Фанни Забони точики

Ҷумла чист? Намудхои Ҷумла дар забони тоҷики

Ҷумла чист? Намудхои Ҷумла дар забони тоҷики

Ҷумла

Ҷумла воҳиди асосии нутқ ба шумор меравад. Мубодилаи афкор танҳо ба воситаи ҷумла ба амал меояд. Ҳангоми мубодилаи фикр гӯянда дар назди худ метавонад ҳар гуна мақсад гузорад: доир ба ягон чиз маълумот диҳад, ягон ҳодисаро нақл кунад, фикреро тасдиқ ё рад намояд, ё ки баръакс, ягон чизро пурсад, шубҳаашро бартараф кунад, хурсандиашро изҳор намояд, изҳори миннатдори кунад, ҳамду санно гӯяд, ҳиссиёташро ифода куна ва uайра. Аз ҷиҳати мақсаду ният ва интонация ҷумлаҳои сода ҳикояги, саволи, амри ва хитоби мешаванд. Ҷумлаҳои содда аз ду ҷиҳат ба хелҳо тақсим карда мешаванд: аз ҷиҳати таркиб ва мақсаду интонация. Ҳангоми таснифи таркиби иштироки аъзоҳои ҷумла ба ҳисоб гирифта мешавад. …Ҷумлаҳои содда вобаста ба иштироки сараъзоҳои ҷумла дутаркиба ва яктаркиба мешаванд.

  1. Ҷумлаҳои соддае, ки дар ташкили онҳо ҳарду сараъзои ҷумла-мубтадо ва хабар иштирок менамоянд, дутаркиба ном доранд.

Ин гуна ҷумлаҳо аз ҷиҳати интонация ба ду қисм тақсим мешаванд:

Офтоби оламро саховатмандона нурпоши мекард («Садои Шарқ»). Модар писарро гуселонд (Раҳим Ҷалил).

2.Ҷумлаҳои соддае, ки дар таркибашон танҳо яке аз сараъзоҳои ҷумла мавҷуд аст, яктаркиба ном доранд. Дар ҷумлаҳои яктаркиба ҳамаи калимаҳо дар атрофии ҳамон як сараъзо муттаҳид мешаванд:

Баҳор. Фасли дилафрӯз. Ҳама ҷоро сабзу хуррам мебинам («Садои Шарқ»). Шутурро бо кафлес об намедиҳанд (Зарб). Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд кард (Зарб). Ба ҳеҷ куҷо намерави (Раҳим Ҷалил). Ҷумлаҳои содда мувофиқи иштироки аъзоҳои пайрав ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: хуллас ва тафсили.

  1. Ҷумлаи соддае, ки танҳо аз сараъзоҳои ҷумла иборат аст, хуллас ном дорд. Ҷумлаҳои хуллас низ дутаркиба ва яктаркиба мешаванд: Баҳор. Ҳаво соф (Толис). Дилбар омад. Падарам хурсанд шуданд («Садои Шарқ»).
  2. Ҷумлаи соддае, ки дар таркиби он uайр аз сараъзоҳо аъзоҳои пайрав низ мавҷуданд, тафсили ном дорад. Ҷумлаҳои соддаи тафсили низ дутаркиба ва яктаркиба мешаванд. Аъзоҳои пайрав ба эзоҳи яке аз сараъзоҳо ва ё ҳар дуи онҳо омада метавонанд: Шамоли сахт вазид (Толис). Як барги печхӯрдаи хушки бед ба рӯи об афтодааст (Раҳим Ҷалил).

Ҷумлаҳои сода аз ҷиҳати иштироки аъзоҳо пурра ва нопурра мешаванд. Ҷумлаи соддае, ки дар таркиби он ҳамаи аъзоҳои зарури мавҷуданд, пурра ном дорад. Ҷумлаҳои соддаи пурра хулласу тафсили ва дутаркибаву яктаркиба мешаванд:

Падарам касал шуд (Раҳим Ҷалил). Баҳори имсола сернозунуз омад. Мо киштро дертар сар кардем («Садои Шарқ»). Роҳи маҳаллаи акаи Баракаро аз нав сохта, васеътар мекарданд (Муҳаммадиев). Чархи зиндаги гардиши худро дигар кард (Раҳим Ҷалил).

Ҷумлаи соддае, ки дар яке аз аъзоҳо ва ё якчанд аъзоҳои он зикр нашудааст, нопурра ном дорад. Аъзои номазкури ҷумлаи соддаи нопурра аз матн ва вазъияти Сухан тасаввур карда мешавад. Ҷумлаҳои нопурра бештар дар гуфтугӯ истифода мешаванд. Дар ҷумлаҳои нопурра бештар дар гуфтугӯ истифода мешаванд. Дар ҷумлаҳои соддаи нопурра зикр нашудани ҳама гуна аъзои ҷумла, ҳамчунин омадани танҳо яке аз аъзоҳои ҷумла мумкин аст.

— Ба он ҷо ки рафт?

— Падарам…

— Ҳотам чи кор кард?

— Омад…

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *