Фанни Забони точики

Замонхои феъл дар забони точики

Замонхои феъл дар забони точики

Замони гузашта

Замони гузаштаи наздик (гузаштаи одди)

Феъли замони гузаштаи наздик (гузаштаи оддӣ) аз асоси замони гузашта ва бандакҳои феълӣ сохта мешавад. Шахси сеюми танҳои ин феъл бо асоси замони гузашта баробар аст.

Ҳамаи феълҳои гузаштаи наздик ба тарзи зер тасриф меёбанд:

Танҳо Ҷамъ

  1. ман хондам 1. мо хондем
  2. ту хондй 2. шумо хондед
  3. вай (у) хонд 3. онҳо хонданд

хобидам, намуд, монд, омадам, овард, рафтам, гуфтед

Замони гузаштаи нақлӣ

§ 389. Замони гузаштаи накли аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асос, бо иловаи бандакҳои хабарй сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:

Танҳо Ҷамъ

  1. ман навиштаам 1. мо навиштаем
  2. ту навиштай 2. шумо навиштаед
  3. вай (ӯ) навиштааст 3. онҳо навиштаанд

мондаам, ваъда кардааст, навиштааст, гуфтааст, ҷавоб додаанд, вайрон кардаанд, мерос мондааст. хушрӯйтар намудааст

Шаклҳои ифодаи феъли нақли

Маъниҳои наклии замони гузашта бо чор шакли феъл ифода меёбанд.

  1. Чунон ки аз мисолхои боло дида мешавад, шакли тасрифии феъли наклй шакли пурра ва асосй мебошад, ки дар забони гуфту-гӯй, забони адабй (назму наср) серистеъмол аст. Тасрифаш: омадаам, омадай, омадааст (-ем, -ед, -анд).
  2. Аз гузаштаи наклии шахси сеюми танқо шупидаст бо иловаи бандакҳои хабарй тарзи дуюми феъли наклй ҳосил мешавад, ки тасрифаш чунин аст: (бештар дар назм)

Танҳо Ҷамъ

  1. шунидастам 1. шунидастем
  2. шунидастй 2. шунидастед
  3. шупидаст 3. шунидастанд

Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав,

Дигархо шунидастй, ин хам шунав.

(Ф и р д а в с й).

3. Феъли наклй ба шакли феъли ҳол (сифати феълии замони гузашта бо суффикси -а) омада, маънои замони гузаштаи наклиро ифода мекунад. Ин шакли ифодаи феъли наклй дар назму насри классики коидаи маъмулй буд, аммо дар забони ҳозира танҳо дар назм ба кор бурда мешавад. Ин шакл ғайри тасрифист ва аз рӯи мазмуни матн одатан шахси сеюми танҳоро мефаҳмонад:

~ Ин мавқеъ, ки имрӯз Бухорост, обгир будаст ва баъзе аз вай наистон буда, дарахтзор ва марғзор буда ва баъзе ҷой чунон буда, ки ҳеҷ ҳайвони ноёб наёфтӣ {«Таърихи Наршахй»).

4. Сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гй маънои замони гузаштаи наклиро ифода карда метавонад. Ин шакл ба ҳамин маънй дар нутқи гуфтугӯӣ ва насри бадей серистеъмол буда, ҳамчун шакли ғайритасрифӣ дар ҳамаи шумораҳо ба як шакл истеъмол мешавад: ман, ту, вай; мо, шумо, онҳо — хондагй, дидагй…:

Замони гузаштаи ҳикоягӣ

Феъли замони гузаштаи ҳикоягй аз асоси замони гузашта бо иловаи префикси ме- ва бандакҳои феълй сохта мешавад. Тасрифи ин шакли феъл ба тарзи зерин аст:

    1. Танҳо Ҷамъ
  1. ман механдидам 1. мо механдидем
  2. ту механдидй 2. шумо механдидед
  3. вай механдид 3. онҳо механдиданд

Гузаштаи ҳикоягй ҳаминро мефаҳмонад, ки амал дар замони гузашта бардавом вокеъ шудааст, вале натиҷаи он. яъне анчом ёфтан ё наёфтанаш маълум нест.

Мисолҳо: ман мепухтам, пеш меомаданд, равған мекарданд, чизе менавишт, аланга мегирифт, пайдо мекардам, завқ мекарданд, нӯшида менишаст, карда метавонанд, медаромад, мепурсидем.

Замони гузаштаи ҳикоягии нақлӣ

Шакли замони гузаштаи ҳикоягии наклӣ аз гузаштаи нақлӣ бо иловаи префикси ме- сохта мешавад. Давомнокӣ ва мӯлкаратиро мефаҳмопад:Тасрифаш чунин аст:

    1. Танҳо Ҷамъ
  1. ман мехондаам 1. мо мехондаем
  2. ту мехондай 2. шумо мехондаед
  3. вай мехондааст 3. онҳо мехондаанд

Тобишҳои асосии маъной ва замонии ин шакли феъл дар матн равшан мушоҳида мешавад.

Мисолҳо: Ёд мегирифтааст, такрор карда мегуфтааст, баён мекардааст, ҷӯфт мерондааст, мувофиқ мешудааст, нағз медонистаанд, ба ҷанг мефиристодааст, шахсан месупурдааст

Замони гузаштаи дур

§ 395. Феъли замони гузаштаи дур аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосй бо иловаи шакли замони гузаштаи феъли ёридиҳандаи будан сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:

Танҳо Ҷамъ

  1. ман дида будам 1. мо дида будем
  2. ту дида буди 2. шумо дида будед
  3. вай дида буд 3. онҳо дида буданд

Ҷумла: Модарам як ҷуволча тутмавиз хушконда монда буд (С.Айнӣ).

Мисолҳо: омада буданд. дода будам, карда будам, дида ва шунида буд, нарафта будам, расида буд, рафта буданд, расида буданд, ба болои сар омада буд, пайдо шуда буданд, гуфтанй будам, гуфтани будӣ, гуфтани буд

Шакли гузаштаи дури феълҳои истодан, нишастан (шиштан), хобидан (хоб кардан) ва баъзе феълҳои дигар, ки одатан ё дар мавридаш, ҳолату вазъиятро мефаҳмонад, моҳиятан муродифи шаклҳои гузаштаи ҳикоягии онҳо мебошапд. Масалан. муқоиса
кунем: нишаста буд—менишаст, хобида буд—мехобид, истода буд—меистод, гӯш дода буд—гӯш медод ва м. ин:

Замони гузаштаи дури нақлӣ

  1. Замони гузаштаи дури нақлӣ аз феъли ҳол (сифати феълии замони гузашта бо суффикси (-а) ва шакли феъли будан ва бандакҳои хабарӣ сохта мешавад. Тасрифаш:
  2. Танҳо Ҷамъ
  3. 1. ман рафта будаам 1. мо рафта будаем
  4. 2. ту рафта будаӣ 2. шумо рафта будаед
  5. 3. вай рафта будааст 3. онҳо рафта будаанд

Мисолҳо: истиқомат карда будааст, бино карда нашуда будааст, омада буданд, оварда будааст

Замони гузаштаи дури давомдор (муайян)

§ 398. Замони гузаштаи дури давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) асосй ва шакли гузаштаи дури феъли ёридиҳандаи истодан таркиб меёбад. Дар ин гуна таркиб феъли ёридиҳандаи истодан маънии давомнокии амал, ёридиҳандаи будан гузаштаи дурро мефахмонад. Тасрифаш чунин аст:

  1. Танхо Ҷамъ
  2. ман дида истода будам 1. мо дида истода будем,
  3. ту дида истода буди 2. шумо дида истода будед
  4. ӯ дида истода буд 3. онҳо дида истода буданд

Мисолҳо: хандида истода буд, тайёр карда истода будам, ҳайрон шуда истода буд, ёд гирифта истода будам, ба тарафи баландй баромада истода буд, маътал шуда истода будам, дида истода будам

Гузаштаи дури давомдори (муайяни) наклӣ

§ 399. Замони гузаштаи дури давомдори (муайяни) наклӣ аз шакли феъли ҳолӣ (сифати феълии) феъли асосй ва феъли ёридиҳандаи истодан дар шакли гузаштаи дури наклй ташкил меёбад. Тасрифаш чунин аст:

  1. Танҳо Ҷамъ
  2. рафта истода будаам 1. Рафта истода будаем
  3. рафта истода будаӣ 2. рафта истода будаед
  4. рафта истода будааст 3. рафта истода будаанд

Мисолҳо: хӯрда истода будааст, навишта истода будаед, тайёрй дида истода будаанд.

Замони гузаштаи эҳтимолӣ

Феъли гузаштаи эҳтимолӣ амали воқеъшудаеро мефаҳмонад, ки гӯянда дар бораи он бо шубҳаю тахмин, гумону эҳтимол сухан меронад.

Гузаштаи эҳтимолӣ аз сифати феълии замони гузашта бо суффикси -гй ва иловаи бандакҳо сохта мешавад. Вай ду тарзи ифода дорад:

тарзи якум:

ман хондагиям, ту хондагии, вай хондагист; мо хондагием, шумо хондагиед, онҳо хондагиянд;

тарзи дуюм (аз шахси сеюми танҳо бо иловаи бандакҳо):

ман хондагистам, ту хондагистй, вай хондагист (-ем, -ед, -анд).

Замони гузаштаи шартӣ-хоҳишм.андӣ

Ин шакл аз сифати феълии замони гузашта бо шакли аористи феъли будан сохта мешавад ва амали воқеъшудаеро мефаҳмонад, ки ба шарте вобаста мебошад: рафта бошам, рафта бошӣ, рафта бошад; рафта бошем, рафта бошед, рафта бошанд.

II. ЗАМОНИ ҲОЗИРАИ ФЕЪЛ

§ 401. Феъли замони ҳозира амалеро мефаҳмонад, ки ҳангоми сухан кардан дар бораи он давом дорад.

Замони ҳозираи давомдор (муайян)

§ 402. Феъли хозираи давомдор (муайян) аз шакли феъли ҳоли (сифати феълии) феъли асосӣ ва шакли гузаштаи нақлии феъли ёридихандаи истодан таркиб меёбад. Тасрифаш чунин аст:

    1. Танхо
  1. ман шунида истодаам
  2. ту шунида истодай
  3. вай шунида истодааст
      1. Ҷамъ
  4. мо шунида истодаем
  5. шумо шунида истода ед
  6. онҳо шунида истодаанд

Шакли хозираи давомдори феъл барои ифодаи маъниҳои зерип истеъмол мешавад:

Ҳозираи давомдор (муайян), ки амали дар айни ҳол ҷараёндоштаро мефаҳмонад:

Мисолҳо: ғалаба карда истодаем, рафта истодай, ронда истодааст, зада истодаанд, ба ман расида истодааст, хонда истодааст, нишон дода истодаанд, нафас кашида истодааст, шуда истодааст, ба тарафс кашолакунон бурда истодааст.

Замони ҳозира-оянда

§ 404. Феъли замопи ҳозира-оянда аз асоси замони ҳозира бо иловаи префикси ме- сохта шуда, бо бандакҳои феълӣ тасркф меё-бад. Масалан:

Танхо

  1. Ман меравам
  2. Ту меравй
  3. Ӯ меравад

Ҷамъ

1. Мо меравем

2.Шумо меравед

3. Онҳо мераванд

Э з о х: 1. Феъли доштан (ба маънои доро будан, соҳиб будан) аз ҷиҳати сохт ғайри қоидаи умумии шакли ҳозира-оянда, вале айнан ба ҳамон маъно, ба шакли аорист (бе префикси ме-) тасриф мешавад: дорам, дорӣ, дорад (дорем, доред, доранд) :

Феъли доштан ба маънихои дигар, дар феълхои таркибии номй (дуст доштан, нигоҳ доштан, пинхон доштан) ва феъли боздоштан дар шакли ҳозира-ояндл префикси ме- кабул мекунад:

Аз одамоне, ки чашм аз хамсӯҳбат пинҳон медоранд, эхтиёт шудан даркор, мегӯянд (Муҳаммадиев).

3. Феъли дӯст доштан ба ду шакли баробармаъно — хам ба шакли ҳозира-сянда ва хам ба шакли аорист (бештар дар назм) омада метавонад: Ба назарам, пиразан ҳам туро дӯст медорад (Раҳим Ҷалил). Дӯст дорам рӯи некуи туро.

Феъли замони ҳозира-оянда шакли муштаракест, ки бо моҳияти грамматикии худ тобиши маъноии ҳар се замонро ифода карда метавонад. Чунин тобишҳои маъной дар матн муайян меша-ванд.

1. Шакли ҳозира-оянда амали доимии бо замони ҳозира алокамандро мефаҳмонад,

Мисолҳо: ӯзбекиро мефаҳманд, пул меғундорад, наҳр мегузаронад, ниҳол мешинонад, бад мебинам, сероб мерӯяд, ҳайрон мешавед, истиқомат мекунем, гирифта бармегарданд, баргашта меравам

III. ЗАМОНИ ОЯНДАИ ФЕЪЛ

Феъли замони ояида амалеро мефаҳмонад, ки он пас аз лаҳзаи нутк, яъне баъд аз сухан рондан дар бораи вай воқеъ мешавад. Ба эътибори чунин маънии грамматики чанд шакли феъли мавҷуд аст, ки бевосита ё вобаста ба матн замони ояндаро ифода мекунад. Шаклҳои зерини феъл ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд.

ФЕЪЛИ ФАРМОИШ

Феъли фармоиш замони ояндаро ифода мекунад ва фақат шахси дуюми танхову чамъ дорад, ки шахси танҳои он асоси замони ҳозира ҳисоб меёбад:

паз — пазед (пазетон),

хӯр — хӯред/хӯретон ва ғ.

Гир – гиред/гиретон

Ин шакли феъл бо префикси би- омада метавонад (бирав — биравед) ва шакли танхои он гохо дар назм бо префикси ме- меояд (мерав, мехон, мебош). Тобишҳои маъноии феъли фармоиш дар матн зоҳир мешаванд.

АОРИСТ

§ 408. Шакли аористи феъл аз асоси замони ҳозира бо иловаи бандакҳои шахсии феъл сохта шуда, ба таври зер тасриф меёбад:

Танҳо Ҷамъ

  1. ман хонам 1. мо хонем
  2. ту хонй 2. шумо хонед
  3. вай (ӯ) хонад 3. онҳо хонанд

Замони х,озира-ояноа

. Чунон ки наш аз ин днда шуд, феъли ҳозира-оянда аз асоси замоли ҳозира бо префикси ме- ва иловаи бандакҳои шахсии феъл сохта мешавад. Ин шакл ғайр аз ифодаи амали доимию давомноки замони ҳозира ва нақли амали гузашта, вобаста ба маънии номаш амали замони ояндаро ҳам мсфаҳмонад:

ба Путин мебари, ба ҳавлӣ медароям, гирифта меистй, ӯро мебинем, шуда мставонад

Замони ояндаи китобй

§ 410. Ин шакли феъл аз асоси замони ҳозираи феъли ёридиҳандаи хостан (хоҳ) ва шакли асоси замони гузашта таркиб меёбад. Ҷузъи якум (феъли ёридиҳанда) доимист, вай бандакҳои феълӣ қабул карда, шахсу шумораро мефаҳмонад. Префикси инкорй низ бо ҳамин ҷузъ меояд (хоҳам рафт — нахоҳам рафт). Ҷузъи дуюм (феъли асоси) вобаста ба ифодаи маънии луғавй иваз шуда меистад ва тасриф намеёбад. Масалан:

Танҳо Ҷамъ

  1. ман хоҳам гуфт 1. мо хоҳем гуфт
  2. ту хоҳӣ гуфт 2. шумо хоҳед гуфт
  3. вай (ӯ) хоҳад гуфт 3. онҳо хоҳанд гуфт

Ин шакли феъл адабӣ — китобй буда, дар заболи ҳозираи тоҷик ҳам ба ҳамин услуб мувофиқ кор фармуда мешавад.

Замони ояндаи эҳтимолӣ

§ 411. Сиғаи эҳтимолӣ шакли ҳозира-оянда хам дорад, ки бештар замони ояндаро далолат мекунад. Ин шакли феъл аз сифати феълии замони ҳозира-оянда бо суффикси -гй ва шакли пурра ё кӯтоҳи бандакҳои хабарӣ сохта мешавад (ниг: Сиғаи эқтимолй).

Замони ҳозира-оялдаи эҳтимолӣ ду тарзи ифода дорад: тарзи

якум: мерафтагиям, мерафтагии, мерафтагист ва ғ.; тарзи дуюм: мерафтагистам, мерафтагистй, мерафтагист (-ем, -ед, -анд):

мехӯрдагист, метапидагист, мерафтагист, мекардагистем, будагист

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *