Фанни Забони точики

Истилох ва истилохшиноси дар забон

Истилоҳ (от) вожаи арабӣ аст. Решаи он феъли салаҳа/ салуҳа мебошад, ки аз он вожаҳои гуногун ҳамчун: ислоҳ, солеҳ, сулҳ, салоҳ, салоҳият, масолеҳ, мусталаҳ (от), муслеҳ, маслиҳат ва монанди инҳо ба вуҷуд омадаанд. Вожаи истилоҳ низ бо вожаҳои зикршуда ҳамреша аст ва аз он байн бо вожаи мусталаҳ ё гунаи ҷамъи он: мусталаҳот ҳаммаъно аст. Истилоҳ дар луғатҳо дар ду маънӣ шарҳ ёфтааст. Масалан, дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” айнан бо чунин маъниҳо оварда шудааст : “1) бо ҳам сулҳ кардан, оштӣ кардан; 2) калима ё иборае, ки хоси мардум (мас. аҳли як касб) аст ё дар байни онҳо маънои махсусе пайдо кардааст; калимае, ки дар соҳаи илму фан барои ифодаи маънои махсуси ғайриаслӣ қабул шудааст, термин.”

Ҳамин гуна, истилоҳ вожаҳову ибораҳои махсусе мебошанд, ки дар ягон риштаи илмӣ ё соҳаву касб ба кор гирифта мешаванд ё, ба таври дигар, истилоҳ вожаҳову ибораҳои махсуси илмӣ- соҳавӣ мебошанд.

Масалан, дар илми забон вожаҳое монанди: исм, феъл, мубтадо, хабар, калима, ибора, ҷумла, фонетика, морфология, пайрав, пайвандак, чида … ҳукми истилоҳро доранд. Дар адабиёт вожаҳое монанди: ғазал, шеър, рубоӣ, достон, роман, повест, қофия, вазн (- и арӯз) … ҳукми истилоҳро доранд. Дар илми кимиё ин вожаҳо ҳукми истилоҳро доранд: ангишт, тило, нуқра, модда, маҳлул, фосфор, астат, бром

Ба истилоҳоти тахассусии илми фалсафа ва таърих инҳо мисол шуда метавонанд:

дар фалсафа: фикр, тафаккур, тахайюл, мағз, нимкӯраи мағз, унсур, идрок, шуур, фаҳм, фаросат, модда, моддиёт, узвҳои ҳис, хосият …

дар таърих: сулҳ, ҷанг, бӯҳрон, салоҳ, муоҳида, оташбас, ҷанги шаҳрвандӣ, ҳолати пешазбӯҳронӣ, вазъи сиёсӣ, дипломатия, тавофуқнома, инқилоб, ошӯб, оромӣ, субот …

Истилоҳот муродифот надоранд ва, агар дошта бошанд ҳам, аз байни онҳо танҳо як вожа ҳукми истилоҳро мегирад. Масалан, вожаҳои ном (тоҷикӣ) ва исм (арабӣ)- ҳарду муродифанд, вале ҳукми махсусро вожаи исм гирифтааст ва ҳамчун истилоҳи забоншиносӣ қабул шудааст. Вожаҳои сифат (арабӣ), аломат (арабӣ), нишона (тоҷикӣ) ҳам муродифанд, вале аз байни ин се танҳо вожаи сифат ҳукми истилоҳи забоншиносиро гирифтааст. Вожаҳои мубтадо (арабӣ) ва пешоянд (тоҷикӣ) ҳарду муродифанд, вале ҳарду дар ду мафҳуми забоншиносӣ. Дар силсилавожаҳои пойин, ки ҳама бо ҳам муродифанд, танҳо вожаҳои ишоратшуда истилоҳи таъриху фалсафа мебошанд:

тафаккур— фикр- андеша; ҷанг— набард- масоф; асир— банда- бандӣ- гирифтор; инқилоб— дигаргунӣ- тағйирот; сиёсат— сахтгирӣ- роҳбарӣ; ботин— дарун- дохил; олам— гетӣ- даҳр; хосият— аломат- нишона.

Матни 21

Ташаккули кимиёвии ҳуҷайра

Ба таркиби ҳуҷайраҳо тақрибан 70 элементи кимиёвии системаи даврии Д. И. Менделеев дохил мешавад, ки дар табиати ғайризинда низ мавҷуд аст. Лекин таносубан элементҳои кимиёвӣ дар офаридани моддаҳои организми зинда, инчунин дар ҳар кадом обйекти табиати ғайризинда тафовут доранд.

Вобаста ба миқдор элементҳои кимиёвии таркиби организмҳои зинда ба якчанд гурӯҳ ҷудо шудааст. Гурӯҳи якум (қариб 98 % — и массаи ҳуҷайра)-ро 4 макроэлемент – гидроген, оксиген, карбон ва нитроген ташкил медиҳад. Гурӯҳи дуюмро 2 элементи кимиёвӣ – сулфур ва фосфор ташкил менамояд, ки қисми зарурии молекулаи полимерҳои биологӣ – сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеинат мебошад. Ба таркиби ҳуҷайра ғайр аз фосфор ва сулфур ба миқдори кам 6 элементи дигар – калий, натрий, калсий, магний, оҳан ва хлор дохил мешавад, ки ҳар яке дар ҳуҷайра вазифаи муҳимро иҷро менамояд. Масалан, натрий, калий ва хлор қобилияти гузаранандагии мембранаи ҳуҷайраро барои моддаҳои гуногун ва гузаронидани импулсҳоро ба нахҳои асаб таъмин месозанд. Калсий ва фосфор дар ташкили моддаи байниҳуҷайравии бофтаҳои устухон иштирок мекунанд. Ба ғайр аз ин, калсий яке аз омилҳоест, ки лахтбандии мӯътадили хун ба он вобаста аст. Оҳан ба таркиби гемоглобин – сафедаи эритроситҳои хун дохил аст. Он дар гузаронидани оксиген аз шуш ба бофтаҳо иштирок менамояд. Магний дар ҳуҷайраи растанӣ ба таркиби хлорофилл – пигменти сабз, ки сабаби фотосинтез мебошад, дохил мешавад. Дар ҳайвонот магний дар таркиби катализаторҳои биологӣ – ферментҳо, ки дар табодули биокимиёвӣ иштирок менамоянд, мавҷуд аст.

Ҳамаи элементҳои боқимонда (руҳ, мис, йод, фтор ва ғайра) гурӯҳи 3-юмро ташкил намуда, дар ҳуҷайра ба миқдори хеле кам (0,02%-и массаи ҳуҷайра) мавҷуданд. Аз ин рӯ онҳоро микроэлементҳо меноманд. Микроэлементҳо низ барои организми зинда муқиманд. Масалан, руҳ ба таркиби молекулаи ҳормони ғадуди зери меъда – инсулин дохил шуда, дар танзими мубодилаи ангиштобҳо иштирок менамояд. Йод қисми таркибии тироксин – ҳормони ҳадуди сипаршакл буда, суръати мубодилаи моддаҳои ҳамаи организмҳоро дар шакли том ва нумӯи онро дар ҷараёни ҳаёт идора менамояд.

Ҳамаи элементҳои кимиёвии номбурда дар бунёди организм дар шакли ионҳо ва ё ин ё он пайвастагиҳо – молекулаи моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ қисса мегузоранд. (Аз таълифи Тошев А.С.)

Супориши 1. Ба саволҳо ҷавоб диҳед.

  1. Дар таркиби ҳуҷайра кадом унсурҳои кимиёвӣ мавҷуданд?
  2. Унсурҳои кимиёвӣ кадом вазифаҳоро иҷро менамоянд?
  3. Чиро макроэлемент меноманд?
  4. Микроэлемент чист?

Супориши 2. Истилоҳотро аз худ намоед.

— атом (юн. atomos тақсимнашаванда – зарраи хурдтарини тақсимнашавандаи унсури кимиёвӣ иборат аз ядро ва электрон) – атом

унсури кимиёвӣ ниг. элементи кимиёвӣ

— элементи кимиёвӣ – химический элемент

— макроэлементҳо (юн. makros калон + лот. elementum унсур, моддаҳои аввалин — элементҳои кимиёвии ба таркиби молекулаҳои органикӣ дохилшаванда, ки миқдори онҳо аз ҳадди 1% зиёдтар нест) — макроэлементы

микроэлементҳо (юн. mikros хурд, зарра + лот. elementum унсур, моддаҳои аввалин — элементҳои кимиёвии ба таркиби молекулаҳои органикӣ дохилшаванда, ки миқдори онҳо аз ҳадди 0,001% зиёдтар нест) микроэлементы

— молекула (лот. moles масса– зарраи хурдтарини моддаи хусусияти кимиёвӣ ва атомӣ дошта) — молекула

— молекулаи моддаҳои органикӣ – молекула органических веществ

— полимерҳо (юн. polys бисёр + mtros қисм — пайвастагии кимиёвии массаи молекулавиаш хеле калони иборат аз гурӯҳи атомҳои якхелаи такроршаванда) – полимеры

— кислотаи нуклеинат – нуклеиновая кислота

— лахтбандии хун – свёртываемость крови

Супориши 2. Истилоҳоти мазкури матнро, ки дар шакли ибора оварда шудаанд, ҳифз намуда, бо онҳо ҷумлаҳо тартиб бидиҳед:

Супориши 4. Кадоме аз ин вожаҳову ибораҳоро метавон ҳамчун истилоҳоти соҳаҳои дигар ҳисоб кард:

Супориши 8. Ашъори пандуахлоқиро бинависед ва ҳифз намоед.

Гар дарахт аз баҳри бар бошад азиз,

Ҷон бар асту тан дарахти барвар аст.

Тан ба ҷон зинда асту ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.

(Носири Хусрав)

Бе мураббӣ нашавад ҳеҷ касе соҳиби ном,

Сангро мекунад афлок ақиқи яманӣ.

(Сайидо)

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *