Фанни Микро ва макро иқтисод

Моликият ва шаклҳои ташаккули низомҳои иқтисодӣ

  1. Мазмуни иқтисодии моликият. Объект ва субъекти он.
  2. Намудҳо ва шаклҳои моликият дар шароити муосир.
  3. Шакл, усул ва хусусиятҳои ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ.
  4. Моҳият, омил ва унсурҳои низомҳои иқтисодӣ.
  5. Мазмуни иқтисодии моликият. Объект ва субъекти он

Дар зери мафҳуми моликият шакл ва тарзи муайяни таърихии азонихудкунии неъматҳои моддӣ ва маънавӣ фаҳмида мешавад. Аз сабаби надоштани донишҳои иқтисодӣ инсон мафҳумҳои молу мулк, чиз, неъмат ва ғайраро, ҳамчун моликият тасаввур мекунад, ҳол он ки моликият аз худи ин неъматҳо иборат набуда, балки аз муносибати байни одамон нисбат ба онҳо иборат мебошад, яъне моликият дар низомҳои муайяни муносибатҳои иқтисодӣ байни онҳоро ифода мекунад.

Моликият инсонро ба равандҳои аслию воқеъӣ, табиӣ манфиатнок будан нисбат ба чизҳову ҳодисаҳо ҳавасманд мегардонад. Он дорои мазмуни моддӣ буда, дар доираи муайяни муносибатҳои иқтисодӣ сурат мегирад.

Моликият ҳамчун зуҳури кулли муносибатҳои истеҳсолӣ ва субъекти ҳуқуқ аз замони қадим то кунун арзи вуҷуд дорад. Он пеш аз ташаккули илми иқтисод, алалхусус назарияи иқтисодӣ ба миён омадааст. Аз ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки таи ҳазорсолаҳо муносибатҳои ҳуқуқии моликият нисбат ба муносибатҳои иқтисодӣ пешсаф мебошанд.

Моликият дорои объект ва субъект мебошад.

Объекти моликият гуфта – худи неъматҳои моддӣ ва маънавиро меноманд. Ин неъматҳо метавонанд аз воситаҳои истеҳсолот, воситаҳои истеъмолоти шахсӣ ва ё аз маҳсули меҳнати интеллектуалӣ (ақлӣ) иборат бошанд. Моликият дар ин маъно тарафи иқтисодӣ ва ҳуқуқиро соҳиб мебошад.

Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар байни одамон нисбат ба объекти моликият, амалан муносибатҳои байни субъектҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ:

Субъекти моликият гуфта – соҳибони қонунии объекти моликиятро меноманд. Масалан: агар нақлиёт объекти моликият бошад, пас соҳиби нақлиёт субъекти моликият мебошад. Ба сифати субъекти моликият нафақат шахсиятҳову ташкилотҳои мутасаддӣ, балки субъектони номуайян низ номбар карда мешаванд. Масалан: давлат ё худ ҷомеа. Бо ибораи дигар субъектҳои моликият бояд онҳое бошанд, ки қобилият ва нерӯи идора кардани объекти моликиятро дошта бошанд.

Мафҳуми моликият якчанд масъалаҳои ба якдигар алоқамандро дар бар мегирад, ки инҳо мебошанд:

— нафъ бардоштан;

— ихтиёрдорӣ кардан;

— соҳибӣ кардан;

— истифода бурдан.

  1. Намудҳо ва шаклҳои моликият дар шароити муосир

Дар ҳамагуна низомҳои иқтисодӣ муносибатҳои муайяни моликият мавҷуданд, ки таҳкурсии иқтисодии онро ташкил мекунанд. Ин муносибатҳо шаклҳои гуногуни моликият ва ба ҳам таъсиррасонии онҳоро дар бар мегирад.

Ҳар як мамлакат метавонад низомҳои гуногуни иқтисодиро муайян намояд ва шаклҳои гуногуни моликиятро иҷозат диҳад. Масалан: низоми иқтисоди бозорӣ ба гуногуншаклии моликият асос меёбад.

Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи моликият» дар иқтисодиёти мамлакат шаклҳои зерини моликият метавонанд фаъолият кунанд:

  1. Моликияти давлатӣ.
  2. Моликияти коллективӣ (кооперативӣ).
  3. Моликияти хусусӣ.
  4. Моликияти шахсӣ.
  5. Моликияти омехта (ҳамҷоя).

Дар шароити иқтисоди бозорӣ афзалиятан се шакли моликият: давлатӣ, коллективӣ ва хусусӣ диққатҷалбкунанда мебошанд.

Аз ибтидо то кунун – захираҳои табиат, замин, об, ҷангал ва ғайра ба моликияти давлатӣ тааллуқ доранд. Нигоҳ доштану инкишоф додани соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ (илм, маориф, идора, тандурустӣ, мудофиа, муассисаҳои қарзию молиявӣ, ҳифзи табиат ва ғайра), ки барои ҷомеа заруранду маблағталабанд ба зиммаи давлат гузошта мешаванд ва аз ин рӯ онҳо низ ҳамчун моликияти давлатӣ ташкил мегарданд. Моликияти давлатӣ яке аз шаклҳои қуллайтарини ташкили иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад.

Моликияти коллективӣ ё кооперативӣ, ҳамчун натиҷаи муборизаи синфи коргар дар ташкил ва инкишоф додани шакли моликияти коллективӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ дар ибтидои асри 19 – ум ба вуқӯъ пайвастааст. Кооперативҳои нахустин дар Дания ва Шветсия дар солҳои 1880-1885 оиди ба даст овардани нуриҳои минералӣ ва дар Ниднрланду Франсия оиди хариди асбобу олоти хоҷагии қишлоқ бунёд гаштаанд. Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 1 млн. ташкилотҳои кооперативӣ ва 120 хелу намудҳои он амал мекунад, ки онҳо 600 млн. одамро муттаҳид месозанд.

Аз нигоҳи таърих моликияти хусусӣ, ҳамчун воситаи маҳдудгардонӣ аз моликияти давлатӣ ва дигар шаклу намуди он истифода шудааст. Аз ин боис ҳисоб карда мешуд, ки он чизе ки давлатӣ нест, он хусусӣ аст. Масалан:

  1. Хоҷагиҳои хонагӣ.
  2. Корхонаҳои хусусии расмӣ.
  3. Корхонаҳои хусусии ғайрирасмӣ дар таркиби иқтисодиёти ниҳонӣ (теневой).
  4. Ҳамаи намудҳои истифодаи амволи хусусӣ ва ё пасандозҳои шахсӣ — аз додани хона ба иҷора то муомилотҳои пулӣ байни одамони тасодуфӣ.

Инчунин қайд кардан зарур аст, ки моликияти хусусӣ ягона моликияте нест, ки он бозорро ташкил намояд. Бозор дар асоси бисёршаклии моликият ривоҷу равнақ меёбад.

  1. Шакл, усул ва хусусиятҳои ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ

Дар шароити низоми иқтисоди бозорӣ мақсад ва вазифаҳои ҳар як субъекти иқтисодӣ ташкил кардани раванди кор дар асоси ҳадди ақалли хароҷот ва ноил гаштан ба ҳадди аксари фоида мебошад.

Барои ба ин ҳадаф ноил гаштан, мустақиман аз тарзу услуби шаклҳои хоҷагидорӣ, моликияти давлатӣ, моликияти хусусӣ, шакл ва намудҳои дигари онҳо самаранок истифода кардан зарур аст.

Бояд тазаккур дод, ки давлатикунонӣ (реприватизация) ё худ ғайридавлатикунонӣ (привитизация) – и воситаҳои истеҳсолот дар ҳар як давлат вобаста ба шароитҳои таърихию иқтисодӣ ҳархела сурат мегирад. Масалан: дар давлатҳои Европаи Шарқӣ ғайридавлатикунонӣ, ҳамчун табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ширкатҳои саҳҳомӣ, ки дар он саҳмиядорӣ асоси давлат боқӣ мемонад, бештар маъруф аст. Ингуна корхонаҳо аз нуфӯз ва таъсири ташкилотҳои давлатӣ озод гардида, зери таъсири қонунгузориҳои умумӣ қарор дода мешаванд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки шакл, роҳ, усул ва механизми истифодаи ғайридавлатикунонӣ вобаста ба вазифа ва мақсади давлат оиди дигаргун сохтани таркиби иқтисодиёт, гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ, марҳалаҳои гузариш аз як тарзи хоҷагидорӣ ба дигари он, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию бурунмарзӣ ва ғайра гуногун ташкил карда мешавад.

Умуман эътироф карда шудааст, ки таи зиёда аз 20 соли охир дар ҷараёни ғайридавлатигардонӣ, хусусигардонӣ ва давлатигардонӣ бештар аз 50 давлат фаъолона иштирок намудаанд.

Муҳимтарин шакл ва намудҳои ғайридавлатигардонӣ дар ҶТ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, ки инҳо мебошанд:

  • табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ширкатҳои саҳҳомӣ ё худ дигар ташкилотҳои хоҷагидорӣ ва хоҷагиҳои рафиқона;
  • харида гирифтани молу мулки корхонаҳои давлатӣ аз тарафи коллективҳои меҳнатӣ;
  • фурӯхтани моликияти давлатӣ ба воситаи конкурсҳо ё худ музоядаҳо ба шаҳрвандон ва дигар шахсиятҳои ҳуқуқӣ.

Ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонӣ дар ҶТ бетадриҷ бо назардошти таҷрибаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, алалхусус Россия анҷом пазируфтааст.

  1. Моҳият, омил ва унсурҳои низомҳои иқтисодӣ

Одатан, зери мафҳуми низом — қонун, қоида, тартиб, танзим ё худ механизми амали ҳодисаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар давраи муайяни тарихӣ фаҳмида мешавад.

Низомҳои иқтисодӣ гуфта – низоми муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятро дар пайвастагӣ бо қувваҳои истеҳсолӣ, бо идоракунии иқтисодиёти ҷамъият меноманд.

Асосӣ, ё ин ки таҳкурсии низомҳои иқтисодиро муносибатҳои молӣ ташкил медиҳанд. Таърихи инкишофи ҷамъият шаклҳо ё худ моделҳои зерини низомҳои иқтисодиро аз сар гузаронидааст:

  1. Низоми иқтисоди анъанавӣ (суннатӣ) – чунин низоми иқтисодиест, ки ба дараҷаи нисбатан пасти қувваҳои истеҳсолкунанда мувофиқ меояд. Хусусияти хоси ин низоми иқтисодӣ дар он аст, ки он дар асоси урфу одат ва анъанаҳои миллии халқҳои гуногун фаъолият мекунад.
  2. Низоми иқтисоди амрӣ – фармонфармоӣ (административно-командная) – чунин низоми иқтисодиест, ки Административно-командная экономика основана на общей собственности и коллективном принятии экономических решений посредством централизованного планирования.
  3. Низоми иқтисоди бозорӣ – чунин низоми иқтисодиест, ки дар асоси қонуну қонуниятҳои бозор амал мекунад.
  4. Низоми иқтисоди омехта Смешанная экономика представляет собой разновидность рыночной экономики, в которой происходит сочетание государственной и частной собственности, действие рыночного и государственного механизмов.

Дараҷаи инкишофу ташаккули низомҳои иқтисодӣ метавонанд таи таъсири омилҳои зерин қарор дошта бошанд:

    • омилҳои табии – мусоидати иқлим, ҷойгиршавии мамлакатҳо, захираҳои об, канданиҳои фоиданок, ҳосилхезии замин ва ғайра;
    • иҷтимоию маданӣ – сатҳи инкишофи илм, маориф, санъат, маданият, фарҳанг ва ғайра.
    • истеҳсолию иқтисодӣ – дараҷаи технологияи истеҳсолот, предмет ва воситаҳои меҳнат, шакли ташкили истеҳсолот, дараҷаи даромаднокӣ, самаранокӣ, ҳосилнокию шиддатнокии меҳнат ва ғайра.
    • омилҳои инсонӣ – нақш ва мақоми инсон ҳамчун коргар, шумораи мутахассисон, сатҳи инкишофи сармояи инсонӣ, аҳолӣ ва таркиби иҷтимоию иқтисодии онҳо, шумораи бекорон, муҳоҷирати аҳолӣ ва ғайра.
    • техникию иқтисодӣ – техникаю технология, ихтироотҳо, навовариҳо, ҳаҷми фоида, сатҳи рақобат, сармоягузорӣ, захираҳои молиявӣ ва ғайра.

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда

  1. Р.М. Нуреев. Курс Микроэкономики. Изд-во НОРМА, Москва, 2001г.
  2. Макконелл К.Р., Брю С.Л., Экономикс. Т.2. Москва, 1992г.
  3. Экономическая теория (Политэкономия). Учебник., Под. Ред. А.И. Видяпина. Москва, 2007г.
  4. Маршалл А. Принципы экономической науки. Москва, 1993г.
  5. Исоматов Б., Асосҳои назарияи иқтисод, қисми 1, Душанбе, 2007с.
  6. Низомова Т.Д., Иқтисоди хурд, Диловар-ДДМТ. Душанбе, 2001с.
  7. Эргашев А., Мухатбердиев Ҳ., Курси назарияи иқтисодӣ (Микроиқтисод). Душанбе, 2003с.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

  1. Хеле хуб, олӣ ҷаноб!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *