Фанни Забони точики

Ваҳдати миллӣ ва забони миллӣ

Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли миллӣ бе забони модарӣ тасаввурнопазир аст. Муҳаққиқони ҷомеашинос дар эҷоди ваҳдати миллӣ забон ва ваҳдати забониро дар қатори нажод, фарҳанг ва авомили дигар яке аз аслҳои асосии ваҳдати миллӣ донистаанд.

Забон яке аз василаҳои асосии таҳкими ваҳдату ягонагии миллатҳои гуногуни дунё мебошад. Он унсури асосӣ ва нишондиҳандаи фарҳангу тамаддуни миллат буда, дар рушди давлатдории миллӣ низ нақши асосӣ мебозад. Аслан забон ҳамчун нишонаи асосии миллат яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар асоси ваҳдат, ягонагӣ ва умумияти миллист. Ҳамин далел собит месозад, ки вақте давлатҳои хурду бузург пайдо мешаванд, пеш аз ҳама барои устувор сохтани пояҳои давлатдории худ, аз унсурҳои бегона сарфи назар карда, оҳиста-оҳиста рӯ ба асолати дохилии миллӣ меоранд. Таърихи башарият ва махсусан таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам сохтани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии марзу буми хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба умқи таърихи забон назар афканем, мебинем, ки гузаштаҳои мо барои равнақу инкишофи забони модарии худ ҷоннисориҳо ва сарсупурдагӣ зоҳир карда, ба тадбирҳои муназзам ва пайвастаи хеш оҳиста-оҳиста забони аслии хешро ба пояи забони расмӣ ва давлатӣ бароварданд. Дар ин бобат таҷрибаи ниёгони мо қобили истифода аст. Шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишиён, ки дар арсаи таърих бо фарҳанг ва тамаддуни худ беназир аст, пеш аз ҳама бар пояи фарҳанги асили ориёӣ бунёд шуда, забони модарии хешро дар баробари забонҳои пурқудрату маълуми он замон иломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони расмӣ ва давлатии худ истифода мекарданд. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин, дудмони Кушониёни Кабир ҳам оҳиста-оҳиста аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида, забони ориёии хешро (Канишка ҳам мисли Дориюши Кабир забони навиштаҳои худро ориёӣ хондааст) забони ягонаи давлатӣ ва расмии давлати паҳновари худ қарор додаанд.[1]

Биноан ба қавли Одамушшуаро аз таҷрибаи рӯзгор бибояд баҳра гирифт ва аз дастовардҳои ниёгони худ дар инкишофу густариши забони худ ҳамчун унсури асосии таҳкими ваҳдати миллӣ баҳравар гардем. Он чи ки имрӯз аз гузаштагону ниёгони мо баъди сӯхтору тохтутозу қатлу нобудӣ эмин мондаву ба мо расидааст, гувоҳ бар он аст, ки масъалаҳои густариши забони модарӣ, нигаҳдорӣ ва нашъунамои он ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлатдорони мо будааст. Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, меҳвари асосии илҳом ва таҳарруку ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад. Далел ва санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат зиндаву пойдор мондани забони модарии он мебошад. Дар ин роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату маргбориҳо ва тохтутозҳои аҷнабиёну бегонагони гуногунмазҳабу гуногунтабор забони модарии мо зинда боқӣ монд ва маншаъву сарчашмаи боқӣ мондани миллати мо гардид.

Ваимрӯз тавре ки мебинем ва мушоҳида мекунем, забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Бояд гуфт, ки ғамхорӣ ва мувозибат аз забони модарӣ пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати худ мебошад. Миллати тоҷик баъд аз солҳо ва садаҳои тӯлонии зери истило ва юғи аҷнабиёну бегонагони гуногунирқу мухталифмазҳаб қарор доштан, ба чунин пуштибониву дастгирӣ ниёз дорад. Тавре ки Сарвари давлати тоҷикон барҳақ таъкид менамояд: «Дар баробари ин, мо бояд як далели таърихиро фаромӯш насозем, ки ягон миллати дигари дунё мисли тоҷикон ба таъқибу фишорҳои нажодпарастона ва бузургманишиҳои миллӣ гирифтор гардида, аз ҳаводиси миллаткуши таърих ранҷ накашидааст». (Ҷумҳурият, 27 марти с.2000). Биноан густариши забони тоҷикӣ ҳамчун шиносномаи миллии он вазифаи муқаддаси на танҳо давлат ва ҳукумат, балки ҳар як фарзанди он ва махсусан равшанфикрони тоҷик аст.

Забони миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ дар пойдории давлати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Ба касе пӯшида нест, ки дар давраҳои пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ дар таъмини ваҳдату ягонагии миллат парчами муборизони роҳи озодӣ ва истиқлол мегардад. Аз ҷумла, халқи тоҷик дар охири солҳои 80-ум муборизаи хешро баҳри истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ карда буд. Ва бояд зикр кард, ки Қонуни забон дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда дар Тоҷикистон қабул гардид.

Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳангӣ, миллӣ қайд намуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни Қонуни забон ин нуқтаро хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт» (Ҷумҳурият, 27 марти с.2000).

Барои ба даст овардану таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оаврда шавад.

Истиқлоли фарҳангии миллат тақозо дорад, ки мо тамоми риштаҳои ҳаёти фарҳангии ҷомеаро ба таври яксон ва муназзам инкишоф дода, бедории миллӣ ва фарҳангии тоҷиконро баланд бардорем.

Дарин робита нақши иҷтимоии забони модарии мо дар даврони Истиқлол ниҳоят афзуд ва имрӯз бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009), таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони тоҷикӣ шароити мусоидтаре ба вуҷуд омад. Ҳарчанд, ки маҳофили иҷтимоии мо то ба ҳол ба бисёре аз масъалаҳои мубрами ҳифзу нигаҳдории забони модарии мо сарфаҳм нарафтааст, ҳимояву нигаҳдори раванди густариши нақши забони модарӣ дар ҷомеа бебозгашт аст ва он оҳиста оҳиста бо дар амал ҷорӣ шудани тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» густариш меёбад. Вале солҳои охир чанд ҷараёни номатлуб дар инкишофу густариши забони модарии мо пайдо шудааст, ки агар пеши роҳи онҳо гирифта нашавад, ба нафъи ҷомеаи мо нахоҳад шуд.

Якеаз масъалаҳои заиф гаштани пояҳои иҷтимоии забон ба забони илм табдил наёфтани забони тоҷикӣ мебошад. Забон ба монанди мавҷудоти зинда доимо дар инкишоф буда, барои рушду такомули ҷанбаҳои гуногуни он шароит ва вазъи иҷтимоии мувофиқ лозим аст. Замоне, ки истифодаи ин ё он забон дар ягон соҳа ё ришта маҳдуд мешавад, ҳамон дам ин вазъият ба такомули он таъсир расонда, дар ҳамон ришта ҷои онро забони дигар ишғол менамояд. Агар ба таърихи забони тоҷикии мо нигарем, ин ҷараён ба хубӣ мушоҳида мешавад. Забони тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ҳанӯз аз ибтидои пайдоиши худ дар риштаҳои мухталиф мавриди истифода қарор гирифта, дар марҳилаи аввали давраи навини инкишоф (асрҳои IX-XII) забони мо ба забони илм табдил ёфт ва ба он бузургони илму адаби мо Абӯрайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Муҳаммад Аюби Табарӣ, Носири Хусрав ва ҳазорон тани дигар асарҳои бузурги илмии худро офариданд. Аз тарафи дигар онҳо ба ин забон истилоҳоти илмӣ офариданд ва онҳоро ба ҷои истилоҳоти забони арабӣ ба таври фаъол истифода намуданд. Махсусан, дар ривоҷу равнақи илмҳои дақиқ низ абармардоне чун Муҳаммади Хоразмӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Беруниву Абуалӣ ибни Сино, Насираддини Тусӣ, Алии Қушчӣ саҳми босазое гузоштаанд. Аввалин китобҳои дарсӣ чун «Шуморнома»-и Аюби Табарӣ, «Ҳидоят-ул-мутаалимин фи тибб»-и Ахавайнии Бухороӣ, «Китоб-ут-тафҳим»-и Берунӣ, «Донишнома»-и Сино ба забони мо гувоҳ бар он аст, ки забони модарии мо дар инъикоси илмҳои дақиқ тавоноии беандоза дорад ва иддаои шахсоне, ки гӯё имрӯз забони тоҷикӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ забони илм шуда наметавонад, иддаое беш набуда аз камҳавсалагиву беҷуръатии худи онҳо дарак медиҳад. Ҳатто истилоҳи маъруфи риёзии алгоритм (алгорифм) аз тарзи навишти лотинии номи Муҳамади Хоразмӣ дар шакли algorithmi гирифта шудааст. Агар давраи аввали нашъунамои забони тоҷикӣ бо ибтикору ташаббуси сулолаҳои маҳаллии ватандӯсти мо Саффориёну Сомониёну Оли Бӯя барои равнақу шукуфоии илму фарҳанги мо замони тиллоӣ ва заррини тамаддуни исломии мо шуда бошад, пас давраҳои минбаъда бо аз даст рафтани истиқлоли сиёсиву фарҳангии мо ва бо ба сари кор омадани сулолаҳои туркнажод ва ба сари забони тоҷикӣ таҳмил шудани вожаву истилоҳот ва ҳатто қоидаву меъёрҳои грамматикии забони арабӣ замони маҳдуд шудани соҳаи истифодаи тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни илм гардид. Аз нимаи дуюми асри XII сар карда, оҳиста-оҳиста даврони шукуфоӣ ва нашъунамои забони илмӣ ва ривоҷу равиши вожагузинӣ ва истилоҳсозии асили забон, равиши Балъамиёну Синову Носири Хусравҳо ва пайравони онҳо ба поён мерасад. Истифодаи луғату калимаҳо ва меъёрҳои қолабии арабӣ дар мақоми аввал қарор гирифта, корбурди вожаву истилоҳоти он мавқеи мустаҳкам пайдо мекунад. Ин ҳолат то даврони шӯравӣ бо пешрафту пасрафтҳо идома пайдо кард. Даврони шӯравӣ ба ин мушкилот дар баробари муваффақияту дастовардҳо дар навсозии забони адабӣ, сохтмони забонӣ, ҳамгунсозии истилоҳот дар равияи ба забони русӣ наздик кардани забони халкҳои шӯравӣ мушкилоти иловагӣ зам кард. Забони тоҷикӣ ба забони хонагӣ табдил ёфт. Ба ғайр аз мактабу маорифи миллӣ ва риштаҳои адабиётшиносиву забоншиносӣ ва баъзан таъриху фалсафа дигар дар ҳама риштаҳои илм забони русӣ забони илмии кишвар гардид, ки мутаассифона, имрӯз ҳам ин равиш идома дорад. Ҳанӯз ҳам забони тоҷикӣ бо вуҷуди он ки забони давлатӣ буда, аз ҷониби давлат парасторӣ мешавад, тадбиру чораҳои зиёде дар бобати инкишофи он андешида мешавад, ба забони илм табдил наёфтааст ва воқеан ҳам тамоми рукнҳои забони давлатиро соҳиб нашудааст.

Инмасъала дар солҳои оянда яке аз мубрамтарин ва муҳимтарин масъалаи забони тоҷикӣ хоҳад шуд. Он ба ҷанбаҳои гуногуни таҳсилоти умумӣ, олӣ ва масъалаҳои илмиву тадқиқотии муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ сахт алоқаманд аст. Маориф ва мактаб ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва бунёдии омӯзишу парвариш дар тарбияи насли ҷавон ва ба ҳаёти созандаи иҷтимоӣ ҷалб намудани ҷавонон нақщи сарнавиштсоз дорад. Махсусан, ибтикор ва ташаббусҳои ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ислоҳу таҷдиди риштаи маориф, навсозии низоми омӯзишу парвариш, ба воситаҳои муосиру ҳозиразамон муҷаҳҳаз намудани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, истифодаи дастовардҳои ахири илму техника дар ҷараёни омӯзиш ва компутерсозии мактабҳо аз омилҳои асосии пешрафту густариши низоми маориф дар Тоҷикистон аст. Дар ин робита густариши омӯзиши забони давлатӣ дар мактабҳо, ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами таълиму тарбия, дар заминаи забони тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва таҳияи китобҳои дарсӣ дар сатҳи баланди забондонӣ имкон медиҳад, ки савияи дониши забонии хонандагони мактабҳоро баланд бардорем. Барои таҳияи китобҳои дарсӣ муаллифон истилоҳот ва вожаҳои забони тоҷикиро бояд хуб аз худ намоянд. Мутаассифона, сатҳи таҳияи китобҳои дарсӣ ба забони давлатӣ дар шароити имрӯзӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Ба ғайр аз он, ки худи муаллифон ва таҳиягарони китобҳои дарсӣ аз низоми истилоҳоти забони тоҷикӣ бохабар нестанд, аксарияти китобҳои дарсиро аз забони русӣ ба шакли дилхоҳи худ тарҷума менамоянд, ки дар натиҷа ин гуна китобҳои дарсӣ намунаи дарҳам барҳами забони адабӣ дар шакли тарҷумазадагӣ, яъне қолабҳо русӣ, вале калимаҳо тоҷикӣ мешаванд. Бинобар ин зарурати дар сатҳи баланди илмиву методӣ таҳия намудани истилоҳномаҳо ва вожаномаҳои таълимӣ барои китобҳои дарсӣ ба вуҷуд омадааст.

Албатта ин ҳанӯз оғози кор аст, чунки дар системаи маорифи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, масалан дар системаи маорифи Россия барои мактабҳои ҳамагонӣ як низоми муайяни таҳияи ҳам китобҳои дарсӣ ва ҳам фарҳангу луғатномаҳои соҳавии гуногуни таълимӣ барои хонандагони мактабҳои умумӣ ба вуҷуд омадааст. Фақат номбар кардани феҳристи чунин фарҳангҳо (аз луғатномаҳои одии дузабона то фарҳангҳои этимологию (решашиносӣ) тафсилии якзабона) чандин саҳифаро ишғол мекунад. Дар муддати даҳ-понздаҳ соли охир шумораи онҳо боз хеле афзудааст. Вале дар низоми маорифи кишвари мо даҳяки онро мо ҳанӯз ба вуҷуд наовардаем.

Албатта кӯшиши зиёде лозим аст, ки барои хонандагон ва донишҷӯёни мо ба забони давлатӣ фарҳангҳои соҳавии якзабона таҳия намоем. Лекин ҳоло бештар мактабиёни мо ба фарҳангҳо ва вожаномаҳои дузабонаи асосан русӣ ба тоҷикӣ ва тоҷикӣ ба русӣ эҳтиёҷ доранд. Ин гуфтаҳо бештар ба мактабҳои умумӣ иртибот дорад , зеро пойдевори ташаккули забони илмии тоҷикӣ ҳамин муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошанд. Дар муассисаҳои илмии таҳсилоти олӣ ва сохторҳои пажӯҳишии идораҳои мухталифи Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама рисолаҳо ва таҳқиқотҳои илмӣ ба забони давлатӣ таҳия шаванд, то барои ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ шароити беҳтар фароҳам шавад.

Имрӯз бо қабул шудани қарорҳои нави Комиссияи Олии Аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия навиштани рисолаҳои илмӣ дар бахшҳои улуми иҷтимоӣ низ аз ҷумла забоншиносӣ, ва адабиётшиносӣ ба забони русӣ сурат мегирад. Агар ба ин масъала воқеъбинона назар андозем, ба хулоса омадан мумкин аст, ки ягона соҳае, ки ҳатто дар даврони Шӯравӣ рисолаҳо ба забонҳои миллӣ (дар мисоли тоҷикӣ дар Тоҷикистон) таҳия мешуданд, имрӯз ба забони ғайр мегузарад ва забони тоҷикӣ аз ягона пояи ба забони илм табдил ёфтанаш маҳрум шуда истодааст. Ҳол он ки масъалаи ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ дар чорчӯби барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди забони давлатӣ ҷои асосиро ишғол мекунад ва ин масъала аз тарафи Президенти кишвар низ борҳо ба таври махсус таъкид шудааст.

Соли2011 Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав қабул гардид. Ин қоидаҳо бояд аз тарафи тамоми қаламбадастон қатъиян риоя шавад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксаран меъёрҳои имлои забони тоҷикӣ аз тарафи онҳо риоя нашуда, баръакс дар бисёри ҳолатҳо ба таври ошкоро поймол карда мешаванд. Ин рӯйдодро мо бештар дар истифодаи аломати сакта (ъ) дар матнҳои гуногун дида метавонем. Ин масъала ба андозае мубрам гардидааст, ки ба назарам мудохилаи мақомоти дахлдори давлатиро талаб менамояд. Зеро ин дарҳамбарҳамиҳо ва бесарусомониҳо дар риоя накардани меъёрҳои имлои забон то андозае қасдан ва огоҳона сурат мегирад, ки нишонаи беэҳтиромӣ бо қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ мебошад. Ҳол он ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва иҷрои он барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ду ҷараёни ба ҳам зид пайдо шудааст, ки ҳар ду ҳам ба нафъи забони модарии мо нест. Яке тағйири номи хонаводагӣ ба шакли номгузории русӣ ва дигаре тағйири номҳои асили тоҷикӣ ба номҳои арабӣ мебошад. Бо зиёд шудани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Руссия ва таҳти фишори миллатгароии русӣ қарор гирифтани тоҷикони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта ҷараёни тоҷикӣ кардани номи хонаводагӣ, ки солҳои пеш бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусияти умумимиллӣ гирифта буд ба кундӣ гароида ҷараёни баръаксро ба худ касб кардааст. Имрӯз сафи ҷавононе, ки барои тағйири номи хонаводагӣ аз шакли асили тоҷикӣ ба шакли русӣ ба мақомоти дахлдор (аз Саидзода ба Саидов, аз Раҳимиён ба Раҳимов ва ғайра) муроҷиат мекунанд, меафзояд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳад , ки ин ҷараён дар Тоҷикистон ҳамовозие пайдо кардааст ва пеши роҳи он аз тарафи мақомоти дахлдор гирифта намешавад. Аз тарафи дигар зери таъсири тарғиботи бунёдгарони исломӣ аз номҳои асили тоҷикӣ ба монанди Рустам, Суҳроб, Далер, Ҷамшед ва ғайра сарфи назар кардани шаҳрвандон ва ҳатто иваз кардани ин гуна номҳо ба номҳои арабиасоси Исмоил, Абдуғаффор, Абдусаттор ва ғайра дида мешавад, ки ин ҳам бештар аз бехабарӣ аз фарҳангу таърих ва тамаддуни чандҳазорсолаи мо дарак медиҳад.

Албатта, ҳам фарҳанги исломии мо ва ҳам фарҳангу тамаддуни қабл аз исломии мо молу сарвати миллати тоҷик ҳисоб мешавад ба ҳам зид гузоштани онҳо камоли бефарҳангӣ ва ҷоҳилии мо хоҳад буд.

Бинобар ин дар ин ҷабҳа рӯ овардан ба таърихи чандҳазорсолаи мо, таҳлили амиқи ҷараёну равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мо, тарғибу ташвиқи намунаҳои беҳтарини ҳамандешӣ, ҳамгироӣ ва таҳаммулпазирии гузаштагони мо ва бо ҳамин василаю роҳҳои дигар таъмини ваҳдати миллию ягонагии фарҳангии мо аз вазифаҳои бетаъхири мо мебошад.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз коршиносон ва мутахассисони риштаи забонро ба ташвиш овардааст дар маҳофили иҷтимоии ғайрирасмӣ ва ғайридавлатӣ ҷои сазовори худро пайдо накардани забони мо мебошад. Ба тадбирҳою чорабиниҳои гуногуни мақомоти дахлдор нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам истифодаи забони тоҷикӣ дар эълону овезаҳо ва навиштаҳои маҳсулоти саноатӣ хеле кам ба назар мерасад ва агар ҳам истифода шавад, хеле пурғалату пурнуқсон мебошад. Барои исботи ин фикр шахсони ҳавасманд метавонанд ручаспу барчасп ва тамғаҳои молу маҳсулоти гуногуни ҳам саноатию ҳам кишоварзиро аз назар гузаронанд.

Инчанд масъалаи ҳалталабе, ки дар ин мақола номбар шуд ҳанӯз қатрае аз баҳр аст. Ва барои дар ҳақиқат иҷтимоӣ кардани забони миллии мо ҳоло корҳои зиёде дар пеш аст.

Истиқлол ва равандҳои сиёсиву фарҳангии давраи навини рушди таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди равшанфикрон ва зиёиёни кишвар вазифаҳои нав мегузорад. Дар ин марҳилаи таърихсоз муайян кардани самтҳои асосии инкишофи ҷомеа, тарбияи наслҳои имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва бад-ин василаву роҳҳои дигар таъмини истиқлолияти фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаҳои асоситарини на танҳо равшанфикрон ва аҳли зиё, балки ҳар фарди тоҷик мегардад. Тавре ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ мефармояд: «Маҳз хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳовари миллати шарафманди тоҷик буд, ки баъди ҳазор сол мо имкон пайдо намудем, то ба ҷомеаи башарӣ бо асолату ҳувияти миллии худ ворид гардем ва дар он мақоми шоиставу сазовори худро соҳиб шуда, манфиатҳои миллиамонро ҳимоя намоем. Мо бояд ин имконияти дар ҳақиқат таърихиро бисёр масъулона ва басо оқилона истифода намуда, истиқлоли Ватан, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими ҳамаҷониба бахшем».

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён. – Душанбе, Ирфон, 2006. – С.64
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *