Фанни Забони точики

Имлои хиссахои ёвари нутк

Ба ҳиссаҳои ёвари нутқ пешоянду пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссача ва нидо дохил мешаванд.

Имлои пешояндҳо. Баъзе пешояндҳо бандаки изофӣ мегиранд ва аз тариқи ин бандак бо вожаи пасини худ алоқа пайдо мекунанд. Намунаҳо: пеши (хона), паси (дар), лаби (ҷӯй), сари (кӯча), сӯйи/ суви (хона), монанди (гул), ранги (вай). Пешояндҳои арабӣ ҳам, ки дар забони тоҷикӣ қабул шудаанд, бо ин бандак навишта мешаванд: қиболи, ақиби, тибқи, мутобиқи, мувофиқи …

Ин пешояндҳо таркибиянд ва ҷудо навишта мешаванд: ба сони, дар лаби, дар сари, ба (р) сари, дар пеши, дар паси, аз лаби, аз паси, аз пеши, дар фаросӯйи …

Баъзе пешояндҳо дар назм, вобаста ба талаботи вазни арӯз, ихтисор мешаванд ё, баръакс, афзоиш меёбанд, ва, аз ҳамин ҷиҳат, ҳангоми навишт бо аломати нимтире навишта мешаванд. Мисолҳо: з- он (аз он), з- ин (аз ин), з- ӯ (аз ӯ), бад- он (ба он), бад- ин (ба ин), бад- ӯ (ба ӯ) … Мисолҳои шеърӣ:

Наёяд подшоҳе з- ӯ- т беҳтар,

Варо кун бандагӣ, ҳам ӯ- т беҳтар.

* * *

Бад- он мастӣ андар диҳад сар ба бод,

Туро рӯз ҷуз шоду хуррам мабод.

* * *

Бад- ӯ гуфт: “Паймон- т хоҳам нахуст,

Пас он гаҳ сухан баркушоям дуруст.”

(Фирдавсӣ)

Мо бад- ин дар на пайи ҳашмату ҷоҳ омадаем,

Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем.

(Ҳофиз)

Пешояндҳои гунаи қадими або (бо), абе (бе), абар (бар) имрӯз дар забони тоҷикӣ истифода намешаванд ва танҳо гунаи ихтисории онҳо ба кор гирифта мешаванд.

Имлои пасояндҳо.

Пасояндҳо пас аз вожаҳо омада, бо онҳо намечаспанд. Вожаҳои боз ва инҷониб пасоянд мебошанд. -ро, ҳарчанд ки бо калима мечаспад, дар забоншиносии имрӯз пасоянд номида мешавад. Пасояндҳои — дар, — бар, — андар аз пешояндҳои гунаи худ мебошанд. Дар услуби классикон чунин тарзи бакоргирӣ, яъне пешоянд ба вазифаи пасоянд бисёр роиҷ буд. Ин тарзи коргирӣ, агарчи имрӯз дар забони адабӣ маъмул ва қабул нест, дар лаҳҷаҳои мардум то имрӯзон истифода мешавад. Намунаҳои шеърӣ аз классикон:

Сере, ки ниҳад гуруснаро хон,

Хурдак шиканад ба коса- дар нон.

(Низомӣ)

Гӯйӣ, ки газидаст зи мастӣ рухи ман- бар,

К- аз шоҳ рухи ман бари корест ниҳонӣ.

(Мавлавӣ)

Ду худованд ба як хона мувофиқ набуванд,

Ту дарун омадиям- дар, дилу ҷон берун рафт.

(Амир Хусрав)

Ба пойи бут- андар ба уммеди хайр,

Биғалтид бечора ба хоки дайр.

(Саъдӣ)

Имлои пайвандакҳо.

Пайвандакҳое, ки якҷо навишта мешаванд, инҳоянд: баски, азбаски, чунки, чунонки, чунончи, гарчи, агарчи, агарчанде, ҳарчанд

Пайвандакҳое, ки ҷудо навишта мешаванд, инҳостанд: агарчанде ки, ҳарчанд ки, чуноне ки, зеро ки, модоме ки, монанди он ки, монанди ин ки, мисли он ки, мисли ин ки, ба қадре ки, ба андозае ки, ба миқдоре ки, гӯё ки, бе он ки, дар ҳоле ки, дар вазъияте ки, вақте ки, ҳангоме ки, замоне ки, то ин ки, ҳамин ки, пас аз он ки, пас аз ин ки , пеш аз он ки, пеш аз ин ки …

Эзоҳ: дар пайвандакҳои навъи болопеш аз пайвандаки ки аломати вергул гузошта намешавад, зеро ки ҷузъи таркибии ин пайвандакҳост.

Пайвандакҳо бо аломати нимтире низ меоянд, аммо танҳо дар назм, вобаста ба талаботи вазни шеър. Намунаҳо: к- ӯ (ки ӯ), к- он (ки он), к- ин (ки ин), к- андар (ки андар), в- ӯ (ва ӯ), в- он (ва он), в- ин (ва ин), в- андар (ва андар) … Намунаҳои шеърӣ:

Ҳар касе, к- ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

* * *

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

В- аз ҷудойиҳо шикоят мекунад

(Мавлавӣ)

Гар бар фалакӣ, ба хок бозорандат,

В- ар бар сари нозӣ, ба ниёз орандат.

Филҷумла, марав ба ҷаҳл то битвонӣ

В- озор маҷӯ, то ба ниёз орандат.

(Хайём)

Имлои ҳиссачаҳо.

Ҳиссачаҳо ба калимаҳо танҳо тобиши маъноӣ мебахшанд, чун ёвари калимаҳоянд ва мустақил нестанд. Ҳиссачаҳо, аслан, аз дигар ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ мисли исм, сифат, феъл, ҷонишин ва зарф сохта шудаанд.

Ҳиссачаҳое, ки якҷо навишта мешаванд, гунаи сохта доранд. Намунаҳо: мабодо, рафту, раваду, биг (у)зор, биё, мон (е), илоҳӣ, ҳатман … Чанде аз ин навъи ҳиссачаҳо, чунонки дида мешаванд, аз феъл ба вуҷуд омадаанд. Аммо, дар ҷумла ин ҳиссачаҳо ба сифати феъл иштирок намекунанд ва, чунонки феъл дар ҷумла маънои мустақил дорад, онҳо маънои мустақил надоранд. Чанд намунаи муқоисавӣ тавассути нақша:

Ҳиссача Феъл
1. Мабодо ту ҳам дар ин ҳодиса иштирок карда бошӣ. 2. Рафту амакам аз ин кор огоҳӣ пайдо кунад. 3. Раваду онҳо тез баргарданд. 4. Бигзор, ӯ кори худашро кардан гирад. 5. Биё, дигар мо бо ҳам баҳс накунем. 6. Моне, ман аз ту ин гуна бовар надоштам. 1. Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод … (Хайём) 2. Амакам ба он ҷо рафту аз он кор огоҳ шуд. 3. Онҳо бояд раванду тез баргарданд. 4. Китоби маро ин ҷо бигзору аз паси кори худ шав. 5 Ту ҳунар дорӣ, ин ҷо биё, бо ман дар ин масъала баҳс кун. 6. Чӯбро дар ҷояш мон, арраро ба ман деҳ.

Баъзе аз ҳиссачаҳо ҷудогуна низ навишта мешаванд, ба мисли: гӯё ки, наход ки, хайрият ки, хуб ки, хуш ки …

Ҳиссачаҳо, аксаран, аз як реша иборатанд, монанди: хуб, хуш, хайр, бале, оре, ҳа (ҳисс. тасдиқӣ) фақат, танҳо (ҳисс. маҳдудӣ), ҳатто, ҳам (ҳисс. таъкидӣ), не, на (ҳисс. инкорӣ) …Намунаҳо:

Бигзор, то бигирям, чун абр дар баҳорон,

К- аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

(Саъдӣ)

Ҳусн менозад ба ишқу ишқ менозад ба ҳусн,

Оре- оре, ин ду маънӣ ошиқи якдигаранд.

(Ҳилолӣ)

Каманди зулфи ӯ сайди диламро мекашад ҳар сӯ,

Бале, сайёд моҳиро ба зарби шаст мегирад.

(Ибни Ямин)

Дар остони ту танҳо на ашк ғалтаду бас,

Ба хуну хок сару дида низ ғалтон аст.

(Камоли Хуҷандӣ)

Имлои нидо.

Нидо ҳиссаи ёвари нутқ аст, ки ҳиссиёт ва ҳаяҷонро ифода мекунад. Нидоҳо ҳиссиёти гуногуни инсонӣ монандгони: шодӣ, ваҷд, тааҷҷуб, ҳайрат, маломат, сарзаниш, таън (а), тахмин, фарз, тарсу ваҳм, ҳарос, хавф, дарду алам, ранҷ, норизоӣ, нохушнудӣ, ҳасрат, андӯҳ, афсусу дареғ, истеҳзо, тамасхур, ҳаҷв, таҳдид, хатар, хашму ғазаб, қаҳру итоб …- ро ифода мекунанд. Нидоҳо вобаста ба тобишҳои маъноӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:

а) нидоҳои ҳиссӣ: ваҳ, оҳ, ҳайф, ҳайҳот, офарин, аҷаб, лаббай, хайрият, афсӯс, дареғ (о), дардо (о), во, хушо, туф (у) …;

б) нидоҳои амрӣ: э, эй, ҳой, аё, ало, ҳон, хамӯш, ором

Нидоҳои боло ҳама адабиянд ва дар осори классикон корбурд шудаанд. Дар забони мардум, яъне дар лаҳҷаҳои гуногуни тоҷикӣ имрӯз нидоҳои зиёди ҳиссӣ ва амрӣ ҳам дар шакли пурра ва ҳам дар гунаи ихтисор истифода мешаванд, ки қаблан дар адабиёти классикӣ ба кор намерафтанд. Ба инҳо мисол шуда метавонанд:

а) гунаи ихтисор: э, о, а, и, у…;

б) нидоҳои пурра: ҳа, ҳо, ҳи, ҳе, ҳу, эҳ, уҳ, ӯҳ, уф, воҳ, вой, баҳ, паҳ, ана, ина …

Аломати нимтире дар нидоҳо. Баъзе аз нидоҳои адабӣ ва мардумӣ ба сабаби такрор шудан дар навишт аломати нимтире мегиранд. Мисоли нидоҳои адабӣ: эй- эй, ҳой- ҳой, ҳон- ҳон, оҳ- оҳ, хушо- хушо, аҷаб- аҷаб, ҳайф- ҳайф, афсӯс- афсӯс, ваҳ- ваҳ … Мисолҳои нидоҳои мардумӣ: э- э, у- у, ҳа- ҳа, ҳи- ҳи, уҳ- уҳ, баҳ- баҳ, паҳ- паҳ …

Намунаҳои шеърӣ барои нидоҳо:

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб.

(Камол)

Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,

Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш.

(Ҳофиз)

Зи шири шутур хӯрдану сӯсмор,

Арабро ба ҷое расидаст кор.

Ки тахти каёнро кунад орзу,

Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу.

(Фирдавсӣ)

Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,

В- аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.

Он мурғи тараб, ки номи он шубоб,

Афсӯс, надонам, ки кай омаду кай шуд.

(Хайём)

Оҳ аз ин рӯзгори баргашта,

Ӯ зи ман лаҳза- лаҳза баргардад.

(Ҳилолӣ)

Аё шоҳ, Маҳмуди кишваркушой,

Зи кас, гар натарсӣ, битарс аз Худой.

(Фирдавсӣ)

Эй бод, агар ба манзили аҳбоб бигзарӣ,

Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо.

* * *

Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,

Ки кимиёи саодат рафиқ буд, рафиқ.

(Ҳофиз)

Матни 12

Таркиби ҳаво

Масъалаи таркиби ҳаво дар илм якбора исбот нашудааст.

Соли 1774 олими фаронса А. Лавуазе исбот кард, ки ҳаво асосан омехтаи ду газ — нитроген ва оксиген аст. Ӯ симоби металлиро дар реторта дар болои минқал 12 шабонарӯз гарм намуд. Нӯги реторта ба зери зангӯла, ки ба зарфи симобдор гузошта шудааст, пайваст буд. Ҳангоми гузоштани реаксияи химиявӣ оксигени зангӯла ба симоб пайваст шуд ва сатҳи он аз пештара тақрибан 1/5 ҳисса баланд гашт. Дар сатҳи симоби дар ретортабуда, моддаи рангаш норинҷӣ — оксиди симоб ҳосил шуд. Гази дар зери зангӯла боқимонда барои нафаскашӣ нобоб буд. Бо ин усул собит намуданд, ки ҳаво тахминан аз 4/5 ҳисса нитроген ва 1/5 ҳисса оксиген (аз рӯйи ҳаҷм) таркиб ёфтааст.

Таркиби сифатии ҳаворо А. Лавуазе бо чунин таҷриба исбот кард. Фосфорро дар зери зангӯла месӯзонад. Ҳангоми сӯхтани фосфор фақат оксигени ҳаво сарф шуда, оксиди фосфор ҳосил мекунад. Нитрогени дар таркиби ҳаво буда, ба реаксия дохил намешаванд.

Баъдан, дар охири асри Х1Х бо роҳи таҷрибаҳо исбот намуданд, ки ба таркиби ҳаво ғайр аз оксиген ва нитроген боз 5 моддаи соддаи газӣ: гелий, аргон, криптон, ксенон дохил мешаванд. Муддати дароз ҳосил кардани пайвастҳои ин элементҳо муяссар нагардид. Аз ҳамин сабаб онҳоро гаҳои асил (инертӣ) номиданд. Инчунин дар ҳаво оксиди карбон ва буғҳои об мавҷуданд.

Супориши 1. Ба саволҳо ҷавобҳои шифоҳӣ диҳед.

1. Маънои калимаи реторта чист ва барои чӣ истифода мешавад?

2. Дар таркиби ҳаво чанд ҳисса нитроген ва чанд ҳисса оксиген мавҷуд аст?

3. Газҳои инертӣ (асил) кадомҳоянд?

4. Нитроген ва оксиген дар ҷадвали даврӣ ҷойи чандумро ишғол менамоянд ва бо кадом аломатҳо ишора мегарданд?

Супориши 2. Калимаҳои тахассусии матнро аз матн ҷудо намуда ба дафтаратон нависед ва онҳоро шарҳ диҳед.

Супориши 3. Дар матн чанд пешоянд истифода шудааст? Пешояндҳои содаро дар як сутун, таркибиро дар сутуни дигар бинависед.

Супориши 4. Муайян намоед, ки оё дар матн пасоянд истифода шудааст ва кадом навъи он?

Супориши 5. Дар матн чанд тарзи навишти пайвандакҳо вуҷуд дорад? Онҳоро ба дафтартон кӯчонда, шарҳ диҳед.

Супориши 6. Ба кадом ҳиссаҳои нутқ мансуб будан ва имлои вожаҳои зеринро фаҳмонда, шаклу гуна (вариант)-ҳои дигари онҳоро нишон диҳед.

В-ар, в-аз, в-ӯ, в-имрӯз, к-омад, к-аз, к-он, н-омӯхт, н-омӯзад, оҳиста-оҳиста, з-ин, з-он, з-ӯ, инҷониб, бад-ин, бад-он, бад-ӯ, оид ба, андар, азбаски, сӯҳбаткунон, чақчақзанон, панҷ фоиз, чоряк, сеюм, дусад, чор, чил, садто, садумин

Оё медонед?

**Об агар оҳанрабо дошта бошад, шӯрии замин аз байн меравад, мубодилаи моддаҳо дар рустанӣ беҳтар мегардад, ҳосил 15 % меафзояд. (Мураттиб Т. Баҳор)

Себ, нок, шафтолу, зардолу ва олучабандак нисбат ба дигар меваҷот дар таркиби худ бештар оҳан дорад.

100 грамм сирпиёз дар таркиби худ 0,6 грамм равған ва 3 грамм карбогидрат дорад.

Супориши 9. Байтҳои мазкурро ҳифз намоед:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

(Ҷалолиддини Балхӣ)

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ фарқ миёни нақши девору миёни одамият.

(Саъдӣ)

Вақтро ғанимат дон, ай дил, он қадар ки битвонӣ,

Ҳосил аз ҷаҳон, ай ҷон, ин дам аст, то донӣ.

(Ҳофиз)

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *