Фанни Ҳуқуқ

Каламрав дар хукуки байналхалки

Қаламрав дар ҳуқуқи байналхалқӣ.

1.Мафҳум ва намудҳои қаламрав дар ҳукуқи байналхалқӣ.

2.таркиб ва табиати ҳуқуқии қаламрави давлатӣ.

А Д А Б И Ё Т :

  1. Курс международного права в 7 томах .М.,1990, Т.3. гл.1,М,1989; Т.2, Гл.5 и 6
  2. Клименко Б.М. Государственная территория. М.,1974.
  3. Клименко Б.М. мирное решение территориальных сторон. М., 1982

1.Мафҳуми қаламрав дар ҳуқи байналхалқӣ.

Дар зери мафҳуми қаламрав дар ҳуқуқи байналхалқӣ фазои гуногуни кураи замин, рӯи оби ва замини он, фазои ҳавои ва зеризаминии он, инчунин фазои кайҳон ва ҷирмҳои осмонии дар он воқеъ гашта, фаҳмида мешавад.

Аз рӯи намудҳои режими ҳуқуқи тамоми қаламрави рӯи замин ба се хел тақсим мешавад: 1) қаламрави давлатӣ; 2) қаламрави режими байналхалқи дошта; 3) қаламрави бо режими омехта.

Қаламрави давлатӣ гуфта, чунин қаламравро меноманд, ки ба давлати муайян дахл дорад, ки ва он давлат дар он вологии худро ба амал мебарорад. Хусусиятҳои асосии қаламрави давлати ин мансубият ва вологи мебошад.

Ба қаламрави режими байналхалқӣ дошта фазои заминие, ки дар алоҳидагӣ ба ҳеҷ ки таалуқ надорад ва берун аз сарҳади давлати ҷойгир шуда, мувофиқи ҳуқуқи байналхалқӣ дар истифодабарии давлатҳо мебошад, дахл дорад. Ин пеш аз ҳама баҳои кушод, фазои ҳавоии дар болои он воқеъ гардида инчунин қаъри баҳри берун аз шелфи континентали мебошанд. Баҳри кушод – ин фазои уқёнуси ҷаҳон мебошад, ки ба он истиқлолияти ягон давлат паҳн намегардад. Режими ҳуқуқи байналхалқии баҳри кушод бо меъёрҳои зиёди шартномаҳои байналхалқӣ ва одатҳои ҳуқуқии байналхалқӣ муайян мегардад ва он муносибатҳои байни давлатҳоро оиди баҳри кушод ва истифодабарии он бо мақсади киштигардӣ ва моҳигирӣ ба танзим медарорад.

Ба қаламрави режими омехта шелфи континенталӣ ва зонаи иқтисодӣ дохил мешаванд. Ин ноҳияҳо дар зери итоати ягон давлат нестанд, аммо давлатҳои назди соҳилӣ, ҳуқуқи мустақилона ба тадқиқот ва коркарди захираҳои табиие, ки ба шелфи континентали ба зонаи иқтисодии пайваста мебошанд, доранд.

Ҳаҷми ин ҳуқуқҳо бо ҳуқуқи байналхалқӣ муайян шудааст аз он ҷумла дар Аҳднома дар бораи шелфи континентали ва Аҳднома СММ оид ба ҳуқуқи баҳри аз соли 1982 дарҷ гардидаанд. Дар ҳудуди ин ҳуқуқҳо ҳар давлат қонун ва қоидаҳое, ки намудҳои фаъолияти дар боло номбаршударо ба танзим медарорад, мебарорад.

Режими махсуси ҳуқуқи байналхалқӣ дар Антарктика мувофиқи шартномаи соли 1959 муайян шудааст. Мувофиқи ин шартнома Антарктика пурра бе яроқ гардонида шудааст ва барои тадқиқоти илмӣ барои ҳамаи давлатҳо кушода мебошад. Ягон қисми Антарктика дар тобеияти ягон давлат нест, аммо даъвои қаламрави нисбати Антартика дар байни давлатҳо боқи мондааст.

Фазои кайҳонӣ берун аз қаламрави замин мебошад, режими ҳуқуқии он бо принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии кайҳонӣ муайян мешавад, аз он ҷумла бо Шартнома дар бораи принсипҳои фаъолияти давлатҳо оид ба тадқиқот ва истифодабарии фазои кайҳон, моҳтоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ аз 27 январи соли 1967.

2.Таркиб ва табиати ҳуқуқии территорияи давлатӣ.

Ба территорияи давлати хушки, обҳо ва қаъри дар зери онҳо воқеъ гардида инчунин фазои ҳавоие, ки хушки ва обҳоро иҳота мекунад, дохил мешавад ва ҳадди он бо сарҳади давлати муайян мегардад.

Ба қаламрави хушки давлат ҳамаи хушкие, ки дар ҳудуди сарҳад воқеъ гардидааст, дохил мешавад.

Қаламрави обии давлатро обҳои дохили ва баҳри қаламрави ташкил мекунад. Ба обҳои дохили мувофиқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳри дохил мешаванд: 1/ обҳои баҳрҳо; 2/ обҳои бандарҳо; 3/ обҳои халиҷҳое, ки соҳилҳои он ба як давлат таалуқ доранд ба шарте, ки барои он аз ¼ мили баҳри зиёд набошад, инчунин халиҷҳои таърихӣ. Ба обҳои дохилӣ инчунин обҳои дарьёҳо, кӯҳҳо ва обанборҳое, ки дар ҳадди сарҳади як давлат воқеъ гаштаанд дохил мешаванд. Ба баҳри қаламрави хати наздисоҳили обҳои баҳрие, ки бараш мувофиқи Конвенсияи соли 1982 на зиёда аз 12 милли баҳри аст дохил мешаванд.

Таркиби қаламрави ҳавоии давлатро фазои ҳавон, ки дар ҳудуди сарҳади оби ва хушки он воқеъ гардидааст, ташкил мекуунад.

Дар ҳудуди қаламрави худ давлат вологии худро ба мамл мебарорад, ки онро вологии қаламрав меноманд. Он қисми таркибии истиқлолияти давлат мебошад.

Маънои вологии давлат дар он аст, ки ҳокимияти давлати мазкур дар он аст, ки нисбати ҳамаи шахсон ва ташкилотҳои дар ҳудуди он воқеъ гардида ҳокимияти олӣ мебошад. Ба ғайр аз ин дар қаламрави як давлат фаъолияти ҳокимияти оммавии давлати дигар истисмор мешавад.

Давлат дар ҳудуди территорияи худ ҳокимияти олиро ба воситаи низоми мақомотҳои давлатӣ дар соҳаҳои қонунгузори иҷроия маъмури ва суди ба амал мебарорад.

Тамоми ҳокимияти қонунгузор иҷроия, маъмури ва судии давлат ҳам ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои дохилидавлати ва ҳам ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои хориҷи, ашхоси бетабаа, ки дар ҳудуди давлат воқеъ гаштаанд паҳн мегардад.

Вологии қаламрави боз дар он зоҳир мегарда, ки давлат дар ҳудудҳои худ, мувофиқи қонун метавонанд нисбати шаҳрвандони худ ба хориҷиён воситаҳои маҷбуркунии ҳокимиятиро истифода кунад.

Вологии территориявии давлат бо ҳуқуқи масъалаҳои ҳуқуқи ҳам вобаста аст, яъне ҳуқуқи мақомотҳои суди оиди дида баромадан ва ҳал кардан ва корҳои гуногун дар қаламрави мазкур мувофиқи ин ваколати ин мақомотҳо.

Мувофиқи ҳуқуқи байналхалқи ҳуқуқи ҳалли масъалаҳои юридикӣ аз тарфи давлат ба шахсон, иншоотҳо, воситаҳои нақлиёти миллӣ, ки берун аз сарҳади давлати мебошанд, паҳн мегардад. Давлат ҳуқуқи ҳалли масъалаҳои юридикиро бе истисно нисбати киштиҳои ҳарбии худ дар баҳрҳои кушод, киштиҳои ҳавоие, ки берун аз марзи давлати хориҷӣ мавҷуданд инчунин нисбати объектҳои ба кайҳон фиристодашуда ба амал меоранд.

Қаламрави давлати инчунин аз муҳити табии ва таркибҳои он иборат мебошад фазои хушки ва обҳо, фазои ҳавоӣ ва қаъри замин. Ин муҳит аз захираҳои табии иборат мебошад, ки дар хоҷагии қишлоқ ва саноат инчунин дар фаъолияти ҳаррӯзаи инсон истифода бурда мешавад.

Ҳамаи ин ба мазмуни моддаи қаламрави давлати дохил мешавад ва мувофиқи ҳуқуқи байналхалқи ба давлате таалуқ дорад, ки дар ҳудуди он ҷойгир шудааст. Шаҳодати он Принсипи дахлнопазири ва ягонагии қаламрави давлати ва принсипи дахлнопазири ва ягонагии қаламрави давлатӣ ва принципи дахлнопазири ва тақсимнопазирии сарҳади давлатӣ мебошад.

Бе розигии давлат қаламрави он хусусан истифодабарии замин ва қаъри он аз тарафи давлатҳои хориҷӣ шахсони воқеи ва ҳуқуқии онҳо бо мақсадҳои саноати номумкин аст. Мисол, бе чунин розигӣ кандани маъданҳои фоиданок ё моҳигирӣ дар обҳои қаламрави давлати хориҷӣ ғайриқонуни мебошад.

Давлат масъалаи роҳ додани шахсони хориҷиро ба истифодабарии сарватҳои зеризамини мустақилона ҳал мекунад.

Яке аз шаклҳои иҷозат додани истифодабарии захираҳои табии – ин созишномаҳои ковенсионӣ мебошад, ки байни соҳиби ин сарватҳо ва шахси юридикии хориҷи баста мешавад. Шартҳои чунин созишномаҳо бо қонунгузории дохилии давлат ба танзим дароварда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *