Фанни Забони точики

Калимахои нав дар забони точики

Калимаҳои матрук ва маҳдудистеъмол. Калимаҳои нав дар забони тоҷикӣ

Калимаҳои кӯҳнашуда (архаизмҳо). Забон доимо дар инкишофу такомул аст. Вожаҳое, ки дар як замон ва дар як марҳала мавриди истифода қарор доштанд, бо мурури замон ва бо сабабҳои гуногун зарфияти корбурдашон тангтар ва маҳдудтар мешаванд ва, ҳатто, дар ҷойи онҳо вожаҳои навтар ва ҷавобгӯйи талаботи рӯз дар истифода қарор мегиранд. Аз ин ҷиҳат, вожаҳоеро, ки бо сабабҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва, аз ҳама муҳимтар, бо сабаби тай кардани марҳалаи таърихӣ аз истифода канор гузошта мешаванд ё дар истифода маҳдуд мегарданд, вожаҳои матрук ва маҳдудистеъмол ва, умуман, калимаҳои кӯҳнашуда меноманд. Маънои матрук таркшуда ва маънои маҳдуд дар ҳадди муайян мебошад. Бад- ин ҷиҳат, вожаҳое, ки аз истифода канор гузошта шудаанд ва ё дар истифода бисёр маҳдуд гаштаанд, вожаҳои матрук ва маҳдудистеъмол хоҳанд буд. Вожаҳои матрук ва маҳдудистеъмол қариб дар ҳама ҳиссаҳои нутқ вомехӯранд. Мисол овардани ақаллан нисфе аз онҳо берун аз гунҷоиши ин китоб аст. Аз ин ҷиҳат, ин ҷо танҳо чанд мисол аз чанд ҳиссаи нутқ оварда хоҳад шуд:

дар исм: авранг (тахт), авранд (ҷалол, шукӯҳ), база (гуноҳ), дашна (ханҷар), Додор (Худо), раз (ангур), чак (қарордод, санад, ҳуҷҷат), чома (шеър, ғазал, суруд); дар сифат: анӯша (олӣ, аъло, шод), афканда (хору зор), дижам (афсурда, парешон; хашмнок, ғамгин), меҳ (бузург), кеҳ (хурд); дар феъл: ишкардан/ шикардан (шикор кардан), дурудан (дарав кардан), жакидан (худ ба худ сухан кардан), амеғидан (омехта кардан), фарозидан (баланд кардан), ҳиштан (гузоштан); дар ҷонишин: киё/ киён (онҳо); дар зарф: нӯз (ҳанӯз, ҳоло ҳам), дӯш (дина шаб); дар пешоянд: абар (ба, бар), абе (бе), або (бо), рун (барои баҳри); дар пайвандак: азеро/ азерок (зеро, зеро ки), ар (агар); дар ҳиссача: моно (оре, албатта), эч (ҳеч); дар нидо: овах (афсӯс), век/ вайк (оҳ, афсӯс; офарин), зеҳ (офарин), зеҳозеҳ (офарин, офарин), рек (хуб шуд, офарин), ҳон (эй, огоҳ бош) …

Дар давраи қабл аз инқилоби октябрӣ, яъне дар замони аморат, ончунонки аз асарҳои устод Айнӣ ба мо маълум аст, вожаҳои гуногун истифода мешуданд, ки лозими он даврон буданд. Аз ҷумлаи ин вожаҳо инҳоянд: аморат (сохти амиригарӣ), машк (зарфи обкашӣ), машкоб (обкаш), хоҷагон (асилзодагон, шарафмандон), қӯшбегӣ (олитарин мансаб дар аморати Бухоро, садри аъзам), ясовул (хизматгоре, ки дар рикоби амирон меравад), парвона (ҳукм, амр, фармон), парвоначӣ (котиби ҳукм ва фармонҳои подшоҳ), миршаб (нозири шабона), шаҳна (нозири тартибот), асас (посбон), корвонбошӣ (соҳиби корвон), сарой (ҷойи исти корвон ва мусофирон), вақф (замине, ки ҷиҳати суд гирифтан ба дигарон вогузошта мешавад), ходимона (соҳибхоназан), собот (маҳалли беруни хона), милк (замини хусусӣ), амлок (замини амирӣ ва давлатӣ), пойкор (пешхизмати оқсақол), бунак (пешмузд, аванс) …

Қисмати матруки вожаҳои кӯҳнашуда танҳо дар осори клосикон ва луғатномаҳо вомехӯранд. Масалан, ин вожаҳоро танҳо дар ашъори клосикон ё дар луғатномаҳо меёбем: або, абе, абар, азерок, век, зеҳ, рек, моно, авранд

Қисмати маҳдудистеъмоли вожаҳои кӯҳнашуда бошанд, имрӯз, баъзан, дар асарҳои нависандагон, яъне асарҳои таърихӣ, агар нависандагон ҳаёти даврони кӯҳанро васф ва тасвир намоянд, истифода мешаванд. Ба ин асарҳо мисол шуда метавонанд, «Ғуломон»- и устод Айнӣ, «Фирдасӣ»- и Сотим Улуғзода ва монанди ин осори таърихӣ. Вожаҳое амсоли машк, машкоб, амир, аморат, парвона, парвоначӣ, қӯшбегӣ … ба ин навъи калимаҳои кӯҳнашуда шомиланд.

Калимаҳои нав ё наввожаҳо (неологизмҳо). Пас аз вожгуншавии сохти аморат ва дар ҷойи он ҳоким шудани сиёсати шӯравӣ, вожаҳои хосси даврони аморат ҷойи худро ба вожаҳои нави даврони шӯравӣ супурданд. Акнун вожагону ибораҳое амсоли: ҳизб, партия, болшевик, болшевикӣ, коммунист, коммуна, ҳуррият, озодӣ, колхоз, совхоз, мулки умумӣ, сохти нав, сохти советӣ, сохти шӯравӣ, мактаби нав, мактаби кӯҳна, пудратчӣ, иттифоқ, иттифоқчӣ, комсомол, пионер … оҳиста- оҳиста ба захираи луғавии мардум зам мегардиданд. Вожагони даврони аморат бошанд, ҷойи худро ба вожагони даврони шӯравӣ супурда, ба оҳистагӣ бо сабабҳои истифода нашудан ё кам корбурд шудан аз хотирҳо фаромуш мегаштанд ва, бо ҳамин минвол, дар китобҳои луғат ва ё осори классикон дида мешуданду бас.

Пас аз байн рафтани сохти шӯравӣ ва сипарӣ гаштани сиёсати ИҶШС- и абарқудрат ва истиқлолияти комилро ба даст овардани Тоҷикистон, бо сабабҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву низомӣ ва монанди инҳо ва, ҳамчунин, пешрафти ниҳоят босуръати илму техника ва технологияи компутерӣ ва фарҳанги ҷаҳонишавӣ (глобализм), дар забони тоҷикӣ ҷойи вожаҳои даврони шӯравиро вожаҳову ибораҳои гуногуни нав гирифтанд. Ба инҳо мисол тавонанд шуд вожаҳову ибораҳое амсоли: истиқлолият, истиқлолияти сиёсӣ, ҷумҳурият, ҷумҳурӣ, Сарқонун, намоянда (гон), Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, девон, девони вазирон, ҳукумати маҳаллӣ, компутер, технологияи компутерӣ, ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷ, муташанниҷ, дастгоҳ, бӯҳрон, бозорёбӣ, бозори ҷаҳонӣ, бозори дохилӣ, бозори хориҷӣ, иқтисоди бозорӣ, корчаллон, бозоршиносӣ, гумрук, таворум, таваррум, варшикаста, варшикастагӣ, беқурбшавӣ, арз, арзи миллӣ, арзи хориҷӣ, шабака, интернет, шабакаи интернет, моҳвора, гендер, гендерӣ, ҷаҳонишавӣ, муштаракулманофеъ, диск, принтер, пора (хӯрӣ), коррупсия, дипломатия, фурудгоҳ, тайёра, реклама …

Наввожаҳо дар забони тоҷикӣ бо ин роҳҳо пайдо шуда, захираи луғавии забонро ғанӣ мегардонанд:

1) бо роҳи мустақими вожасозӣ, ки тавассути вожаҳои худи захираи луғавии забони тоҷикӣ. Масалан: ҷаҳонишавӣ, бозоршиносӣ, варшикаста, варшикастагӣ …;

2) тавассути эҳёи дубораи вожаҳои аслӣ ва иқтибосие, ки қаблан дар забон, ба вижа дар забони клосикон, мавриди истифода қарор доштанд ва, баъдан, бо омилҳои гуногун ё дар истифода маҳдуд шуданд, ё дар захираи луғавии забон маҳфуз монданд ва аз истифода маҳрум шуданд. Ин гурӯҳи вожаҳо бо талаботи замон дубора эҳё гашта, ё дар ҳамон маънои пешинаи худ, ё дар маънои нав ва ҷавобгӯйи талаботи замон аз нав мавриди истифода қарор гирифтанд. Масалан: дастгоҳ, фурудгоҳ, таворум, таваррум, ташаннуҷ, муташанниҷ, девон, ҳукумат, молиёт, андоз, хироҷ, мадраса, закот

3) тавассути вожаҳои хориҷӣ- иқтибосӣ, ки қаблан дар захираи луғавии забони тоҷикӣ вуҷуд надоштанд ва бар асари омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву технологӣ ва дигар омилҳо пайдо шуданд. Масалан: гумрук (туркӣ), шабака (арабӣ), интернет (англ.), диск (англ.), принтер (англ.) …

Матни 20

Зикри аслу насаби мулук ва сирату таърихи онон

Ба ахбор чунин ривоят кунанд, ки Одамро (а) фарзандон бисёр буданд ва аз фарзандон ду танро баргузид. Яке Шис ва яке Каюмарс. Ва чиҳил саҳифа аз саҳифаҳои бузург ба эшон дод, то бар он кор кунанд. Пас, Шисро ба корҳои онҷаҳонӣ баргумошт, ба нигоҳ доштани дин ва Каюмарсро бар корҳои ин ҷаҳон ва подшоҳӣ рондан.

Ва нахустин подшоҳ андар олам Каюмарс буду подшоҳии ӯ сӣ сол буд. Ва аз паси он Ҳушанг буду подшоҳии ӯ чиҳил сол буд. Ва аз паси ӯ Таҳмурас буду подшоҳии ӯ сӣ сол буд ва ранҷу ҳарро кардан бо девон ӯро буд. Ва аз паси ӯ Ҷамшуд буд ва падид овардани зину силоҳ ва афзорҳову корҳои бузург ӯро буд ва подшоҳии ӯ ҳафсад сол буд. Ва аз паси ӯ Биварасп буд, он ки ӯро Заҳҳоки зулҳайатайн хонанд ва макру дастону ҷодуӣ ва ҷавру ситаму қатл ӯро буд ва подшоҳии ӯ ҳазор сол буд. Ва аз паси ӯ Афридун буд. Номи нек ва адлу дод густурдан дар олам ӯро буд. Подшоҳии ӯ понсад сол буд. Ва аз паси ӯ Манучеҳр буд, донишу корҳои бузургвор ӯро буд ва подшоҳии ӯ саду бист сол буд. Ва аз паси ӯ Нӯзар буд ва подшоҳии ӯ дувоздаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Афросиёб биёмад ва Эрон бигирифт ва туркон ӯро Қинқоалп хондандӣ ва шермардиву шабехун ва ошӯби ҷаҳон ӯро буд ва подшоҳии ӯ андар Эроншаҳр дувоздаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Завбани Таҳмосб буд. Шуҷоат ва некӯхӯйӣ ӯро буд ва подшоҳии ӯ панҷ сол буд. Ва аз паси ӯ Кайқубод буд ва лашкар сохтану дӯстдории раият ӯро буд ва подшоҳии ӯ саду бист сол буд. Ва аз паси ӯ Кайковус буд ва ҳимматбаландӣ ӯро буд ва подшоҳии ӯ саду бист сол буд. Ва аз паси ӯ Кайхусрав буд ва нишасту хости бузургвор ва баромадани корҳои бузургу зоҳид шудан аз паси муродҳо ӯро буд ва подшоҳии ӯ шаст сол буд. Ва аз паси ӯ Лӯҳросб буд ва тоҷу тахту бузургворӣ ӯро буд ва подшоҳии ӯ чиҳил сол буд. Ва аз паси ӯ Гуштосб буд ва кешдорӣ бар мазҳаби Зардушт ӯро буд ва подшоҳии ӯ саду бист сол буд. Ва аз паси ӯ Баҳмани Исфандиёр буд ва кина хостан бо ҷангу ҷаҳди бисёр ӯро буд ва подшоҳии ӯ саду дувоздаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ духтараш буд Ҳумой ва рой ва тадбир ӯро буд ва подшоҳии ӯ ҳафдаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Доро буд, ҳазимат ва сутӯҳӣ ӯро буд ва подшоҳии ӯ чиҳилу як сол буд. Ва аз паси ӯ Доройи бинни Доро буд, баркашидани ҳашаму сипоҳ ва додани вилоятҳо ӯро буд ва подшоҳии ӯ панҷоҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Искандари Зулқарнайн буд, сафарҳои дарозу дар олам гардидан ва аҷоиб дидан ва футӯҳу қаҳр кардани мулук ӯро буд ва подшоҳии ӯ сию шаш сол буд. Ва аз паси ӯ Ардашер буд ва подшоҳии ӯ сию се сол буд. Ва аз паси ӯ Ӯрмузд буд ва подшоҳии ӯ се солу се моҳ буд. Ва аз паси ӯ Баҳром бинни Баҳром буд ва подшоҳии даҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Баҳроми Баҳромиён буд ва подшоҳии ӯ чаҳор моҳ буд. Ва аз паси ӯ Нарсӣ буд ва подшоҳии ӯ нӯҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Ҳурмуз бинни Нарсӣ буд ва подшоҳии ӯ ҳафтод солу панҷ моҳ буд. Ва аз паси ӯ Шопури Зулактоф буд ва подшоҳии ӯ ҳафтод сол буд. Ва аз паси ӯ Ардашер бародари Шопур буд ва подшоҳии ӯ даҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Шопур бинни Шопур буд ва подшоҳии ӯ панҷ сол буд. Ва аз паси ӯ Баҳром бинни Шопур буд ва подшоҳии ӯ дувоздаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Яздигурди базаҳгар буд ва ҷавру зулму фасод кори ӯ буд ва подшоҳии ӯ сӣ сол буд. Ва аз паси ӯ Баҳроми Гӯр буд ва нигариш кардан ба корҳои раият ва шикор кардан ва шароб хӯрдану ишрат кори ӯ буд ва подшоҳии ӯ шасту се сол буд. Ва аз паси ӯ Яздигурди Баҳром буд ва подшоҳии ҳаштдаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Ҳурмуз буд ва подшоҳии ӯ нӯҳ моҳ буд. Ва аз паси ӯ Фирӯз бинни Ҳурмуз буд ва подшоҳии ӯ ёздаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Ашк буд ва подшоҳии ӯ панҷ солу ду моҳ буд. Ва аз паси ӯ Қубод буд ва подшоҳии ӯ чиҳил сол буд. Ва аз паси ӯ Ҷомосби ҳаким буд ва илму нуҷум ва аҳкоми дуруст ӯро буд ва подшоҳии ӯ солеву шаш моҳ буд. Ва аз паси ӯ Анӯшервони Кисро буд ва ӯ фахри ҳама мулуки Эрон буд ба адлу дод ва некӯкорӣ ва ободон доштани вилоят ва подшоҳии ӯ чиҳилу ҳашт сол буд. Ва баъд аз ӯ подшоҳии Ҳурмуз дувоздаҳ сол буд. Ва аз паси ӯ Хусрави Парвиз буд ва ҳеч подшоҳе ба ҳазина ва олати комронии ӯ нарасид, чи агар васф кунам, китоб дароз гардад ва подшоҳии ӯ сию ҳашт сол буд. Ва аз паси ӯ Ширӯй бинни Хусрав буд ва маломату бевафоӣ ӯро буд ва подшоҳии ӯ ҳафт моҳ буд. Ва аз паси ӯ Ардашер буд ва подшоҳии ӯ як солу шаш моҳ буд. Ва аз паси ӯ Авгуроз буд ва подшоҳии ӯ панҷоҳу панҷ рӯз буд. Ва аз паси ӯ Тӯрондухт буд ва подшоҳии ӯ шаш моҳ буд. Ва аз паси ӯ Озармидухт буд ва подшоҳии ӯ чаҳор моҳ буд. Ва аз паси ӯ Фаррухзод буд ва подшоҳии ӯ як моҳ буд. Ва аз паси ӯ Яздигурд бинни Шаҳриёр буд, охири мулукул Аҷам ва подшоҳии ӯ сию шаш сол буд. Ва аз паси ӯ мусулмонон чира шуданд ва мулки Аҷам бисутуданд ва давлати дину ислом қувват гирифт ва баракоти пайғамбари мо Муҳаммад расулуллоҳ (с.) ва рӯзгори хилофати Умар бинни Хаттоб буд.

Акнун бидону огоҳ бош, ки ин ҳамаро, ки ёд кардем, ҷаҳондорон ва подшоҳони замин буданду комраво буданд ва рӯзгори хеш бигузоштанду рафтанд ва аз эшон ном монду кирдори эшон, чунонки баршумурдем. Ва яқин бидон, ки ёдгори мардум сухан аст, ба ҳар чи кунад, ӯро бад- он кирдор ёд кунанд. Агар нек бошад, ӯро ба некӣ ёд кунанд ва агар бад бошад, ба бадаш ёд кунанд. Пас, воҷиб аст бар мардум, ки тухми некӣ корад ва аз айбу зиштиҳо дур бувад, хосса мулукро, то аз паси эшон номи некӯ бимонад ва мардумон ӯро ба бадӣ ёд накунад …

Муҳаммад Ғазолӣ, «Насиҳатулмулук»

Супориши 1. Луғатҳои душворфаҳми матнро навишта, онҳоро ҳифз намоед:

баргумоштан- вогузор кардан, муқаррар намудан, таъйин кардан

ҳарро- бонги даҳшатнок, овози ҳайбатнок

зулҳайатайн- дупайкара, душакла; маҷозан: дорои ду мор

густурдан- паҳн кардан, интишор додан

шабехун- шабона ҳуҷум кардан

некӯхӯйӣ- некхислатӣ

дастон- фиреб, дурӯғ, ҳила

зоҳид- гӯшанишин, дунёбезор

кешдорӣ- диндорӣ

ҳазимат- шикаст хӯрда гурехтан

сутӯҳӣ- ба танг омадан, оҷизӣ дар коре

қаҳр кардан- ҷазо додан, ба муҷозот кашидан

мулук- ҷамъи малик, маликон, подшоҳон

базаҳгар- гунаҳкор

нигариш кардан- нигаристан

аҳком- ҷамъи ҳукм, ҳукмҳо

ҳазина- хазина, ганҷина

чи- чунки, зеро

воҷиб- зарур, лозим

чира шудан- ғалаба кардан, зафарманд шудан

бисутудан- гирифтан

Супориши 2. Аз матн вожаҳои матрук ва маҳдудистеъмолро муайян намуда, дар дафтаратон бинависед ва онҳоро шарҳ диҳед.

Супориши 3. Кадоме аз ин вожаҳо дар забони имрӯза кӯҳнашуда ҳисоб мешаванд:

чунин, бисёр, баргумоштан, макр, дастон, ҷодуӣ, ситам, адл, шабехун, пас, подшоҳӣ, лашкар, мурод, зоҳид, сол, кина, рой, зоҳид, фасод

Супориши 4. Дар матн чандин шумора истифода шудаанд. Аз миёни ин шумораҳо панҷтои онҳо тарзи қадимтар доранд ва дар забони имрӯзаи тоҷикӣ гунаҳои каме дигартари онҳо истифода мешаванд. Муайян кунед, ки онҳо кадомҳоянд.

Супориши 5. Як пайвандак дар матн вожаи матрук аст. Шаклан сода аст? Он кадом аст, ёбед ва шарҳ диҳед.

Супориши 6. Дар матн чанд феъли аз истифодаи имрӯз соқитшуда, яъне кӯҳна истифода шудаанд. Онҳоро ёфта, шарҳ диҳед.

Супориши 7. Номи подшоҳони қадими эронии дар матн омадаро аз аввал то охир навишта, гӯед, ки кадоми онҳо дар сарчашмаҳо бисёртар вомехӯранд ва маъруфтаранд.

Супориши 8. Байтҳои пойинро навишта, онҳоро ҳифз намоед:

Ҳар чӣ дорӣ, бубахшу ном барор,

Ба накӯиву номи нек гузор.

З-он ки зери зумуррадин торум,

Номи некӯ бувад ҳаёти дуввум.

(Ҷомӣ)

На ҳар одамизода аз дад беҳ аст,

Ки дад з- одамизодаи бад беҳ аст!

Беҳ аст аз дад инсони соҳибхирад,

На инсон, ки дар мардум афтад чу дад.

Чу инсон надонад ба ҷуз хӯрду хоб,

Кадомаш фазилат бувад бар давоб?

(Саъдӣ)

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *