Фанни Микро ва макро иқтисод

Рушди иқтисодӣ – натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллӣ

1. Мафҳум, шаклҳо ва нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ.

2. Сарчашмаҳо ва омилҳои рушди иқтисодӣ.

3. Тамсилаҳои (моделҳои) мувозинати рушди иқтисодӣ. Моделҳои

Е. Домарва Р. Харрод.

4. Танзими давлатии рушди иқтисодӣ.

5. Рушди иқтисодӣ ва экология.

1. Мафҳум, шаклҳо ва нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ

Рушди иқтисодӣ яке аз масъалаҳои марказии назарияи муосири иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Тавассути тағйироти он, ба дараҷаи инкишофи иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳо медиҳанд.

Дар илми назарияи иқтисод ақидаи ягона оид ба таърифи рушди иқтисодӣ вуҷуд надорад. Бинобар ҳамин, рушди иқтисодӣ мувофиқи консепсияи миқдорӣ ва консепсияи миқдорию сифатӣ таъриф дода мешавад.

Мувофиқи консепсияи миқдорӣ рушди иқтисодӣ гуфта, афзоиши миқдории ҳаҷми нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро (маҷмӯи маҳсулоти миллӣ, даромади миллӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) меноманд.

Мувофиқи консепсияи миқдорию сифатӣ рушди иқтисодӣ гуфта, такмилдиҳии миқдорию сифатии истеҳсолот ва зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти ҷамъиятиро меноманд, ки дар ҳалли масъалаи маҳдудияти захираҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ кӯмак мекунад.

Асосан се шакли рушди иқтисодиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1. Рушди иқтисодии экстенсивӣ афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) аз ҳисоби истифодаи омилҳои иловагии истеҳсолот мебошад. Дар ҳолати ҷой доштани ин шакли рушди иқтисодӣ афзоиши маҳсулот дар асоси афзоиши шумораи коргарон ва зиёд кардани иқтидори истеҳсолот ба даст меояд, аммо истеҳсоли маҳсулот ба сари ҳар як коргар бетағйир мемонад.

2. Рушди иқтисодии интенсивӣ афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) аз ҳисоби истифодаи самаранок ва мукаммал намудани омилҳои истеҳсолот (хусусан, техника ва технология) мебошад. Аз ҷумла истифодаи қувваи кории тахассуснок, захираҳои камхарҷ ва технологияи пешқадам ба таъмини чунин шакли рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд.

3. Рушди иқтисодии омехта афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) аз ҳисоби зиёд намудани шумораи омилҳои иловагии истеҳсолот ва такмилдиҳии техникаю технология мебошад.

Рушди иқтисодӣ тавассути нишондиҳандаҳои зерин андоза карда мешавад:

  1. Нишондиҳандаи суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ), ки аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Дар ин ҷо: МММ1 — маҷмӯи маҳсулоти миллӣ дар соли ҷорӣ;

МММ0 — маҷмӯи маҳсулоти миллӣ дар соли ҳисоботӣ (базавӣ).

  1. Барои нишон додани миқдори мутлақи афзоиши МММ аз нишондиҳандаи афзоиши ҳаҷми МММ низ истифода мекунанд, ки аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
  2. Баъзе аз иқтисодчиён нишондиҳандаи МММ-ро ба сари аҳолӣ (МММ(S)) ҳамчун нишондиҳандаи асосии рушди иқтисодӣ маънидод мекунанд, ки формулаи ҳисобкунии он намуди зеринро дорад:

Дар ин ҷо: S – шумораи аҳолӣ мебошад.

Моҳияти асосии рушди иқтисодӣ дар принсипи акселератор ифода меёбад, яъне бо афзоиши МММ даромади аҳолӣ, пасандоз ва маблағгузорӣ зиёд шуда, боиси бори дигар афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот мегарданд. Бояд қайд намуд, ки рушди иқтисодӣ на ҳама вақт беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолиро нишон медиҳад. Масалан, афзоиши МММ мумкин аст аз ҳисоби афзоиши истеҳсолоти ҳарбӣ сурат гирифта бошад ва агар дар ин ҳолат истеҳсоли молҳои истеъмолӣ зиёд нашуда бошад, пас, сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд намешавад. Гузашта аз ин, бо афзоиши МММ муҳити зист бештар ифлос шуда, масъалаи маҳдудияти захираҳои табиӣ барои наслҳои оянда низ ба миён меояд. Инчунин ҳаҷми МММ метавонад аз ҳисоби болоравии сатҳи умумии нархҳо (таваррум) зиёд шавад, ки дар ин ҳолат ба некӯаҳволии халқ таъсири мусбӣ расонида наметавонад.

2. Сарчашмаҳо ва омилҳои рушди иқтисодӣ

Дар назарияи иқтисод мафҳуми сарчашмаҳо ва омилҳои рушди иқтисодиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Ба сарчашмаҳои рушди иқтисодӣ захираҳои иқтисодӣ ва прогресси илмию техникӣ дохил карда мешавад. Ба захираҳои иқтисодӣ (захираҳои табиӣ, меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ) маҷмӯи омилҳои истеҳсолотро дохил мекунанд. Ба омилҳои истеҳсолот меҳнат, замин ( бо канданиҳои фоиданок) ва сармоя дохил мешаванд. Ҳар яке аз ин омилҳо хусусияти ба худ хос дошта, ба рушди иқтисодӣ таъсири худро мерасонанд.

Сарчашмаи дигари рушди иқтисодӣ прогресси илмию техникӣ буда, такмилдиҳии технология ва шаклҳои нави идоракуниро дар истеҳсолот мефаҳмонад. Агар прогресси илмию техникӣ (ПИТ) вуҷуд надошта бошад, пас, тадриҷан андӯхтани сармоя ба пастравии маҳсулнокии ниҳоӣ ва коҳиш ёфтани рушди иқтисодӣ оварда мерасонад. Дар шароити истифодаи прогресси илмию техникӣ сармоя ва меҳнат нисбатан маҳсулноктар мешаванд.

Прогресси илмию техникӣ ба афзоиши маблағгузорӣ боис мегардад. Маблағгузориҳо ба рушди иқтисодӣ метавонанд таъсири гуногун дошта бошанд. Баъзеи онҳо ба сарфаи хароҷоти меҳнат ва зиёд шудани хароҷоти сармоя оварда мерасонанд. Онҳоро маблағгузориҳои сарфакунандаи меҳнат меноманд. Маблағгузориҳои дигар хароҷоти сармояро нисбат ба меҳнат камтар менамоянд, ки онҳоро маблағгузориҳои сарфакунандаи сармоя низ меноманд. Дар ҳолати сарфаи баробари меҳнат ва сармоя онҳоро маблағгузориҳои бетараф меноманд. Бояд қайд намуд, ки бо истифодаи техникаю технологияи нав, усулҳои нави идоракунии истеҳсолот ва истифодаи навовариҳои илмию техникӣ истеҳсоли маҳсулоти миллӣ зиёд мешавад, яъне рушди иқтисодӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

Ба рушди иқтисодӣ омилҳои гуногун таъсир мерасонанд, ки онҳоро ба омилҳои арза, тақозо ва омилҳои манфӣ ҷудо кардан мумкин аст.

Омилҳои арза инҳо мебошанд:

  • шумора ва сифати захираҳои табиӣ (замин, канданиҳои фоиданок, иқлим ва ғайра), яъне то чӣ андозае, ки шароитҳои табиии кишвар хубтар бошанд, то ҳамон андоза имконияти бештари таъмини рушди иқтисодӣ вуҷуд дорад;
  • шумора ва сифати қувваи корӣ;
  • мавҷудияти сармояи асосӣ;
  • дараҷаи технологияи дар истеҳсолот истифодашаванда.

Ба омилҳои тақозо омилҳое дохил мешаванд, ки маҷмӯи тақозоро зиёд мекунанд. Аз ҷумла:

  • музди кор, яъне бо зиёд будани он тақозо низ зиёд мешавад;
  • сиёсати фискалии давлат, яъне афзоиши меъёри андоз ба даромад боиси камшавии музди кори ҳақиқӣ, маҷмӯи тақозо ва пастравии истеҳсолот мегардад;
  • майли ниҳоӣ ба пасандоз, ки ҳангоми афзоиш боиси камшавии маҷмӯи тақозо ва зиёдшавии маҷмӯи арза мегардад.

Ба омилҳои манфӣ омилҳое дохил мешаванд, ки ба маҷмӯи арза ва маҷмӯи тақозо таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла:

  • таваррум, ки боиси баланд шудани нархи сармоя ва паст шудани нархи меҳнат (қувваи корӣ) мешавад;
  • афзоиши бекорӣ боиси паст шудани сифати қувваи корӣ, афзоиши андозҳо ва кам шудани МММ мегардад (мувофиқи қонуни Оукен);
  • касри буҷа, ки боиси кам шудани маблағгузории давлатӣ, кам шудани хароҷотҳои иҷтимоии давлат гардида, афзоиши МММ-ро бозмедорад.

3. Тамсилаҳои (моделҳои) мувозинати рушди иқтисодӣ. Моделҳои Е. Домар ва Р. Харрод.

Тамсилаи рушди иқтисодӣ шарҳи риёзии тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар вақти муайян мебошад, ки тараққиёти иқтисодиёт ё соҳаҳои алоҳидаро нишон медиҳанд.

Вобаста ба истифодаи омилҳои дар боло номбаршудаи рушди иқтисодӣ, тамсилаҳои (моделҳои) гуногуни рушди иқтисодӣ сохта шудаанд, ки ҳоло се шакли он: тамсилаи бисёромила, тамсилаи дуомила ва тамсилаи якомила хело маъмул мебошанд.

Дар тамсилаи бисёромила ҳар як омил ҳиссаи худашро дорад. Мувофиқи ҳисоботҳои Э. Дениссон дар давраи солҳои 1929-1982 саҳми ҳар як омил (захираҳо) дар афзоиши ММД чунин аст:

Ҷадвали 2. Саҳми омилҳои рушди иқтисодӣ дар афзоиши он

Омилҳо Саҳми омилҳои рушди иқтисодӣ дар афзоиши ММД бо %
Афзоиши сарфи меҳнат 32
Суръати афзоиши ҳосилнокии меҳнат 68
Прогресси илмию техникӣ 28
Сарфи сармоя 19
Маълумот ва тайёрии касбӣ 14
Сарфакорӣ дар ҳаҷми истеҳсолот 9
Беҳтар шудани тақсимоти захираҳо 8
Омилҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ -9

Дар илми назарияи иқтисод вобаста ба саҳми омилҳо дар таъмини рушди иқтисодӣ инчунин шаклҳои зерини тамсилаҳои рушди иқтисодиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: тамсилаи кейнсионӣ, тамсилаи неокейнсионӣ, тамсилаи неоклассикӣ ва тамсилаи иҷтимоӣ.

Тамсилаи кейнсионӣ ба назарияи иқтисодии олими амрикоӣ Ҷон Кейнс марбут аст. Ӯ чунин меҳисобад, ки омили асосии таъмини мувозинати макроиқтисодӣ маҷмӯи тақозо мебошад. Унсури асосии маҷмӯи тақозо бошад сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути фузунсоз даромадро зиёд мекунад. Тамсилаи кейнсионӣ алоқамандии миқдории байни даромади миллӣ ва сармоягузориро нишон медиҳад. Ин алоқамандӣ дар самараи фузунсоз инъикос меёбад ва он нишон медиҳад, ки афзоиши сармоягузорӣ дар як соҳа боиси афзоиши истеъмолот дар дохили соҳа ва дигар соҳаҳо мегардад. Ин алоқамандӣ бо чунин формула нишон дода мешавад:

Дар ин ҷо: ∆Y –афзоиши даромад (ММД);

∆I – афзоиши сармоягузорӣ;

MP – фузунсоз.

Тамсилаи кейнсионӣ шакли зерин дорад:

Y = C + S

Дар ин ҷо: Y – даромад (ММД); С – истеъмолот; S – па-сандоз.

Азбаски пасандоз (S) баробари маблағгузорӣ (I) аст, бинобар ҳамин даромад шакли зеринро дошта метавонад:

Y = C + I;

Аз ин ҷо: S = Y – C; зеро S = I.

Нобаробарии ин бузургиҳо нишонаи вайрон шудани мувозинати макроиқтисодӣ мебошад.

Тамсилаи неокейнсионӣ дар назарияи иқтисод бо номи тамсилаи Домар-Харрод маъмул буда, иқтисодро ҳамчун низоми ноустувор шарҳ дода, барои бартарафкунии «камбудиҳои иқтисоди бозорӣ» таъмини сармоягузорӣ, ба ҳисоб гирифтани самараи фусунсоз, акселератор ва нақши пасандозро тақозо менамояд. Дар ин тамсила иқтисод ба танзими давлатӣ ниёз дорад ва онро Харрод «рушди кафолатнок» номидааст.

Дар тамсилаи пешниҳоднамудаи Домар маблағгузориҳо омили ба вуҷудоварандаи даромад, балки ҳамчун омили бавуҷудоварандаи иқтидорҳои нав мебошад. Домар се баробариро дар тамсилааш пешниҳод намудааст: баробарии тақозо, баробарии арза ва баробарии арзаю тақозо. Баробарии арза шакли зеринро дорад:

дар ин ҷо: X—афзоиши истеҳсолот, I — ҳаҷми сармоягузорӣ, q — ҳосилнокии миёнаи сармоягузорӣ. Дар ин тамсила афзоиши маҳсулотро аз ҳисоби ҳар як воҳиди сармоягузорӣ ташкил менамояд. Дар ин баробарӣ прогресси илмию техникӣ, шуғл ва захираҳои табиӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Баробарии тақозо дар тамсилаи Домар чунин аст:

Дар ин ҷо: APS — майли миёна ба пасандоз аст, ки нишондиҳандаи баръаксаш ҳаҷми фузунсозро нишон медиҳад. Дар ин тамсила танҳо афзоиши маблағгузорӣ ба инобат гирифта шудааст.

Баробарии арзаю тақозо мувофиқати миқдории афзоиши даромад ва афзоиши истеҳсолот мебошад:

Ҳамин тавр, дар тамсилаи Домар нақши маблағгузорӣ, хусусан, фузунсози маблағгузорӣ ҳам дар афзоиши тақозо ва ҳам дар афзоиши арза нишон дода шудааст.

Тамсилаи пешниҳоднамудаи Р.Ф. Харрод бар афзоиши сармоягузорӣ тавассути принсипи акселератор ва интизории соҳибкорон асос ёфтааст. Мувофиқи принсипи акселератор тағйирот дар даромади умумӣ (ММД) боиси тағйироти баробар дар ҳаҷми сармоягузорӣ мегардад, яъне:

It=К(Yt-Yt-1)

дар ин ҷо: К — фузунсоз аст.

Аз ҳамин ҷиҳат мувофиқи таълимоти Харрод ҳаҷми сармоягузорӣ функсияи афзоиши даромад мебошад. Интизории соҳибкорон дар тамсилаи Харрод чунин шарҳ дода мешавад: агар соҳибкорон бубинанд, ки дар ҳамин давра ҳаҷми тақозо аз ҳаҷми арза бештар аст, пас, дар давраи нав ҳаҷми истеҳсолотро зиёд менамоянд ва баръакс, дар сурати кам будани ҳаҷми тақозо аз ҳаҷми арза дар ҳамин давра дар давраи нав соҳибкорон ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намекунанд.

Тамсилаи пешниҳоднамудаи Харрод тамсилаи бисёромила буда, ба назарияи акселератор шабоҳат дорад. Дар ин тамсила бо дарназардошти таъсири омилҳо Харрод шаклҳои зерини рушди иқтисодиро аз ҳамдигар ҷудо мекунад:

«Рушди кафолатнок» рушдест, ки дар баробар будани пасандоз ва маблағгузорӣ асос ёфтааст;

«Рушди табиӣ» рушдест, ки ба афзоиши шумораи аҳолӣ ва ҳосилнокии меҳнат асос ёфтааст.

Мувофиқи таълимоти Харрод «рушди кафолатнок» ва «рушди табиӣ» ба ҳамдигар мувофиқат намекунанд. Ин номувофиқатӣ дар сурати ҷой доштани таваррум ва стагнатсия зоҳир мегардад. Бинобар ҳамин барои таъмини «рушди кафолатнок» дахолати давлат ба хотири танзими маҷмӯи тақозо

зарур аст.

Тамсилаҳои неоклассикӣ бар муқобили тамсилаҳои кейсионӣ ба вуҷуд омадаанд ва ивазшавии як омили истеҳсолотро бар дигараш дар назар дорад. Яке аз чунин тамсилаи неоклассикӣ ин тамсилаи Солоу мебошад, ки дар он рушди иқтисодӣ аз прогресси (пешравии) технологӣ вобаста аст. Мувофиқи тамсилаи пешниҳоднамудаи ӯ рушди иқтисодӣ вобаста аст аз ивазшавии меҳнат ба сармоя, ки тавассути мусаллаҳшавии коргарон бо сармоя андоза карда мешавад. Мусаллаҳшавии коргарон бо сармоя ин ҳаҷми сармояи ҷисмониест (техникаю технология), ки ба ҳар як нафари шуғлдошта рост меояд, яъне:

Дар тамсилаи Солоу мувозинати байни маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин дар ин тамсила маҷмӯи тақозо баробар аст ба ҳаҷми маблағгузорӣ (I) ва истеъмолот (С). Азбаски омили асосӣ ба ҳисоб меравад, пас, бояд чунин баробарӣ ҷой дошта бошад: пас у=ƒ(k)

Тамсилаи Солоу дар шакли графикӣ чунин шакл дорад:

Мувофиқи шарҳи функсияи истеҳсолии тамсилаи Солоу тангенси кунҷи майлкунии он ба маҳсулоти ниҳоии сармоя (МРК) баробар аст, ки он бо афзоиши мусаллаҳшавии коргарон бо сармоя (к) кам мешавад.

D2

Хулосаи асосии тамсилаии Солоу аз он иборат аст, ки ҳангоми устувор будани рушди иқтисодӣ мусаллаҳшавии коргарон бо сармоя (к) ва ҳосилнокии меҳнат (у) тағйир намеёбад ва барои он ки мусаллаҳшавии коргарон бо сармоя (к) ҳангоми афзоиши аҳолӣ бетағйир монад, сармоя бо ҳамон суръате, ки аҳолӣ меафзояд, бояд зиёд шавад.

Тамсилаи Кобба-Дуглас низ яке аз тамсилаҳои неокласскикӣ ба ҳисоб рафта, бо номи функсияи истеҳсолӣ маълум мебошад, ки онро солҳои 20-уми асри гузашта олимони амрикоӣ П. Дуглас ва Х. Кобб дар натиҷаи таҳлили динамикаи инкишофи саноати маснуотбарории Амрико дар давраи солҳои 1899-1922 пешниҳод намудаанд. Функсияи истеҳсолӣ тамсилаи дуомила буда, дар он афзоиши сармояи асосӣ ва вақти корӣ (шумораи соатҳои сарфшуда) ба назар гирифта шудааст. Мувофиқи натиҷаи тадқиқоти Дуглас ва Кобб дар давраи аз солҳои 1899 то 1922 ҳаҷми сармояи асосӣ 4 маротиба, мусаллаҳшавии коргарон бо сармоя 2,7 маротиба, вақти корӣ 1,61 маротиба ва ҳаҷми истеҳсолот 2,4 маротиба афзудааст. Бо дарназардошти ин натиҷаҳо онҳо формулаи зерини функсияи истеҳсолиро пешниҳод намудаанд:

у = 1,01 x Lα x Kβ

дар ин ҷо: у — ҳаҷми истеҳсолот; L — сарфи меҳнат; α ва β — коэфисиентҳои чандирӣ. Баъдтар олимон бузургии α ва β-ро чунин муайян намудаанд: α = 3/4, β = 1/4. Ин рақамҳо дар китоби “Экономикс”-и П. Самуэлсон ва В. Нордхаус оварда шудаанд. Бояд хотиррасон намуд, ки коэффисиентҳои чандирӣ нишон медиҳанд, ки дар сурати афзоиши ҳаҷми як воҳиди омилҳои истеҳсолот ба миқдори як воҳид ҳаҷми умумии истеҳсолот чӣ қадар зиёд мешавад. Тамсилаи Кобба-Дуглас имконият медиҳад, натиҷаи ивазкунии технологии як воҳиди омили истеҳсолотро барои ҷомеа муайян намоем. Масалан, дар таъмини даромади миллӣ сармоя ба миқдори 1/4 ва меҳнат ба миқдори 3/4 саҳм дорад. Агар дар назди ҷомеа вазифа гузошта шуда бошад, ки ҳаҷми даромади миллӣ ё ҳаҷми истеҳсолот ба 15 миллион доллар зиёд карда шавад, пас, аз нигоҳи функсияи истеҳсолӣ онро бо ду тарз таъмин намудан мумкин аст:

  1. агар ҳаҷми сармояро (K) зиёд накунем, пас, ҳаҷми сарфи меҳнатро (L) бояд ба миқдори 60 миллион доллар зиёд намоем, яъне (15: 1/4=60 миллион );
  2. агар ҳаҷми сарфи меҳнатро (L) зиёд накунем, пас, ҳаҷми сармояро (K) бояд ба миқдори 20 миллион доллар зиёд намоем, яъне (15: 3/4=20 миллион).

Ҳамин тавр, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ба миқдори 15 миллион доллар дар ду ҳолат муяссар мегардад: якум, агар мо ҳаҷми хароҷотро барои сармояи асосӣ ба миқдори 60 миллион доллар зиёд намоем; дуюм, агар ҳаҷми хароҷотҳоро барои қувваи корӣ (сарфи меҳнат) ба миқдори 20 миллион доллар зиёд намоем.

Дар назарияи иқтисод инчунин тамсилаҳои пешниҳоднамудаи В Леонтев, Н. Калдор, Д. Хикс, Р. Гудвин ва дигарон вуҷуд доранд. Ҳамаи ин тамсилаҳо ба гурӯҳи тамсилаҳои бисёромила дохил шуда, шарҳи риёзии ба назар гирифтани таъсири ягон омили иловагӣ мебошанд.

Тамсилаҳои иҷтимоии рушди иқтисодӣ дар асри ХХ ба вуҷуд омадаанд ва онҳо дар асоси ба назар гирифтани омилҳои иҷтимоӣ ва натиҷаҳои иҷтимоии рушди иқтисодӣ сохта шудаанд. Дар илми назарияи иқтисод шаклҳои зерини тамсилаҳои иҷтимоиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: тамсилаи мувозинати глобалӣ ва тамсилаи рушди ҳудуднок . Бояд қайд намуд, ки тамсилаҳои иҷтимоии рушди иқтисодӣ бо тадқиқотҳои илмии Клуби Рим вобаста мебошад. Клуби Рим ташкилоти ғайридавлатиест, ки соли 1968 аз ҷониби менеҷери итолиёвӣ А. Печчеи ташкил карда шудааст. Соли 1971 бори аввал аъзои ин ташкилот мутахассиси амрикоӣ оид ба тамсиласозии компютерӣ Ҷ. Форрестер тамсилаи тараққиёти иқтисоди ҷаҳониро пешниҳод намуд, ки он дар китоби ӯ бо номи Динамикаи ҷаҳонӣ сабт шудааст. Бо ақидаи ӯ истеъмоли захираҳои табиӣ бо суръати ҳозира ба бӯҳрони экологии ҷаҳонӣ дар соли 2020 оварда мерасонад. Агар ягон чора андешида нашавад, пас, дар аввали асри ХХI қаблан истеҳсоли саноатӣ ба сари аҳолӣ кам шуда, сипас, шумораи аҳолии ҷаҳон кам мешавад. Ҳатто агар ҳаҷми захираҳо ду маротиба зиёд карда шавад ҳам, бӯҳрони экологии ҷаҳонӣ (глобалӣ) дар нимаи дуюми асри ХХI ба вуҷуд меояд. Барои пешгирии бӯҳрони экологии ҷаҳонӣ иқтисоди ҷаҳониро бояд дар асоси тамсилаи мувозинати глобалӣ тараққӣ дод. Ин тамсила бо номи назарияи «рушди сифрӣ» маълум мебошад ва он камкунии бошууронаи истеҳсолоти саноатӣ ва шумораи аҳолиро тақозо менамояд. Соли 1972 аъзои дигари ин ташкилот Д. Медоуз низ китоберо бо номи «Ҳудудҳои рушд» навишт, ки дар он низ чунин фикр тасдиқ шуда буд ва чунин тамсила пешниҳод гардидааст.

Соли 1974 бошад, олимон М. Месаревич ва Э. Пестелӣ тамсиласозии компютериро давом дода, ба хулосае омаданд, ки як қатор фалокатҳои экологӣ дар минтақаҳои алоҳида пештар аз он даврае, ки Ҷ. Форрестер ва Д. Медоуз пешниҳод намудаанд, ба вуҷуд меоянд. Барои ҳалли ин масъала онҳо на тамсилаи «мувозинати глобалӣ», балки тамсилаи «рушди ҳудуднок»-ро пешниҳод намудаанд. Мувофиқи ин тамсила бояд қисматҳои ҷудогонаи иқтисоди ҷаҳонӣ инкишоф дода шаванд, то ин ки мувозинати тараққиёти инсоният таъмин карда шавад.

Умумияти асосии тамсилаҳои «мувозинати глобалӣ» ва «рушди ҳудуднок» дар он аст, ки ҳардуи ин тамсилаҳо даст кашиданро аз инкишофи иқтисодии бесаранҷом (стихиявӣ) тақозо намуда, танзими бошуури рушди иқтисодиро талқин менамоянд.

Хулосаҳои асосии тамсилаҳои иҷтимоӣ, ки бо дарназардошти омилҳои зерини рушди иқтисодӣ, аз қабили шумораи аҳолӣ, истеҳсоли озуқа, ифлосшавии муҳити зист ва харҷи захираҳои табиии барқарорнашаванда сохта шудаанд, чунин аст:

  1. Агар ҷараёни афзоиши шумораи аҳолӣ, саноатикунонӣ, ифлосшавии муҳити зист, истеҳсоли озуқа ва тамомшавии захираҳои табиӣ бо чунин суръат давом кунад, пас, имкониятҳои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар садсолаи ҷорӣ (асри ХХI) маҳдуд мешавад. Дар натиҷаи он шумораи аҳолии ҷаҳон ва ҳаҷми истеҳсолот яку якбора кам мешаванд;
  2. Мувозинати экологию иқтисодиро таъмин намудан мумкин аст, то ин ки рушди иқтисодии устуворро таъмин намуд. Мувозинати муҳити глобалиро дар дараҷае метавон таъмин намуд, ки ба таъмини моддии ҳар як инсон мусоидат намояд ва ба ҳар як инсон имконияти амалӣ намудани иқтидори худашро диҳад.

4. Танзими давлатии рушди иқтисодӣ

Чорабиниҳои махсус оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва мӯътадил гардонидани инкишофи иқтисодӣ яке аз вазифаҳои асосии танзими давлатии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад давлат ба сарчашмаҳои рушди иқтисодӣ таъсир мерасонад.

Асосан барои танзими рушди иқтисодӣ давлат бештар ба ҳаҷми сармояи асосӣ тавассути афзоиши маблағгузорӣ таъсир мекунад. Сиёсати давлатӣ бо ду роҳ афзоиши сармояи асосиро таъмин карда метавонад:

1) бо роҳи афзоиши пасандози давлатӣ;

2) бо роҳи афзоиши пасандозҳои хусусӣ.

Пасандози давлатӣ фарқи байни даромад ва хароҷотҳои давлатӣ мебошад. Дар ҳолати мавҷуд будани касри буҷа (зиёд будани хароҷотҳо аз даромад) маблағгузорӣ кам мешавад, бинобар ҳамин, сиёсати фискалии давлат бояд имтиёзҳои муайянро ҳангоми рӯёнидани андоз аз даромади фирмаҳои калон дар назар дошта бошад, то ин ки афзоиши маблағгузориро таъмин кунад.

Пасандозҳои хусусиро давлат ба воситаи додани имтиёзҳои муайян ба фондҳои нафақа ва додани имтиёзҳо ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ зиёд карда метавонад.

Самти дигари танзими давдатии рушди иқтисодӣ ҳавасманд намудани прогресси илмию техникӣ бо усулҳои зерин мебошад:

  • афзоиши тадқиқотҳои илмӣ;
  • инкишофи низоми патентӣ, ки ба соҳибаш монополияи муваққатии навовариро медиҳад;
  • аз ҳисоби буҷаи давлатӣ молиякунонии як қатор тадқиқотҳои фундаменталӣ ва ғайра.

Ҳамин тавр, мақсади асосии танзими давлатии рушди иқтисодӣ афзоиши маблағгузорӣ буда, барои таъмини он дар илми назарияи иқтисод аз пешниҳодҳои намояндагони мактаби неоклассикӣ ва мактаби кейнсчигӣ истифода мебаранд.

Неоклассикҳо инкишофи истеҳсолотро ба паст кардани меъёри андозҳо вобаста мекунанд. Ба ақидаи онҳо пастшавии меъёри андозҳо боиси афзоиши пасандоз, маблағгузорӣ ва МММ мегардад.

Ҷон Кейнс ва ҷонибдорони ӯ барои афзоиши маблағгузорӣ зиёд кардани хароҷотҳои ҳукуматӣ ва паст кардани меъёри фоизи қарзро пешниҳод намудаанд, ки ин ҳолат ба афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ сабаб шуда метавонад.

5. Рушди иқтисодӣ ва экология

Мафҳуми «экология» дар адабиётҳои иқтисодӣ на ҳамчун илми алоҳида истифода карда мешавад. Бештари иқтисодшиносон дар зери мафҳуми «экология» вазъи бӯҳронии муҳити табиии зистро мефаҳманд. Камбудии чунин фаҳмиш иборат аз он аст, ки муҳити табиии зист на ҳама вақт дар ҳолати бӯҳрон қарор дорад. Аз ҳамин ҷиҳат мафҳуми экология (дар маънои маҳдуд) сифати унсурҳои таркибии муҳити табиии зистро ифода мекунад. Ба унсурҳои муҳити табиии зист об, ҳаво, замин, захираҳои табиӣ, рӯшноӣ, иқлим ва ғайра дохил мешаванд, ки онҳоро омилҳои экологӣ низ меноманд.

Дар баробари афзоиши истеҳсолоти ҷамъиятӣ, беҳтар шудани сифати унсурҳои муҳити табиии зист низ яке аз шартҳои асосии мавҷудияти инсоният ба ҳисоб меравад. Аммо дар байни афзоиши истеҳсолот ва беҳтар шудани сифати муҳити табиии зист зиддияти махсус вуҷуд дорад. Ин зиддият дар он асос меёбад, ки бо афзоиши истеҳсолот, муҳити табиии зист ифлос шуда, унсурҳои он барои истифода ғайриимкон мегарданд. Аз дигар тараф бошад, паст шудани сифати унсурҳои муҳити табиии зист, ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ расонида, суръати афзоиши онро бозмедоранд. Масалан, бо ифлосшавии ҳаво, шароити меҳнату зиндагӣ ва саломатии одамон (омили инсонии рушди иқтисодӣ) паст шуда, фаъолияти меҳнатии онҳо суст мешавад ва ин ҳолат ба пастравии сатҳи истеҳсолот оварда мерасонад, ё ин ки бар иллати вайроншавии сифати хок ҳосилнокии он кам шуда, боиси камшавии ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ мегардад. Умуман, омилҳои экологӣ ба ҳосилнокии меҳнат, сифати қувваи корӣ, хароҷотҳои истеҳсолот, нарх ва даромадҳои аҳолӣ таъсири бевосита расонида, боиси афзоиши дараҷаи бекорӣ, дараҷаи таваррум, пастшавии содироти молҳо, камшавии ҳаҷми пасандозу маблағгузорӣ, пастшавии сатҳи зиндагӣ, афзоиши кӯчиши аҳолӣ ва камшавии истеҳсоли молу хизматҳо шуда метавонанд.

Хусусияти дигари ин зиддият аз он иборат аст, ки бо афзоиши суръати рушди иқтисодӣ, барои беҳтар намудани муҳити табиии зист шароити бештаре фароҳам меояд, яъне дар натиҷаи афзоиши даромад маблағгузорӣ дар соҳаи муҳити зист бештар шуда, иншоотҳои нави тоза намудани обу ҳаворо ба даст овардан мумкин мегардад.

Азбаски рушди иқтисодӣ ва сифати унсурҳои муҳити табиии зист шарти асосии мавҷудияти ҷамъият ба ҳисоб мераванд, бинобар ҳамин инсон наметавонад яке аз онҳоро интихоб намояд. Аз ҳамин ҷиҳат таъмини рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сифати муҳити табиии зист, дар як вақт яке аз вазифаҳои асосии ҷамъият ба ҳисоб мераванд. Дар назарияи иқтисодии муосир афзоиши ҳаҷми истеҳсоли мол ва хизматҳо, ки боиси паст шудани сифати унсурҳои муҳити табиии зист намегардад, рушди иқтисодии устувор номида мешавад.

Рушди иқтисодии устувор мавҷудияти мувозинати иқтисодию эколигиро дар ҷамъият инъикос мекунад. Барои таъмини мувозинати иқтисодию экологӣ чораҳои зерини давлатӣ бояд амалӣ гардонида шаванд:

  • ҷорӣ намудани экспертизаи экологӣ;
  • дастгирии давлатии корхонаҳое, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият доранд;
  • ташкили фондҳои экологӣ;
  • ҷорӣ намудани қарзи экологӣ;
  • ташкили бонкҳои экологӣ;
  • ташкили бозори хизматҳои экологӣ;
  • афзоиши маблағгузории давлатии соҳаи муҳити зист ва ғайра.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

3 Шарҳҳо

  1. Кори Курси даркорай дар мавзуи ,,танзими давлатии иктисоди милли,,

  2. Кори даркорай дар мавзуи «Рушди Иктисоди ва мухити зист»

  3. Кори курси даркорай дар мавзуи «Рушди Иктисоди ва мухити зист»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *