Фанни Забони точики

Давраҳои инкишофи забони тоҷикӣ

Давраҳои инкишофи забони тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ аз назари пайдоиш ба гурӯҳи эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ (монанди русӣ, полякӣ, чехӣ, литвагӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, арманӣ, лотинӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра) тааллуқ дошта, се давраи инкишофро гузарондааст.

Давраи бостон замони давлатдории Ҳахоманишиёнро дар бар мегирад (аз давраи қадим то асрҳои IV-III пеш аз мелод). Осори хаттии ин давра «Катибаи кӯҳи Бесутун» ба шумор меравад. Осори забони ин давр бо хатти мехӣ сабт шудааст.

Давраи миёна ба замони подшоҳии Ашкониён ва Сосониён мувофиқ аст (асри II пеш аз мелод то I-VI мелодӣ). Дар таърих ин забон бо номи паҳлавӣ низ машҳур аст. Намунаи осори ин давра: «Ёдгори зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Дарахти ассурик ва буз»,

«Модигони чатранг», «Минуи хирад» ва ғ. намунаи осор ва хатти паҳлавӣ ба шумор мераванд.

Давраи нав ё порсии дарӣ (аз асрҳои VIII-IX мелодӣ то замони мо). Дар асрҳои IX-X ташаккул ёфтааст. Осори безаволи адабиёти классикии форсу тоҷик дар ин давра бо хатти арабиасоси форсӣ таълиф ёфта, мероси муштараки форсизабонҳо шуморида мешавад.

Забони тоҷикӣ забони милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Эрон, шимоли Ҳиндустон, Туркия, Курдистон ва Чину Қафқоз низ истифода мешавад.

Забони тоҷикӣ, кашмакашҳои зиёдеро аз сар гузаронда бошад ҳам, ба дигаргунӣ кам дучор гашта, тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи худро нигоҳ доштааст.

Матни зерини «Шоҳнома»-и Абӯмансурии Абдураззоқ далели гуфтаи боло мебошад, ки чунин аст: «…то ҷаҳон буд, мардум гирди дониш гаштаанд ва суханро дошта ва накӯтарин ёдгорӣ сухан донистаанд, чӣ андар ин ҷаҳон мардум ба дониш бипайвандад ва нишони ӯ гусаста нашавад».

Забони тоҷикӣ бо забонҳои машҳури ҷаҳон ба монанди русӣ, немисӣ, англисӣ таърихан хеш мебошад. Дар ин забонҳо вожаҳое ба назар мерасанд, ки бо ҳам монанданд ва андаке ба тағйирот дучор гаштаанд.

Мисол:

тоҷикӣ русӣ немисӣ англисӣ
модар мать mutter mother
нав новый neu new
ду два zwei two

Ҳатто шумораи дусад ба тарзи дувист; дар забони русӣ ба тарзи

двести дар осори гузаштагонамон истифода гаштааст: Агар худ ҳазориву душман дувист,

Чу шаб шуд, дар иқлими душман маист.

Саъдии Шерозӣ

Супориши 1. Шеърро хонда аҳамияти забондониро аз рӯйи фаҳмиши хеш шарҳ диҳед.

Луғат:

Чор касро дод марде як дирам, Ҳар яке аз шаҳре уфтода ба ҳам: Форсию турку румию араб, Ҷумла бо ҳам дар низоу дар ғазаб.

Форсӣ гуфто: «Аз ин чун во раҳем, Ҳам, биё, к-инро ба ангуре диҳем». Он араб гуфто: «Маозаллоҳ, ло, Ман инаб хоҳам, на ангур, эй дағо!»

Он яке, к- аз турк буд, гуфт: «Эй кузум, Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум».

Он ки румӣ буд, гуфт: «Ин қилро Тарк кун, хоҳам ман истофилро». Дар танозӯъ он нафар ҷангӣ шуданд, Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.

Мушт бар ҳам мезаданд аз аблаҳӣ, Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ Соҳиби сирре, азизе садзабон,

Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон. Пас бигуфтӣ ӯ, ки ман з-ин як дирам Орзуи ҷумлатонро мехарам.

Ҷалолиддини Балхӣ

Маозаллоҳ – ба маънои Худо нигаҳ дорад Ло – но, не, на

Инаб – ангур

Дағо – фиребгар, маккор

Қил – сухан (гуфтугӯ, мубоҳиса)

Танозуъ – мафҳуми ҷангу хусумат, душманӣ

Тиҳӣ – холӣ (ин ҷо ба маънои бедониш, камсавод) Узум – ангур

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *