Фанни Микро ва макро иқтисод

Иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналҳалки иктисоди

1. Марҳилаҳои ташаккул ва хусусиятҳои асосии хоҷагии ҷаҳонӣ.

2. Савдои ҷаҳони: намудҳо ва таркиби он. Баланси пардохт.

3. Бозори ҷаҳони ва проблемаҳои ҳамроҳшавии ҶТ ба он.

4. Муҳоҷирати байналхалқии қувваи коргарӣ ва содироти сармоя.

5. Ҳамгироии байналхалқии иқтисодӣ ва шаклҳои зуҳуроти он.

1. Марҳилаҳои ташаккул ва хусусиятҳои асосии хоҷагии ҷаҳонӣ.

Иқтисоди ҷаҳонӣ (хоҷагии ҷаҳонӣ) натиҷаи инкишофи дуру дарози таърихии инсоният мебошад, ки ҳамчун як низоми бутун дар оғози асри XIX ба вуҷуд омадааст. Дар назарияи иқтисод мафҳуми иқтисоди ҷаҳониро дар маънои васеъ ва дар маънои маҳдуд истифода мекунанд.

Дар маънои васеъ хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта, маҷмӯи иқтисодҳои миллиро меноманд, ки дар асоси тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба ҳамдигар алоқаманд шудаанд.

Дар маънои маҳдуд хоҷагии ҷаҳонӣ гуфта, низоми муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳоро меноманд.

Дар ҳарду сурат ҷавҳари асосии фаҳмиши иқтисоди ҷаҳониро муносибатҳои байналхалқӣ–иқтисодӣ (МБИ) ташкил мекунад, ки алоқаҳою муносибатҳоеро ифода менамояд, ки аз чорчӯбаи иқтисоди миллӣ берун шудаанд. Хусусияти асосии ин муносибатҳо дар он аст, ки якум, онҳо ба қонунҳои арзаю тақозо вобаста мебошанд ва дуюм, ин муносибатҳо тавассути меъёрҳои гуногуни ҳуқуқи байналхалқӣ- иқтисодӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мешаванд:

  • тиҷорати байналхалқӣ;
  • муносибатҳои байналхалқии асъорӣ;
  • кӯчиши байналхалқии қувваи корӣ ва сармоя;
  • ҳамбастагии иқтисодӣ.

Яке аз заминаҳои асосии пайдоиши иқтисоди ҷаҳонӣ ин тақсимоти ҷамъиятии меҳнат мебошад. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат гуфта, низоми алоқаҳои гуногунҷабҳаи иқтисодиеро меноманд, ки дар тахассуси мамлакатҳои гуногун ба истеҳсоли шаклҳои алоҳидаи маҳсулот асос ёфтаанд. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат шаклҳои зерини тахассуси истеҳсолиро фаро мегирад:

  • тахассуси соҳавӣ;
  • тахассуси байнисоҳавӣ;
  • тахассуси дохилисоҳавӣ.

Дар ҷараёни таърихии тараққиёти ҷамъият тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар зери таъсири омилҳои зерин ба вуҷуд омадааст:

  • гуногунии муҳити табиӣ, хусусан, якхела таъмин набудан бо захираҳои табиӣ;
  • вазъи ҷуғрофии мамлакатҳо, хусусан, ҷойгиршавии онҳо нисбат ба роҳҳои байналхалқии нақлиётӣ;
  • тафовути давлатҳо дар шумораи аҳолӣ ва масоҳат;
  • тафовути давлатҳо дар дараҷаи иқтидори илмию техникӣ;
  • хусусиятҳои таърихии тараққиёти давлатҳо.

Заминаи дигари ба вуҷуд омадани иқтисоди ҷаҳонӣ қонуни маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ мебошад. Мавҷудияти ин қонун ҷой доштани муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодиро тақозо менамояд. Қонуни мазкур пеш аз ҳама дар шаклҳои зерин зоҳир мешавад:

  • маҳдуд будани ашёи хоми минералӣ, ки тамоми фаъолияти соҳаҳо ва корхонаҳои калон аз таъминоти онҳо вобаста мебошад. Дар сурати маҳдудияти онҳо зарурати аз хориҷи кишвар таъмин намудани онҳо ба вуҷуд меояд;
  • маҳдудияти қувваи корӣ, зеро афзоиши истеҳсолот бе қувваи кории тахассуснок ғайриимкон аст ва ҷалб намудани қувваи кории тахассунок дар сурати маҳдуд будани он хело зарур аст;
  • маҳдудияти технология, ки ин шакли маҳдудият дар бештари мамлакатҳои дунё вуҷуд дорад ва кишварҳои дорои технологияи паст ҳамеша барои таъмини истеҳсолот бо технологияи пешқадам кӯшиш менамоянд.

Азбаски иқтисоди ҷаҳонӣ алоқамандии иқтисодии якчанд давлатҳоро ифода мекунад, аз иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама бо субъектҳои худ фарқ мекунад. Ба субъектҳои иқтисоди ҷаҳонӣ инҳо дохил мешаванд:

  • давлатҳо;
  • ширкатҳои фаромиллатӣ;
  • ташкилотҳои байналхалқӣ.

Таркиби иқтисоди ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама аз иқтисоди давлатҳои гуногун иборат аст. Ин давлатҳоро дар назарияи иқтисоди ҷаҳонӣ аз рӯи аломатҳои гуногун таснифбандӣ менамоянд. Масалан, гурӯҳи мамлакатҳои мутараққӣ, мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва мамлакатҳои қафомондаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар назарияи иқтисод мамлакатҳои дунёро аз рӯи дараҷаи тараққиёташон низ таснифбандӣ менамоянд. Ин гуна таснифбандиро бори аввал олимони амрикоӣ У. Ростоу ва Д. Белла пешниҳод намудаанд ва мувофиқи он ду гурӯҳи кишварҳои дунёро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст:

  1. кишварҳои тараққикардаи саноатӣ;
  2. кишварҳои тоиндустриалӣ (яъне саноаташон инкишоф наёфта).

Ба гурӯҳи якуми кишварҳо: Австралия, ИМА, Канада,Ҷопон ва бештари кишварҳои Европаи Ғарбӣ дохил мешаванд. Ин мамлакатҳо дорои технологияи пешқадам, қувваи кории тахассуснок ва захираҳои бойи сармояи асосӣ мебошанд. Ба ин мамлакатҳо суръати тези афзоиши МММ хос мебошад.

Ба гурӯҳи дуюм кишварҳое дохил мешаванд, ки дорои қувваҳои истеҳсолкунандаи сустинкишофёфта буда, дар баъзеи онҳо қашшоқӣ ва камбизоатӣ вуҷуд дорад. Вобаста ба афзоиши МММ ва даромад ба сари аҳолӣ онҳоро ба чаҳор гурӯҳ тақсим мекунанд:

  1. Кишварҳои содироткунандаи нефт, ки даромад ба сари аҳолӣ дар онҳо хело зиёд аст. Масалан: Арабистони Саудӣ ва Қувейт.
  2. Кишварҳои нави саноатӣ, ки ба онҳо суръати зиёди афзоиши содирот ва МММ хос мебошад. Ба ин гурӯҳ давлатҳои зерин дохил мешаванд: Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Бразилия, Мексика, Туркия, Чин, Испания, Португалия ва Ирландия.
  3. Кишварҳои қафомонда, ки ба онҳо қашшоқию камбизоатӣ хос мебошад. Ба ин давлатҳо Бангладеш, Эфиопия ва як қатор давлатҳои қитъаи Африка дохил мешаванд.
  4. Кишварҳои дорои иқтисоди бозории сустинкишофёфта, ки ба онҳо давлатҳои Европаи Шарқӣ ва ИДМ дохил мешаванд.

2. Савдои ҷаҳони: намудҳо ва таркиби он. Баланси пардохт.

Яке аз шаклҳои аввалин ва асосии муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодӣ тиҷорати (савдои) байналхалқӣ ба ҳисоб меравад. Тиҷорати байналхалқӣ гуфта, чунин шакли муносибатҳои байналхалқӣ – иқтисодиеро меноманд, ки тавассути содирот ва воридоти молу хизматҳо ба амал меояд. Тиҷорати байналхалқӣ маҷмӯи созишҳоро оид ба иваз намудани молу хизматҳо дар байни давлатҳо ифода мекунад. Асоси инкишофи тиҷорати байналхалқиро манфиатҳои тарафайн аз мубодилаи молу хизматҳо ташкил медиҳад ва сабабҳои асосии мавҷудияти тиҷорати байналхалқӣ инҳо мебошанд:

  • тақсимот ва таъминоти нобаробари захираҳои иқтисодӣ;
  • мавҷуд будани дараҷаҳои гуногуни самаранокии технологияҳои гуногун дар кишварҳои гуногун.

Моҳияти асосии тиҷорати байналхалқӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути он маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ бартараф карда шуда, ҳаҷми бозори дохилӣ васеъ карда мешавад ва даромади иловагӣ аз ҳисоби фарқият дар байни хароҷотҳои миллӣ ва берунии истеҳсолӣ ба даст оварда мешавад. Инчунин ба воситаи тиҷорати байналхалқӣ ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ, аз ҳисоби захираҳои хориҷӣ зиёд карда мешавад.

Шаклҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ содирот ва воридоти молу хизматҳо мебошад. Содирот гуфта, ба беруни кишвар фурӯхтани молу хизматҳо дар назар дошта мешавад.

Воридот гуфта, аз беруни кишвар харидани молу хизматҳоро меноманд.

Ҳаҷми содирот ва воридот аз сиёсати тиҷорати байналхалқӣ вобаста мебошад. Сиёсати тиҷорати байналхалқӣ гуфта, чорабиниҳои давлатиеро меноманд, ки дар соҳаи тиҷорати байналхалқӣ амалӣ карда мешаванд. Асосан дар назарияи иқтисод ду шакли сиёсати тиҷорати байналхалқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сиёсати ҳимоягарӣ (протексионистӣ) ва тиҷорати озод (фритредерӣ).

Сиёсати ҳимоягарӣ сиёсатест, ки барои ҳимояи бозори миллӣ (дохилӣ) аз молҳою хизматҳои хориҷӣ, тавассути маҳдуд намудани воридот, сурат мегирад. Самтҳои асосии сиёсати ҳимоягарӣ инҳо мебошанд:

  • боҷҳои гумрукӣ, ки ҳангоми содирот дараҷаашон паст буда, ҳангоми воридот дараҷаи онҳо баланд бардошта мешавад;
  • монеаҳои ғайритарифӣ, ки ба онҳо монополияи давлатӣ, литсензиякунонӣ ва муайян кардани ҳисса дохил мешавад.

Монополияи давлатӣ ҳуқуқи махсус додан ба ташкилотҳои давлатӣ, оид ба анҷом додани амалиётҳои гуногуни тиҷорати байналхалқӣ мебошад.

Литсензиякунонӣ иҷозат додан ба ташкилотҳои гуногун оид ба анҷом додани тиҷорати байналхалқӣ мебошад.

Муайян кардани ҳисса таъин намудани ҳиссаи содироту воридоти молҳои алоҳидаро ифода мекунад.

Сиёсати тиҷорати озод дар охири асри XVIII ба муқобили сиёсати ҳимоягарӣ пайдо шудааст ва истифодаи ягон монеаро пешбинӣ намекунад.

Нишондиҳандаҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ инҳо мебошанд:

  1. Гардиши тиҷорати байналхалқӣ (Тб), ки суммаи содироту (Ex) воридоти (Im) молу хизматҳоро ифода намуда, аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Ex + Im = Тб

  1. Ҳиссаи тиҷорати байналхалқӣ дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

  1. Ҳиссаи содирот дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

  1. Ҳиссаи воридот дар МММ, ки бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Баланси пардохт тамоми амалиётҳои молиявии давлатро, ки муносибатҳои берунии иқтисодии мамлакатро нишон медиҳад, дар бар мегирад.Баланси пардохт асосан аз руи тавсияи фонди байналхалқии асъор тартиб дода мешавад, ки муҳлатҳои як моҳ, се моҳ ва як солро дар бар мегирад. Баланси пардохт амалиётҳои иқтисодиро бо 2- нишондиҳанда : даромад ва хароҷоти маблағҳои воридшаванда ва хориҷшаванда ба мамлакат ба ҳисоб мегирад. Таркибан баланси пардохт аз чунин қисмҳои асоси иборат аст:

    1. Баланси амалиётҳои ҷорӣ (молҳо, хизматҳо ва даромад аз маблағгузориҳои ҳархела).
    2. Баланси амалиётҳо бо сармоя (маблағгузориҳои бевосита, портфели, кутоҳмуддат ва дарозмуддат).
    3. Ҳисоббаробаркуниҳо бо захираҳои байналхалқӣ (захираҳои асъории хориҷӣ, захираи тилло, захираҳои ФБА ва қарзҳои он ).

Дар қисми аввал воридот ва содироти мамлакат дар муҳлатҳои гуногун ба ҳисоб гирифта мешавад, бинобар он ҳамин қисми баланси пардохт баланси савдои мамлакат ном дорад.

3. Бозори ҷаҳони ва проблемаҳои ҳамроҳшавии ҶТ ба он.

Инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ ба бозори ҷаҳонӣ сахт вобаста мебошад. Бозори ҷаҳонӣ гуфта, механизми иқтисодиеро меноманд, ки алоқамандии иқтисодҳои миллии мустақилро таъмин менамояд. Бозори ҷаҳонӣ соҳаи мубодилаи байни давлатҳоро ифода намуда, дорои таркиби хело мураккаб мебошад. Умуман, бозори ҷаҳонӣ аз қисмҳои зерин таркиб ёфтааст:

  • бозори байналхалқии молҳо, ки бозори байналхалқии чизҳои истеъмолӣ, бозори байналхалқии дастгоҳу таҷҳизот ва бозори байналхалқии ашёи хомро дар бар мегирад;
  • бозори байналхалқии қувваи корӣ, ки аз бозори байналхалқии мутахассисон ва бозори байналхалқии коргарон таркиб ёфтааст;
  • бозори байналхалқии хизматҳо, ки аз бозори байналхалқии литсензия, бозори байналхалқии хизматҳои нақлиёт, бозори байналхалқии хизматҳои суғуртавӣ ва бозори байналхалқии дигар намуди хизматҳо таркиб ёфтааст;
  • бозори байналхалқии асъор.

Дар муқоиса ба бозори дохилӣ, бозори ҷаҳонӣ дорои як қатор хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Хусусиятҳои бозори ҷаҳонӣ инҳо мебошанд:

  • нисбат ба бозори миллӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҳаракати захираҳо, молҳо ва хизматҳо хеле суст мебошад;
  • ҳаракати молу хизматҳо дар бозори ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама ба дахолати давлат вобаста мебошад;
  • бозори ҷаҳонӣ дорои низоми нархии худ мебошад, ки онро нархҳои ҷаҳонӣ меноманд;
  • объекти бозори ҷаҳонӣ танҳо мол ва хизматҳое буда метавонад, ки қобилияти баланди рақобаткунӣ дошта бошад;
  • дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба бозори миллӣ рақобат хело тезу тунд сурат мегирад ва танҳо сифат меъёри асосии баҳодиҳии молу хизматҳо буда метавонад.

4. Муҳоҷирати байналхалқии қувваи коргарӣ ва содироти сармоя.

Кӯчиши байналхалқии сармоя ва қувваи корӣ яке аз шаклҳои маъмули муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Содироти сармоя кӯчиши сармоя дар шакли молӣ ё пулӣ ба хориҷи кишвар бо мақсади гирифтани даромад дар шакли фоидаи соҳибкорӣ ё фоизи қарз мебошад. Сабабҳои асосии содироти сармоя инҳо мебошанд:

  • инкишофи бозори сармоя;
  • тағйирот дар қонунгузории миллӣ;
  • хоҳиши фоида гирифтан аз тағйироти қурби пул ва ғайра.

Мақсади асосии содироти сармоя дар дигар кишвар ба даст овардани фоидаи бештар аз ҳисоби бартарии шароитҳои берунӣ нисбат ба шароитҳои хоҷагии миллӣ мебошад.

Дар илми назарияи иқтисод шаклҳои зерини содироти сармояро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: содироти сармояи соҳибкорӣ ва содироти сармояи судхӯрӣ.

Сармояи соҳибкорӣ бо мақсади ташкили истеҳсолоти худӣ дар хориҷи кишвар ё ин ки бо мақсади маблағгузорӣ дар ширкати дигар содирот карда мешавад. Маблағгузорӣ ба корхонаи хориҷӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани он маблағгузории бевосита номида мешавад.

Маблағгузорӣ ба қоғазҳои қиматноки хориҷӣ, ки на бо мақсади назорат кардан, балки бо мақсади даромад гирифтан сурат мегирад, маблағгузории дастҷамъӣ (портфельный) номида мешавад.

Содироти сармояи судхӯрӣ як шакли қарзи байналхалқӣ мебошад, ки қарз додани субъекти хоҷагидории як давлатро ба субъекти хоҷагидории давлати дигар ифода мекунад.

Дар асоси содироти сармоя ба хориҷа ширкатҳои фаромиллатӣ ташкил карда мешаванд. Ширкатҳои фаромиллатӣ гуфта корхонаҳоеро меноманд, ки дар ду ё якчанд давлат шӯъбаҳою муассисаҳои итоаткунанда дошта, аз як марказ сиёсати ягонаро ҷорӣ менамоянд.

Кӯчиши қувваи корӣ низ яке аз шаклҳои муносибатҳои байналхалқӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Кӯчиши қувваи корӣ гуфта, ҳаракати аҳолии қобили меҳнатро аз як давлат ба давлати дигар меноманд. Асосан, ду гурӯҳи сабабҳои кӯчиши қувваи корӣ вуҷуд дорад: сабабҳои иқтисодӣ ва сабабҳои ғайрииқтисодӣ.

Ба сабабҳои иқтисодии кӯчиши қувваи корӣ инҳо дохил мешаванд:

  • паст шудани тақозо ба қувваи кории тахассусаш паст ва афзоиши арзаи он;
  • фарқияти музди кор дар давлатҳои гуногун;
  • афзоиши тақозо ба қувваи кории тахассуснок.

Ба сабабҳои ғайрииқтисодии кӯчиши қувваи корӣ бошад инҳо дохил мешаванд:

  • вазъи демографӣ;
  • вазъи оилавӣ;
  • вазъи миллӣ;
  • вазъи сиёсӣ;
  • дин;
  • маданият ва ғайра.

5. Ҳамгироии байналхалқии иқтисодӣ ва шаклҳои зуҳуроти он.

Мавҷудияти хоҷагии ҷаҳониро бе ҳамбастагии (интегратсия) байналхалқии иқтисодӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ гуфта, наздикшавию мутобиқшавии хоҷагиҳои миллиро бо ҳамдигар ва амалӣ намудани сиёсати ягонаро дар асоси созишномаи тарафайн меноманд.

Сабаби асосии мавҷудияти ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ зиддият дар байни дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва чорчӯбаи иқтисоди миллии онро маҳдудкунанда мебошад.

Вобаста ба хусусиятҳои минтақавии ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ, шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: ҳамбастагии байнидавлатӣ ва ҳамбастагии минтақавӣ. Ҳамбастагии байнидавлатӣ наздикшавӣ ва мутобиқшавии байни ду давлатро меноманд. Масалан, ҳамбастагии байни Белорусия ва Руссия.

Ҳамбастагии минтақавӣ наздикшавӣ ва мутобиқшавии иқтисоди чанд давлати як минтақаро ифода мекунад. Масалан, ҳамбастагии давлатҳои Осиёи Миёна, ё ин ки ҳамбастагии давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ).

Дар назарияи иқтисод ҳамбастагии уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ)–ро низ аз ҳамдигар ҷудо мекунанд. Ҳамбастагии уфуқӣ наздикшавӣ ва якҷояшавии якчанд давлатҳоро дар як ташкилот мефаҳмонад. Масалан, Иттифоқи иқтисодии давлатҳои муштаракулманофеъ ё ин ки Иттифоқи Аврупо ва ғайра.

Ҳамбастагии амудӣ – ин наздикшавӣ ва мутобиқшавии давлатҳоро бе итоат ба ягон ташкилот ифода мекунад. Масалан, ҳамбастагии Тоҷикистон ва ИМА. Ин шакли ҳамбастагӣ танҳо доду гирифти одиро ифода мекунад.

Дар ҷаҳони имрӯза шаклҳои гуногуни ҳамбастагии байналхалқӣ- иқтисодӣ вуҷуд доранд, ки дар ҷараёни инкишофи таърихии инсоният ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла шаклҳои зерини иттиҳодияҳои ҳамбастагии иқтисодӣ вуҷуд доранд:

  1. минтақаи озоди тиҷорат, ки озодии амалиётҳои содиротию воридотии давлатҳои иштироккунандаро инъикос мекунад;
  2. иттифоқи иқтисодӣ, ки ба ҷуз аз барҳам додани монеаҳои гумрукӣ, ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи иқтисодӣ ва низоми ягонаи танзими байнидавлатии ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодиро пешниҳод менамояд;
  3. иттифоқи гумрукӣ, ки гардиши озоди молу хизматҳоро дар дохили давлатҳо пешбинӣ мекунад;
  4. бозори умумӣ, ки на танҳо барҳам додани монеаҳоро барои ҳаракати молу хизматҳо, балки барҳам додани монеаҳоро барои таъмини ҳаракати омилҳои истеҳсолот низ пешбинӣ менамояд;
  5. минтақаи ягонаи иқтисодӣ, ки дар доираи он тамоми монеаҳо ба хотири таъмини тиҷорати озод, ҳаракати молу хизматҳо, ҳаракати одамон ва сармоя бартараф карда мешаванд;
  6. иттифоқи асъорӣ, ки мавҷудияти асъори ягона ва сиёсати ягонаи асъорию молиявиро барои ҳамаи давлатҳои аъзои он пешбинӣ менамояд.

Барои ҶТ шакли маъмул ва муҳими ҳамбастагии байналхалқӣ-иқтисодӣ Иттифоқи иқтисодии ИДМ ба ҳисоб меравад, ки моҳи сентябри соли 1993 ташкил шуда буд. Созишномаи байни давлатҳои аъзои он ҳаракатро аз ҷамъияти тиҷорати озод ба Иттифоқи гумрукӣ, баъд ба бозори умумӣ ва баъд аз он ба Иттифоқи асъорӣ пешбинӣ менамояд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *