Фанни Забони точики

Ҳиссаҳои нутқ

Ҳиссаҳои нутқ

ИСМ ВА ИМЛОИ ОН

Исм ҳиссаи мустақили нутқ буда, ифодакунандаи номи ашёву шахс ва ғайраро ифода мекунад. Исмҳо хосу ҷинс, танҳову ҷамъ, ҷондору беҷон, моддиву маънӣ мешаванд.

Калимаҳои зиёди забонамонро исм фаро мегирад, маҳз аз ин хотир дар сатҳи баланд донистани он шарт ва зарур аст. Исмҳо пасвандҳои зиёди калимасозро фарогиранд. Пасвандҳои –чӣ, -гар, -зор, -дон, -иш, — истон, -ор ба асоси феъл ва худи исмҳо пайваст гардида, исмҳои нав месозанд.

Чунончи: хона-хонадон, дарахт-дарахтзор, сабза-сабзазор, гул- гулзор, гул-гулистон, тоҷик-Тоҷикистон, турк-Туркистон, зар-заргар, кор-коргар, гуфт-гуфтор, рафт- рафтор,мадад-мададгор, кишт-киштзор, пода-подабон, хук-хукбон, мурғ-мурғбон, гузар-гузариш, рав — равиш, хон–хониш, бин–биниш ва ғ.

Ин гуна мисолҳо зиёданд, вале аз сабаби хеле маҳдуд будани соатҳои дарсӣ нисбати таълими забони давлатӣ ҳамаи онҳоро қайд карда гузаштан аз имкон берун аст. Маҳз аз ин назар, мо таҳлили пурраи мавзӯъҳои ба нақша гирифташударо рӯйи таҳлилу татбиқ бароварда наметавонем ва ба камтаре аз онҳо қаноат мекунем.

Чунончи:

Исмҳое, ки ду тарзи навишт доранд

Исмҳое, ки бо ҳамсадоҳои ҳ ва й анҷом меёбанд: роҳ-раҳ, чоҳ-чаҳ, моҳ-маҳ, рӯй-рӯ, пой-по, сарой-саро, мӯй-мӯ, шӯй-шӯ, ҷӯй-ҷӯ, шоҳ-шаҳ ва ғ.

Вале бояд қайд кард, ки калимаҳои навъи хоҳ, ислоҳ, гувоҳ, иштибоҳ, бой, лой, сой, ҷой, чой ва ғайра як тарзи навишт доранд.

Исмҳое, ки якҷоя навишта мешаванд

-артикли арабии ал- бо исм: алқисса, алвидоъ, алҳазар, алғараз, алҳақ ва ғ.

-исмҳои мураккабе, ки аз ду ва ё зиёда асос сохта шудаанд: шартнома, соҳибкор, соҳибмулк, соҳибистеъдод, суратҳисоб, коромӯз, устокор, уҳдадор ва ғ.

-исмҳое, ки ба воситаи пасвандҳои –ӣ(-чӣ, -гӣ) –ак сохта шудаанд: макроиқтисодӣ, пулқарздиҳӣ, беқурбшавӣ, пулчинак, суханчинак, бозоршинак, чекчинак, роҳрӯбак ва ғ.

-исмҳое, ки аз шумораву исм бо пасванди -а таркиб ёфтаанд: чоркунҷа, панҷқабата, нуҳошёна, дузана, секаса,

-исмҳое, ки аз феъл тавассути миёнвандҳои у ва о таркиб ёфтаанд: гуфтугӯ, ҷутуҷӯ, рафтуомад, даводав, шиштухез, гапогап ва ғ.

-исмҳои мураккабе, ки аз ибораҳои иқтибосии арабӣ тавассути артикли –ал сурат ёфтаанд: дастуруламал, маликушшуаро Мовароуннаҳр ва ғ.

Исмҳое, ки ҷудо навишта мешавнд

Исмҳое, ки ҷудо навишта мешаванд, онҳоро исмҳои таркибӣ мегӯянд:

-таркибҳои ҷуфте, ки бо пайвандаки –у(-ву, -ю) сохта шудаанд: афту андом, гӯшту нохун, ишқу ҳавас, шаъну шараф, обу ҳаво, молу ҳол, хушу хурсанд, ишқу муҳаббат,ҷабру ситам, хушку холӣ, қаҳру ғазаб ва ғ.

-исмҳое, ки мафҳуми ҷуғрофӣ доранд ва маънои луғавию задаи худро нигоҳ доштаанд: Осиёи Миёна, Осиёи Марказӣ, Шарқи Дур, Сибири Шарқӣ, Сари Хосор ва ғ.

-исмҳое, ки баёнгари ному унвон мебошанд: Абӯалӣ ибни Сино, Нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Иқтисодӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.

Исмҳое, ки бо нимтире навишта мешаванд

-исмҳое, ки ҷузъи шуморавиашон бо адад ифода шудааст: 20-солагии Истиқлолияти ҶТ, 2700-солагии ш. Кӯлоб ва ғ.

-исмҳои мураккабе, ки аз такрори калимаҳои тақлидӣ ва тасвирӣ ба вуҷуд омадаанд: гум-гум, чир-чир, милт-милт, бир-бир, фир-фир ва ғ.

-исмҳои иқтибосие, ки номҳои ҷуғрофиро ифода мекунанд: Коста- Рика, Ню-йорк, Порт-Артур, Санкт-Питербург.

МАВРИДИ ИСТИФОДАИ ҲАРФИ КАЛОН

Калимаҳои баёнгари номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ, рамзмҳои давлатӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии. Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.

Калимаи авввал ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғ.

Номи муассисаҳои миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, факултету кафедраҳо ва ғайра бо ҳарфи хурд навишта

мешаванд: литсеи касбии техникии №3, мактаби таҳсилоти умумии №47 ва ғайра.

Калимаҳои аввали рутбаҳои тахассусӣ, унвонҳои фахрии давлатӣ ва мукофотҳои олӣ: Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ғайра.

Исмҳои хоси маъмурӣ, ҷуғрофӣ, кайҳонӣ (номи мамлакат, кишвар, ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, деҳа, баҳр, уқёнус, кӯҳҳо, сайёраҳо) ва ғ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, Душанбе, Қурғонтеппа, Хоруғ, Кӯлоб, уқёнуси Ором, дарёи Вахш, ноҳияи Сино, Моҳ, Замин, Зуҳал, Зӯҳра ва ғ.

Калимаи нахуст ва исми хоси таркиби қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи ҳуқуқи башар

Калимаҳои аввал ва исми хоси дохили ном ва ҷашнҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, Конференсияи сулҳ дар Гаага, Ҷашни 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ихтисораҳое, ки аз ҳарфҳои аввали калима ва ибораҳо сохта шудаанд: ҶТ(Ҷумҳурии Тоҷикистон), СММ, АИ, ДТТ, ДМТ, ДМИТ, ДОТ, ИМА, ИДМ, АМҶТ.

Номҳои Худованд: Худо, Худованд, Офаридгор, Парвардигор, Яздон, Ҳақтаоло ва ғ.

Ном, номи падар, тахаллус, насабу лақаб: Нодири Нодирпур, Мирзо Файзалӣ, Шайхи Аттор, Мавлоно Ҷомӣ ва ғ.

Номи сулолаҳои таърихӣ: Ашкониён, Сомониён, Сосониён ва ғ.

Исмҳои хос пасванди ҷамъбандӣ гиранд ҳам, бо ҳарфи калон навишта мешавад: Ғаффоровҳо, Муллоевҳо, Рӯзибоевҳо, Наврӯзовҳо ва ғ.

Ҳар калимаи номи воқеаҳои таърихӣ: Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди модарон, Исёни Муқаннаъ, Шӯриши Восеъ ва ғ.

Калимаи аввали исми хоси дохили номи асарҳои бадеӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо, суруду мусиқӣ, филмҳо, асарҳои саҳнавӣ: «Писари Ватан»,

«Марги судхӯр», «Садои Шарқ», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ»,

«Маорифи Тоҷикистон».

Машқи 1. Матнро навишта андешаи хешро роҷеъ ба ҳарфҳои калони дар матн овардашуда иброз доред.

Ривоҷу равнақи ҳунармандӣ ҳамчун сабабгори нашъунамои тиҷорати дохилию байнидавлатӣ хизмат намуда, ба пешрафти назарнамои илму фарҳанг мусоидат мекунад. Садҳо мутафаккирони онзамонаи халқамон обрӯю эътибори ҷаҳониро соҳиб гардидаанд. Аз

ҷумла: Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Алфоробиву Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳ Рӯдакиву Абдулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайёму Саъдии Шерозӣ, Носири Хисраву Мизо Абдулқодири Бедил ва дигарон ба ёд оварда мешаванд. Махсусан, барои омӯзондани илми иқтисодӣ асрҳои безаволи Муҳаммад Закариёи Розӣ «Тибби рӯҳонӣ», Ибни Сино

«Рисолаи тадбири манзил» ва ғ. ҷолиби диққатанд. Ҳарчанд Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун ҳакимони беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд, хушбахтона, онҳо илми замонавиашон «Тадбири манзил»-ро сарфи назар накардаанд. Закариёи Розӣ роҷеъ ба тақсимоти меҳнат, ривоҷи ҳунармандиву ба вуҷуд омадани тахассусот, тақсимоти маснуоти меҳнату мубодилаи он, нобаробарии аҳли ҷомеа, зарурати инкишофи касбу ҳунар, тиҷорати байни давлатҳо, манотиқу шаҳрҳои гуногун мубодилаи афкор сохтааст.

Абӯалӣ ибни Сино бо номи «Тадбири манзил» рисолае иншо сохта ба мо мерос гузоштааст, ки метавонем тавассути чунин иқдоми неки ин пажуҳишгари номдору маъруфу машҳурро дар радифи мутафаккирони барҷастаи соҳаи иқтисод эътироф намоем.Харчанд рисолаи Ибни Сино кӯчак бошд ҳам, вай ҳамчун дастури таълимии замона таҳия ва пешкаш шудааст.

«Назарияи иқтисод»(мазмунан баргузида шуд).

Машқи 2. Исмҳои таркибии дар поён ишорашударо дар дафтаратон навишта аз ёд намоед: Нависандаи халқии Тоҷикистон,Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Точикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Рассоми халқии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ»

Машқи 3. Аз матни ҳикояи додашуда исмҳои танҳову ҷамъ, хосу ҷинс, моддиву маънӣ, сода, сохта, мураккаб, шахсу ғайри шахсро ба дафтаратон нависед.

Дар диёри Туркистон подшоҳи соҳибшавкат ва адолатпарваре буд. Яке аз арбобони давлати ӯ ба сабабе аз шоҳ гумонбар шуда рӯй аз шоҳ битофт ва яке аз душманони маликро фиреб дода бар зидди ӯ ба ҷанг хезонд. Чун шоҳ донист, ки душман аз итоат гардан тофтааст, ба ӯ номаи насиҳатомезе фиристод. Аммо хасми мағрур аз ғояти такаббур ба он илтифот накард ва ҳар куҷо гурӯҳи саргардонро ба ҷониби худ ҷазб мефармуд.

Подшоҳ дид, ки онҳоро ба мулоимат ислоҳ карда наметавонад, чунин пайғоме фиристод:

«Ману ту ба шишаву санг монандем. Хоҳ санг бар шиша занад ва

хоҳ шиша бар санг, дар ҳар ду ҳолат шиша хоҳад шикаст ва сангро осебе нахоҳад расид» («Калила ва Димна»).

Супориши 1.

Кадом тарзи ифода саҳеҳу хуштар аст? Аз калимаҳои овардашуда интихоб карда дар дафтаратон нависед ва шарҳ диҳед.

Муносибот – муносибатҳо, масоил – масъалаҳо, мақолот – мақолаҳо, ҷиноёт – ҷиноятҳо, саҳифот – саҳифаҳо, хоҳишот – хоҳишҳо, ҳойвонот – ҳойвонҳо, вазоиф – вазифаҳо, алоқот – алоқаҳо, маворид – мавридҳо.

ИМЛОИ БАЁНИЯ

баёнияҳои беизофа ва изофие, ки мафҳуми унвон, мансаб, лақабу насабро ифода менамоянд ва ба маънои аслии худ корбаст шудаанд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: амир Темур, шоҳ Исмоил, подабон Назрӣ, чӯпон Маҳмуд, Хуршеди паҳлавон, Акбари муаллим, Муроди тракторчӣ, Ҷӯрабеки ҳофиз ва ғ.

баёнияҳои изофие, ки бо исми хос омадаву мафҳуми лақабро ифода мекунанд, бо ҳарфи калон ва ҷудо навишта мешаванд: Баҳроми Гӯр, Ҳомиди Шикорчӣ, Махдуми Гав ва ғ.

Баҳром, ки гур мегирифтиву гур, Бин, ки чӣ гуна гӯр Баҳром гирифт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *