Фанни Микро ва макро иқтисод

Чандирии талабот ва таклифот

3.1. Мафҳуми умумии чандирӣ. Хусусиятҳои он.

3.2. Чандирии талабот аз рӯи нарх

3.3. Чандирии талабот аз рӯи даромад

3.4. Чандирии чандтарафа (буридагузашта)-и

3.5. Чандирии таклифот

3.1. Мафҳуми умумии чандирӣ.

Хусусиятҳои он.

Таҳлили талабот ва таклифот, ки дар мавзӯи қаблӣ дода шуда буд, ошкор кардани самтҳои асосии тағйироти талабот ва таклифотро дар зери таъсири омилҳои нархӣ ғайринархӣ ва мухтасар ифода кардани қонуни асосӣ қонуни талабот ва таклифотро имконпазир кард.

Аммо дар аксар мавридҳо барои муҳаққиқон донистани он, ки болоравии нарх боиси кам шудани ҳаҷми талабот ба мол мегардад, кофӣ нест, таҳқиқи миқдории нисбатан дақиқ зарур аст, зеро камшавии ишора кардашуда метавонад тез ё суст, дурушт ё лоғар бошад.

Мутаасифшавии бозор ба тағйироти нарх, даромад ё ягон хел дигар нишондиҳандаҳои вазъи савдои бозорӣ дар нишондиҳандаи чандирӣ, ки бо коэффисиенти махсус шарҳ дода шуда метавонад, инъикос мегардад.

Ғояи чандирӣ дар назарияи иқтисодӣ хело дер пайдо шуд, вале зудӣ ба асосӣ табдил ёфт, Мафҳуми умумии чандирӣ ба иқтисодиёт аз фанҳои табиатшиносӣ (табии) омодааст.

Бори аввал истилоҳи «чандирӣ» дар таҳлили нимӣ аз тарафи олими машҳури асри XVII физик ва химик Роберт Бойл (1626-1691) дар рафти омӯзиш хусусиятҳо газҳо (қонуни машҳури Байл-Мариатт) истифода шуда буд. Аммо танҳо дар с. 1885 Алфред Маршалл таърифи иқтисодии чандирии талабот ва таклифотро додаст.

форӣ кардани чандирӣ бо таҳлили иқтисодӣ моҳияти хело калон дорад, фишанги ченаки оморӣ буда, фаъолона, аз ҷумла дар тадқиқотҳои маркетингӣ, истифода бурда мешавад;

— аз як тараф, коэффисиенти чандирӣ фишанги ченаки оморӣ буда, фаъолона, аз ҷумла дар тадқиқотҳои маркетингӣ, истифода бурда мешавад;

— аз тарафи дигар, ғояи чандирӣ фишанги муҳими таҳлили иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар имло танҳо чен кардан кофӣ нест, боз фаҳмонида тавонистани натиҷаҳои ҳосилшуда зарур аст.

Имрӯз ягон бахши иқтисодие нест, ки дар он мафҳуми чандирӣ истифода бурда мешавад. Дар ин ҷо он сатҳ коэффисиенти чандирӣ дар рафти таҳлили мувозинат бозорӣ ва назарияи фирма, дар рафти ташхиси хусусиятҳои таркиботи бозорӣ ва таҳқиқи ҳукми монополии фирмаҳои алоҳида дар назарияи давраҳои иқтисодӣ ва дар рафти тадқиқи муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ истифода бурда мешавад.

Коэффисиенти чандирӣ – ин дараҷаи тағйиротҳои миқдории як омил (А – масалан, ҳаҷми талабот ё таклифот) дар ҳолати таùйир ёфтани дигар омил (В –масалан нарх, даромад ё хароҷот) ба 1%.

Е = тағйироти фоизии А тағйироти фоизии В

Вобаста аз аломати коэффисиенти чандирӣ байни омилҳои таҳлилшаванда ё чунин ҳолатҳо ҷой дошта метавонанд,

— тобеияти бевосита (коэффисиенти мусбӣ) вақте, ки афзоиши як омил боиси зиёд шудани дигар омил гардад, ва баръакс. Масалан, чандирии талабот аз рӯи даромади истеъмолӣ ба молҳои муқаррарӣ» агар E>0 бошад;

— тобеияти баръакс (коэффисиенти манфӣ), вақте ки афзоиши як омил бо кам шудани омили дигар мусоидат кунад. Масалан, чандирии талабот аз рӯи нарх, агар E>0 бошад.

Барои таҳқиқи амалӣ усулҳои гуногун истифода бурда мешаванд.

Усули чандирии нуқтагӣ (точечная).

Дар он сурат истифода бурда мешавад, ки алоқаи функсионалии омилҳои таҳлилшаванда ошкор шавад (масалан, функсияи талабот аз нарх) ва таҳқиқи мутаасирии тарафайнро дар вазъи мушаххас (дар нуқта) зарур аст. Чунин тобеият тағйироти нисбии як омилро (масалан, ҳаҷми талабот) дар сурати тағйироти бениҳояти ками омили дигар (масалан нарх) шарҳ медиҳад;

E=Q1(P) P

ки дар ин ҷо Е – коэффитсиенти чандарӣ;

Q1(Р) — (функсияи ҳосилавии талабот ё таклифот) аз рӯи нарх;

Q(Р) – андозаи талабот (ё таклифот) дар ҳамин нарх.

Барои шарҳ додан мисоли зеринро (3.1) дида мебароем.

Масъалаи 3.1. Таҳқиöи чандирии нуқтагӣ.

Функсияи талабот ба помидор дар аввали тобистон чунин намуд дорад, Qd=4000-25Р. Чандирии талаботро аз рӯи нарх ба ин маҳсулот ҳисоб мекунем, агар дар бозор нарх Р=10 сомон/кг бошад.

Барои ҳисоб кардани коэффисиенти чандирӣ Е мо бояд ҳаҷми талаботро Qd дар сатҳи нархи мавҷуда ва функсияи ҳосилавии талаботро аз рӯи нарх Q1(Р) донем.

Дар ҳолати нарх Р=10 сомон/кг будан.

Qd =4000-25х1,0=375,0 сомон.

Q1(Р) =-25

Рақамҳои ҳосилшударо ба формула гузошта, ҳосил мекунем;

Е=-25х(10Ҷ375,0)=-0,066.

Моҳияти иқтисодии коэффисиенти ҳосилшуда; болоравии нархи картошка ба 1% нисбати сатҳи пештара боиси кам шудани андозаи талабот ба 0,066% мегардад.

Усули чандири дуғави (дуговая).

Дар он сурат истифода бурда мешавад, ки агар мушоҳидаи амали имконияти ошкор намудани тобеияти функсионалии байни нишондиҳандаҳои бозорӣ ва мо заруриро фароҳам наоварад. Дар ин шароит таассури бозор дар ҳолати гузариш аз як ҳолат ба (як нуқта) ба ҳолати дигар (дигар нуқта) таҳқиқ карда мешавад, масалан, тағироти ҳаҷми фурӯш дар ҳолати баланд шудани нарх.

Тағироти чандарии байни ду нуқта дар каҷхаттаи таклифот ё талабот донистани иттилооти пурраро оиди сатҳҳои ибтидоӣ ва минбаъдаи бузургиҳо ба мо зарур, масалан, нарх ва ҳаҷмро талаб менамояд. Дар рафти ҳисоб бошад нишондиҳандаҳои миёна истифода бурда мешаванд,

Е= ,

ки дар ин ҷо Р1, Р2 – нархҳои ибтидоӣ ва минбаъда;

Q1, Q2 – ҳаҷмҳои ибтидоӣ ва минбаъда.

Боз як мисолро дида мебароем.

Масъалан 3.2. Таҳқиқи чандарии дуға.

Барои ҳавасмангардонии фурӯши маҳсулоти худ фирмаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ оиди паст кардани нархи яке аз намудҳои ҷурғот (йогурт) аз 24 то 18 сомон барои як борбанда эълон кардааст. Дар натиҷа дар ду ҳафта корхона ҳаҷми фурӣшро аз 10 ҳаз. то 18ҳаз. воҳид маҳсулот зиёд кардааст.

Чандинтарини талаботи истеъмолиро бо усули чандирии дуға ҳисоб мекунем.

Афзоиши талабот Q2-Q1=15-10=8 ҳаз воҳид.

Андозаи миёна талабот (Q1+Q2)Ҷ2 =10+18 Ҷ2= 14 аз воҳид.

Андозаи нарх P2-P1=18-27=-6

Андозаи миёнаи нарх (P1+H2)Ҷ2=24+18Ҷ2=21сомон.

Ҳаҷми тариқ Еd=(8Ҷ14),-6Ҷ21)=-2

Моҳияти иқтисодии коэффисиенти ҳосилшуда,

Паст кардани нархи ҷурғот ба 1% боиси зиёд шудани талабот ба 2% гардид.

Истифодаи формулаи чандирии дӯға гарчанде содда ва ҷозиба бошад ҳам, танҳо ифодаи таҳлилии коэффисиенти чандариро медиҳад. Ҳар чӣ қадаре, ки афзоиши нишондиҳандаҳои таҳлилшаванда зиёд бошад, мутибоҳ ҳамон қадар заёд аст.

Аз рӯ хусусияти чандирии нишондиҳандаҳои бозорӣ се ҳолати имконпазирро вобаста аз бузургии мутлақи коэффисиенти чандарӣ (Е) ҷудо мекунанд.

Агар бузургии мутлақи коэффисиенти чандирӣ О<(Е)<1 бошад, пас оиди чандир набудани талабот ё таклифот сухан меравад, яъне суръати афзоиши нишондиҳандаи таҳлилшаванда аз суръати афзоиш омили ба он таъсир расонида камтар аст.

Агар (Е)=1 бошад, пас чандирии якка ҷой дорад, яъне нишондиҳандаи таҳлилшаванда ба мисли дигар омил бо ҳамон як суръат меафзояд.

Агар (Е)>1 бошад, пас талабот ҳ таклифот чандир ба ҳисоб мераванд – нишондиҳандаҳои нисбат ба тағироти омили дигар бо суръати бештар тағйир меёбад.

Ба ғайр аз ин дар моделҳои назариявӣ вазъиятҳои мутлақро чандир набудани нишондиҳанда (Е=О), вақте, ки тағироти ягон омил ба андозаи нишондиҳандаи таҳлилшаванда тамоман таъсир намерасонад, ва вазъияти мутлақо чандир (Е=(∞)) ҳам таҳлил карда мешаванд. Дар ҳолати интиҳои ҳатто тағйироти ночизи ягон омил боиси ба андозаи хело зиёд баланд (ё паст) шудани омили дигар мегардад.

Аз таърифи чандирӣ ва формулаҳои дар боло овардашуда ду хусусияти муҳими чандириро баровардан мумкин аст.

Хусусияти якум, чандирӣ (ба хилофи ҳосила) – бузургии беандоза мебошад, ки аҳамияти он аз он, ки дар кадом воҳидҳо ҳаҷм, нарх ҳ дигар нишондиҳандаҳо чен карда мешаванд, вобаста нест.

Фарз мекунем, ки дар бозори қаҳва баланд шудани нарх ба 10 сом

барои як кг ҳаҷми истеъмоли шабонарӯзиш қаҳваро ба 40 кг кам кард. Нишондиҳандаҳои функсияи ҳосилавии талаботро аз рӯи нарх меорем,

dQ|dp=-40кг/10 сомон/кг=-4(кг2/руб)

Айнан ҳамин тавр ҳосилаи талаботро ба қувваи барқ ҳисоб мекунем. Фарз мекунем, ки чунин нишондиҳандаҳо дорем,

dQ| dp= -0,08 (кВт/соат/сомон)

Ҳосилаҳои барои молҳои гуногун ҳосилшуда аз рӯи воҳидҳои ченак муқоиса нашавандаанд, муқоисаи онҳо бошад аз нуқтаи назари иқтисодӣ маъно надорад. Агар мо чандириро таҳқиқ кунем, пас андозадориҳо кам мешаванд, ва ин имконияти таҳлил нашудани таассури харидорон ва фурушандагонро дар бозорҳо молии гуногун фароҳам меоварад.

Хусусияти дуюм, чандирии баръакси тарафайн ин бузургиҳои баръакси тарафайн мебошанд.

E=,

ки дар ин ҷо E – коэффисиенти чандирии талабот аз рӯи нарх;

Ep – коэффисиенти чандири нарх аз рӯи талабот.

Дар боло зикршударо дар асоси мисоли зерин шарҳ медиҳем.

Масъалан 3.3. Чандирии талабот аз рӯи нарх ва чандирии нарх аз рӯи талабот.

Нишондиҳандаҳои масъалаи 3.1.-ро истифода мебарем.

Агар функсияи талабот ба помидор дар ибтидои тобистон чунин намуд дошта бошад,

Qd=4000-25P,

пас дар ҳолати нархи помидор Р=10 сомон барои 1 кг ва ҳаҷми фурӯш Qd=3750 кг будан, чардирии талабот аз рӯи нарх ба Ed=-0,066 баробар мешавад.

Аз хусусияти дуюми чандирӣ бармеояд, ки чандирии нархӣ аз рӯи ҳаҷми талабот бояд ба Eр = 1/E =-15ӯ

Бо ибораи дигар афзоиши ҳаҷми фурӯш ба 1% боиси паст шудани нархҳо ба 15% мегардад.

Фикри мазкурро бо роҳи ифода кардани функсияи баръакси талабот, санҷида мебароем.

25р=4000- Qd

Р = 160-0,04 Qd

ҳосилаи функсияи баръакси талабот аз рӯи ҳаҷм баробар аст, ба (P(Q)=-0,04

Нишондиҳандаҳои заруриро ба формула гузошта, айнан ҳамон натиҷаро ҳосил мекунем,

Ep=-0,04х3750/10=-15

Ҳусусиятҳо ва шарҳҳои коэффисиенти чандириро, ки бештар вомехуранд, муфассалтар таҳлил карда мебароем.

3.2. Чандирии талабот аз рӯи нарх.

Чандирии талабот аз рӯи нарх дараҷаи тағироти миқдори талаботро дар сурати ба 1% тағир ёфтани нарх нишон медиҳад.

Барои ҳамаи молҳо, ба ғайр аз молҳои Гиффен, коэффисиенти чандирии талабот аз рӯи нарх манфû аст, зеро мувофиқи қонуни талабот болоравии нарх боиси кам шудани ҳаҷми талабот мегардад.

Ҳамзамон ҳар чӣ қадаре, ки нишондиҳандаи мазкур аз рӯи бузургии мутлақи худ баланд бошад, ҳамон кадар ҳассосияти талаботи бозорӣ ба тағироти нарх пурзӯртар аст. Чунончӣ паст шудани нархи техникаи ҳисобкунӣ ва гӯгирд метавонад талаботро ба гурӯҳи якум (техникаи ҳисобкунӣ) ба андозаи зиёд баланд карда (талабот чандир аст), талаботро ба гурӯҳи дуюм (гӯгирд) қариб бетағир монад (талабот чандир нест).

Дар байни олимоне, ки ба чандирии нархии талабот таъсир мерасонанд, нисбатан муҳим инҳоянд:

  1. мавҷудият ва дастрас будани молҳои ивазкунанда дар бозор.

Ҳусусиятҳои нодирии мол, мавҷуд набудан ё дастрас набудани ивазкунандагони хуб истеъмолкунандагон дар аксар мавридҳо боиси ба нарх камтар мутаассиф шудани истеъмолкунандагон мегардад;

  1. Омили нархû.

Талаботи бозорӣ ба аксар молҳо дар давраҳои дарозмуддат бештар чандир мебошанд.

Аз як тараф, ба аксар одамон барои тағйир додани таъби истеъмолии худ муддати муайяни вақт лозим аст (масалан, якбора баланд шудани нархи маводҳои қаннодӣ ҳамзамон ҳаҷми фурӯши онҳоро кам намекунад).

Аз тарафи дигар, талабот ба як мол ба мавҷудияти дар истеъмолкунандагон моли дигар алоқаманд шуда метавонад. Чунончи, баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар давраи кӯтоҳмуддат ба кам шудани сафарҳо намеорад, аммо дар давраи дарозмуддат ба иваз кардани мошинҳои сабукрави куҳна ба моделҳои нави каммасраф мусоидат мекунад ва бо ҳамин роҳ истеъмоли сӯзишворӣ кам мешавад,

  1. вазни қиёсии ҳароҷотҳо ба мол.

Ҳароҷотҳои баланд ба мол дар буҷаи истеъмолкунанда талаботро ба аксар молҳо ба нарх ҳассостар мекунанд. Дар ҳолати харидори саноатӣ нархи як воҳиди мол муҳим набуда, балки, ҳароҷотҳо барои вай дар муддати вақт (моҳ ё сол).

  1. зарурияти мол барои истеъмолкунанда.

Дараҷаи баланди зарурияти мол барои истеъмолкунанда чӣ бо омилҳои субъективӣ, ва чӣ бо омилҳои объективӣ маънидод кардан мумкин аст. Омилҳои объективӣ бо қонеъ гардонидани талаботҳои физиологии ҳаётан зарури инсон алоқаманданд (маводҳои хӯрокаи минималӣ, хамираи дандоншӯи, собун, инсулин барои касали қанд). Зарурати субъективӣ бо табъ ва хоҳиши шахси мушаххас муайян карда мешавад.

Моҳияти амалиро коэффисиенти чандирӣ дар рафти таҳлили таъсири нарх ба ҳаҷми фурӯш ва даромади фирма барои молҳои дорои чандирии гуногун буда пайдо мекунад.

Фарз мекунем, ки дар бозори ягон мол функсияи талабот дода шудааст. Дар ҳолати нархи бозорӣ Р (воҳиди шарти в.ш.) фирма метавонад ҳаҷми Q (воҳид) маҳсулотро фурӯшад. Агар нарх ба Р паст шавад, пас мувофиқи қонуни талабот ҳаҷми талабот ба ~q зиёд мешавад. Дар ин ҳолат даромади фирма R чӣ хел тағйир меёбад.

Маълум аст, ки аз як тараф, дар натиҷаи паст шудани нарх ба R1=Q^p (в.м.) кам мешавад, аммо, аз дигар тараф, дар зери таъсири афзоиши ҳаҷми талабот даромад ба R2=(P-^p) ^q(в.м.) зиёд мешавад.

Афзоиши даромад ҳамчун нисбати бузургии R2 ба R1 муайян карда мешавад ва дар навбати худ, аз чандирии нархии талабот вобаста аст.

===E

Ҳамин тариқ, агар дар ҳолати чандир будани талабот паст шудани нарх боиси баланд шудани маҷмӯи даромад шавад, пас дар сурати чандир набудани талабот айнан ҳамин хел тағйироти нарх маҷмӯи даромади фирмаро паст мекунад (ҷадвали 3.2.).

Ҷадвали 3.2.

Тағйироти нарх Талабот Чандирии яккаи талабот
Баланд мешавад Чандир нест Чандир
Паст мешавад Даромад меафзояд Даромад паст мешавад Даромад тағйир намеҳбад
Даромад паст мешавад Даромад меафзояд Даромад тағйир намеҳбад

Қонунияти мазкурро муфассалтар дида мебароем.

  1. Талабот чандир нест (O<|Ed|>1)

Дар масъалаи 3.1. (қисмати 3.2.) чандирии талабот ба помидори баҳорӣ баробар аст ба Е =0,066%. Бо ибораи дигар, баланд шудани нарх ба 1% дар ҳолати бетағйир будани шартҳо боиси кам шудани ҳаҷми фурӯш ба 0,066% мегардад. Дар ин ҳолат фирма бо боварии комил ҳисоб карда метавонад, ки баланд шудани нарх мусоидат мекунад ба:

  1. баланд шудани маҷмӯи даромади фирма (талафот аз кам шудани ҳаҷми фурӯш бо даромад аз нархи нисбатан баланд фурӯш карда мешавад);
  2. паст шудани маҷмӯи хароҷотҳо (ҳаҷми камтари фурӯш ҳаҷми истеҳсолот ва миқдори ресурсҳои дастрасшаванда кам мекунанд).

Чун натиҷа, болоравии нарх дар сурати чандир набудани талабот боиси баланд шудани фоиданокии истеҳсолот мешавад.

  1. Талабот чандир аст (|Ed|>1).

Дар силсилаи 3.2. чандирии талабот ба ҷурғот ҳамчун баланд ҳисобида мешавад, Е=-2. Дар ин шароит паст кардани нарх ҳатто ба 1% ба афзоиши ҳаҷми фурӯши фирма ба 2% меорад. Фирма, ки дар чандарии талабот ба моли худ боварии комил дорад, метавонад бо роҳи паст кардани нарх фоиданокии истеҳсолоти худро баланд кунад, зеро талафотро аз паст кардани нархи фурӯш аз ҳисоби даромади иловагӣ аз ҳаҷм нисбатан зиҳдтари фурӯш рӯпӯш мекунад.

  1. Чандирии якка (|Ed|=1).

Дар ҳолати чандирии якка на болоравӣ на пастравии нарх ба мазмӯн даромади фирма, ки дар ин шароит ба нуқтаи максималии худ меорад, таъсир намерасонад.

Дар ин шароит баланд бардоштани даромаднокӣ ва фоиданокии истеҳсолот аз ҳисоби омилҳои гайринархӣ имконпазир аст.

Мавҷудияти чунин тобеият байни чандирии талабот ва тағйироти нарх имконият медиҳад чандирии талаботро аз рӯи нархи ғайримустақиман таҳқиқ намоем.

Заминаи 3.1. Таҳқиқи чандирии талабот ба маҳсулоти фирма аз рӯи тағйироти даромади вай.

Таҳлили натиҷаи фаъолияти фирма нишон дод, ки паст шудани нархи маҳсулот ба 5% боиси паст шудани нархи маҳсулот ба 5% боиси паст шудани даромади пулии фирма ба 2% гардид. Чандирии нуқтагии талабот аз рӯи нарх ба маҳсулоти фирма чӣ гуна аст.

Барои ҷавоб гардонидан ба ин савол баъзе ҳисоботҳои оддиро мегузаронем. Нархи ибтидоиро бо Р, ҳаҷми ибтидоиро бошад бо Q ишора мекунем. Агар иқтидори истеҳсолии корхона қонеъ гардонидани талоши талаботи бозориро муҳаё намояд, пас даромади ибтидоии вай TR=PX Q.

Даромаде, ки фирма пас аз тағйироти нарх ба даст даровардааст, 98%-и ибтидоиро ташкил медиҳад, ё 0,95хРхQ. Аз тарафи дигар, даромади навро тавассути зарби нархҳои нав ба ҳаҷми нави талабот ҳосил кардан мумкин аст, яъне 0,95хРх(Q+^Q). Ибораҳои зеринро ба ҳам тартиб медиҳем:

0,98хРхQ = 0,95хРх(Q+^Q).

Ҳар ду тарафи муодиларо ба (PxQ) тақсим мекунем ва ^QҶQ= 0,021-ро пайдо мекунем.

Аз ин ҷо коэффисиенти талабот Ed –ро ҳосил кардан мумкин аст, яъне Ed=^QҶQҶ^ РҶР=-0,421.

Моҳияти иқтисодии коэффисиенти ҳосилшуда ва тавсияҳои амалӣ, талабот ба маҳсулот чандир нест, паст кардани нарх ба 1% ба кам шудани ҳаҷми талабот ба 0,42% меорад. Барои баланд кардани даромадҳо ба фирма афзоиши начандон калони суст кардани нархҳо тавсия карда мешавад.

    1. Чандирии талабот аз рӯи даромад.

Барои аксар гурӯҳҳои молҳо ҳаҷми фурӯши бозорӣ вобаста аз тағйироти даромади фурӯши истеъмолкунандагон тағйир меҳбадӯ Ҳассосияти андозаи талабот ба тағйироти даромад тавассути чандирии талабот аз рӯи даромад муайян карда мешавад.

Чандирии талабот аз рӯи даромад Er – ин сатҳи тағйироти миқдории андозаи талабот дар ҳолати тағйироти даромадҳои истеъмолӣ ба 1%.

Нишондиҳандаи мазкур ба мисли коэффисиенти чандирии нархӣ аз рӯи формулаи чандирии нуқтагӣ ё дуға ҳисоб карда мешавад.

Барои аксар молҳо (онҳоро ба гурӯҳҳи одди дохил мекунанд) афзоиши даромади пулӣ имконияти амалӣ гардонидани харидро афзун мекунад ва андозаи талабот зиёд мешавад. Барои молҳои оддӣ коэффисиенти талабот аз рӯи даромад бузургии мусбӣ аст.

Вобаста аз андозаи коэффисиенти чандирû молҳои оддӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Молҳои талаботи аввалиндараҷа, агар O< Er< бошад;

Молҳои талаботи дуюминдараҷа, агар Er =1 бошад;

Молҳои баҳашалат, агар Еr >1 бошад.

Барои молҳои нисбатан бад чандирии талабот аз рӯи даромад бузургии манфӣ аст (E<0). Бо афзоиши даромад истеъмолкунандагон хариди чунин намуди молҳоро қатъ карда, ба амсоли нисбатан босифати онҳо иваз мекунанд.

Чандирии талабот аз рӯи даромад ба ҳамон як мол дар давраҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат як хел нест.

Барои молҳоеи истеъмоли ҳаррӯза (маводи хӯрока, нӯшоба, қувваи барқ ва ғ.) чандирӣ аз рӯи даромад дар давраи кӯтоҳмуддат нисбатан баланд нест. Афзалият (бартарият)-ҳои истеъмолӣ нисбатан суст тагйир меёбанд.

Баръакс молҳои истеъмоли дурудароз (мошинҳои сабукрав, техникаи мошинӣ ва ғ.) нисбат ба фавран дарозмуддат дар давраи кутоҳмуддат бештар чандиранд, ки ин шаҳодати ҳассосияти баланд ба нақшаҳои даврии иқтисодиёт мебошад.

    1. Чандирии чандтарафа (буридагузашта)

Коэффисиенти чандирии буридагузашта – ин сатҳи тағйироти талабот ба як мол дар ҳолати тағйироти нархи моли дигар ба 1%.

Барои таҳқиқи кардани чандирии буридагузашта низ ду тарзи ҳисоб – дуға ва нуқтагӣ истифода бурда мешавад.

Вобаста аз характери тобеияти молҳои таҳлилшаванда коэффиқиенти мусбӣ, манфӣ ё баробари 0 шуда метавонад.

Агар E>0 бошад, пас молҳо ивазкунандаанд (масалан, равғани маска ва маргарин, чой ва каҳва ва ғ.) баланд шудани нархи як мол ба зиёд шудани талабот ба моли дигар – ивазкунандаи вай мусоидат мекунад.

Агар E<0 бошад, пас молҳои пуркунандаанд (масалан, ручка ва ранг, мошин ва сӯзишворӣ ва ғ.). Баланд шудани нархи як мол ба паст шудани талабот ба дигар мол меорад.

Ҳар чӣ қадаре, ки коэффисиенти чандирӣ зиёд бошад, хамон қадар тобеияти тарафайни онҳо зичтар аст. Ва баръакс, ҳар чи қадаре, ки коэффисиент ба сифр наздик бошад, ҳамон қадар муносибати ивазкунӣ ё пуркунӣ суст аст.

Агар Е=0 бошад, пас молҳо аз ҳамдигар новобастаанд (масалан, пойафзол ва дору, қаҳва ва мошин ва ғ.) ва баланд ё паст шудани нархи ягон мол мутлақо ба талабот ба моли дигар ягон таъсир намерасонад.

Омили асосие, ки чандирии буридагузаштаи молҳои гуногунро муайян мекунад, ин хусусиятҳои истеъмолии неъматҳои гуногун мебошад, ки қобилияти иваз ё пур кардани якдигарро дар истеъмол доранд.

Чандирии буридагузашта хислати аксулмутаносибӣ дошта метавонад, дар холате, ки як мол маҳз аз моли дигар вобаста аст. Масалан, бозори мошин ва бозори болопуши курсиҳои мошин. Паст шудани нархи мошин баланд шудани талаботро дар бозори болопӯши курсиҳо сабаб мешавад. Аммо агар нархи болопӯши курсиҳо паст шавад, ин ҳолат ба андозаи талабот ба мошин ягон таъсир намебахшад.

Коэффисиенти чандирии буридагузашта бо як тавзеҳҳои муайян барои муайян кардани ҳудудҳои соҳа истифода бурдан мумкин. Чандирии буридагузаштаи баланди гурӯҳи молҳо далели он аст, ки молҳо ба як соҳа дахл доранд.

Чандирии бурида гузаштаи паст нисбат ба тамоми дигар молхо шаҳодати он аст, ки вай соҳаи махсусро ташкил медиҳад.

Агар бо чунин тарз якчан молҳо дорои чандирии буридагузашти баланд дар байни якдигар буда, нисбати дигар молҳо чандирии буридагузаштаи паст дошта бошанд, пас ин гурӯҳи молҳо метавонанд ба як соҳа мансуб бошанд. Масалан, тамғаи фурӯшии гуногуни телевизорҳо дар байни якдигар дорои чандирии буридагузаштаи баланд мебошанд, аммо бо дигар молҳои маводҳо барои рӯзгор – чандирии буридагузаштаи паст доранд.

Монеаҳои асосӣ барои муайян кардани ҳудудҳои соҳа бо ёрии чандирии буридагузашта инҳоянд.

Якум, муайян кардани он, ки ба кадом андоза чандирии буридагузашта дар соҳаи алоҳида бояд баланд бошад, хело мушкил аст, (масалан, чандири буридагузаштаи сабзавоти яхкардашуда хело баланд шуда метавонад, аммо чандирии буридагузаштаи сабзавоти яхкардашуда ва тушбера хело паст шуда метавонад, аз ин рӯ маълум нест, ки сухан дар бораи як соҳаи маводҳои яхкардашуда меравад ё оиди ду соҳа).

Дуюм, силсилаи чандирии буридагузашта мавҷуд аст. Чунончӣ, байни телевизорҳои муқаррарии ранга ва ихчамсохти ранга, аз як тараф, ва байни телевизорҳои ихчамсохти ранга ва ихчамсохти сиёҳу сафед, аз тарафи дигар, чандирии буридагузаштаи хело баланд ҷой дорад. Аммо дар байни телевизорҳои муқаррарии ранга ва ихчамсохти сиёҳу сафед чандирии буридагузашта хело суст аст.

Дар боло зикршударо дар заминаи 3.3. дида мебароем.

Заминаи 3.3. Истифодаи чандирӣ дар рафти таҳлили талаботи ғайрифунксионалӣ.

Қобилияти бо коэффисиентҳои гуногуни чандири кор карда тавонистан имконияти ба куллӣ васеъ кардани таҳлили талаботи бозорӣ, аз ҷумла таҳқиқи миқдории намудҳои гуногуни талаботи ғайрифунксионалиро фароҳам меоварад (ниг. ба қисмати 2.1.).

Самараи истеъмоли омма ва самараи нозпарвард, тавассути коэффисиенти миқдории чандирии талабот, ки ҳассосияти талаботи инфиродиро ба тағироти андозаи талаботи бозорӣ инъикос мекунад таҳқиқ кардан мумкин аст.

Коэффисиент сатҳи тағйироти миқдории талаботи инфиродиро дар ҳолати тағйироти талаботи бозорӣ ба 1% нишон медиҳад ва бо ёрии формулаи намунавӣ ҳисоб карда мешавад,

Ed = = ,

ки дар ин ҷо qi – андозаи талаботи инфиродӣ ба моли i

Qi – андозаи талаботи бозорӣ ба моли i

Агар Ed>0 , бошад пас самараи ҳамроҳ шудан ба омма ҷой дорад.

Агар Ed<0бошад, пас самараи нозпарвард ба мушоҳида мерасад.

Ифодаи мутлақи коэффисиенти мазкур андоза ва моҳияти самараҳои таҳлилшавандаро шарҳ медиҳад.

Ифодаи миқдории самараи истеъмолии намунавӣ, ё самараи Веблон, тавассути чандирии нархии талабот таҳқиқ кардан мумкин аст, ки он сатҳи тағйироти талаботро дар ҳолати тағйироти нарх ба 1% шарҳ медиҳад. Коэффисиенти нархии талабот аз рӯи формулаи ба мо маълуми чандирии дӯға ё нуқтагӣ ҳисоб карда мешавад,

E=Q1(P)

Агар мол ба гурӯҳи оддӣ дохил шавад ва коэффисиенти чандирии нархӣ манфӣ бошад Ed<0, пас ин шаҳодати мавҷуд набудани семораи истеъмоли намунавӣ аст.

Агар коэффисиенти нархии талабот ба ҳамин мол дорои аломати мусбӣ бошад Ed>0, пас сухан оиди мавҷудияти самараи истеъмолии намунави меравад ва ҳар чӣ қадаре, ки ифодаи мутлақи коэффисиенти мазкур баланд бошад, ҳамон қадар бештар он муҳим (бо аҳамият) аст.

    1. Чандирии таклифот

Дар рафти таҳлили мутаасифшавии истеҳсолкунандагон ба тағйироти ягон омили вазъи савдои берунӣ бештар коэффисиенти чандирии таклифот аз рӯи нарх истифода бурда мешавад.

Коэффисиенти чандирии таклифот аз рӯи нарх –ин сатҳи тағйироти микдории андозаи таклифот дар ҳолати ба 1% тағйир ёфтани нарх E=Q1s(P)

Таклифот бозории моли мушаххас аз маҷмӯи таклифоти инфиродии фирмаҳои алоҳида иборат аст. Аз ин рӯ, андозаи чандирии таклифоти фирмаҳои алоҳида ва саҳми бозории онҳо вобаста аст.

Се намуди асосии чандирии нархи таклифотро ҷудо мекунанд,

— таклифот мутлақо чандир нест =0

Барои давраи яклаҳзагӣ (зидгузаронида) вақте, ки тамоми омилҳои истеҳсолот доимианд, ва имконияти тағйир дода ин ҳаҷми истеҳсолот нест, хос аст.

— таклифот чандир нест 0 <Es <1.

Дар давраи дарозмуддат ҳосил мешавад, вақте шароитҳои мутобиқшавӣ зиёдтаранд ва фирма тамоми омилҳои дар ихтиёраш бударо тағйир дода метавонад.

Бо омилҳои асосие, ки чандирии таклифотро муайян мекунанд, доимианд,

  1. Мавҷуд будани иқтидорҳои истеҳсолии ба пуррагӣ истифода ношаванда.

Фирмае, ки дорои теъдоди зиёди иктидорҳои истеҳсолии ба пуррагӣ истифода ношаванда мебошанд, таклифот нисбатан чандир доранд. Талаботи афзуншаванда аз ҳисоби зиёд кардани дараҷаи пурбор кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ нисбатан тезтар қонеъ гашта метавонад;

  1. Намудҳои мол ва хизматҳои барои фурӯш пешниҳодшуда.

Он мол ва хизматҳое, ки технология ва ҳаҷми истеҳсолашон бе маблағгузории зиёди иловагӣ ба зудӣ тағйир ёфта метавонанд аз молҳое, ки технологияи истеҳсолот ва ҳаҷми махсулот ба куллӣ тағйир дода намешавад, дорои таклифоти нисбатан чандир мебошанд;

  1. Имконияти нигоҳдории дуру дарози молҳои истеҳсолшуда.

Агар фирма имконияти нигоҳдории дуру дарози маҳсулоти худро дошта бошад, пас барои иваз кардани вай ҳаҷми маҳсулоти пешниҳодкардааш аз ҳисоби захираҳои маҳсулоти ғуншуда осонтар аст. Аз ин рӯ, таклифоти вай ба тағйироти нарх нисбатан бештар чандир аст.

  1. Ҳаҷми минималии захираҳое, ки барои васеъ кардани истеҳсолот заруранд.

Ҳар чӣ қадаре, ки андозаи маблағгузориҳои зарурӣ зиёд бошад, ҳамон қадар чандирии таклифот паст аст.

  1. Вазъи савдои бозорӣ.

Дар шароити камчини молӣ истеҳсолкунандагон имконият доранд, ки як қисми муайяни молро дар бозор нархи баланд фурӯшанд.

  1. Давраи вақт.

Ҳар чӣ қадаре, ки давраи вақте, ки дар ихтиёри истеҳсолкунанда ҳаст, тӯлонӣ бошад, ҳамон қадар вай имконияти бештари ба тағйироти нарх мутобиқ шуданро дорад, ва ҳамон қадар таклифоти ӯ дорои чандирии бештар аст.

МАФҲУМҲО ВА ИСТИЛОҲҲОИ АСОСӢ

Чандирӣ, коэффисиенти чандирӣ, чандирии нуқтагӣ, чандирии дӯға, чандирии талабот аз рӯи нарх, чандирии талабот аз рӯи даромад, чандирии буридагузаштаи талабот, чандирии буридагузаштаи таклифот.

САВОЛҲО, ТЕСТҲО ВА МАШҚҲО АЗ РӮИ МАВЗӮЪ

  1. Бо гуфтаҳои овардашуда шумо розӣ ҳастед.

а) Молҳои нисбатан бад ин чунин молҳо мебошанд, ки дар сурати баланд шудани даромад ва бетағйир мондани дигар шартҳо талабот нисбати онҳо паст мешавад.

б) Коэффисиенти чандирӣ чӣ бо ифодаи пулӣ, ва чӣ бо фоиз чен карда мешавад.

в) Мавҷудият ва дастрас будани молҳои ивазкунанда – омили муҳими чандирии талабот аз рӯи нарх мебошад.

г) Агар чандирии бурида гузаштаи талаботи моли А аз рӯи нархи моли Б манфӣ бошад, пас молҳо ба гурӯҳи молҳои пуркунанда дохиланд.

2. Кам кардани ҳаҷми истеҳсоли моли таҳлилшаванда дар натиҷаи корпартоиҳои оммавӣ боиси ба куллӣ баланд шудани хароҷотҳои истеҳсолоти вай ва мувофиқаи баланд шудани нархи таклифот гардид. Бар хилофи чашмдошта даромадҳои фирма паст шуданд. Чандирии талабот моли мазкурро чӣ тавр шарҳ додан мумкин аст.

3. Чандирии талабот ба дастгоҳи машқ ин варзишӣ, ки аз тарафи фирмаи Z ба фурӯш бароварда шудааст аз рӯи нарх ба 1,4 ва аз рӯи даромад ба 3,5 баробар аст. Ҳаҷми фурӯш чӣ тавр тағйир меёбад, агар дар ҳолати бетағйир мондани дигар шартҳо даромади истеъмолкунандагон ба 10% зиёд шавад, нархҳои дастгоҳҳои мошқиро бошад фирма ба 3% баланд кунад. Оё рафтори фирма дуруст аст, ки нисбати баланд бардоштани нархҳо қарор қабул кардааст.

Ҷавоби худро асоснок кунед.

4. Компанияи дорубарорӣ дар бозор доруи навро пешкаш намудааст. Талаботи бозорӣ чунин намуд дорад, Qd=2000-10p, ки дар ин ҷо Qd – ҳаҷми талабот, (ҳаз. воҳид); Р – нарх (воҳиди шартӣ). Дар ҳолати чӣ гуна будании чандирии талабот даромади фирма максималӣ аст. Дар ҳолати чӣ хел будани нарх фирма даромади калонтаринро соҳиб мешавад.

  1. Даромади умумии фирма аз фурӯши маҳсулоти чӣ тавр тағйир меёбад, агар нархи бозории вай,

а) дар ҳолати чандир набудани талабот паст мешавад;

б) дар ҳолати чандирии яккаи талабот баланд мешавад;

в) дар ҳолати чандир будани талабот баланд мешавад;

г) дар ҳолати чандир будани талабот паст мешавад;

д) дар ҳолати чандир набудани талабот баланд мешавад.

6. Нашриёт муайян кардааст, ки дар сурати 12 в.ш. будани нархи ибтидоии китоб дар як ҳафта вай 100 донаро фурӯхта тавонист, аммо пас аз он, ки нарх то 16 в.ш. баланд шуд, танҳо 90 дона ба фурӯш рафт. Чандирии талабот аз рӯи нарх чӣ гуна аст.

7. Функсияи таклифот дар бозори машрубот чунин намуд дорад Qs= 120+5р. Чандирии нархии таклифоти фирма дар сурати нарх Р=10 будан чӣ гуна аст. Таклифоти фирма чӣ тавр тағйир меҳбад, агар нархҳои бозорӣ ба 10% баланд шаванд.

8. Функсияи талабот ба мол муодилаи зерин ифода ёфтааст Qd=100-5p+0,2R. Даромад R – 1000 в. ш., нархи мол – 10 в.ш. нишондиҳандаи чандирии талаботро ба мол аз рӯи даромад таҳқиқ намоед. Моли зеринро чӣ тавр шарҳ додан мумкин аст (муқаррарӣ, нисбатан бад, моли баҳашамот ё талаботи аввалиндараҷа).

9. Функсияи талабот ба хокаи ҷомашӯии тамғаи Х бо муодилаи Qd=8-Px+0,2Py ифода ҳфтааст, ки дар ин ҷо Px — нархи моли таҳлилшаванда, Py — нархи моли бо вай алоқаманд. Дар шароити кунунӣ Px =4 в.ш., Py = 5в.ш. Моҳияти чандирии буридагузаштаи талаботи моли Х-ро таҳқиқ кунед. Оё моли У–ро дар сифати рақиб қабул кардан (таҳлил кардан) мумкин аст. Ҷавобро асоснок кунед.

10. Чандирии буридагузаштаи талабот ба равғани нисбати нархи ба маргарин 0,08-ро такшил мекунад. Дар бозори равғании маска ҳодиса рӯй медиҳад, агар нархҳои маргарин ба 10% паст шаванд.

11. Талабот ба нон дар шаҳраки начандон калони N бо функсияи Pd=10-0,5Q шарҳ дода мешавад. Дар ҳолати гузаштани кадом нарх завод даромади калонтаринро аз фурӯши нон соҳиб мешавад.

12. Нархи ибтидоии чиптаҳо ба 40 в.ш. баробар буд, миқдори тамошобинон дар як ҳафта 800 нафар ташкил дод. Ташрифи тамошобинон баъд аз паст кардани нарх то 30 в.ш. чӣ тавр тағйир ёфт, агар маълум бошад, ки чандирии нархии талабот бо – 2,5 баробар аст. Даромади пулии кинотеатр чӣ тавр тағйир ёфт.

13. Кадоме аз гуфтаҳои дар поён овардашуда талаботи ғайричандириро шарҳ медихад.

а) миқдори зиёди молҳои ивазкунанда дорад.

б) истеъмолкунандагон ба мол қисми зиёди буҷаи худро сарф мекунанд.

в) муддати тӯлонии вақт таҳлил карда мешавад.

г) мол барои истеъмолкунандагон талаботи аввалиндараҷаро қонеъ мегардонад.

д) иваз кардани фурӯшанда хатари зиёд дорад.

ҶАВОБҲО

  1. Ҳа.Не. Ҳа. Ҳа.
  2. Чандирии хело баланди талабот аз рӯи нарх.
  3. Ҳаҷми фурӯш ба 30,8% меафзояд.
  4. Дар ҳолати Е=-1 ва Р=100 в.ш. будан даромад максималӣ аст.
  5. Паст мешавад. Тағйир намеёбад. Паст мешавад. Баланд мешавад. Баланд мешавад.
  6. Ed=-0,37
  7. Еs = 0, 29, таклифот ба 2,9% меафзояд.
  8. Ed = 0,8, моли талаботи аввалиндараҷа.
  9. =0,2, молҳои х ва у – рақибанд.
  10. Кам шудани фурӯши равғани маска ба 0,8%.
  11. Дар ҳолати нарх Р=5в.ш. будан.
  12. (Аз рӯи формулаи чандирии дуға). Ташрифи тамошобинон то 1662 нафар зиёд мешавад, афзоиши даромад 17860в.п.
  13. г

. Чандирии тақозо ва арза.

Ҳамбастагии ҳодисаҳои иқтисодӣ, алалхусус омилҳои муаӣянкунандаи тақозо ва арза, эътидолии онҳо бе чандири ба вуҷуд паӣваста наметавонад.

Таҳти чандирии тақозою арза ҳолат ё худ вазъи муътадил ва ба ҳам мувофиқ будани нархи молҳо ва ҳаҷми умумии фуруши онҳо фаҳмида мешавад.

Вобастагии тағироти нарх, таъсири он ба сифат ва ҳаҷми маҳсулот, молу хизмат аз ҷумлаи унсурҳои муҳимтарини чандирӣ мебошад.

Дар адабиёти иқтисодӣ чандирии тақозо ва чандирии арзаро фарқ мекунанд.

Чандирии тақозо – ҳамчун ченаки фоизи (1%) тағироти талабот ба молҳо дар натиҷаи 1% тағир ёфтани нарх тасавур карда мешавд.

Тибқи ақидаи Камаев В. Д. чунин вазъият ё худ вариантҳои чандирии нархии тақозо вуҷуд дошта метавонад:

  • дар ҳолати начандон боло рафтани нархҳо ҳаҷми фуруш ба таври назаррас меафзояд пас тақозо чандир аст.
  • агар тағироти 1% нарх афзоиши 1% ҳаҷми фуруши молро таъмин кунад, онгоҳ чандирии тақозо ба 1баробар аст.
  • агар дар ҳолати хеле паст шудани нарх ҳаҷми фуруши молу маҳсулот чандон тағир наёбад онгоҳ тақозо ғаӣричандир дониста мешавад.
  • агар ҳангоми харидани молҳо фақат як нарх мавҷуд бошад, онгоҳ чандири тақозо интиҳо надорад.
  • агар харидор доимо теъдоди якхелаву муаӣяни молҳоро харидан гирад ва онҳо ба нарх вобаста набошанд, тақозо ғаӣри чандир ҳисобида мешавад.

Чандирии арза – тағирёбии нисбии нархҳо ва миқдори онҳоро, ки ба фуруш пешкаш карда мешавад ифода мекунад.

Вобастагиҳои унсурҳои чандирии арза бовоситаи фоиз тасвир карда мешаванд.

  • 1% баланд шудани нархи молҳо мувофиқан, 1% баланд шудани арзаю фуруши онҳоро чандирии ягонаи арза мегуянд.
  • 1% зиёд шудани нарх қобилияти аз 1% зиёдтар молҳои ба бозор пешниҳодшавандаро ба вуҷуд орад онгоҳ чандирии арза вуҷуд дорад.
  • Тағироти нарх ба зиёд гаштани ҳаҷми молҳои барои ба бозор тавсияшуда таъсир нарасонад, он гоҳ арза ғаӣричандир аст.

БОБИ 3.

Тақозою арзаи бозор ва кашиши онҳо

  1. Омилҳои тақозои бозор

Мунҳании тақозои бозор ҳаҷми умумии тақозои ҳамаи масрафкунандагонро бо ҳар гуна нарх баён менамояд. Ташаккули ин мунҳанӣ аз мунҳаниҳои тақозои фардӣ ба ҳар кадом маҳсул аз тариқи ҷамъ кардани ҳамон миқдори он, ки ҳар як масрафкунанда дар ҳама гуна нархи имконпазири маҳсул ба он тақозо дорад, сурат мегирад.

Дар бозори маъмулӣ дар ҳар кадом нархи мавриди назари маҳсул ҳаҷми тақозои як масрафкунанда ҳиссаи беҳад ночизи ҳаҷми умумии тақозоро ташкил медиҳад. Аз ҳамин сабаб омили муҳими тақозои бозор миқдори масрафкунадагоне мебошад, ки хоҳиши харидории молро бо ҳар кадом нархи имконпазири мол доранд.

Тақозои бозор аз ҳамаи омилҳои тақозои фардӣ (даромади масрафкунадагон, нархи молҳои монанд ва такмилкунанда, майлу рағбат ва чашмдориҳои масрафкунадагон) вобастагӣ дорад. Ғайр аз ин аҳолӣ ва таркиби синнусолии он муҳимтарин омиле мебошад, ки ба тақозои бозор таъсир мегузорад. Хоҳиш ва имконияти масрафкунандагон барои харидани молҳои алоҳида инчунин ба чӣ гуна тақсим шудани даромад дар байни гурӯҳҳои демографии аҳолӣ низ алоқамандӣ дорад. Барои мисол, агар даромади ашхоси калонтар аз 60 сол нисбат ба даромади гурӯҳҳои синнусолии 25 то 40 сола афзоиш ёбад, он гоҳ чашмдор бояд буд, ки тақозо ба молҳо ва хадамоте, ки хоси завқу рағбати одамони калонсол аст, (масалан: хизматрасонии тиббӣ, фароғат ва ғайра) зиёд хоҳад шуд.

Реклама ва ташвиқи фурӯш ба интихоби масрафкунада аз тариқи пешниҳод намудани маълумоти ҳақиқӣ ва ё гумроҳкунанда, ки ба майлу рағбати онҳо таъсир мекунад, метавонад асар гузорад.

Тақозо ба молҳо ба миқдори хориҷиён, ки имконият ва хоҳиши харидории молро доранд, низ вобаста аст.

Даромад ва майлу рағбат ба навъҳои муайяни молҳо ба синну сол муносибати мутақобил дорад. Агар дар кишвар сатҳи таваллуд баланд буда, дар байни аҳолӣ шумораи кӯдакон зиёд бошад, он гоҳ ба молҳои бачагона (парпеч, либоси кӯдакона, бозичаҳо, таълими мактабӣ, хизмати табиби кӯдакон) тақозо меафзояд, бо афзудани ашхоси калонсол тақозо ба молҳову хадамоти таъмини фароғатӣ, манзилӣ ва истироҳат афзоиш меёбад.

Ба тақозо инчунин андозаи хонавода (шумораи кӯдакон, шумораи истиқоматкунандагони хонавода) таъсир мегузорад. Масалан, тамоюли камкунии афроди оила тақозо ба хонаҳо дар иморатҳои бисёрманзиларо афзоиш дода, тақозо ба хонаҳои алоҳидаро коҳиш медиҳад. Оилаҳои ҷавон майл ба он доранд, ки бештари даромади худро ба харидани молҳои бодавом (манзил, мебел, автомобил ва ғайра) харҷ кунанд.

Баррасии таҳлили тағйири таркиби синнусолии аҳолӣ, ки ба бисёре аз навъҳои харид таъсиргузор аст, нишон медиҳад, ки баъзе молҳо ба ҳамин гуна тағйирот ҳассосияти махсус доранд.

3.2. Мафҳуми нишондиҳандаи кашиши тақозо

Ҳангоми таҳлили тақозо барои мо бештар на ҳаҷми мутлақи он, балки аксуламали он ба тағйири нархи мол ё ягон дигар омиле, ки ҳаҷми тақозоро муайян мекунад, аҳамият дорад.

Аммо ҳаҷми тақозо барои молҳои гуногун бо воҳидҳои қиёси гуногун (дона, метр, тонна) ҳисоб карда мешавад.

Аз ҳамин рӯ бо арзёбии тағйири ҳаҷми мутлақи тақозо дар бораи аксуламали тақозо бар тағйироти нархи навъҳои гуногуни мол ҳукм баровардан ғайриимкон аст. Муносибтар аст, ки аз нишондиҳандаҳои тағйироти нисбӣ истифода карда шавад. Ин амр моро ба мафҳуми «кашиш» рӯ ба рӯ месозад. Омили кашиш дар охири асри 19 аз тарафи Алфред Маршалл мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар риёзиёт кашиш гуфта, таносуби афзоиши функцияро бо афзоиши нисбии мутағаййири мустақил меноманд. Барои тобеи тақозои бозор чунин мутағаййири мустақил нархи моли муайян, нархи молҳои дигар ва даромадҳо ба шумор мераванд. Баррасии кашиши тақозо тавассути ин мутағаййирҳо аҳамияти калон дорад. Нишондиҳандаи асосии кашиш омили кашиши тақозо аз рӯи нарх мебошад, ки аз тариқи тақсими даромади тағйири мизони тақозо ба тағйири дарсади нарх ҳисоб карда мешавад.

Тағйири дарсадии тақозо:

% Q = Q/Q 100% =(Q1 — Q0) / Q0 100%;

Тағйири дарсадии нарх:

% P = P/P 100% =(P1 — P0) / P0 100%;

Формулаи кашиши тақозо аз рӯи нархро менависем:

ё ки баъди

соддакунӣ:

Барои мисол, агар мизони тақозо ба помидор дар Душанбе дар ибтидо 10 тонна ташкил дода сипас боз 5 тонна афзоиш ёбад, он гоҳ мегӯем, ки такозо 50% афзудааст. Нархи помидор дар ин муддат аз 8,00 сомонӣ ба 5,00 сомонӣ коҳиш ёфтааст, яъне нарх 37,5% камтар шудааст, дар ин ҳол омили кашиш баробари 1,33 мебошад. Ин маънии онро дорад, ки дар мавриди 1% тағйир ёфтани нархи помидор, тақозо ба он 1,33% меафзояд.

Азбаски мувофиқи қонуни тақозо бо афзоиши нарх ҳаҷми тақозо коҳиш меёбад ва баръакс, омили кашиши тақозо ҳамеша қимати манфӣ хоҳад дошт. Ба ибораи дигар, агар нарх коҳиш ёбад, он гоҳ тақозо афзуда ва дар формулаи кашиш ифодаи сурат мусбат, вале махраҷ манфӣ хоҳад шуд, ки дар натиҷаи он омили манфӣ ҳосил мешавад. Ва баръакс, агар нарх афзоиш ёбад, сурат манфӣ, аммо махраҷ мусбат хоҳад буд, ки боз омили кашиш манфӣ мешавад.

Иқтисоддонон қоидаеро пазируфтанд, ки аз қимати манфӣ сарфи назар кунанд ва танҳо мизони мутлақи омили кашишро бе аломати манфӣ ба эътибор гиранд. Бояд қайд кард, ки ҳамчунин суитафоҳум бо омили кашиши арза рух намедиҳад, зеро ки вобастагӣ байни нарх ва миқдори маҳсул вобастагии мустақим мебошад.

  1. Хусусиятҳои кашиши тақозо

Тақозо ба кашиш маҳсуб мешавад, агар тағйири дарсадии муайяни нарх боиси бештар шудани тағйири дарсадии миқдори маҳсули мавриди талаб гардад. Барои мисол, агар кам шудани нарх ба мизони 2% боиси афзудани тақозо ба 4% шавад, тақозо дар ин ҳол бокашиш мебошад. Омили кашиш дар мисоли мазкур баробари 2 аст. Тақозои бокашиш дар расм ин намудро мегирад (расми 3.1.) Еd 1.

Тақозо дар ҳоле бекашиш шуморида мешавад, ки агар тағйири дарсади муайяни нарх ҳамроҳ бо тағйири нисбатан андаки тағйири миқдори маҳcули мавриди талаб бошад (расми 3.2.). Агар коҳиши нарх ба мизони 3% дар натиҷа афзоиши миқдори маҳсули дархостшавандаро ба 1% расонад, тақозо бекашиш маҳcуб мешавад ва дар ин мисол омили кашиш баробари 0,33, яъне кам аз як мебошад, Еd 1.

Агар тағйири дарсадии нарх ва тағйири аз паси он рӯй додаи миқдори маҳcули мавриди талаб баробар бошанд, дар ин ҳол мо бо кашиши воҳидӣ сарукор хоҳем дошт (расми 3.3.).

∆Q>∆P

Расми 3.1. Тақозои бокашиш.

Агар ҳеҷ гуна тағйироти нарх ба ҳаҷми тақозо таъсир нарасонад, он гоҳ ин тақозо комилан бекашиш маҳсуб мешавад. Чун мисоли ин гуна тақозо мумкин аст тақозои инсулин барои беморони шакли хуруҷкардаи диабет (касалии қанд)-ро овард.

Ин ҳолатро дар шакли намудор бо мунҳание баён месозанд, ки бо хатти амудӣ мувозӣ мебошад (расми 3.4.).

∆Q<∆P

Расми 3.2. Тақозои бекашиш.

∆Q=∆P

Расми 3.3. Тақозои воҳидӣ

Р Р

D

D

Е = 0 Е =

0

Расми 3.4. Тақозои комилан Расми 3.5. Тақозои комилан

бекашиш. бокашиш

Агар афзоиши андаки нарх ба коҳиши беандоза зиёди тақозо оварад, ё баръакс коҳиши андаки нарх ба афзоиши беандоза зиёди тақозо сабаб шавад, он гоҳ мо бо тақозои комилан бокашиш сару кор хоҳем дошт: Еd = (расми 3.5.).

  1. Навъҳои кашиши тақозо.
  2. Нишондиҳандаи асосӣ ва бештар истифодашавандаи кашиши тақозо кашиши тақозои вобаста ба нарх мебошад

Ду навъи кашиш — кашиши нуқтагӣ ва кашиши камониро аз ҳам фарқ мекунанд. Кашиши нуқтагӣ хислате дорад, ки дар ҳоли тағйири ночизи нарх тағйири нисбии ҳаҷм зуҳур мекунад. Агар қиматҳои ибтидоӣ ва ниҳоии нарх ва ҳаҷм назаррас набошанд, он гоҳ дар формулаи кашиш мумкин аст ё қиматҳои ибтидоӣ (Р0 ва Q0) ё қиматҳои ниҳоӣ (Р1 ва Q1) гузошта шаванд, чунки қимати ҳосилшудаи омили кашиш дар ин ҳол он қадар тафовут нахоҳанд дошт (ва одатан қиматҳои ибтидоиро мавриди истифода қарор медиҳанд, зеро ки дар ин ҳол ҳангоми қабули тасмимҳои иқтисодӣ имконияти муқоиса кардани якчанд бадалҳо фароҳам меояд).

Дар мавриде, ки тағйироти баррасишаванда Q ва Р қобили мулоҳиза бошад, қимати омили кашиш дар ҳоли истифодабарии қиматҳои ибтидоӣ ва ниҳоии тақозо ва арза мумкин аст фарқи куллӣ пайдо кунад. Дар ин ҳол бо истифодаи қиматҳои мутавассит Q ва Р кашиши камониро бо чунин формула ҳисоб мекунанд:

Е камонӣ = (Q / Р) х (P / Q), ки:

Q = (Q0 + Q1)/2 , P = (Р0 + Р1)/2.

Баъди таҳаввулоти содда формулаи кашиши камонӣ ба сурати зерин хоҳад даромад:

Ҳамин тариқ, ҳангоми тағйироти андаки қиматҳои баррасишаванда одатан формулаи кашиши нуқтагӣ ва дар ҳоли тағйироти қобили мулоҳиза формулаи кашиши камонӣ мавриди истифода қарор мегирад.

  1. Кашиши тақозои чандҷониба (салибӣ) вобаста ба нарх. Ин нишондиҳанда ё худ кашиши тақозо ба моли А бо нархи моли Б дар тадқиқоти иқтисодӣ барои муайян намудани вуҷуди робита дар истеъмол байни молҳои мавриди назар ва дар ҳоли мавҷуд будани чунин робита барои муайян кардани хусусиятҳои он ба кор меравад.

Чунон ки маълум аст байни молҳо имкони вобастагии якдигарро иваз кардан ва ҳамдигарро такмил кардан ва ё новобаста будан вуҷуд дорад. Андозаи робита байни молҳоро бо кашиши чандҷонибаи вобаста ба нарх бо формулаи зерин ҳисоб мекунанд, ки чун тағйири дарсадии миқдори моли мавриди талаб тақсими тағйири дарсадии нархи моли дигар муайян карда мешавад:

Еr = (QА/QA) : (РББ) = (QАБ) х РБ/QA;

ки QА ҳаҷми тақозо ба моли А ва РБ нархи моли Б аст.

Вақте, ки молҳо ивазкунандаи якдигар бошанд, кашиши чандтарафаи онҳо мусбӣ хоҳад буд (масалан, навъҳои гуногуни сӯзишворӣ).

Аммо вақте, ки молҳо такмилкунандаи якдигар бошанд, кашиши чандтарафаи онҳо манфӣ хоҳад буд (барои мисол, автомашина ва бензин).

Агар кашиши чандтарафаи байни ду мол баробари сифр бошад, он гоҳ чунин молҳоро молҳои новобаста меноманд ва афзоиши нархи як мол ба ҳаҷми тақозои моли дигар таъсир намегузорад (масалан, нон ва семент).

  1. Нишондиҳандаи дигари кашиш кашиши тақозо вобаста ба даромад мебошад, ки иборат аз таносуби тағйироти нисбии тақозо ба тағйироти нисбии даромад буда, бо формулаи зерин ифода меёбад:

ЕI = (Q/Q) : I / I = (Q/I) х (I/Q);

ки Q — ҳаҷми тақозо ба моли мавриди назар ва I — даромади масрафкунада мебошад.

Аломати кашиши тақозо вобаста ба даромад муносибати масрафкунандаро ба мол баён месозад.

Кашиши мусбии тақозо вобаста ба даромад (ЕI О) нишон медиҳад, ки масрафкунанда моли мавриди назарро арзишманд (хуб) шуморида, харидани онро дар ҳоли афзудани даромадаш зиёд мекунад. Аммо кашиши манфии тақозо вобаста ба даромад (ЕI О) аз он шаҳодат медиҳад, ки ин мол барои ҳамин масрафкунада арзишманд нест (он молро камарзиш ё моли дараҷаи паст меноманд) ва масрафкунанда ҳангоми афзудани даромадаш истеъмоли он молро коҳиш хоҳад дод. Кашиши тақозои вобаста ба нарх, ки наздик ба сифр (ЕI О) аст, нишон медиҳад, ки масрафкунанда моли мавриди назарро бетараф медонад ва миқдори харидро дар ҳоли тағйири даромадаш тағйир нахоҳад дод.

Молҳои бодавом ё молҳои бошукӯҳ дорои кашиши тақозои вобаста ба нархи бештар аз 1 мебошанд, яъне вақте, ки даромади масрафкунанда зиёд мешавад, афзоиши хариди чунин молҳо аз афзоиши даромади масрафкунанда бартарӣ дорад.

Барои молҳои талаботи ҳаррӯза кашиши тақозо вобаста ба нарх аз як камтар аст (0 ЕI I), аммо барои молҳои зиёди сермасраф ба монанди либос, пойафзол, он ба як наздик (ЕI 1) мебошад.

  1. Омилҳои кашиши тақозо вобаста ба нарх.

Кашиши тақозо вобаста ба нарх аз якчанд омил таъсир мегирад.

  1. Мавҷуд будани молҳои ивазкунанда. Молҳои ивазкунандаи якдигар ҳар қадар бештар бошанд ва хислатҳои муҳимтарини онҳо ҳар чӣ наздиктар бошад, кашиши тақозо ба ин гуна мол ҳамон андоза бештар хоҳад буд. Набудани моли ивазкунанда (масалан, намаки ошӣ), комилан бекашиш будани тақозоро ба ин мол пешакӣ муайян менамояд.
  2. Дараҷаи зарур будани мол барои масрафкунанда. Тақозои молҳои зарурӣ барои масрафкунанда одатан бекашиш аст. Афзоиши нарх боиси коҳиши қобили мулоҳизаи истеъмоли нон ва қувваи барқ намегардад. Аз тарафи дигар коняки франсавӣ, мошинҳои гаронбаҳо ва зеварҳои зумурад аз ашёи тааммул ба шумор мераванд. Агар нархи ин гуна молҳо боло равад, аз харидани онҳо даст кашидан мумкин аст ва бо қабули чунин тасмим ҳеҷ кас ба нороҳатиҳои зиёд рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.
  3. Вазни қиёсии даромади масрафкунанда

Мавқеи хӯрокворӣ дар буҷети масрафкунанда дар ҳоли баробарии шароити дигар ҳарчӣ бештар бошад, ҳамон андоза кашиши тақозо ба он бештар хоҳад буд. Афзоиши 10% нархи қалам ё шамъ дар маҷмӯъ чанд сомониро ташкил хоҳад кард ва аз ин рӯ боиси камтарин аксуламал дар тағйири миқдори маҳсули мавриди дархост хоҳад шуд.

Ҳамзамон афзоиши 10% нархи манзил ё мебел мутаносибан ҳазорҳо сомониро ташкил хоҳад дод. Чунин афзоиши нархҳо ҳиссаи зиёди даромади солонаи бисёр хонаводаҳоро ташкил хоҳад дод, аз ин рӯ мумкин аст чашмдор буд, ки миқдори маҳсули мавриди харид ба тарзи қобили мулоҳиза кам хоҳад шуд.

  1. Омили вақт. Тақозо дар даврони дарозмуддат назар ба кӯтоҳмуддат бокашиш бештар мебошад, зеро барои мутобиқшавӣ ба тағйири таносуби нархҳо омили замон зарур аст. Намунаи классикии шоистатарини ин омил бӯҳроне буд, ки солҳои 70-ум дар кишварҳои тараққикарда рӯй дод. Ҳангоме ки нархи бензин яку якбора боло рафт, дар ибтидо бисёр одамон кӯшиш карданд, ки камтар сафар кунанд, аммо миқдори бензини мавриди истеъмол танҳо андаке коҳиш ёфт. Бо мурури замон соҳибони автомобил ба вазъияти рӯйдода мутобиқ шуданд. Баъзе мошинҳои аз назари иқтисодӣ муносиб, баъзе дигар дар ҷустуҷӯи манзиле шуданд, ки ба коргоҳашон наздик бошад, ё ба истифодабарӣ аз нақлиёти умумӣ шурӯъ карданд. Миқдори тақозо ба бензин тадриҷан коҳиши назаррастар аз замоне пайдо карда, ки дар оғози афзоиши якбораи нархҳо ба мушоҳида мерасид.

Сабаби дигари дар фосилаҳои дарозтари замонӣ бештар будани кашиш аз он иборат аст, ки афзоиши нархи як мол ангезаеро ба вуҷуд меоварад, ки соҳибкорон барои тараққӣ додани истеҳсоли молҳои ҷойгузин (ивазкунанда) саъй мекунанд, ки низ аз омилҳои муайянкунандаи кашиши тақозо ба шумор меравад.

Боз як сабабе, ки ба тақозо дар фосилаи замонии дарозтар кашиши бештар медиҳад, мутобиқшавии оҳиста ва тадриҷии завқу рағбати масрафкунандагон мебошад.

  1. Омили дигари кашиши тақозои вобаста ба нарх дараҷаи қонеъ шудани талабот мебошад.

Агар тақрибан ҳамаи хонаводаҳо ҳадди ақалл яктогӣ яхдон дошта бошанд, коҳиши андаки нархи бозорӣ ба он ба ҳаҷми тақозо ва фурӯш таъсири пулӣ нахоҳад дошт. Баръакс, дар марҳилаи аввали қаноатмандии тақозо фарз кардем ба компютер, коҳиши нисбатан андаки нарх мумкин аст боиси афзоиши қобили мулоҳизаи фурӯш гардад.

  1. Кашиши арза.

Назарияи кашиш вобаста ба нархҳо ба арза низ татбиқ кардан мумкин аст. Кашиши арза вобаста ба нархро таносуби тағйири миқдори арзаи моли мавриди назар тақсими тағйири нисбии нархи мол муайян менамояд ва бо формулаи зерин ифода меёбад:

Еs = (Qs/Qs) : (P / P) = (Qs/P) х (P/Qs);

Еs — кашиши арза вобаста ба нарх;

Qs — ҳаҷми арзаи моли мавриди назар;

Р — нархи он мол мебошад.

Кашиши арза кашиши мусбӣ аст, зеро нарх ва мизони арза дар як самт тағйир меёбанд.

Кашиши арза низ аз омилҳои зиёде вобастагӣ дорад. Муҳимтарин омиле, ки ба кашиши арза таъсиргузор аст, омили замон мебошад, ки барои ба тағйироти муайяни нархи маҳсул аксуламал нишон додан ба он эҳтиёҷ меафтад. ҳангоми баррасии таъсири омили замон тафовут гузоштан байни давраҳои кӯтоҳтарин, кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат аз манфиат холӣ нест.

Давраи кӯтоҳтарини бозор ба андозае кӯтоҳ аст, ки тавлидкунандагон фурсати аксуламал нишон додан ба тағйироти тақозо ва нархро намеёбанд. Масалан, фермери хурд фарз мекунем, ки тамоми ҳосили помидори дар ин мавсим ба даст овардаашро ба бозор овард. Мунҳании арза новобаста ба он, ки нарх баланд ё паст аст, комилан бекашиш хоҳад буд. Ин ҳол ба он сабаб рӯй хоҳад дод, ки агар нархи помидор зиёдтар аз чашмдошти ӯ бошад, ӯ наметавонад помидори бештар аз он чӣ ки овардааст, арза намояд. Аз тарафи дигар агар нарх камтар аз чашмдошти ӯ бошад, ба сабаби маҳсули зуд талафшаванда будани помидор, фермер наметавонад онро аз бозор берун кашад ва ҳамаи помидори овардаашро ноилоҷ мефурӯшад.

Дар расми 3.6. мунҳании арзаи комилан бекашиши тавлидкунанда дар давраи кӯтоҳтарин баён ёфтааст. Афзоиши нарх аз Р0 то Рm дар ҳоли миқдори собит доштани арза, танҳо боиси афзудани тақозо мешавад. Давраи кӯтоҳмуддат. Дар ҳудуди ин давра иқтидорҳои истеҳсолии тавлидгарон бетағйир боқӣ мемонанд. Аммо агар тавлидгарон дар бораи бозор иттилое дошта ва вақти кофӣ ҳам дошта бошанд, онҳо иқтидори дар ихтиёрашон бударо бо шиддат ва самараи бештар ба кор мебаранд. Дар натиҷа чун аксуламал ба афзоиши чашмдоштии тақозо истеҳсол афзоиш меёбад ва ин маънии кашиши нисбатан бештар пайдо кардани арзаро хоҳад дошт (расми 3.7.).

Даврони дарозмуддат ба андозаи кофӣ тӯлонӣ аст, то ки тавлидкунандагон фурсати андешидани ҳамаи тадбирҳои дилхоҳро барои ба талаботи вазъияти тағйирёбанда мутобиқ сохтани манобеи худ пайдо намояд, дар ин маврид кашиши арза хеле зиёд хоҳад буд.

Ба кашиши арза инчунин омилҳое ба монанди имконият ва хароҷоти нигоҳдории тӯлонии моли мавриди назарро доштан ва низ имконияти тағйир додани ҳаҷми тавлидро доро будан ва омилҳои дигар таъсир мегузоранд.

Расми 3.6. Давраи кӯтоҳтарини бозорӣ. Расми 3.7. Давраи кӯтоҳмуддат
  1. Истифодаи кашиши тақозо дар таҳлили иқтисодӣ.

Нишондиҳандаҳои навъҳои гуногуни кашиш дар фаъолияти илмӣ ва амалии иқтисодӣ мавриди истифодаи васеъ қарор мегирад.

Яке аз мушкилоти куллие, ки ҳангоми тасмимгириҳои иқтисодӣ зуд-зуд зуҳур мекунад, тағйири даромади фурӯшанда мебошад, ки бо харҷҳои харидор баробар аст. Хароҷоти умумӣ (маҷмӯи даромад)-и мол дар давраи муайяни замон баробари нархи воҳиди мол зарби ҳаҷми харид мебошад.

Хароҷоти умумӣ = маҷмӯи даромад = РхQ.

Ҳангоме, ки нарх афзоиш меёбад, ин боиси зиёд шудани РхQ мегардад ва баръакс. Дар навбати худ афзоиши ҳаҷми тақозо барои поён будани Р.Q. фишор меоварад ва баръакс аст.

Вобастагии даромадро бо тағйири нарх ва ҳаҷми тақозо бо ёрии мунҳании хаттии тақозо (расми 3.8.) тасвир менамоем. Дар ҳар яке аз нуқтаҳои он мизони кашиш гуногун аст. Дар ҳоли бокашиш будани тақозо (дар самти чаптари хатти миёнаи тақозо) даромад бо зиёд шудани миқдори мол ё коҳиш ёфтани нарх меафзояд. Ҳангоми бекашиш будани тақозо даромад бо зиёд шудани нарх афзоиш меёбад (бо хатти пайкон нишон дида шудааст).

Вақте, ки кашиши тақозо воҳидӣ бошад (дақиқан дар миёнаи хатти тақозо) даромад ба ҳадди бештаринаш мерасад.

Ҷадвали 3.1.

Робитаи байни кашиши тақозои вобаста ба нарх

ва маҷмӯи даромадро ҷамъбандӣ мекунад.

Кашиши тақозо Хусусияти тақозо Тағйирёбии хароҷот ё даромад
Ҳангоми афзоиши нарх Ҳангоми коҳиши нарх
Еd 1 бокашиш зиёд мешавад кам мешавад
Еd = 1 воҳидӣ бетағйир аст батағйир аст
Еd 1 бекашиш кам мешавад зиёд мешавад

Расми 3.8. Вобастагии даромади фурӯшандагон ё харҷҳои харидорон ба хислати тақозо.

Ҳамин тариқ, вобаста ба хусусиятҳои ҳолат ва вазифаҳои мушаххаси таҳқиқи иқтисодӣ мумкин аст аз тағйироти нишондиҳандахои кашиши тақозо истифода бурда шавад.

Истилоҳот ва мафҳумҳои асосӣ.

  1. Зариби кашиши тақозо вобаста ба нарх.
  2. Зариби кашиши тақозо вобаста ба даромад.
  3. Тақозои комилан бекашиш.
  4. Тақозои кашиши воҳидӣ.
  5. Тақозои комилан бокашиш.
  6. Зариби кашиши арза.
  7. Зариби чандқутбаи тақозо вобаста ба нарх.
  8. Тақозои бекашиш.
  9. Тақозои бокашиш.
  10. Молҳои ивазшаванда.
  11. Ашёи таҷаммул (бошукӯҳ)
  12. Молҳои камарзиш.
  13. Зариби кашиши арза вобаста ба нарх.
  14. Молҳои такмилкунанда.
  15. Колои оддӣ.

Саволҳо барои муҳокимаронӣ.

Дурустии фикрҳои баёнгардидаро баҳо диҳед.

  1. Нуқтаи кашиши воҳидии тақозо дар миёнаи хатти мунҳании тақозо воқеъ аст.
  2. Ҳаҷми даромад вобаста ба мизони омили кашиши нархии моли фурӯхташаванда тағйир меёбад.
  3. Молҳои ҳамдигарро ивазкунанда чунин хислат доранд, ки байни нархи яке аз онҳо ва тақозо ба дигаре таносуби мустақим вуҷуд дорад.
  4. Зариби кашиши нархии тақозо ба воситаи тақсим кардани тағйири мизони тақозо ба мол (бо%) ба тағйири нарх (бо%) муайян карда мешавад.
  5. Агар дар ҳоли тағйири нарх ба 1% ҳаҷми тақозо ба 5% тағйир ёбад, пас тақозо дар ин маврид бекашиш аст.
  6. Агар ҳангоми коҳиши нархи китоби дарсӣ аз 10,00 сомонӣ ба 5,00 сомонӣ ҳаҷми фурӯш тағйир наёбад, пас тақозо ба китобҳои дарсӣ комилан бекашиш аст.
  7. Маҳсул ҳар андоза ивазкунандаи камтар дошта бошад, ҳамон андоза тақозо ба он бекашиштар хоҳад буд.
  8. Масрафкунанда қисмати ҳар чӣ камтари буҷети худро сарфи хариди ягон маҳсул кунад, кашиши тақозо ба ин маҳсул ҳамон андоза бештар мебошад.
  9. Мунҳании тақозои комилан бекашиш аз хатти амудӣ иборат аст.
  10. Тақозо ба ашёи таҷаммул нисбат ба тақозо ба молҳои сермасраф кашиши бештар дорад.
  11. Агар ба афзоиши нархи мол даромад коҳиш ёбад, пас тақозо ба ин мол бокашиш мебошад.
  12. Агар омили кашиши нархии тақозо ба мол баробари 0,75 бошад, пас чунин тақозо тақозои бокашиш аст.
  13. Ифодаҳои мусбии омили кашиши чандҷонибаи ду мол ба он далолат мекунад, ки ин ду мол ивазкунандаи якдигар мебошанд.
  14. Ҳаҷми фурӯши молҳои сермасриф якбора зиёд мешавад, агар нархи онҳо коҳиш ёбад.

Санҷишҳо / тестҳо.

Ягона ҷавоби дурустро ёбед.

  1. Кашиши нархии тақозо бештар хоҳад буд.
  2. Ба молҳои сермасриф назар ба ашёи таҷаммул ;
  3. Дар ҳолате, ки аз моли мавриди назар масрафкунандагон барои худ фоидаи аз ҳама бештар ҳосил мекунанд;
  4. Ба андозаи бештар будани хароҷоти фурсатҳои аздастрафтаи тавлиди молҳо;
  5. Ба андозаи камтар эҳтиёҷ доштани масрафкунанда ба мол;
  6. Дар ҳеҷ кадом аз ҳолатҳои номбурда;
  7. Агар коҳиши 1% нархи мол боиси афзоиши 2% ҳаҷми тақозо ба он гардад, пас ин тақозо.
  8. Бекашиш аст;
  9. Бокашиш аст;
  10. Кашиши воҳидӣ дорад;
  11. Комилан бекашиш аст;
  12. Комилан бокашиш аст;
  13. Агар нархи мол аз 1,5 сомонӣ ба 2 сомонӣ афзоиш ёфта, аммо ҳаҷми тақозо аз 1000 то 900 воҳид коҳиш ёфта бошад, пас омили кашиши нархӣ баробар аст ба.
  14. 3,00;
  15. 2,71;
  16. 0,37;
  17. 0,33;
  18. 1,5;
  19. Агар коҳиши нарх ба 5% боиси коҳиши ҳаҷми арза ба 8% шавад, пас чунин арза.
  20. Бекашиш аст;
  21. Кашиши воҳидӣ дорад;
  22. Бокашиш аст;
  23. Комилан бокашиш аст;
  24. Комилан бекашиш аст;
  25. Зариби кашиши нархии тақозо баробар аст.
  26. Ба коҳиши нарх, тақсими афзоиши ҳаҷми тақозо;
  27. Ба тағйири даромади умумӣ (бо %), тақсими афзоиши ҳаҷми тақозо (бо %);
  28. Ба коҳиши даромади умумӣ (бо %), тақсими афзоиши нарх (бо %);
  29. Ба тағйири ҳаҷми тақозо (бо %), тақсими тағйири нарх (бо %);
  30. Ба ҳеҷ кадом аз нишондиҳандаҳои мазкур;
  31. Тақозои бекашиш далолат ба он дорад, ки.
  32. Афзудани нарх ба 1% боиси коҳиши мизони тақозо ба камтар аз 1% мегардад;
  33. Афзудани нарх ба 1% боиси коҳиши мизони тақозо ба бештар аз 1% мегардад;
  34. Ҳеҷ тағйироте дар нарх боиси тағйири даромади умумӣ намегардад;
  35. Афзудани нарх ба 1% ба мизони тақозо таъсир намегузорад;
  36. Ҳеҷ кадоме аз қазоватҳо дуруст нест;
  37. Агар нархи моли тақозо ба он бекашиши аз 7 сомонӣ ба 8 сомонӣ афзоиш ёбад, пас даромад.
  38. Коҳиш хоҳад ёфт;
  39. Афзоиш хоҳад ёфт;
  40. Бетағйир боқӣ хоҳад монд;
  41. Комилан бекашиш аст;
  42. Комилан бокашиш аст;
  43. Кашиши нархии тақозо бо афзоиши муддати даврае, ки тақозо вуҷуд дорад, зиёдтар хоҳад шуд, зеро.
  44. Даромади масрафкунандагон афзоиш меёбад;
  45. Мунҳании тақозо ба самти рост интиқол меёбад;
  46. Сатҳи умумии нархҳо боло меравад;
  47. Масрафкунандагон метавонанд молҳои ивазкунанда бихаранд;
  48. Даромади масрафкунандагон меафзояд;
  49. Тавлидкунандаи моли Х нархи молашро ба 5% коҳиш дод, дар натиҷа ҳаҷми фурӯш 4% афзуд. Тақозо ба моли Х.
  50. Бокашиш аст;
  51. Бекашиш аст;
  52. Кашиши воҳидӣ аст;
  53. Комилан бокашиш аст;
  54. Ҷавоб додан ба суол ғайриимкон аст;

Масъалаҳо:

  1. Дар ҷадвали 3.1. ҳаҷми тақозо ба яхмос бо нархҳои гуногун оварда шудааст.
Нархи 1 порси яхмос (сом.) Ҳаҷми тақозо, ҳазор порс Хароҷот (даромад),

ҳазор сом.

Зариби кашиши тақозо вобаста ба нарх.
2,10 10
1,80 20
1,50 30
1,20 40
0,90 50
0,60 60
0,30 70

а) Мунҳании тақозои яхмосро кашед.

б) Фарз кардем, ки нархи порси яхмос 1,20 сомонӣ аст. Тақозо чӣ гуна тағйир меёбад, агар нархи яхмос ба 30 дирам коҳиш ёбад?

в) Хароҷоти умумии яхмосро бо ҳар як дараҷаи нарх ҳисоб карда ба сутуни сейӯми ҷадвал ҷойгир намоед.

г) Зариби кашиши тақозо вобаста ба нархро ҳисоб карда ба сутуни чорӯми ҷадвал ҷойгир намоед.

д) Мунҳании хароҷот (даромад)-ро оид ба яхмос кашед (дар тири абсцисса ҳаҷми тақозо ва дар тири ордината — хароҷот даромадро ҷойгир намоед).

е) Дар кадом нарх даромад аз фурӯши яхмос бештарин мешавад?

ж) Дар кадом нарх зариби кашиши тақозо ба 1 баробар аст?

з) Дар кадом нархҳо тақозои яхмос бокашиш аст? Дар кадом нархҳо тақозо бекашиш аст?

  1. Дар соли 1998 нархи миёнаи хонаҳо аз 5 ҳазор то 8 ҳазор доллар афзуд. Дар ин давра шумораи хонаҳои фурӯхташуда аз 1000 то 800 адад коҳиш ёфт. Нишондиҳандаи кашиши тақозои хонаҳоро вобаста ба нарх ҳисоб кунед. Муайян кунед, ки зариби кашиши тақозои хонаҳо бокашиш ё бекашиш аст.
  2. Тақозои рӯзонаи гӯшти гов ҳангоми 20,00 сомонӣ будани 1 кг гӯшт 800 кг ташкил намуд. Нархи гӯшти гов то 18,00 сомонӣ кам шуд ва дар натиҷа тақозои гӯшт 1000 кг ташкил намуд. Зариби кашиши нуқтагӣ ва камонии тақозои гӯштро ҳисоб кунед.
  3. Дар ҷадвали 3.2. ҳаҷми арзаи моли Х ва нархи он оварда шудааст.
Нархи моли Х (сом.) Ҳаҷми арза (адад) Зариби кашиши арза вобаста ба нарх
2 0
4 2
6 4
8 6
10 8
12 10
14 12
16 14

а) Зарибҳои кашиши арзаи моли Х-ро ҳисоб карда сутуни сейӯми ҷадвалро пур кунед.

б) Оид ба аломати зариби кашиши арза вобаста ба нарх чӣ гуфта метавонед?

  1. Дар асоси рақамҳои ҷадвали 3.3. зариби кашиши чандҷонибаи тақозо вобаста ба нархро муайян кунед. Оид ба намуди (ивазкунанда, такмилкунанда ва бетараф)-ии молҳо хулоса бароред.

Ҷадвали 3.3

Вариант Нархи

моли А

Ҳаҷми тақозои

моли В

1 17

23

540

620

2 28

32

74

66

3 7

21

830

990

4 56

64

125

100

5 110

120

4000

3800

Ҷавобҳо.

Санҷишҳо( Тестҳо)

1.D., 2.B., 3.C., 4.C., 5.D., 6.A., 7.B., 8.D., 9.B.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *