Фанни Микро ва макро иқтисод

Нишондиҳандаҳои макроиқтисоди

Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар давраи миёнамӯҳлат Сиёсати молиявӣ ва макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2013 дар асоси афзалиятҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. Нишондиҳандаҳои андозу буҷет дар давраи миёнамӯҳлат пеш аз ҳама дар доираи таъмин намудани мақсадҳои зерин таҳия гардидаанд:

  • дар сатҳи муайян нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, меъёри таваррум ва рушди устувори дигар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ;
  • васеъ намудани базаи андозбандӣ ва роҳ надодан ба пайдо гардидани бақияпулиҳои андоз ва пурра ворид намудани бақияпулиҳои мавҷуда ба буҷет;
  • мусоидати ҳамаҷониба барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии шаҳрвандон, инчунин рушди соҳаи энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёту коммуникатсия;
  • бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи иқтисодиёт, ба танзим даровардани ҷалби давлатии сармоягузории хориҷӣ, бо роҳи мақсадноку самаранок амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ.

Бояд тазаккур дод, ки бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ дар соли 2009 ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъсири манфии худро расонида, дар соли ҷорӣ низ эҳтимолияти идомаёбиаш вуҷуд дорад.

Дар баробари ин, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати нархҳо дар бозори ҷахонӣ, воридот ва содироти молҳо дар ҷумҳурӣ, инчунин ба вазъияти сиёсии дохилию хориҷии дигар давлатҳо алоқамандии зич дорад.

Дар давраи буҳрони молиявӣ Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои зиддибӯҳрониро амалӣ намуд, ки тавонист каме шиддатнокии онро паст намояд.

Дар соли 2009 вобаста ба ҷорӣ намудани чорабиниҳои амалигардида, иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва вазъи молиявӣ, таъмини сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта шуданд.

§2. Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар давраи миёнамӯҳлат

Дар ин давра ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 20,6 млрд. сомонӣ баробар гардида, афзоиши реалии он 3,4 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2008 678,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 аз ҳисоби маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 718,5 млн. сомонӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 4,9 млн. сомонӣ, гардиши савдои чакана 514,4 млн. сомонӣ, нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтаанд.

Дар баробари ин ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2008 ба андозаи 6,3 фоиз, сармоягузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои

маблағгузорӣ 15,5 фоиз кам гардид.

§3. Таваррум — индекси нархҳои истеъмолӣ, дефлятори ММД.

Қурби асъори миллӣ дар соли 2009 дар сатҳи мӯътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум дар ин давра 5 фоизро ташкил намуд, ки он нисбат ба соли 2008 6,8 фоиз кам гардидааст.

Вале қайд кардан зарур аст, ки новобаста аз андешидани чораҳои зарурӣ оид ба паст намудани шиддатнокии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, таъсири он ба фаъолияти иқтисодии берунӣ ҳис карда шуд.

§4. Г ардиши савдои хориҷӣ, интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар, қурби мубодилавии асъори миллӣ нисбати доллари ИМА.

Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2008 ба андозаи 23,4 фоиз ё ба маблағи 1,1 млрд. доллари ИМА кам гардида, ҳаҷми он 3,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд. Аз ҷумла ҳаҷми содирот 396,4 млн. доллари ИМА ё 28,1 фоиз ва ҳаҷми воридот ба 701,1 млн. доллари ИМА ё 21,4 фоиз нисбати соли 2008 кам гардид.

Камшавии воридоти молҳо асосан аз ҳисоби глинозем 87,6 млн. доллари ИМА, сӯзишвориҳо 901 млн. доллари ИМА, воситаҳои нақлиёти сабукрав 108,7 млн. доллари ИМА, орд 47,5 млн. доллари ИМА ва семент 16,0 млн. доллари ИМА ба вуҷуд омадааст.

Ҳамин тариқ баъзе аз нишондиҳандаҳои макраиқтисодие, ки дар солҳои 2008 ва 2009 ба даст омадаанд, дар ҷадвали зерин орварда шудаанд:

image3.pngмаълумотҳои расмии Агентии омор.

Аз ҷадвали дар боло овардашуда, дида мешавад, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2009 аз рӯи нишондиҳандаҳое, ки аз гардиши савдои беруна вобастаанд, рӯ ба пастшавӣ доранд.

Тавозуни савдо дар соли 2009 манфӣ арзёбӣ гардида, нисбат ба соли 2008

9

304,7 млн. доллари ИМА кам, шумораи бекорон нисбат ба соли 2008 афзоиш ёфта, ба 46,5 ҳазор нафар баробар гардидааст.

Вобаста ба натиҷаҳои бадастовардаи соли 2009 ва тағйирёбии вазъи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои давраи миёнамӯҳлат таҳия гардидаанд.

Ҳангоми таҳияи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ дар соли 2010 — 24500,0 млн. сомонӣ муайян гардида, пешгӯии иҷрои он 25300,0 млн. сомонӣ баҳодиҳӣ карда мешавад.

Дар баробари ин, рушди реалии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2010 ба андозаи 5,1 фоиз, таваррум 9,0 фоиз, дефлятори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12,0 фоиз ва қурби асъори миллӣ нисбати 1 доллари ИМА 4,50 сомонӣ баҳодиҳӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки бо дарназардошти ин омилҳо ва соли молиявии базавӣ ба шумор рафтани соли 2010 дар солҳои 2011 — 2013 нишондихандаҳои мақроиқтисодӣ, мутаносибан дар ин солҳо 30180,0 млн. сомонӣ, 36650,0 млн. сомонӣ ва 44790,0 млн. сомонӣ бо афзоиши реалии 6,5 фоиз, 7,0 фоиз ва 7,2 фоиз пешбинӣ гардидаанд.

§5. Ноилгардӣ ба суботи макроиқтисодӣ ва ғ.

Дар давраи миёнамӯҳлат ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вобаста ба тағйирёбии сохтори он ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар назар дошта шудааст.

Дар соли 2011 истеҳсоли мол ва маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 7876,0 млн. сомонӣ дар назар дошта шуда, суръати афзоиши он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли гузашта 2,5 фоиз баҳодиҳӣ шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2012 ба маблағи 8492,0 млн. сомонӣ бо афзоиши реалии 4,4 фоиз ва соли 2013 бошад 9355,0 млн. сомонӣ бо афзоиши реалии 7,1 фоиз арзёбӣ мегардад.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо дарназардошти нархҳои дурнамо дар соли 2011 ба маблағи 9458,0 млн. сомонӣ бо афзоиши реалии 2,3 фоиз, соли 2012 дар ҳаҷми 10130,0 млн. сомонӣ бо афзоиши 2,0 фоиз ва дар соли 2013 бошад 10830,0 млн. сомонӣ бо афзоиши реалии 1,8 фоиз дар назар дошта шудааст. Дар ин давра тибқи дурнамо талаботи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли он дар назар дошта мешавад.

Боркашонӣ аз рӯи ҳамаи намуди нақлиёт дар соли 2011 дар ҳаҷми 64,6 ҳазор тонна дар назар дошта шудааст, ки он дар соли 2012 дар ҳаҷми 3,2 фоиз ва дар соли 2013 дар ҳаҷми 3,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 68,8 тонна баробар мегардад. Дар баробари ин дар ин давра баанҷомрасии сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Чаноқ дар нақша мебошад, ки оид ба рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ мусоидат менамояд.

Гардиши моли чакана бо нархҳои дурнамо дар соли 2011 дар ҳаҷми

  1. млн. сомонӣ бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли гузашта 11,0 фоиз, дар соли 2012 дар ҳаҷми 8625,0 млн. сомонӣ бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли гузашта 12,5 фоиз ва дар соли 2013 бошад, 10450,0 млн. сомонӣ бо нархҳои муқоисавӣ нисбати соли гузашта 13,1 фоиз дар назар дошта мешавад.

Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ бо нархҳои дурнамо дар соли 2011 дар ҳаҷми 6870,0 млн.сомонӣ, суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 11,0 фоиз, соли 2012 ба маблағи 8625,0 млн. сомонӣ бо афзоиш 11,5 фоиз ва дар соли 2013 бошад 10435 млн. сомонӣ бо афзоиши 12,0 фоиз нисбати соли гузашта баҳодиҳӣ мегардад.

Дар ин давра фаъолияти сормоягузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ мувофиқан дар ҳаҷми 4120,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ 1480,0 млн сомонӣ, дар соли 2012 ба маблағи 4360,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ 1774,6 млн. сомонӣ ва дар соли 2013 бошад, дар ҳаҷми 4600,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ 2455,0 млн. сомонӣ дар назар дошта мешавад.

Дар баробари ин дефлятори ММД дар солҳои 2011 — 2013 бо

дарназардошти тағйирёбии вазъи иқтисодӣ мутаносибан ба 12,0 фоиз, 13,5 фоиз ва 14,0 фоиз дар назар дошта мешавад.

Ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва Бучети давлатӣ барои соли 2011-2013 тибқи пешниҳоди Бонки миллии Точикистон қурби миёнасолонаи асъори миллӣ нисбати 1 доллари ИМА аз рӯи 4,80 сомонӣ, 5,10 сомонӣ ва 5,60 сомонӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дар соли 2011 маъёри таваррум 9,0 фоиз ва дар солҳои 2012-2013 бошанд, мувофиқан ба 7,5 фоиз ва 6,5 фоиз дар назар дошта шудааст.

Дар давраи миёнамӯҳлат дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, сохтмони як қатор иншооти муҳими давлатӣ ба анҷом расидаанд, ки онҳо ба пешрафт ва инкишофи иқтисоди Ҷумхурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд, аз ҷумла:

  • лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ (аз ҷумла аз ҳисоби сохтмони НБО Сангтуда 1 бо иштироки Федератсияи Россия);
  • сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ, ки ба афзоиши хизматрасонии дар соҳаи нақлиётӣ мусоидат менамояд;
  • лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқии 500кВ “Ҷануб Шимол” ва Лоиҳаи 200кВ “Лолазор Хатлон”
  • афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти алюминий, бо сабаби дар ҷаҳон зиёд шудани талаботи он ва нигоҳ доштани арзиши баланди он;
  • барқарорсозии истеҳсоли пахта дар натиҷаи ислоҳоти институтсионалии давомдор дар ин соҳа;
  • ҳаҷми зиёди трансфертҳои хусусӣ ба кишвар (мувофиқи маълумотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар соли 2006 наздик ба 900 млн. доллари ИМА ё 36 фоизи ММД — ро ташкил медоданд[1]).

Таъсири ин омилҳо дар давраи солҳои 2010 — 2013 низ давом хоҳад ёфт ва дар ҳолати мавҷудияти эҳтимолоти консервативии кофӣ дар бораи давом ва рушд ёфтани трендҳои мавҷудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ин имкон медиҳад, ки рушди иқтисодии солона ба ҳисоби миёна то 7 фоиз таъмин гардад.

Бо дарназардошти ин омилҳо таъсиси ҷойҳои кории нав, дар назар дошта мешавад, ки ба сатҳи зиндагӣ ва дараҷаи бо кор таъминнамоии қисми зиёди бекорон амалӣ мегардад.

Ҳамчунин дар ин давра ба зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ диққати махсус дода шудааст. Ҳаҷми умумии фонди музди меҳнат дар соли 2011 ба маблағи 1527,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он ба 5,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буда, нисбат ба соли 2010

  1. фоиз афзоиш меёбад. Ин нишондиҳанда дар соли 2012 дар ҳаҷми 1954,0 млн. сомонӣ, ё 5,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар соли 2013 бошад,
  2. млн. сомонӣ ё 5,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта шудааст, ки афзоиши миёнасолонаи он 28 фоизро ташкил медиҳад.

Дар солҳои 2004 — 2009 тибқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми маблағҳои ба ҷумҳурӣ ворид гардидида чунинанд:

Интиқоли маблағ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо млн. долл. има)

Дар баробари ин вобаста ба маълумотҳо ва дурнамоиҳои Хазинаи байналмилалии асъор аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кор ва фаъолият менамоянд, интиқоли маблағҳо ба ҷумхурӣ дар чунин ҳаҷм пешбинӣ мегарданд:

Млн.доллар

Вобаста ба маълумотҳои дар боло овардашуда, дар давраи миёнамӯҳлат, дараҷаи афзоиши даромади аҳолӣ дар назар дошта мешавад, ки ба сатҳи

зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Дар шароити баъди бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ мақсади асосии БМХД дар бахши мазкур аз: таъмини босуботи макроиқтисодӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии бозори меҳнат, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ барои ҷалби сармоя ва ғайраҳо иборат мебошад.

Душвориҳои асосӣ дар ноилгардии суботи макроиқтисодӣ аз чунин омилҳо иборат мебошад:

  • ба қадри кофӣ алоқаманд набудани фаъолияти мақомоти бахши иқтисодӣ дар масъалаҳои таҳияи дурнамоҳои макроиқтисодӣ, пулию қарзӣ ва буҷетӣ, ки барои сари вақт қабул кардани қарори нисбатан беҳтари иқтисодӣ монеа мешавад;
  • нокифоя будани воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди нокофии бозори коғазҳои қиматнок;
  • нокифоягии диверсификатсияи иқтисодиёт ва иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, ки дараҷаи баланди вобастагиро аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла аз омилҳои манфии бӯҳрони ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад;
  • номутаносибӣ байни захираҳои меҳнатии босуръат рушдёбанда ва бунёди ҷойҳои нави корӣ, ки дар натиҷаи он муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ рӯ ба афзоиш ниҳод.

Бо дарназардошти амалисозии самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои СМР, СПКСК ва Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар бахши макроиқтисодӣ ин омилҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:

  • такмили сиёсати андозу буҷет;
  • такмили минбаъдаи сиёсати пулию қарзӣ;
  • идома додани ислоҳоти институтсионалӣ.

Такмили сиёсати андозу буҷет тавассути минбаъд беҳтаркунии раванди буҷетикунонӣ, татбиқи нақшавии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар давраи кӯтоҳмуддат, тақвияти устувор ва боэътимод, пуррагӣ ва шафофияти буҷет, такмили низоми андозбандӣ, беҳтар намудани маъмуригардонии андозӣ, ташкили низоми умумидавлатии бақайдгирӣ ва баҳисобгирии андозсупорандагон бо роҳи дар сатҳи замонавӣ ҷорӣ намудани принсипи «Равзанаи ягона», соддакунии расмиёти гумрукӣ ва мувофиқгардонии тарифҳои гумрукӣ амалӣ карда мешавад.

Такмили минбаъдаи сиёсати пулию қарзӣ, тадбирҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба рушди устувори низоми бонкӣ, беҳтар намудани таъминоти ҳуқуқӣ дар фаъолияти бонкӣ, такмили тартиби суғуртакунии амонат, ҷалби маблағҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ барои қарздиҳии ташкилотҳо ва афзункунии дастрасии қарзҳо, тавсиаи сохтори хизматрасоние, ки бонкҳо пешниҳод менамоянд, истифодаи фишангҳои самаранок барои боздоштани таваррум нигаронида шудааст.

Раванди ислоҳоти сохторӣ ва баланд бардоштани самараи фаъолияти мақомоти давлатӣ бо дарназардошти талаботи вазъи тағйирёбандаи иқтисодӣ эҳтимол дорад. Идома додани раванди такмили усулҳои дурнамои макроиқтисодӣ ва баҳисобгирии оморӣ, баланд бардоштани самаронокӣ ва шаффофияти идораи молияи давлатӣ пешбинӣ мегардад. Ба ин мақсадҳо корҳо оид ба баланд бардоштани иқтидории кадрии сохтори давлатӣ, ки ба татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ масъул мебошанд, инчунин корҳо оид ба такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки суботи макроиқтисодиро танзим менамоянд, бояд давом дода шаванд.

  1. ниг. ТЬе ШогЫ Вапк. СоипҶу РаЛпегзЫр ЗЫаЫ^у Ргодгезз Керог! Ғог 1Ье КериЪЬс оҒ ТарЫзЫп Ғог 1Ъе репой ҒУ06-ҒУ09. 22 июни соли 2007, саҳ. 1
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *