Фанни Забони точики

Забони тоҷикӣ нахустунсури пояи фарҳангии миллат

Забон бузургтарин сармояи фарҳангӣ ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои ҳар миллат буда, дар ҳифозати асолати миллӣ ва ба ояндагон мерос гузоштани ҳувияти миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Забон оинаи тамомнамои шуури иҷтимоӣ ва рангу бӯи арзишҳои миллии ҳар қавму миллат аст. Забони модарӣ нахустин ва пойдортарин нишони безаволии миллат аст. Забони модарӣ аз овони кӯдакӣ ҳамроҳ бо шири модар дар хонавода ба тору пуди ҳар як инсон мепечад ва ҳар шахс якҷоя ба забони модарии худ ба камол мерасад. Забони модарӣ решаи ҳувияти миллии ҳар шахс гардида, меросу ирсияти чандин наслро дар ҳувияти инсон побарҷо мегузорад. Яъне забони модарӣ ба воситаи модар ва хешовандони наздик ба кӯдак мегузарад ва асоси ҳувияти ӯ дар аз худ кардани арзишҳо, боварҳо ва суннатҳои миллӣ мегардад. Забони модарӣ бо сухани ноб пайванди ногусастанӣ дорад, зеро ҳар гоҳ сухан аз асолати миллӣ ва баргашт ба решаҳои миллӣ ба миён меояд, ҳифз, нигаҳдорӣ ва густариши забони модарӣ ба ҷойгоҳи аввал мебарояд.

Дардаврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забони тоҷикӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд.

Валеимрӯз дар бораи забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он фикрҳои гуногун пайдо шудаанд ва аз тарафи баъзеҳо фарзияҳо ва тахминҳои бебунёд ва ғайриилмӣ пешниҳод мегарданд. Барои ҳамин пажуҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихи этникӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи этноними тоҷик барои устуворсозии босанад ва бодалели мавҷудияти миллати тоҷик дар вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик аҳамияти ҳалкунанда касб мекунад. Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Баъзеҳо даъво доранд, ки забони тоҷикии мо танҳо дар Тоҷикистон амал мекунад ва берун аз қаламрави ҷумҳурӣ дигар қобили истифода нест. Дар ибтидои таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон оид ба масъалаи навиштани таърихи Тоҷикистон намояндагони ҷумҳурии ҳамсоя аз мутахассисони мо талаб мекарданд, ки таърихи моро фақат дар маҳдудаи қаламрави Тоҷикистони кунунӣ таҳия кунанд. Гӯё Самарқанду Бухоро ё Балху Ҳироту Нишопур ба таъриху тамаддуни мардуми Тоҷикистон тамоман иртиботе надоранд. Ин баҳсҳо ҳангоми навиштани шоҳасари «Тоҷикон» ҳам аз тарафи душманони миллати мо доман зада шуда буд. Шумо худ қазоват кунед, ки ин даъвоҳои ғаразнок чи ҳадаф доранд ва ба деги кадом гурӯҳҳо равған мерезанд.

Бархе дигар ақида доранд, ки гӯё забони тоҷикӣ асос ва заминаи илмӣ ва таърихӣ надорад ва он гӯё барои тақсимбандии забони ягонаи форсӣ ба таври сунъӣ номгузорӣ шудааст. Ин ақида бештар дар байни фарҳангиён ривоҷ дорад ва онҳо гӯё тарафдори ягонагии забони мо бо гунаҳои дигари он дар Афғонистону Эрон мебошанд. Агар баъзеҳо забони тоҷикии моро бештар дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд намоянд, дигарҳо ба ягонагӣ ва ваҳдати форсизабонон ва тоҷикзабонони дунё зарба мезананд. Дар байни мардуми мо ва халқҳои Эрону Афғонистон мухолифат меандозанд. Ҳол он ки барои ҳар як равшанфикри каму беш аз таърихи забони мо бохабар маълум аст, ки агар қабилаҳову халқҳои сомиву аврупоӣ бо фарҳангу тамаддуни мо ба воситаи форсиёну форсизабонон ошно шуда забони моро «форсӣ» номида бошанд, халқҳои туркзабону мардуми Чину Ҳиндустон ба воситаи мардуми тоҷик бо фарҳанги мо-ориёиҳо ошно шуда забони моро «тоҷикӣ» хондаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи «Забони тоҷикӣ пояи таърихӣ надорад»–и Обиди Шукурзода дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» 10.10.2012 чунин гуфта мешавад, ки гӯё «забони тоҷикӣ» асоси таърихӣ надошта, бофтаи бегонагон мебошад.

Инақидаи ӯро яке дигар бо номи Сафар Абдуллоев дар рӯзномаи Миллат (16.01.2013) тарафдорӣ карда менависад: «…Номи забони тоҷикиро ба мо душманонамон таҳмил кардаанд ва ин ном бештар таъбири сиёсӣ аст, на таъбири ъилмӣ»

Обиди Шукурзода дар хӯрдагирии худ то андозае пеш меравад, ки рӯйрост ба таҳқири «забони тоҷикӣ» даст мезанад. Ӯ менависад: «Чӣ агар «Хусрав»-ро «Каҷрав» ном бурдан зишт бошад, низ «форсӣ»-ро «тоҷикӣ» гуфтан зишттар аз он аст». Ин рӯзноманигори «босавод» донишу саводнокии худро дар бораи таърихи пайдоиши ибораи «забони тоҷикӣ» нишон доданӣ шуда менависад: «Забони мо, ки форсӣ буд, аз соли 1938 ин ҷониб бо диктаи (дасти зур)-и мутаҷовизини рус «тоҷикӣ» кунонида шуд» ва боз илова мекунад: «таъбири «забони тоҷикӣ» бофтаи душман аст ва тавҳине ба исми забони модарии мост».

Агарин ду ақидаи зиддитоҷикӣ торафт инкишоф ёфта тарафдорони зиёд пайдо кунад, аввал номи забон, баъд номи миллат ва баъд номи кишвар ҳам зери шубҳа қарор хоҳад гирифт, ки ин амалро имрӯз ҳам душманони мо доман зада истодаанд.

Номизабон одатан аз номи халқҳои соҳиби ин забон пайдо мешавад. Забони форсӣ ҳам аз номи қабилаҳои ориётабори порсҳо (форс-муарраби порс) гирифта шудааст. Ин қабилаҳо ҳудуди 3-4 -ҳазор сол пеш аз сарзаминҳои Осиёи Марказӣ ба Ғарб куч баста, дар қарнҳои XII-XI пеш аз мелод дар сарзамини ҳозираи Озарбойҷони Эрон ва як бахши Туркия қарор дошта, аз қисмати Ғарб бо модҳо ҳамсарҳад буданд. Баъд аз ду қарн ин қабилаҳо ба сарзамини ҳозираи худ-вилояти Порси Эрон омада дар он ҷо сокин шуда, халқҳои маҳаллии ин минтақа иломиҳоро оҳиста-оҳиста ба фарҳангу тамаддуни худ ҳамроҳ намуданд.

Минбаъд бо пайдо шудани ду хонадони бузурги шоҳаншоҳӣ- Ҳахоманишиниён ва Сосониён номи ин халқи эронитабор ба минтақаҳои дигар паҳн шуд ва хусусан номи забони форсӣ баъд аз интишори ислом ва футуҳоти араб ба қисмати шарқии Эрон бештар паҳн гардид ва оҳиста-оҳиста ба ҷои «дарӣ» ва «тоҷикӣ» истифода гардид. Ин ақида, ки забони форсӣ асосан забони вилоятҳои ҷанубу ғарбии Эрон аст, дар тамоми фарҳангҳои муътабари форсии даврони исломӣ бо андаке тағйирот вомехӯрад. Масалан, дар «Бурҳони қотеъ» дар ин бора чунин омадааст: «Ва порсӣ забонеро гӯянд, ки дар вилояти Порс, ки дорулмулки Истахр аст, мардумон бад-он сухан гӯянд». Дар ҳамин ҷо ӯ нисбат ба хусусиятҳои хоси забони дарӣ мефармояд: «Ва дарӣ он аст, ки дар он нуқсоне набувад, ҳамчу абрешум ва испед ва ишкам ва шутур ва бираву бигӯ ва бишнав ва амсоли онҳо. Пас бирешум ва сапед ва шикаму уштур ва раву дав ва гӯву шунав дарӣ набошад». Ҳар ду вожа, ҳам «тоҷикӣ» ва ҳам «форсӣ» (дар давраи форсии миёна дар шакли «parsig») аз давраҳои бостонӣ (ҳадди ақал аз асри II мелодӣ) мавриди истифода буданд ва аз номи қавму халқҳои ориёнажоди тоҷику форс сарчашма гирифтаанд.

Номизабони тоҷикӣ ҳам ба номи халқи тоҷик ва қавмҳои ориёии ба он наздик алоқаманд буда, таърихи дерина дорад. Бар хилофи қабилаҳои форсӣ ин қавмҳо ба таври доимӣ дар Ватани аслии худ-ду тарафи дарёи Аму боқӣ монданд ва аз рӯи ривояти таърихии мардуми ориёитабор номи худро аз номи яке аз сарқабилаҳои ориёӣ бо номи Тоҷ гирифтаанд ва ҳамвории бузурги имрӯзаи назди баҳри Хазар-дашти Тӯрон дар аҳди қадим дашти Тоҷик ном дошт. Тавре ки номи Арал дар замонҳои пеш бо номи баҳри Вахш машҳур буд. Таҳқиқу таҳлили истилоҳи «тоҷик» ба таври илмӣ дар ховаршиносии ғарбӣ таърихи беш аз дусадсола дорад. Дар илми аврупоӣ масъалаи пажӯҳиши вожаи «тоҷик» бори аввал дар як мақолаи М.Клапрот бо номи «Дар бораи бухороиҳо» баррасӣ шудааст. Ин мақола соли 1823 дар ҷилди дувуми маҷаллаи «Журнал азиатик» чоп шудааст.[1]

Валеаввалин иттилоъ дар матбуоти Русия оид ба тоҷикон аз ин ҳам пештар пайдо шудааст. Дар маҷаллаи русии «Навиди Европа» (Вестник Европы) аз моҳи апрели соли 1815 мақолаи начандон калоне бо номи «Дар бораи халқҳои сокини Персия» чоп шудааст, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад. «Мардуми бумии ин давлат бо исми номниҳодаи форсҳо номи тоҷикро доранд. Онҳо моҳиятан омехтаи халқиятҳои гуногун, арабҳо, габрҳо (зардуштиён), яҳудиҳо буда, ихтиёрӣ ё ғайриихтиёрӣ ва маҷбурӣ дини муҳаммадиро пазируфтаанд»[2]. Ба қавли муҳаққиқи рус Н.В.Ханыков «…Аз ҳамин сабаб калимаи «тоҷик» дар ватани аслии Зардушт, ки таълимоташ дар Бохтар хеле пештар аз он ки ба Ғарб (Эрони ғарбӣ дар назар аст) ворид шавад, роиҷ буд…»[3] Ҳамчунин ақидае мавҷуд аст, ки «калимаи «тоҷик» ҳамрадиф ва ҳаммаънои «ориёӣ», яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик» мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ба ҷои номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст.»[4]

Муҳаққиқи шинохта Муҷтабо Минавӣ дар мақолаи худ «Тоҷик ва турк дар асри Байҳақӣ» далелҳои зиёди таърихиро оид ба сарнавишти вожаи «тоҷик, тожик, тозик» баррасӣ карда, дар охир чунин менависад: «Аз тамомии мисолҳое, ки оварда шуд, рӯшан мешавад, ки мурод аз тоҷик ва тожику тозик дар кутуби форсӣ атбоъ ва саканаи эронӣ дар заминҳои эронинишин аст дар муқобили туркон ё муғулон, ки бар он арозӣ мусаллат будаанд». Ин ақида имрӯз дар байни ховаршиносони Ғарб низ бартарӣ дорад. Дар «Фарҳанги нави форсӣ-англисӣ» (соли 2005) мехонем. «(tajeek) One who is neither a Turk nor an Arab; [among the Turks] a Persian», яъне «Тоҷик он ки на Турк аст на Араб, (дар байни туркҳо) форс».[5]

Вожаи «тоҷик»-ро ҳамчунин ба қавмҳои ориёии тахориву ҳайтолии давлати шоҳаншоҳии Кушониёни бузург, ки дар ҳудуди 450-600 сол якҷо бо ҳайтолиён дар минтақаи бузурги сарзаминҳои Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, қисмати шимолии Ҳиндустон, Эрони шарқӣ ва Хитои ғарбӣ (Қошғару Хутану Уйғуристон, ки дар он давра Тахористони бузург номида мешуд) нисбат медиҳанд.

Тавре маълум аст, бо омадани тахориён ба минтақаи Бохтар номи ин сарзамин дигар шуд ва минбаъд Тахористон ба ҷои Бохтар истифода гардид ва забони ин минтақа ҳам дар баробари истифодаи номи бохтарӣ ё кӯшонӣ забони тахорӣ номгузорӣ шуд ва ба ақидаи баъзе муҳаққиқон[6] ҳам вожаи «тоҷик» ва ҳам вожаи «дарӣ» аз ҳамин калима маншаъ гирифтааст.

Дарҳуҷҷату санадҳое, ки имрӯз бо забони тахории бохтарӣ дар сарзамини Афғонистон пайдо шудаанд, вожаи «тоҷик» дар чандин санаду сиккаҳои подшоҳони пеш аз ислом вомехӯрад, ки мо алҳол чанд намунаи онҳоро меорем.

Маълумоти аввал ба сангнавиштаи Яковланг дар Афғонистони марказӣ иртибот дорад, ки қисмати аввали он чунин тарҷума шудааст: «Дар соли 392 (баробар ба 624 мелодӣ) моҳи сабул буд, ки обод шуд бунёди ин ступа аз тарафи ман Алхис писари Харос Хадив аз Роғи Самангон вақте ки ман подшоҳи турк ва подшоҳи тоҷик шудам.»[7]

Намунаи дигар ба сиккаҳои пеш аз даврони исломӣ иртибот дорад. Дар солҳои 60-уми қарни XX маҷмуаи сиккаҳои даврони Ҳайтолиён пайдо гардид, ки панҷ сиккаи он аз тарафи донишманд ва забоншиноси Олмон Ҳелмут Ҳумбох бозхонӣ шуд. Яке аз шоҳони Хуросон, ки ба муқобили арабҳо ҷангида, онҳоро дар яке аз муҳорибаҳо шикасти сахт додааст, дар пушти сикка чунин менависад: «Қайсари Рум, Худои бузург. Шоҳи Тоҷикон-fromo kēsaro bago xaodēo tazikano xaro».

Азин матн бармеояд, ки вожаи «тозиг» ба араб ва шоҳи араб ҳеҷ иртиботе надорад, зеро гумон аст, ки намояндагони дини ислом ва ҳатто сарлашкарон (дар ин давра дар байни исломиён вожаи «шоҳ» ҳамчун истилоҳи расмӣ вуҷуд надошт) дар бунёди як бинои дини дигар ширкат намояд. Чунки онҳо дар ин давра бино ба сиёсати истилогаронаи худ чунин маъбадҳоро ҳатман хароб мекарданд. Аз ин матн чунин хулоса кардан мумкин аст, ки сухан дар бораи шоҳони маҳаллии тоҷикон меравад (масалан шоҳони тоҷики Бомиёну Хатлон), ки дар ин сарзамин то омадани арабҳо ҳукмронӣ мекарданд. Ин санади нав дар бораи маъмул будани истилоҳи тозик // тоҷик андешаеро ба миён меоварад, ки забони тахории бохтарӣ шояд оҳиста-оҳиста ба забони тоҷикӣ ва қавми бохтариҳои ин сарзамин ба халқи тоҷик табдили ном карда бошанд. Вале истилои араб ҷараёни ташаккули халқи тоҷикро ба таъхир меандозад. Бо омадани сулолаҳои тоҷиктабори Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ин ҷараён аз нав ҷон гирифт ва дар давраи Сомониён ҷараёни ташаккулёбии халқи тоҷик, ки дар давраи Кӯшониёни Кабир оғоз шуда буд, ба анҷом расид.

Дарин санаду ҳуҷҷатҳои дарёфтгардида хушбахтона ҳам шакли дурусти истифодаи вожаи «тоҷик» ба маънои қавми тоҷик ва ҳам вожаи «тозиён» ба маънои араб дида мешавад. Яъне аз вожаи «тозиён» пайдо шудани вожаи «тоҷик» ҳамчун фарзияи бебунёд рад мегардад, ки дастоварди муҳим дар илми тоҷикшиносист. Номи қавми тоҷик дар ин аснод ба шакли «Tazigo» (дар забони бохтарӣ «о»-и охир калимаҳоро аз ҳам ҷудо мекунад), яъне «Тозик» (дар давраи аввали забони бохтарӣ) ва «Тожик» (дар давраи охир бо ишора намудани «ж»-и тоҷикӣ бо «ź» (дар болои ҳарфи «z» — се нуқта илова мегардид) омадааст. Номи қавми араб дар шакли «Toziio» ба шакли сифатии «taziiaggo»-тозиянг, яъне арабӣ низ зикр шудааст. Як калимаи дигар ҳам ба ду шакл дар ин матнҳо омадааст, ки онро қаблан муҳаққиқон «араб» хондаанд. Ин калима вожаи «тоза»- и бохтарии тоҷикист, ки дар шакли tazauo ва tazago (аз назари забонӣ шакли аввал қадимитар аз шакли дувум аст.) вомехӯрад. Ибораи draxmo tazauo\tazago simiggo ба маънои «дирҳами тозаи нуқраӣ аст». Дар «Асноди бохтарӣ Симс Вилямс (2000) матни онро чунин тарҷума кардааст: «Умед аст, ки мардуми Бомиён, турк, тоҷик ва маҳал … розӣ бошанд». Ин санад дар бораи фурӯши замин аст, ки соли 525 бохтарӣ баробар ба 758 мелодӣ таҳия шудааст. Дар охир илова карданием, ки ҳам вожаи «тоҷик» ва ҳам вожаи «дарӣ» ба решаи ягонаи «тахорӣ» ва «таоҷӣ» ҳамчун номи қавми тоҷик дар давраҳои пеш иртиботи ногусастанӣ дорад. Агар вожаи «тоҷик» ба номи «таоҷӣ»- қавми ориёӣ, ки асосгузори давлати Кушониёни Кабир буданд, иртибот дошта бошад, пас вожаи «дарӣ» аз калимаи «тахорӣ» (тхарӣ-дарӣ) баромадааст. Тахориҳо ба сарзамини Бохтар омада, номи ин минтақаро минбаъд ба Тахористон табдил доданд, ки ба ҳамагон маълум аст.

Даркитоби «Сафарнома»-и Клавихо, ки муаллифи он дар асри XIV аз Испания ба Самарқанд ба дарбори Темур ҳамчун сафири шоҳи Кастилия сафар кардааст. Ӯ менависад: «Ин шаҳр (яъне Андхӯй- С.Н.) ба сарзамини Мод тааллуқ надорад ва ба сарзамини бо номи Тахикиния (Тоҷикия, Тоҷикистон – С.Н.) шомил аст, забони он аз забони форсӣ андаке фарқ дорад, вале асосан ба он монанд аст». Дар ҳамин «Сафарнома» Клавихо вилояти Райро низ шомили кишвари Тоҷик шумурда менависад: «Потом покорил всю землю и империю Орасании (Хорасан), а также всю землю Тахикинии (Таджикии), называемую Рей…» яъне «Баъдан (Темур- С.Н.) тамоми сарзамин ва империяи Орасан (Хуросон) ва ҳамчунин тамоми ҳудуди Тахикиния (Тоҷикия, Тоҷикистон)-ро бо номи Рай тобеъ намуд»[8]. Аз намунаҳои оварда маълум мешавад, ки дар асрҳои миёна низ яке аз номҳои Хуросони бузург ба номи «кишвари Тоҷик» ва «вилояти Тоҷик» ё «Тоҷикия, Тоҷикистон» маъруф будааст.

Акнун ба тафсири чанд намунаи дигар мепардозем, ки дар онҳо ибораи забони тоҷикӣ бо шаклҳои гуногун вомехӯрад.

Даряке аз нусхаҳои хаттии монавӣ-портӣ (нусхаи хаттии шумораи 339 м., ин нусха дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад), кашфшуда аз Турфон, ки эҳтимолан марбут ба қарни ҳашти мелод мебошад, номи забони тоҷикӣ дар ибораи par tazigane awak — «ба забони тоҷикӣ», ё айнан «ба овои тоҷикона» омадааст. Дар ин нусхаи кучак омадааст, ки роҳибони монавӣ дар вақти ибодат ба забони тоҷикӣ ниёиш мекарданд.

Намунаи дувум ба сарчашмаҳои тибетӣ марбут аст. Дар Тибет дар маъхазҳои динии ин кишвар ба номи Бонпо кишвари Тагзик ва забони тагзик вомехӯрад, ки гӯё ин кишвар дар сарзамини Осиёи Марказӣ воқеъ будааст. Муҳаққиқони русзабони таърихи бостонии Тибет Б.И. Кузнетсов ва Л.Н.Гумилёв истифодаи ин калимаро ба маънои кишвари Эрон ва эрониҳо дониста тарзи навишти гуногуни калимаи тоҷикро овардаанд (Stag-grig, rta-mjig, atag—bzni, rtag-gzigs, tazig ва ғайра).[9] Л.Н. Гумилёв дар асари худ «Величие и падение древнего Тибета» (Сууд ва суқути Тибети қадим) менависад, ки «Священная книга Бон была написана Шэнрабмибо на языке тагзик и переведена на другие языки» Яъне «Китоби муқаддаси Бон аз тарафи Шенрабмибо (пайғомбари дини Бонпо, ки аслан эронитабор будааст.- С.Н.) ба забони тагзик (тоҷикӣ) навишта шуда, сипас ба забонҳои дигар тарҷума шудааст».[10]

Муҳаққиқи дигар Дж.М.Райнолдс дар мақолаи худ таҳти номи «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Бонпо» қайд мекунад, ки тибби бузурги Тибет, назария ва амалияи дини Бонпо ба Тибет аз ҷануб аз Ҳиндустон наомадааст, балки аз кишвари Шаншун, ки дар ғарби Тибет воқеъ аст, омадааст. Дар навбати худ он дар замонҳои қадим аз кишвари Тазиг ё аз Осиёи Марказии эронӣ омадааст.[11]

Намунаи сеюм ба даврони исломӣ, ки дар ин давра ба омадани арабҳову маволиҳову дини ислом дар сарзамини Осиёи Марказӣ истилоҳи «форсӣ» аз вожаҳои «тоҷикӣ» ва «дарӣ» дида бештар ривоҷ пайдо мекунад, иртибот дорад.

Дарсарчашмаи туркӣ-уйғурии «Кутатғу билик» (Дониши бахтовар), ки дар соли 1070 аз тарафи Юсуфи Балосоғунӣ навишта шудааст, дар бораи забони тоҷикӣ ба таври равшан маълумот дода шудааст. Ӯ дар яке аз байтҳои худ чунин менависад: «Ин гуна китобҳои хуб ба арабӣ ва тоҷикӣ кам нест, вале ба суханони мо ин аввалин аст» (тарҷумаи таҳтуллафз).[12] Муҳаққиқи рус А.Н.Кононов ин байтро шарҳ дода менависад, ки ба забонҳои арабӣ ва тоҷикӣ китобҳо зиёданд, вале ба забони мо (яъне ба туркӣ) ин гуна китобҳо вуҷуд надорад, чунин маъне дорад, ки дар байни туркҳо баъд аз қабули ислом (охири асри VIII ва аввали асри IX) истифодаи асарҳои буддоӣ ва монавӣ ба забони туркӣ ё фаромӯш шуда буданд ё таҳти назорати сахт қарор дошта истифодаи онҳо қатъиян мамнӯъ буд.[13] Тавре ки маълум аст уйғурҳо дар асри V-и мелод дини монавиро қабул карда буданд, ки он таъсири бевоситаи халқҳои эрониро ба туркҳо нишон медиҳад. Аз ин хотир қабилаҳои дигари туркӣ уйғурҳоро «тот», яъне тоҷик меномиданд.

Намунаи чорум ба ибтидои садаи XIX аниқтараш ба соли 1813 тааллуқ дорад. Миризотуллоҳи Ҳиндӣ дар «Сафарнома»-и хеш оид ба забони аҳолии Қуқанд чунин менависад: «Забони Қуқан (яъне Қуқанд-С.Н.) туркӣ мебошад, аҳли шаҳр тоҷикӣ, яъне форсӣ мегӯянд»[14].

Ваниҳоят намунаи охирро аз рӯзномаи «Бухорои шариф» меорем. Дар шумораи сеюми «Бухорои шариф» дар мақолае масъулони рӯзнома менависанд: «Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф»-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд: «Ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст. Рӯзнома ба забони тоҷикӣ бошад беҳтар аст».

Азин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки ҳам номи забон ва ҳам номи миллат ва ҳам номи кишвар дар таърихи дуҳазорсолаи мардуми мо санаду далелҳои раднопазир дорад.

Адабиёт:

1.Абдулҳай Ҳабибӣ. Забони дуҳазор сол қабли Афғонистон ё модарзабони дарӣ (Таҳлили катибаи Сурхкутали Бағлон) чопи дувум. Кобул, 1385/2007.

2.Гумилёв Л.Н. Величие и падение Древного Тибета// сб. Страны и народы Востока. Вып.VIII, М. 1969, с.158-159.

3.Доктор Ғулом Ҷелонии Доварӣ, Пешинаи таърихии забони (форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ) пеш аз ҳазораи саввуми мелодӣ// Саргузашти забони форсии дарӣ, Кобул, 2006, с.91-102.

4.Кононов А.Н. Поэма Юсуфа Баласагунского «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983.

5.Кузнецов Б.И. Древний Иран и Тибет. Первая религия Бон. Санкт Петербург, 1998.

6.Муминджанов Х.Х. Авесто об этногенезе таджиков//Известия Академии наук РТ, серия философия и правоведение №1-2, 2002 с.185.

6.НазарзодаС. «Забон ва ваҳдати миллӣ», Душанбе, 2007.

7.Рейнольдс Дж. Олмо Лунгринг: «Нерушимая свяшенная земля»// Гаруда, 1992, №2, с.48.

8.Руи Гонсалес де Клавихо, Дневник путешествия в Самарканд ко двору Тимура(1403-1406)- Москва, Наука, 1990.

9.ХаниковН.В. Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон. Душанбе . 1992.

10.Хромов А.А. Дар бораи тафсири этноними «тоҷик»//Забоншиноси тоҷик, Душанбе., 1984, с.28-29;

11.О народах обитающих в Персии//Вестник Европы, апрель 1815, № 7, с.243-285.

12.Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2006.

12.Юсуф Баласагунский. «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983.

13.Klaproth, Sur Les Boukhares// Jonrnal Asiatique, t.2., Paris, 1823.

14.The new Persian- English dictionary, by S. Haim ,

  1. Klaproth., Sur Les Boukhares- Jonrnal Asiatique, t.2, Paris, 1823, c.154-163.
  2. Ниг: Хромов А.А. Дар бораи тафсири этноними «тоҷик» //Забоншиносии тоҷик, Душанбе., 1984, с.28-29; О народах обитающих в Персии// Вестник Европы, апрель 1815, №7, с.243-285.
  3. Хаников Н. В. Андешаҳо роҷеъ ба таҳқиқи мардуми Эрон. Душанбе. 1992.-С. 106-108
  4. Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, саҳ. 102.
  5. The new Persian-English dictionary, by S. Haim, Tehran, 2005, p. 193.
  6. Муф. ниг.: Аллома Абдулҳай Ҳабибӣ. Забони дуҳазор сол қабли Афғонистон ё модарзабони дарӣ (Таҳлили катибаи Сурхкутали Бағлон) чопи дувум. Кобул, 1385/2007, с.140.
  7. Ниг. Доктор Ғулом Ҷелонии Доварӣ, Пешинаи таърихии забони (форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ) пеш аз ҳазораи саввуми мелодӣ\\ Саргузашти забони форсии дарӣ, Кобул, 2006, с. 91-102.
  8. Руи Гонсалес де Клавихо, Дневник путешествия в Самарқанд ко двору Тимура (1403-1406)- Москва, Наука, 1990. с. 97, с.15.
  9. Кузнецов Б.И. Древний Иран и Тибет. Первая религия Бон. Санкт Петербург, 1998, с.12; Гумилёв Л.Н. Величие и падение Древнего Тибета // сб. Страны и народы Востока. Вып.VIII, М. 1969, с. 158-159.
  10. Гумилёв Л.Н. Величие и падение Древнего Тибета //сб. Страны и народы Востока. Вып.VIII, М. 1969, с. 158-159.
  11. Рейнольдс Дж. Олмо Лунгринг: «Нерушимая свешенная земля» // Гаруда, 1992, №2, с. 48; Муминджанов Х.Х. Авесто об этногенезе таджиков // Известия Академии наук РТ, серия философия и правоведение №1-2, 2002 с.185
  12. Юсуф Баласагунский. «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983 с. 11.
  13. Кононов А.Н. Поэма Юсуфа Баласагунского «Благодатное знание» Москва, Наука, 1983 с. 505.
  14. Назарзода С. «Забон ва ва ваҳдати миллӣ», Душанбе, 2007, с. 43.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *