Фанни Забони точики

Хабар — меҳвари ҷумла

Хабар чунон ки гуфта шуд, яке аз сараъзои ҷумла буда, амал, ҳолату вазъият ва аломатеро ифода менамояд, ки ба предмети сухан—мубтадо нигаронида шудааст. Дигар аъзоҳои ҷумла (ҳол, пуркунанда ва муайянкунандаи таркиби хабар) ба хабар тобеъ гашта, ба воситаи он ба мубтадо муносибат пайдо мекунанд.

Ба вазифаи хабар асосан феъл серистифода аст. Ба ин вазифа исм, сифат, ҷонишин, шумора, масдар, сифати феълӣ ва калимаҳои дигар низ меоянд, ки аз онҳо исм, сифат ва масдар бештар истифода меша­ванд.

Хабар дар ҷумла нисбат ба мубтадо чунин маъноро мефаҳмонад:

  1. амалеро мефаҳмонад, ки аз тарафи мубтадо иҷро шудааст. Муб­тадои ин гуна ҷумлаҳо асосан аз исмҳои ҷондор ва амалкунанда ташкил мегардад:
    1. амалеро мефаҳмонад, ки мубтадо қабул кардааст:

The garden was full of joy and dance of the guests.

3) аломатеро мефаҳмонад, ки ба мубтадои ҷумла нигаронида шу­дааст. Мубтадои ин гуна ҷумлаҳо аксар бе муайянкунандаи сифатӣ меояд, чунки муайянкунандаи сифатӣ дар вазифаи хабар воқеъ мешfвад.

  • ҳолати мубтадоро мефаҳмонад:

Дар забони англисӣ хабар (the predicate) сараъзои ҷумлаест, ки он дар бораи чи кор кардани мубтадо маълумот медиҳад. Хабар ба саволҳои: what does the subject do? Мубтадо чи кор мекунад? what is done to the subject?

Бо мубтадо чи рух медиҳад? ва what is it like? Ин чигуна аст ? what is it? Ин чист? who is it? Ин кист?

Хабарҳо аз рўи сохташон сода(the Simple Predicate) ва таркибӣ (Compound Predicate) мешаванд. Хабарҳои таркибӣ дар навбати худ ду намуд- таркибҳои номӣ ва таркибҳои феълӣ тақсим мешаванд:

He learns French (хабари содда).

My father is a doctor. (хабари таркибии номӣ)

I must go there at once. (хабари таркибии феълӣ)

Хабари содда бо воситаи феъл дар шакли шахсӣ дар замон, тарз ва сиғаи муайян ифода мегардад:

She works at a factory.

He is reading.

They will return soon.

The goods were loaded by means of cranes.

А.И. Каменский, И.Б. Каменская хабари таркибии забони англисиро ба чор гуруҳ тақсим намудаанд:

1. Хабари феълии сода (Тhе Simple Verbal Predicate);

2. Хабари феълии модалӣ (Тhе Modal Verbal Predicate);

3. Хабари феълии иборавӣ (гуруҳӣ) (Тhе Group Verb Predicate);

4. Хабари таркибии номӣ (Тhe Соmроиnd Nominal Predicate). [1]


[1] Каменский А.И., Каменская И.Б. Практическая грамматика наглийского языка. Справочное пособие для неязыковых вузов. – Часть 1. -Харьков: ИНЭМ, 2002. – 278 с.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *