Фанни Забони точики

Таркиби лугавии забони тоҷикӣ

Вожаҳои бунёдӣ (аслӣ) ва вомгирифта (иқтибосӣ)

Дар забони тоҷикӣ вожаҳо аз нигоҳи баромад ба ду гурӯҳи ҷудогона тақсим мешаванд: вожаҳои аслӣ ва вожаҳои вомгирифта. Вожаҳои аслӣ, чунонки дар боло шарҳ дода шуд, вожаҳои бунӣ, яъне аз нигоҳи баромад ва пайдоиш тоҷикӣ мебошанд. Вожаҳои вомгирифта иқтибосиянд, яъне аз дигар забонҳо ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид шудаанд. Ҳеч як забоне дар худии худ танҳо бо вожаҳои аслӣ рушду инкишоф намеёбад. Инсонҳо, новобаста ба миллияту халқият, доимо бо ҳам муносибат мекунанд ва яке аз нишонаҳои муносиботи инсонҳо ҳамин додугирифти забонӣ мебошад. Як миллат вожаҳои гуногунро аз дигар миллат, новобаста ба хоҳиши худ, мегирад ва, ҳамзамон, вожагони гуногуни забони худро барои истифода дар ихтиёри миллати дигар вогузор мекунад. Дар дунё ягон миллате вуҷуд надорад, ки захираи луғавии забонаш комилан махсуси забони миллияш бошад. Забони тоҷикӣ ҳам аз ин мавзӯъ ҷудо ва мустасно нест. Имрӯз захираи луғавии забони тоҷикиро вожаҳои ниҳоят зиёди вомгирифта- иқтибосӣ ташкил медиҳанд. Иқтибос ё иқтибосшавӣ гузаштани вожаҳоро мегӯянд аз як забон бар забони дигар. Дар забони адабии имрӯзи тоҷикӣ ба наздик 40- 50% вожаҳоро иқтибосот, яъне вожаҳои вомгирифта ташкил мекунанд. Вожаҳои вомгирифта ончунон дар забони тоҷикӣ мусаллат шудаанд ва нуфуз пайдо кардаанд, ки имрӯз дар истифода накардани аксарияти онҳо гуфтору каломи забони форсӣ- тоҷикӣ ба душворӣ ва мушкилот бархӯрд мекунад. Ҳатто, калидитарин ва асоситарин вожаҳои забони тоҷикӣ имрӯз ниёз бар ҳамин иқтибосот доранд. Имрӯз чӣ гуна метавон дар ҷойи вожаҳои вомгирифтаи арабие чун инсон, одам, шахс, насаб, синф, дафтар, китоб, фарш, сақф, қалам, миз, курсӣ, шеър, шоир, ҳофиз, толиба, талаба, муаллим, мураббӣ, муҳандис, ҳисоб, муҳосиб ва монанди инҳо дигар вожаҳои тоҷикиро ба пуррагӣ ва дар ҳама маврид истифода кард? Мақоми вожаҳои иқтибосӣ бисёр мустаҳкаму собит аст. Дар ҷойи баъзе аз онҳои муродифоти тоҷикиро имрӯз наметавон ба кор гирифт, зеро онҳо дар ҷойи ҳаммаъноҳои тоҷикии худ устувортар маскан гирифтаанд ва нисбат ба онҳо дар даҳони мардум бештар забонзад шудаву маҳалли корбурд қарор ёфтаанд. Агар баъзе аз онҳо муродифот- ҳаммаъноҳои тоҷикии худро дошта бошанд ҳам, бад- онҳо нуфуз пайдо кардаанд ва дар қиёс бо ҳаммаъноҳои тоҷикии худ дар қабулу истифодаи мардум вазни зиёдтару сангинтар пайдо намудаанд.

Дар адабиёти класикии форсу тоҷик мақому ҷойгоҳи вожаҳои вомгирифта ниҳоят бузург ба чашм мерасад. Ин нуфузи вожаҳои мазкур бар адабиёти класикӣ то ба он дараҷаҳост, ки агар дар шеъри аксарияти шоирони класикӣ вожаҳои бегона, ба вижа арабиро хат занем ё бо хатти махсус нишонгир кунем ва онҳоро аз истифода соқит намоем, сухани аксарияти бузургони класик арзиши аслии худро аз даст медиҳад.

Дар забони имрӯзи тоҷикӣ ҳам нақш ва таъсири вожаҳои вомгирифта, ба вижа арабӣ, басе назаррас аст. На танҳо дар забони адабӣ, дар забони мардум ҳам аз вожаҳои мазкур бениҳоят зиёд истифода мешавад. Аммо, дар забони адабӣ, махсусан дар забону услуби илмӣ ин гунаи вожагон имрӯз низ истифодаи вофир дорад. Дар ҳама риштаҳои илмӣ вуҷуди вожаҳои иқтибосӣ ё вомгирифта равшану возеҳ ба чашм мерасад. Риштаҳои илмие ҳамчун филология, фалсафа, равоншиносӣ, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, педагогика, геометрия, алгебра ва монанди инҳо бе вожаҳои вомгирифта, хоҳ арабӣ, хоҳ лотиниву юнонӣ ва хоҳ дигар забонҳои ҳокими илму сиёсату иқтисодиёт имрӯз пеш намераванд ва дар дастраси мардум қарор гирифта наметавонанд; зеро ба аксарияти онҳо ниёзи ҷомеа ва мардум пайдо мегардад.

Матни 17

ТАЪСИРИ ТАБИАТИИ МОДДАҲО БА СУРЪАТИ ТАОМУЛ

Табиати моддаҳои таъсиркунанда ба суръати таомулҳои кимиёӣ таъсири хеле калон мерасонад. Масалан, дар температураи муқаррарӣ ҳидроген бо фтор бо суръати хеле калон (бо таркиш) ба таомул ворид гардида, молекулаи фтороҳидрогенро ҳосил мекунад. ҳидроген бо нитроген бошад, дар шароити муқаррарӣ ба таомул дохил намешавад. Ин маънои онро дорад, ки кимиёии ҳидроген ба фтор нисбат ба нитроген хеле зиёд аст, Бинобар ин чунин ҳисобидан мумкин аст, ки ҳар як бархeрии молекулаи ҳидроген бо молекулаи фтор ба баҳамбархeрии ин ду модда оварда мерасонад. Таъсири байниҳамдигарии молекулаҳои ҳидроген ва нитроген бошад, баръакси ин буда, дар шароити муқаррарӣ байни онҳо таомули кимиёӣ намегузарад. Ҳар қадар қаробати кимиёии моддаҳои баҳамтаъсиркунанда зиёд бошад, онҳо ҳамон қадар бо осонӣ ба таомул ворид мегарданд.

Супориши 1. Матнро бодиқат хонед. Ҷумлаҳои зерро пурра намоед:

1. Ин маънои онро дорад, ки кимиёии ҳидроген…

2. Табиати моддаҳои таъсиркунанда ба суръати…

3. Бинобар ин чунин ҳисобидан мумкин аст…

4. Таъсири байниҳамдигарии молекулаҳои ҳидроген ва…

5. Ҳар қадар қаробати кимиёии моддаҳои…

Супориши 2. Аз матни зерин калимаҳои иқтибосиро ёфта маънои онҳоро шарҳ диҳед:

Намуна:

Табиат (арабӣ)- сиришт, ниҳод, одат.

Супориши 3. Дар матн вожаҳои ниҳоят зиёди иқтибосӣ, ба вижа арабӣ, истифода шудаанд. Даҳтои онҳоро ёфта, ба дафтаратон нависед ва онҳоро шарҳ диҳед.

Супориши 4. Муродифоти тоҷикии ин вожаҳои арабии матнро ёбед ва нависед:

ҳаёт, инсон, ҳодиса, тавассут, ҷавоб, савол, хулоса, зарур, фаъолият

Супориши 5. Дар матн чаҳор вожаи иқтибосии мутааллиқ ба забонҳои аврупоӣ вуҷуд доранд. Онҳоро муайян кунед ва ба дафтаратон кӯчонед ва маънидод намоед.

Супориши 6. Дар поён вожаҳои иқтибосӣ ва аслӣ- тоҷикии матн омехта оварда шудаанд. Вожаҳои тоҷикиро дар як сутунча ва вожаҳои арабиро дар сутунчаи дигар нависед:

одам, танҳо, тавассут, инъикос, калима, мо, дар, пеш, предмет, психика, ҳудуд, беруна, будан, ҳақиқат, тафаккур, донишҳо, умуман, китоб, нутқ, растанӣ, фаъолият, баромадан, бозӣ, зич, алоқаманд

Супориши 7. Луғати соҳавиро аз ёд кунед:

Поддон- зарфгузор

Полюс- қутб

Порция- ҳисса

Потенциал- иқтидор

Поток- ҷараён

Прибор- асбоб

Противояд- позаҳр

Расплав- гудохта

Раствор- маҳлул

Регулятор- танзимкунанда

Сварка- кафшер

Сетка- тӯр

Синтез- синтез, ҷамъбаст

Скальпел- нештар

Сплав- хӯла

Супориши 8. Ашъори зеринро бинависед ва ҳифз намоед:

Эй ки доим ба ақл мағрурӣ,

Гар туро ишқ нест, маъзурӣ.

(Ҳофиз)

То тавонӣ нотавононро ба чашми кам мабин,

Ёрии як ришта ҷамъият диҳад гулдастаро.

(Калим)

Ҳар касеро ҳадди худ бошад ҳисори офият,

Ҷуғз дар вайрона аз аҳли саодат мешавад. (Соиб)

Зи банди фикру таманнои бешу кам бигзар,

Хушо касе, ки зи бори тааллуқ озод аст. (Туғрал)

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *