Фанни Забони точики

Забон покиза нигоҳ дор…

Истилоҳот ва истилоҳсозӣ таърихи дуру дароз дорад ва ҳампояи давраҳои аввали пайдоиши забон аст. Ҳар вақте инсоният барои ифодаи мафҳумҳо ва ашёҳои хос калима ва ё ибораи махсусе истифода карда бошад, ҳамон дам ба масъалаи истилоҳ ва истилоҳофаринӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ин гурӯҳи вожагон аз ҳамон замоне, ки одам қодир шуд ҷойгоҳи худро дар олами ҳастӣ бишносад ва ба номгузории ашёи вохӯрдааш шурӯъ кунад, пайдо шудан гирифтанд. Ва ҳар андоза, ки илму басирати вай бар унсурҳои ташкилдиҳандаи муҳит ва ҷузъиёти он фузунӣ гирифт, вожаҳои нав ба наве барои ифодаи ҳар чизу ҳар падида пайдо карду истифода бурд. Бахусус, баъд аз пайдоиши хат ва тавоно гаштани башар бар навиштану хондан имконияти сабт ва ёдмон кардани вожагону истилоҳоти аввалияро бамаротиб афзоиш дод. Чунончӣ, агар ақаллан аз китоби муқаддаси «Авасто» ёд кунем, мебинем, ки дар он чӣ гуна истилоҳоти диниву нуҷумӣ ва ғайра хеле фаровон истифода шудааст.

Инкишофи забонамон ба давраи истиқлол ёфтани хонадонҳои шоҳии Тоҳириёну Саффориён ва махсусан Сомониён рост омад. Воқеан солҳои ҳукмронии сулолаи Сомониён асри фарҳангофарӣ ва фарҳанггустарӣ гардида, олимону донишмандони он давр дар баробари навиштани асарҳои илмиву оммавӣ ба забони арабӣ бо кумаку дастгирӣ ва пуштибонии шоҳони сомонӣ ва амирони маҳаллии он вақт ба забони форсии дарӣ низ асарҳои илмӣ таҳия намуданд. Бисёре аз истилоҳоти илмӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайра, ки имрӯз мо ба кор мебарем, ёдгори ҳамон давра мебошанд. Дар навиштаҳои илмиву адабии шахсиятҳои намоёни ин давра аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Абӯалӣ Синову Беруниву Носири Хисрав истилоҳоти илмии фаровоне ба забони тоҷикӣ пайдо шуданд, ки забони моро ҳам мақоми расмӣ ва ҳам макоми илмӣ доданд. Забони форсии дарӣ баъд аз инқирози сулолаи Сомониён низ пешрафт намуда, ба забони байналмилалӣ табдил ёфт ва асрҳои аср дар Осиёи Миёнаву Қафқозу Эрону Туркия ва Ҳиндустону Покистон асарҳои илмии зиёде ба ин забон таълиф гардиданд.

Даргустариши такомули истилоҳоти илмии забони форсии дарӣ, хусусан асарҳои ба ин забон таълифнамудаи Ибни Синову Абӯрайҳони Берунӣ ва як зумра олимони он давра нақши муҳим бозиданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар асрҳои 9-11 мелодӣ истилоҳоти забони тоҷикӣ ба як роҳу равиши муайяне инкишоф ёфта ба мактабе табдил ёфт, ки дорои низоми мушаххаси меъёрҳо, усул ва равишҳои истилоҳофаринӣ буд. Ин меъёри усулҳои истилоҳсозии қарнҳои 9-11 акнун ҳам аҳамияти илмии худро гум накардааст, балки яке аз рукнҳои асосӣ ва бунёдии истилоҳофаринӣ дар Эрону Тоҷикистон гардидааст.

Истилоҳот ва истилоҳсозӣ по ба пои забону миллат пайваста дар рушду такомул аст. Пешрафту пасрафтҳои фарҳангии миллатро метавон аз рӯи таркиби истилоҳот ва тарзи истифодаи онҳо дар ҷомеа муайян намуд. Дар авохири қарни 19 ва ибтидои асри 20 забони тоҷикӣ марҳилаи ниҳоят душвор ва мураккаби инкишофи худро паси сар мекард. Истилоҳоти забони тоҷикӣ дар ин замон хеле омехта бо туркӣ гардид. Ҳарчанд дар шеър забон нисбатан беолоиш буд, вале корбурди он дар доираҳои расмӣ хеле душворфаҳм буд. Масалан, номи аксари мансабу вазифаҳои давлатии Аморати Бухоро, аз қабили бек, бекӣ ва бекигарӣ, қӯшбегӣ, тӯпчибошӣ, оқсақол, мирзобошӣ— ҳисобдори хазина ва сарфу харҷи дарбор, каровулбегӣ — сардори посбонон, тӯқсабо — сардори лашкар, эшикбошӣ — сардори дарбонҳо, қӯлиқӯшбегӣ— мири шикор, атолиқ — вориси падар туркӣ буд.

Дарин давраи такомули забон абармардоне чун Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айниву ҳамандешони онҳо ба майдон омаданд, ки эҷоду фаъолияташон забони тоҷикиро боз ҳам густаришу инкишоф дод. Воқеан, фарҳанги тоҷик ва забони тоҷикро дар садсолаи ахир бе устод Айнӣ ҳаргиз наметавон тасаввур кард. Дар ин давраи пурошӯб ӯ шаҳсутуни забони модарӣ гардид. Аввалин китобҳои луғати дузабонаи тоҷикӣ ба русӣ ва русӣ ба тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни илму фарҳанги тоҷик маҳз бо ширкату машваратҳои устод Айнӣ ба вуҷуд омаданд. Бинобар ин садаи бист дар такомули истилоҳ ва истилоҳофаринии забони тоҷикӣ давраи буғранҷ ва мураккабест. Дар ҳаҷми як мақола мо наметавонем ба тамоми хусусиятҳо ва ҷанбаҳои гуногуни инкишофу такомули истилоҳот ва истилоҳофаринӣ равшанӣ андозем. Ҳар як марҳилаи такомули он на танҳо мақолаи алоҳида, балки пажӯҳиши амиқи илмиро талаб дорад.

Садаи 20 давраи нав дар таърихи истилоҳоти илмӣ ва иҷтимоиву сиёсии забони тоҷикӣ мебошад. Истилоҳоти тоза бо дигаргуниҳои куллии замон, бо суръатафзоии рушди фарҳангӣ, сиёсӣ, пайдо шудани шаклҳои нави идорӣ ва тарақкиёти илму техника ташаккул ёфта, бо хостҳову ниёзҳои замони муосир созгор мешуд. Дар ибтидои садаи бист бо инкишофи шуури иҷтимоӣ ва пайдо шудани аввалин рӯзнома ва китобҳои дарсӣ дар инкишофи забони адабӣ, аз ҷумла истилоҳҳои он равияҳои тоза падид омад. Бо Инқилоби октябри соли 1917 ва сентябри соли 1920, бо барқарор шудани низоми нави сиёсӣ истилоҳоти тоза хеле зиёд пайдо шуда ва усули тозаи вожагузинӣ ривоҷ ёфт. Ин раванд аввал номуташаккил сурат мегирифт. Вале бо вуҷуди ин аз аввали инқилоб як навъ идомакорӣ дар усули вожагузинӣ ва риояи анъанаҳои истилоҳсозии давраҳои гузашта ба назар мерасид ва истилоҳофаринӣ дар забони тоҷикӣ хусусияти табиӣ дошт. Марҳилаҳои такомули истилоҳоти забони тоҷикиро метавон чунин табақабандӣ намуд.

Давраи аввал аз лиҳози хронологӣ аз охири даҳаи аввали қарни бист оғоз меёбад. Дар ин давра зиёиён амалӣ кардани ғояҳои маорифпарвариро оғоз карданд ва мактабҳои усули ҷадид, рӯзномаҳои «Бухорои шариф» (1912-1913), «Самарқанд», «Ойина» таъсис ёфтанд, рӯзномаҳои кишварҳои дигар мунтазам меомаданд, адабиёти маорифпарварӣ хусусияти миллӣ пайдо кардан гирифт. Андешаи иҷтимоии нав ба забон нақши назаррас гузошт, аз ҷумла равандҳои нави иҷтимоъиву сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ боиси нав шудани истилоҳот гардид. Ин давраи такомул ва инкишофи истилоҳоти илмӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ бо таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон дар соли 1924 ва пешрафти илму фарҳанг, пайдо шудани рӯзномаву маҷаллаҳои нав, таъсиси макотиби муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ва қабл аз ҳама ба роҳ мондани дафтардории идораҳо ва муассисаҳои Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ бо хусусиятҳои хосса равнақу ривоҷи бештаре пайдо кард. Ин марҳила то охири солҳои бист, яъне то иваз шудани алифбои арабӣ ба лотинӣ идома ёфт. Хусусиятҳои вежаи он чунинанд:

а)рафти ташаккулу такомули истилоҳоти илмӣ, идорӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ характери табиӣ дошт;

б)бо анъанаҳои истилоҳсозии солҳои пешин пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Истилоҳҳои шӯрои нозирон, нозир, ҷумҳурӣ, фирқаи иштирокиюн ва амсоли онҳо мувофиқи усули вожагузинии анъанавӣ сохта шудаанд;

в)дар ин давра калимаҳо ва вожаҳои ноби тоҷикӣ ва истилоҳоти иқтибосӣ аз забони арабӣ ба таври васеъ истеъмол мешуданд;

г)истилоҳоти ворида аз забонҳои русӣ ва дигар забонҳои аврупоӣ бо нормаҳои овоии забони тоҷикӣ мувофиқ гардида, қонунмандии табиии ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ ба забони форсии тоҷикӣ риоя мешуд.

Давраи дувуми такомули истилоҳот аз ибтидои солҳои сиюм оғоз гардида, тахминан то авохири солҳои ҳаштодум идома ёфтааст. Фаъолияти аввалин Кумитаи истилоҳот (1933), Комитети марказии алифбои нав ва терминология ва комиссияи луғат ва терминология дар ҳамин давра боис шуд, ки дар сиёсати истилоҳсозӣ низ иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ ёбад ва аз усулҳои илмии истилоҳгузинӣ сарфи назар шавад. Хусусиятҳои ин давра чунинанд:

а)аз назар дур афтидани меъёрҳои илмӣ дар истилоҳофаринӣ ва ба доми сиёсат кашидани илм ва ба ҳамин тариқ ҳазар кардан аз вожаҳои ноби тоҷикӣ таҳти ниқоби тоза кардани забон аз унсурҳои кӯҳнаи феодалӣ ва ба омма наздик кардани забон. Аз ҷумла дар «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ, ки соли 1936 мураттаб шудааст, таъкид мешавад: «бо даровардани калимаҳои бегонае, ки ба оммаи меҳнаткашон номафум буда, маънои сиёсии терминро гум мекунад ва мафкураи буржуазӣ-кулакиро ифода менамояд, муборизаи қатъӣ бурда мешавад»;

б)табдили алифбо аввал ба лотинӣ ва сипас ба кириллӣ ба такомули истилоҳоти забони тоҷикӣ бетаъсир намонд;

в)ҳамгунсозии истилоҳоти халқҳои шӯравӣ ва русикунонии он. Ин протсес ҳам дар такомули истилоҳоти илмӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ таъсири сахт расонд. Дар андак муддат таркиби истилоҳоти иҷтимоиву сиёсӣ аз сабаби лузуми онҳо барои ташвиқу тарғиби сохти шӯравӣ ва дастовардҳои он саросар тағйир ёфта ва ба ҷои истилоҳоти хоси тоҷикӣ истилоҳоти русиву ғарбии дорои мафҳумҳои инқилобӣ ба истифода даромаданд. Истилоҳҳое аз қабили пролетариат, установка, совешание, термин, терминология, совет, партия, политика, экономика, союзи советӣ, кризис, револютсия, участка, счет, разнарядка, тройка паси ҳам ба забони тоҷикӣ ворид шуданд;

г)риоя нагардидани имло ва хусусиятҳои овозии забони тоҷикӣ дар истеъмоли вожаҳои русиву ғарбӣ. Ҳатто ин хилофкорӣ аз тарафи татбиқгарон русикунонии истилоҳот расмӣ қонунӣ карда шуд. Дар «Установка» омадааст: «ҳамаи терминҳои интернатсионалӣ ва советии аз русӣ ва ба воситаи русӣ даромадагӣ ба шакли русиаш риоя карда қабул карда шавад».

Таҳаввулоти вожагони забон бо таъсири робитаҳои мутақобили забонҳо ва ба таркиби луғавии як забон ворид шудани калимаҳо ва вожагони бегона рӯйдоди маъмулист, ки дар ҳама замонҳо вуҷуд дошт. Вале вақте ки ин протсес бо роҳи зӯроварӣ ва таҳти фишори мақомоти болоӣ сурат мегирад, оқибатҳои ногуворе дорад. Натиҷа ҳамин шуд, ки доираи истифодаи истилоҳоти тоҷикӣ маҳдуд гардид ва ҷараёни такомули истилоҳоти ҳамаи соҳаҳо ба таври сунъӣ тағйир ёфт ва ҳатто дар зери таъсири ин ҷараён баъзе қоидаҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ осеб дид. Таркиби истилоҳоти илмҳои дақиқ асосан аз истилоҳҳои русиву аврупоӣ пурра гардид ва вомгирии айнӣ қобилияти истилоҳсозиву иборабандии забони тоҷикиро маҳдуд кард.

Азавохири солҳои панҷоҳум дар истилоҳсозӣ баъзе тағйирот рух дод, ки бо таъсири Кумитаи истилоҳот дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1960) фаъолтар ва босамартар гардид. Ин кумита, ки ба он академик М. Осимӣ роҳбарӣ мекард, кӯшиш кард, ки раванди истилоҳсозиро бо усулҳои илмӣ пайванд созад ва принсипҳои илмии истилоҳофариниро дар забони тоҷикӣ муайян намояд. «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» (1971) аз тарафи ин кумита таҳия ва чоп гардид. Кумитаи истилоҳот дар ҳайати худ 16 шуъбаи соҳавӣ дошт ва натиҷаи фаъолияти ин кумита ба табъ расидани якчанд луғату фарҳангҳои соҳавии истилоҳот гардид. Аз корҳое, ки дар ин давра чоп шудаанду ба раванди истилоҳсозӣ таъсир расондаанд, метавон аз «Луғати русӣ-тоҷикии терминологияи философия» (1966) ном бурд. «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» то андозае фаъолияти ин кумитаро дар соҳаи истилоҳсозӣ муайян намуд. Агар аз баъзе нуқсонҳои ин китобча сарфи назар намоем, таҳиягарони он кӯшиш карданд, ки пеши роҳи равияи нодурусти истилоҳсозиро, ки дар муддати 30-40 сол идома дошт, бигиранд.

Азохири солҳои 80-ум давраи нав оғоз меёбад, ки он ба бозсозии давлати шӯравӣ ва соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) сахт алоқаманд аст.

Зеритаъсири бозсозиву ошкорбаёнӣ рӯ гардондан аз вомгирии айнӣ ва рӯ овардан ба баробарҷӯӣ, худ ба худ ва ба таври номуташаккил аввал аз тарафи рӯзноманигорон шурӯъ гардид. Дар матбуот ва радиову телевизион босуръат ҷои истилоҳҳои русиву интернатсионалиро вожаҳои ноби тоҷикӣ гирифтанд. Истилоҳҳои ҳизб — партия, шӯравӣ-советӣ, додгоҳ — суд, ҳакимият-арбитраж, додситон-прокурор, ихтисораҳои ҲКИШ— Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ- КПСС, ИҶШС — Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ- СССР, донишгоҳ — университет, ҷумҳурӣ — республика, Шӯрои Олӣ— Совети Олӣ намунаи ин таҳаввулот буд. Ин самтгирии рӯзноманигорон ба мубоҳисаҳо ва баҳсҳои сари масъалаи инкишофи забон ва истилоҳот оварда расонд ва ниҳоят Қонуни забон (1989) қабул ва забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон гардид. Барои татбиқи Қонуни забон ва гузариш ба забони давлатӣ дар коргузории расмӣ зарурати таҳия ва такмили истилоҳот ба миён омад. Ҳамин тариқ 12 сентябри соли 1990 дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон бо фармоиши Шӯрои вазирон Кумитаи ҷумҳурии истилоҳот таъсис ёфт. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ талаб мекард, ки усулҳо ва принсипҳои истилоҳофаринӣ таҷдиди назар шавад. Бинобар ин дар истилоҳофаринӣ бештар такя ба имконот ва захираҳои дохилии забон, мероси ғании давраи классикии забони форсии тоҷикӣ ва истифодаи таҷрибаи вожагузинӣ дар кишварҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон шуд. Ҳарчанд ки нуфузи истилоҳоти иқтибосӣ дар забон ва махсусан дар истилоҳоти бархе аз соҳаҳои илм, аз ҷумла илмҳои дақиқ раванди табиӣ аст, кӯшиш ба амал омад, ки ҳарчи тамомтар аз истеъмоли калимаҳо ва истилоҳоти бегона канорагирӣ ва сарфи назар шавад. Лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ, яъне забони зиндаи халқ як манбаи асосӣ барои комилтару расотар сохтани забони адабию меъёр ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки баҳраҷӯӣ аз ин сарчашмаи файёз ҳеҷ монеа надорад ва фақат сухан бар сари интихоби дурусти калимаҳо ва ибораҳо меравад.

Хуллас, Кумитаи истилоҳот бо вуҷуди мушкилоте, ки аз лиҳози камбуди теъдоди кормандон ва шароити кору аҳволи молӣ доштааст, ба ҳар ҳол тавонист тайи даҳ соли ахир илова ба корҳои ҷории рӯзмарра 22 номгӯй фарҳанги истилоҳоти русӣ ва тоҷикиро дар соҳаҳои мухталиф таълиф, таҳрир, такмил намояд, ки қисмате аз он ба табъ расида ва бахши дигар дар дасти чоп аст.

Таҳқиқу баррасии илмии истилоҳоти илмиву иҷтимоиву сиёсӣ барои муайян кардани принсипҳо ва усулҳои илмии истилоҳсозӣ дар соҳоти идорӣ, коргузорӣ, илму фарҳанг нақши муҳим хоҳад дошт. Истилоҳот ва баррасии амиқи онҳо яке аз омилҳост, ки истилоҳсозии илмии тоҷикиро ба зинаи баландтаре бароварда, дар пешрафт ва густариши забони миллӣ ва рушду камоли миллат аҳамияту арзиши босазо дорад

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *