Фанни Микро ва макро иқтисод

Захирахои иқтисодӣ ва гирдгардиши онҳо

  1. Мафҳуми захираҳои иқтисодӣ.
  2. Механизмҳои тақсими захираҳо.
  3. Мафҳуми гирдгардиши захираҳо ва даромадҳо. Нақшаи гирдгардиши захираҳо ва даромадҳо.
  4. Маҳдудияти захираҳо ва интихоби иқтисодӣ.

1. Мафҳуми захираҳои иқтисодӣ

Захираҳои иқтисодӣ, ё ки мувофиқи илми назарияи иқисодӣ омилҳои истеҳсолот – ин унсурҳое мебошанд, ки барои истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ истифода мешаванд. Дар шароити мусоир ба онҳо замин, меҳнат, сармоя, қобилияти соҳибкорӣ ва иттилоот дохил карда мешавад. Одатан дар зери мафҳуми қобилияти соҳибкорӣ чунин шакли захираи инсонӣ фаҳмида мешавад, ки қобилияти истифодаи самараноки дигар омилҳои истеҳсолотро дорад.

Захираҳои иқтисодӣ – ин тамоми захираҳои табиӣ, инсонӣ ва сармоявӣ мебошад, ки барои истеҳсоли молу хизматҳо истифода мешавад. Онҳо доираи васеъи объектҳоро дарбар мегиранд ва бинобар ҳамин зарурати таснифоти захираҳо ба миён меояд:

  • захираҳои моддӣ – замин ва сармоя;
  • захираҳои инсонӣ – меҳнат ва қобилитяи соҳибкорӣ;
  • захираҳои иттилоотӣ.

Мувофиқи мактаби классикӣ барои истеҳсоли дилхоҳ молу хизматҳо мавҷудияти се шакли захираҳо (омилҳои истеҳсолӣ) – фондҳои асосӣ, фондҳои гардон ва меҳнат шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад (нақшаи 1.).

Фондҳои асосӣ – биноҳо, иншоотҳо, таҷҳизотҳо ва ғ., яъне ҷоест, ки мо дар онҷо кор мекунем;

Фондҳои гардон (захираҳои молӣ, маводҳо, ашёҳо ва ғайраҳо);

Меҳнат (фаъолияти бошуурона ва мақсадноки инсон, ки барои ба даст овардани натиҷаи муайян равона шудааст);

Иттилоот оиди молу хизматҳо – маълумот, ки имконияти интихоби самаранокро таъмин менамояд;

Иттилооти иқтисодӣ – ин иттилоот оиди раванди ҷамъиятии истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ;

2. Механизмҳои тақсими захираҳо

Ду шакли таърихии механизми тақсими захираҳо мавҷуд мебошад:

1. иқтисоди амрӣ (маъмурӣ марказонидашуда), яъне қарорҳо оиди истифодаи захираҳо ва тақсимоти маҳсулот аз тарафи мақомоти марказӣ қабул карда мешавад.

2. иқтисоди бозорӣ, яъне тақсимоти захираҳо озодона ва аз тарафи агентҳои иқисодӣ мустақилона ба роҳ монда мешавад.

Дар иқтисоди амрӣ масъалаҳои асосии чӣ, чӣ хел ва барои киро ҳокимияти марказӣ ҳал менамояд. Лекин дар иқтисоди бозорӣ чи гуна аст? Чунки агентҳои иқтисодӣ дар мавриди қабули ин ё он қарор манфиати шахсиро ба инобат мегиранд. Агар қарорҳо ба манфиати ҷамъият набошад, пас ҷамъият чи гуна метавонад ба онҳо таъсир расонад? Мумкин аст ба фикри шумо тавассути нарх бошад. Дар ҳақиқат дуруст аст. Кӯшиш менамоем тамсила(модел)-и соддаи амалӣ гардидани иқтисоди бозориро тартиб диҳем. Дар аввал бояд донист, ки агентҳои иқтисодӣ кистанд. Албатта истеҳсолкунандагон (фирмаҳо) ва истеъмолкунандагон (хоҷагиҳои хонагӣ).

Қайд менамоем, ки асоси иқтисоди бозориро моликияти хусусӣ дар умум ва нисбат ба захираҳо қисман ташкил медиҳад. Меҳнат ба дорандаи он, замин ба заминдор, то ҳатто худи фирмаҳо бо тамоми қудрати истеҳсолиашон ба шахсони алоҳида таалуқ доранд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки ҳар кадоми хоҷагиҳои хонагӣ молики якчанд омилҳои истеҳсолот мебошанд: меҳнат, дар баъзе маврид замин ва сармоя. Як қисми захираҳо аз тарафи худи хоҷагиҳои хонагӣ истеъмол мешаванд ва қисмати дигарашро чи кор мекунанд? Қисмати боқимонда бошад барои фурӯш ба бозор пешниҳод мегардад. Кӣ ҳамчун харидор дар ин бозор баромад мекунад? Албатта фирмаҳо, ки онҳо бо мақсади истеҳсолот ва фурӯши молҳоро дар бозори дигар – бозори молҳои ба мо маълум, ки ба сифати харидорон хоҷагиҳои хонагӣ баромад мекунанд, фаъолият менамоянд.

Истеъмолкунандагон захираҳои таалуқдоштаашонро мефурӯшанд, танҳо бо мақсади хариди молҳо аз бозор ва қонеъ гардонидани талаботи худ. Истеҳсолкунандагон захираҳоро мехаранд, бо мақсади фурӯши молҳо ва ба даст овардани даромад. Қайд менамоем, ки дар асоси низоми нархӣ дар бозори молу хизматҳо маълум мегардад, ки чӣ истеҳсол кард, дар бозори захираҳо бошад чӣ харидорӣ кард. Масъалаи барои кӣ истеҳсол кард? – ҳолати душвортарро ба миён меорад. Дар бозори захираҳо танҳо нархи воҳиди захираҳо, яъне суммаи пулие, ки ҳар як молик аз фурӯши як воҳид ба даст меорад, муайян карда мешавад. Масъалаи тақсимоти захираҳо дар байни худи хоҷагиҳои хонагӣ берун аз тамсилаи мо мебошад.

Агар бодиққат ба нақша нигарем (дар поёнтар пешниҳод шудааст) маълум мегардад, ки то ин дам мо танҳо оиди қисмати болоӣ, яъне бо бозори молҳо сару кор доштем. Маълум гашт, ки даромади истеъмолӣ ва нархи захираҳо дар қисмати поёнии нақша, бозори захираҳо таҳлил карда шудааст. Умуман бояд қайд намуд, ки мо метавонем омӯзиши назарияи микроиқтисодиро дар асоси тартиб додани дигар нақша, яъне бо таври вертикалӣ ба қисмат ҷудо намуда, ба роҳ монем. Дар ин маврид аввалан хоҷагиҳои хонагиро ҳамчун харидор ва фурӯшанда ва баъд фирмаро ҳамчун фурӯшанда ва харидор таҳлил намоем. Баъд аз ин (дар бобҳои дигар) мо метавонем бозори ҳамаи молу хизматҳоро якҷо омӯзем ва шароитҳое, ки ин бозор дар ҳолати мувозинат қарор мегирад, таҳлил намоем. Кӯшиш менамоем баҳо диҳем, ки то чӣ андоза ин бозор «хуб» кор мекунад, яъне дар он чӣ хел масъалаи тақсими захираҳо ҳалли худро меъёбад ва чӣ гуна ба саволҳои мавҷудбудаи чӣ? чӣ хел? барои кӣ? ҷавоб ёфт. Ин дар пеш буда, айни ҳол бозори захираҳо таҳлил карда мешавад.

Умуман бояд гуфт, ки омӯзиши бозори захираҳо баъд аз таҳлили бозори молҳо на онқадар душвор аст. Якум – чунки ҳамон механизми каҷхаттаи арза ва тақозо истифода мешавад, дуввум – аллакай пешниҳоди он ки қувваи ҳарактадиҳанда ва гурӯҳбандии интихоби агентҳои иқтисодӣ мавҷуд мебошад. Истеъмолкунанда манфиатнокиро ба ҳадди аксар мерасонад, истеҳсолкунанда бошад фоидаи иқтисодиро. Дар асл механизми тақозо ва арза дар бозори омилҳо айнан ба мисли бозори молҳо амал мекунад. Лекин худи амалӣ гаштани тақозо ва арза дар бозори омилҳо хусусиятҳои хоси худро дорад.

Хусуияти тақозо дар он аст, ки тақозо ба захираҳо тақозои итсеҳсолӣ буда, яъне аз рӯи тақозо ба маҳсулот, ки дар истеҳсоли он захираи мавҷудаистифода мешавад, муайян карда мешавад. Хусусияти арза дар бозори замин, меҳнат ва сармоя дар мавзӯҳои дигар таҳлил карда шудааст. Албатта нақшаи пешниҳодгардидаи амлишавии иқтисоди бозорӣ – ин танҳо тамсилаи содакардашуда, ки аз рӯи якчанд равандҳо ва ҳодисаҳои ҳақиқӣ асос меёбад. Тамсилаи зерин барои омӯзиши иқтисодиёт хело мувофиқ мебошад, ба монанди он ки ба сайёд харитаи географиро пешниҳод мекунанд, ки дар он хусусиятҳои маҳалҳо пурра нишон дода нашудааст. Кадом ҳодсаҳо ва равандҳо берун аз тамсилаи мо боқӣ мемонад? Оиди ду лаҳзаи зарурӣ сухан меронем.

Якум, дар на ҳама захираҳои истифодашаванда аз тарафи хоҷагиҳои хонагӣ пешниҳод карда мешаванд. Истеъмолкунандагон барои фирмаҳо танҳо захираҳои авваларо пешкаш менамоянд (масалан: меҳнати коргар, замин барои сохтмони меҳмонҳона ва ё беморхона). Захираҳои боқимондаро (мех, масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизот ва ғ.) барои фирмаҳо дигар фирмаҳо пешниҳод менамоянд. Дар тамсилаи мо, ки тамоми истеҳсолот дар бахши истеҳсолии ягонаи иқтисодиёт асос меёбад, омӯзиши ҳодисаҳои боқимонда нишон дода нашудааст. Қайд менамоем, ки арзаи захираҳои аввала нисбати арзаи бозори молҳо хусусияти фарқкунандаи худро дорад. Дар бозори ҳамагуна захираҳо арза ба мисли бозори молҳо амал карда, фирма ба фурӯш на неъматҳои истеъмолӣ, балки захираҳои истеҳсолиро пешкаш менамояд.

Дуввум, иқтисоди бозории «соф», ки тамсилаи онро мо тартиб додем дар асл вуҷуд надорад. Ҳатто аз ҳама давлати либералӣ низ дар як меъёри муайян бозорро, махсусан бозори захираҳоро, танзим менамояд. Ин ҳолат маълум аст, чунки бозори захираҳо даромади аъзоёни ҷамъиятро муайян мекунад, яъне ин масъала дар маркази диққати манфиати ҷамъяитӣ ва миллӣ мебошад. Бинобар ҳамин танзими давлатии, масалан,бозори меҳнат дар шакли муқарраркунии музди кори ҳадди ақал, давомнокии вақти корӣ ва ғ. – аҳамияти оддӣ ва заруриро дар мамлакатҳои «бозорӣ» дорад.

3. Мафҳуми гирдгардиши захираҳо ва даромадҳо. Нақшаи гирдгардиши захираҳо ва даромадҳо

Гирдгардиши иқтисодӣ (гирдгардиши захираҳо ва даромадҳо) – ҳаракати даврии неъматҳои ҳақиқии иқисодӣ буда, дар асоси ҳаракати мутақобилаи воридоти пулӣ ва хароҷотҳо сурат мегирад. Ин шакли нақшавии алоқамандии воридоти асосии бозориро дар иқтисодиёт нишон медиҳад.

Тамсилаи соддаи гирдгардиши иқтисодӣ дар нақша пешниҳод шудааст. Дар ин маврид гирдгардиши бозорӣ гурӯҳҳои зеринро дарбар мегирад: 1) хоҷагиҳои хонагӣ; 2) фирмаҳо; 3) бозори захираҳо; 4) бозори маҳсулот.

Хоҷагиҳои хонагӣ ҳамчун молики ҳамаи захираҳо омӯхта мешаванд: меҳнат, сармоя, замин ва қобилияти соҳибкорӣ. Хоҷагиҳои хонагӣ дар мавриди пешкаш намудани захираҳо дар бозор даромади пулиро ба даст меоранд (музди кор аз ҳисоби меҳнат, иҷорапулӣ аз замин, фоиз аз сармоя, фоида аз қобилияти соҳибкорӣ). Аз ин ҷо хоҷагиҳои хонагӣ тақозоро ба маҳсулоту хизматҳо ва арзаро дар бозори захираҳо ба миён меоранд.

Фирмаҳо истеҳсоли молҳо ва фурӯши онҳоро дар бозори маҳсулот ба роҳ мемонанд. Даромад аз фурӯш барои хариди захираҳо истифода мешавад, яъне шакли хароҷоти истеҳсоли молҳо мегирад. Фирмаҳо тақозоро ба захираҳо ва арзаи молу хизматҳоро дар бозори маҳсулот ба миён меоранд.

Дар раванди гирдгардиш ду шакли воридот ба вуҷуд меояд: 1) муқобили ақрабаки соат – воридоти захираҳои иқтисодӣ; 2) аз рӯи ақрабаки соат – воридоти даромади пулӣ, масрафи истеъмолӣ ва хароҷоти истеҳсолӣ.

Дахолати давалат дар иқтисоди бозорӣ нақшаи гирдгардишро тағир медиҳад. Ҳамчун иштирокчии гирдгардиш давлат вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • ҷамъоварии андозҳо;
  • азнавтақсимкунии даромадҳо тавассути пардохтҳои трансфертӣ;
  • додани музди кори коркунони бахши давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ;
  • дар бозорҳо захираҳои иқисодӣ ва маҳсулотҳоро харидорӣ менамояд;
  • ҳамчун истеҳсолкунандаи неъматҳои ҷамъиятӣ ва дигар молу хизматҳо баромад мекунад.

Аз таҳлили тамсилаи гирдгардиш ду хулоса бармеояд.

Хулосаи якум. Воридоти моддӣ ва пулӣ дар ҳолати мавҷудияти мувозинати маҷмӯи даромадҳои хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат бо маҷмӯи истеҳсолот ба таври динамикӣ инкишоф меёбанд. Аз даромадҳои ба даст овардашуда хароҷотҳои иштирокчиёни гардиш рӯйпӯш карда шуда, дар шакли даромад ба соҳибони омилҳои истеҳсолот бармегарданд. Давлат дар мувозинати маҷмӯи тақозо ва маҷмӯи арза вазифаи танзимкунандаро иҷро мекунад.

Хулосаи дуюм. Дар низоми гирдгардиш алоқамандии субъектҳои макроиқтисодӣ дар ду бахши иқтисодиёт амалӣ мегардад: ҳақиқӣ ва молиявӣ (пулӣ). Аввалин аз рӯи ҳаҷми ММД, дуюмин аз рӯи миқдори пули зарурӣ барои хизмати гардиши молию пули дохилӣ муайян карда мешавад.

Тамсилаи соддаи гирдгардиши иқтисодӣ (капитализми соф)

Тамсилаи соддаи гирдгардиши иқтисодӣ (иқтисоди омехта)

Стратегияи иқтисодии давлат дар асоси хукмронии шакли моликият нисбат ба захираҳои асосӣ – замин ва дигар захираҳои табиӣ, қувваи корӣ ва сармоя муайян карда мешавад.

Дар иқтисодиёти бозори озод давлат дар тақсимоти захираҳо ягон нақшро иҷро намекунад. Тамоми қарорҳо оиди тақсиммоти захираҳо аз тарафи хоҷагиҳои хонагӣ ва корхонаҳои хусусӣ дар бозорҳои муайян қабул мегарданд. Нархҳо дар асоси тақозо ва арза ба вуҷуд омада, инчунин воститаи асосӣ барои рафъӣ камчинӣ ва барзиёдатии молҳо хизмат мекунад. Нархҳо дар иқтисоди бозори озод на дар асоси чӣ ва чӣ хел, балки барои кӣ низ муайян крада мешавад.

Алоқамандии субъектҳои асосии бозор дар раванди гирдгардиши захираҳо, маҳсулотҳо ва даромадҳо, ки дар нақша ба ду шакли бозор ҷудо гардидааст – захираҳо ва маҳсулотҳо (бо доираҳо ишора шудааст) буда, дар онҳо ҳоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат (бо чоркунҷаҳо ишора шудааст) амал мекунанд, ошкор мегардад.

Агар бозори захираҳоро назар кунем, маълум мегардад, ки гӯё хоҷагиҳои хонагӣ бевосита ва ё бавосита моликони захираҳои истеҳсолӣ буда, фирмаҳоро бо он таъмин мекунанд. Фирмаҳо тақозо ба захираҳо доранд, ки барои истеҳсоли маҳсулот зарур аст. Хароҷоти фирмаҳо барои истеҳсоли маҳсулот воридоти даромадҳои пулиро (музди кор, рента, фоиз ва фоида) ташкил медиҳад.

Оиди бозори маҳсулот бошад дар он даромади пулие, ки хоҷагиҳои хонагӣ аз ҳисоби фурӯши захираҳо мегиранд, тақозоро ба молу хизматҳо ва предметҳои истеъмолӣ, ки аз ҳисоби хароҷотҳои истеъмолӣ рӯйпуш мешавад, ба миён меорад. Фирмаҳо захираҳои истеҳсолиро алоқаманд намуда, маҳсулотҳои истеъмоли тавлид карда ҳамчунин арзаи онро ташкил менамояд. Албатта фурӯши ин маҳсулотҳо дар бозор даромади фирмаҳоро (даромад аз фурӯш) таъмин месозад. Яъне фирмаҳо ва хоҷагиҳои хонагӣ дар ҳарду бозор якхела ва ба сифати иштирокчиёни гуногун баромад мекунанд.

Хоҷагиҳои хонагӣ дар бозори захираҳои иқтисодӣ (истеҳсолӣ) ба сифати фурӯшандагон ва дар бозори бозори маҳсулот бошад ҳамчун харидрон баромад мекунанд. Фирмаҳо бошад дар бозори захираҳои иқтисодӣ (истеҳсолӣ) ба сифати харидор ва дар бозори маҳсулот ҳамчун тавлидкунанда ва фурӯшанда баромад мекунанд. Дар низоми иқтисодӣ хоҷагиҳои хонагӣ ва фирмаҳо ҳамчун харидорон ва фурӯшандагон баромад меукнанд.

Маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ ба маҳдудияти даромади хоҷагиҳои хонагӣ, ки аз ҳисоби фурӯши захираҳо, инчунин ба маҳдудияти маҳсулоти тавлидшавандаю даромад аз фурӯши онро барои фирмаҳо ба миён меорад. Яъне масъалаи маҳдудияти захираҳо ба тамоми низоми муносибатҳои иқтисодии ҷамъият таъсир мерасонад. Таҳлили нақша муайян месозад, ки воридоти ҳақиқии захираҳои иқтисодӣ – муқобили ақрабаки соат ва воридоти пули даромадҳою хароҷотҳо – мувофиқи ақрабаки соат ҳаракат мекунад.

Дар асоси нақша чунин хулоса бармеояд, ки агар даромади пулии фирма ба хароҷоти истеъмолии хоҷагиҳои хонагӣ ва хароҷоти фирма барои хариди захираҳо ба даромади хоҷагиҳои хонагӣ баробар бошад, он гоҳ дар низоми иқтисодӣ ҳаҷми доимии миқдорию сифатии гирдгардиши захираҳо, маҳсулотҳо ва даромадҳо ҷой дорад. Дар асл ин тавр нест. Дар низоми иқтисодӣ бӯҳронҳо дар шакли пастравии истеҳсолот ва таваррум, ки ба ноустовории иқисодиёту рушди иқтисодӣ оварда мерасонад, ба назар мерасад. Ба ин ҳолат якчанд омилҳо мусоидат мекунад: мавҷудитяи пасандозҳои хоҷагиҳои хонагӣ, ки ба номувофиқати воридоти даромаду хароҷотҳои хоҷагиҳои хонагию фирмаҳо оварда мерасонад; тағирот дар ҳаҷм ва шаклҳои захираҳои иқтисодӣ ва талаботҳои ҷамъиятӣ; мавҷудияти моликияти хусусӣ ба захираҳои иқисодӣ, озодии иқтисодӣ ва мавҷудитяи даромади нархӣ дар гурӯҳи алоҳидаи аҳолӣ; тиҷорат ва дигар муносибатҳои иқтисодӣ бо мамлакатҳои дигар ва ғ. Қисме аз ин омилҳо дар рафти лексия таҳлил карда мешаванд. Ба ғайр аз ин нақшаи пешниҳодшуда ҳақиқати иқтисодиро хеле сода нишон дода, бозори молия, бозори истеъмолкунандагони хориҷӣ, бозори молҳо ва хизматҳои таъиноти истеҳсолиро инъикос намекунад.

Давлат вазифаҳои худро амалӣ намуда, инчунин дар бозорҳои қайдкардашуда фаъолият мекунад. Аз як тараф давлат ҳамчун харидори захираҳою маҳсулотҳо ва аз тарафи дигар ҳамчун фурӯшандаи молу хизматҳо баромад мекунад. Аз дигар тараф воридоти ҳақиқии захираҳои иқтисодию маҳсулоти таъиноти истеъмолӣ, воридоти даромаду хароҷот, инчунин тавассути сиёсати андозситонӣ фаъолитяи фирмаҳою хоҷагиҳои хонагиро назорат мекунад. Ҳамин тавр давлат имконияти таъсир расонидан ба динамика ва таркиби маҳсулоти миллӣ, дараҷаи шуғл ва таваррум, азнавтақсимкунии даромадро пайдо мекунад. Дар асоси воридоти андозҳо давлат қобилияти таъмини асосҳои ҳуқуқиро пайдо намуда, хизматҳоро барои инкишофи смараноки иқтисодиёт пешкаш менамояд.

Хусусиятҳои зерини тафриқавӣ ва вобаста ба он шаклҳои бозорро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд.

Вобаста ба намуди таркиби бозории муайянкунандаи рақобат: бозори рақобати озод, бозори рақобати монополӣ, бозори олигополӣ, бозори монополияи холис.

Вобаста ба объекти муносибатҳои бозорӣ: бозори молу хизматҳо, бозори омилҳои истеҳсолот, бозори молия.

Вобаста ба хусусияти ҳудудӣ: маҳаллӣ, минтақавӣ, федералӣ, ҷаҳонӣ ва ғ.

Барои аниқ намудани мавқеи бозор ва нарх дар иқтисоди бозорӣ зарур аст, ки ба ду шакли асосии бозор ва хусусияти хариду фуруш назар андозем.

Нархҳое, ки барои истифодаи замин, меҳнат, сармоя ва қобилитяи соҳиькорӣ пардохта мешаванд, дар бозори захираҳо муайян мегардад. Дар ин маврид бизнес аз тарафи тақозо ва хоҷагиҳои хонагӣ аз тарафи арза баромад мекунад.

Бозори захираҳоро дида мебароем. Хоҷагиҳои хонагӣ, ки бевосита ва ё бавосита молики ҳамагуна захираҳои иқисодӣ ҳастанд, ин захираҳоро ба корхонаҳо пешниҳод мекунанд. Корхонаҳо тақозо ба захираҳо доранд, ки тавассути онҳо молу хизматҳо тавлид менамоянд. Дар асоси алоқамандии тақозою арза ба захираҳои калони инсонию моддӣ ба ҳар яке онҳо нарх муқаррар карда мешавад. Пардохтҳоеро, ки корхонаҳо дар мавриди хариди захираҳо ба анҷом мерасонанд, хароҷоти онҳоро нишон дода, ҳамчунин воридоти музди кор, рента, фоиз ва фоида хоҷагиҳои хонагиро ташкил медиҳад.

Бозори маҳсулотҳоро дида мебароем. Даромади пулии аз ҳисоби фурӯши захираҳо ба даст овардаи хоҷагиҳои хонагӣ қиммати ҳақиқиро надоранд. Истеъмолкунандагон ин пулҳои қоғазию тангаҳоро истеъмол ва пӯшида наметавонанд. Дар раванди хароҷоти пулҳои мазкур хоҷагиҳои хонагӣ барои молу хизматҳои зиёд тақозо пайдо мекунанд. Дар як маврид корхонаҳо низ барои хариди захираҳо ва пешниҳоди молу хизматҳо дар ҳамин бозор ҳамроҳ мешаванд. Таъсири мутақобилаи зерин, ки дар асоси тақозо ва арза сурат мегирад, нархро муқаррар мекунад. Қайд менамоем, ки аз нигоҳи корхонаҳо воридоти хароҷотҳои истеъмолӣ даромадро аз фурӯш таъмин менамояд.

Тамсилаи гирдгардиш (захираҳо, маҳсулот ва даромад) раванди мутақобилаи қабули қарорҳо ва фаъолияти иқисодиро нишон медиҳад.

Диққатҷалбкунанада он аст, ки хоҷагиҳои хонагӣ ва корхонаҳо дар ҳарду бозорҳо иштирок мекунанд. Дар бозори захираҳо корхонаҳо ҳамчун харидор, яъне аз тарафи тақозо, хоҷагиҳои хонагӣ ҳамчун молик ва фурӯшандаи захираҳо, яъне аз тарафи арза баромад мекунанд. Дар бозори маҳсулот бошад мавқеи онҳо тағир меёбад: хоҷагиҳои хонагӣ ҳамчун истеъмолкунанда ва харидор, яъне аз тарафи харидор, корхонаҳо бошад ҳамчун фурӯшанда, яъне аз тарафи арза баромад мекунанд. Дар ҳолатҳои гуногун ҳар яке аз ин воҳидҳои иқтисодӣ мефурӯшанд ва мехаранд.

Хоҷагиҳои хонагӣ ба сифати молик захираҳо ба корхонаҳоро мефурӯшанду даромади пули худро, ки аз ҳисоби фурӯши захираҳо ба даст оварда шудааст, барои хариди молу хизматҳо масраф мекунанд. Барои истеҳсоли молу хизматҳо корхонаҳо бояд захираҳоро харидорӣ намоянд, ки маснуоти тайёркардаи онҳо барои хоҷагиҳои хонагӣ фурӯхта мешавад. Натиҷаи ниҳоии раванди мазкурро воридоти ҳақиқии захираҳои иқтисодӣ (муқобили ақрабаки соат) ва воридоти даромади пулию хароҷотҳои истеъмолӣ (мувофиқи ақрабаки соат) ташкил медиҳад. Воридотҳои мазкур якранг ва беохир такроршаванда мебошанд (нақшаи 2.).

Бозори маҳсулот

Бозори захираҳо

Хоҷагиҳои хонагӣ

Фирмаҳо

МОЛЊО

МОЛЊО

ЗАХИРАЊО

ЗАХИРАЊО

Хароҷотҳои миллӣ

Хароҷотҳои маҷмўӣ

Пардохти захираҳо

Даромади миллӣ

Нақшаи 2. Гирдгардиши асосии маҳсулотҳо ва даромадҳо.

4. Маҳдудияти захираҳо ва интихоби иқтисодӣ

Бояд гуфт, ки мубодилаи иқтисодӣ дар шароити маҳдудитяи захираҳо ба вуҷуд меояд.

Барои истеҳсоли маҳсулот мо захираҳои зеринро истифода мебарем: барои истеҳсолот меҳнатро истифода мекунем, барои истеҳсолот сармоя мегузорем, захираҳои ҳақиқиро барои истеҳсолот истифода мебарем, ки нисбатан маҳдуданд (қоидаи назарияи иқисодиро ба хотир оред).

Масалан, фирма наметавонад теъдоди зиёди коргаронро киро намояд. Яъне мо ҳамавақт медонем, ки чӣ қадар захираро дар ихтиёр дорем: шумораи коргарон (меҳнат), воситаҳои пулӣ (сармоя) ва ғ. Мо шумораи захираҳоро ҳамчун имконияти истеҳсолӣ (захираҳои мавҷударо мо метавонем барои ҳаҷми маҳдуди истеҳсолот истифода барем) ва маҳдудияти истеҳсолӣ ба инобат мегирем.

Вобастагии захираҳо ва истеҳсолотро дар шакли баробарии иқтисодӣ – функсияи истеҳсолӣ, чунин ишора кардан мумкин аст:

Q=f(F1,F2,…Fn)

дар ин ҷо Q – ҳаҷми истеҳсолот, F 1,F2,…Fn – захираҳои истеҳсолӣ (дар умам n-миқдорро ташкил медиҳад), f – вобастагии ҳаҷми истеҳсолотро аз комбинатсияи оимлҳои истеҳсолот нишон медиҳад.

Функсия – бузургиест, ки теъдод ва тағирёбии бузургии дигар вобаста мебошад.

Бузургии n – шартан, шумораи беаканори унсурҳоро мефаҳмонад (як, ду, се ва беохир). Мо онро барои ҷобаҷокунии самаранок истифода мебарем.

Мо бо Шумоён оиди иқтисодиёт — илм оиди интихоб дар шароити номаҳдуд, сухан меронем. Оиди чиро, барои чӣ ва захираҳои иқтисодӣ чиро мефаҳмонанд, муайян намудем. Акнун бошад оиди оиди маҳдуд будани онҳо сухан меронем. Дар аввал худи интихоби иқисодӣ чиро мефаҳмонад.

Интихоб – муайянкунии беҳтарин аз байни вариантҳои истифодашаванда, ки ҳадди аксари самаранокиро дар шароити маҳдудитяи захираҳо таъмин месозад. Яъне, интихобро муайян намуда, манфиатҳо ва масрафҳорои итсеъмоли неъматҳоро таҳлил менамоем. Маҳдудитяи захираҳоро низ ба назар мегирем.

Маҳдудият – хусуситяи хоси неъматҳо ва захираҳои иқисодӣ, ки охирати онҳоро мефаҳмонад (нисбат ба талаботи номаҳдуди ҷомеа ва инсон).

Ҳар боре, дар вақти интихоб нмаудан ва дар назар доштани маҳдудитяи захираҳо, ҳисоб кардани манфиату масрафҳо, кӯшиш менамоем, ки ҳолати оптималии худро муайян созем (яъне ба ҳадди аксар расонидани манфиат ва ба ҳадди ақал расонидани масраф). Масраф дар иқисодиёт бештар ҳамчун хароҷот фаҳмида мешавад (costs). Мо ҳама вақт алтернативаҳоро таҳлил ва муқоиса менамоем, ки ин ҳолат дар иқтисодиёт мафҳуми хароҷотҳои алтернативиро ба миён меорад.

Хароҷтҳои алтернативӣ – манфиаттарин неъмати пешниҳодшаванда барои инсон буда, ба даст овардани он дар шароити истифодаи беҳтарини захираҳои маҳдуд ғайриимкон аст.

Яъне, масалан, мо метавонем якчанд вариантҳои хароҷоти пулро муайян намуда, оптималиашро интихоб намоем. Ҳамин тавр оиди талаботҳою имконитяҳои интихоб, неъматҳову маҳдудият ва хароҷтҳои алтернативӣ ахборот пайдо намуда, тамсилаи иқтисодиро метавонем тасвир кард – графикаи каҷхаттаи имкониятҳои истеҳсолӣ.

Имкониятҳои истеҳсолӣ – имкониятҳои ҷамъиятро оиди истеҳсоли неъматҳо, дар шароити самаранок истифода бурдани тамоми захираҳои мавҷуда, мефаҳмонад.

Каҷхаттаи имконитяҳои истеҳсолӣ хусусияти тавлиди маҳсулотро вобаста ба имконитяҳои истеҳсолии мавҷуда ва комбинатсияҳои алтернативии истеҳсолот, дар шароити истифодаи пурраи захираҳо нишон медиҳад.

Тасаввур мекунем, ки дар иқтисодиёт танҳо ду намуди мол истеҳсол карда мешавад: моли 1 ва моли 2. Афзоиш додани истеҳсоли як намуди мол, ба камшавии истеҳсоли моли дигар оварда мерасонад. Аз ин ҷо бармеояд, ки мо метавонем комбинатсияи гуногунро ба анҷом раоснем, масалан:

Нуқтаи 1 – нишон медиҳад, ки бо шартҳои додашуда чӣ қадар моли 1-ро истеҳсол карда метавонем (тамоман моли 2 истеҳсол накарда). Нуқтаи 5 бошад нишон медиҳад, ки чӣ қадар мо метавонем моли 2-ро истеҳсол кард (тамоман моли 1 истеҳсол накарда). Нуқтаҳои 2,3,4, эҳтимоли комбинатсияҳои гуногуни истеҳсолотро дар мавриди истифодаи пурраи захираҳо нишон медиҳад. Нуқтаи 6 – истеҳсоли баробари молҳоро нишон медиҳад, ки дар мавриди зерин он поён аз хати каҷи имконияти истеҳсолӣ қарор, яъне пурра истифода нашудани захираҳо ва бесамар будани истеҳсолотро нишон медиҳад.

Каҷхатта ҳамавақт дар як ҳолат қарор надошта, метавонад ба ягон тараф майл кунад. Майлкунии каҷхатта – ҳаракати онро ба тарафи чап ва ё рост, ки он метавонад кунҷхо ва ё худи каҷии каҷхаттаро дарбар гирад, нишон диҳад. Дар графика мо метавонем чунин ҳолатро бо тасвир намудани як каҷхаттаи дигар нишон диҳем.

Масалан, агар захираҳои зиёд шаванд ва ё технология тағир ёбаду, мо имконияти истифодаи зиёди зхариаҳоро пайдо намоем, дар ин маврид каҷхатта ба тарафи рост (пурра) майл мекунад. Бар сурати маҳдудитяи захираҳо ҳолати баръакс рух дода, доираи комбинатсияи истеҳсолии ду мол низ кам мешавад.

Бояд донист, ки мумкин ҳолати дигаре рух диҳад, яъне нобаробар зиёд шудани захираҳо ва ё кӯҳнашавии технология – дар ин ҳолат каҷхатта на танҳо майл мекунад, балки ӯ шакл кунҷ ва то ҳатто метавонад доираи худро тағир диҳад.

Хати борик дар графика – шакли аввалаи каҷхаттаи имкониятҳои истеҳсолӣ мебошад. Хати ғафс – беҳбудии ҳолати яктарафа ва афзоиши имконияти истеҳсолии як мол. Хати пунктирӣ – афзоиши яктарафа оиди имконияти истеҳсоли як мол.

Дар мавриди маҳдудияти захираҳо интихоб аз тарафи кӣ сурат мегирад?

Агенти иқтисодӣ – субъекти муносибатҳои иқтисодӣ, ки дар раванди истеҳсолот, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳои иқисодӣ ширкат меварзад.

Агентҳои иқтисодии ба ҳам алоқаманд киҳо ба шумор мераванд? Ҳамаи мо. Мо ин киҳо? Харидорон ва фурӯшандагон. Дар мавриди аввал дар бозор фирмаҳо ва хоҷагиҳои хонагӣ амал меукнанд:

Фирма – агенти иқисодӣ (ташкилот), ки се вазифаро ба анҷом мерасонад:

  1. хариди захираҳо;
  2. истифодаи захираҳо барои истеҳсоли маҳсулот;
  3. фурӯши маҳсулот.

Мақсади ниҳоии фирма – афзоиш додани фоидаи худ.

Хоҷагиҳои хонагӣ – агенти иқтисодӣ (ҳамчун қоида, фард ва ё гурӯҳ) дорои захираҳо (меҳнат, сармоя, замин) мебошад, ки бар ивази он даромад (пул) гирифта онҳоро барои истеъмоли неъматҳо харҷ мекунад.

Мақсади хоҷагиҳои хонагӣ – қонеъ гардодани талаботҳои худ.

Ба ғайр аз фирма ва хоҷагиҳои хонагӣ давлат низ дар алоқамандии иқтисодӣ иштирок мекунад.

Давлат – агенти иқисодӣ (маҷмӯи корхонаҳо ва ташкилотҳо), ки хоҷагиҳои хонагӣ ва фирмаҳоро бо неъматҳо қонеъ гардонида фоида ба даст намеорад (масалан, тартибот). Мақсади асосии давлат ин аст, ки ҷамъиятро бо неъматҳои гуногун қонеъ гардонидан.

Албатта ҳамаи се субъект байни ҳам алоқаманд мебошанд. Алоқамандиро дар нақша чунин тасвир кардан мумкин аст.

Дар нақшаи мо тамсилаи соддаи гирдгардиши иқтисодӣ нишон дода шудааст.

Гирдгардиши иқисодӣ – ҳаракати неъматҳо, даромадҳо ва хароҷотҳои пулист.

Агар бодиққат ба нақша назар андозем, ду шакли воридотро ҷудо намудан мумкин аст: даромадҳо (хатҳои оддӣ) ва хароҷотҳо (хатҳои пунктирӣ). Даромад – чизест, ки мо ба даст меорем. Хароҷот – чизе, ки мо масраф мекунем. Барои пурра нишон додан воридотҳо нақшаи зерин пешкаш карда мешавад.

Воридотҳо Фирма Хоҷагиҳои хонагӣ Воридотҳо
Даромадҳо Молҳоро ба давлат ва хоҷагиҳои хона-гӣ фурӯхта даромад ба даст меорад. Захираҳоро ба фир-маҳо ва давлат фу-рӯхта даромадро ба даст меоранд. Андоз ба даст меорад.
Хароҷотҳо Захираҳоро меха-рад ва андоз мессу-поранд. Маҳсулотҳоро ме-харанд ва андоз ме-супоранд. Неъматҳои ҷамъ-иятиро пешкаш ме-кунад.

Саволҳо барои худсанҷиш:

  1. захираҳои иқтисодӣ чиро мефаҳмонад.
  2. Кадом шаклҳои захираҳоро Шумо медонед.
  3. Гирдгардиши зхаираҳо ва даромадҳо чиро мефаҳмонад.
  4. Нақшаи гирдгардиши захираҳо ва даромадҳоро фаҳмонед.
  5. Доираҳои дохилию берунии нақша чиро мефаҳмонад.
  6. Аксиомаи – маҳдудияти захираҳо ва номаҳдудияти талабот чӣ гуна ҳалли худро меёбад.
  7. Каҷхаттаи имкониятҳои истеҳсолӣ чиро нишон медиҳад.
  8. Камшавандагии каҷхаттаи имкониятҳои истеҳсолӣ чиро нишон медиҳад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *