Фанни Микро ва макро иқтисод

Хусусиятхои асосии иктисоди бозори ва Назарияи мол ва пул

  1. Заминахои ташаккул ва мавкеи истехсолоти моли дар инкишофи иктисоди чомеа.
  2. Мол, хусусият ва шаклхои фаъолияти он.
  3. Назарияи интихобии ташаккули арзиши мол.
  4. Пул хамчун шакли инкишофи муносибатхои моли
  5. Вазифахои пул ва тахаввулоти системаи пули.
  6. Назарияи нархи мол. Намудхои нарх ва тарифхо.

Адабиёт

А.Эргаш.Х Мухамадбердиев.Курси назарияи иктисоди(Микроиктисод) Душанбе 2000

Баликоев В.З. Общая экономическая теория.Учебник Новосбирск-2006.

Исоматов Б. Асосхои назарияи иктисод. Кисми якум. Душанбе 2006.

Дар шароити истехсолоти натурали дар асоси моликияти шахси ё колективи тарзи баробари таксими неъмату махсулот ба хам мутахидшави дар доираи кооператсияи одии мехнат карор мегиранд, ки ин гунна хочагихоро дар адабиёти иктисоди хамчун хочагихои натурали ба хисоб мераванд. Ин гуна хочагихо дар давраи общинаи ибтидои, гуломдори, феодал ива кисман давраи капитализм ба вучуд омадаву ташаккул ёфтааст. Дар шароити хозира хочагихои натурали хох нохох барои дастрас намудани воситахои истехсолот ба бозор мурочиат менамоянд.

Истехсолоти моли аз хочагихои натурали ба он фарк мекунад, ки ба бозор сару кор доранд.

Зери мафхуми хочагихои моли истехсолоте фахмида мешавад, ки дар он молу хизмат аз чониби истехсолкунандагони алохида барои конеъ гардонидани ниёзу эхтиёчи истеъмолкунандагон хариду фуруш карда мешавад.Хочагихои моли дар асоси моликияти хусуси ба вучуд омада,мустакил раванди истехсолот, идораи он, даромаду харочот ва такрористехсоли онро ба рох мемонанд.

Заминаи асосии ба вучуд омадани хочагихои моли инхоянд:

  1. Таксимоти чамъияти мехнат.
  2. Мустакилияти мол истехсолкунандагон.

Дар иктисоди сиёси марксисти хочагиои моли аз рук накш ва макоми онхо дар ташаккули муносибатхои истехсолии капиталисти, истисмору ба даст овардани арзиши изофа мавриди таки карор гирифтааст, ки чунин шаклхои истехсолоти молиро чудо кардаанд:

1.Истехсолоти одди моли.

2.Истехсолоти молии кпаиталисти

3.Истесолоти молии сотсиалисти ё ривочёфта

Дар шароити истехсолоти оддимоли воситахои истехсолот ба худи мл истесолкунанда таалук дорад. Мол аз чонибиистехсолкунанда барои фуруш ба бозор бароварда мешавад. Истехсолоти одди моли дар дараи гундори ба вучуд омада дар давраи феодали ба зиндаи баланд расидааст.

Истехсолоти молии капиталисти-истехсолоте мебошад, ки дар асоси истифодаи мехнати коргари кироя ва ба максади ба даст овардани фоидаи баланд ташкил карда мешавад.(Дар ин шароит воситахои истехсолот ба худи сармоядор ё моликиятдор таалук дорад. Коргарони кироя ба капиталист тобеъ буда, мол истехмол мекунанд ва ба ивазаш танхо музди мехнат мегиранд.

Дар шароити истехсолоти моли ривочёфта хама чиз хариду фуруш карда мешавад. Яъне муносибатхои моли ё бозори тамоми фаъолияти низоми иктисодиро фаро мегирад. Дар натича муносибатхои моли хамчун муносибатхои байни худи молхо бар одаму иктисод ва чомеа инкишоф мегардад.

II.Махсулот метавонад махсули мехнат бошад ва бе мубодила талаботи инсонро конеъ гардонад.

Ба ибораи дигар хамаи он чизхое,ки барои инсон манфиатнок аст ва одамон онро барои конеъ гардонидани ниёз ва эхтиёчоти худ истифода мекунад махсулот номида мешавад.Одатан махсулот дар доираи хочагихои(хонаги,хунарманди,дехкони)яъне хочагихои натурали истифода карда мешавад.

Дар шароити хочагихои моли махсули мехнат шакли моли мегирад.Он дар натичаи муаяйан гаштани таксимоти чамъиятии мехнат ва мустакилияти молиистехсолкунандагон доираи талабот восеъ гашта зарурат ба мубодила пайдо мешавад.Мол хамчун неъмат ё худ махсулот бояд натичаи мехнат бошад.Ягон тарафи талаботро конеъ гардонад. Дар ин чо зери мафхум мол неъмат ё худ махсулотест, к и бо мехнати истехсолгарон офарида шуда, барои мубодила ва конеъ гардонидани талаботи истехмолкунандагон пешниход карда мешавад, мехфаманд.

Мутафакирони сохаи иктисод ду хусусияти молро аз хамдигар фарк мекунанд.

1 (Арзиши истехмоли)

2(Арзиши мубодилави)

  1. Конеъ гардонидани талаботи инсон
  2. Ченаки арзиш.

Зери мафхуми арзиши истеъмоли асосан манфиатнокии неъматхо ё хусусияти хосаи онхо, ки кодир аст ин ё он ниёзу эхтиёчимардумро конеъ гардонад фахмида мешавад.

Зери мафхуми арзиши мубодилави кобилияти ивазшавии як молро ба моли дигар меноманд.

III. Назарияи интихоби ташаккули арзиши мол.

Чорчубаи назарияи манфиатнокиро назарияи интихоби истеъмоли ташкил медихад. Интихоби чавхари муайянкунандаи ходисахои иктисоди мебошад. Ягон раванди иктисоди( истехмол, таксим, мубодила, истеъмол……) бидуни интихоб ташкил карда намешавад. Интихоб дар чорчубаи имконият сурат мегирад.

Имкониятхои субъектхои иктисоди (шахс, коллектив, гурух,чомеа…..) бисёрчобахову мураккаб буда,тибки омилхои бозор –арза,такозо, нарх ракобат бор ох монда мешавад.

Бозор имконияти интихоботи истеъмолиро густориш медихад. Он дар мояи имкониятхои ягона, ё худ интихоби як ё ду холати имконпазир(алтернативи) ташкил мегардад.

Ба хама равшан аст, ки одамон дар интихоб ва истифодаи молу хадамот рафтор ва муносибатхои хархела доранд. Хангоми интихоб, хох нохох, яке аз чизхои хаста гирифта нисбат ба чизхои бокимонда бехтар дониста мешавад. Бо ибораи дигар, интихоб дар чорчубаи тарчех(авло,афзол,бехтару писантар) ба рох монда мешавад. Масалан, хангоми тахлили сирати духелаи мол К.Маркс ба масоили арзиш ва марчиналистон – ба арзиш истеъмоли он(манфиатноки) бештар таваччух кардаанд.

Манфиатноки(К.Маркс),хисси халоват(Э.Бем.Боверк) ё худ муносибатхои «камтар»,»зиёдтар», «баробар»(Д.Хаймон) тасаввур мекунад.

Интихоби молу махсулот аз чониби истеъмолгар на дар асоси хисобу китоби микдории муомилаи окилона, балки интихоби вариантхои гуногуни алтернативи, яъне афзол доштани манфиати як мол нисбат ба моли дигар муайян карда мешавад.

Барои интихоби окилона ва самарнокии вариантхои алтернатив ба истеъмолгар зарур аст, ки хар яке аз онхо ё худ кули онхоро аз нуктаи назари ахамияти конеъ гардонидани талаботи худ бахо дихад.Бо ибораи дигар,имкониятхои гуногун, ё худ алтернативхо бояд бо низом(система) дароварда шаванд. Махз охирон, яъне алтернативхои ба низом даровардашуда хамчун тарчех(афзалиятнок,бехтарин,) ифода карда мешавад.

Аз баски максади асоси истеъмолгар ба таври аксар (максимум) конеъ гардонидани талабот мебошад, вай молеро интихоб менамояд, ки нисбати он шавку таваччухи махсус дорад ва он рочеъ ба молхои дигар манфиати бештарро таъмин карда метавонад.

Муомилаи окилонаи инсон оид ба интихоби неъматхо( мувофики акидаи марчинализм) хамчун истичои фаолияти субъектхои бозор, ки бахри таъмин кардани дарачаи мусоид ва кулайтарини некуахволии шахси кушиш ба харч медиханд, сурат мегирад. Инсон,хар як чараён ва ходисаи иктисодиро аз нигохи худшиноси ва чахондонии щахсии худ бахо медихад.Ин раванди баходихии субъктивии равандхои иктисоди факат бахши молу хадамотро дарбар мегирад,чунин инсон аз нигохи эхтиёч танхоьа онхо (молу хадамот) дорад сохаи иктисод накши тобеги (дувумдарача)-ро ичро мекунад.

Дар муайян кардани халку автор(муомила)-и инсони накши мухимро принсипи нодир, яъне махдуд будани хачм ва андоза истехсоли андозаи истехсоли молхо ва таносуби пурра тобеъ будани нархи онхо аз такозо ки дар навбати худ бо бахои субъективи алокаманд мебошад ичро мекунад. Бо ибораи дигар, муомилаи фарди алохида бо талаботи худи он, муомилахои хочагидори ва такозо вобаста мебошад.Муомила(сулук)-и истеъмоли хамчун раванди ташаккули такозо истеъмолгар оиди молу хадамоти гуногун сурат мегирад.

4.Эхеву ташаккул ба густариши пул,мустакиман бо даврахои рушди низомхои иктисоди,инкишофи шаклу намудхои хочагихои моли алокаманд мебошад. Дар шароити низоми иктисодисунати асоси онро моликияти колективи ва хочагихои натурали ташкил медихад.Мубодила дар шакли бартер сурат мегирифт. Вобаста ба зинахои ташаккули таърихи, чугрофи, анъанахои мили, таракии куввахои истехсолкунанда ба сифати пул молхои хархела ки нисбат ба дигар мол эътибори зиёд доштанд, Масалан: олатхои фурузи(табар, шамшер,корд,теша,найза) матоъхои чарми пусти хайвоноти вахши истифода карда мешуданд.

Ба акидаи К.Маркс пули моли махсус буда барои молхои дигар хамчунэквиваленти умуми баромад мекунад.Ба акидаит у шакли аз хама куллайтарин ва оддитарини мубодила шакли сода ва ё худ мубодилаи тасодуфи мебошад,ки арзиши як моли дигар иваз карда мешавад.х

X –дона табар=У –сар гусфанд.

Дар ин таносуб арзиши табак ба арзиши гусфанд ифода карда мешавад. Дар ин чо табак накши нисби ва гусфанд накши эквивалентро ичро мекунад.

Дар баробари таксимоти нятии мехнат яъне чудо шудани чорводори аз зироат,хунарманди аз савдо ва ба мубодила интикол шудани микдори зиёди молхо раванди мубодила низ танзим гардида ба хайси эквивалент шумораи зиёди молхо дар муомилот иштирок мекардаги шудаанд ва мубодила чунин сурат мегирад.

Ин шакли мубодиларо К.Маркс шакли мукомилаи ё густаришёфтаи арзиш номидааст.

Чараёни таракиёти худ ба худ куввахои истехсолкунандаро мураккабу пурпечутоб шудани робитахои иктисоди оиди истифодаи захирахои иктисоди ва густариши микдори зиёди бозорхои моли ва аз чахони молхои мавчуда як мол чудо гашта вай хамчун эквиваленти умумии молхо интихоб карда мешавад. Ин шакли муомилотро шакли умумии арзиш номидаанд.

Х – адади табар

У – халта гандум = S –сар гусфанд.

Z – метр газвор

Ва гайра

Дар ин чо табар гандум газвор ва гайра арзиши худро бо гусфанд ифода мекунанд

Бо мурури инкишофи иктисод пайдо шудани бозорхои мили,мустахкам гардидани равобитхои иктисоди ривочу равнак ёфтани тичорат ва гай зарур аст.Ба истифодаи моли махсус ба сифати эквивалент ба миён меояд. Ин вазифа ба зиммаи фурузот(мисс,нукра,тилло) гузошта мешавад.

Х-сар гусфанд

У-халта гандум

Z-метр газвор =S-грамм тилло

С-адад табар

Ва гайра.

Хамин тавр пул даврахои зиёди таърих ва зинахои гуногун муомилотро паси сар карда, моли махсусе, ки бошад хамаи молхои роли эквивалентро ичро мекунад ба сахнаи муомилот кадам мегузорад.

Тилло хамчун мол фулузоти киматнок ва чараёни коркарди он мехнатталаб аст ва захира кардан нигох доштани он куллайтар аст.

Арзиши тилло хамчун моли махсус эквиваленти умуми молхо, дар шакли умумиимубодилаи озоди молхо ба воситаи материалхои пули ба рох монда мешаванд.

Назарияи арзиш аввалин маротиба аз чонибиА.Смит.Д.Рикардо ва баъдтар К.Маркс пешниход гардидааст.

А.Смит арзишро хамчун мехнати барои истехсоли мол масраф гардида, яъне музди кор, фоида ва рента номидааст.

Д.Рикардо-харочотхои онро ба вучудоваронда номидааст.

Ба акидаи К.Маркс арзиш шакли чизии сарфи мехнати чомеави буда, муносибати харочотро нисбат ба фоиданоки ифода мекунад.

Мувофики назарияи иктисодчиёни муосирП.Самуелсон,Б.Кларк- арзиш хамчун натичаи харочотхое, ки бошанд истехсол кардани у вохид мол зарур аст мехфаманд

Арзиш-мехнати дар мол тачассум ёфтаро меноманд.

5.Мохияти пул дар ичрои вазифахои он зохир мегардад. Намояндагони мактабхои иктисоди то 5 вазифаи пулро пешниход намудаанд. Аз чумла К.Маркс вазифаи андозаи арзиш, воситаи муомилот, воситаи андухт ва пардохт, пулхои чахониро тавсиф мекунад.

1. Андозаи арзиш- пул хамчун махсули чаъмиятии мехнат дорои арзиш мебошад, вале он нарх надорад. Агар пул нарх медошт онгох пул на молхои дигар, балки худро чен мекард.

2. Вазифаи муомиллот- дар шароити хочагии натурали муомилот дар шакли М.М яъне 1 намуди мол ба дигараш мубодила карда мешавад. Дар шароити истехсолоти моли капиталисти муомилот хамчун П-М-П сурат мегирад.

(Пулхои фулузи маъданият ЕкатиринаиII с1769 дар Россия пул факат ба пулхои когази иваз шуд

Хитой дар асриХI пул факат ба…………..)

MV=PQ М-хачми вохидхои пули

(неонеасикхо) V-суръати гардиши 1 вохид пули

Р-нархи молхо

Q-микдори молхои ба бозор пешниход шуда.

М=

3.Воситаи андухт(сарват)-Пулхои когази асосан дар банкхо гунн карда мешаванд вале ин тарз ва услуби гункунии пул хамчун воситаи ганч ба хисоб намеравад. Вазифаи ганчро факат тилло дар шакли чавохирот, чизхои тиллои ичро карда мешавад.

4.Воситаи пардохт- дар шароити муносибатхои моли зарурати ба карз додани молу неъмат ба вучуд меояд.Ва ба сифати воситаи пардохт дар шакли пулхои карзи ба миён меояд.Бо он векси,банкнотхо ва гайра баромад мекунанд. Ин вазифаи пул хангоми адои хаки мехнат харидани сохилхо, заёмхо,додани андозхо бештар алаш карда мешаванд.

5.Пулхои чахони- пули махсусе, ки накши пулхои чахониро ичро карда тавонад вучуд надорад ба сифати пули чахони тилло баромад мекунад. Тилло дар халкаи хочаги чахони накши меёри умумитарини ченаки арзиш, воситаи умумии муомилоту пардохт ва ифодакунандаи сарвати умуми башариро ичро мекунад. Тилло хамчун пули расми аз муомилот гирифта шудааст ва чои онро моле ки дорои арзиш ва кудрати умумимубодилашави дошта бошад нагирифтааст.

6.Мохият ва вазифаи нарх.Назарияи нархи моли.Намудхои нарх ва тарифхо.

Намоёнтарин ашхосоне, ки ба таври илми ба ин масъала шугл варзиданд-классикони,иктисоди сиёси(А.Смит,Д.Рикардр,К.Маркс) будаанд. Онхо якумин шуда назарияи харочоти нархро тавсиф намудаанд.

Нарх хамчун ифодаи пули арзиши( ё худ киммат) мол баромад мекунад. Арзиш, мехнати дар мол тачассумёфтаи моли истехсолкунанда мебошад. Нарх дар ин асно тибки харочоти миёнаи корхонахое, ки ин гурухи молхоро тавлид кардаанд, ташкил карда мешавад.

Аз таърифи марксистии нарх хулоса бар меояд, ки чавхари марказии онро назарияи мехнатии арзии ташкил медихад.

Аз сабаби соф сирати назарияви доштани хам арзиш ва хам мехнат ва микдоран ченнашаванда будани онхо нарх хам ба муаммахои онхо дучор гардида, аз руи мачмуи масрифотхо чамъбаст карда мешавад.Баробари ин бояд тазаккур дод, ки дар олами иктисод ва табиат на хама чиз маврид ва натичаи масрафи мехнат мебошад(замин, об, сарватхои табиати зеризамини). Аз ин нигох киммати хаккикии ин чизхоро тибки методологияи марксисти муайян кардан аз имкон берун мебошад.

Дар шароити хозира оиди ташаккули нарх ду равияро аз хамдигар фарк мекунанд:а)равияи бозори ва б)равияи тавлидоти(масраф)

Равияи бозори,рафтор дар тахкики нарху нархгузорие мебошад, ки дар мояи омузиши конъюктураи бозор, такозо,арза,ракобат ва дигар омилхову амалии механизми бозор сурат мегирад.

Равияи тавлиддори ,чунон шакли хисобу китоби нарх мукараркунии дониста мешавад, ки дар чорчубаи масрифоти истехсоли ташкил карда мешавад.

Равияи бозори,равияе мебошад,ки тарафдорони он нарххо хамчун шакли ифодаи киммати неъматхои ки дар раванди муомилот зухур мегардад кадршиноси менамояд.

Дар ин маънидоркунии ду лахзаи назаррас мебошад;-лахзаи якум-нарх мустакиман бо киммат ва манфиатнокии мол хамчун объекти истеъмол алокаманд мебошад;

-Лахзаи дуюм-нархи мол хамчун мохияти иктисоди факат хангомимубодила шуданион бо пул ёхуд ба моли дигар зохир мегардад.Азгуфтахои боло хулоа бар меояд,ки нарх бидунимол, хариду фуруш,бозор ва унсурхои асосиион имконпззир аст.Нархро танхо бозор кобилияти муайян кардан дорад.

Равияи дуввум (тавлидоти)равияе мебошад,кидар асоси тахлили нархгузори алокамандии нарх ба омилхоиистехсолот(мехнат)гузошта мешавад.Тахкики он чи тавр дар аввал кайд карда гузаштем, аз назарияи мехнатии арзиши(К.Маркс) гизо мегирад.»Нарх шакли бо пул ифода ёфтаи арзиш мебошад».

Мохияти асосии нарх ба воситаи вазифахо(функцияхо)-и он дарк ва тахлил карда мешавад.Дар аксарияти фанхои мушаххаси иктисоди, вобаста бо хислат ва объекти тахлил вазифахои гуногуни нарх пешниход карда мешавад.Охирон аз сират ва мухити амал дар хавзахои гуногуни иктисод, сатхи тахлил, хислати соха, тарз ва услуби амали гардонидани худи миханизми нарх, характери низоми иктисоди(бозори,амри,суннати,мухталаб…),тарзи танзиму истифода ва гайра вобастаги дорад.

Новобаста аз гуногуншаклию фарохии мазмуну мундарича метавон чунин вазифахои нархро чудо кард.

  1. Андозагири(ченкуни),якеаз вазифахои нахустини нарх мебошад. Нарх хамчун ифодакунандаи пулии арзиши моли субъектхои иктисоди баромад мекунад.Махз ба туфайли нарх имконияти муайян кор кардани арзиши мол ва сирати пули кабул кардани он пайдо мешавад.

2.Мукоиса хамчун воситаи ба хам киёс намудани кимматхо(арзишхои)неъматхои гуногуни иктисоди сурат мегирад.Он имкон медихад, ки киммату нафъноки,сифатуманфиатнокии молхои гуногун аз хамдигар фарк карда шаванд.

3.Бахисобгири.Нарх дар ин вазифа барои эхсо(хисобукитоби) унсурхои харочот (ашё, материал, музди кор, энергия, сузишвори) ва даромаду фоидаи корхона шароит фарохам меоварад.

4.Танзими равандхои гуногуни иктисоди, хамчун воситаи дар амал, тадбикгардонии фаъолияти хочагидори ба воситаи фашангхои тахлил, пешбини тархрези ба амал бароварда мешвад. Ба воситаи нарх стратегияи истехсол, фуруш, хачми такозо арза, теъдоди тавлиду тавлигарон, фурушандаю истеъмолгарон, хачми бозор муайян карда мешавад.

Мазуъи 12. Даромад аз омилхои истехсолот ва таксими онхо. Назарияи иктисоди фоида, музди кор, фоизи карз ва рентаи замин.

  1. Фоида – Даромади сохибкор ва натичаи мухими фаъолияти фирм.
  2. Мохият, шаклхо ва системаи музди кор.
  3. Фоиз – яке аз намудхои даромад.

Дар амалияти хочагидори шакл ва намудхои гуногунии нарх истифода карда мешавад.

Аз сабаби нисбатан зиёд будан онхоро ба гурухо ва гурухчахо таксимбанди менамоянд. Гурухбанди дар мохияи методология, услуб ва меъёрхои муайяе тасниф карда мешавад.

Таснифи нархх дар асоси меъёрхои гуногун сурат мегирад. (ниг. Накшаи № 1)

  1. хариди махсулоти сохаи кишоварзи, нархи хадамот ва корхои сохтмонию васлкуни, нарх ва тарифхо барои хадамот ба ахолии.
  2. Тибки карзи мукараркуни: Нарххои озод, танзимшаванда, шартномави, тарнсферти, биржави.
  3. Тибки мухлати амалиёт: Нархои доими, чори мавсими.
  4. Тибки дарачаи асаосноки: Нарххои бозиси, маълумоти, прейскуранти, нархи вокеии хариду фуруш, нархи истеъмол.
  5. Тибки худудии амалиёт: Нархои чумхурияви, махали, минтакави.
  6. Тибки чарайёни харакати мол: Нархи яклухти корхона, нархи яклухти саноат.
  7. Тибки подошт (рупуш кардани) харочот: Нархи франкостанция (истгох)-и фиристондаи бор, нархи франкостанция (истгох) таъминот ва гайра фарк карда мешавад.

Нархи молхо бештар ба бозор ва шаклхои он.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *