Фанни Забони точики

Саҳми Боголюбов М.Н. дар таҳқиқи забоншиносии матнҳои суғдӣ

Михаил Николаевич Боголюбов (1918-2010) яке аз олимони эроншиноси машҳури рус, доктори илми филология, профессор, узви пайваста (академик)-и Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Россия тамоми фаъолияти илмиву эҷодии худро ба таҳқиқи забонҳои эронӣ сарф кардааст. Ӯ аз соли 1944 то соли 1946 устоди кафедраи филологияи эрони факултети филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав буд. Аз соли 1946 то охири умр дар кафедраи филологияи эрони факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт Петербург) фаъолият кардааст. Аз соли 1960 то соли 1995 дар муддати 35 сол декани факултети шарқшиносии ин Донишгоҳ буд ва ҳамзамон муддати 10 сол (солҳои 1981-1991) мудири кафедраи филологияи Эрон буд. Ӯ соли 1966 ба ҳайси узви вобаста пазируфта шуда ва аз соли 1990 узви пайвастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Россия буд. Боголюбов М.Н. ба масъалаҳои зиёди эроншиносӣ дахл карда, доир ба таҳқиқи муқоисавӣ-таърихӣ ва типологии забонҳои эронӣ, грамматикаи таърихӣ ва решашиносии таърихи асарҳо эҷод кардааст. Аз ӯ беш аз 200 рисолаву кори илмӣ боқи мондааст, ки муҳимтарини онҳо «Ҷонишинҳои шахсӣ дар забони хоразмӣ» (1962), «Ҳуҷҷатҳои суғдӣ аз куҳи Муғ. Маълумотҳои забонӣ» (1963), «Забони яғнобӣ» (1966) мебошанд. Ӯ яке аз роҳбарони таҳияи китоби 5-ҷилдаи «Асосҳои забоншиносии эронӣ» мебошад.

Масъалаи таҳқиқи осори хаттии забонҳои миёнаи эронӣ, аз ҷумла бозхонии катибаҳои суғдӣ ва хоразмӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии БоголюбовМ.Н. мебошад. Ӯ дар ин самт таҳқиқотҳои зиёде анҷом додааст, ки яке аз онҳо нашри саввуми «Ҳуҷҷатҳои хоҷагидорӣ» аз куҳи Муғ мебошад, ки он аз тарафи Институти халқҳои Осиёи Академияи илмҳои Шӯравӣ соли 1963 чоп шудааст. Ин бахши ҳуҷҷатҳои суғдии бозёфта аз куҳи Муғ аз тарафи БоголюбовМ.Н. ва Смирнова Олга Ивановна таҳқиқ, бозхонӣ ва тафсир шудаанд. Бояд гуфт, ки таҳқиқи ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар ибтидои солҳои 30-уми қарни ХХ дар Тоҷикистон дар куҳи Муғ пайдо шуда буданд, аз тарафи эроншиносони Шӯравӣ ба таври муфассал анҷом ёфтаанд. Бахши аввали пажӯҳиши ҳуҷҷатҳои суғдӣ ба қалами ФрейманА.А. тааллуқ дошта, ӯ солҳои 1934-1960 ин ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ кардааст. Бахши дуюми ин таҳқиқот аз тарафи ЛившитсВ.А. анҷом ёфта аст, ки он ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва дипломатиро дар бар мегирад. Ба таври умум таҳқиқи ҳуҷҷатҳои суғдӣ нишон медиҳад, ки онҳо аз се бахш иборат мебошанд:

1.Номаҳои шоҳзодаҳо ва мансабдорони суғдӣ ва намояндагони онҳо, ки дарбаргирандаи мукотибаҳои дипломатӣ ва идоравӣ мебошанд.

2.Хуҷҷатҳои хоҷагидорӣ, ки аксари онҳо сабти воридоти молу маҳсулоти кишоварзӣ (ғалла, ҷав), машрубот, чорводорӣ (пӯст), ва силоҳҳои ҷангиро дар бар мегиранд.

3.Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, ки санадҳои шартномавӣ ва доду гирифти ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.

Бахши сеюми ин ҳуҷҷатҳо бо номи «Ҳуҷҷатҳои хоҷагидорӣ» 46- ҳуҷҷатро дар бар мегирад, ки қисмати асосии тамоми ҳуҷҷатҳоро ташкил медиҳад. Ин ҳуҷҷатҳо фақат ба як бойгонӣ дахл надоранд. Онҳо ҳадди ақал ба се манбаъ иртибот дошта, баъзеи онҳо ба бойгониҳои ҳукуматдорони Хохсар, Фурнамад, Кштут ва ғайра иртибот доранд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба як давра, ба чоряки аввали асри VIII-мелодӣ ва ба як минтақа, ба минтақаи Фалғар ё Парғар дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ тааллуқ доранд.

Ҳуҷҷатҳое, ки дар асари «Ҳуҷҷатҳои хоҷагидорӣ» бозхонӣ ва тафсир шудаанд, дар бораи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии як минтақаи Тоҷикистон дар давраи истилои Араб маълумоти фаровон медиҳад. Ин асар аз бахшҳои ҳуҷҷатҳои сабти даромад ва харҷи маҳсулот, забонхатҳо оид ба гирифтан ё додани чизе, фармоишҳо, гузоришҳо иборат аст. Дар бахши феҳристҳо, ки аз феҳристи номҳо, феҳристи номҳои ҷуғрофӣ, феҳристи ҳуҷҷатҳои баррасишуда ва вожанома иборат аст, метавон дар бораи шахсиятҳо ва номҳои сокинони ин минтақа, номи деҳаву маҳалҳо маълумоти муфиди илмӣ пайдо кард.

Дарбахши ҳуҷҷатҳои сабти даромад ва харҷи молу маҳсулот санадҳои бозхонишуда ва тарҷума гардида аз се қисмат иборат аст:

1.Ҳуҷҷатҳои сабти даромад ва харҷи маҳсулоти кишоварзӣ (Б2 ва Б8 ҳуҷҷатҳои аввалия ва умумӣ барои ғалла, машрубот ва ғайра; Б9-даромади машрубот; Б10 ва Б14 воридоти гандум ва ҷав; Б5-харҷ ва додани марҷумак ва В11R-харҷи гӯшт).

2.Ҳуҷҷатҳои сабти молу амвол (1R ва V-сабти маҳсулоти чармӣ, ки барои Деваштич омода шудааст, ё аз тарафи шахсони алоҳида қабул шудаанд; В2, В6, В11V, А1V сабти чарм ва маҳсулоти чармӣ, ки ба шахсони алоҳида дода шудааст; Б1 ва Б12 –феҳристи амволи ҷангӣ ва силоҳ, чарм ва ғайра, ки ба шахсони алоҳида дода шудааст.

3.Ҳуҷҷатҳои пулӣ (Nov 6-феҳристи маблағҳои пулӣ бо дирҳам, ки барои хариди гандум ё фурӯши он аз шахсони гуногун гирифта шудааст; А5 ва А11-феҳристи маблағҳо ба ҳисоби дирҳам, ки барои маоши шахсони алоҳида ва дигар талабот сарф шудааст; В9v- забонхат оид ба 6 яхонт (санги қиматбаҳо) бо нархи умумии 480 дирҳам, ки аз шахсони алоҳида гирифта шудааст, В 27-сабти рӯз ба рӯз ё рузмарраи харҷи даромади пул бо фен (сиккаҳои биринҷӣ) барои муддати як моҳ, ки аввалу охири ин ҳуҷҷат вуҷуд надорад.

Дарбахши забонхатҳо 10 забонхат аз шахсони алоҳида дар барои гирифтани чармҳои гуногун, силоҳҳо ва зиреҳҳои ҷангӣ ва чав бозхонӣ ва баррасӣ шудааст. Аз ҷумла, забонхати хазинадори Кштут барои силоҳҳои ҷанг (тасмабанди миён, гарданбанд, найзаи кутоҳ, зини асп, намадзин (намад дар шакли nmt`k) бозхонӣ шудааст.

Масалан, ҳуҷҷати А 10, ки болои пӯсти чоркунҷа (8, 5Х12-14) навишта шуда, аз 11 сатр иборат аст, забонхати як нафар ҳисобчӣ аст, ки бо дасти худаш навиштааст ва замони навиштани он ҳам моҳи ҳафтуми солшумории суғдист. Дар бахши аввали он, яъне дар чор сутуни аввали он чунин омадааст: (Тарҷумаи таҳтуллафз аз русӣ), «(1) Ва гирифтам ман wyšmruk (яъне ҳисобчӣ ё номи ӯ) (2) аз Knčk-a (яъне табиб ё номи ӯ) 10 пӯсти буз, (3) 5 пӯсти гов ҳам майда (4) ва ҳам калон ва як пӯсти хар.».

Дарбахши фармоишҳо ҳуҷҷатҳои А2, А3 ва А18 дар бораи додани сафархарҷӣ ва А16 дар бораи додани машрубот ва ҳуҷҷати А 13 додани маблағ ба сафорат мебошанд. Дар ҳуҷҷати А2, ки аз 10 сатр ё сутун иборат аст, дар бораи додани сафархарҷӣ сухан меравад, ки чунин аст: (1) Аз шоҳи Суғди Самарқанд (2) ҷаноби Деваштич ба фармондори (нан. wtt.y). Салом. Ва вақте (4) номаи маро мегирӣ, дар Рарзи боло (5) ба он одамон 300 (6) капич хурокаи сафар додан лозим аст ба ягон (7) хел таъхир набояд роҳ дод. (8) аз шоҳи Суғди Самарқанд 9) ҷаноби Деваштич ба фармондор (10) (номи фармондор)

Дарбахши гузоришҳо ҳуҷҷатҳое бозхонӣ шудаанд, ки ба шахсони алоҳида ва баъзан номаълум (масалан ҳуҷҷати Б 19) таалуқ доранд. Як ҳуҷҷат Б6 аз номи сокинони деҳаҳои Дарх, Фатмаут, Пахут ва Варзи минтақаи Парғар навишта шудааст, вале, мутаассифона, ба ғайр аз номи деҳаҳо қисмати дигари матн боқи намондааст.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ дар 8-километрии деҳаи Кум бештар ба Деваштич, Афшини Панҷакат ва минбаъд Афшини Суғд (муддати ду сол) тааллуқ доранд. Бояд гуфт, ки деҳаи Кум ҷоест, ки дар он задухурд ва муҳорибаи охирини Деваштич бо арабҳо соли 722 мелодӣ рух додааст. Дар ин муҳориба сарбозони Деваштич шикаст хурда, ба қулъаи назди он паноҳ мебаранд. Ин ҳуҷҷатҳо дар харобаҳои ошёнаи якуми қалъаи Муғ дар шакли навиштаҳои болои қоғаз, пӯст ва чӯб пайдо шудаанд. Аз рӯи навиштаи ин ҳуҷҷатҳо муайян кардан мумкин аст, ки онҳо дар куҷо навишта шудаанд. Бахше аз онҳо дар шаҳри Панҷакент ва қисмати дигаре аз онҳо дар минтақаи Фалғар таҳия шудаанд. Номҳои ҷуғрофии ин минтақа низ оварда шудаанд. Масалан: Деҳаҳои ноҳияи Фалғар дар шакли Моғиён, Кштут, Маргузар, Вешист, Мадм, Кум, Зароватк, Искодар, Хшикат, Варз ва деҳаҳои Болооби Зарафшон, Анзоб, Фатмев, Пахут, Шавкат, Вишап, Дарх, Мадрушкат дар ҳуҷҷатҳои суғдӣ омадаанд. Ин маълумотҳо барои омӯзиши номҳои ҷуғрофии ин минтақа аҳамияти бузурги илми доранд.

Дарфеҳристи номҳои ҷуғрофӣ муаллифони ин китоб дар бораи топонимикаи таърихӣ, яъне тафсири таърихии номҳои ҷуғрофии ин минтақа маълумоти муфассал додаанд, ки имрӯз ҳам аҳамияти илмии худро гум накардаанд. Масалан, Дарх ё ба шакли имрӯзӣ Дарғ чунин тафсир шудааст:

δvyh: Б15 (10)- деҳае дар Фалғар: яғнобии дарғ, бо хатти арабӣ (درغ), тоҷикии Дарғ.

Дархи имрӯзӣ дар соҳили рости дарёчаи Матчо, байни деҳаҳои Вишап ва Обурдон ҷойгир аст: Дар давраи Бобур охирин маҳалли маскунии Фалғар ҳисоб мешуд. Дар асри ХIX дар Дарх 80 хонавор зиндагӣ мекард ва ду масҷиду ду осиёб дошт» (с.103). Ҳамин гуна маълумоти муфассалро дар бораи дигар минтақаҳои аҳолинишини ин ноҳия дар феҳристи номҳои ҷуғрофӣ пайдо кардан мумкин аст.

Аҳамияти бузурги дигари пайдо шудани ин ҳуҷҷатҳо тарзи қабул, таҳия ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ мебошанд. То пайдо шудани ин ҳуҷҷатҳо дар бораи тарзи пешбурди коргузорӣ ва дафтардорӣ, қабули ҳуҷҷатҳо, нигаҳдории онҳо ва тартиби сабти онҳо дар минтақаи Осиёи Марказии пеш аз исломӣ маълумоте вуҷуд надошт. Албатта, баъзе санаду ҳуҷҷатҳои ҷудогона мавҷуд буданд, вале онҳо ба чигунагии тартиби коргузорӣ дар ин давра маълумот намедоданд. Дар асоси ҳуҷҷатҳои аз куҳи Муғ пайдошуда, мо имрӯз метавонем бо боварии комил бигуем, ки гузаштагони мо дар пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ таҷрибаи бузурге доштаанд. Ҳуҷҷатҳои хоҷагидорӣ дар забони суғдӣ аз рӯи ҳуҷҷатҳои бозёфта аз куҳи Муғ ба як тартиби муайян таҳия мешуданд. Аз рӯи ин ҳуҷҷатҳо маълум мешавад, ки ҳуҷҷатгузории идоравии маҳалҳо се марҳиларо дар бар мегирад. Аввал ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки бо номи ҳуҷҷатҳои аввалия воридоти молу маҳсулотро ба таври умумӣ ва якҷо сабт мекунанд, баъдан дар асоси ин ҳуҷҷатҳои аввалия ҳуҷҷатҳои умумӣ тартиб дода мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо молу маҳсулотро бахш ба бахш ва соҳа ба соҳа ҷудо карда, онҳоро ба як тартиби муайян бо нишон додани рӯзу моҳи ворид шудани мол ва сарфи он сабт менамоянд. Ин гуна ҳуҷҷатҳо аз як моҳ то чанд солро дар бар мегиранд. Масалан: дар ҳуҷҷатҳои умумӣ маҳсулот бо мол якҷоя наомадааст. Онҳо дар ин гуна ҳуҷҷатҳо ба таври ҷудогона ҳам даромад карда мешаванд ва ҳам сарфи онҳо ё харҷи онҳо алоҳида нишон дода мешаванд. Масалан, дар ҳуҷҷати Б2 маълумот роҷеъ ба даромад ва харҷи маҳсулот (машрубот ва ғалла) дар муддати ним моҳ аз 28-уми моҳи дуюми гоҳшумории суғдӣ то 14-уми моҳи сеюми солшумории суғдӣ рӯз ба рӯз нишон дода шудааст. Инчунин дар ҳуҷҷати Б8 харҷӣ рӯз ба рӯзи маҳсулот сабт шудааст.

Якбахши санадҳои хоҷагидориро ҳуҷҷатҳои пулӣ ташкил медиҳанд. Ин гуна ҳуҷҷатҳо онҳое мебошанд, ки дар онҳо маблағҳо дар шакли пулии дирҳам (сиккаҳои мисӣ) ва биринҷӣ (бо номи фен) нишон дода шудаанд. Ин ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки дар Суғди пеш аз исломӣ муносибатҳои пулӣ хеле ривоҷ доштааст. Аз рӯи ин ҳуҷҷатҳо муайян кардан мумкин аст, ки ҳаҷмӣ мубодилаи маҳсулот дар як муддати муайян чи қадар маблағро ташкил медиҳад. Масалан муайян кардан мумкин аст, ки нархи чорво, маҳсулоти чорво, силоҳҳои ҷангӣ, пойафзол дар он давра чи қадаранд? Аз рӯи ҳуҷҷатҳои А5 ва А11 мебинем, ки нархи як аспи саворӣ 200 дирҳам будааст ё пойафзоле бо номи кафшӣ як ё ду дирҳам будааст, зиреҳи ҷанговарон 12 дирҳам, тоскулоҳ ду дирҳам. Аз рӯи ин санадҳо барои хидматҳои алоҳида низ маоши муайян таъйин мешудааст. Масалан аз рӯи санади пулии А5 барои хариди асп 100 дирҳам, барои маоши рӯҳоние, ки рутбаи болотаре дорад, 50 дирҳам сарф шудааст. Бояд гуфт, ки сиккаи пули дирҳам дар Бохтар ҳам ба ҳамин шакли дирам вомехӯрад ва ин собит месозад, ки ҳам дар Суғд ва ҳам дар Бохтар низоми ягонаи пуливу арзӣ дар он замон вуҷуд доштааст.

Даряк санади дигар таҳти рақами Б15 дар бораи фармони Деваштич оид ба фиристодани гӯсфандон (63-гӯсфанд) ва инчунин аз тарафи фармондори ин минтақа ҷамъоварии меваҷот сухан меравад.

Албатта, саҳми устод Боголюбов Михаил Николаевич ва ҳамроҳони ӯ дар бозхонии матнҳои суғдӣ бениҳоят бузург аст. Вале имрӯз ҷойи онҳо холист. Имрӯз бояд Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Конуни забони хеш таҳқиқу бозхонии матнҳои бостониро на танҳо аз забони суғдӣ, балки забонҳои дигари эронӣ, ба монанди бохтарӣ, портӣ, хоразмӣ ба роҳ монад. Масалан, дар солҳои охир осори гузаштагони мо ба забонҳои суғдӣ ва бохтарӣ пайдо шуда ва онҳо дар марказҳои эроншиносии Ғарб (Берлин ва Лондон) бозхониву тафсир шуда истодаанд. Вале мо соҳибони аслии ин осор хомушем. Ҳол он ки донистани таърихи воқеии ин сарзамин аз донистану манзури фарҳангиёни кардани осори гузаштагони мо сарчашма мегирад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *