироти овоии калимаҳои вови маҷҳулдор дидем), ба хусусиятҳои дувумдараҷа табдил меёбанд. Ҳамин тариқ, муқобилгузории садонокҳо аз рӯи хусусияти кутоҳиву дарозӣ, ки барои забонҳои ду даври аввал хос мебошанд, ба таври умум дар ҳоли аз байн рафтан мебошанд.

Садонокҳои забонҳои эронӣ имрӯз аз рӯи хусусияти устувор ва ноустувор муайян мешаванд. Аз рӯи ин хусусият шумораи онҳо гуногунанд.

забонҳо устувор ноустувор садонокҳои
мураккаб
1. забонҳои форсии Эрон Ī, ā,ū е, ä,o ei, ou
2. дарӣ (форсии кобулӣ) ē, ī,ā, ū,ō i, a,u ai, au
3. забони тоҷикӣ ē, ō,ů i, a,u ai, au
4. ҳазора ē, ō,ū i, a,u ai, au,eŭ
5. тотӣ x, a i, ŷ,u ei, au,ѳy

Дарзабонҳои тотӣ ва баъзе лаҳҷаҳои тоҷикӣ дар баъзе ҳолатҳо садонокҳои дарози таърихии решаӣ (тоти: ā, i, ū ва тоҷикӣ: i, ū) дида мешавад.

Бағайр аз садонокҳои дарозу кутоҳ дар забонҳои номбурда садонокҳои мураккаби дуовоза (дифтонгҳо) дида мешавад. Аз ҷумла:

Забони форсӣ ei, au (meidān, joušan) – мейдон, ҷоушан)

Забони тоҷикӣ ai, au (maidān, jaušan) – майдон, ҷавшан)

Забони дарӣ ai, au (maidān, janšan) – майдон, ҷавшан)

Тавре ки аз ин муқоиса мебинем, дар таркиби садонокҳои мураккаб фарқ байни форсии Эрон аз яктараф ва тоҷикиву дарӣ аз тарафи дигар дида мешавад. (Основы иранского языкознания. Новоиранские языки, кн. 1, М., Наука, 1982, с.28-50; Языки Азии и Африки, М., 1978, т. 2, с.156-158.)

Ҳамсадоҳои забонҳои муосири гурӯҳии забонҳои ҷануби ғарбӣ аз ҳамсадоҳои забони форсии бостон сарчашма мегирад. Дар забони давраи классикии мо 22 ҳамсадо (p, t, k, b, d, g, č, j, f, s, š, x, h, n, z, ž, y, , m, n, v) вуҷуд дошт. Имрӯз забони форсии Эрон низ 22 ҳамсадо дорад. Фақат дар забони тоҷикӣ ва дарӣ, лаҳҷаҳои тоҷикии минтақаи Форс ба ин ҳамсадоҳо як ҳамсадои q (қ) илова мешавад, ки он ҳам бештар дар калимаҳои иқтибосии забонҳои арабӣ ва туркӣ дида мешавад.

Батаври умум мутобиқат ва фарқиятҳои овоҳои садоноки гурӯҳи забонҳои ҷануби ғарбӣ дар ҷадвали зерин дида мешавад.

форсии
бостон
форсии миёна
вафорсии нав
форсии
кобулӣ
забони
тоҷикӣ
ҳазора форсии
Эрон
тотӣ
a a a a a ä æ
ā ā ā o ō ā a
i i i i i e v
ī ī ĩ ī i
ai ē ē e ē
u u u u u o y
ū ū ū ū u
au ō ō ū ŭ

Дарасоси ин ҷадвал сайри таърихии садонокҳои забони моро дидан мумкин аст. Дар забони форсӣ ū (у-и дароз ё вови маъруф) бо ů (у-и дарози вови маҷҳул) якҷо шуда аз лиҳози талаффуз ба ū-и дарози вови маъруф табдил ёфтааст. Вале ин садонок (яъне ӯ-и вови маҷҳул) дар забони тоҷикӣ боқӣ монда, гӯё вови маъруф ё (ū) у-и дарози таърихӣ бо u (у-и кутоҳи замма ُ) якҷоя шудааст. Ҳол он ки дар таърихи ҳазорсолаи забон дар навишт ӯ-и вови маҷҳул бо у-и вови маъруф якҷо (бо як و-вов, ки ҳар ду овоз ҳам овози ū ва ҳам ů -ро ифода мекард) навишта мешуд ва табиист, ки вақте ин ду овоз бо як ҳарф ифода мешуданд, онҳо дар ин муддати таърихи тӯлонӣ ба як овоз табдил ёфтанд, ки он дар мисоли намунаҳои ҳам забони форсӣ ва ҳам лаҳҷаҳои ҷанубӣ, марказӣ ва қисме аз лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон дида мешавад. Биноан имрӯз ифодаи ҳам вови маъруф дар калимаи дур, пур (писар), дастур, ранҷур, гун ва ҳам вови маҷҳул дар калимаҳои гӯш, гӯш, бӯй ва ғайра бо як ӯ (у-и дароз) дуруст ба назар мерасад. Ҳамин пешниҳодро дар навишти i-(и-и дароз) дар намунаи калимаҳои бино, зира, тира, шира ва ғайра ба шакли бӣно, зӣра, тӣра баррасӣ кардан мумкин аст. Тавре ки аз рӯйи қоидаҳои имлои забон маълум аст, ӣ-и дароз ё заданок фақат дар охири калима навишта мешавад ва васеъ кардани доираи истифодаи он ба алифбо ва имлои забони мо халал ворид намесозад.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи таҳлили садонокҳои забонҳои эронии гурӯҳи ҷануби ғарбӣ ба хулосаҳои зерин омадан мумкин аст:

1.Дар забонҳои эронии гурӯҳҳои эронии ғарбӣ (шимоли ғарбӣ ва ҷануби ғарбӣ) аз аҳди бостон то ба ҳол ба ҷуз аз баъзе хусусиятҳои овоӣ будани шаш садоноки кутоҳу дароз ва аз шаш то ду садоноки мураккаб (дифтонгҳо) дида мешавад.

2.Садонокҳои мураккаб дар муддати инкишофи забонҳо ба садонокҳои дароз табдил ёфта, дар баъзе ҳолатҳо бо садонокҳои дарозу кутоҳи забонҳои баъдӣ якҷо шуда, хусусиятҳои овоии худро аз даст додаанд ва имрӯз ҳам дар намунаҳои равшан – рӯшан, равған –рӯған идома дорад.

3.Садонокҳои мураккаб дар забонҳои эронӣ бархилофи ётбарсарҳои забони тоҷикӣ доимо дар асоси дар аввал омадани садонокҳои кутоҳу дароз (ai, au, oy, ei вағ.) омадаанд ва дар таркиби садонокҳои дароз ҳамсадоҳо ба назар намерасанд.

4.Сайри таърихии садонокҳои забони тоҷикӣ аз аҳди бостон то имрӯз собит месозад, ки дар забонҳои эронии ду давраи аввал (бостон ва миёна) доимо сухан дар бораи овозҳои кутоҳу дароз ва дар марҳилаи нави инкишофи забонҳои эронӣ садонокҳои устувору ноустувор меравад ва таҳлили садонокҳо дар забони тоҷикӣ ва забонҳои эронии ба он наздик (гурӯҳи ғарбии эронӣ) аз байн рафтани ҳам дарозӣ ва ҳам устувории садонокҳои дарозро нишон медиҳад.


0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *