Фанни Забони точики

Вақти амал аст

Соли2007 дар таърихи забони мо ҳамчун соли дигаргуниҳои азим сабт хоҳад шуд. Агар ба таърихчаи кутоҳи замони Истиқлоли кишвари худ аз нуқтаи назари густариш ва такомули забони тоҷикӣ нигоҳ кунем, ба хубӣ мебинем, ки соли ҷорӣ аз солҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Пеш аз ҳама тадбирҳои мушаххасе, ки барои инкишофи забон аз тарафи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд, воқеан марҳилаи навро дар масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи забони тоҷикӣ оғоз намуд ва бисёр монеаву мамониатҳои сунъиро дар ин замина барканор сохт. Ин пешниҳодҳо, ки масъалаҳои баргашт ба номгузории асили забони тоҷикӣ, таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони адабии тоҷикӣ» ва «Энсиклопедияи бузурги тоҷик»-ро дар бар мегирифт, дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20-марти соли 2007) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид ва мавриди дастгириву ҳамовозии тамоми мардуми тоҷик қарор гирифт.

Пешниҳодҳои нави Роҳбари давлати мо дар рӯзи таҷлили Ҷашни забон як саҳифаи тозаро дар рушду густариши забони модарии мо боз мекунад. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон масъалаҳои инкишофи забони тоҷикӣ аз нахустин марҳилаҳои рушди он то имрӯз хеле мӯшикофона ва муфассал баррасӣ ва самтҳои асосии инкишофи минбаъдаи он муайян гардидааст. Дар ин суханронӣ Президенти кишвар мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». Дар ин гуфтаҳои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муҳим нуҳуфта аст. Аввалан, Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба забони муоширати байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал шавад.

Пешниҳоди муҳимми дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъсиси як маркази муҳимми миллии ҳамоҳангсози татбиқи сиёсати забонии давлат мебошад. Ҷои ифтихор аст, ки аз ҷониби Президент Институти забон ва адабиёт ба сифати чунин як марказ интихоб шуда, вазифаҳои он низ барои оянда ба таври муфассал барномарезӣ шудааст: «Аз ин рӯ зарур аст, ки нерӯи илмии институти зикршударо афзун сохта, онро ба муассисаи ягонаи омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои забони давлатӣ табдил диҳем. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки тавассути Институти мазкур чунин масъалаҳои вобаста ба рушди забони давлатӣ мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор дода шаванд:

-танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;

-таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;

-таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;

-таҳия ва нашри грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;

-нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;

-таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.

Момедонем, ки Институти забон ва адабиёт шароит дорад бо истифода аз имконияту нерӯҳои илмии худ ва бо ҷалби донишмандону мутахассисони дигар муассисаҳои илмиву таълимии кишвар вазифаҳои пуршарафро муваффақона анҷом диҳад».

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷашни Рӯзи забон аз тарафи кормандони Институт ҳамовозии гарм пайдо кард. Рӯзи 27-июли соли 2007 ҷаласаи умумии кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ баргузор ва вазифаҳои кормандони Институт дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи забон баррасӣ гардид. Дар ин ҷаласа донишмандону устодони пуртаҷриба роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни пешниҳодҳои Президенти кишвар фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд. Пешниҳод шуд, ки барои татбиқи ин вазифаҳо як барнома ва нақшаи чорабиниҳои Институт таҳия гардад ва татбиқи ин дастуру фармоишҳо марҳила ба марҳила ва ботадриҷ сурат гирад. Устод Додхудо Саймиддинов, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар бораи таҳқиқи забони тоҷикӣ ва таъриху грамматикаи он тавсияҳои санҷидашуда ва илмии судманд пешниҳод намуд. Аз ҷумла, таҳияи Барнома ва лоиҳаи корҳои илмиву тадқиқотиро дар бораи таълиф ва нашри Грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ ба уҳда гирифт. Ӯ инчунин пешниҳод кард, ки дар асоси «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ», ки дастоварди навтарини илми забоншиносӣ ва яке аз корҳои пурарзиши илмии солҳои ахири Институт мебошад, ҳарчи зудтар Луғати имло таҳия шавад. Шӯъбаи забони Институт ба ҷалби олимону донишмандони забоншиноси муассисаҳои дигари илмии Тоҷикистон дар фурсатҳои наздиктарин ба таҳия ва таълифи «Грамматикаи илмии забони адабӣ» шурӯъ хоҳад кард. Дар ин соҳа бояд иқтидорҳои илмии Институт пурқувват карда шавад.

Якеаз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст. Дар ин бора дар суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефармоянд: «Барои дар мақоми забони илм қарор додани забони тоҷикӣ бояд пеш аз ҳама ба низоми таҳсилоти миёна ва олӣ такя карда шавад. Зеро соҳаи мазкур асоси рушди забони адабӣ ва ҳамзамон забони илм мебошад». Дар ҷаласаи васеъ пешниҳод шуд, ки дар сохтори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бахш ё шуъбаи алоҳидаи истилоҳоти забони тоҷикӣ таъсис шавад, то масъалаҳои таҳия ва тадвини истилоҳоти илмӣ, таҳқиқи таърихи ташаккули истилоҳот, ҳамгунсозии истилоҳоти забон дар ин шуъба ба роҳ монда шавад.

Соли2008 бо ташаббусу ибтикори Президенти кишвар «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардид: «Барои ҷалби тамоми ҷомеа ба амри хайри ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба забони модарии хеш пешниҳод менамоям, ки соли 2008-ум «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, якҷоя бо Ҷашни нахустин устоди сухани тоҷикӣ-форсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда шавад». Дар асоси ин пешниҳоди Президенти кишвар ва татбиқи он дар амал Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли забони тоҷикӣ» низ қабул шудааст. Институти забон ва адабиёт барои иҷрои ин пешниҳоди бисёр бамаврид ва судманди Президенти кишвар ба таври фаъол иштирок хоҳад кард. Ба ҷуз аз иҷрои барномаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар бобати таҳқиқи забоншиносии ҷанбаҳои гуногуни инкишофи забони адабӣ дар телевизиони марказӣ барномаи махсуси забон ба ширкати кормандони Институт дар назар гирифта шудааст. Ин барнома ба таври доимӣ дар як моҳ ду маротиба садо хоҳад дод, ки дар ин бобат бо телевизиони марказии Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шудааст. Ин барнома ҷанбаҳои гуногуни амалӣ ва назарии тадқиқотҳои илмиро дарбар гирифта, барои тарғибу ташвиқи забони давлатӣ ва ҷалби ҳарчи бештари мутахассисон ба масъалаҳои забони тоҷикӣ аҳамияти зиёде хоҳад дошт.

Дар«Соли забони тоҷикӣ» Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бар уҳдаи кормандону донишмандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ боз як вазифаи муҳимму пурмасъулият гузоштааст: «Вобаста ба ин супориш медиҳам, ки то сентябри соли оянда чопи таҷдиди назаршудаи Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ таъмин карда шавад. Бигзор ин Фарҳанги ҷомеъ ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рӯимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат бошад». «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», ки дар ду ҷилд таҳия мешавад, ҳосили фаъолияти тӯлонии донишмандони Институт буда, дар ҷамъоварии маводи забонии он донишмандони барҷастае чун Раҳим Ҳошим, КапрановВ.А., МаниёзовА.М., ХолматоваС., СангиновА. ширкат кардаанд. Ин фарҳанг бояд дар охири солҳои 80-ум чоп мешуд. Вале аз сабаби вазъи ноҷури ин айём ва ҳаводиси солҳои 90-ум нашри он ба таъхир афтод. Дар як соли охир кор болои ин фарҳанг аз нав оғоз ёфт. Ҳоло ҷилди аввали он дар ҳоли итмом аст. Ин фарҳанг тақрибан 80 ҳазор калимаву ибораро дарбар гирифта, ба он бештар вожаву таркибҳои забони адабии тоҷик дар садаҳои XX-XXI дохил хоҳад шуд. Он идомаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) дар ду ҷилд буда, барои таҳия ва нашри «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», ки дар назар аст, дар шаш ҷилд омода шавад, ҳамчун асос ва сарчашма хидмат хоҳад кард. Дар он хусусиятҳои хоси забони адабии тоҷикӣ аз ибтидои садаи XX то имрӯз инъикос ёфта, барои ба як меъёри муайян даровардани забони адабӣ ва ба низом даровардани истилоҳоти забон нақши муҳимме хоҳад дошт. Албатта, барои анҷом додани ҳамаи ин пешниҳодҳои Сарвари давлати мо Институт аз тамоми имконияту иқтидори худ истифода карда, инчунин мутахассисони корозмударо аз дигар муассисаҳои илмӣ ҷалб менамояд. Вале вазифаҳо ниҳоят бузург буда, зарурати мустаҳкам кардани иқтидорҳои илмии Институт, зиёд кардани шумораи кормандон ва маоши онҳо, таъмини техникӣ ва илмӣ пайдо мешавад. Дар Институт солҳои пешин то 180 нафар корманд ва 11 шуъба фаъолият дошт.

Ҳолодар Институт ҳамагӣ 51 нафар корманди илмӣ, аз ҷумла 14 доктори илм, 23 номзади илм, 13 корманди беунвон машғули кор мебошанд. Аз ин теъдод 12 нафарро корманди ҷавони то 35 – сола ташкил медиҳад. Ин ҷавонон дар ин ва ё он соҳаи илми филология фаъолият доранд ва аз онҳо 4 нафарашон номзадҳои илми филология мебошанд. Агар дар соли 2006 синни миёнаи кормандони илмӣ 64 солро ташкил медод, имсол синнусоли онҳо 50 солро ташкил медиҳад. Аз нимаи дуюми соли 2006 то имрӯз ба Институт 11 нафар корманди нави илмии ҷавон ба кор ҷалб шудаанд.

Якеаз мушкилоте, ки дар самти сиёсати кор бо кадрҳо дар Институт мавҷуд аст, бо кори бастӣ (штатӣ) таъмин нашудани ҷавонон мебошад. Институт имкон надорад, ки ҷавонони зиёди мутахассисро бо ҷои кор таъмин намояд. Зеро чанд басти (штати) Институт (шумораашон 69-то) солҳои собиқ аз ҳисоби Институт гирифта шудааст.

Барои ба вазифаҳои нави корҳои илмии тадқиқотӣ мувофиқ кардани фаъолияти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва иҷрои супоришу дастурҳои Сарвари Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати густариши ҷанбаҳои гуногуни забоншиносӣ ва барои амалӣ намудани самтҳои афзалиятдоштаи тадқиқоти илмӣ дар риштаи филология дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015 дар бобати ҷалби ҳар чи бештари мутахассисони ҷавон ба соҳаи илми филология ва барқарор кардани иқтидори илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Хулоса, вақти он расидааст, ки ғамхорӣ нисбат ба забони модарӣ, нигоҳ доштани асолату покизагии забони тоҷикӣ ва ба забони илмии пурқудрат табдил додани он маҳаки кору фаъолияти ҳар як фарди Тоҷикистон гардад. Имрӯз вақти амал фаро расидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ мефармоянд: «Ҳамзамон барои олимону забоншиносон, омӯзгорон, ходимони воситаҳои ахбори умум ва тамоми зиёиёни тоҷик имконе фаро расидааст, ки онҳо бояд дар роҳи ҳифзи асолати забон, ҳамчунин рушду тавсеаи истифодаи забони адабӣ рисолати таърихии худро дар назди Ватан ва миллати хеш адо кунанд».

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *