Фанни Микро ва макро иқтисод

Системаи асъорӣ – молиявии байналхалқӣ

1. Мафҳуми асъор, бозори асъор ва принсипҳои ташкили он.

2. Қурби асъор ва таҳавулоти системаи он. Баланси пардохт.

3. Шаклҳои байналхалқии ҳисоббаробаркунии асъори миллӣ.

1. Мафҳуми асъор, бозори асъор ва принсипҳои ташкили он.

Муносибатҳои байналхалқии асъорӣ, яке аз шаклҳои асосии муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Муносибатҳои асъорӣ гуфта, чунин муносибатҳои иқтисодиеро меноманд, ки ҳангоми фаъолият намудани пул дар гардиши байналхалқӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин шакли муносибатҳо дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат пайдо шуда инкишоф меёбанд.

Ба субъектҳои муносибатҳои асъорӣ – давлат, корхонаҳо, бонкҳо, шахсони алоҳида ва ташкилотҳое, ки ба фаъолияти берунӣ–иқтисодӣ машғуланд, дохил мешаванд.

Низоми асъорӣ гуфта, шакли муайяни ҳуқуқии ташкили муносибатҳои асъориро аз ҷониби давлат меноманд. Дар назарияи иқтисод низоми миллии асъор, низоми минтақавии асъор ва низоми байналхалқии асъорро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Низоми миллии асъор як қисми низоми пулии мамлакат мебошад, ки дар доираи он захираҳои асъорӣ ташкил ва истифода карда мешаванд.

Низоми минтақавии асъор муносибатҳои асъориро дар байни якчанд давлати як минтақа ифода менамояд. Низоми байналхалқии асъор маҷмӯи қонун, қоидаҳо ва муассисаҳое мебошанд, ки муносибатҳои байналхалқии молиявӣ, қарзӣ ва ҳисоббаробаркуниро дар асоси созишномаҳои давлатӣ ташкил менамоянд.

Низоми байналхалқии асъор дар асоси низомҳои миллии асъор ташкил шуда, аз унсурҳои зерин иборат аст:

  • воситаҳои пардохт (асъори миллӣ, тилло, СДР, ЭКЮ ё ин ки Евро);
  • механизми муайян ва нигоҳ доштани қурби асъор;
  • шароитҳои қобили табдил будани асъор;
  • тартиби мувозинат намудани пардохтҳои байналхалқӣ;
  • ташкилотҳои байналхалқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ки барои танзими муносибатҳои асъорӣ истифода мешаванд.

Низоми байналхалқии асъор дар таърихи инкишофи худ се зинаро аз сар гузаронидааст: зинаи аввал аз соли 1879 то 1944; зинаи дуюм аз соли 1944 то соли 1976 ва зинаи сеюм аз соли 1976 то имрӯз. Мувофиқи ин зинаҳо се шакли низоми байналхалқии асъорро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: низоми стандарти тиллоӣ; низоми асъории Бреттон-Вудск ва низоми асъори озод (Ямайка). Онҳоро низоми қурби асъор низ меноманд.

Низоми стандарти тиллоӣ чунин низомест, ки дар он тилло ба сифати асъори байналхалқӣ истифода мешавад. Ин низом дорои хусусиятҳои зерин буд:

  • тилло бо вазни муайян дар ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ истифода мешуд;
  • тилло бо дигар асъорҳои миллӣ озодона мубодила карда

шуда, дар бозорҳои миллӣ низ озодона истифода мешуд;

  • нархи тамоми молҳо бо воҳиди тиллоӣ муқаррар карда мешуд;
  • барои содироту воридоти тилло ягон монеа вуҷуд надошт.

Низоми асъории Бреттон-Вудск (низоми асъории мустаҳкам) соли 1944 ба ҷои низоми стандарти тиллоӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ин низоми асъорӣ хусусиятҳои зерин хос мебошад:

  • вазифаи пули ҷаҳониро дар қатори тилло минбаъд дигар пулҳои миллӣ, аз ҷумла доллари амрикоӣ ва фунт-стерлинги англисӣ низ иҷро менамуданд;
  • таркиби тиллоии ҳамаи асъорҳо ва қурби мустаҳками онҳо нисбат ба доллар муайян карда мешуд;
  • давлатҳое, ки созишномаи Бреттон-Вудскро имзо кардаанд, бояд ба қурби асъорашон тағйирот ворид намекарданд;
  • ташкилоти асосии молиявию қарзии байналхалқӣ Фонди байналхалқии асъор (ФБА) ва Бонки байналхалқии таҷдид ва тараққиёт (ББТТ) ташкил шуда, ҳамчун муассисони асосии муносибатҳои байналхалқии асъорӣ эътироф карда шуда буданд.

Низоми асъори озод соли 1976 дар конфронси Ямайка ташкил шудааст ва қоидаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

  • нархи мустаҳками расмии тилло бекор карда шавад;
  • хариду фурӯши озоди тилло бо нархҳои бозорӣ иҷозат дода шавад;
  • иваз намудани доллар бо тилло барои бонкҳои марказию органҳои давлатӣ манъ карда шавад;
  • ҳуқуқи ташкили асъорҳои минтақавӣ эътироф карда шавад;
  • тартиботи (режим) асъорҳои озод шинокунанда ҷорӣ карда шавад;
  • ба сифати пулҳои ҷаҳонӣ, асъорҳои минтақавӣ, маркаи немисӣ ва йени ҷопонӣ низ истифода шаванд;
  • ба ФБА ҳуқуқи назорат аз болои сиёсати асъории давлатҳои аъзои ин созишнома дода шавад.

2. Қурби асъор ва таҳавулоти системаи он. Баланси пардохт.

Яке аз масъалаҳои асосии ҳамагуна низоми асъорӣ қурби асъор мебошад. Қурби асъор гуфта, инъикоси нархи асъори як мамлакатро бо асъори дигар мамлакат меноманд. Асоси ҳар гуна қурби асъорро бошад, ҳампоягии (паритет) асъорӣ ташкил мекунад.

Ҳампоягии асъорӣ гуфта, муносибати байни ду асъорро меноманд, ки тавассути қонунгузорӣ муайян карда шудааст. Ҳампоягии асъорӣ ба воситаи сиёсати девалватсионӣ ва ревалватсионӣ тағйир дода мешавад. Девалватсия расман паст кардани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ё тилло мебошад.

Ревалватсия гуфта, расман баланд кардани қурби асъори миллиро нисбат ба асъори хориҷӣ ё тилло меноманд.

Вазифаи асосии қурби асъор дар он ифода меёбад, ки қурби асъор меъёри асосии самаранокии мубодилаи берунӣ-иқтисодӣ мебошад. Ҳамчун воситаи муқоисаи хароҷотҳои истеҳсолоти дохилию берунӣ қурби асъор имконият медиҳад, муайян намоем, ки кадом молҳоро дар дохили кишвар истеҳсол кунем, кадом молҳоро содирот намоем ва кадом молҳоро аз беруни кишвар ворид намоем. Ҳамин тавр, қурби асъор ба ҳаҷми истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.

Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ се шакли тартиботи муқаррар намудани қурби асъор вуҷуд дорад:

  • дар асоси ҳампоягӣ бо тилло (ҳангоми стандарти тиллоӣ);
  • дар асоси низоми мустаҳками қурби асъор;
  • дар асоси низоми қурби шинокунандаи асъор.

Ҳангоми стандарти тиллоӣ, қурби мустаҳками асъор, ки дар ҳампоягӣ бо тилло асос меёфт, вуҷуд дошт. Воҳиди ченаки тилло унсияи тройскӣ буд, ки ба 31,1 грамм тилло баробар буд. Масалан, агар таркиби тиллоии фунт-стерлинг 1/4 унсияи тилло ва доллари амрикоӣ 1/20 унсияи тиллоро ташкил медод, пас, қурби асъор 1/5-ро ташкил медод, яъне 1 фунт-стерлинг ба 5 доллар баробар мешуд.

Ҳангоми ҷой доштани низоми мустаҳкам қурби асъор вобаста ба таркиби тиллоиаш ва вобаста ба доллари амрикоӣ муқаррар карда мешуд. Масалан, аз соли 1961 то соли 1991 як рубли собиқ шӯравӣ ба 0,987672 грамм тилло ва 1 доллари амрикоӣ ба 0,888571 грамм тилло баробар буд. Қурби доллар нисбат ба рубли шӯравӣ чунин буд: 1$( доллар)=0,8996 рубли шӯравӣ.

Баъд аз соли 1976, ҳангоме ки низоми қурби шинокунандаи асъор ба вуҷуд омад, қурби асъор дар асоси арзаю тақозо муайян карда мешавад. Андозаи тақозо ба асъори хориҷӣ аз талаботи мамлакат ба воридоти молу хизматҳо ва хароҷоти сайёҳон вобаста мебошад. Арзаи асъорро бошад, ҳаҷми содирот ва қарзҳо муайян мекунанд.

Ба қурби асъор омилҳои гуногун таъсир мекунанд, ки онҳоро шартан ба омилҳои дарозмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат тақсим мекунанд. Ба омилҳои дарозмӯҳлат дараҷаи ҳосилнокии меҳнат дар ин ё он мамлакат, суръати афзоиши МММ ва мавқеи кишвар дар савдои берунӣ дохил мешаванд.

Ба омилҳои миёнамӯҳлат – дараҷаи фоизи қарз ба депозитҳо, вазъи тавозуни пардохт бо амалиётҳои ҷорӣ, афзоиши нархҳо дар кишварҳои гуногун дохил мешаванд.

Ба омилҳои кӯтоҳмӯҳлат, пеш аз ҳама омилҳои психологӣ дохил мешаванд. Масалан, ақидаи бонкирҳои калон, дилерҳои биржаи асъор ва идоракунандагони амалиётҳои асъории ширкатҳои калон дар бораи ояндаи қурби асъор.

Ба қурби пули миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама мудохилаи асъории (валютная интервенция) ҳукумат таъсир мерасонад. Моҳияти мудохилаи асъорӣ дар он ифода меёбад, ки Ҳукумат тавассути хариду фурӯши асъор қурби пули миллиро мехоҳад нигоҳ дорад. Барои ин Бонки миллӣ дар бозори озод қисмати зиёди асъорро мехарад, ё ин ки мефурӯшад. Ҳангоме ки Бонки миллӣ асъорро мехарад, қурби пули миллӣ (сомонӣ) паст мешавад ва баръакс ҳангоме ки Бонки миллӣ асъори хориҷӣ (доллар, евро ва ғайраҳо) мефурӯшад, қурби пули миллӣ баланд мешавад.

Мувофиқи таълимоти назарияи иқтисод шарти асосии пайвастшавии иқтисоди миллӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ қобили табдил будани арзи миллӣ мебошад.

Қобили табдил будани арз қобилияти ивазшавии озоди арзи миллӣ ба арзи дигар давлатҳо мебошад.

Асосан шаклҳои зерини қобили табдил будани арзро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: қобили табдили пурра, қобили табдили нопурра, қобили табдили дохилӣ ва қобили табдили берунӣ.

Қобили табдили пурра мавҷуд набудани ягон монеаро барои соҳибони дохилию хориҷии арз, ҳангоми содироту воридоти он дар вақти дилхоҳ меноманд.

Қобили табдили нопурра гуфта, мавҷуд будани монеаҳои гуногунро меноманд, ки ба субъектҳо, объектҳо ва минтақаи гардиши арз дахл доранд.

Қобили табдил будани дохилӣ озодона содироту воридот намудан, инчунин гузаронидани маблағҳоро ба хориҷа ва харидани арзи хориҷиро бе монеа, аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи кишвар ифода мекунад.

Қобили табдили берунӣ озодона содироту воридот намудан, инчунин гузаронидани маблағҳоро ба хориҷа ва хариду фурӯши арзи хориҷиро бе монеа аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ифода мекунад.

Имрӯзҳо асъорҳои қобили табдили пурра асосан долларҳои ИМА ва Канада, фунт-стерлинги англисӣ, маркаи олмонӣ, йени ҷопонӣ ва франки Шветсария ба ҳисоб мераванд.

3. Шаклҳои байналхалқии ҳисоббаробаркунии асъори миллӣ.

Дар ҷаҳони муосир барои танзими муносибатҳои байналхалқии асъор ва таъмини устувори ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ як қатор ташкилотҳои (институтҳои) байналхалқии молиявию асъорӣ нақши муҳим доранд. Калонтарин ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзӣ — Фонди байналхалқии асъор (ФБА), Бонки байналхалқии таҷдид ва тараққиёт (ББТТ) ва Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ТҲИТ) ба ҳисоб мераванд.

ФБА – органи марказии танзимкунандаи низоми асъорӣ буда, соли 1944 дар конфронси Бреттон-Вудск ташкил шудааст ва аз соли 1947 инҷониб фаъолият мекунад. Вазифаҳои асосии ФБА инҳо мебошанд:

  • танзими қурби асъор;
  • дастгирии устувори ҳампоягиҳои асъорӣ;
  • додани қарз ба аъзоёни фонд;
  • интишори воситаҳои пардохт дар ҳолати зарурӣ ва ғайра.

ББТТ ҳамчун як ташкилоти байналхалқии молиявию асъорӣ соли 1944 дар конфронси Бреттон-Вудск ташкил карда шудааст ва ба фаъолият соли 1946 оғоз намудааст. ББТТ ташкилоти молиявию байналхалқие мебошад, ки вазифаи асосии он додани қарзи дарозмуддат барои таъмини тараққиёти иқтисодии аъзоёнаш мебошад. Шарти асосии аъзо шудан ба ББТТ ин аъзо будан ба ФБА мебошад.

ББТТ ба Бонки ҷаҳонӣ дохил шуда дорои шӯъбаҳои зерин аст: Ширкати байналхалқии молиявӣ (ШБМ) ва Ассотсиатсияи байналхалқии тараққиёт (АБТ). ШБМ, пеш аз ҳама сохтори хусусиро дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф маблағгузорӣ менамояд.

АБТ ба мамлакатҳое, ки дар онҳо даромад ба сари аҳолӣ на кам аз 400 долларро ташкил медиҳад, қарзи имтиёзнок ва ҳатто қарзи бефоиз медиҳад.

Дар байни ташкилотҳои байниҳукуматии молиявӣ Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт (ТҲИТ) нақши муҳим дорад. Ба он тамоми мамлакатҳои мутараққӣ дохил мешаванд. Вазифаи асосии ин ташкилот барои амалӣ намудани сиёсати макроиқтисодӣ тавсия додан аст.

Барои танзими низоми минтақавии асъорӣ соли 1979 Низоми Европоии асъорӣ (НЕА) ташкил карда шуд, ки вазифаи он мустаҳкам намудани қурби асъор ва интишори воҳиди асъор (Евро) мебошад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *