Фанни Забони точики

Сараъзои ва аъзохои пайрави чумла

Ҷумла

Ҷумла воҳиди асосии нутқ ба шумор меравад. Мубодилаи афкор танҳо ба воситаи ҷумла ба амал меояд. Ҳангоми мубодилаи фикр гӯянда дар назди худ метавонад ҳар гуна мақсад гузорад: доир ба ягон чиз маълумот диҳад, ягон ҳодисаро нақл кунад, фикреро тасдиқ ё рад намояд, ё ки баръакс, ягон чизро пурсад, шубҳаашро бартараф кунад, хурсандиашро изҳор намояд, изҳори миннатдорӣ кунад, ҳамду санно гӯяд, ҳиссиёташро ифода куна ва ғайра. Аз ҷиҳати мақсаду ният ва интонация ҷумлаҳои сода ҳикоягӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ мешаванд. Ҷумлаҳои содда аз ду ҷиҳат ба хелҳо тақсим карда мешаванд: аз ҷиҳати таркиб ва мақсаду интонация. Ҳангоми таснифи таркибӣ иштироки аъзоҳои ҷумла ба ҳисоб гирифта мешавад. …Ҷумлаҳои содда вобаста ба иштироки сараъзоҳои ҷумла дутаркиба ва яктаркиба мешаванд.

  1. Ҷумлаҳои соддае, ки дар ташкили онҳо ҳарду сараъзои ҷумла-мубтадо ва хабар иштирок менамоянд, дутаркиба ном доранд.

Ин гуна ҷумлаҳо аз ҷиҳати интонация ба ду қисм тақсим мешаванд:

Офтоби оламро саховатмандона нурпошӣ мекард («Садои Шарқ»). Модар писарро гуселонд (Раҳим Ҷалил).

2.Ҷумлаҳои соддае, ки дар таркибашон танҳо яке аз сараъзоҳои ҷумла мавҷуд аст, яктаркиба ном доранд. Дар ҷумлаҳои яктаркиба ҳамаи калимаҳо дар атрофии ҳамон як сараъзо муттаҳид мешаванд:

Баҳор. Фасли дилафрӯз. Ҳама ҷоро сабзу хуррам мебинам («Садои Шарқ»). Шутурро бо кафлес об намедиҳанд (Зарб). Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд кард (Зарб). Ба ҳеҷ куҷо намеравӣ (Раҳим Ҷалил). Ҷумлаҳои содда мувофиқи иштироки аъзоҳои пайрав ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: хуллас ва тафсилӣ.

1. Ҷумлаи соддае, ки танҳо аз сараъзоҳои ҷумла иборат аст, хуллас ном дорд. Ҷумлаҳои хуллас низ дутаркиба ва яктаркиба мешаванд: Баҳор. Ҳаво соф (Толис). Дилбар омад. Падарам хурсанд шуданд («Садои Шарқ»).

2. Ҷумлаи соддае, ки дар таркиби он ғайр аз сараъзоҳо аъзоҳои пайрав низ мавҷуданд, тафсилӣ ном дорад. Ҷумлаҳои соддаи тафсилӣ низ дутаркиба ва яктаркиба мешаванд. Аъзоҳои пайрав ба эзоҳи яке аз сараъзоҳо ва ё ҳар дуи онҳо омада метавонанд: Шамоли сахт вазид (Толис). Як барги печхӯрдаи хушки бед ба рӯи об афтодааст (Раҳим Ҷалил).

Ҷумлаҳои сода аз ҷиҳати иштироки аъзоҳо пурра ва нопурра мешаванд. Ҷумлаи соддае, ки дар таркиби он ҳамаи аъзоҳои зарурӣ мавҷуданд, пурра ном дорад. Ҷумлаҳои соддаи пурра хулласу тафсилӣ ва дутаркибаву яктаркиба мешаванд:

Падарам касал шуд (Раҳим Ҷалил). Баҳори имсола сернозунуз омад. Мо киштро дертар сар кардем («Садои Шарқ»). Роҳи маҳаллаи акаи Баракаро аз нав сохта, васеътар мекарданд (Муҳаммадиев). Чархи зиндагӣ гардиши худро дигар кард (Раҳим Ҷалил).

Ҷумлаи соддае, ки дар яке аз аъзоҳо ва ё якчанд аъзоҳои он зикр нашудааст, нопурра ном дорад. Аъзои номазкури ҷумлаи соддаи нопурра аз матн ва вазъияти Сухан тасаввур карда мешавад. Ҷумлаҳои нопурра бештар дар гуфтугӯ истифода мешаванд. Дар ҷумлаҳои нопурра бештар дар гуфтугӯ истифода мешаванд. Дар ҷумлаҳои соддаи нопурра зикр нашудани ҳама гуна аъзои ҷумла, ҳамчунин омадани танҳо яке аз аъзоҳои ҷумла мумкин аст.

— Ба он ҷо кӣ рафт?

— Падарам…

— Ҳотам чӣ кор кард?

— Омад…

Ҷумла. Аъзои ҷумла

а. сараъзои ҷумла

б. аъзоҳои пайрави ҷумла. Ҷои аъзоҳо дар ҷумла.

управление – вобастагӣ, алоқаи вобастагӣ; глагольное управление – алоқаи вобастагии феълӣ; предложное управление – алоқаи вобастагии пешоянддор; примыкание – баёния, алоқаи хамроҳӣ.

Саръазоҳои ҷумла

Мубтадо аъзои мустақилест, ки дар ҷумла сухан дар бораи он меравад. Мубтадо одатан бо исм, ҷонишин ва масдар ифода ёфта, ба саволҳои кӣ? ё чӣ? ҷавоб мешавад. Агар калимаҳои ифодакунандаи шахс ба вазифаи мубтадо омада бошанд, мубтадо ба саволи кӣ? (киҳо?), дар дигар ҳолатҳо ба саволи чӣ? (чиҳо?) ҷавоб мешавад. М и с о л: Мурод ба ҷустуҷӯи гӯсфандон даромад (С. Айнӣ). Ман ҳамин гуна китобҳои аҷибро бисёр дӯст медорам (С. Айнӣ). Шаббодаи сарде мевазад. Он ба бадан форам мерасид (Р. Ҷалил). Шунидан кай бувад монанди дидан (Зарб.).

Ҷои мубтадо дар ҷумла

1. Мубтадо асосан дар аввали ҷумла меояд: Дигарон ҳам ба ин рафтори вай бо завқ нигоҳ мекарданд (Ф. Нӣёзӣ).

2. Мубтадо дар мобайни ҷумла низ омада метавонад: Дар як ҷои ин саҳро як работи васеъ ба назар менамуд (С. Айнӣ). Дар чуқурӣ як командири ярадор ва боз якчанд ҷанговари дигар буданд (Ф. Ниёзӣ).

3. Мубтадо дар назм ва дар гуфтугӯй баъзан баъд аз хабар меояд:

Кӯфт ногоҳ кассе дари Моро.

Аз паси он майор шуд пайдо. (М. Турсунзода)

Хабар

Хабар сараъзои ҷумла буда, амал, ҳолат ва ё аломати мубтадоро мефаҳмонад. Хабар ба саволҳои чӣ кор мекунад?, чӣ шуд? чӣ хел аст?, кист?, чист? ва ғайра ҷавоб мешавад.

Хабар бо феъл ва дигар ҳиссаҳои нутқ ифода меёбад. Агар хабар бо феълҳо ифода шуда бошад, онро хабари феълӣ меноманд.

Хабарҳои феълӣ амалу ҳолатро нишон медиҳанд.

Хабар бо ҳиссаҳои дигари нутқ ифода шуда бошад, хабари номӣ меноманд. Ман-талаба. Шаҳри Душанбе зебост. Вазифаи мо хондан аст. Fанӣ агроном мебошад.

Мувофиқати хабар бо мубтадо

Дар ҷумла хабар аз рӯи шахс ваш умора бо мубтадо мувофиқат мекунад. Мисолҳо:

Ман ба шаҳр меравам. Ту аз модарат хабар гир. Ӯ имрӯз 200 килограмм чинд.

Мо ба экскурсия меравем. Шумо имрӯз пахта мечинед. Колхозчиён аз шумо хурсанд мешаванд.

Вале баъзан чунин ҳам мешавад, ки мубтадо бо исми ҷамъи беҷон ифода ёфта, хабар дар шакли танҳо меояд. Ин мувофиқати нопурра ном дорад. Мисол: Нурҳои офтоб ба ҳамаи водӣ паҳн шуд.

Ҷои хабар дар ҷумла

1. Хабар асосан дар охири ҷумла меояд:

Ҳама аз ақиби Пӯлод рафтанд (Р. Ҷалил). Мардум ба пахтакорӣ одат карда, роҳҳои ҳосилёбиро нағз омӯхта буд (Ҷ. Икромӣ).

2. Дар назм хабар дар аввал ва мобайни ҷумла низ меояд.

Омад аз тангкӯчаи қишлоқ,

Тақ-тақи пову шеҳаи аспон.

(М. Турсунзода)

Муайянкунанда

Аъзои пайр ави ҷумла буда хосият ва аломати предметро мефаҳмонад ва ба саволҳои чӣ хел?, чӣ гуна?, кадом?, аз они кӣ?, чанд? ҷавоб мешавад, муайянкунанда номида мешвад. Ч у н о н ч и: Колхози мо ду китобхонаи калон дорад (кадом колхоз?)-колхози мо, (чӣ хел китобхона?)-китобхонаи калон, (чанд китобхона?)-ду китобхона.

Азбаси ифодаи аломат ва хосият махсуси сифат аст, муайянкунанда бештар бо ҳамин ҳиссаи нутr ифода меёбад: оби соф, иморати баланд, марди фозил ва ғ. Дар баробари ин исм, xонишин, шумора ва сифати феъли низ ба тарзи фаровон ба вазифаи муайянкунанда истифода мешаванд: китоби муаллим, дарси якум, ду китоб, мамлакати мо, ин rишлоr, аспи даванда, одами омадагӣ,чашми гирён ва м. инҳо. ба вазифаи муайянкунанда масдар низ меояд: орзуи дидан, майли хондан ва ғ.

Алоrаи грамматики муайянкунанда бо муайяншаванда бо ёри чунин воситаҳои синтаксиси сурат мегирад: 1.Бандаки изофӣ, ки асоситарин воситаи алоrаи синтаксисӣ ба шумор меравад: гули сурх, абри баҳор, бегоҳии дер, дафтари Саид, ашки резон. 2. пешояндҳо, ки назар ба изофат камистеъмолтар мебошанд ва дар забони адабии тоxик беш аз пеш мавrеи устувор гирифта, дараxаи истифодаашон пай дар пай зиёд шуда истодааст: миз бо давот, набард барои озодӣ, маrола дар бораи адабиёт. 3.Пасоянд: Марзия барин зан, Саидбекро дил. 4. Ду воситаи грамматикӣ – бо изофат ва пешоянд: рeи чун анор, шикори бо шоҳин, сабзаи лаби xeй. 5. Алоrаи ҳамроҳӣ: он гап, даҳ дарахт, ду-се бача.

Муайянкунанда ҳам саръазо ва ҳам аъзои пайрави ҷумларо, ки бо исм ифода шудааст, муайян мекунад.

Дар кучаи мо бинои калон сохта шуд. Вай одами боақл буд. Ҷӯра китоби завқовар харид. Қосим одами телба барин ҳаракат мекард. Достони нави шоир ба ҳама маъқул шуд.

Ин мард аз колхози «Комсомол» аст.

Мо 60-солагии шоири маъруф Мирзо Турсунзодаро ҷашн гирифтем.

Муайянкунандаҳо аз ҷиҳати сохт ва тарзи алоқа дух ел мешаванд:

1. Муайянкунандаи изофӣ. 2. Муайянкунандаи беизофа.

Муайянкунанда ба муайяншаванда ба воситаи бандаки изофӣ (и) васл шуда бошад, муайянкунандаи изофӣ номида мешавад. Дар мисоли кӯчаи васеъ бандаки изофии и муайяншавандаро ба майянкунанда алоқаманд кардааст.

Баъзан муайянкунанда бе бандаки изофӣ ҳам ба исм тобеъ шуда меояд, ки онро муайянкунандаи беизофа меноманд.

М и с о л: хонаи калонтарин, калонтарин хона.

Ҷои муайянкунанда дар ҷумла

1. Муайянкунандаи изофӣ баъд аз муайянкунанда меояд: Оби сои чуқури камбар дар беруни қишлоқ ба сои калоне мебаромад (Р.Ҷалил).

2. Муайчнкунандаи беизофӣ пеш аз муайяншаванда меояд: Ин гапҳои писараш Аҳмадҷонро гӯё каме хотирҷамъ карданд. (Ҳ. Карим). Ду нафар моҳигир ба об тӯр андохта истодаанд.

Пуркунанда

Предмете, ки таъсиру ҳаракати амал ба он гузаштааст, пуркунанда номида мешавад. Пуркунанда ба саволҳои кӣ?, чӣ?, киро?, чиро?, ба ки?, ба чӣ?, аз ки?, аз чӣ?, дар ки?, дар чӣ?, ва ғайра ҷавоб мешавад.

Мисол: Падарам ба хона як меҳмон (кӣ) овард. Меҳмонро (киро?) мо шинохтем. Ӯ бо бародарам (бо ки?) дар армия хизмат мекардааст.

Ҷои пуркунанда дар ҷумла

Пуркунандаҳо дар мобайн ва аввали ҷумла меоянд. Дар назм пуркунанда дар охири ҷумла низ меояд.

Мисол:

Ман медонам, ки шумо ҳамаашро нағз мефаҳмед, таги дилатон ба ин корҳо розӣ. Аммо қасдан гапро ба дигар тараф мекашед. Шуморо ба суди виҷдонатон ҳавола мекунам (А.Шукӯҳӣ).

Ҳол

Аъзои пайрави ҷумла, ки тарз, замон, макон, сабаб, мақсад ва ҳолати дигари воқеъ шудани амалро мефаҳмонад, ҳол номида мешавад. Дар ҷумла ҳол ба хабар нигаронида шуда ба саволҳои чӣ тавр?, кай?, дар куҷо?, аз куҷо?, то куҷо?, чаро?, аз чӣ сабаб?, бо чӣ мақсад?, барои чӣ? ва ғайра ҷавоб мешавад.

Ҳол мувофиқи маъно ва муносибаташ бо калимаи тобеъкунанда ба гурӯҳҳо ҷудо мешавад: ҳоли тарзи амал, монандӣ, миқдору дараҷа, замон, макон, сабаб, мақсад, шарт ва хилоф.

Ҷои ҳол дар ҷумла

Ҳол дар мобайн ва дар аввали ҷумла меояд. Дар охири ҷумла омадани ҳол ба назм хос аст.

Мисол: Ҳафтнафарон акнун торафт равшантар медиданд. Пагоҳӣ душман ҷангалро ба зери тирборони тӯп гирифт (Р.Ҷалил).

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *