Фанни Забони точики

Андешае чанд перомуни забони адабӣ ва садонокҳои он

Меъёрҳо ва қоидаҳои забони адабӣ дар муддати тӯлонии таърихи густариши забони адабӣ ташаккул ёфта, шакли собит ва устувор пайдо намуда, дар шакли дастур ё грамматикаи забон даромада, барои ҳамаи соҳибзабонон иҷрои ин қоидаҳо ҳатмӣ мегардад. Ба ҳамагон маълум аст, ки меъёрҳои забони адабии тоҷик дар асрҳои IX-X дар давраҳои Саффориёну Сомониён дар баробари ташаккул ёфтани миллати тоҷик шакли устувор пайдо карда, аз ҳамон давра таърихан меъёрҳои дастурии забон ба таври собит амал карда истода, дар сохтори дастурии забон тағйироти куллӣ дида намешавад. Тағйиротҳо бештар хусусияти ҷузъӣ дошта, ба шаклу ифодаи овоии калимаҳо, тағйири маъноӣ ё ворид шудани вожагони нав (бештар иқтибосӣ), ҷойивазкунии баъзе унсурҳо дар дохили ҷумла ва ғайра марбут мебошанд. Ба ин маънӣ имлои аксари ҳиссаҳои нутқи забон низ мазмунан хусусияти таърихӣ дошта, аз хусусиятҳои дастурии ҳамин давраи густариши забони адабӣ сарчашма мегирад. Бинобар ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст мефармояд, ки «Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки бояд мавриди таҳқиқи ҷиддии донишмандон, махсусан забоншиносон қарор гирад, масъалаи муқаррар намудани меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Забони давлатиро бояд бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохта, онро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёр ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст»[1].

Ташаккули забони адабӣ бо хатти арабиасоси тоҷикӣ ҳадди ақал аз давраи Саффориён оғоз шуда, аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳо аввалин намунаҳои шеърӣ дар ин давра пайдо мешаванд. Дар давраи Сомониён ин забон дар баробари ташаккули халқи тоҷик густариш ёфта ба забони расмии дарбори Сомониён табдил меёбад. Он аз ҳамин давра хусусиятҳои хоси забони адабиро пайдо мекунад.

Забони адабӣ шакли олии мавҷудияти забон буда, хусусиятҳои асосии зеринро доро мебошад:

  1. Вуҷуд доштани меъёрҳои муайяншудаи собит, ки бошуурона нигаҳдорӣ ва риоя мешаванд ва дар фарҳангу луғатнома ва дастурҳои забон инъикос меёбанд, ки онро дар забоншиносии муосир кодификатсия ё меъёргузорӣ ё рамзгузории меъёрӣ меноманд;
  2. Дорои хат будани забон, ки хатти он таърихан ташаккулёфта ва ба меъёрҳои забони соҳиби хат мувофиқшуда бошад;
  3. Хусусияти фаролаҳҷавӣ доштан, забони адабӣ ё забони меъёр бояд барои тамоми соҳибони забон умумӣ ва фаҳмо бошад;
  4. Сервазифа будани забони адабӣ. Он дар тамоми соҳаҳои фаъолияти соҳибони забон вазифаи воситаи алоқаи умумӣ будани худро иҷро намояд, ҳам ҳангоми суханрониҳо, ҳам ҳангоми суҳбати байни одамон ва ҳам дар дигар ҳолатҳо[2].

Инхусусиятҳои асосии забони адабӣ аз вазифаҳои умдаи забон ҳамчун низоми мураккаби қонунан ташаккулёбандаи аломатҳо, бахши андешаву тафаккур, низоми дониш, ки дар шакли фарҳангу дастурҳо ташаккул меёбад, ва таъмини интиқоли маълумоту иттилоот аз шакли тафаккурӣ ё андешавӣ ба шакли моддӣ, ки дар шакли суханҳои комили матнӣ ба вуҷуд меояд, бармеояд. Яъне хусусиятҳои хоси забон, ки вазифаи робитаву алоқа, табиати рамзӣ, низом ё тартиботи дохилӣ ва ғайримушоҳидавиро дорост, дар забони адабӣ ба таври барҷаста инъикос мешавад. Аз ин нуқтаи назар, Қосимова М.Н донишманди забоншиноси тоҷик панҷ хусусияти хоси забони адабиро муайян карда менависад. «Забони адабӣ соҳиби чунин хосиятҳост:

А)аз тарафи ҷамъият эътирофшуда;

Б)барои ҷамъият умумибуда (ягона);

В)суфтаву сайқалёфта;

Г)услуби муайяндошта ;

Ғ)меъёри ягонадошта (дар талаффуз, корбурди калима, калимасозӣ, ибораороӣ, ҷумлабандӣ).

Танҳо ҳамон осори хаттӣ осори хаттии забони адабӣ дониста мешавад, ки ба шартҳои зикршуда ҷавобгӯй бошад[3]».

Забони адабӣ ҳам хусусияти меъёрӣ дорад, ҳам хусусияти гуфтугӯӣ. Бинобар ин дар забоншиносии муосир ин ду хусусияти хоси забони адабиро аз ҳам ҷудо мекунанд:

  1. Забони адабии меъёргузоришуда ё кодификатсияшуда. Ин забон дар маҳфилҳои расмиву илмӣ, бо матнҳои омодашуда ва суханрониҳои расмӣ бештар истифода мешавад. Таҳияи китобу рисолаҳои илмӣ, гузоришҳои расмӣ, фармону маншурҳо, ҳуҷҷату санадҳои дигари расмӣ низ ба забони адабии меъёр сурат мегирад.
  2. Забони гуфтугӯӣ. Ин забон як навъи забони адабӣ буда, бештар дар ҳолатҳои озоди ғайрирасмӣ истифода мешавад.

Дараксари ҳолатҳо мо аз забони гуфтугӯӣ ки барои соҳибони забон табиӣ ва одӣ ба назар мерасад, истифода мекунем. Барои ба забони меъёр ё адабӣ суҳбат кардан, дар бисёр ҳолат мо омодагӣ мегирем ва тарзи суханронии худро назорат мекунем. Вале бояд таъкид сохт, ки ҳадафи омӯзишу пажӯҳиши илмӣ ҳамон забони адабии меъёрӣ аст, ки дар шакли навиштаҳои гуногун боқӣ мемонад.

Дарасоси меъёрҳои забони адабӣ, ки дар забоншиносии муосир муайян шудааст, шакли талаффузи овозҳои ба забони адабӣ воридшуда бояд ҳадди аксар барои тамоми соҳибони забон (ки бо лаҳҷаҳои гуногун суҳбат мекунанд) ва ҳадди ақал барои аксарияти соҳибзабонон умумӣ бошад. Яъне ҳангоми таҳияи имлои забони адабӣ меъёрҳои таърихие ба назар гирифта мешавад, ки дар тамоми ё қисмати бештари лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ таърихан ташаккул ёфта, хусусияти умумӣ ё фаролаҳҷавиро гирифта бошанд. Аз ин нуқтаи назар таҳаввули таърихии садонокҳои забони тоxикӣ бисёр омӯзанда аст.

Садонокҳои забони тоҷикӣ дар давраҳои тӯлонии таърихи забони мо тағйиру таҳаввули зиёде дида, суфта гардида то ба имрӯз расидаанд. Азбаски ҳамсадоҳои забон бештар собиту устувор буда, ба тағйироти шакливу овоӣ камтар рӯ ба рӯ мешаванд, мо садонокҳои забон ва таҳаввули онҳоро аз лиҳози таърихӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Яке аз хусусиятҳои хоси овозҳои забонҳои бостонии эронӣ ба таври мушаххас фарқ кардани садонокҳо аз лиҳози дарозии овоз мебошад. Забони форсии бостон, ки падарбузурги овозҳои забони тоҷикӣ ҳисоб мешавад, дар таркиби худ се ҷуфти садонокҳои одӣ (I — ī, — a — ā, u — ū) ва чор садоноки мураккаб (ai, aī, au, aū) дорад.[4] Инкишофи минбаъдаи садонокҳо дар забони форсии миёна ва портӣ нишон медиҳанд, ки ду садонокҳои мураккаб ai ва au мутаносибан ба садонокҳои дарози ē ва ō табдил ёфтаанд, дар забони форсии миёна дар давраи оғозини инкишофи забони класикии форсӣ-тоҷикӣ шумораи садонокҳо ба ҳашт садонок (i, ī, ē, a, ā, u, ū, о, ) мерасад.

Моин садонокҳоро дар осори шоирону нависандагони давраи классикии адабиёти форсу тоҷик (асрҳои IX-XV) мебинем. Дар ин давра дарозиву кутоҳии садонокҳо ба андозае аҳамият доштанд, ки дар ивази шеъри ҳиҷоии адабиёти мо шеъри арӯз ба вуҷуд омад. Ин амр агар аз як тараф зери таъсири адабиёти араб ба вуҷуд омада бошад, аз тарафи дигар дар пайдоиши ин навъи шеър нақши садонокҳои кӯтоҳ ва дароз хеле зиёд аст. Ин муқобилгузории садонокҳо ба садонокҳои дарозу кӯтоҳ дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ҳам инъикос ёфт. Овозҳои садонокҳои дарози ī ва ē бо ҳарфи ی йо ва ū, ō бо ҳарфи (و) вов навишта мешуданд. Садонокҳои кӯтоҳ i, u, a, бо – касра ( -), u – замма ( ’-) ва а – фатҳа ( `-) ишора мешуданд, ки баъзан нишон дода намешуданд. Яъне дар алифбои арабиасоси мо барои ду садоноки барои арабҳо номаълум истилоҳҳои u ē ва ō «йо-и маҷҳул» ва «вов-и маҷҳул» истифода мешавад. Яъне агар ī йо-и маъруф бошад ва навишт бо талаффуз мувофиқат кунад, пас ē — йо-и маҷҳул ва ū — вови маъруф бошад, пас ō вови маҷҳул мебошад. Агар ин истилоҳҳои забоншиносӣ ва овонавишти онро бо алифбои имрӯза баргардонем, ӯ-и дароз дар калимаҳои гӯш, рӯз, бӯй ва ғайра вови маҷҳул ва у-и дарози калимаҳои дуд (форсии миёна dūt ), дур (форсии миёна dur) хун (форсии миёна xӣn) вови маъруф мебошанд. Ин овозҳо дар забони форсии имрӯз бо вов навишта шуда, ҳамчун у-и дароз ифода мешаванд, вале дар забони тоҷикӣ онҳо бархе бо ӯ-и дароз ва бархе дигар бо у-и кӯтоҳ навишта мешавад, ки ҳоло сарчашмаи баҳси доманадори донишмандон гардидааст.

Агарсодатар гӯем «вови маъруф» барои арабҳо ӯ-и маълум аст ва бо ин аломат ишорат мешавад, вале «вови маҷҳул» ӯ-и номаълум аст, яъне ба арабҳо ошно нест, вале он ҳам бо вов ишора мешавад. Ба истилоҳи дигар вов – ҳарфи арабист, ки бо аломати «و» ифода мешавад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ ин ҳарф ба ғайр аз овози «в» ӯ-и дарозро (ū) ифода мекунад. Истилоҳи «вови маъруф» ба ҳамин овоз дар калимаҳои дур, хун, буд ва ғайра марбут аст. Овози ӯ-и дароз (ō) дар калимаҳои рӯз, бӯй, гӯш ба арабҳо маълум набуд ва дар алифбои арабӣ ҳам вуҷуд надошт ва азбаски барои арабҳо овози номаълум буд, онро бо ҳарфи вов (و) ишора карда, «вови маҷҳул», яъне «вови ноошно» номиданд.

Тавре ки маълум аст, талаффузи «вови маҷҳул», ки аз рӯи ақидаи забоншиносон имрӯз дар забони форсии Эрон дида намешавад, дар забони тоҷикӣ ва дарии Афғонистон боқӣ мондааст. Албатта, фонемаи ӯ ё ба таври дигар у-и дароз дар забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷиддӣ мехоҳад, зеро ки шакли талаффузи он ба вови маҷҳули классикӣ шартан муқоиса мегардад. Ин аrидаро тамоми забоншиносоне, ки ба пажӯ{иши таърихи забони тоxикӣ машuуланд, дастгирӣ менамоянд. Аз xумла, забоншиноси тоxик М. Қосимова дар китоби « Таърихи забони адабии тоxик» дар ин бора чунин менигорад: Маълум аст, ки системаи овоз{ои забони адабии зинаи аввали инкишофи забонро бо тамоми xузъиёташ муайян кардану барrарор намудан uайриимкон аст. Зеро ягон асари дар аср{ои IX-X китобатшуда то имруз ба мо маълум нест. Дигар ин ки алифбои забони арабӣ {амаи хусусият{ои фонетики забони адабии тоxикро бо xузъиёташ инъикос кунонда наметавонист ва ба ин имконият {ам надошт, барои он ки ин алифбо барои забони арабӣ хос ва мувофиr кунонидашуда буд. Бо вуxуди ин дар бораи баъзе хусусият{ои фонетикӣ метавон му{окима ронд. Дар забони адабӣ {ашт садонок мавxуд буд, ки он{о бо ёрии {арф{ои алиф, вов, йо ифода мешуданд. [арфи алиф садонок{ои а, а (о), и, э, у-ро, {арфи вов садонок{ои у, у-ро, {арфи йо садонок{ои й, э-ро ифода мекарданд. Тарзи талаффузи он дар забони форсии миёна ва форсии дарӣ ё тоҷикии аҳди классикӣ ба таври мушаххас маълум нест ва он аз рӯи анъана ва суннати дароз талаффуз кардани он баррасӣ мегардад.[5] Ин масъаларо метавон ба таври муфассал дар намунаҳои мувофиқати таърихии ин овоз аз форсии бостон то забони тоҷикӣ баррасӣ намуд.

Вовимаҷҳул дар забони классикии форсии тоҷикӣ аз ҳисоби ба садоноки дарози ӣ табдил ёфтани садоноки мураккаби аӣ ва ба воситаи дароз талаффуз кардани баъзе аз таркибҳои овозӣ пайдо шудааст, ки мушаххасан дар мисолҳои зерин дида мешавад:

1.Дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, бӯй, рӯд, рӯй дар асоси табдил ёфтани садоноки мураккаби забонҳои авестоӣ ва форсии қадим au ба садоноки дарози ӣ пайдо шудаанд:

рӯз< форсии миёна ва портии rōz (форсии миёнаи давраи аввал roč< форсии бостон raučah ба маънои рӯз, авестоии raočan – равшан < эронии қадим raučah). Калимаи авестоии raočan имрӯз дар забони тоҷикӣ дар шакли равшан ва рӯшан вуҷуд дорад ва ин мисол исбот мекунад, ки имрӯз ҳам кӯтоҳшавии садонокҳои мураккаб (ав-и тоҷикӣ ва оӯ-форсӣ) дар забони мо идома дорад. Равған ва рӯған ҳам шоҳиди ин гуфтаҳост.

гӯш< форсии миёна – gōš < форсии бостон gauša, авестоии gaoša< эронии қадим gauša;

бӯй< форсии миёнаи bōy < авестоии baoδa < эронии қадим bauda;

рӯд< форсии миёнаи rōd < форсии бостон rautah < эронии қадим rautah;

рӯй< форсии миёнаи rōy < авестоии raoδa < эронии қадим rauda ба маънои намуди беруна.

2.Бо роҳи ба садоноки дарози ū табдил ёфтани таркибҳои овозӣ:

а)аз эронии қадими aua: ӯ ба маънои шахси сеюми вай < форсии миёнаи ōy < форсии бостон avahya аз ҷонишини ишоратии ava – он, вай < эронии қадим ava:

фурӯба маънои поин < форсии миёна frād < форсии бостон frauatа – ба пеш, ба поин;

зӯрба маънои тавоноӣ, қудрат < форсии миёна zōr < форсии миёнаи давраи аввал zavar, портии zāvar < авестоии zāvar;

пӯст< форсии миёна pōst < форсии қадим pavasta;

ту< форсии миёна < авестоии tava < эронии қадим tava ба маънои «аз ту»;

б)аз таркиби овозии форсии бостон agu < auu > ōu > ō;

мӯбад < форсии миёна mōubad (давраи аввал — mōupat) < форсии бостон magupati – рӯҳонии зардуштӣ;

в)аз таркиби овозии va > ō;

вожаи ду < форсии миёнаи < авестоии dva, форсии бостон duva.[6]

Интаркибҳои овозии форсии бостон дар забони тоҷикии имрӯз бояд овози ӯ-ро диҳанд, ки тавре аз имлои имрӯз бармеояд, на ҳамаи ин овозҳо бо ӯ ишора мешавад. Аз ҷумла, тарзи талаффузи овози e дар вожаҳои «ду» ва «ту» боз ҳам кӯтоҳшавии ин овозро ӯ тасдиқ мекунад, яъне ақидаи забоншиносонро оид ба аз дарозиву устуворӣ ба кӯтоҳиву ноустуворӣ тағйир ёфтани овозҳои садоноки забони моро тасдиқ мекунад. Ҳол он ки дар забони мо бе доштани меъёри таърихӣ як силсила қоидаҳо (аз қабили пеш аз овози (h)ҳ дар калимаҳои куҳна, куҳан ва пеш аз овозҳои h ва айн (аломати сакта) дар калимаҳои арабӣ талаффуз кардани ӯ пайдо шудаанд, ки имрӯз онҳоро ҳамчун хусусиятҳои хоси забони тоҷикӣ қаламдод мекунанд. Ҳол он ки хусусияти хоси ин овозҳоро, яъне ба ӯ-и дароз табдил ёфтани у-и кӯтоҳ дар лаҳҷаҳои шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла дар лаҳҷаҳои «самарқандӣ-бухороӣ, ленинободӣ-конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ» дар намунаҳои уҳда, муҳтоҷ, мумин (арабии муъмин) ҳанӯз дар соли 1964 муҳаққиқи рус РасторгуеваВ.С. қайд карда чунин гуфта буд: «Гузариши u (у-и кӯтоҳ) ба ů (ӯ-и дароз) дар зери таъсири ҳамсадои гулӯӣ танҳо дар лаҳҷаҳои шимолӣ (ҷое, ки садоноки ū (ӯ-и дароз) дорад) ва махсусан дар лаҳҷаҳои самарқандиву бухороӣ, ленинободиву конибодомӣ, аштӣ, чустӣ, косонсоӣ, уротепагӣ, шаҳристонӣ дида мешавад.»[7] Яъне ин падида дар аксарияти дигари лаҳҷаҳои минтақаҳои тоҷикнишини тоҷикони Осиёи Марказӣ ва лаҳҷаҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷануби шарқии Тоҷикистон аз тарафи муҳаққиқон маълум карда нашудааст ва онро ҳамчун меъёр ба забони адабӣ дохил кардан ба назар дуруст намерасад. Агар меъёрҳои забони адабиро ба баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистону Тоҷикистон маҳдуд накарда, онро ба тамоми сарзамини тоҷикон мансуб донем, нодурустии ин меъёр боз ҳам равшантар ва бармалотар аён мегардад. Ӯ таъсири забонҳои туркӣ ва махсусан забони ӯзбекиро дар пайдо шудани овози ӯ дар калимаҳои арабӣ ва тоҷикӣ дар намунаи лаҳҷаҳои Чирчиқи боло, Раштон ва атрофи он зикр намуда чунин мегӯяд: «Ин фонема (овози ӯ дар назар аст) хати инкишофи ō-и маҷҳули куҳанро идома намедиҳад. Он дар ин ҷо аз забони ӯзбекӣ иқтибос шудааст ва фақат дар калимаҳои иқтибосии узбекӣ дида мешавад» (мисолҳо ҳам оварда мешавад).

Баъдан ӯ дар ҳамин ҷо зикр мекунад, ки «ō-и маҷҳул дар ин ҷо ба монанди лаҳҷаҳои марказӣ ба овози ū табдил ёфтааст: rūz, rūy, mūy вағ.»[8] (яъне у-и дарози калимаҳои дур, пур, гур вағ.)

Боядгуфт, ки масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ дар даврони Шӯравӣ борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва то ин дам шумораи садонокҳои забони тоҷикиро пажӯҳишгарон гоҳ дар асоси шумораи садонокҳо дар забони классикии форсӣ-тоҷикӣ 8 садонок, гоҳ ҳафт садонок ва асосан шаш садонок ҳисоб кардаанд. Дар ибтидои асри ХХ, солҳои 1927-1928 дар давраи омодагӣ барои гузариш ба алифбои лотинӣ баҳс сари садонокҳои дарозу кӯтоҳи ū – u ва i – ī хеле доманадор буд ва ин баҳсҳо аввал бо қабул кардани ҳашт садонок i, ī, e, a, o, ů, ū, u анҷом ёфт. Дар натиҷа китобҳои аввалини дарсӣ барои забони тоҷикӣ, ки солҳои 1929-1930 чоп шуданд, бо овардани ҳашт садонок дар забони тоҷикӣ нашр гардидаанд.[9]

Абдуррауфи Фитрат дар китоби худ бо номи «Қоидаҳои забони тоҷик (сарф ва наҳв)», ки соли 1930 ба чоп расидааст, чунин менависад: «Босадоҳои (садонокҳои — С.Н.) забони тоҷик 8 адад буда, ба се ҷуфт ва 2 тоқа тақсим мешаванд. 6 босадои ҷуфт-ҷуфт:

Кӯтоҳ у, и, а
Дароз ӯ, ӣ, о

Дубосадои тоқа: «е, у»[10]

Валебаъдан Комиссия оид ба омодагӣ ба анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон садонокҳои забони тоҷикиро 6-то муқаррар намуд ва овозҳои i — ī ва u — ū-ро на аз рӯйи дарозӣ, балки дар асоси устуворӣ муайян намуд.[11]

Инанҷуман ки моҳи августи соли 1930 баргузор гардид, аз рӯйи чор масъала, забони адабии тоҷик, алифбо (алифбои лотинӣ дар назар аст), имло ва масъалаи алифбои шуғнонӣ қарорҳои махсус қабул кард, ки ду қарори Анҷуман «Қарор дар масъалаи алифбо» ва «Қарор дар бораи имлои нави тоҷикӣ» ба имлобандӣ бевосита иртибот дошта, тарзи навишти калимаҳоро ба алифбои лотинӣ муайян менамояд. Аз ҷумла, дар «Қарор дар масъалаи алифбо» оид ба муайян кардани ҳарфҳо барои овозҳои ӯ, у, у чунин омадааст: «Анҷуман тамоми масъалаҳои мубоҳисадори алифбои нави тоҷикро ҳаматарафа музокира карда, ба ин қарор меояд, ки дар қисми муҳимми шеваҳои тоҷикӣ овози (у) вов-и маҷҳул мавҷуд нест ва ин вов бо (ӯ) вови маъруф мувофиқ мебошад, барои ҳамин дар аснои таълим хондан ва навиштан душвориҳо ба миён меояд. Барои аз миён бардоштани ин душвориҳо минбаъд овозҳои (ӯ) ва (у) бо як шакл (ӯ) нишон дода шавад ва ин шаклро бо хосиятҳои шеваҳо мувофиқ карда кор фармудан мумкин хоҳад шуд. Ин ҳол дар шеваҳое, ки ин се овоз (яъне ӯ, у, у) фарқ доранд, дуруст хондан ва навиштанро осонтар карда, дар шеваҳое, ки фақат дутоии ин овозҳо ҳаст, душвории мавҷударо аз миён мебардоранд».[12]

Якнуктаи муҳими дигар бар асоси меъёрҳои таърихии забони адабӣ таҳия гардидани имло мебошад. Дар қарори мазкур дар ин бора чунин омадааст:

«Анҷуман қайд мекунад, ки дар муайян кардани қоидаҳои имлоӣ танҳо як лаҳҷаро асос гирифтан аз хусусиятҳои лаҳҷа (ё ки шева)-ҳои дигар чашм пӯшидан мувофиқи мақсад нест. Бинобар ин ҳамаи лаҳҷаҳоро дар назар дошта истода қоидаҳои имлогии сарфии муштаракро муайян кардан лозим аст.

Қайд: азбаски забони адабии тоҷик то як дараҷа ҳамаи хусусиятҳои лаҳҷаҳоро ба худ акс кунонидааст, бинобар ин дар тартиби қоидаҳои имлогӣ дар ваҳлаи аввал ба забони адабии мавҷуда муроҷиат кардан зарур аст».[13]

Азин иқтибос чунин бармеояд, ки таҳиягарони имлои забони тоҷикӣ дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ тарафдори таҳияи имло дар асоси меъёрҳои таърихии грамматикӣ буда, аз «принсипи савтӣ»-и таҳияи имло сарфи назар менамоянд: Таваҷҷуҳ кунед ба иқтибоси дигар аз ҳамин қарор: «Азбаски забони тоҷик ду лаҳҷаи асосӣ ва як қатор шеваҳои дарунӣ дорад, бинобар ин имлои тоҷикиро дар асоси соф савтӣ ниҳодан мумкин нест. Бинобар ин имлои нави тоҷик дар принципи шаклӣ ниҳода мешавад»[14].

Дарсолҳои 1937-1940 дар давраи гузариш ба алифбои кириллӣ масъалаи садонокҳои забони тоҷикӣ аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боз фарқ кардани i – ī ва ū – u масъалаи асосӣ гардид. Соли 1940 китоби Лутфулло Бузургзода «Фонетикаи забони адабии тоҷикӣ» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шуд, ки дар он масъалаи дарозӣ ва кӯтоҳии садонокҳои i — ī ва ū – u аз нав тасдиқ гардида, барои забони тоҷикӣ меъёр ҳашт садонок муқаррар гардид. Аз ҷумла, ӯ дар бораи овози i: — ī менависад: «i: Ин овоз аз ҷиҳати ҷой ва усули ташаккул аз «i» фарқ надорад, яъне овози қатори пешин ғайрилабӣ ва танги болоӣ буда, аммо аз «i» андак кашидатар (дарозтар) талаффуз карда мешавад: i:d, bi:пo, si:r (sī:ri kosa), si:r, zi:n, zi:пa, xi:ra, pi:v, di:па, di:ruz//di:rūz, ki:па, si:. Ин овоз дар як қисм шеваҳо монанди забони адабӣ фонемаи мустақил ба шумор равад ҳам, дар як қисм шеваҳо (Самарқанд, Ленинобод) аз «i» фарқ карда намешавад.»[15] Л.Бузургзода дар бораи u:(ū) ҳам чунин ақидаро пешниҳод мекунад ва барои намуна мисолҳои du:r, hu:š, šu:š, пu:r, du:d-ро меорад.[16] Тавре ки аз ин намунаҳо мебинем, ва худи муаллиф ҳам қайд мекунад, ин дарозиву кутоҳӣ агар дар забони адабӣ ва баъзе аз шеваҳо фонемаи мустақил бошад ҳам, вале дар лаҳҷаҳои Самарқанду Ленинобод аз овози «i» фарқ надорад. Бинобар ин дар имлои забон ҳам минбаъд дар назар гирифта нашудаанд.

Валебаъд аз як соли нашри ин китоб китоби дигаре бо номи «Грамматикаи забони тоҷикӣ» нашр мешавад, ки дар он ҳафт садонок (a, e, u, ӣ, o, y, ӯ) барои забони адабии мо муқаррар шудааст.

Талаффузи садонокҳои таърихии u, ū, ō (у ва ӯ-и дароз ва ӯ-и маҷҳул)-ро дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ РасторгуеваВ.С. ба панҷ навъ ё панҷ намуд ҷудо кардааст.[17]

Дарлаҳҷаҳои навъи аввал ва навъи дувум, ки ба гурӯҳи аввал Бухоро, Айнӣ, Чуст, Консой, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва ба гурӯҳи дувум лаҳҷаҳои ш.Самарқанд, болооби Варзоб, Бойсун, лаҳҷаҳои кӯҳистони Ҳисору Қаратоғ дохил мешаванд, овози садоноки маҷҳули «ō» боқӣ монда, аз лиҳози устуворӣ дар муқобили «ū» ва «u» (дар гурӯҳи аввал) ва «u» (дар гурӯҳи дувум) қарор дорад.[18]

Дарлаҳҷаҳои гурӯҳи сеюм, (лаҳҷаҳои Мастчоҳ, Фалғар, Шайдон, болооби дарёи Чирчик), чорум (лаҳҷаҳои Кӯлоб, Ғорон (Бадахшон), Хумдара, Вахёи боло, Чилдара, Қаротегин, қисмати ҳамвории водии Ҳисор, бахше аз Варзоб) ва гурӯҳи панҷум (лаҳҷаи Дарвоз) хусусиятҳои умумӣ дар талаффузи ин садонокҳо дида мешавад:

  1. Дарҳар се навъ ё гурӯҳ садоноки таърихии ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои гӯш, бӯй, рӯз ба овози дарози ū-ӯ табдил ёфтааст.
  2. Овози садоноки дарози ӯ дар калимаҳои хун, дуд, дур, низ бо ō (ӯ-и дароз) якҷо шудааст. Фақат дар лаҳҷаҳои типи сеюм ба ū (у-и дароз) табдил ёфтани (у-и кӯтоҳ) дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад.
  3. Дарлаҳҷаҳои типи чорум ва панҷум u (у-и кутоҳ) боз ҳам кӯтоҳтар шуда, ба ъ табдил ёфтааст, ки аз ҳамаи садонокҳои забони тоҷикӣ имрӯз кутоҳтарин садонок дар забони тоҷикӣ мебошад. Фақат дар лаҳҷаҳои гурӯҳи панҷум (Дарвоз) ҳар ду ҳолат, ҳам кӯтоҳшавии u (у-и кӯтоҳ) ба ъ ва ҳам нигоҳ доштани хусусияти ō (ӯ-и дароз) дар калимаҳои монанди рӯз, гӯш, дида мешавад.[19]

Қонунмандиҳои инкишофи дохилии лаҳҷаҳои забони тоҷикии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) аз лиҳози овошиносии садонокҳои одӣ шумораи ин садонокҳоро аз 6 садонок то ҳашт садонок нишон медиҳад. Садонокҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба таври умум аз лиҳози таҳаввули таърихӣ ҳадди ақал ду роҳи инкишофи худро тай кардаанд.

Аввал аз лиҳози дарозии талаффуз садонокҳои ҳамгун ба ҳам омада, якҷоя мешаванд, ки дар намунаи якҷояшавии садонокҳои ҳамгуни ō ӣ, u ва i, ī, e бо равишҳои мухталиф дида мешаванд. Дувум, садонокҳо аз лиҳози хусусиятҳои сифатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин тағйирот дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ ба тариқи зерин мушоҳида мешавад. (Инъикоси ин таҳаввул аз лиҳози минтақавӣ аз Шимол ба Ҷануб яъне аз лаҳҷаҳои шимолӣ ба самти лаҳҷаҳои ҷанубӣ мебошад):

1.Овозҳои садоноки навъи шимолӣ дар се марҳила дараҷаи инкишоф ва таҳаввули садонокҳоро ба самти якҷояшавӣ ё ҳамроҳшавӣ нишон медиҳад.

а)Марҳилаи аввал дар лаҳчаҳои гурӯҳи якум (Бухоро, Панҷакент, Уротеппа, Шаҳристон, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Консой, ҷануби Ашт (Пунук) дар намунаи гузаштан аз садонокҳои дарозу кӯтоҳ ба садонокҳои устувору ноустувор (баъзе ҳолатҳои муқобилгузории дарозу кӯтоҳ) дида мешавад. Ин лаҳҷаҳо дорои ҳашт садонок i, ī ē, a, о, ā, u, (ū), ů, мебошанд;

б)марҳилаи дувум якҷояшавӣ ва баҳамоии u ва ū (у-и дарози калимаҳои дур, нур…) бо нигоҳ доштани муқобилгузории i ī дар ҳолати ноустуворӣ ва устуворӣ (i ва ī дар намунаи калимаҳои дил-пир, китоб- ширин вағ.). Дар ин лаҳҷаҳо (танҳо лаҳҷаи Самарқанд ва атрофи он) ҳафт садонок (i, (ī), ē, a, о, ā, u, ) дида мешавад;

в)марҳилаи севум баҳамоии садонокҳои i ва ī (ӣ, и) дар намунаи калимаҳои пир, дил, шир, вағ. ва вуҷуд доштани шаш садонок (i , е, a, о, ū, u) дар лаҳҷаҳои куҳистони Ҳисор, Бойсун, Дарбанд, Варзоби боло. Бояд гуфт, ки ин лаҳҷаҳо бештар зери таъсири лаҳҷаҳои ҷанубӣ (кӯлобӣ ва қаротегинӣ) қарор дошта, дар онҳо баҳамоии ū ва ů (дар намунаи калимаҳои рӯ > ру, бӯ > бу, сӯ >су) дида мешавад.

2.Лаҳҷаҳои марказӣ (болооби Зарафшон, Мастчоҳ, Фалғар, Сух) бо хусусияти ҳафт садонокӣ (i, ī, a, о, е, ū, u), лаҳҷаҳои ҷанубӣ (Кӯлобу Вахш, Бадахшон, Рашт, қисмате аз ноҳияи Дарвоз ва Варзобу Ҳисор бахше аз минтақаҳои ҷудогонаи вилояти Фарғонаву Андиҷон) бо хусусияти шашсадонокӣ (i, е, a, о, ъ, ū, ) ва лаҳҷаҳои ҷанубу шарқӣ (Дарвоз, асосан Дарвози боло) бо доштани нуҳ садонок, (i, е, a, о, ū, u, ъ, ů, ū ) ва дорои хусусиятҳои ҳам шимолӣ ва хам ҷанубӣ дорои аломатҳои зерин мебошад.

а)Хусусияти умумии тағйироти сифатии садонокҳо бо гузаштани садонокҳои таърихии кӯтоҳи u (у) ва дарози ū (у) ба ů (ӯ) дар лаҳҷаҳои марказӣ;

б)гузариши садоноки таърихии ū ба ü дар лаҳҷаҳои ҷануби шарқӣ;

в)маҳдуд шудани дарозии садоноки маҷҳули ō (ӯ) ва гузаштани он ба ū (у) дар лаҳҷаҳои марказӣ;

г)гузаштани u (у-и кӯтоҳ) ба ъ, яъне боз ҳам кутоҳшавии у-и кӯтоҳ дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ.

Ҳамин тариқ дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ бештар садонокҳои таърихии қатори ақиб ба тағйироти сифатӣ дучор шудаанд. Агар мо тағйироти сифатии лаҳҷаҳои тоҷикии Афғонистонро (махсусан лаҳҷаҳои шимоли шарқӣ ва маркази Афғонистон- Балх, Бадахшон, Қундуз, Тахор, Самангон, Парвон, Кобул) бо лаҳҷаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муқоиса кунем, пас умумияти ин лаҳҷаҳо бештар бо лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон дида мешавад ва дар маҷмӯъ лаҳҷаҳои шимолӣ бо доштани хусусиятҳои қадимӣ (асосан доштани ҳашт садонок) аз як тараф ва лаҳҷаҳои ҷанубӣ бо лаҳҷаҳои шимол ва маркази Афғонистон (бо доштани хусусияти ҳафтсадонокӣ ва шашсадонокӣ) дар байн ва лаҳҷаҳои забони форсӣ бо доштани хусусияти шашсадонокӣ аз тарафи дигар қарор мегиранд.[20]

Дарзабони тоҷикӣ имрӯз баҳс бештар сари истифодаи ӯ-(у-и дароз) ва у (у-и кӯтоҳ) сурат мегирад. Ҳол он ки тавре дар намунаҳои боло аз ибтидои солҳои сиюм то ибтидои солҳои чилуми садаи ХХ дидем, масъалаи истифодаи и (и-и кутоҳ) ва ӣ (и-и дароз) низ мавриди мубоҳисахои тӯлонӣ карор гирифтааст. Истифодаи овози ӯ-и дароз пеш аз аломати сакта (ъ) ва овози ҳ, ки имрӯз мавриди баррасиҳои дурудароз карор гирифтааст, дар асоси маводи илмӣ ва суннати таърихии имлобандӣ пояи илмӣ надорад. Он ба таври сохта дар асоси пешниходхои сохтани забони нави адабӣ дар охири солҳои сиюм ва ибтидои солҳои чилуми садаи ХХ, ки намунааш фармони № 1 Комиссариати Халқии маорифи РСС Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ (Тоҷикистони Сурх, 25 январи соли 1939) мебошад, ба имлои соли 1941 (Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ // Газетаи муаллимон, 20 феврали соли 1941) дар шакли зерин дароварда шудааст: «Агар ҳарфи ҳ ва ё аломати сакта бо у-и пеш аз худ омадагӣ як ҳиҷои бастаро ташкил кунад, дар он вақт у не, балки ӯ навишта мешавад: сӯҳбат, мӯҳтарам, уҳда, шуъба, мӯътадил, мамнӯъ, муътабар ва м. ин».

Инқоидаи сохта дар ду қоидаҳои имлои даврони Шӯравӣ (1955, 1972) бетағйир омад. Баъд аз ба Истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ки ба ҳайати он донишмандони мумтозе чун А.Мирзоев, Ш.Рустамов, М. Шакурӣ ва дигарон шомил буданд, ба таҳияи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ шурӯъ намуданд. Ин лоиҳа, ки соли 1993 омода шуда буд, то имрӯз мукаммалтарин лоиҳаи имлои забони тоҷикӣ мебошад. Дар ин лоиҳа, ки минбаъд асоси «Имлои забони тоҷикӣ» (1998) гардид, миқдори ҳарфҳои тоҷикӣ 31 ҳарф муқаррар гардида, йотбарсарҳо (е, ю, я, ё.) низ аз алифбо бароварда шуда, инчунин қоидаи сохта оид ба пеш аз ҳарфҳои ҳ ва ъ омадани ӯ-и дароз низ ҳазф шуда буд. Дар он чунин омадааст: «г)дар {иxои охири калимаҳои зерин пеш аз {арфи ъ мувофиқи суннат ӯ навишта мешавад: мавзӯъ, мазрӯъ, мамнӯъ, марсӯъ, маснӯъ, руҷӯъ ва ғайра.

Аммодар {иxои бастаи пеш аз {амсадои айни калима{ои зерин мувофиқи суннат у-навишта мешавад: уъҷуба, буъд, луъбат, муъзам, муъмин, муътабар, руъб / тарс /, руъйо, суъбон / ажда{о /, суълук / фаrир/, туъма, шуъба, шуъла ва монанди инҳо». Ин бахш дар қоидаҳои имлои соли 1998 дида намешавад. Вале ин масъала нодида гирифта шуд ва аз тарафи баъзе расонаҳои гурӯҳӣ ва шахсони алоҳида то имрӯз ҳам риоя намегардад. Фақат баъд аз қабули «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» (4 октябри соли 2011, Қарори ҲҶТ №458) бо ташаббуси Раиси собиқи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ ин масъала ба танзим дароварда шуд.

Албатта «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҳуҷҷати расмӣ буда, иҷрои он барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ки ба забони давлатӣ сару кор доранд, ҳатмӣ аст. Вале имло ҳам дар {оли тағйир аст ва дар оянда зарурати такмили он пайдо мешавад. Бинобар ин дар Пажӯҳишгоҳи забон. адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ Комиссияи доимамалкунандаи имлои забони тоҷикӣ фаъолият дорад ва вазифаи ин Комиссия аст, ки таҳаввулоту тағйиротро дар густариши забони адабӣ омӯзад ва онҳоро ҳангоми таҳияи имлои забони адабӣ дар оянда ба назар гирад.

Адабиёт

Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009. -С.40-41.

Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940, -С.39; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, М.-Л., 1949. -С.11-12.

Квопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического сьезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.

КнязевС.В., Пожарицкая С.К. Современный русский литературный язык: Фонетика. Орфоэпия, графика и орфография: Учебное пособие для вузов. – 2-е изд., перераб. И доп. – М.: Академический Проект; Гаудеаму, 2012. – 430 с. – (Gfudeamus). — С.13.

Л.Бузургзода ва Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ, Сталинобод, 1941, с.21; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949- С.12.

Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. — С.132.

Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. — С.132.

М.Н.Қосимова. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IX-X). Қисми 1. – Душанбе, 2003.- С.4

Назарзода С. Имло ва забони адабӣ. – Душанбе, «Андалеб-Р», 2015. — С.3

Основы иранского языкознания. Новоиранские языки, М.1982. — С.20.

Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. М., 1982. –С.42-43.

Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. М., 1964. -С.41,

  1. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964. -С.38-41; Aвdul Chafar Farhadi. le persian parle en Afghanistan. Grammaire du Kaboli/ Paris. 1955;

Соколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954. -С. 29-36.

Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, с.27-29.

Сухарева О.А. Руководство для изучения таджикского языка, Самарканд, 1929; Громатович, Дмитриевский, Хашимов. Учебник таджикского языка, Ташкент, 1931; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. М.-Л., 1949.-С.11.

17.Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской СССР. — Сталинабад, 1959. — С.10-11. -С.29.

Ҷамъбаст ва қарорҳои Анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон // Роҳбари дониш, №10, 11, 12 с.41-42: Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва 7. масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1. — С . 131.

Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901, 187; Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .- С.47-48.

  1. Ниг.: Назарзода С. Имло ва забони адабӣ. – Душанбе, «Андалеб-Р», 2015. — С.3
  2. Князев С.В., Пожарицкая С.К. Современный русский литературный язык: Фонетика. Орфоэпия, графика и орфография: Учебное пособие для вузов. – 2-е изд., перераб. И доп. – М.: Академический Проект; Гаудеаму, 2012. – 430 с. – (Gfudeamus). — С.13.
  3. М. Н. Қосимова. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IX-X). Қисми 1. – Душанбе, 2003.- С.4
  4. Bartholomae Chr. Awestisch und Altpersisch || Grundriss der iranischen Philologue. Bd. I. Alt.1.Strusslbug, 1895-1901, 187; Meillet A. Grammaire du v ieux perse, Paris, 1931 .- С.47-48.
  5. Основы иранского языкознания. Новоиранские языки, — М.1982.- С.20.
  6. Муфассал ниг.: Основы иранского языкознания. Новоиранские языки. — М., 1982. –С.42-43.
  7. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. — М., 1964. -С.41, Тагирова К. Таджикские говоры Бастандоскского района Узбекской ССР. — Сталинабад, 1959. -С.10-11. -С.29.
  8. Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. — М., 1964. -С.41, Тагирова К. Таджикские говоры Бастандокского района Узбекской ССР, Сталинабад, 1959. -С.10-11.
  9. Сухарева О.А. Руководство для изучения таджикского языка, — Самарканд, 1929; Громатович, Дмитриевский, Хашимов. Учебник таджикского языка, Ташкент, 1931; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка.- М.-Л., 1949.-С.11.
  10. Абдуррауфи Фитрати Бухороӣ. Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв). – Душанбе, Сино, 2009. -С.40-41.
  11. К вопросу об едином литературном таджикском языке, терминологии и латинизированном таджикском алфавите. Материалы работ комиссии по подготовке научно-лингвистического сьезде в Сталинабаде, Сталинабад, 1930.
  12. Ҷамъбаст ва қарорҳои Анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон // Роҳбари дониш, №10, 11, 12 с.41-42: Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1, с.131.
  13. Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1, с.132.
  14. Маводи анҷумани нахустини илмӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он // Забоншиносӣ, 2010, №1, с.132.
  15. Бузургзода Л. Фонетикаи забони адабии тоҷик, Сталинобод, 1940, -С.39; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка, -М.-Л., 1949. -С.11-12.
  16. Л.Бузургзода ва Б.Ниёзмуҳаммадов. Грамматикаи забони тоҷикӣ. — -Сталинобод, 1941. — С.21; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. -М.-Л., 1949- С.12.
  17. Ҳамин китоб. — С.23-29.
  18. Ҳамин китоб, с.23-27; Соколова В.С. Фонетика таджикского язык. — С.27-29.
  19. Ниг. Расторгуева В.С. Ҳамин китоб. — С.23-27; Соколова В.С. Фонетика таджикского языка. — С.27-29.
  20. Муфассал нигаред.: Расторгуева В.С. Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. -М., 1964. -С.38-41; Aвdul Chafar Farhadi. le persian parle en Afghanistan. Grammaire du Kaboli/ Paris. 1955; Соколова В.С. Исследования по фонетикие иранских языков. (Автореф. докт. диссерт.). Л., 1954. -С. 29-36.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *