Фанни Забони точики

Калимасозии исм

Калимасозии исм

  • 191. Таҳлили таркиби морфологии калима аз вазифаҳои асосии морфология ба шумор меравад. Калима ҳамчун унсури маънодор ва дорои мафҳуми муайян аз воҳидҳои мураккаби нутқ ба шумор меравад. Дар калима баробари маънои лугавӣ як ва ё якчанд маънои грамма­тики таҷассум ёфта метавонад. Аз ин рӯ, исмҳои зиёде ҳастанд, ки ба морфемаҳои гуногун тақсим мешаванд ва ҳар як морфемаи он маъпо ва вазифаи муайян дорад.

Ҳангоми муайян намудани морфемаҳо ба ҳисоб гирифтани маънои онхо аҳамняти калон дорад, чунки морфемаҳои аз ҷиҳати таркиби ово-зй як хел хам маъноҳои гупогун дошта метавонанд. Ин гуна унсурҳоро морфемаҳои омофонӣ меноманд. Морфемаҳо вобаста ба ҳодисаҳои фо­нетики, луғавӣ ва грамматики тағьир ёфта меистанд. Дар ни маврид лозим аст, ки тафовути морфемаҳои калимасоз аз алломорфхо нишон дода шавад, чунки дар забоншиносии тоҷик гоҳо алломорфҳо ҳамчун морфемаи мустакил қаламдод шудаанд. Алломорф бо морфемаи кали­масоз ҳаммаъно буда, ба тақозои омилҳои морфологи ва фонетики ис­тифода мешавад. Масалан, суффиксҳои ва -гй, -стон- ва -истон, -она ва -гона алломорф ба шумор мераванд. Вале морфемаҳое, ки аз ҷиҳа-ти маъно як буда, аз ҷиҳати шакл фарқ мекунапд, ба ин гурӯҳ дохил памешавапд, чунки дар байнп опҳо муносибати иловагни дистрибутӣ мушоҳида намешавад. Инҳо варианти морфема ба шумор мераванд.Суффиксҳои -вона ва -пона (ангуштпона, ангуштвона)-ро ба ҳамин гурӯҳ дохил кардан мумкин аст.

Таркиби морфологии исм як хел нест, онҳо содда, сохта, мураккаб ва омехта (мураккаби суффиксдор) мешаванд. Дар ин ҷо усули ба исмҳои содда гузаштани исмҳои таърихан сохтаву мураккабро таҳлил кардан аҳамият дорад. Бисьёр исмҳои сохта ва мураккаб дар таърихи инкишофи забон ба ходисаҳои гуногуни забонӣ дучор шуда, мувофиқи қоида ва қонунхои он баъзан маъно ва таркиби овозиашон тағьир ёфта, яклухтиву бутунии худро ҳамчун калимаи сохта ва ё мураккаб гум ме-кунанд, рехта (содда) мешаванд. Рехташавии исмҳои сохта ва мурак­каб асосан дар ҳолатҳои зерин ба амал меояд: 1) ҳангоми тағьири маънои морфемаҳо; 2) дар вақти тағьири таркиби овозии калимаҳо; 3) дар мавриди аз забон барҳам хӯрдани калимаҳое, ки ҳамин гуна морфема доранд. Ин ҳодисаҳо, мумкин аст, дар як калима дар як вакт ба вуқӯъ оянд, вале аксар вақт яке аз онҳо боиси рехташавии калима-ҳоп сохта ва мураккаб мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар калимаҳои реша, хошок, сӯрох, дебо, кишвар, каду, ҳомун, духтар, писар, бародар, марғзор, корзор, замин, замбар, офтоб, корвон, барзгар, хокистар, шӯр-бо, хуршед, дашном, шалвор, фарҳанг, гиребон, дехқон, зимистон, гӯсфанд, дуредгар, челонгар, зиндон ба гурӯҳи исмҳои рехта дохил меша­ванд.

Ба сохта будани баъзеи ин исмҳо суффиксҳои калимасози таркибашон гувоҳӣ медиҳанд, аммо барҳам хӯрдани маънои луғавии решаи калима имконият намедиҳад, ки онҳо имрӯз ҳамчун калимаи сохта ба ҳисоб шрифта шаванд. Чунончи, калимаи корзор дар асл сохта буда, аз решай кор- ва суффикси -зор иборат мебошад, аммо вай ба қатори ксмҳои рехта дохил мешавад, чупки решай он ба ин маънии аслии худ (ҷапг, ҳарб) холо мустақилона истифода намешавад, дар забони ада­бии ҳозираи тоҷик танҳо шакли рехтаи он ба маънии размгоҳ, майдо-ни муҳориба истифода мешавад:

Таркиби аслии калимаи муарраби қаҳрамон низ бо кор- (ҳарб, ҷанг) алокаманд аст, вай аз шакли кага=Ғгатапа>кагпгатап дар патичаи афтидани «ч» ва ихтисори а=>капгатап ба амал омадааст. Калимаи кор ба маънии лашкар, сипоҳ дар таркиби исми рехтаи кор­вон низ дучор мешавад, ки он аз асоси кор- (сипох) ва суффикси -вон иборат мебошад.

Калимаи фарханг низ дар асл сохта буда, аз префикси фар-//фра-ва решай -ханг иборат мебошад, ки ҳар ду ҷузъ ҳам ҳоло маънои лу-ғавӣ надоранд. Решай ин калима дар таркиби исми оҳанг, ки аз решай ханг ва префикси о- (а-) иборат аст, низ мушоҳида мешавад. Калима-ҳои бо префикси фар- сохташудаи фарзанд, фарҷом низ исмҳои рехта ба шумор мераванд.

Калимаи барзгар низ рехта аст. Решай ин калима барз буда, маъ­нои луғавии он кор, кори деққонӣ, кишт, зироат мебошад. Ин калима .чар забони паҳлавӣ дар шакли варз (ҳамчун асоси феъл) вомехӯрад, дар «Авссто» ба маънии кор кардан омадааст. Модом ки барз маънои кишту зироат дошта бошад, пас -гар суффикси исмсоз аст ва барзгар ба маънои кишткунанда, коранда, зироаткунанда, кашоварз истифода шу­дааст, ки ба истилоҳи имрӯза дехқон аст, ҷузъи якуми калимаи барза-гов низ аз ҳамин реша иборат аст. Калимаи варзидан ва шакли сохтаи он-варзиш низ бо ин калимаҳо ҳамреша мебошад.

Калимаи сорбон низ исми рехта мебошад, ҳарчанд ки ин калима ҳам аз решай сор-бо суффикси -бон сохта шудааст. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик сор ба маънии шутур истифода намешавад. Дар кали­маи гиребон ҳам тағьироти маънои ва ҳам тағьироти фонетики ба амал

омадааст. Ин калима дар забони паҳлавй дар шакли §т1\\’1эап омада, дар «Авесто» ҷузъи якуми он дар шакли £пуа, дар забони паҳлавй £Г1\\Г дучор мешавад ва баъдтар шакли §тп мегирад, ки маънои луға-впп он гардан аст; чузъи дуюми он -бон (решай феълии па) нигоҳ доштан, посбонӣ кардан, поидан сифати феълиаш: >Ьап>Ьоп аз чузъи дуюми калимаи мураккаб ба суффикс гузаштааст. Маънои таркибии он гарданбон аст.

На танҳо калимаҳои сохта, балки як гурӯҳ калимаҳои дар асл му­раккаб ҳам ба исмҳои рехта дохил мешавапд, чунки ҷузъҳои онҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик тақсимнашавандаанд. Ин гуна исм-ҳо дар навбати худ ба ду гурӯҳ чудо мешаванд-‘ 1) исмҳое, ки маънои луғавин яке аз ҷузъҳои онҳо тамоман барҳам хӯрдааст ва с шакли худро тағьир додааст. Чунончи, чузъи дуюми калимаҳои хокистар ва шурбо (-истар. -бо) ҳоло ҳеҷ гуна маънои луғавӣ надорад. Ин ҳисса-ҳоро суффикс номидан хам мумкин нест, чунки онҳо дар ягон давраи инкишофи забои ҳамчун суффикси калимасози исм истифода нашуда-апд. Чузъи дуюми калимаи хокистар (-истар) ҳоло дар таркиби кали-маҳои бистар ва густурдан (густардан) мушоҳида мешавад. Ҳиссаи дуюми калимаи шӯрбо/бо маънои ошро доштааст. Ба ин маънӣ вай дар гузашта дар таркиби дигар калимаҳо низ омадааст-‘ кадубо (оши каду), биринҷбо (оши биринҷ), ширбо (оши башир, ширбиринҷ);

2) исмҳое, ки маънои ҳар ду ҷузъҳояшон барҳам’ хӯрда, маънои таркибии опҳо боқӣ мондааст-‘ гӯсфанд, хуршед ва амсоли инҳо. Ка­лимаи гӯсфанд низ аз ду ҷузъ: гӯв- (гов) ва -сфанд//-спанд иборат мебошад, чузъи якум гӯ (гов) маънои ҳайвони аудмандро дорад,-спанд бошад, ба маънии пок, муқаддас истифода шудааст. Калимаи русии «святой» низ аз ҳамин реша аст. Маънои таркибии калимаи «гӯсфанд» ҷонвари пок, ҷонвари муқаддас мебошад. Калимаи хуршед хам аз ду ҷузъ, хур ва шед иборат мебошад ва маънии таркибии онҳо офтоби дурахшон аст. Дар заболи адабии тоҷик хуршед ба маънии офтоб мз-ояд ва ин аст, ки ҳоло дар забони адабии мо мисли хуршеди тобон, хуршеди дурахшон таъбирҳои тавсифӣ ҳастанд.

Дар адабиёти классикии форсу тоҷик ба маънои офтоб омадани ҳар як ҳиссаи хуршед-‘ ҳам хур ва ҳам шед мушоҳида мешавад:

Ҳама судмандӣ зи гуфтори туст, Хуру моҳ равшан зи дидори туст.

(Ф и р д а в с и).

Чу барзад сар аз бурчи харчанг шед, Ҷаҳон гашт чун рун румй сапед.

(Ф и р д а в с ӣ).

  • 192. Дар асл сохта ва ё мураккаб будани калимаҳои рехта хан-гоми таҳлили этимологи муайян мешавад. Таҳлили этимологии калима барои барқарор намудани морфемаҳои каммаҳсул ёрӣ мерасонад. Ба ин аффиксхои калимасози -но, фар- ва -лох мисол шуда метавонанд. Дар гузашта бо ин се морфема исмҳои зиёде сохта шудаанд. Чунончи, бо суффикси -но исмҳои фарохно, дарозно, тезно, тангно сохта шуда­аст. Аз ин гурӯҳи калимаҳо маълум мегардад, ки суффикси -но аз си-фат исм месохтааст. Аммо дар забони адабии ҳозираи тоҷик вай суф­фикси бемаҳсул ба хисоб меравад, чунки холо аҳьёнан тангно истифо­да мешавг.ду бас.

Чуноп ки зикр шуд, сайри таърихй ва тағьнроти калимаро таҳлпли этимологи муайян мекунад. Тахлили морфологи аз таҳлили этимологи ба куллй фарқ мекунад. Ҳангоми таҳлили морфологи таркиби калима мувофиқи забони адабии ҳозира таҳлпл ва морфемаҳо муайян карда мешаванд. Аз ин нуктаи назар, таркиби як калима мувофиқи таҳлили морфологи ва этимологи ба морфемахри гуногун чудо мешавад. Чунон-чи, калимаи дашном мувофиқи таҳлили морфологи исми содда аст, ва­ле аз рун таҳлили этимологи вай калимаи мураккаб ба шумор мера-вад, ҳиссаи я кум и он даш-//душ- буда, ҳиссаи дуюми он ном мебошад, маънии таркибии онҳо номи бад, бадном аст ва ин мувофики қолиби иемсозии забони тоҷикӣ вокеъ щудааст, ки номи бад, шӯҳрати бад, но­ми зишт гуфтан аст. Ҷузъи якуми калимаи душман низ ҳамин гуна маънй дорад.

Таҳлили этимологи инчунин барон таъпн кардани маънои ҷузъҳои калима ёрй мерасонад. Муайян намудани маънии ҳар як ҷузъи кали­маи рехта яке аз шартҳои асосии таъин кардани сохти он мебошад. Дар забон ҳар як калима маънои зиёде дошта метавонад. Барои му­айян намудани он, ки дар таркиби калимаи таърихан ташаккульёфта ҷузъи алоҳидаи он бо кадоме аз маъниҳояш омадааст, ҷузъи дигари калима ёрй мерасонад.

  • 193. Яке аз роҳҳои бойшавии таркиби лугавии забон аз забон-ҳои дигар кабул намудани калимаҳои ҷудогона мебошад. Ин ҳодиса дар забони адабии тоҷик бисьёр равшан мушоҳида мешавад. Калима-ҳои зиёде аз забоиҳои дигар бо роҳу воситаҳои гуногун ба таркиби луғати забони тоҷикй дохил шудаанд. Микдори муайяни онхоро калп-маҳои араби, турки ва русию интернационалй ташкил менамоянд. Ба забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо аз ҳама пештар ва бештар исмҳо до­хил шудаанд. Исмҳое, ки аз дигар забопҳо ба забони адабии тоҷик роҳ ёфтаанд, аз ҷиҳати таркиби морфологи як хел набуда, содда, сохта ва мураккаб мебошанд. Аммо соддаву сохта ва мураккабии онҳо мувофи­ки сохти морфологии худи ҳамон забон мукаррар карда мешавад, ки аз он гирифта шудаанд. Чунончи, калимаи большевик, ки аз забони руей айнан гирифта шудааст, аз решай больше- ва морфемаи -вик ибо-рат мебошад. Аммо ин тахлил мувофики заболи русист, дар забоин ТОҶИКӢ чунин суффикс мушохида намешавад. Аз ин рӯ, калимаи боль­шевик аслан сохта бошад хам, дар забони адабии тоҷик ҳамчун исми рехта ба ҳисоб шрифта мешавад. Аз ин нуктаи назар ҳамаи исмҳое, ки аз дигар забонҳо ба забони тоҷикӣ дохил шудаанд, катъи назар аз он ки дар забоин пкдибосшуда чй гуна шаклу таркиб доштаанд, кали-маҳои рехта ба шумор мераванд, чунки онҳо ба забони тоҷикӣ бо ҳа-мон маънои таркибиашон дохил шудаанд ва ба морфемаҳо тақсим на-мешаванд, чунончи: коммунист, программа, телеграф, демократия, рес­публика ва ғайра. Калимаҳои иқтибосӣ ба таркиби луғавии забон до­хил шуда, мисли дигар иемхо аффикс кабул мекунанд ва дар шакли сохта ва ё бо дигар калимахо як шуда дар шакли мураккаб омада ме-тавонанд, ҳамчун телеграфчӣ, республикачй, муаллимӣ, чойниксоз, мар-сияхонй ва ғ.
  • 194. Асосн калимаҳои сохта ва мураккаб хамчун воҳиди муста-кили луғавй низ истифода мешавад ва аз он калимаҳои гуногун сохта мешавапд. Ин аст, ки манбаи асосии калимасозй таркиби луғавии за­бои ва пеш аз ҳама фонди асосии он ба шумор меравад. Аҳамияти тар­киби луғавии забон ҳангоми калимасозии исмҳои мураккаб боз хам равшантар намоён мешавад, чунки дар ин тарзи калимасозй худи асос-хо бевосита иштирок менамоянд. Калимаи сохта васлшавии сунъии решаву аффикс набуда, дар он ҷузъҳо ба ҳам аз ҷиҳати маъно муво-фиқат мекунанд ва мувофикати маъноии асосу аффикс ба онҳо имко-ният медиҳад, ки ба ҳам васл шуда, маънои наве пайдо кунапд, ки ба маънои ҳам асос ва ҳам дар калимаҳои сохта равшан зоҳир мешавад. Дар забони тоҷикӣ калимаҳои сермаъно ва омонимй ниҳоят зиёданд. Ба кадом маъно омадани ин гуна калимаҳо махз дар асосҳон сохта барҷаста намоён мегардад, чунки дар калимаҳои сохта мутобикати маъноии асосу аффикс мушоҳида мешавад. Аффикс бо хама гуна маъ­нои ҳамон як калима омада наметавонад, танҳо бо оне меояд, ки ба вай аз ҷиҳати маъно мувофик аст.

Баъзе калимаҳо дар таърихи забон тадричан аз таркиби лугави баромада бошад ҳам, ҳамчун асоси калимахои сохтаву мураккаб дуру дароз умр мебинанд. Ин кабил калнмаҳо дар алоҳидагп ҳеҷ маъниро ифода намекунанд, маънои аслии онҳоро маҳз илми таърихи забои му­айян мекунаду бас. Масалан, кад дар таркиби кадхудо, кадбону, оташ-када, донишкада барин калима\о ҳоло ҳам бокист ва маҳз ба туфайли чузъи дуюм маънии хона доштани када равшан мешавад, ҳоло кадхудо ба маънии соҳибхона, хонадор ва кадбону ба маънии бонуи хона, со-хибхоназан пстифода мешавад.

Решаву аффикс унсурхои асосии калимаи сохта мебошапд. Аффикс бар хплофи асоси калима дар алоҳидагӣ маъное надорад, маънои конк-ретии вай махз дар таркиби калима зоҳир мегардад. Сермаъноии аф-фиксро маҳз дар таркиби калимаҳои гуногун омадани вай нишои ме-диҳад, вале сермаъноиро бо омоморфема омехта кардан лозим нест. На тапҳо асосҳо, балки аффиксҳо ҳам сермаъно ва омофон мешаванд.

Таркиби морфологии калима низ як хел пест. Калимаҳое ҳастанд, ки танҳо аз як асосу як суффикс иборатанд, ки муайян кардани муно-сибату маънои опҳо вазифаи калимасозист. Дар забон инчупин кали-маҳое ҳастанд, ки морфемаҳои калимасози онҳо аз якто зиёданд, дар онҳо тарзҳои гуногуни калимасозӣ вомехӯранд. Дар ин гуна мавридхо дуруст муайян намудапи дараҷаи калпмасозии аффиксхо мушкилтар аст.

Дар исм усулҳои зерини калимасози мушоҳида мешавад-

  • морфологи, ки бо ду восита ба амал меояд: а) бо суффикс ва б) бо префикс;
  • синтаксисию морфологи, ки ду хел мешавад: а) васлшавни ка-лимаҳо ва б) тарзи омехта;
  • морфологию синтаксисй, яъне ба исм гузаштани дигар ҳиссаҳои нутк;
  • луғавию синтаксисй, яъне табдили ибора ба калимаи мураккаб;
  • луғавию маънои, ки ба сермаъноии калимаҳо ва ба амал ома-дани омонимҳо вобаста аст;
  • ихтисора.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *