Фанни Забони точики

Услубхои забони адабии хозираи точик

Услуб. Услубҳои забони адабии ҳозираи тоҷик

Услуб калимаи арабӣ буда, маънои он роҳу равиш ва тарзу тариқ аст. Дар забоншиносӣ услуб дар маънои тарзу равиши сухангӯйӣ меояд. Дар адабиётшиносӣ ба ҷойи услуб вожаи сабк истифода мешавад, ки низ дар маънои роҳу равиши сухангӯйӣ корбурд мешавад. Вале, ин роҳу равиши сухангӯйӣ дар адабиётшиносӣ, аслан, роҳу равиши суханпардозӣ аст, на сухангӯйие, ки дар забоншиносӣ фаҳмида мешавад. Суханпардозӣ ин пардози сухан, яъне зебу зинат ва оро додани сухан аст, ки аз тариқи санъатҳои бадеӣ амалӣ мешаванд. Аммо, дар забоншиносӣ мафҳуми роҳу равиши сухангӯйӣ худ чизи дирест, ки он, куллан, ба бадеият сару кор надорад. Суханпардозӣ ё бадеъкорӣ дар сухан фақат яке аз чаҳор қисми услубҳои забонро дарбар мегирад, ҳол он ки ҳама сабкҳои адабӣ худ дар гирди пардозкорӣ ва бадеияти сухан давр мезананд ва мақсуди ҳар яке бо тарзе махсус ба худ тасвир кардани ҳодисаву воқеиятҳо мебошад, ки ин тасвирҳо танҳо дар пардаи санъатҳои бадеӣ аз килки шоир ё нависанда таровиш мекунанд.

Бо ҳамин маънӣ, услубҳо дар забон ҳамагӣ дар чаҳорчӯби суханпардозӣ нестанд, ончунонки сабкҳо дар адабиёт ҳамагӣ дар ин чаҳорчӯбанд. Агар услуби бадеиро дар назар нагирем, дар дигар услубҳо суханпардозӣ ва зебу зинат додани сухан вуҷуд надоранд ва истифода намешаванд. Албатта, дар услуби публисистӣ ҳам ҷо- ҷо аз пардози сухан корбурд мешавад, вале дар қиёс бо кулли махсусиятҳо ва қавоиди ин услуб, бадеият дар ин услуб дар дараҷаи ночиз ва ҳақир боқӣ мемонад.

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик чаҳор услуб, яъне чаҳор навъи сухангӯйӣ мавриди истифода қарор доранд, ки инҳоянд:

1. Услуби бадеӣ

2. Услуби публисистӣ

3. Услуби илмӣ

4. Услуби расмӣ- коргузорӣ ё идорӣ

Услуби бадеӣ.

Ин услуб, ончунонки дар боло гуфта омад ва ончунонки аз худи номаш дида мешавад, ба бадеият сару кор дорад. Бо ин услуб асарҳои бадеӣ навишта мешаванд. Ашъори устод Рӯдакӣ, “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ, “Маснавӣ”- и Мавлавӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон”- и Саъдӣ, ғазалиёти Ҳофиз, Шайх Камол, Бадриддини Ҳилолӣ, Бедил ва садҳо шоирони дигар- ҳама осори бадеиянд. Ин услуб ҳам аз тариқи назм ва ҳам аз тариқи наср пеш бурда мешавад ва тавассути ин услуб шоирону нависандагони тоҷик асарҳои худро тайи садсолаҳои зиёд эҷод менамуданд ва алҳол ҳам эҷод намуда истодаанд. Асоси ин услуб, яъне пойдевори асосии сутуни ин услуб тасвироти хаёлӣ мебошанд, ки аз тариқи санъатҳои гуногуни бадеӣ, ки ба санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ ҷудо мешаванд, роҳандозӣ мешаванд. Чанде аз ин санъатҳо ташбеҳ, истиора, киноя, танз, муболиға, иғроқ, талмеҳ, тамсил, иҷоз, ибҳом, тазод, таҷнис, ташхис … мебошанд, ки нақши онҳо дар тасвирӣ кардани хаёл ва таъсирбахш намудани сухан бисёр бузург аст. Аз тариқи ҳамин воситаҳои пардози сухан забони асарҳои бадеӣ забони рангин ва дилписанд аст ва аз забони дигар асарҳо, масалан, забони осори илмӣ фарқ мекунад.

Яке аз вижагиҳои дигари услуби бадеӣ ин ба кор бурдани ҳикмату андарз ва панду насиҳат мебошад ва, ба таври дигар, услуби бадеӣ ҷанбаи пандунасиҳатӣ ё ҳикмативу андарзӣ дорад.

Бо ин услуб ҳама навъҳои назм аз қабили: дубайтӣ, тарона, рубоӣ, ғазал, қитъа, достон, маснавӣ … ва ҳама навъҳои наср аз қабили: повест, пиеса, ҳикоя, роман, афсона, ёддошт … эҷод мешаванд. Пешбарандагони ин услуб адибон, яъне шоирону нависандагон мебошанд. Ин услуб яке аз қадимтарин услубҳои забони тоҷикӣ аст, таърихи он ба зиёда аз ҳазор сол мекашад.

Услуби публисистӣ.

Ин услуб махсуси хабарнигорону журналистон аст. Ин услуб ба иттилоот ва хабаррасонӣ сару кор дорад, иттилоъ ва хабарҳо дар мавзӯоти гуногуни дархӯри ҷомеа, чи иҷтимоӣ, чи сиёсӣ, чи иқтисодиву тиҷоратӣ, чи низомиву ҳарбӣ, чи илмиву фарҳангӣ, чи варзишиву тандурустӣ, чи … Чи навигарӣ ва навгоние, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа рух медиҳанд, аз тариқи услуби публисистӣ паҳн ва интишор мегарданд. Аз ҳамин ҷиҳат, хусусиятҳои асосии ин услуб, паҳн намудан ва интишори ахбору иттилооти гуногунмавзӯъ ва гуногунмазмун дар ҷомеа аст. Пешбарандагони ин услуб мухбирон, яъне хабарнигорон ва журналистон мебошанд. Васоити пешбарандаи ин услуб, телевизион, радио, шабакаи интернет, рӯзнома, ҳафтанома, ҳафтавор, моҳнома, маҷалла, журнал ва ҳар чизе ки қобили интишор ва хабаррасонӣ ба ҷомеа аст, мебошанд. Ин услуб ҷавонтарин услуб дар забони тоҷикӣ мебошад. Таърихи пайдоиши ин услуб ба таърихи мавҷудияти аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ бо номи “Бухорои Шариф”, “Овози тоҷик”, ки бо ибтикори устод Айнӣ ва ҳаммаслакони ӯ интишор мешуданд, сахт алоқаманд аст.

Услуби илмӣ.

Ин услуб ба илм ва аҳли илм тааллуқ дорад. Бо ин услуб олимон ва муҳаққиқон асарҳои худро эҷод мекунанд. Ҳама риштаҳои илмӣ бо ҳама фанҳои таълимияшон тавассути ҳамин услуб роҳандозӣ мешаванд. Бо ин услуб мақолаҳои илмӣ, рефератҳо, корҳои курсӣ, корҳои дипломӣ, авторефератҳо, рисолаҳои илмӣ, монографияҳо, асарҳои бузургҳаҷми илмӣ- таҳқиқӣ ва монанди инҳо навишта мешаванд. Пешбарандагони ин услуб аз донишҷӯёну аспирантон ва коромӯзону ассистентон оғоз шуда, то ба номзадҳову докторон, академикҳо ва узвҳои вобаста мерасанд.

Хусусиятҳои ин услуб тавассути қоида ва конунияти илмӣ асоснок кардани ягон мавзӯъ мебошад, ки ба воситаи далелу бурҳон ва санаду асос далелноку мустанад гардонда мешаванд. Яъне, агар қоида ва қонуният зербинои услуби илмӣ бошанд, далел, бурҳон, асосу истинод воситаҳои мустаҳкамшавӣ ва ростойии ин зербино мебошанд. Услуби илмӣ ба ҳама илмҳо: таъриху фалсафа, ҳуқуқу ҷомеашиносӣ, кимиёву физика, биологияву геология, забону адабиёт ва садҳо илми дигар хос аст. Ягон илм бе ин услуб пеш намеравад ва тараққӣ намекунад. Ин услуб ҳам қадимтарин услуб дар забони тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол қабл, Имом Албухорӣ “Ассаҳеҳ”, Абӯалӣ Муҳаммади Балъамӣ “Таърихи Табарӣ”, Абӯрайҳони Берунӣ “Аттафҳим” ва “Осорулбоқия”, Ибни Сино “Алқонун” ва “Китобушшифо”, Маҳмуди Гардезӣ “Зайнулахбор” ва даҳҳо олимони дигари тоҷик осори илмии худашонро эҷод карда буданд ва пойдевори мустаҳкаму бузургро дар сутуни ин услуб гузошта буданд.

Услуби расмӣ- коргузорӣ ё идорӣ.

Ин услуб дар сиёсат ва давлат ба кор бурда мешавад. Асоси ин услуб ба воситаи ҳуҷҷатҳо тарҳрезӣ мешавад. Хусусияти асосии ин услуб ҳам тарҳрезӣ ва нигоштани навъҳои гуногуни ҳуҷҷат ва аснод аст. Услуби идориро ҳам метавон аз қадимтарин услубҳо дар забони тоҷикӣ эътироф кард, зеро тоҷикон аз зумраи он миллатҳое мебошанд, ки ҳанӯз аз даврони бисёр қадим соҳиби давлатдориву сиёсатмадорӣ буданд. Кӯшониён, Ҳахомашиён, Сосониён ва даҳҳо давлатҳои эрониро метавон ном гирифт, ки тоҷикон ҳам ба ҳайси ҷузъи ҷудонашавандаи эрониён дар пайдоишу инкишоф ва рушду нумӯи ин давлатҳо саҳми бузург гузошта буданд. Ҳатто, охирин ва ҷавонтарин давлатдории бузурги тоҷикон бо номи Сомониён таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад, ки ин аз собиқаи бисёр қадим доштани идораи давлат, ки тавассути услуби идорӣ роҳандозӣ мешуд, шаҳодат медиҳад.

Чунонки аз осори таърихӣ ба мо маълум аст, дар давлати Сомониён нӯҳ- даҳ девон, яъне вазорат вуҷуд доштанд, ки ҳар яке ба вазифаҳои махсуси худ муваззаф ва масъул буданд. Вуҷуди ин вазоратҳои гуногунсоҳа шаҳодат аз вуҷуди ҳуҷҷатҳо ва асноди гуногунсоҳа медиҳад. Ҳамчунин, дар китобҳои таърихӣ вожаҳое монанди нома, чак, ҳуҷҷат, санад, таърих, мӯҳр, имзо … бисёр дида мешаванд, ки ҳам шаҳодат аз вуҷуди услуби идорӣ медиҳанд.

Бо шарофати истиқлолиятро соҳиб шудан ва бо шарофати давлатӣ шудани забони тоҷикӣ, услуби идорӣ имрӯз рӯ ба тараққиву инкишоф дорад. Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, вазоратхонаҳо ва идораҳои давлатӣ амалиёту фаъолият тавассути ҳамин услуб роҳандозӣ мешаванд.

Намунаҳо аз услубҳои забон

Матни 24

Услуби адабӣ. Ҳикояти Нуширвони Одил

Овардаанд, ки Нӯширвони Одилро дар шикорҷоҳ сайде кабоб мекарданд, намак набуд, ғуломеро ба русто фиристод, то намак орад. Нӯширвон гуфт:

–Ба қимат биситон, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.

Гуфт:

–Аз ин қадар чӣ халал зояд?

Гуфт:

–Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андак будааст ва ҳар ки омад, бар ӯ мазиде кард, то бад- ин ғоят расид.

Агар зи боғи раият хӯрад малик себе,

Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.

Ба панҷ байза, ки султон ситам раво бинад,

Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ бар сих.

Саъдӣ, “Гулистон”

Шарҳ:

русто- деҳа

мазид- афзудан, зиёд кардан

ғоят- дараҷа

байза- тухм

Супориши 1. Матнеро аз китоби химияи умумӣ интихоб намоед ва онро ба дафтаратон нависед ва ҷиҳати илмӣ будани онро шарҳ диҳед.

Матни 25

Услуби илмӣ. А Т О М Ҳ О

Атомҳо ҳиссачаҳое мебошанд, ки аз онҳо молекулаҳо сохта шудаанд. Бо ёрии таомулҳои кимиёӣ атомҳоро ба ҳиссачаҳои хурдтар тақсим кардан ғайриимкон аст. Дар ҳаҷми умумии атом ядро фазои хеле хурдро ишғол мекунад. ҳаҷми боқимондаи атомро бошад, фазое ишғол менамояд, ки дар он электронҳо ҳаракат мекунанд. Адади электронҳо дар атом ба адади протонҳои дар ядро мавҷуда баробар аст. Умуман атом электронейтралист.

Ядро қисми атом буда, дар маркази он ҷойгир аст ва зарядаш мусбат мебошад; массаи асосии атомро ядро ташкил медиҳад. Ядро аз нуклонҳо (протонҳо ва нейтронҳо) иборат аст.

Супориши 1. Матнро бодиққат хонед. Ҷумлаҳои зерро пурра намоед:

  1. Атомҳо ҳиссачаҳое мебошанд, ки…
  2. Дар ҳаҷми умумии атом ядро фазои хеле хурдро…
  3. Адади электронҳо дар атом…
  4. Ядро қисми атом буда, дар…
  5. Ҳаҷми боқимондаи атомро бошад…

Матни 26

Услуби публисистӣ. Конститутсия ва давлати миллӣ

Бахшида ба 15- солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)- и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети кимиёи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Саҳми илми кимиё дар қаноатмандии талаботи рӯзафзуни инсоният» баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети кимиё, дотсент С. Саидов иброз намуд, ки «факултети кимиё аз соли 1959 инҷониб дар тарбияи мутахассисони соҳаи кимиё саҳми намоён гузоштаву мегузорад. Имрӯз дар факултети кимиё 6 кафедра дар 1 раванд, 6 масоил ва 6 мавзӯъ корҳои илмию таҳқиқотиро пеш мебаранд. Зиёда аз 600 нафар донишҷӯ дар ин факултет ба таҳсил фаро гирифта шудааст» конфронсро оғоз намуд.

Дар конфронс олимону донишмандон: докторонии улуми кимиё, профессорон- Каримов М.Б., Бадалов А.Б., Бандаев С., Ҳайдаров А., номзадҳои илми кимиё, дотсентон — Давлатшоева Ҷ.А., Бекназарова Н.С., Манонов А., Муродов Д. ва дигарон иштирок ва доир ба ин пешрафту инкишофи илми кимиё дар даврони имрӯза маърӯза намуданд. Дар охири конфронс ба иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Мавзунаи Хайрулло

донишҷӯйи соли чоруми

факултети кимиёи ДМТ

Супориши 2. Бо вожа ва ибораҳои зерин ҷумлаҳо тартиб диҳед.

Мақом, сарват, таҳия, маърӯза, металҳои ранга, алюмини тоҷик, Пажӯҳишгоҳи кимиёи АИ ҶТ, озмоишгоҳи илмӣ, маводи кимиёӣ, технологияи кимиёӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, маводҳои ҳифзи растанӣ,

Супориши 3. Луғатҳои тахассусии зеринро навишта, онҳоро ҳифз намоед:

Алюминий — аз калимаи лотинии «алюмен», маънояш «замч»

Аргон — аз калимаи юнонии «аргос», маънояш «нофаъол»

Бром — аз калимаи юнонии «бромос», маънояш «бадбӯй»

Висмут — аз калимаи олмонии «вис мат», маънояш «моддаи сафед»

Волфрам — аз калимаи шведии «тунг стенг», маънояш «санги вазнин»

Галлий — аз калимаи лотинии «галлиа», маънояш «Фаронса»

Гидроген — аз калимаи юнонии «ҳидро генес», маънояш «тавлидкунандаи об»

Йод — аз калимаи «иодес», маънояш «бунафш»

Калий — аз калимаи арабии «алкалӣ», маънояш «ишқор»

Карбон — аз калимаи лотинии «карбо», маънояш «ангишт»

Оё медонед?

-Корманди тиб бе дониши мукаммали химия вуҷуд дошта наметавонад (М.В.Ломоносов).

— Агар маънои ҳар калимаро дарк намоӣ, аз худ намудани он осон мегардад (Ферсман).

Супориши 4. Фарқияти ҳарсе матнро, ки дар се услуб навишта шудаанд, бо се ҷумла маънидод намоед ва ҳарсе ҷумларо як- як бинависед.

Супориши 5. Байтҳоро нависед ва азхуд намоед:

Рост мӯҷиби ризои Худост,

Кас надидам, ки гум шуд аз раҳи рост.

( Саъдӣ)

Гар рӯзгор хоҳӣ аз ту ҳисоб гирад,

Осон шумор бар худ коре, ки мушкил афтод.

(Калим)

Ҳар ки шуд ҳамчун садаф дар саъйи сомони амал,

Оқибат андар даҳонаш оби найсон рехтаанд.

(Туғрал)

Гиря кардан пеши мардум, Фонӣ, аз беғайратист,

Баҳри тифли ашки мо гаҳвора чашми тар бас аст.

(Фонии Кашмирӣ)

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *