Фанни Забони точики

Сайри таърихии забони тоҷикӣ

Сайри таърихии забони тоҷикӣ

Забони адабӣ давраи дуру дарозеро аз сар гузаронда, дар ин муддат зинаҳои муайянеро тай карда инкишоф ёфт ва дар асри IX-X шакл гирифт.

Назму насри он давра хеле пеш рафта, фонди луғавии забони қадима ва имрӯзаи моро ташкил медиҳад.

Асрҳои IX-X марҳалаи аввали такомули забони адабӣ ба шумор меравад. Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ ноил гардида буд. Рӯдакӣ тавассути ашъори худ забони адабиро сайқал дода, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт.

Дар асри XI аз сабаби болоравии кашмакашиҳои сиёсӣ забони адабӣ халалдор мегардад, аммо баъди он (дар асри XII) хеле инкишоф меёбад.То ин замон адабиёти бадеӣ, асосан, тариқи назм ифода меёфт, акнун наср низ босуръат пеш рафтан гирифт.Дар асри XIII наср ба назм баробар гашт. Калимаву ибораҳои арабӣ ба забони адабӣ дохил шуда нависандагон ба суханпардозӣ шурӯъ карданд ва забони наср хеле мураккаб шуд. Вале боз адибоне буданд, ки сабки соданависӣ ва оммафаҳми худро доштанд ва бо ин услуб асарҳои зиёде офридаанд:

«Тӯтинома»-и Нахшабӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ,

«Баҳористон»-у «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ ва ғ. аз ҳамин қабиланд.

«Таърихи Ҷувайнӣ», «Таърихи Вассоф», «Калила ва Димна»-и Абӯмаолӣ ва ғ. аз қабили асарҳои мураккабе буданд, ки хонандаи оддӣ аз ин асарҳо ҷавҳари хубе бардошта наметавонист ва чунин рамуз то замони Аҳмади Дониш давом карда омадааст…

Арзиши сухан дар китоби муқаддаси « Қуръон» ҳам ифода гашта, хитоб кардааст:

«…аз Худо битарсед ва сухан дуруст бигӯед!»

Сураи «Азҳоб»

«…ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар бо беҳтарин ваҷҳ сухан бигӯянд…».

Сураи «Бани Исроил»

Саҳми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ хеле калон аст. Вай пайравӣ ва эътиқоди шоирону нависандагони замонро нисбати истифодаи забони арабӣ тағйир дод ва назари онҳоро сӯйи забони модарӣ нигаронд, ки даҳҳо ва садҳо намояндагони илму адаб дар ҳар аср пайдо гашта, хазинаи забони адабии моро ғанӣ гардондаанд, ки намунаи содагии онҳо дар қасидаи «Ҷӯйи Мӯлиён» -и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба назар мерасад.

Чунончи:

Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дуруштӣ роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме. Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ, Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу шод зӣ, Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме. Мир шоҳ асту Бухоро осмон, Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бӯстон, Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Устод Айнӣ ин услуби шеъри шоирро «саҳли мумтанеъ» номидааст, ки маънои содаву равон, оммафаҳму баландмазмун гуфтан аст.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба фарҳанг низ диққати ҷиддӣ додааст: Ҳеҷ ганҷе нест, аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Аз нигоҳи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ донишу хирад барои ҳар як фард чун саломативу тандурустӣ зарур аст:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад: Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад. Ҳар он ки эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

Аз назари шоир, инсон ҷисман, ахлоқан ва ботинан бояд солим бошад.

Аз рӯйи ин чанд порчаи шеърӣ, ки аз ашъори устод Рӯдакӣ пешкаш гардид, пай бурдан душвор нест, ки онҳо содаву равон, оммафаҳму ҷаззоб ва сайқалёфтаву гувороанд…

Асосгузори адабиёти муосир Садриддин Айнӣ низ дар риштаи инкишофи забони модарии мо хизмати босазое анҷом додааст. Ӯ ба баҳсҳои ғаразолуди солҳои бистум, ки забони тоҷикиро инкор мекарданд, хотима гузошт ва оиди ин масоил мақолаҳои зиёде ба дасти чоп расонд. Ҳамчунин, дар назди аҳли қалам вазифа гузошт, ки ба ганҷинаи осори ниёгон ва истифодаи дурдонаҳо аз забони мардум забони имрӯзаро инкишоф дода, пояи онро боз ҳам мустаҳкам намоянд.

Устод Айнӣ ҳамеша дар талоши ҳифзу инкишоф, соданависиву аз байни халқ ёфта гирифтани дурдонаҳои гаронбаҳои аҷдодӣ диққати ҷиддӣ медод, ки ин ишораи моро мактуби ба П.Толис навиштаи ӯ тасдиқ менамояд:

«Ман ҳикояи шуморо, ки дар шумораи 10 ҳаминсолаи журнали

«Садои Шарқ» бо унвони «Студентшавандаҳо» чоп шудааст, хондам. Ҳикоя ҳам аз ҷиҳати ғоя, ҳам аз ҷиҳати ҳикоябандӣ, тасвири табиат, тасвири зиндагии имрӯза ва аз ҷиҳати забони таҳрири муаллиф хеле хуб ва дилчасп баромадааст.

Аммо бо ҳамаи ин ҷиҳатҳои нек як камбудии ҷиддӣ дорад, ки зарари ин камбудӣ танҳо ба муаллиф оид набуда, балки дар забони адабии тоҷик халали куллӣ мерасонад.

Ман пеш аз он ки ин камбудиро нишон диҳам, як муқаддимача карданро лозим мешуморам.

Забони адабӣ дар ҳар миллат аз забони оммавӣ — зинда фарқ дорад. Дар забони русӣ ҳам, ки беҳтарин ва олитарин забонҳои маданӣ аст, ин фарқро мушоҳида кардан мумкин аст. Аммо аз он ҷо ки маданияту маориф дар байни халқи рус бисёр вақтҳо боз давом дорад, забони адабии вай забони гуфтугӯи аҳли маърифат ва аҳли савод ҳам шуда омадааст. Бовуҷуди ин, забони маҳаллӣ бо лаҳҷаҳои он то вақтҳои охир дар вилоятҳо ва районҳои ҷудогона дар байни оммаи камсавод ё носавод давом дорад.

Фарқи забони адабии тоҷик аз забони гуфтугӯ аз ҳад зиёд аст. Ҳатто онҳое ҳам, ки дар мактаб ва мадрасаҳои кӯҳна нисбат ба замони худ бо муваффақият хондаанд, дар байни худ бо ҳамон забони омма гуфтугӯ мекунанд. Аз ин бало шоирон ва нависандагони он замон ҳам, бо вуҷуди забони адабиро аз худ карданашон берун намемондаанд. Сабаби асосии ин ҳолат дар ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ асру замон(то Револютсияи Кабири Октябр) забон дар мактаб ва мадрасаҳои тоҷик ба сифати як дарс хонда нашудааст, ҳар кас забони модариро аввал аз модар ва пас аз он деҳа ва районҳои худ омӯхта, ба ҳамон омӯхта шуда(одат карда) мондааст ва ҳар чанд шоир ва нависандагон дар калонсолӣ аз китоб ва аз тафтишҳои шахсии зиндагӣ забони адабиашонро нисбат ба забони худ беҳтар ва мукаммалтар карда бошанд ҳам, азбаски онҳо забони адабиро дар калонсолӣ омӯхтаанд, ин забон – забони гуфтугӯйии аз бачагӣ одат карда омадаашонро дигар карда натавонистанд. Аммо дар мактабҳои русҳо ва дигар халқҳои маданӣ дарси забони модарӣ аз ҳамаи дарсҳои дигар муҳимтар шумурда шуда, тамомкунандагони он мактабҳо, ҳар чанд ба дараҷаи миёна ё ибтидоӣ бошад ҳам, бо забони адабӣ гуфтугӯ карданро омӯхта ва одат карда омадаанд…

Рафиқ Толис! Ман аз ин пеш ҳам дар забони «адабӣ»-и баъзе

ҳаваскорони нависандагӣ ин гунна ҳолатҳоро дидаам. Аммо азбаски муаллифони он гуна порчаҳо кирои гап заданро намекарданд, ман дар бораи онҳо чизе нагуфта будам. Аммо Шумо, Фарҳат ва Шукӯҳӣ чизи дигаред.

Забони адабии тоҷик аз шумо ҷавонон сарсабзиҳои бисёр аълоро умедвор аст…

Дар охир инро бояд қайд кард, ки маънии роҳбарӣ кардани забони адабӣ ба забони омма ин нест, ки нависанда чизҳои душворфаҳм навишта зимнан аз хонандагон омӯхтани забони худашро талаб кунад, балки маънии ин сухан он аст, ки нависанда ба дараҷае сода ва оммафаҳм нависад, ки ҳар хонанда гуфтаҳои ӯро равшан фаҳмад ва дар айни замон навиштаҳои ӯ мувофиқи қоидаҳои забон буда дилчасп ва шавқангез бароянд.

Бо саломи рафиқона Айнӣ.

12 декабри соли 1948, ш. Самарқанд»

Шогирдони устод Айнӣ ин мақомро дастгирӣ карда, ӯро ба асарҳои баландмазмуни ҷавобгӯи замон шод гардонданд.

Адибони шинохтаи тоҷик аз қабили Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалилу Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакару Фотеҳ Ниёзӣ,Фазлиддин Муҳаммадиеву Муъмин Қаноат, Лоиқ Шераливу Бозор Собир, Аскар Ҳакиму Гулназару Гулрухсор, Абдуҳамид Самаду Урун Кӯҳзод, Саттор Турсуну Мирзо Файзалӣ Низом Қосиму Раҳмат Назрӣ ва дигарон аз ҳамин қабиланд.

Бояд қайд кард, ки мо ҳангоми китобат кардан, эҷод намудан, иқтибос овардану пеш омадани номафҳумӣ дар ин ва ё он порчаи назмӣ ё насрӣ даст ба адабиёти классикӣ мезанем, то ба афкори хеш тақвият бахшем, зеро вожаҳои бунёдиамонро, ки асоси забони моро ташкил мекунанд, танҳо дар адабиёти гузаштаамон (классикиамон) пайдо карда метавонем.

Ашхоси дигаре, ки барои рушду такомули забон то нафаси вопасин дар талош мебошад, ин омӯзгор (муаллим) аст. Омӯзгор аст, ки аз оғози синфи як то нафаси вопасини хеш ба шогирдон дарси забон мегӯяд. Пас мо низ бояд эътироф намоем, ки омӯзгор дар рушду такомули забон нақши массир ва арзанда дорад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оила, падару модар чӣ нақш доранд? Ба ин савол чунин ҷавоб гуфтан кифоя аст, ки падару модар ҳам аз омӯзгор (муаллим) омӯхтаанд. Бузургони гузаштаи мо низ аз устод (муаллим) сабақ гирифтаанд ва агар аз рӯйи мантиқ назар афканем, устод дар ҷойи аввал асту дигарон ба устод пайваста.

Масалан, Саид Ҳалимов (олими забоншинос) барои тозагии забон фармудааст:

«Забони тоҷикии мо ҳам яке аз забонҳои мардумони эронинажод (ориёӣ) ба шумор меравад. Хешутаборҳои наздиктарини забони мо форсӣ

(дар Эрон), дарӣ (забони тоҷикони Афғонистон), забони курдӣ, забони толишӣ, балуҷӣ ва ғайра мебошанд. Забони имрӯзаи тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ зодаи як модаранд, ки дар асри Х шакли хаттӣ-китобӣ гирифта буд.

Номи забони мо дар он вақт «порсӣ», «дарӣ» ё « порсии дарӣ» гуфта мешуд. Тӯли асрҳо забон таҳаввулоти зиёдеро паси сар кардааст. Вале лозим ба ёдоварист, ки дар асрҳои ХIХ-ХХ луғатҳои адабиёти классикӣ аз эътимоли матбуоти Эрон баромаданд ва ҷойи онҳоро унсурҳои луғавии арабӣ, туркӣ ва аврупоӣ пур карданд. Забони тоҷикӣ бошад, баръакс, луғатҳои аслии адабиро зинда нигоҳ дошт.

Ман як чизро хуш надорам, ки баъзеҳо бо баҳонаи наздик шудан ба забони форсии Эрон калимаҳои ба ном форсии Эронро, ки аслан форсӣ нестанд, дар матбуот, телевизион, радио ва гуфтугӯҳояшон ба кор бурда истодаанд: ба ҷойи гап-ҳарф, ба ҷойи бе-бидуни, ба ҷойи аз рӯйи-тибқи, ба ҷойи бо-тавассути, ба ҷойи ёрӣ-кӯмак, ба ҷойи ҳуҷра-утоқ ва ғайра ба кор мебаранд. Онҳо бо ин корашон таркиби луғавии забони моро бо унсурҳои грамматикии забони ғайр олуда месозанд».

Олими машҳури Эрон Саид Нафисӣ забони ширини порсиро ба таври зайл шарҳ додаст: «Ин хиттаи (сарзамини) дилангез бузургтарин шуарои Эронро парваридааст. Рӯдакӣ пешрави ин силсила ва Ҷомӣ охирин марди бузурги ин хонавода аст…

Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шуморида мешаванд, мисли Самарқанду Бухоро ва Балх… ҳамеша дорулилми Эрон буданд. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостаанд.

Ҳар китоби форсиро, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад.

То авосити (миёнаи) қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва Балх дар он ба забон бурда нашуда бошад.

Орзуи ман ин аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухориён бишнавам».1

Гузашта аз ин, бояд изҳор дошт, ки Президенти мамлакат низ ба эҳё, рушд ва такомули забон диққати зарурӣ медиҳад. Ҳамеша дар такопуйи таърихи бою пурифтихори забон аст, зеро забон буд, ки адабиёти чандинҳазорсолаи моро ба нуқтаи баландтарин расонад ва тамоми ҷаҳониён бидонанд, ки тоҷикон халқи тамаддундору тамаддунофаранд.

«Фарде, ки аз сарчашмаи суннатҳои аҷдодӣ ғизо намегирад, аз

1Б.Камолиддинов, «Забони тоҷикӣ». -Душанбе, 2015. -С.128–129.

фарҳанги қадимаву ғановатманди гузаштагон баҳравар намегардад, ба қадри забони шевои модарӣ, адабиёти чандинҳазорсола, таърихи бою пурифтихор ва Ватани тамаддунпарвари аҷдодӣ намерасад, чун дарахтест, ки аз решаи ҳаётбахш канда шудааст» — қайд менамояд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат ба тозагии забон низ диққати ҷиддӣ дода, дар яке аз баромадҳояш дар Рӯзи забон (22-юми июни соли 2007) оид ба покизагии забон чунин фармудаанд:

«Дар овони истиқлолияти миллӣ пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикию халқӣ ғанитару суфтатар намудани забони адабӣ ва покизаю беолоиш нигоҳ доштани забони матбуоти даврӣ вазифаи ҷонии зиёиёну аҳли фарҳанг ва ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст мебошад».

Аз чунин ифодаҳо бояд ба хулосае биёем, ки Роҳбари давлат на танҳо ба нигоҳдории забон, балки барои рушду покизагӣ, ба шевоиву фасоҳат ва ҷаззобиву ширингуфторӣ тавассути он, диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар ин асно, мо бояд дунболагирӣ Сарвари хирадманд бошем.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *