Фанни Забони точики

Андешаҳо дар атрофи таърихи забони мо

Таърихи такомул ва ташаккули забонҳои эронӣ дар муддати се садаи охир аз тарафи пажӯҳишгарони эроншинос то андозае таҳқиқ шудааст. Аксари ҷанбаҳои асосӣ ва куллии он дастраси ҳамагон гардидааст. Махсусан, таърихи давраҳои бостонии инкишофи забони мо, хосатан асрҳои қадим ва миёна дар ин муддат аз тарафи муҳаққиқони зиёде мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин бора асарҳои зиёди илмӣ, илмиву оммавӣ иншо шудааст. Фақат номбар кардани чанд асари бунёдии таҳқиқи забонҳои эронӣ ва халқҳои эронитабор, аз қабили «Асосҳои филологияи Эрон» (Grundriss der iranischen philologie ба забони олмонӣ)[1] ва Aсосҳои забоншиносии эронӣ ба забони русӣ (Основы иранского языкознания)[2] ва асарҳои муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони муътабари дигар[3] кофист, ки то ба умқ ва ҷиддияти ин таҳқиқот боварӣ ҳосил намоем. Вале ҳанӯз ҳам ин масъалаи барои тамаддун ва фарҳанги халқҳои эронинажод ва махсусан халқи тоҷик сарнавиштсозу муҳим саҳифаҳои норавшану торику ногушуда зиёд дорад ва ҳатто бархе масъалаҳои мубраму бунёдии он баҳснок буда, таҳқиқ ва пажӯҳишҳои амиқи илмӣ мехоҳад. Дар ин мақола кӯшиш мешавад, ки дар бораи баъзе аз ин гуна масъалаҳо андешаронӣ кунем ва барои баррасии амиқи илмии онҳо дари мубоҳиса ва мубодилаи илмиро боз намоем ва шояд, ки бо пешниҳоди тарҳи мавзӯъ баҳсу мунозираҳо ва таҳқиқоти амиқу ҷиддии илмӣ ягон саҳифаи торики фарҳангу тамаддун ва забони мо хонда шавад. Ин масъалаҳо чунинанд:

  • умумияти забонҳои ҳиндуэронӣ (ориёӣ) ва ташхиси марҳилабандии он;
  • гурӯҳи забонҳои эронӣ ва масъалаҳои гурӯҳбандӣ ва марҳилабандии таърихи инкишофи забонҳои эронӣ;
  • Номизабонҳои эронӣ ва шартҳои номгузории забонҳои бостони эронӣ (форсии қадим, забони авастоӣ)

Дармасъалаи ташхис ва муайян кардани умумияти забонҳои ҳиндуэронӣ дар байни пажӯҳишгарон ихтилофи назар вуҷуд надорад ва ҳама дар ин ақидаанд, ки қабл аз ҷудо шудани қабоили ориёӣ ва ба ду гурӯҳ (баъзе муҳаққиқон гуруҳи сеюм ва ҳатто чорумро илова мекунанд) эронӣ ва ҳиндӣ, онҳо таи як марҳилаи ниҳоят тӯлонӣ бо як забони умумиориёӣ ё ҳиндуэронӣ такаллум мекарданд. Ин марҳила ҳиндуориёӣ ва забони он бо номи умумияти забонии ориёӣ (ҳиндуэронӣ) ё забонҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) дар байни пажӯҳишгарон машҳур аст, ки албатта эҳтимолӣ ва шартӣ номгузорӣ шудааст. Тавре, ки аз ин номгузорӣ қиёс мекунем, муҳаққиқони давраи бостонии инкишофи забонҳои эронӣ дар бораи забони ягона барои қабилаҳои ҳиндуэронӣ ё ориёӣ андеша нарондаанд ва дар асарҳои ҷомеи эроншиносӣ онро фарзияе беш надонистаанд. Ҳол он ки донишмандон АбаевВ.И. ва ДодихудоевР.Х. нахуст дар нимаи дувуми садаи ХХ фарзияеро дар бораи вуҷуд доштани забони ягонаи ориёӣ ё ҳиндуэронӣ пешниҳод карда чунин навишта буданд: «Тасдиқ кардани ҳолати модарзабонии махсуси ҳиндуэрониро, ки аз лиҳози замонӣ дертар аз ҳолати модарзабонии ҳиндуевропоӣ аст, тақозо менамояд»[4]. Биноан, масъалаи вуҷуд доштани забони ягонаи ориёӣ барои тамоми қавмҳои ба истилоҳ ҳиндуэронӣ бояд аз марҳилаи тахмину фарзия дар асоси мадраку далелҳои таърихӣ ба зинаи дигари пажӯҳишӣ, яъне ба сатҳи асосноки илмӣ бароварда шавад.

Дарасоси таҳқиқот ва пажӯҳишҳои то ин вакт анҷомёфта замони ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба ду гуруҳ низ нисбатан мушаххас шудааст. Тахмин меравад, ки ин ҷараён ҳазорсолаҳо идома ёфта, бар асари гуруҳбандӣ, табақабандӣ ва муҳоҷирати қабилаҳои гуногуни ориёӣ як гурӯҳи бузурги ҳиндуориёӣ аз кӯҳҳои Ҳиндукуш гузашта ба даштҳо ва водиҳои Ҳинд баромаданд ва дар ин минтақаи бузург маскан гузиданд. Лаҳҷа ва шеваҳои ин гурӯҳи қабилаҳо дар гимнҳои Ригведа, қадимтарин осори сухани ҳиндуориёӣ мушоҳида мешавад. Инчунин дар ин асар табиат, манзара ва хусусиятҳои хоси минтақаи Ҳинд тасвир ёфтааст. Давраи таҳияи ин ёдгории таърихи тахминан 2500 сол қабл аз мелод муайян шудааст ва пажӯҳишгарон ҳам замони аз ҳам ҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуэрониро ба ҳамин давра ишора мекунанд. Дар ҳамин марҳилаи таърихӣ дар Осиёи Миёна ва сарзаминҳои атрофи он қабилаҳои ориёие боқӣ монданд, ки ба қавли баъзе аз муҳаққиқон дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке ба қисматҳои Эрони ғарбӣ ва гурӯҳе ба минтақаҳои назди Баҳри Сиёҳ ва атрофи он рафтанд. Қисмати дар Осиёи Миёна боқимонда сипас халқиятҳои Суғду Бохтар, Хуросону Арея ва Портро ташкил доданд. Ҳамин тариқ замони марҳилаи аз ҳам ҷудошавии умумияти забонҳои ориёӣ ва ташкил шудани гурӯҳи алоҳидаи забонҳо ва лаҳҷаҳои эронӣ қисмати аввали ҳазораи дувуми пеш аз мелод ё давраҳои охири ҳазораи сеюм ва аввали ҳазораи дуюми пеш аз мелод муайян шудааст. Аз тарафи гурӯҳи дигари муҳаққиқон гурӯҳи сеюм ё чоруми ориёҳо ҷудо карда шудааст, ки қаблан онро гурӯҳи забонҳои кофирӣ номидаанд ва эроншиносии муосир онро бо номи гурӯҳи забонҳои дардӣ ёд мекунад.[5] Аксарияти муҳаққиқон бар онанд, ки Осиёи Марказӣ дар давраҳои охири мавҷудияти қабоили ҳиндуориёӣ маркази будубоши онҳо буда ва муҳоҷирати ин қабоил ба самтҳои Ҳинду доманакӯҳҳои Эрон аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ оғоз шудааст. Дар марҳилаҳои моқабли ин муҳоҷиратҳо қабилаҳои ориёӣ шояд, ки дар минтақаҳои ҳамвори шимоли баҳри Азов ва баҳри Сиёҳ қарор доштанд, ки ин фарзия аз тарафи гурӯҳе аз пажӯҳишгарон дастгирӣ меёбад, Ин масъала, яъне масъалаи муҳоҷирати қабилаҳои ориёӣ ба минтақаҳои гуногун доимо мавриди таҳқиқу баҳсҳои олимон қарор дорад ва фарзиву тахминҳои зиёде мавҷуд аст.

Боҷудо шудани қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба ду гурӯҳи бузурги эрониву ҳиндӣ масъалаи забони гуфтугӯии ин ду гурӯҳ ба вуҷуд меояд. Албатта, масоили забонӣ ҳам хусусиятҳои грамматикиву лексикӣ, замон ва ҳам номи ин забонҳоро дар бар мегирад. Агар дар байни ин ҷудошавӣ фосилаи зиёди таърихӣ (ки албатта вуҷуд дошт) ва инкишофи мустақили забону гӯишҳои эрониву ҳиндӣ вуҷуд дошта бошад, пас бояд номи ин забонҳо мушаххас карда шаванд. Маълум аст, ки байни таҳияи Авесто (аввал шифоҳӣ ва баъдан хаттӣ) ва аввалин навиштаҷоти форсии бостон (сангнавиштаҳои Бесутуни Дориюши Кабир ) фосилаи хеле зиёди таърихӣ вуҷуд дорад, ки исботи ин фикр фарқиятҳои овоӣ ва грамматики (сохтории)-и онҳо мебошад. Вале ба гуфтаи худи пажӯҳишгарони ин ду забони бостонӣ ин фарқиятҳо ба андозае нестанд, ки онҳоро ду забони тамоман аз ҳамдигар ҷудо донист.

Масъалаи дигаре, ки дар соҳаи эроншиносӣ ҳанӯз ҳалнашуда ва баҳсталаб боқи мондааст, даврабандии таърихи инкишофи забонҳои эронӣ мебошад. Тавре, ки маълум аст эроншиносон марҳилабандии таърихи инкишофи забонҳои эрониро аз замони пайдо шудани аввалин навиштаҳо ва осор бо забонҳои эронӣ (махсусан осори забони форсии бостон) ба се марҳила ҷудо мекунанд:

1.Марҳилаи забонҳои эронии бостон, ки аз давраи ҷудошавии забонҳои эронӣ аз «умумияти забонҳои ориёӣ» дар оғози ҳазораи II пеш аз милод то асрҳои IV-III пеш аз милод идома ёфтааст. Аз давраҳои аввали ин марҳила, яъне давраи вуҷуд доштани як забони умумии эронӣ, ки номашро муҳаққиқони модарзабон ё забони бунёди пояи эронӣ номидаанд, ҳеҷ осоре боқӣ намондааст ва онро асосан дар асоси маводи забони ҳиндӣ барқарор мекунанд, ки хеле сатҳӣ ва нопурра аст. Аз давраҳои баъдӣ фақат аз ду забони бостон-форсии қадим ва авесто осори хаттӣ боқӣ мондааст, ки ба дарваи охири ин марҳила мансуб аст.

2.Марҳилаи миёнаи рушди забонҳои эронӣ, ки давраи аз асрҳои IV-III то мелод то асрҳои VIII- IX мелодро дарбар мегирад. Осори хаттии ин марҳила ҳам дар давраҳои охир рост меояд ва аз давраи аввал маводи забонӣ хеле кам боқӣ мондааст.

3.Марҳилаи нави инкишофи забонҳои эронӣ (VIII- IX — то имрӯз) бо маводи фаровони худ аз дигар марҳилаҳо фарқ мекунад. Ин марҳила дорои адабиёти ҳазорсола бо забони форсии нав ва забонҳои дигари эронӣ мебошад.[6]

Инмарҳилабандӣ ҳам ба андозаи зиёд шартӣ буда, бештар хусусияти омӯзишӣ дорад. Ин масъала яке аз пурихтилофтарин ва мушкилтарин масъалаҳои эроншиносӣ буда, ҳанӯз ҷанбаҳои таҳқиқнашудааш аз тарафҳои равшану дақиқшуда хеле зиёд аст. Аввалан масъалаҳои умумии назарии ин риштаи забоншиносӣ то ҳанӯз ба таври бояду шояд таҳқиқ нашудааст. Сониян худи инкишофу таҳаввули забонҳо низ таҳқиқу пажӯҳиши масъаларо душвор мегардонад. Забонҳо таҳти таъсири омилҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар марҳилаҳои тӯлонӣ аз лиҳози хусусиятҳои сарфиву наҳвӣ (грамматикӣ), овоӣ (фонетикӣ) ва вожагонӣ (лексикӣ) тағйиру такмил меёбад ва аз даст рафтани марҳилае аз инкишофи он ё ба даст омадани осори як марҳила ё чанд марҳилаи муайян марҳилабандии таърихи инкишоф ва густариши забонро на танҳо душвор, балки ҳатто номумкин мегардонад. Тавре, ки дар «Асосҳои забоншиносии эронӣ» бо истинод ба маъхазҳои дигар қайд мешаванд. «Он чи ки ба масъалаи марҳилабандии таърихии забон дахл дорад, натанҳо ҳал нашудааст, балки гуфтан мумкин аст, ки ҳанӯз ин масъала ба таври ҳақиқӣ гузошта нашудааст».[7]

Дариртибот бо забонҳои эронӣ ва муайян кардани марҳилабандии таърихи онҳо ин масъала боз ҳам печидатар мегардад ва ба он душворию мушкилоти иловагӣ зам мегардад. Пеш аз ҳама таърихи хаттии забонҳои эронӣ хеле тӯлонӣ аст, вале осори боқимонда ё ба дасти мо расида ё то ба ҳол маълум на танҳо кам аст, балки ба дараҷаи нобаробар байни забонҳо ва марҳилахои муайяни таърихӣ тақсим шудаанд. Аз тарафи дигар низоми хаттии ин забонҳо гуногуншакл буда, аксари ин хатҳо хусусиятҳои овоии забонҳои эрониро пурра инъикос намекунанд. Солисан меъёрҳои адабӣ ва имлои аксари забонҳои эронӣ камтаҳаввул мебошанд ва ҳатто забонҳо мемиранд. аз байн мераванд, вале онҳо ҳамчун забони меъёр дар истифода боқӣ мемонанд. Биноан, тавре ки аз тарафи пажӯҳишгарони эроншинос қайд шудааст, нақшаи тақсимбандии сегонаи марҳилабандии таърихи забонҳои эронӣ дар навбати аввал ба хусусиятҳои фарҳангиву таърихӣ такя мекунад ва хусусиятҳои забонии ин масъала тақрибан дар назар гирифта нашудааст. Сабаби асосии ин тақсимбандӣ аз як тараф агар сабук ва осон кардани таҳқиқи маводи забонӣ бошад, аз тарафи дигар боқӣ намондани осори пайдарҳами таърихиву забонӣ бо ин забонҳост. Масалан, осори аввалини забони форсии миёна (паҳлавӣ) баъд аз шаш қарни осори охирини забони форсии бостон ба даст омадааст ва агар ба сохтори забони паҳлавӣ назар афканем. забони аз лиҳози сохторӣ (грамматикӣ) ва вожагон нави эронӣ, ки аллакай аз синтетикӣ-субъективӣ ба низоми аналитикӣ гузаштааст, дар пеши назар ҷилвагар мешавад.

Аллакай забони форсии миёна (паҳлавӣ) аз забони форсии бостон (ориёӣ) бо тағйироти сифатии нав, яъне аз байн рафтани хусусиятҳои флективӣ, аломатҳои ҷинсият. тасриф (падежҳо), таснифи исмҳо фарқ дорад. Умуман, агар аз ин нуқтаи назар, яъне аз назари дар сохтори забон пайдо шудани тағйироти куллии сифати (кайфӣ) ба марҳилабандии таърихи забонҳои эронӣ нигарем, ин марҳилабандиро ба ду марҳила метавон тақсим кард, яъне марҳилаи миёна аз байн меравад.

Азин нуқтаи назар фарқи байни марҳилаҳои бостону миёнаро ба таври мушаххас муайян кардан мумкин аст. Вале вақте масъала сари тақсимбандӣ аз рӯи маъхазҳо ва осорҳои забонҳое, ки ба таври мутассил ва пайҳам таи ҳазорсолаҳо боқӣ мондааст, мерасад, ин марҳилабандӣ на танҳо душвор, балки ғайриқобили иҷро мегардад. Дар ин ҷо як нуқтаи муҳимро набояд фаромӯш кард, ки аз забонҳои мухталиф ва гуногуни гурӯҳи эронӣ фақат аз забони форсӣ (тоҷикӣ) барои ҳар се марҳилаи инкишофи таърихи забон осори хаттӣ ва ғайрихаттӣ боқӣ мондааст. Дигар ягон забони эронӣ барои ҳар се марҳила маводи забонӣ аз худ боқӣ нагузоштааст ва табиӣ аст, ки таърихи ин забон бештар таваҷҷуҳи пажӯҳишгарони эроншиносро беш аз ҳама бо худ ҷалб кардааст.

Биноан марҳилабандии таърихи забонҳои эронӣ беш аз ҳама ба марҳилабандии таърихи забони форсӣ (тоҷикӣ) ва осори боқимондаи он иртибот дорад. Асосан ба он осори боқимондаи се давра форсии бостон-давраи ҳукмронии сулолаҳои Ҳахоманишиён бо осори сангнавиштаҳои ҳатти мехӣ (асарҳои VI-IV то мелод), форсии миёна-осори хатти паҳлавӣ ва монавии давраи Сосониён ба забони паҳлавӣ (III-IX-X мелод) ва форсии нав забони форсии дарӣ бо осори хаттии алифбои арабиасос (асрҳои IX-X то ба ҳол) дохил мешавад. Ҳар яки ин осори боқимондаи ба дасти мо расида аз ҳамдигар ба куллӣ аз лиҳози давра, вазъи сиёсиву фарҳангӣ фарқ карда, хусусиятҳои хоси як марҳилаи муайянро ифода мекунанд. Масалан, осори боқимондаи давраи Ҳахоманишиён ба хатти мехӣ аз рӯи хусусиятҳои хат, фарҳанг ва таърих ҷузви як давраи ҷудогона буда, ҳатто аз осори «Авесто», ки асосан ба ҳамин марҳила таалуқ дорад, фарқ мекунад. вале бояд иқрор шуд, ки агар фарқиятҳои замонӣ, анъанавӣ ва суннатии «Авесто» ва осори давраи Ҳахоманишиёнро дар назар нагирем, фарқияти забонии ин ду осор он қадар зиёд нест ва ба ҷуз фарқиятҳои лаҳҷавӣ ин ду осор хусусиятҳои умумии як марҳиларо ифода мекунанд. Фақат агар «Авесто» хусусиятҳои умумии забони ориёӣ ва фарҳангу суннат ва боварҳои динии ориёиҳоро дар марҳилаи тақрибан дуҳазорсола ва ё зиёдтар аз он ифода кунад, осори хатти мехии Ҳахоманишиён хусусиятҳои як давраи маҳдуди тахминан 200-300 солаи онро дар худ таҷассум кардааст.

Азлиҳози марҳилабандӣ осори давраи Сосониён, ки марҳилаи дувуми таърихи инкишофи забонҳои эронӣ асосан ба онҳо алоқаманд аст, бештар ба осори давраҳои охири (асрҳои III-IX-X мелод) Сосониён иртибот дошта, осори замони паҳлавӣ ва монавиро (хатти паҳлавӣ ва монавӣ) дар бар мегирад. Аз давраҳои пештари ин марҳила III-IX-X мелод хусусан, солҳои аввали ҳукмронии сулолаи Ашкониён осори хаттӣ ба ғайр аз навиштаҳои рӯи гилпораҳо, сиккаҳо ибораҳои хеле кам ба даст омадааст ва таҳқиқи забонии онҳо низ камтар ба роҳ монда шудааст. Ин давраи забонии паҳлавӣ ё портӣ ба осори се давра-давраи аввал (асрҳои I то мелод то асрҳои I-II баъди мелод), давраи дуюм бо номи осори паҳлавии сангнабиштаҳои Сосониҳо (III мелод) ва давраи сеюми матнҳои монавӣ (III- IV мелод) ҷудо мешаванд. Ин давра низ ба ду бахш бо навиштаҳои асрҳои VIII- IX тақсим шудааст, ки ҳар яке аз ҳамдигар фарқиятҳо ва хусусиятҳои хос доранд. Осори забони суғдӣ ҳам аз лиҳози хусусиятҳои хоси ин марҳила ба матнҳои суғдии буддоӣ, суғдии паҳлавӣ ва суғдии насронӣ тақсим мешавад, ҳар яки онҳо дорои хусусиятҳои фарқкунандаи ҳам хат (тарзи навишт ё алифбоҳои буддоӣ, монавӣ, насронӣ) ва ҳам диниву суннатӣ ва фарҳангӣ доранд. Вале бояд тазаккур дод, ки ин хусусиятҳо бештар хосияти тарҷумавӣ ва ё тарҷумазадагӣ доранд ва хусусан ҳангоми таҳияи матнҳои суғдии буддоӣ ба сохти матнҳои буддоӣ ва сохти матнҳои чиноӣ такя шуда, қолабҳои онҳо бетағйир ба забони суғдӣ ворид карда шудааст. Ба ҳамин тариқ худи мафҳумҳои забонҳои эронии миёна ва забонҳои эронии нав аз лиҳози марҳилабандӣ хеле нисбӣ буда, дар таъини марзҳо ва ҳудудҳои тақсимбандии онҳо ягонагии сохториву забонӣ, ки хусусиятҳои ин марҳиларо мушаххас инъикос намоянд, дида намешавад. Забонҳое, ки имрӯз ба марҳилахои миёна ва нав нисбат дода мешаванд, аз лиҳози инкишоф, сохтор ва хусусиятҳои грамматикӣ дар зинаҳои гуногуни инкишоф қарор дошта, дар сохтори баъзеи онҳо (забонҳои пашту ва помирӣ) хусусиятҳои забони давраҳои бостони инкишофи забонҳои эронӣ дида мешавад. Забони пашту, ки аз лиҳози марҳилабандӣ ба гурӯҳи забонҳои нави эронӣ марбут аст, ҳолатҳои грамматикии забони форсии қадимаро (ҷинсият, мардона ва занона), низоми дупадежаи тасрифро (бевосита ва бавосита) дар сохтори худ маҳфуз нигоҳ доштааст. Ҳол он ки забони паҳлавӣ ё форсии миёна, ки идомаи бевоситаи ин забон аст, ҳанӯз дар садаҳои як-ду мелодӣ ин хусусиятҳои забониро аз даст дода буд. Умуман бо ҳам якҷо кардани ҳамаи забонҳои эронии мавҷуда дар як гурӯҳ ва ё дар як марҳила дохил намудани онҳо фақат хусусияти замонӣ дорад ва намунаҳои забонӣ собит месозад, ки ин марҳилабандӣ хусусиятҳои забон ва сохтори забону гӯишҳои эрониро дарбар намегирад, яъне инҳо забонҳое мебошанд, ки имрӯз бо онҳо такаллум мекунанд ва ё баъзеи аз онҳо адабиёти фаровони хаттӣ низ доранд. Ин марҳилабандӣ аз лиҳози хосиятҳои забонӣ ба андозае номуназзам аст, ки матнҳои монавии забони форсии миёна ба марҳилаи дувум ва осори давраҳои аввали форсии дарӣ (IX-X), осори Рӯдакӣ ба Фирдавсӣ ба марҳилаи нави таърихи инкишофи забон дохил мешаванд. Ҳол он ки таҳқиқотҳои охири забоншиносон нишон медиҳад, ки матнҳои монавии забонҳои эронӣ махсусан забони форсии дарӣ тақрибан аз ҳамдигар кам фарқ мекунанд ва ҳатто дар ин намунаҳо таъсири яксони забони арабӣ (истифодаи иқтибосҳои арабӣ) мушоҳида мешаванд.[8]

Дариртибот ба марҳилабандии забонҳои эронии миёна низ ҳамин номуайянӣ ва номуназзамӣ сидқ мекунад. Тавре ки пажӯҳишгарон қайд мекунанд, аз забонҳои ба ин марҳила шомил (форсии миёна ё паҳлавӣ, портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, хутаносакоӣ ва бохтарии тахорӣ), хутанӣ хутанусакоӣ ба таври алоҳида хусусиятҳои хоси худро дорад.

Агарзабони хутанусакоии аввал ё оғозин аз ҷиҳати хусусиятҳои грамматикӣ, овоӣ ва сохторӣ ба забони форсии қадим шабоҳати зиёд дошта бошад (сохтори грамматикии флективӣ, гурӯҳҳои овозҳои ҳамсадо дар аввали калима), забони хутанусакоии даврахои охир дар баъзе ҳолатҳо аз лиҳози зинаҳои рушд бо забонҳои эронии нав баробарӣ мекунад. Забони хутанусакоӣ (махсусан забони давраҳои аввал) дорои ҷинсият (мардона, занона ва миёна) ва низоми тасрифи ҳафт падежӣ буда, забони форсии миёна (паҳлавӣ) ин хусусиятро надорад. Хусусияти умумии ин марҳила тақрибан якхела будани низоми хат ва алифбои ин забонҳо буда, бештар характери фарҳангиву таърихӣ дорад.

Дарбархе ҳолатҳо ба ҷои марҳилабандии замонӣ ва дар асоси хусусиятҳои осори хаттӣ марҳилабандӣ аз рӯи меъёрҳои забонҳои зинда ва забонҳои мурда[9] низ пешниҳод мешавад. Вале агар аз рӯи хусусиятҳои забонӣ ин марҳилабандӣ сурат гирад, он вақт забонҳои бостонии эрониро аз забонҳои эронии миёна ва эронии нав ҷудо кардан мумкин аст. Яъне ин марҳилабандӣ дар асоси гум кардани хусусиятҳои хоси флективӣ ва ба ҷои он пайдо шудани хосиятҳои аналитики забонҳои эронӣ сурат мегирад, ки дурустар ва саҳеҳтар менамояд.

Масъалаи дигаре, ки дар эроншиносӣ ва хосатан забоншиносии эронӣ ҷалби таваҷҷуҳ менамояд, камбуд ва нобаробарии осори хаттӣ ба забонҳои мухталифи эронист. Баъзе забонҳои эронӣ (масалан, забони форсӣ) барои тамоми давраҳои инкишофи худ, он ҳам албатта аз лиҳози замонӣ нобаробар, осори хаттӣ доранд, вале аксари забонҳои эронӣ на танҳо барои ҳар се марҳила осор надоранд, балки худи пайдоиши ин забонҳо ба давраҳои гуногуни ин марҳилабандӣ рост меояд.

Дартаърихи аксари забонҳои эронӣ давраҳо ва марҳилаҳои тӯлоние мавҷуданд, ки осори хаттие ба ин забонҳо боқӣ намондааст ва ин муддат ҳатто ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ин доғҳои сафед дар таърихи инкишофи забонҳои эронӣ агар аз як тараф таҳқиқ ва пажӯҳиши марҳила ба марҳилаи онро душвор гардонад, аз тарафи дигар ҳатто баромад ва таҳқиқи решашиносии онҳоро на танҳо душвор, балки дар баъзе ҳолатҳо ҳатто номумкин мегардонад. Масалан, таърихи забони форсӣ (тоҷикӣ) тақрибан аз асрҳои VI то мелод ба андак доғҳои сафед (тахминан 600 соли баъди инқирози сулолаи Ҳахоманишиён то қарни III -мелод) бо осори бою рангини назмиву насрӣ ва ғайра марҳила ба марҳила маълум аст. Вале забонҳои дигари эронӣ ин гуна осори хаттиро барои се марҳилаи инкишоф надоранд ва аксарияти онҳо фақат дар садаҳои ахир соҳиби осори хаттӣ шудаанд ва ё барои онҳо дар садаҳои охир алифбо тартиб додаанд. Забонҳои курдӣ, пашту, осетинӣ мутаносибан аз асрҳои XI, XII, XIII ва охири асри XVIII осори хаттӣ доранд. Барои баъзеи дигари забонҳои эронӣ (тотӣ, шуғнонӣ, яғнобӣ) фақат дар садаи XX хат таҳия гардида, қисми дигари онҳо (мунҷонӣ, забонҳои помирӣ (рушонӣ, вахонӣ, сариқулӣ вағ.) ҳоло ҳам соҳиби хату алифбо нашудаанд. Таърихи аксарияти ин забонҳоро бештар аз рӯи сабти гӯйишҳо, ки дар садаҳои охир ҷамъоварӣ шудаанд, таҳқиқ кардан мумкин аст.

Забони форсӣ (тоҷикӣ) ягона забонест, ки метавон таърихи ташаккули онро ба боварии том ба се марҳила тақсим кард ва пайванди мутассили онро мавриди пажӯҳиш қарор дод. Забонҳои дигари эронӣ аз қабили курдӣ, пашту, помирӣ, мунҷонӣ, толишӣ гузаштагони забонии бевосита надоранд. Фақат забони яғнобӣ ё ба истилоҳи дигар забони суғдии нав ва забони тотӣ аз лиҳози сохтори забонӣ ба забонҳои суғдӣ ва форсии миёна тааллуқ мегиранд, вале байни онҳо фосилаи тӯлонии таърихии сабтнаёфтаи санадҳои забонӣ вуҷуд дорад. Аз тарафи дигар санаду ҳуҷҷатҳо ва далелҳои боэътимоде, ки ин забонҳоро ба забонҳои пешини хеш пайванд созанд, ҳанӯз ба таври пурра ба даст наомадааст. Забони суғдии нав ё яғнобӣ як лаҳҷаи забони суғдӣ буда, осори ба даст омада аз забони суғдии миёна аз лиҳози хусусиятҳои забонӣ аз забони яғнобӣ фарқ мекунад. Забони тотӣ низ яке аз лаҳҷаҳои канори баҳри Хазарии забони форсии миёна ба ҳисоб рафта, аз забони паҳлавӣ ё форсии миёна тафовутҳои зиёде дорад. Ба забони осетинӣ ҳам ин андешаронӣ сидқ мекунад. Масалан, забони осетинӣ ба воситаи алонӣ ба забони скифӣ (яке аз забонҳои сакоӣ) мерасад, вале байни онҳо фосилаи тақрибан 2000-сола вуҷуд дорад. Аз тарафи дигар вожаномаҳои забони скифӣ ба таври бевосита ба мо нарасида, дар бораи сохтор ва хусусиятҳои ин забон фақат дар асоси осори иқтибосӣ аз забонҳои дигар, асосан аз забони юнонӣ андеша рондан имкон дорад. Хулоса, марҳилабандии таърихи инкишофи забонҳои эронӣ ҳанӯз то ба охир мушаххас нашуда, таҳқиқ ва пажӯҳишҳои тоза ва нав ба навро интизор аст.

Масъалаи дигаре, ки бо ба даст омадани мадорику далелҳои нав мавриди баҳсу мунозира қарор гирифтааст, номи забонҳои эронии даврони бостон ва муносибати онҳо ба забони ориёӣ мебошад. То ҳол дар илми эроншиносӣ истилоҳи «забони ориёӣ» вуҷуд надорад. Давраеро, ки қабилаҳои гуногуни ориёӣ дар як сарзамини паҳновар ё минтақаи муайян (ҳоло ҳам сари ҷои зиндагии қабоили ориёӣ то аз ҳам ҷудо шудани онҳо баҳсу мунозираҳои илмӣ ва нимаилмӣ идома дорад) зиндагӣ доштанд ва бо як забон ё якчанд шеваву лаҳҷаҳои бо ҳам наздик бо ҳамдигар гуфтугӯ мекарданд, бо як мафҳуми мушаххаси забонӣ ифода накардаанд ва забони он давраро шартан бо номи «модарзабони ҳиндуевропоӣ» ном мебаранд. Замоне, ки қабилаҳои ҳиндуэронӣ аз онҳо ҷудо шуда ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ куч мебанданд ва баъдан ба сарзамини Ҳинд сарозер мешаванд, барои мушаххас сохтани номи худи онҳо ва забони онҳо истилоҳҳои ҳиндуориёӣ, умумияти забонҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) ва «забонҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ)»[10] истифода мекунанд. Умумияти ҳиндуориёӣ ё ҳиндуэрониро тахминан то оғози ҳазораи дувуми то мелод тахмин кардаанд, зеро қисматҳои асосии «Ригведо», нахустин осори ба дастомадаи ориёии Ҳинд ба забони санскрит дар миёнаи ҳазораи дувуми то мелод навишта шуда, табиати нимҷазираи Ҳиндро инъикос менамояд.

Ҳамин тариқ, истилоҳи «забони ориёӣ» ба таври мустақил ва мавҷудияти он ба таври алоҳида дар пажӯҳишҳои эроншиносӣ дида намешавад. Ҳамон тавре ки дар эроншиносӣ умумияти ҳиндуэронӣ омадааст, номи забони ин қабилаҳо низ ба таври умумӣ номгузорӣ шудааст. Баъд аз ҷудо шудани қабилаҳо ва қавмҳои эронӣ аз бародарони ориёҳиндии хеш табиист, ки ин қабилаҳо номи ориёӣ доштанд ва кишвари онҳо низ ба номи Ориё ё Ориёвиҷ маълуму машҳур буд. Вале номгузории забони ин қавмҳо то ҳанӯз номаълум буда, бештар аз номи осори хаттии бадастомадаи ин давраҳо гирифта шудааст. Масалан, забони форсии бостон, ки асосан сангнабиштаҳои шоҳони Ҳахоманиширо дарбар мегирад ва забони китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто», ки дар асоси ин китоб ба он забони авестоӣ ё занд ном гузоштаанд, ба гурӯҳи забонҳои бостони эронӣ дохил буда, номи онҳо аз номи ин осор гирифта шудааст. Ин масъала дар мақолаи Президенти кишвар Э.Ш.Раҳмонов таҳти унвони «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (Ҷумҳурият, 17 июни 2006) ба таври муфассал таҳлил шуда, забони ориёӣ ҳамчун номи мушаххаси забони давраи Ҳахоманишиниён ва баъди онҳо то давраи Сосониён шинохта шудааст: «Истилоҳи арйа (ориёӣ) пас аз даврони авестоӣ ва матни Авесто дар суннати хаттии дигар мардумони ориёии ғарбӣ то даврони Сосониён роиҷ будааст. Истилоҳи мазкур аз даврони Ҳахоманишиён ба Ашкониён ва аз Ашкониён ба Сосониён идома ёфта ва он ҳамчун ифтихори нажодӣ дар давлатдории ин хонадонҳо ҳифз гардидааст.Истифодаи арйа дар ташкили номҳои ашхос аз замони Ҳахоманишиён то Сосониён ва идомаи чунин номгузорӣ дар осори паҳлавӣ то замони роиҷ будани ин суннати хаттӣ далели шинохт ва маъруфияти нажоди ориёӣ дар миёни худи мардумони ориёӣ будааст. Дар замони Ҳахоманишиён ва катибаҳои шоҳони ин хонадон истилоҳи арйа ҳам ба маънои нажод ва ҳам забони ин нажод ёд мешавад». Чунин масъалагузорӣ дар таърихи илми забоншиносии эронӣ саҳифаи наве мекушояд ва агар ба Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён сулолаи Кушониёнро, ки дар асоси сарчашмаҳои ба даст омада забони худро ориёӣ хондаанд илова намоем, як марҳилаи томи таърихии забону фарҳанг ва тамаддуни эронитаборонро метавон мушаххас марҳилаи тамаддуни ориёи донист, ки тақрибан таърихи дуҳазорсолаи мардуми эронитаборро дарбар мегирад.

Баҳамаи пажӯҳишгарон ба таври равшану баръало маълум аст, ки забоншиносӣ дар асоси рақаму далелҳои мушаххас омухта мешавад ва тартиби усулҳои он ба усулҳои риёзӣ хеле шабоҳат дорад. Биноан илми забоншиносӣ дар пояи илмҳои дақиқ қарор дорад. Вобаста ба ин имрӯз дар эроншиносӣ барои номгузории забони марҳилаи бостонии таърихи рушди забонҳои эронӣ ду далел вуҷуд дорад, ки ин номгузориро мушаххас мегардонад. Яке аз ин далелҳо сангнабиштаҳо ё сангнигораҳои Дориюши Кабир ё Дорои I-(521-486 то мелод) дар Бистун (ба таври иштибоҳӣ Бисутун ҳам менависанд) аст, ки дар он бо се забони давраи бостон забон ва хати форсии бостон, эломии нав ва аккодӣ (ба гӯйиши бобулии нав), аз давраҳои аввали салтанати Дорои I ҳикоят шудааст. Ин сангнигораҳо дар маҷмӯъ аз 1119 сатр иборат буда, дар солҳои 520-521 пеш аз мелод бо фармони ин шоҳи бузург дар девори кӯҳ дар баландии 10 метр ҳаккокӣ шудааст. Дарозии матн 20 метр, баландии он 8 метр буда бузургтарин сангнавишта дар ҷаҳон мебошад. Аз навиштаи ин матн муаррихону нависандагон ва ҷаҳонгардони зиёде дар асару сафарномаҳои худ ҳикоят кардаанд.

Пешаз ҳама худи вожаи «Бесутун» ва маънои решавии он хеле ҷолиб аст. Дар назари аввал чунин менамояд, ки маънои ин вожа куҳест, ки сутун надорад. Вале агар ҷиддитар ва аз лиҳози решашиносии забонӣ ин вожа таҳқиқ шавад, он тамоман маънои дигар мегирад. Асли ин калима дар матнҳои қадим (форсии бостон) дар шакли «багастана/бағастана» (бағ- худо) ба маънои ҷойгоҳи худо омадааст. Баъдан бо мурури замон он тағӣири шакл карда ба шаклҳои «беҳистон/бистун/боғистон/бустон» омадааст. Дар навиштаҳои ҷаҳонгардон ва таърихнависони ҷаҳони қадим, масалан таърихнависи юнонӣ Дидориси Ситсилӣ (садаи аввали пеш аз мелод) дар забони юнонӣ ба шакли «Боғистанун» истифода шудааст. Ҳамин таърихнавис бо истинод ба навиштаҳои дигар ҳикоят мекунад, ки эрониён кӯҳистони Бесутунро ҷойгоҳ ва аз они худои бузурги хеш Аҳурамаздо медонанд. Ҳамин ном дар асарҳои муаррихони баъдӣ, махсусан дар навиштаҳои ҷуғрофидонони исломӣ ва баъдтар дар забонҳои аврупоӣ (англисӣ), ба гунаи талаффузи паҳлавӣ дар шакли «Беҳистун» (Behistun) вомехурад.

Сангнабиштаи Бистун шояд нахустин катиба ва осори хаттӣ дар таърихи инкишофи забонҳои эронӣ ва хусусан забони форсӣ бошад, зеро то ин дам чунин катибае ба забонҳои эронӣ, ки қабл аз он таҳия шуда бошад, ба даст наомадааст. Аз рӯи ҳамин хулосабандӣ Дориюши бузургро ба ҳайси аввалин ва куҳантарин таърихнависи эронӣ муаррифӣ кардан мумкин аст. Ин катиба на танҳо аҳамияти таърихӣ дорад, балки арзиши он ҳамчун як сарчашма ва маъхази илмӣ барои пажӯҳиши таърихи забонҳои эронӣ, дигаргуниҳо ва тағйироти вожагон, номҳои касон ва ҷуғрофӣ, шаҳрҳо, рӯдҳо, кӯҳҳо, тарзи нигориши матнҳо, гоҳшуморӣ ва тақвими эрониёни бостон, хулоса барои таҳқиқ ва омӯзиши ҷанбаҳо ва паҳлӯҳои гуногуни забону фарҳанги он давра беназир аст. Дар матни ин катиба аввал Дориюш дар бораи насабномаи худ дар бандҳои 1-2 ва сатрҳои 1-6 маълумоти муфассал медиҳад, ки барои ҷолиб будан ва аҳамияти забонӣ доштани он бахши насабномаи ӯро айнан меорем: «Ман Дориюш, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳ дар Парса (Порс), шоҳи сарзаминҳо, писари Виштоспа (Виштосп), нуваи (набераи) Аршамаи (Аршом) Ҳахоманишӣ.

Дориюш шоҳ гӯяд: Падари ман Виштосп, падари Виштосп Аршом, падари Аршом Ориёрамна, падари Ориёрамна Чишпиш, падари Чишпиш Ҳахоманиш аст.»[11]

Сипас Дориюш дар бораи ҷангҳояш бо шӯришгарон ва тобеъ намудани кишварҳои дигар, ки аввал шумораи онҳо ба 23 ва сипас ба 30 мерасад, ҳикоят мекунад. Дар номгӯи ин кишварҳо вилоятҳои сарзамини Осиёи Миёна низ ворид шудаанд, ки аз лиҳози вожашиносии таърихӣ хеле муҳим аст. Монанди Парсава-Порт, Ҳарайва-Ҳирот, Увворазмий (Хоразм), Бохтриш (Балх), Сугуда (Суғд), Маргуш (Марв), Сако (Сакистон). Дар ин катиба муфассал бо сабти дақиқи замон (моҳҳо ва солшуморӣ бо тақвими ориёӣ мебошад ва гоҳшумории ориёӣ аз аввали тирамоҳ оғоз шуда номи моҳи аввали онҳо Бағаёдайш (Бағйодӣ) ном дошт) ва номи саркардаҳо кишварҳо бо ҳодисаҳои ду се соли аввали ҳукмронии Дориюш нақл мешавад. Инчунин дар охир барои пасомадон ҳимоя ва нигоҳдории ин сангнабиштаро таъкид карда, баъзе ёрону ҳамсафони худро низ ёд кардааст.

Дарин катиба ҳамагӣ дар ду ҷой аз вожаи «ориё ва ориёӣ» истифода шудааст. Он ҳам яке дар матни эломии катиба, ки «Аҳурамаздо худои ориён» (банди 12, сутуни чорум) гуфта шудааст. Аз ин матн чунин хулоса кардан мумкин аст, ки тамоми қавмҳои ориёии давраи Ҳахоманишиён ба Аҳурамаздо саҷда карда, ӯро худои ягонаи худ медонистанд. Дар худи матни катибаи Дариюш низ ин ақида, яъне парастиши Аҳурамаздо ҳамчун худои ягона борҳо таъкид шудааст. Ҳатто агар матни сангнабиштаҳои аввал бо матни се соли баъд муқоиса шавад, мебинем, ки Дориюш дар соли аввали салтанати хеш худоёни дигар қавмҳоро низ бо чашми эҳтиром менигарист, вале дар навиштаҳои дигари худ, ки баъдтар таҳия шудааст, фақат аз худои ягона, аз Аҳурамаздо сухан мегӯяд ва дигар худоёнро умуман ном намебарад.

Ҷоидигаре, ки дар катибаи Дориюши бузург вожаи ориёӣ сабт шудааст ва то ба ҳол аз тарафи муҳаққиқон ба таври дуруст ва пурра хонда нашудааст, банди 20 сатрҳои 92-89 ё дурусттараш сатри 89 мебошад. Ин матн то ба ҳол чунин бозхонӣ шудааст. «Дориюш гӯяд: Ба хости Аҳурамаздо ин аст набиштае, ки ман кардам. Афзун дар ин ба «ориё» (ориёӣ). Ҳам бар рӯи пӯст (пӯсти дарахт/лавҳи гилин) ва ҳам бар рӯи чарм тасниф шуд. Пайкараи худамро ҳам барсохтам. Таборномаамро ҳам гузориш кардам. Инҳо дар пеши ман навишта ва хонда шуд ва гувоҳӣ (муҳр) шуд. Он гоҳ ман ин набиштаро ба ҳама ҷо дар миёни сарзаминҳо фиристодам. Мардум ёрӣ карданд.»[12]

Матни русии он ба тариқи зерин аст: «Милостью Аҳурамазды, эта надпись которую я сделал кроме как на арийском языке она была также на глиняных табличках и на коже. Кроме того, я изготовил свое скульптурное изображение. Кроме того, я свое родословие составил. Это написано и прочтено мне. Затем и эту надпись послал во все страны».[13] Агар ҳар дуи ин матнҳо муқоиса шавад, фарқияти онҳо ба равшанӣ маълум мешавад. Аз матни русӣ баръало маълум мешавад, ки Дориюш навиштаи худро ба забони ориёӣ навиштааст. Дар худи матн фақат дар ҳамин ҷо забони катиба, ки «ба ориёӣ» будааст, нишон дода шудааст. Дориюш дигар дар ягон ҷои дигари матн номи забони катибаи хешро нагирифтааст. Яъне маълум мешавад, ки дар он замон номи забон ва хатти ориёӣ маълум будааст.

Албатта, муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон дар иртибот бо ин мавзӯъ тахминҳои дигаре мезананд, ки гӯё дар ин ҷо масъалаи хати ориёӣ матраҳ аст. Тавре, ки таҳиягари китоби «Бесутун, катибаи Дориюши Бузург»-мегӯяд «Яке аз ҷангҷолитарин бахшҳои Катибаи Дориюш» банди поёнии сутуни чаҳорум (сатри 89) мебошад, ки аз нигориш ё тарҷумаи дигаре аз катиба ба «ориёӣ» (хат ё забон?) ёд мекунад, ки тарҷумаи дақиқи он метавонад равшангари бисёре аз ногуфтаҳо дар бораи замони пайдоиши хати мехии порсии бостон бошад, ки имрӯзҳо маҳали ихтилофи назари фаровон аст».[14] Баъдан ӯ зикр мекунад, ки аз тарафи дигар аз подшоҳон ва шоҳони маҳаллии Ҳахоманишиён баъд аз Дориюш низ бо ин хат осору сангнабиштаҳои зиёде боқӣ мондааст, ки баъзеи онҳо бо номи шоҳони гузашта навишта шудааст. Мутаассифона, ин қисмати сангнабиштаи Дориюш хеле осеб дидааст ва бо кӯшишу эҳтимоми зиёд ва аксбардориҳои дақиқ нигоҳ накарда, то имрӯз ба куллӣ ва пуррагӣ матни он комилан ва аниқ хонда нашудааст. Дар поёни ин банд равшан таъкид шудааст, ки навиштаҳои ориёӣ ва рӯнавиштҳои он ба сарзаминҳои дигар низ фиристода шудааст. Намунаҳои он дар Миср ва Бобул низ пайдо шудааст, ки онро ба хат ва забони оромӣ медонанд. Ҳол он ки дар сурати дақиқ муайян кардани хусусиятҳои ин набиштаҳо шояд номи ин набиштаҳо ва забони онро ориёӣ гузорем. Вале эҳтимоли қавӣ меравад, ки худи навиштаҳои Дориюши Бузург, ки имрӯз номи онро шартан забони форсии бостон гузоштаанд, ба забон ва хатти ориёӣ навишта шудааст ва забони форсии бостон ва ориёӣ як забон буда дар замони салтанати Ҳахоманишиён забони расмӣ ва меъёрии на танҳо қабилаҳои форс, балки тамоми эронитаборони ҳамон замон будааст. Мо ин фикри худро бо пешниҳоди сангнабиштаи дуюм, ки қариб 800 сол баъд дар замони Кӯшониён дар минтақаи дигари эронитаборон навишта шудааст, тақвият медиҳем.

Дарминтақаҳои шарқии Эрони таърихӣ сарзаминҳои Бохтару Суғду Синду Ҳинд баъд аз завол ва фурӯпошии давлати Юнону Бохтарӣ дар асрҳои II- I пеш аз мелод давлати бузурги Кӯшониён ба вуҷуд омад, ки дар таърих бо номи давлати ҳиндусакоиҳо ё ба ибораи дигар индоскифҳо машҳур гардид. Ин давлат ё императорӣ ё ба қавли худи Кӯшониҳо шоҳаншоҳӣ тахминан дар охири асри II – аввали асри I- то мелод ба ҷои давлати Юнону Бохтар таъсис ёфта, номи бостонии Бохтар, ки ҳазорсолаҳо номи як минтақаи қадимӣ ва маркази Ориёно буд, бо номи қабилаҳои асосии Кӯшониҳо тахориҳо ба номи Тахористон ё Тохаристон табдил ёфт. Яъне гуфтан мумкин аст, ки бо таъсиси давлати Кӯшониҳо дар таърихи Осиёи Марказӣ ва қавмҳои эронии ин минтақаҳо таҳаввулоти азими таърихӣ ба вуҷуд омада, халқҳои ин сарзамин ба доираи муносибатҳои нави иҷтимоию сиёсӣ кашида шудаанд. Кӯшониҳо, ки худ як қавми эрониасл буда, дар як муддати муайян сарзаминҳои худро васеъ намуда аз Ҳиндустон то Баҳри Арал ва аз Чин то Ҳирот як империя ё шоҳаншоҳии бузурге таъсис доданд ва аз охири ҳазорсолаи то мелод то мобайнҳои асри VI-мелодӣ (ҳайтолиҳо охирин бозмондаҳои онҳо буданд, ки аз тарафи туркҳо дар солҳои 563 – 567 торумор гардиданд ва сарзамини онҳо байни Хоқони турк ва Сосониҳои Эрон тақсим гардид) дар таърих ва тамаддуну фарҳанги ин минтақа нақши боризе доштанд. Ин сулола ба равнақи илму маърифат таваҷҷуҳи зиёде медод ва забони коргузорӣ ва расмии ин шоҳаншоҳӣ дар баробари забони юнонӣ (дар аввал) ва забони паҳлавӣ (дар охир) забоне буд, ки онро бар асоси таҳқиқи осори бозмондаи онҳо пажӯҳишгарон бохтарӣ номидаанд ва худи онҳо дар асоси як сангнабиштаи солҳои охир ба даст омада ориёӣ хондаанд.

Инсангнабишта дар соли 1993 аз ноҳияи Работак дар вилояти Самангони Афғонистон, 50 километр дуртар маъбади Сурхкӯтали вилояти Бағлон ёфт гардид, ки он дорои 22 сатр, 90 сантиметр дарозӣ, 50 сантиметр бар ва 25 сантиметр ғафсӣ мебошад.

Инкатиба дар соли 1996 дар маҷаллаи ҷопонии «Роҳи абрешим» аз тарафи Сейм Вилямс (Sime — Williams) эроншинос ва сиккашинос Ҷуе Крибби (Joe Cribb) барои бори аввал чоп гардид. Аз маълумот ва иттилооте, ки дар ин мақола омадааст, матни ин катиба ҳанӯз пурра бозхонӣ нашудааст ва сабаби навиштани он ба тахт нишастан ва ба сари қудрат расидани шоҳаншоҳи кӯшониён Канишка мебошад.[15]

Канишка ба муносибати ҷулуси худ барои муқаддас доштани худоён (махсусан олиҳаи Нано (Nana) ё ба шакли дигар Анаҳито, ки аз тарафи Кӯшониён сахт эҳтиром мешуд) парастишҷой ё ибодатхонаи Работакро бунёд менамояд. Канишка барои сабти абадии ин ҳодисаи таърихӣ ва боқӣ гузоштани он ба наслҳои оянда фармон медиҳад, ки ин катибаро бо ду забон – забони юнонӣ ва забони ориёӣ нависанд. Ин сангнабишта 7 фасл дошта, қисмати дастур ва фармони Канишка дар бораи ба ду забон (юнонӣ ва ориёӣ) навиштани он дар тарҷума чунин аст: «Вави (Канишка) фармон дод то онро ба юнонӣ ва сипас онро бо забони ориёӣ (Ariao) бинависанд»[16].

Тавре, ки аз ин ду катиба маълум мешавад, дар фосилаи байни соли 521 пеш аз мелод, аз навиштани катибаи Дориюши бузург дар Бесутун то соли 278 мелодӣ[17] (соли ба тахт нишастани Канишкаи I) дар ҳудуди 800 сол забони катибаҳо ва ё забони расмӣ ё, яке аз забонҳои расмии ин минтақаҳо, ки бо номи Эроншаҳр маълум аст, забони ориёӣ (дар навишти Дориюши бузург Ariya ориёӣ ва дар навишти Канишкаи I (Ariao — ориёӣ) будааст. Умуман, баъд аз пайдо шудани ин катиба ба забони ориёӣ ва сангнабиштаи Дориюш, ки акнун аниқ аст, ки манзури Дориюш забони ориёӣ аст, ин фикр пайдо мешавад, ки шояд забони ориёӣ ва забони форси бостон (номи шартӣ) як забон бошанд. Шояд забони форсӣ, ки асосан дар даври Сосониҳо ин ном дар қатори забони паҳлавӣ (портӣ) пайдо шуд, ва сипас забони форсии дарӣ ва имрӯз форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ дар тамоми муддати мавҷудияти халқҳои ориёӣ ва эронӣ як забони байниқавмӣ ва ё як забони муоширати байни қавмҳо ва халқҳои гуногуни эронинажод будааст ва тавре, ки дар суханронии Э.Ш. Раҳмонов, президенти кишвар дар 14-мин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барҳақ қайд гардидааст: «Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулуки Аҷам»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом «Шоҳнома»-ву «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи Шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро ба қалами Айниву Турсунзода ва Аллома Ғафуров бинависад»[18].

  1. Grundriss der iranischen philologie B d I-II Strassburg 1895-1904
  2. Основы иранского языкознания 3-х томах, М., 1979-1987
  3. Абаев В.И. Историко-этимологический словар осетинского языка М.;- Л 1958-1989 в 4—х томах.; Гамкрелидзе Т.В., Иванов В.В. Индоевропейский язык и индоевропейцы в 2-х томах. Тблиси, 1984; Оранский И.М. Иранские языки в историческом освещении.- М.; 1979 и др.
  4. Morgenstierne D. Irano-Dardica/ Wiesbaden, 1973, c. 327-343: Основы иранского языкознания. Т. 1. Древнеиранские языки, М., 1979, стр. 28
  5. Morgenstierne D. Irano-Dardica/ Wiesbaden, 1973, c. 327-343: Основы иранского языкознания. Т. 1. Древнеиранские языки, М., 1979, стр. 28
  6. Основы иранского языкознания. Т. 1.Древнеиранские языки, М., 1979, стр.63; Оранский В.М. Иранские языки. М., 1963. с.32.
  7. Основы иранского языкознания. Т.1. Древнеиранские языки, М., 1979, стр.62.
  8. Основы иранского языкознания. Т. 1.Древнеиранские языки, М., 1979, стр.65
  9. Ҳамин асар, с.68
  10. Оранский И.М. Введение в иранскую филологию, М., 1960, стр.43; Основы прописного языкознания, т.1. Древнепрописные языки, М., 1979, стр.28.
  11. Ризо Муродии Ғиёсободӣ. Бесутун, Катибаи Дариюши Бузург, Теҳрон, 1384, 2006, с.23.
  12. Ризо Муродии Ғиёсободӣ. Бесутун, Катибаи Дариюши Бузург, Теҳрон, 1384, (2006, с.40), (иловаҳои қавсайн низ аз ин китоб гирифта шудааст).
  13. Луконин В.Г Искусство Древнего Ирана., М.-1977, с.59
  14. Ризо Муродии Ғиёсободӣ. Бесутун, Катибаи Дариюши Бузург, Теҳрон, 1384, (2006, с.16),
  15. Ориёнфар Шамсулҳақ, Сангнабиштаи забони ориёӣ дар Афғонистон// Фишурдаи мақолоти панҷумин анҷумани байналмилалии устодони забон ва адабиёти форсу тоҷик, Душанбе, 2006, с.32-34.
  16. Ориёнфар Шамсулҳақ, Сангнабиштаи забони ориёӣ дар Афғонистон// Фишурдаи мақолоти панҷумин анҷумани байналмилалии устодони забон ва адабиёти форсу тоҷик, Душанбе, 2006, с.33.
  17. Ғафуров Б.Ғ.Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна.- Душанбе: Ирфон 1983, с.194.
  18. Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Душанбе, 8-уми сентябри соли 2005.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *