Фанни Ҳуқуқ

Мафҳум ва моҳияти мурофиаи ҷиноятӣ

Мурофиаи ҷиноятӣ ин фаъолияти мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд мебошад, ки барои муайян кардани ҳодисаи ҷиноят ва шахсоне, ки дар содир кардани он гунаҳкоранд, инчунин ҷазо таъин кардан нисбати онҳо дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, анҷом дода мешавад.

Чуноне ки маълум аст, давлат вазифадор аст бо истифода аз механизмҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ баҳри аз ҷинояткорӣ ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсият, ҳаёт, саломатӣ, шарафу эътибор ва дигар арзишҳои ҷомеа, сохти конститутсионӣ чораҳои зарурӣ андешад. Дар сурати содир шудани ҷиноят онро бояд ошкор ва шахси гунаҳгорро маълум намояд, ба иштибоҳан айбдор кардан ва маҳкум кардани шахси бегуноҳ роҳ надиҳад. Бинобар ин, бо мақсади таъмини муборизаи пурсамар ба муқобили ҷинояткорӣ ва барои шаҳрвандон фароҳам овардани кафолатҳои ҳимоя аз беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо, дар қонун тартиби фаъолияти мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, прокурор ва суд ба танзим дароварда шудааст.

Фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ бо татбиқ намудани чораҳои маҷбуркунии давлатӣ (дастгиркунӣ, кофтуков, дар ҳабс нигоҳ доштан, ба ҳибс гирифтани амвол ва ғайра) алоқаманд аст. Вобаста ба чунин хусусият баҳри таъмини кафолати ҳуқуқи шахс-инсон фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ дар қонун дақиқона ба танзим дароварда мешавад. Аз ҷумла, пайдарҳамии амалҳои мақомоти давлатӣ аз лаҳзаи маълум гардидани ҷиноят то дар суд ҳал шудани парванда, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадории шаҳрвандони ба мурофиаи ҷиноятӣ ҷалбгардида, шакл ва тартиби гузаронидани амалҳои тафтишӣ ва судӣ, мустаҳкамкунии натиҷаҳои онҳо, асосҳо ва шартҳои қабули қарорҳои мурофиавӣ дар қонун муайян карда шудаанд.

Ба фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ як қатор хусусиятҳое хосанд, ки фарқияти онро аз дигар намудҳои фаъолияти давлат муайян мекунанд. Чунончӣ, а) фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ яке аз намудҳои фаъолияти давлат мебошад; б) аз ҷониби субъектони махсусе, ки ваколатдор шудаанд (суд, прокуратура, мақомоти тафтиш ва таҳқиқ), амалӣ карда мешавад; в) шаклҳои ба амал баровардани фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ дар қонун муайян шудааст; г) ба фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ иҷрои вазифаҳои муайян хосанд.

Мутобиқи моддаи 2 КМҶ ҶТ вазифаҳои фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ иборатанд аз: — муқаррар кардани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ; — ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; — ҳимояи манфиати ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҷиноят зарар дидаанд; — сари вақт ва пурра ошкор кардани ҷиноятҳо; — ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд; — одилона ҳал кардани масъалаҳои дар суд баррасишаванда; — риоя намудани меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ; — кафолати ҳимояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва шахсони дигар.

Ҳамин тавр, амалигардонии мурофиаи ҷиноятӣ баҳри таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва амалигардонии адолати судӣ равона гардидааст. Тартиботи пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, барои ҳимояи инсон ва шаҳрванд аз айбдоркунӣ ва маҳкумнамоии беасос, ҳимоя аз ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои мусоидат менамояд.

Вазифаҳои мурофиаи ҷиноятиро вобаста ба нақше, ки он дар ҳаёти ҷамъиятӣ иҷро менамояд ба умумӣ ва мушаххас ҷудо мекунанд. Ба вазифаҳои умумии мурофиаи ҷиноятӣ инҳоро дохил намудан мумкин аст:

а) ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

б) ҳимояи манфиати ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҷиноят зарар дидаанд;

в) таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ;

Вазифаҳои мушаххаси мурофиаи ҷиноятӣ, ки ба ҳалли вазифаҳои умумӣ мусоидат менамоянд, инҳо мебошанд:

а) муқаррар кардани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ;

б) сари вақт ва пурра ошкор намудани ҷиноятҳо;

в) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноят содиркарда;

г) дуруст татбиқ намудани қонунгузории ҷиноят, мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва дигар қонунҳое, ки ба парванда дахл доранд;

д) кафолати ҳимояи манфиатҳои қонунии қонунии ишитирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва шахсони дигар.

Ҳамин тавр, мурофиаи ҷиноятӣ ин фаъолияти бо тартиби махсуси мурофиавӣ муқарраргардидаи мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиш ва прокуратура доир ба ошкоркунӣ ва тафтиши ҷиноятҳо, фош сохтани гунаҳгорон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо, ҳамчунин фаъолияти суд оиди баррасӣ ва ҳал кардани парвандаҳои ҷиноятӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки мурофиаи ҷиноятӣ дар адабиёти ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ бо мафҳумҳои «мурофиаи ҷиноятӣ» ва «мурофиаи судии ҷиноятӣ» баён мегардад, ки ҳар ду муродифи якдигар буда, маънои якхела доранд ва фаъолияти мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ, прокуратура ва судро вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ифода мекунанд.

Омӯзиши мурофиаи ҷиноятӣ азхудкунии як қатор мафҳумҳо ва категорияҳоро талаб менамояд, ки илми мурофиаи ҷиноятӣ ба онҳо такя менамояд. Ба инҳо дохил мешаванд: функсияҳои мурофиавӣ; шакли мурофиавӣ; кафолатҳои мурофиавӣ ва ғайра.

1. Функсияҳои мурофиавии ҷиноятӣ гуфта самтҳои гуногуни фаъолияти мурофиаи ҷиноятӣ фаҳмида мешаванд, ки ҳар яке аз онҳо вобаста ба нақши иштирокчиён вазифаҳои худро доранд. Ҳар яке аз функсияҳо самти асосии фаъолияти иштирокчиёни дахлдори мурофиаи ҷиноятиро инъикос мекунанд.

Дар асоси таҳлили қонуни мурофиавии ҷиноятӣ чунин функсияҳои асосии мурофиаи ҷиноятиро ҷудо карда метавонем:

1) функсияи таъқиби ҷиноятӣ ва айбдоркунӣ – фаъолияти мурофиавиест, ки тарафи айбдоркунанда онро бо мақсади ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбаршаванда ва айбдоршаванда барои содир кардани ҷиноят, амалӣ менамояд. Мавриди зикр аст, ки айбдоркунӣ ҳамчун қисми таркибии функсияи таъқиби ҷиноятӣ эътироф карда мешавад.

Функсияи таъқиби ҷиноятӣ ва айбдоркунӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, прокурор, инчунин ҷабрдида, айбдоркунандаи хусусӣ, даъвогари гражданӣ ва номояндагони онҳо ба амал бароварда мешаванд.

Вобаста ба хусусият ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содиршуда таъқиби ҷиноятӣ ва айбдоркунӣ бо тартиби айбдоркунии хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ амалӣ карда мешавад.

Аксарияти ҷиноятҳо ба парвандаҳо бо шакли айбдоркунии умумӣ дохил мешаванд. Таъқиби ҷиноятӣ нисбати ин гуна парвандаҳо аз ҷониби прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ва шахси таҳқиқкунанда бо иштироки ҷабрдида (аммо новобаста аз иродаи ҷабрдида оғози пешбурди мурофиа нисбати чунин парвандаҳо сурат мегирад) амалӣ карда мешавад.

Мутобиқи қ.2 моддаи 24 КМҶ ҶТ парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 112, 116, 135, 136 моддаи 156 қисмҳои 1 ва 2 КҶ ҶТ пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ӯ оғоз карда мешаванд ва пешбурди парванда дар ҳолати оштӣ шудани ӯ бо айбдоршаванда қатъ карда мешавад.

Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 113-115, 118 қисми 1, 119, 120, 123 қисмҳои 1 ва 2, 124, 125 қисми 1, 126 қисми 1, 127 қисми 1, 128 қисми 1, 129 қисми 1, 138 қисми 1 КҶ ҶТ пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ-умумӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ӯ оғоз карда шуда, дар ҳолати оштӣ шудани ӯ бо айбдоршаванда қатъ карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 30 КМҶ ҶТ.

Дар асоси моддаи 30 КМҶ ҶТ суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 74 КҶ ҶТ, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи зикршуда ва бо ризоияти прокурор ҳуқуқ доранд:

— дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ нисбат ба шахси ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда, ба шарте, ки бо ҷабрдида ошти шуда, товони зарари ба ӯ расонидашударо барқарор карда бошад, оғози парвандаи ҷиноятиро радъ кунанд;

— парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.

Прокурор дар ҳолатҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мавқеи ҷабрдида, таъқиби ҷиноятиро оид ба айбдоркунии хусусӣ ва хусусӣ-умумӣ анҷом диҳад;

2) функсияи ҳимоя – ин фаъолиятест, ки ба рад кардани айбдоркунӣ, исбот кардани бегуноҳии гумонбаршаванда ё айбдоршаванда (инкор кардани гумонбарӣ ё айбдоркунӣ) ё ин ки барои муайян кадани ҳолатҳое, ки ҷавобгарии онҳоро сабук мекунанд, нигаронида шудааст.

Функсияи ҳимоя аз ҷониби гумонбаршаванда, айбдоршаванда, намояндаи қонунии онҳо, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаи қонунии вай амалӣ карда мешавад ва дар амалҳои онҳо, ки ба инкор кардани гумонбарӣ ё айбдоркунӣ ё муайян кадани ҳолатҳое, ки ҷавобгарии онҳоро сабук мекунад, нигаронида шудааст, ифода меёбад;

3) функсияи ҳалли парванда (ё амали гардонидани адолати судӣ) – танҳо аз ҷониби суд амалӣ карда мешавад. Танҳо суд ҳуқуқ дорад, ки шахсро гунаҳкор донад ва нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноятӣ таъин кунад. Мазмуни асосии ин функсия аз таҳқиқи бевоситаи далелҳои аз ҷониби тарафҳо пешниҳодшуда ва моҳиятан ҳал кардани парванда иборат аст.

Ҳамин тавр,функсияҳои мурофиавии ҷиноятӣ соҳаи фаъолияти субъектони мурофиаи ҷиноятиро муайян менамоянд. Ҳар як субъекти мурофиаи ҷиноятӣ метавонад танҳо як функсияро иҷро намояд. Чунин ҳолат барои бунёди шакли мубоҳисавии мурофиаи ҷиноятӣ асос шуда метавонад.

2. Шакли мурофиавӣ-ҷиноятӣ гуфта тартиби дар қонун муқарраршудаи пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ё амалҳои ҷудогонаи мурофиавӣ фаҳмида мешавад, ки барои суд, мақомоти прокуратура, мақомоти тафтиши пешакӣ ва таҳқиқи ибтидоӣ, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳатмӣ буда, вазифаи он аз таъмини ҳамаҷонибаи иҷрои вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ иборат аст.

Шакли мурофиавӣ-ҷиноятӣ ин тартиб ва шарти иҷро намудани амалҳои мурофиавии ҷудогона ва маҷмӯи чунин ҳаракатҳо, қайди расмии рафт ва натиҷаи онҳо, ки дар қонун муайян карда шудааст.

Тамоми фаъолияти мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, прокуратура ва суд гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотию судиро бо тартиб, шароит ва пайдарҳамии дар қонун муайянгардида тақозо менамояд. Масалан, пеш аз шурӯъ намудан ба тафтишот баровардани қарор «дар бораи оғози парванда» лозим аст ё ин ки пурсиш бо протокол ба расмият дароварда мешавад ва ё ки далелҳо бояд аз сарчашмаҳои дар қонун муайяншуда ба даст оварда шаванд ва ғайра.

Ҳамин тавр, гузариши мурофиа аз як марҳила ба марҳилаи дигар, шартҳои умумии мурофиа дар марҳилаи мушаххас, шакли ҳамаи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ бо қонун ба танзим даровада мешаванд.

Ҳамзамон вобаста аз категория, мураккабӣ ва дигар хусусиятҳои парвандаи ҷиноятӣ қонуни мурофиавии ҷиноятӣ фарқиятҳои (диффересиатсияи) шакли мурофиавӣ-ҷиноятиро пешбинӣ намудааст. Масалан, оид ба парвандаҳое, ки ба ҷиноятҳои начандон вазнин таалуқ доранд, шакли соддакардашудаи тафтишот то суд, яъне дар шакли протокол тайёр кардани мавод пешбинӣ шудааст. Ё ин ки тартиби соддакардашудаи тафтишоти судӣ, ки дар Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ҳангоми баррасии парванда бо чунин тартиб суд танҳо он далелҳоеро таҳқиқ менамояд, ки тарафҳо пурсидаанд.

Бояд кайд намуд, ки риояи шакли мурофиавӣ барои шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.

Моҳияти шакли мурофиавӣ дар он аст, ки он ҳамчун намуди махсуси шакли ҳуқуқии фаъолияти давлат режими ҳуқуқии пешбурди парванди ҷиноятиро, ки ба вазифа ва принсипҳои пешбурди судӣ ҷавобгӯ аст, муайян менамояд.

Ба шакли мурофиавӣ дохил мешавад:

— пайдарҳамии марҳилаҳо;

— шартҳои гузаштани парванда аз як марҳила ба марҳилаи дигар;

— шартҳои пешбурди (производства) парванда дар марҳилаи мушаххас;

— асос, шарт ва тартиби гузаронидани ҳаракатҳоитафтишотӣ ва судӣ;

— баъзе қоидаҳое, ки хусусияти расмиётӣ, ритуалӣ доранд.

Аҳамияти шакли мурофиавӣ дар он аст, ки он:

— ба вазифа ва принсипҳои пешбурди судӣ ҷавобгӯ аст;

— мурофиаро пурра (детально) танзим мекунад;

— шарти қонунӣ будани амал ва қарорҳо оид ба парванда мебошад;

— кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёнро дар бар мегирад.

3. Кафолатҳои мурофиавии ҷиноятӣ гуфта восита ва тарзҳои дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинишуда фаҳмида мешаванд, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиавии ҷиноятиро таъмин намуда, барои иҷро шудани вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ шароит муҳайё месозанд.

Доир ба мазмуни кафолатҳои мурофиавии ҷиноятӣ ҳамчун воситаи таъмини ҳуқуқи шахс ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Чунончӣ, Э.Ф.Куцова кафолатҳои мурофиавии ҷиноятӣ гуфта ҳуқуқ ва озодиҳои мушаххаси иштирокчиёни мурофиаро мефаҳмад[1]. Ба ақидаи дигарон бошад ба кафолатҳо, инчунин меъёрҳои ҳуқуқӣ[2], принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ[3] ва шакли мурофиавӣ[4] дохил мешаванд.

Кафолатҳои мурофиавӣ ба монанди дахлнопазирии шахсият ва манзил, сирри мукотибот, гуфтугӯи телефонӣ ва ғайра пеш аз ҳама дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, КМҶ ҶТ мустаҳкам гардидаанд ва маҳдуд кардани онҳо танҳо дар мавридҳои дар қонун пешбинигадида мумкин аст.

Марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ. Истилоҳи «мурофиа» («протсесс») аз феъли лотинии «procedure» гирифта шудааст, ки маънои он «ҳаракат кардан», «ҳаракат ба пеш» мебошад. Яъне пешбурд оиди парвандаи ҷиноятӣ – ин ҳаракати бетанафус , гузаштан аз як марҳила ба марҳилаи дигар мебошад.

Қайд намудан лозим, ки мурофиаи ҷиноятӣ бо сабаби маълум шудани ҷиноят оғоз мегардад ва минбаъд мувофиқи пайдарҳамии дар қонун муайянгардида вусъат ёфта, як қатор марҳалаҳоро мегузарад.

Марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ қисматҳои ба ҳам алоқаманд ва дар як вақт мустақили мурофиа мебошанд, ки вобаста ба натиҷаи қарорҳои қабулшуда, вазифаҳои мушаххас, доираи иштирокчиён, шаклҳои фаъолияти мурофиавӣ ва хусусиятҳои муносибатҳои мурофиавии ҷиноятӣ аз ҳамдигар ҷудо мебошанд[5].

Марҳалаи мурофиаи ҷиноятӣ зинаи мустқили пешбурди парвандаи ҷиноятӣ буда, аз маҷмӯи амалҳо ва қарорҳое, ки бо вазифаи умумӣ муттаҳид мегардад ва бо хулосаҳо оид ба кори ҷиноятӣ хотима меёбад, иборат аст.

Як марҳала аз марҳалаи дигар бо вазифаҳои бевоситаи барои марҳалаи додашуда хос, доираи махсуси иштирокчиёни мурофиа, хусусиятҳои шаклҳои мурофиа ва муносибатҳои мурофиавӣ фарқ мекунад. Ҳар кадом марҳала бо қабул намудани қарори мурофиавӣ оғоз гардида, ба анҷом мерасад ва барои фаъолияти пурсамар дар марҳалаҳои минбаъда замина мегузорад.

Аксарияти парвандаҳои ҷиноятӣ аз шаш марҳиала мегузаранд, ки онҳоро дар илм марҳалаҳои асосӣ мегуянд. Ин марҳилаҳо чунинанд:

Марҳилаи аввали мурофиаи ҷиноятӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ мебошад, ки нисбати тамоми парвандаҳо ҳатмӣ аст. Дар ин давра ё худ марҳила мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, муфаттиш, пуркурор ё суд масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё рад намудани оғози онро ҳал менамоянд. Қайд намудан лозим, ки танҳо дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад.

Марҳилаи дуввум, тафтишоти пешкашӣ ном дорад ва оид ба аксарияти парвандаҳои ҷиноятӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи қоидаҳои КМҶ ҶТ тафтишоти пешакӣ дар ду шакл-тафатиши пешакӣ ва таҳқиқи ибтидоӣ гузаронида мешавад. Дар марҳалаи мазкур муфаттиш ё мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ бо роҳи гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ ҷиноятро ошкор, шахси гунаҳгорро фош намуда, тамоми ҳолатҳоеро, ки барои одилона ҳал намудани парвандаи ҷиноятӣ заруранд, маълум менамоянд. Тафтишоти пешакӣ аз лаҳзаи ба суд равон кардани парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани он хотима меёбад.

Марҳалаи сеюм, таъини муҳокимаи судӣ ва тайёрӣ ба он аст. Вазифаи асосии он санҷиши сифати тафтиши пешакӣ ва маълум намудани асосҳои кофӣ барои моҳиятан дар суд дида баромадани парвандаи ҷиноятӣ мебошад. Барои ҳалли масъалаи мазкур судя мавҷуд будани асосҳои ҳуқуқӣ ва басанда будани маълумоти воқеиро барои таъин намудани муҳокимаи судӣ бо мақсади дар суд баррасӣ шудани парвандаи ҷиноятӣ санҷида мебарояд. Дар ин маврид судя масъалаи гунаҳгор будани айбдоршавандаро пешакӣ ҳал накарда, дар бораи таъин кардани муҳокимаи судӣ қарор мебарорад.

Марҳилаи чорум, марҳалаи муҳимтарини мурофиаи ҷиноятӣ муҳокимаи судӣ мебошад, ки дар он суд парвандаи ҷиноятиро дида баромада, масъалаи гунаҳгор будан ё гунаҳгор набудани судшаванда, нисбати ӯ татбиқ кардан ё татбиқ накардани ҷазои ҷиноятиро ҳал мекунад.

Марҳилаи панҷум, мурофиа дар зинаи кассатсионӣ мебошад. Дар ин марҳала суди зинаи болоӣ аз рӯи шикояти иштирокчиёни мурофиа ё эътирози прокурор қонунӣ ва асоснок будани ҳукми суди зинаи якумро, ки ба қувваи қонунӣ надаромадааст, санҷида мебарояд.

Марҳилаи шашум, иҷроиши ҳукм аст, ки он аз фаъолияти мурофиавии ҷиноятии суд иборат буда, масъалаҳои ба иҷро расондани ҳукм, назорат аз болои ба иҷро расондани ҳукм, таъинот ва қарори суд, инчунин, халли масъалаҳое, ки дар рафти воқеан иҷро кардани ҳукм ба миён меоянд, дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки ғайр аз шаш марҳилаҳои зикршуда боз ду марҳалаи мурофиаи ҷиноятӣ мавҷуд аст, ки дар илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ онҳо марҳалаҳои истисноӣ номида шудаанд. Ба марҳилаҳои истисноӣ дохил мешаванд:

Марҳилаи ҳафтум, мурофиа дар суди зинаи назоратӣин марҳилаи истисноӣ ва мустақили мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он суди болоӣ аз рӯи эътирози шахсони ваколатдоршуда дар асоси маводҳои дар парванда мавҷудбуда ва маводҳои нав пешниҳодшуда, қонунӣ ва асоснок будани ҳукм, таъинот ва қарорҳои ба қувваи қонун даромадаи тамоми судҳоро, новобаста аз он, ки онҳо дар зинаи кассатсионӣ баррасӣ шудаанд ё не, санҷида мебарояд.

Марҳилаи ҳаштум, аз нав сар кардани баррасии парвандаи ҷиноятӣ бинобар ошкор гардидани ҳолатҳои нав — ин марҳилаи мустақил ва истисноии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он суди ваколатдор дар асоси хулосаи прокурор ҳукм, таъинот, қарори ба қувваи қонунӣ даромадаро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршудае, ки ҳангоми ҳалли парванда ба мақомоти тафтишот ва суд маълум набуданд, аз нав баррасӣ мекунад.

Истисноӣ будани марҳилаҳо онро ифода мекунад, ки бо тартиби назорат ё бо сабаби ошкор шудани ҳолатҳои нав парвандаи ҷиноятиро танҳо пас аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳукм (таъинот, қарор) аз нав дида баромадан мумкин. Ин марҳалаҳо ҳамчун кафолати иловагӣ, барои ислоҳсозии хатогиҳои дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии роҳдодашуда, хизмат мекунанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *