Фанни Забони точики

Имлои исм

Имлои исм

Вобаста ба сохтмони исм метавон тарзҳои навишти онро муайян намуд. Аз рӯйи табақабандии морфологии имрӯз исмҳо дар забони тоҷикӣ ба чаҳор қисм ҷудо карда шудаанд: сода, сохта, мураккаб ва таркибӣ. Исмҳои сода аз як реша иборатанд. Аммо, ин сохти исмҳо бархе бо ду гуна ва, ҳатто, се гуна навишта мешаванд, ки ҳама гунаҳои онҳо дурустанд. Чанд намуна: моҳ- маҳ, моҳӣ- маҳӣ, коҳ- каҳ, роҳ- раҳ, шоҳ- шаҳ, шоҳӣ- шаҳӣ, сипанд- испанд/ сифанд- исфанд, Сифандиёр- Исфандиёр, Сикандар- Искандар, армуғон- армағон, равған- рӯған, пил- фил, гӯспанд- гӯсфанд, гов- гав … Аммо, бояд гуфт, ки гоҳо маънии гунае аз ин силсилаисмҳо дар худ махсусият доранд. Масалан, агар вожаи шаҳӣ танҳо як маънӣ: шоҳигарӣ- ро дошта бошад, вожаи шоҳӣ ҷуз аз маънои шоҳигарӣ боз маънои машҳури матоъ- ро дорад, ки шаҳӣ аз ин маънӣ дар забони имрӯзи тоҷикӣ орӣ аст. Ҳамчунин, агар вожаи роҳ танҳо як маънӣ: ҷода ва гузаргоҳ- ро дошта бошад, гунаи дигари он: раҳ ҷуз аз маънои ҷода боз маънои карат, бор, дафъа- ро дорад, ки то имрӯз ҳам дар забони мардум, истифода мешавад. Вожаи гов дар маънои исмияш маъруф аст: чорвои хонагӣ; аммо дар гунаи гав ин вожа дар адабиёти клосикӣ ҷуз аз маънои маъруф боз дар маънои паҳлавон ва гурд корбурд мешуд ва, ҳатто, ҳамчун лақаб ба кор мерафт (масалан, дар “Шоҳнома”: Геви Гав)

Исмҳое, ки якҷо навишта мешаванд. Ин навъи исмҳо аз ҳайси созмону шакл сохта ва мураккаб мешаванд.

Исмҳои сохта аз як реша ва ёридиҳандаҳо: пасвандҳои — ӣ, — гӣ, — зор, -сор, -лох, -истон, -манд, — ванд, -вар, — гор, — он, -гон, -ён, -ҳо, -вон, -зода (гон), — пур … ва миёнвандҳои -о-, -у- созмон меёбанд. Намунаҳо: бародарӣ, зиндагӣ, гулзор, сангсор, девлох, деҳистон, андешаманд, пайванд, донишвар, рӯзгор, кӯдакон, бачагон, донишҷӯён, китобҳо, бонувон, наҷибзода (гон), Олимпур … ва даводав, раворав, гуфтугӯй, омадурафт …

Артикли арабии ал (- ал, -ал-).Артикли мазкур дар имлои пешин бо вожаҳо тавассути аломати нимтире алоқаманд мегашт. Аммо, мувофиқи имлои нав ин артикл бо вожаҳо якҷо навишта мешавад. Дар аввали вожа дар оғози исмҳои шахс корбурд мешавад: Алберунӣ, Алфоробӣ, Алхоразмӣ … Дар миёни вожаҳо вобаста ба ҳарфҳои шамсӣ ва қамарӣ истифода мешавад. Агар пеш аз ҳарфҳои шамсӣ биёяд, ҳарфи л (лом)- и он табдил бар ҳарфи баъдинааш (шамсӣ) мешавад, ки дар натиҷа ҳарфи шамсӣ ташдид гирифта, ҳарфи а (алиф) бо гунаҳои у, а, и талаффуз ва навишта мешавад. Намунаҳо: маликушшуаро, “Равзатуссафо”, “Тазкиратушшуаро”, “Мантиқуттайр”, Ҷалолиддин, Насриддин … Агар артикли ал пеш аз ҳарфҳои қамарӣ биёяд, артикли мазкур дар шакли пурраи худ, аммо дар гунаҳои ал, ул, ил навишта мешавад. Намунаҳо: “Лубобулалбоб”, “Ҷомеъулҳикоёт”, “Наводирулвақоеъ”, девонулбарид, лисонулғайб,

Исмҳои мураккаб аз ду ва зиёда решаҳо иборатанд. Намунаҳо: Душанбешаҳр, китобхона, толибилм, кайҳоннавард, таърихнигор, сиёсатшинос, фалсафашинос, фармонфармо, китобдор, деҳхудо, шаҳрдор, кӯҳгард, писархола, миллатдӯстдор, харсангтарош …

Исмҳое, ки алоҳида навишта мешаванд. Ин навъи исмҳо аз ҷиҳати сохт таркибиянд, ҷузъҳои онҳо бо ҳам намечаспанд. Исмҳои мазкур бо чанд роҳ ба вуҷуд меоянд:

– ба воситаи алоқаи изофӣ: Ибни Сино, Насириддини Тӯсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ, Баччаи Саққо, “Қуръон”- и маҷид, китоби “Алқонун фиттиб”, диравши коваёнӣ, парчами миллӣ;

– ба воситаи алоқаи пайваст: китобу дафтар, падару писар, қаламу давот, сурмаву вусма, шоиру нависанда, Ҳофизу Саъдӣ;

бо роҳи озод, яъне бе ягон восита: Ҳаким Фирдавсӣ, Хоҷа Камол, Мавлавӣ Румӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ …

Матни 7

ҚОНУНИ НИСБАТҲОИ ҲАҶМӢ

Ҳангоми доимӣ будани фишор ва ҳарорат ҳаҷми газҳои ба таомул дохилшаванда байни худ ва ба ҳаҷмҳои маҳсули газмонанди таомул ҳамчун ададҳои хурди бутун дар таносубанд. Ин қонун соли 1808 аз ҷониби олими фаронсавӣ Жозеф Луи Гей-Люссак кашф гардид. Ӯ ин қонунро дар натиҷаи таҳқиқоти амалӣ ҳангоми омӯзиши баҳамтаъсиркунии газҳои гуногун, ба монанди ҳидроген бо хлор, оксиген бо ҳидроген ва ғайра кашф карда буд. Ӯ амалан муайян кард, ки як ҳаҷм ҳидроген бо як ҳаҷм хлор ба таомул дохил шуда, ду ҳаҷм хлороҳидроген (HCl) ҳосил мекунад. Ҳангоми таъсири як ҳаҷм оксиген бо ду ҳаҷм ҳидроген ду ҳаҷм буғи об ҳосил мешавад. Агар газҳои ба таомул дохилшаванда аз рӯйи нуқтаи назари Далтон якатома мебуданд, пас чӣ гуна ҳосил шудани ду ҳаҷм хлороҳидроген ва ду ҳаҷм обро фаҳмонидан номумкин буд. Барои кушодани ин муаммо аз тарафи Амедео Авогадро фарзияе пешниҳод гардид, ки ба ин савол ҷавоби мушаххас медиҳад.

Супориши 1. Матнро бодиққат хонед. Ҷумлаҳои зерро пурра намоед.

1. Ҳангоми таъсири як ҳаҷм оксиген бо ду ҳаҷм ҳидроген…

2. Ӯ амалан муайаян кард, ки як ҳаҷм…

3. Агар газҳои ба таомул дохилшаванда аз рӯйи…

Супориши 2. Матни зеринро бодиққат хонед ва ба имлои исмҳои хос диққат диҳед ва ба онҳо ҷумлаҳо нависед.

Супориши 3. Исмҳои хос ва исмҳои шахсро аз матн муайян намоед ва онҳоро дар ду қатор бинависед.

Супориши 4. Дар матн чанд исми мураккаб истифода шудааст? Онҳоро муайян намоед.

Супориши 5. Луғати тахассусиро аз ёд кунед.

двойная связ- алоқаи дучанда

двойной мостик- купрукчаи дучанда

двойной слой- қабати дучанда

двояковыпуклый- дурӯяи барҷаста

двулучевой- дунурдор

дезагрегация- нестшавӣ

демпфер- асбоби рафъи ларзиш

деполяризатор- ғайриқутбкунанда

десорбция- ҳодисаи баръакси сорбция, ғайри ҷаббиш

калибратор- ченкунанда

калориметр- гармисанҷ

кандела- қандил, шамъ, воҳиди қувваи рушноӣ

капельница- чакрарез

капсула- маҳфуза

каретка- аробача, навард

каркас- васлкунанда

Супориши 6. Байтҳоро аз ёд кунед.

Мушк аст сухан, нофаи ӯ хотири доно,

Маънӣ бувад он мушк, ки аз нофа бароранд.

Мар ҷоҳилро набвад андозаи олим,

Сад мурғи яла қиммати як боз надоранд.

Беҳуда сухан банд бувад, панд чу дона,

Доно чӣ бувад, дона наёзад ба сӯйи жож…

Аз гарди сафоҳат ба лаби ҷӯй сухандон,

Ҷонро ба кафи ақл ҳамешӯю ҳамеож.

Носири Хусрав

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *