Фанни Забони точики

Тағйирот дар алифбои забони точики

Аз таърихи алифбо ва хат. Тағйирот дар алифбои забони тоҷикӣ.

Хатти мехӣ. Халқи тоҷик ҳанӯз аз даврони бисёр қадим, оғоз аз асрҳои VII пеш аз милод, дар дарозои таърих дорои хатҳои махсуси худ буд. Аз аввалин хатҳои тоҷикон хатти мехӣ буд, ки ба ҷиҳати ба мех шабоҳат доштанаш олимон чунин номаш гузоштаанд. Хатти мехии форсии қадим асрҳои VII пеш аз милод то III пеш аз милод мавриди корбурд қарор дошт ва то истилои Искандари Мақдунӣ бар Ҳахоманишиён мудовимат намуд ва пас аз фурӯпошии ин сулола аз истифода бозмонд. Хатти мехӣ хатти ҳиҷоӣ буд: як аломат бо як ҳамсадо ва як садонок. Он аз 36 аломат иборат буд ва аз чап ба рост навишта мешуд. Се аломати он садонок, 22-и дигар ҳамсадо: а, ҳафти дигар ҳамсадо: у ва чор аломати боқимонда ҳамсадо: и буд. Ин хатро бештар дар порчаҳои гилӣ истифода мебурданд. Шоҳони ҳахоманишӣ бо ин хат дар кӯҳи Бесутун ва санги мақбараҳо корномаҳои худро ҳаккокӣ мекарданд.

Хатти авастоӣ. Сабаби «авастоӣ» ном гирифтани ин хат он аст, ки китоби муқаддаси оини зардуштиён: «Авасто» бо ҳамин хат нигошта шуда буд, вагарна ин хат пеш аз навишти «Авасто» ҳам вуҷуд дошт ва шояд қаблан номи дигаре ҳам дошт. Китоби мазкур, ки номдортарин сарчашмаи хаттии пешазисломии халқиятҳои эронинажод, аз ҷумла тоҷикон буд, номи худро бар ин хат бахшид. Таърихи хатти авастоӣ бастагӣ бо китоби «Авасто» дорад, зеро мутуни пешазавастоӣ бо ин хат то ҳанӯз кашф нашудаанд ва қадимтарин сарчашмаи ин хат боз ҳам китоби «Авасто»- ст. Қадимтарин сарчашмаҳои хатнигоштаҳои авастоӣ мутааллиқ ба асрҳои Y11- Y пеш аз милод аст ва, дар ҳамин асос, метавон таърихи пайдоиш ва корбурди хатти авастоиро аз ҳамин овон ҳисоб намуд. Алифбои авастоӣ дорои 48 ҳарф ва 49 овоз буд, ки аз ин миқдори ҳуруф 14 ҳарф бар садонокҳо ва 34 ҳарфи боқӣ бар ҳамсадоҳо ва сонантҳо тааллуқ доштанд.

Хатти паҳлавик ё портӣ. Ин хат дар замони ҳукмронии Портҳо мустаъмал буд. Оғози пайдоиши ин хат ба асрҳои V пеш аз милод мерасад ва истифодаи он то асри IX милодӣ мудовимат намуд. Бозмондаҳои ин хат дар сангҳову мақбараҳои қадим аз ҷониби ковишгарони ҳафриёт кашф гардидаанд. Хатти портӣ аз 14 ҳарф иборат буд.

Хатти суғдӣ. Ин хат аз форсии оромӣ ба вуҷуд омадааст. Мувофиқи нишондоди баъзе сарчашмаҳо, таърихи пайдоиши ин хат ҳанӯз пеш аз мавҷудияти хатти монавӣ будааст. Хатти суғдӣ аз 23 аломат иборат буд. Сарчашмаҳои қадимаи тавассути ин хат нигошташуда дар манотиқи суғднишини Осиёи Миёна, аз ҷумла қисмати шимоли Тоҷикистон пайдо шудаанд.

Хатти монавӣ. Ин хатро монавиён баровардаанд. Монавия дин ё ҷараёни динӣ- мазҳабие буд, ки аз ҷониби Монӣ (215- 273 м.)- олим ва ислоҳотгари дин, ҳаким, наққоши бузург дар асри III милодӣ ба вуҷуд омада буд. Монӣ дар Бобул дар оилаи марди форс ба дунё омада буд. Дини монавӣ дар асрҳои III- IV милодӣ тамоми Осиёи Ғарбӣ, Аврупои Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ ва Андалус (Испания)- ро фаро гирифта буд. Беҳтарин сарчашма аз ин хат нигоришот ва хатнигоштаҳои китоби Монӣ- «Аржанг» аст. «Аржанг» китоби минётурӣ аст, ки дар он Монӣнақшҳои басо ҷолибронигошта, тавассути хаттизебои худ онҳоро шарҳ додааст.

Хатти арабиасоси форсӣ. Чунонки аз номи ин хат маълум мешавад, ин хат бар хатти арабӣ асос ёфтаааст. Пас аз қабули дини ислом, фарҳанги исломӣ, ки ба воситаи забони арабӣ дар сарзаминҳои форсизабонон интишор меёфт, оҳиста- оҳиста дар муддати чанд аср ҷойи фарҳанги зардуштиро гирифтан гирифт. Бад- ин таъсир, забони арабӣ низ бар забонҳои эронӣ, ба вижа забони форсӣ- тоҷикӣ ҳоким шудан гирифт. Калимаву вожагони бисёр ва истилоҳоти гуногун аз арабӣ оҳиста- оҳиста ба забонӣ форсӣ дохил шудан гирифтанд ва, дар натиҷа, луғатҳои арабӣ ба захираи луғавии забони форсӣ- тоҷикӣ ворид мешуданд, то он ҷо ки имрӯз як қисми бас бузурги захираи луғавии забони моро луғатҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Бо таъсири нуфузи луғати араб бар забони форсӣ хатҳои пешинаи эронӣ зарфияти нигоштани ҳамаи вожаҳои арабиро дар худ надоштанд ва олимони тоҷик оғоз аз асрҳои VII- VIII ночор бар қабули алифбои арабӣ шуданд. Онҳо дар асоси алифбои арабӣ алифбои форсиро рӯйи кор оварданд. Алифбои арабӣ дорои 32 ҳарф буд. Ин ҳарфҳо ба ду гурӯҳи калон: шамсӣ ва қамарӣ ҷудо шуда буданд. Чанд овози махсуси забони тоҷикӣ: п, ж, г, ч дар алифбои арабӣ вуҷуд надоштанд, чун, табиатан, забони арабӣ аз ин овозҳо бегона буд. Аз ин ҷиҳат, олимони тоҷик бо истифода аз худи алифбои арабӣ ин овозҳоро бо ҳарфҳои махсуси худ эҷод намуданд. Ба воситаи ҳарфи бо ҳарфи по (ки онро бо- и форсӣ мехонданд), ба воситаи ро ва зо ҳарфи же, тавассути ҳарфи кофгоф ва бо ҷим ҳарфи чим сохтанд ва миқдори ҳуруфи алифбои форсиро ба 36 расонданд. Бо ин роҳ тоҷикон на танҳо дар алифбои арабӣ тағйироти ҷиддӣ ворид намуданд, зиёда аз ин, дар эҷоди навъҳои гуногуни хатҳои арабӣ аз қабили насх, таълиқ, шикаста, насхи шикаста, таълиқи шикаста, омехтаи насху таълиқ ва монанди инҳо нақш гузоштанд. Имрӯз аксарияти кишварҳои мусулмоние, ки ҳуруфоти арабӣ мавриди навишториашон қарор дорад, тавассути навъҳои хатти эҷодкардаи тоҷикон менависанду менигоранд.

Хатти лотинӣ аз номи қабилаҳои лотин, ки дар Рим ва атрофи он мезистанд, гирифта шудааст. Дар байни ин қабилаҳо дар асрҳои VIII-VII пеш аз мелод ин хат ба вуҷуд омадааст ва аз 26 ҳарф иборат аст.

Алифбои лотинӣ (ҳудудан 10 сол – 1930–1940) бо иловаи ҳарфҳои ишоракунандаи овозҳои хоси забони тоҷикӣ Z (ж), i (ӣ), ӣ (ӣ) G (ҷ) чун алифбои тоҷикӣ хидмат кард.

Хатти лотинӣ баъзе душворӣ ва камбудиҳоро ба миён овард. Ин душвориҳо аз он иборат буд, ки аксари мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (русҳо, украинҳо, белорусҳо ва халқҳои дар гузашта бехату алифбо) бо хатти русӣ менавиштанд, аз ҷиҳати дигар, барои таълими забони русӣ дар мактаб омӯхтани хатти русӣ аҳамият дошт. Бар илова, хатти русӣ 33 ҳарф дорад ва барои амиқ ва дақиқ сабт кардани овоз аз имконияти бештаре бархурдор аст.

Ҳамин тавр, соли 1940 тоҷикон бо иловаи шаш ҳарфи хоси садоҳои тоҷикӣ (ӣ, ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) дар заминаи хатти русӣ (хатти русии ҳозира), ки дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Булғория, қисман Югославия ва Ҷумҳурии халқии Муғулистон маъмул аст, аз хатти славянии кириллитса ибтидо гирифта, дар натиҷаи таҳаввулу такомули беш аз ҳазорсола ба сурати имрӯзааш даромадааст.

Хатти кириллӣ(сириллик). Пайдоиши кириллитса ба фаъолияти бародарон Кирилл (826–869) ва Мефодий (820–885) алоқаманд аст. Кирилл ва Мефодий дар шаҳри Солун (Салоникии имрӯза), ки як қисми аҳолиашро славянҳо ва қисми дигарашро юнониҳо ташкил медоданд, дар хонадони ходими ҳарбии византиягӣ ба дунё омадаанд. Мувофиқи ривоёт падарашон булғор будаасту модарашон юнонӣ. Кирилл баъди вафоти модар ба маркази Византия – шаҳри Константинопол мекӯчад ва илмҳои замонро аз худ мекунад.

Ӯ забонҳои славянӣ, юнонӣ, лотинӣ, арабӣ, ибрӣ (яҳудӣ)-ро хуб медонистааст. Соли 862 князи Моравия – Ростислав аз императори Византия – Михаил хоҳиш мекунад, ки чанд нафарро ба Моравия фиристад, то ба забони мардуми маҳаллӣ ташвиқоти динӣ бибаранд. Михаил ин даъватро қабул кард: Кирилл ва Мефодийро ба Моравия фиристод. Дар ин сафар Кирилл ва Мефодий дар заминаи хатти византиягӣ хатти славяниро сохтанд ва бисёр китобҳои диниро ба славянӣ тарҷума ва бо ин хат сабт намуданд. Ва соли 863 соли пайдоиши кириллитса ба шумор меравад.

Қадимтарин ёдгори хатти славянии кириллитса ба даҳсолаи охири асри IX тааллуқ дорад ва он навиштаҷотест, ки дар шаҳри Преслава аз калисои шоҳи булғор Симеон ба даст омадааст) ба алифбои нави тоҷикӣ гузаштанд. Соли 1954 ба алифбои тоҷикӣ боз ду ҳарфи хоси забони русӣ (щ ва ы) илова гардид.

Баъди қабули алифбои нави тоҷикӣ (дар заминаи ҳуруфи лотинӣ ва русӣ) аломатҳои китобат низ ба адабиёти тоҷик роҳ ёфт.

Пурсиш:

1. Халқи тоҷик аз қадим то ба имрӯз аз кадом хатҳо истифода намудааст?

2. Сабаби гузариш аз алифбои арабиасоси тоҷикӣ ба лотинӣ ва баъдан ба алифбои русӣ дар чист?

Матни 3

«Авесто» — қадимтарин мероси таърихӣ

«Авесто» яке аз қадимтарин осор (китоб)- и мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон аст, ки аз зиндагиву омол, арзишҳои маънавӣ, дониши андӯхтаи тоҷикони бостонӣ дар улуми гуногун – таърих, фалсафа, ҳуқуқ, тиб, ҷуғрофия, ҳисоб, нуҷум, забон, адабиёт, дин, асотир, ҳамоса ва дигар соҳаҳои ҳаёти аҳолии Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои атрофи он маълумоти энсиклопедиро дарбар мегирад.

Аз мундариҷа ва мазмуни «Авесто» бармеояд, ки ватани он минтақаи Осиёи Марказӣ (Мовароуннаҳр ва Хуросони таърихӣ) будааст. Тибқи анъанаи зардуштия китоби муқаддаси Авесто тақрибан 300 сол пеш аз замони Искандари Мақдунӣ бо хатти заррин, рӯйи пӯсти даббоғишуда (1200 саҳифа, аз рӯи маълумоти дигар 12000) дар ду нусха навишта шуда буд ва як нусхааш дар оташкада, нусхаи дигараш дар дарбори шоҳ нигоҳдорӣ мешуд. Искандари Мақдунӣ пас аз забти Эрон дар қатори дигар ғаниматҳо «Авесто»-ро низ ба даст овард; як нусхаашро ба оташ дод; нусхаи дигарро барои омӯзишу тарҷума ба Юнон фиристод. Бо вуҷуди сӯзонда шудан, «Авесто» аз байн нарафт. Шахсоне буданд, ки «Авесто»-ро аз ёд медонистанд ва дар замони подшоҳоне, ки дар асрҳои нахустини солшумории милодӣ ҳукмронӣ карданд, тадвини он шурӯъ шуд. Ин кор дар замони сулолаи Сосониён (асрҳои III-VII) идома ёфт. Барои навиштани «Авесто» хатти махсус дар асоси хатти оромӣ ва паҳлавӣ бо номи «дин – дабира» хати динӣ ихтироъ карда шуд, ки дар он ҳамаи овозҳои садонок ва ҳамсадо вуҷуд доштанд. «Авесто» дар ин давра аз 21 наск (китоб) иборат буд. Баъди ҳуҷуми араб «Авесто» бори дуюм зарар дида, бештари бахшҳои он аз байн рафт. Он чӣ имрӯз боқӣ мондааст, чаҳоряк аз 21 наски замони Сосониён мебошад. Қадимтарин дастнависи «Авесто» ба асри XIII тааллуқ дорад. Дастнависҳои боқимондаи «Авесто» ду навъанд. Навъи таҳрири якум маҷмӯаи дуову ниёишҳои барои намоз ва маросими динӣ таъингардида ва навъи таҳрири дуюм барои хондану омӯзиш, ки аз китобҳо, бобҳо ва бандҳо иборат аст. Матни авестоӣ инчунин ба забону хатти паҳлавӣ тафсир ёфтааст. Ин тафсир «Занд» ном дорад. Аз ин ҷост, ки таҳрири дуюм дар адабиёти илмӣ бо номи «Занд- Авесто» ёд мешавад. Тақрибан дар асрҳои XIII-XIV «Позанд» (тафсири «Занд»- овонавишти хатти паҳлавӣ бо ҳарфҳои авестоӣ) пайдо гардид.

«Авесто» бахшҳои зеринро дар бар мегирад: 1) «Ясно» — маҷмӯаи дуову ниёишҳо ҳангоми иҷрои маросими динӣ, васфи эзидон, ки аз 72 боб иборат аст; 2) «Виспарад» — «Ҳама радон»- маҷмӯаи сурудҳои ниёишӣ дар васфи эзидони зардуштӣ, ки аз 24 боб иборат аст; 3)» Яштҳо»- сурудҳо ва достонҳои тавсифӣ дар бораи эзидони 30- гонае, ки ба номи онҳо 30 рӯзи ҳар моҳ ва номи 12 моҳ мавсум аст. Дар «Авесто» 22 яшт боқӣ мондаанд; 4) «Хурд- Авасто» — «Авастои пасин» — матнҳои дар намози зардуштиён истифодашаванда, қонуну қавоиди динӣ, ахлоқу рафтори зардуштиён, тарбияи фарзандон; 5) «Видевдат»- «Вандидод» — маҷмӯи қонунҳо ва навиштаҳо ба муқобили девон (ашхоси бад, ғайри дин, нерӯҳои бад, офариниши бад ва ғ. ), ки аз 21 боб иборат аст…

Аз замони пайдоиш то ин замон «Авесто» омӯхта, тарҷума (фармони Искандари Мақдунӣ дар бораи ба Юнон бурдан, омӯхтан ва тарҷума кардани «Авесто»), тафсир («Занд», «Позанд»), китобат мешавад. Омӯзиши «Авесто» дар илми муосир аз тарҷумааш ба забони франсавӣ (Анкетил Дюперрон, 1771) оғоз ёфтааст. Оид ба «Авесто» ба андозае таҳқиқот анҷом дода шудааст, ки номгӯи онҳо аз матни худи асар чандин бор зиёдтар аст… Олимони эронӣ Пури Довуд, Озаргушасп, Ваҳидӣ, Ҷаъфарӣ, Сосонфар, Ҷалили Дӯстхоҳ ба омӯзишу тарҷумаи «Авесто» машғуланд.

Бори нахуст муҳаққиқи тоҷик Б. Бобохонов «Меҳряшт» — и «Авесто» (1985) ва як фаргарди «Видевдат»- ро (1986) ба тоҷикӣ тарҷума кард. Тарҷумаи баъзе қисмҳо ва бобҳои «Авесто», ба ҳуруфи русиасос баргардонидани тарҷумаҳои донишмандони эронӣ оғоз ёфт. Соли 2001 ба муносибати 2700- солагии «Авесто» (тарҷумаи Ҷалили Дӯстхоҳ) ба алифбои русиасос баргардон шуда, ба табъ расид.

«Энсиклопедия»

Супориши 1. Луғатҳои душворфаҳми матнро якҷо бо шарҳу тарҷума навишта онҳоро ҳифз намоед:

омол- ҷамъи амал, корҳо,

андӯхта – азбаркарда

нуҷум – илми ситорашиносӣ,

ҳамоса – достони размнома

асотир – ҳикоёти афсонавӣ.

мундариҷа – дарҷшуда

тибқи – мутобиқи, мувофиқи,

анъана – расму одат

муқаддас – қудсӣ, осмонӣ,

заррин – зарҳалин, тилогин

даббоғишуда – чармгаришуда,

нусха – рӯйнавис

оташкада –ибодатгоҳи зардуштиён

тадвин – таълиф кардан, навиштани девон

ихтироъ – эҷод кардан, падид овардан

тааллуқ – алоқамандӣ, пайвастагӣ,

таҳрир – навиштан

ниёиш – дуо,

Эзид – Худо

қавоид – қоидаҳо

таҳқиқот – ҳақиқат кардан, тафтиш намудан

муҳаққиқ – таҳқиқгар

таҷлил – ҷашн гирифтан

китобат – рӯйбардор кардан

Супориши 2. Шеъри мазкури Бозор Собирро азёд намуда, онро шифоҳан шарҳ диҳед:

Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,

Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.

Ҳамсоли «Авесто»-ем, ҳамоташи Зардуштем,

Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем.

Ҳампешаи Фарҳодем, андеша ҳамекардем,

Ҷуз решаи Оҳарман мо пеша намекардем.

Аз давраи Деваштич дар кӯчаи мо дев аст,

Ин деви адоват нест, ин деви ватанхоҳист.

Дар коҳи Аҷам кӯҳ аст, дар мӯри Аҷам мир аст,

Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шеъри Аҷам шер аст.

Шеъре, ки дар анбӯҳи найзори қалам хоб аст,

Шери нари шеърашро душман натавонад баст.

Оё медонед?

**Дар шаҳри Аграи Ҳиндустон бо сарпарастии Акбаршоҳ бо нишондодҳои устоҳои Самарқанд масҷиди «Қутби манор» (1625-1628) бино карданд. Дар сатҳи ҳавлии ин бино дар ҳавои кушод сутунеро мерос гузоштаанд, ки он аз 99,999% оҳани холис сохта шудааст.

**Тарҷумаи «атом» — «тақсимнашаванда» аст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *