Фанни Забони точики

Аломатхои китобатии дохили ҷумла

Аломати нохунак. Аломати мазкур дар чунин мавридҳо гузошта мешавад:

а) Ҳангоми навишти нутқи айнан нақлшуда. Як мавриди корбурди аломати нохунак, аллакай, дар боло нишондод шудааст. Чунонки аз муколамаи қаҳрамонҳои маснавии Низомӣ дида мешавад, гуфтугӯйи айнани онҳо дар дохили аломати нохунак гирифта шудааст. Аз ин ҷиҳат, муколама ва гуфтугӯйи миёни чанд кас, агар нависанда онҳоро айнан биёрад, ҳатман дар дохили ин аломат гирифта хоҳад шуд. Мисолҳо: Марди ҷафодида худ бо худ андеша мекард: “Агар, аз пайи ҳақиқати ҳол шавам, чӣ мешуда бошад? Оё метавонам бо ин бекасӣ ва барҷомондагиям, агарчи ман ҳақам, барои адолат кӯшиш намоям?” Аз ин рафтори бешармонаи писараш мӯйсафед дар хашм шуд ва бо қаҳру ғазаби беандоза асои худро сӯйи писараш бардошта, хитоб намуд: “Он ҳама ранҷу азобҳои модаратро фаромӯш кардаӣ?! Оё намедонӣ, ки барои наҷот додани ту модари азизат саломатии худро тамоман аз даст дод?!”

б) Ҳангоми навишти номи китобу асарҳо, рисолаҳо, рӯзномаҳову ҳафтаворҳо ва моҳномаҳову маҷаллаҳо. Намунаҳо: “Ҳай бинни Яқзон”- и Ибни Сино, “Мантиқуттайр”- и Фаридаддини Аттор, “Таърих”- и Табарӣ (бо шакли “Таърихи Табарӣ” низ дуруст аст), “Сфарнома”- и Носири Хусрав, “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, маҷаллаи “Чашма” …

в) Ҳангоми навишти номҳои махсуси муассисаҳои маданиву фарҳангӣ ва истироҳативу фароғатӣ ва варзишиву тандурустӣ. Мисолҳо: Кохи “Борбад”, Кохи “Ҷомӣ”, театри “Лоҳутӣ”, Майдони “Рӯдакӣ”, варзишгоҳи “Тоҷикистон”, чойхонаи “Роҳат”, тафреҳгоҳи “Авесто”, истироҳатгоҳи “Ромит”, Бемористони “Ибни Сино” …

Аломати нимтире.

Аломати нимтире дар чунин мавридҳо гузошта мешавад:

а) вазифаи аломати баён ва вергулро иҷро мекунад. Мисолҳо: Мо- донишҷӯён дар ҳама кор бояд намунаи дигар афроди ҷомеа бошем. Осори Ибни Сино- “Алқонун” ва “Китобушшифо” бузургтарин китобҳо дар мавзӯи тиб ва фалсафа мебошанд;

б) дар муколама ё гуфтугӯйи миёни ду ва зиёда касон пеш аз нутқи гӯянда гузошта мешавад, яъне дар ҷойи номи гӯяндагон. Мисол:

— “Эҳёи улумиддин” асари кадом мутафаккир аст?

— Абӯҳомид Ғазолӣ.

— Ғазолӣ ба ҷуз ин асар боз чӣ асареро навиштааст?

— “Насиҳатулмулук”- ро;

в) дар байни муайяншаванда ва муайянкунанда омада, феълро аз истифода соқит мекунад. Намунаҳо: Саъдӣ шоир ва нависанда аст, Ҳофиз- шоир. Ӯ донишҷӯ аст, ман- хонанда. Ман ҳабдаҳсолаам, ту- ҳаждаҳсола;

г) дар баъзе аз исмҳои макон. Намунаҳо: Нию- Йорк, Рио- де Жанейро, Порт- Артур …;

ғ) дар сифатҳои такрорӣ, ки ҷузъи аввали онҳо вайрон шудааст. Намунаҳо: сап- сафед, суп- сурх, сип- сиёҳ …;

д) дар зарфҳои такрорӣ. Мисолҳо: тез- тез, оҳиста- оҳиста, кам- кам, андак- андак …;

е) дар феъли ҳол, ки такрори амалро ифода мекунад. Намунаҳо: равон- равон, давон- давон, гуфта- гуфта, ҷуста- ҷуста …;

ё) дар шумораҳои тартибӣ, тахминӣ ва нумератив (- то)дор. Намунаҳо: 1- ум, 2- юм, се- чор, панҷ- шаш, 4- то, 7- то …

Эзоҳ: шумораҳои тартибӣ ва нумеративдор танҳо дар ҳолати бо рақам омадан бо нимтире навиште мешаванд, шумораҳои тахминӣ дар ду ҳолат: ҳам рақамӣ, ҳам ҳарфӣ бо ин аломат навишта мешаванд.

Аломати қавс.

Ин аломат дар гузоштани шуморҳо ва зершуморҳо ба кор гирифта мешавад, ки намунаи он дар мавзӯи аломати баён оварда шуд.

Аломати қавсайн. Ин аломат барои шарҳу баёни пурратари мавзӯъ ва ҳангоми истифодаи аъзои истисноӣ ва туфайлӣ, яъне дар ҷойи аломати вергул истифода мешавад.Намунаҳо: Чанде аз шоирони барҷастаи адабиёти клоассикӣ (Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Убайди Зоконӣ) дар наср низ истеъдоди бузург доштаанд. Мавзӯи асосии “Гулистон”- и Шайх Саъдӣ (ки ман ин асарро чандин бор хондаам) пандуахлоқӣ мебошад. “Тазкиратушшуаро” (асари Давлатшоҳи Самарқандӣ) дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти шоирони зиёди адабиёти классикии форсу тоҷик маълумоти боарзиш додааст. Аз устод Рӯдакӣ (бо сад афсӯс) миқдори ниҳоят ками ашъор боқӣ мондааст. Фарида (ки, ақаллан, ӯ ҳам набуд) аз ҳодисаи рухдода дар тааҷҷуб монда буд.

Аломатҳои анҷоми ҷумла.

Ба аломатҳои анҷоми ҷумла нуқта (.), нуқтавергул (;), сенуқта (…), суол/ савол (?), хитоб (!) ва суолу хитоб (?!) тааллуқ доранд.

Аломати нуқта.

Нуқта дар чунин мавридҳо гузошта мешавад:

а) дар анҷоми ҷумлаҳо. Дар ҳарҷумлае, ки фикр дар он анҷом пазируфтааст, аломати нуқта гузошта хоҳад шуд;

б) дар анҷоми анвои гуногуни ихтисораҳо. Ихтисораи ному насабҳо, ихтисораи вожаҳои шаҳр, вилоят, маҳалла, кӯча, ихтисораи вожаҳои узви вобаста, академик, профессор, дотсент, номзади илмҳо ва монанди инҳо бо аломати нуқта навишта мешавад. Намунаҳо: Ғ. Сафарзода, Д. Аминиён; ш. Душанбе, вил. Хатлон, м. Фирдавсӣ, кӯч. Саъдии Шерозӣ, у. в. АИ, акад., проф., дот., н. и. ф. …

Эзоҳ: дар ихтисораҳои номи қитъаҳо, кишварҳо, давлатҳо, созмону ҷамъиятҳо ва ширкатҳои гуногун аломати нуқта гузошта намешавад. Мисолҳо: ОМ (Осиёи Миёна), АШ (Аврупои Шарқӣ), ФР (Федератсияи Россия), ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), СММ (Созмони милали муттаҳаид), ҲИА (Ҳамкории иқтисодии Аврупо), ҶСШК (Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушода) …

Аломат нуқтавергул. Ин аломат дар чунин мавридҳо гузошта мешавад:

а) дар анҷоми шуморҳо ва зершуморҳо. Мисолҳо:

Тақрибан бо ин сабабҳо Сомониён сиёсати садсолаи худро аз даст доданд:

1) сарвариву парастории лашкарро ба дасти бегонагон вогузоштан;

2) аз аҳволи раияти мамлакат бехабар будан ва камаҳаммиятӣ ба рӯзгори мардум;

3) дар сиёсати девондорӣ бо ҷиддият амал накардан;

4) дар иҷрои супоришҳо ва супурдани андозҳо ба хилофат нофармонӣ намудан …

б) дар байни силсилавоҳидҳои ҷумла, ки ба таври чида омадаанд. Намуна: Тирезаҳо, шишаҳо, дарҳо, чӯбҳои нодаркорро аз он ҷо бояд гирифт; тирезаҳои ҳавоногузар, шишаҳои нав, дарҳои ғафстар бояд шинонд.

Аломати сенуқта.

Ин аломат идомати фикр, яъне давом доштан ва анҷом напазируфтани фикрро ифода мекунад. Намуна: Сомониён сад соли пурра ҳукмронӣ намуданд ва агар, ба бахти тоҷикон, сад соли дигар ҳукумат меронданд … Ибни Сино аксарият асарҳои пурқимати худро дар гурезогурез навиштааст. Агар ин мутафаккири аллома дар як ҷой муқимӣ мешуду асар эҷод мекард, чи қадар осори дигар аз худ ба мерос мегузошт ва …

Аломати суол.

Ин аломат, чунонки аз номаш маълум аст, барои пурсиш ба кор меравад ва дар анҷоми ҷумлаҳое, ки оҳанги пурсиш доранд, гузошта мешавад. Намуна: Имрӯз кадоме аз шумо дар конфронси донишгоҳӣ ширкат варзидан мехоҳад? Дар мавзӯи “Ғазолӣ ва мероси илмии ӯ” кӣ метавонад мақолаи илмие бинависад? Дар фалсафа Имом Ғазолӣ пайрави кадом назария буд?

Аломати хитоб.

Аломати хитоб дар ҷумлаҳое, ки оҳанги амру фармон, хоҳиш, қаҳру ғазаб, изтиробу бетоқатӣ ва монанди инҳоро доранд, гузошта мешавад. Намунаҳо: Ин ҷо биё! Он сӯ марав! Дар он тараф душманонанд! Гапи маро бигир! Пушаймон хоҳӣ шуд! Дар дасти душманон асир хоҳӣ афтод! Асорат бадтарин чиз аст! …

Аломати суолу хитоб.

Ин аломат дар ҷумлаҳое гузошта мешавад, ки оҳанги пурсишу хитоб- ҳарду дар онҳо бо ҳам омада бошанд. Мисоҳо: Чанд бор гуфтамат, ки аз суханони ман берун пой магузор?! Оё намедонистӣ, ки ҳар чӣ гуфта будам, ҳама ба манфиати дуи мо буд?!

Матни 14

Унсурҳои худрӯй

Ба унсурҳои худрӯй металлу металлоидҳое дохил мешаванд, ки дар табиат бе пайвастагиҳо ба шакли асил вомехӯранд. Онҳо дар қишр ва сатҳи Замин ҳамчун «қатраи об дар баҳр» ҳаҷм доранд ва нодиранд. Аксарияти онҳо ноқиланд ва гармиро нағз мегузаронанд, дорои зичии баланд, қобилияти нурафканӣ ва ҷилои доимианд, шаффоф нестанд, қабатпайвандӣ надоранд. Дар протсесҳои гуногуни геологӣ пайдо мешаванд. Яке аз чунин унсурҳо тилло мебошад.

Тилло Аи. Таркиби он аз омезишҳои мис, нуқра, висмут, теллур, оҳан ва ғайра холӣ нест. Кристаллҳои кубӣ ва серпаҳлӯи он нисбатан каманд. Онҳоро дар табиат дар шакли резадона, тунукашакл, пӯлакмонанди зинадору устухонбанд, баргу навдашакл, пайҳои доғдори мӯҳрашакл, сафолаку «дугоник» пайдо кардаанд. Минерал рангу рахи зард, ҷилои металлии баланд, сахтии 2,5 — 3, вазни хоси 15,5 – 19,5 дорад. қабатпайвандӣ надорад, ҷойи шикасташ гӯшмоҳишакл, ёзанда мебошад, занг намезанад. Дар ҳарорати 10630 С маҳлул мешавад. Аз 1г тилло 3000 м сим ё 27см2 тунука тайёр кардан мумкин аст, ба осонӣ суфта шуда сайқал меёбад.

Агар таркиби тилло 25 % нуқра дошта бошад, онро тиллои нуқрагун (электрум – калимаи юнонӣ ранги қаҳрабо) ва 20% мис дошта бошад, аурикуприт (Au Cи 3) мегӯянд.

Тилло бо протсесҳои гидротермалӣ ва ҷинсҳои магмавии турш алоқа дошта, дар байни рагу камарбанд ва қаишҳои чақмоқсанг (кварс) вомехӯрад.

Қисми зиёди тилло ба шакли пошида аз водиҳои дарёҳо ва таҳшонҳои онҳо истихроҷ мешавад.

Конҳои тилло дар Урал, Қазоқистон, Чилӣ, Алдан, Амур, Колима, Лена, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, ИМА (Аляска, Колорадо, Калифорниё, Невада), Канада, Бразилиё, Африкаи Ҷанубӣ, Австралиё, Ҷопон, Руминиё ва дигар ноҳияҳо захираи саноатӣ доранд.

Тилло ҳамчун пул дар бозори ҷаҳонӣ хидмат мекунад. Дар ҷавоҳирот, тиб барои тайёр кардани асбобҳои аниқ, зебу зиннат додани фарфор ва санъати меъморӣ истифода мешавад.

Вазиров К. Минералогия ва петрография бо унсурҳои кристаллография. Душанбе, 1998, с. 54–55.

Супориши 2. Вожаҳои тахассусии матнро дар дафтаратон нависед ва шарҳ диҳед

Супориши 3. Матнро пурра хонед ва муайян намоед, ки дар он чанд аломати китобат мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Супориши 4. Мавридҳои корбурди аломати нуқтаро дар матн шарҳ диҳед.

Супориши 5. Истифодаи аломати китобатии матн (нуқта, вергул, қавсайн, нохунак)-ро шарҳ диҳед.

Оё медонед?

** Тайёраи муосири мусофиркаш ҳангоми парвоз дар муддати 9 соат 50-75 тонна оксиген сарф мекунад. Дар ин муддат тақрибан ҳамин қадар оксигенро дар равандҳои фотосинтез 25000 — 50000га ҷангал хориҷ мекунад. Барои муҳаррики мушакҳо назар ба тайёра зиёдтар оксиген сарф мешавад.

** Аксари гулҳои табии (гули хайрӣ, қоқу, настаран, садбарг, савсан..)-родар маҳалҳо ба сифати индикатор барои аниқ кардани муҳити маҳлул истифода бурдан мумкин аст.

Супориши 9. Абёти пандуахлоқии зерро бинависед ва онҳоро ҳифз намоед.

Дебои хирад пӯш ба ҷон, з- он ки туро ҷон

Ҳаргиз нашавад, эй писар, аз дебо зебо.

( Носири Хусрав )

Ба ҳар кас маншину мабур аз ҳамагон низ,

Бар роҳи хирад рав, на магас бош, на анқо.

Чун ёр мувофиқ набувад, танҳо беҳтар,

Танҳо беҳ сад бор, чу нодон- т ҳамто.

(Носири Хусрав)

Такрори маводи гузашта. Муайн намудани вазифаи аломатҳои китобат дар матн

Матни 15

Зикри подшоҳии Ардашер ибни Бобак ва аҳволи ӯ

Ҷами шердил, шаҳриёри далер,

Худованди ганҷу сипоҳ- Ардашер.

Баландахтаре буду фархундабахт,

Сазовори тоҷу сазовори тахт.

Гаҳи базм дасташ зар андохтӣ,

Гаҳи разм теғаш сар андохтӣ.

Ардашер ибни Бобак набераи Сосон ибни Баҳман ибни Исфандиёр ибни Гуштосб аст. Аиммаи таърих гӯянд: аз мулуки чаҳоргона, ки рубъи маскунро дар таҳти тасарруф оварданд ва панҷ навбат дари шаш ҷиҳати ақолими сабъа заданд, яке ӯ буд ва чун зикри шаҷараи ансоби ӯ сар бо итноб мекашид, ҳоло бар ин миқдор ихтисор афтод. Ва ӯ дар аҳди шоҳ Ардувон Истахр бигирифт ва ба сабаби он ки тахтгоҳи падараш буд, он ҷо мақом сохт ва хобе, ки Бобак дид ва таъбири он аз муаббирон пурсид, гуфтанд, ки туро фарзанде ояд, ки ҳукми ӯ дар ақтори замин нофиз гардад, дуруст ва рост омад ва ӯро ҷиҳати иқдом ба таҳаввур … ба Сосон, ки ҷадди ӯ буд, нисбат мекардандӣ. Чунонки рӯзе танҳо бо чанд мубориз бар дари Истахр ба муҳорибат қиём намудӣ ва ҳамаро мунҳазим гардонид ва савганд хӯрд, ки аз тухмаи мулуки тавоиф як тан зинда нагузорад ва муаққади ин ҳикоят он аст, ки духтари шоҳ Ардувон, баъд аз айёми воқеаи падар, дар зумраи парасторони хонаи Ардашер мунтазам шуд ва ҳеч кас бар он ҳол иттилоъ надошт. Рӯзе назари Ардашер бар вай афтод, сурате дид, ки қалами ибдоъ мисли ӯ бар лавҳи эҷод рақам назада буд ва наққоши қудрат монанди ӯ бар дебочаи фитрат найранг накарда.

Ба ханда ҳар ду ёқуташ шакаррез,

Ду бодомаш зи махмурӣ саҳархез.

Қамар ҳамшаҳрии сӣ кавкаби ӯ,

Шакар ҳамшираи лаъли лаби ӯ.

Ардашер мафтуни ҳусну зебоӣ ва маҷнуни карашмаву раъноии ӯ гашт ва шабе фурсат ҷуст ва бо ӯ ҷамъ омад. Гӯйӣ, сууди фалакӣ аз расади гардун нозир буданд ва устод дар коргоҳи тақвим хозир ва духтар пас аз чанд рӯз аморати обистанӣ дар худ эҳсос кард ва чун миёни эшон нисбат майле дошт, сӯҳбат зиёд шуд. Рӯзе бар сабили мубосатат гуфт:

  • Духтари шоҳ Ардувон садафи дурдонаи Ардашер аст ва ӯ худ адовати зотӣ ба Ардувон дошт.

Ардашер аз ин сухан биранҷид ва пешонӣ дарҳам кашида, аз ӯ нафрат гирифт ва ишорат кард ба яке аз вузарои мамлакат, ки дар хуфя ӯро дар гирдоби ҳалок ғарқ ва аз шароби нестӣ маст кунад. Аммо, чун вазир ҷуз имтисол чорае надошт, духтарро дар пеш гирифт ва бо ӯ гуфт:

— Он дӯстии гармхиёнат зи чӣ буд ва ин душмании сард чунин чист? Бигӯ!

Ва чун духтар ниқоб аз чеҳра бикшод ва рухсори ӯ, ки махоили озодагӣ ва шамоили шоҳзодагӣ дошт, макшуф шуд.

Гувоҳӣ ҳамедод осои ӯ,

Сухан гуфтану фарру болои ӯ,

Ки шохаш зи бехест вологуҳар,

Кашида зи ҳомун ба афлок сар.

Ва духтар, чун дарёфт, ки ҳол бар чи мӯҷиб аст, тарсид, ки ногоҳ қазо бар вай нозил ва бало гирди ӯ муҳит шавад ва сурати насиби хешро ба ҳамле, ки аз Ардашер дошт, бо вазир бар табақи арз ниҳод ва вазирро бар ҳоли ӯ раҳм омад ва ӯро дар ҳарам бо чанд маҳрам пинҳон дошт ва ба ҳазрат омад ва гуфт:

  • Аз муҳимми ӯ дил фориғ кардам ва кори ӯ бар муқтазои фармудаи шоҳ сохтам.

Ва чун меоди вазъи ҳамл фаро расид ва вақти бор ниҳодани ӯ ба так даромад, қобила бифиристод, ки ба шароити валодат қиём намояд.

Аз иттифоқоти ҳасана писаре маҳманзар ва мавлуде муштарипайкар дар вуҷуд омад, ки бо партави рухсораш осмон номи моҳ бар тоқи нисён ниҳодӣ ва бо орази гул рангаш нақшбанди гулситон аз найранги гулҳои рангоранг нодим гаштӣ. Варо Шопур ном кард ва чун рӯзгоре бар ин воқеа бигзашт ва шоҳро он ҳол фаромуш гашт, рӯзе дастури мулкро бихонд ва дар боби валиаҳдии хеш ба касе, ки пас аз вай оини ҷаҳондорӣ донад, сухане чанд биронд ва гуфт:

  • Пайваста маро ин андеша нопарво медорад, ки баъд аз ман вориси хонадон кӣ бошад ва кист, ки ин шуғлро ба истеҳқоқ кафолат кунад ва бар адами насл аз инқитои фарзанд мутаассиф мебуд.

Вазир замини хидмат бибӯсид ва гуфт:

  • Шоҳро башорат бод аз фарзандае дилбанд ва мавлуде муборакпайванд ва шарҳи ҳоли духтар ва валодати Шопур як ба як баён кард.

Шоҳ аз шодӣ чеҳра чун лола барафрӯхт ва бифармуд Шопурро ҳозир оварданд. Чун назари Ардашер бар вай афтод, дил бар асари назар бифиристод ва машъуфи шаклу шамоили ӯ шуд. Валеки, хост, ки имтиҳон кунад ва гумони падару фарзандӣ яқин гардад. Бифармуд, то гӯй дар майдон андохтанд ва чавгоне ба дасти Шопур доданд ва ба амд гӯйро сар ба саропардаи Ардашер намуданд. Чун гӯй дар сарои ҳарам афтод, ҳеч касро аз кӯдакон ёрои он набуд, ки қадам дар соҳати ҳарам ниҳад, ҷуз Шопур, ки бе даҳшати ҳуҷҷоб даррафт ва гуй овард. Ардашерро бад- ин озмоиш пардаҳои ашк ва ниқоби занн аз пеши ҷамоли рой ва равият бархост ва яқин донист, ки Шопур аз сулби Ардашер аст. Пас, аъёни мулк ва хавоси ҳашамро ҳозир кард ва ба ҳузури эшон валиаҳдӣ бар Шопур муқаррар гардонид ва дасти ӯро дарҳол ба ақди ишғоли ҷаҳондорӣ мутлақ дошт ва чун рӯз ба рӯз осори наҷобат ва фарзонагӣ ва нишони раҷулият ва мардонагӣ аз сафаҳоти ҳолоти ӯ мушоҳида менамуд ва ҳар рӯз аз пояи адно ба дараҷаи аъло тараққӣ мекард ва иродати ӯ зиёдат мешуд, то кор ба ҷое расид, ки тоҷ аз сари худ баргирифт ва бар фарқи ӯ ниҳод ва интизоми умури олам ва илтиёми масолеҳи банӣ одамро ба каффи кифояти ӯ тафвиз кард ва хештанро аз … шавоғили мулкдорӣ истеъфо талабид …

Ҳасани Деҳлавӣ, “Таърихи Мӯъҷамӣ”

Супориши 1. Матнро пурра ва ботафсил хонед ва мӯҳтавои мазмуни онро шифоҳан нақл намоед.

Супориши 2. Кадоме аз аломатҳои китобатӣ дар матн истифода шудаанд ва мавриди истифодаи онҳоро шарҳ диҳед.

Супориши 3. Луғатҳои душворфаҳмро дар хона ҳифз намоед.

аимма- имомон, бузургон

рубъи маскун- чоряки рӯйи Замин

ақолими сабъа- ҳафт иқлим, киноя аз дунё

шаҷараи ансоб- насабнома

итноб- дароз кардан

ақтор- қаторҳо, тамоми Замин

нофиз- соҳибнуфуз

таҳаввур- шуҷоати аз ҳад зиёд, далерии барзиёд

мунҳазим гардонидан- фирорӣ кардан

мулуки тавоиф- шоҳони тоифаҳо, сарони қабилаҳо муаққад- гиреҳ

муаккад- таъкид

мунтазам шудан- дохил шудан, ҷойгир шудан

ибдоъ- эҷод, пайдоиш

фитрат- офариниш, хилқат

сууд- хушбахтиҳо

мубосатат- сӯҳбати самимона ва хушдилона

хуфя- пинӣ

имтисол- фармонбардорӣ

махоил- нишонаҳо, аломатҳо

осо- зебу зинат

ҳомун- пастии замин, саҳро

нозил шудан- фаромадан

муҳиб шудан- фарогир шудан

муқтазо- талаб, тақозо

ҳасана- зебоиҳо

нисён- фаромӯшӣ

нодим- надоматкунанда

истеҳқоқ- ба шоистагӣ, ба лаёқат

адам- нестӣ

инқитоъ- қатъ, набудан

машъуф- шефта, мафтун

амд- барқасдона

мавлуд- таваллудёфта

саропарда- ҳарамхона

ҳуҷчоб- ҳоҷибон, пардадорон

занн- гумону шубҳа

рой ва равият- чораву илоҷ

аъёни мулук- бузургони давлат

хавоси ҳашам- хосон, наздикон

раҷулият- мардонагӣ

мутлақ- 1) тамоман; 2) озод

адно- пастӣ

илтиём- беҳбудӣ ёфтан, тараққӣ кардан

тафвиз- бар ӯҳдаи касе гузоштан

шавоғил- шуғлҳо, вазифаҳо

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *