Фанни Микро ва макро иқтисод

Назарияи хароҷотҳои истеҳсолӣ ва фоида

  1. Хароҷот ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.
  2. Шакл ва намудҳои хароҷот дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат.
  3. Нарх унсури асосии иқтисоди бозорӣ.
  4. Таснифоти нархҳо.

5. Даромад ва фоидаи корхона :даромади умумӣ, миёна ва интиҳоӣ.

1. Хароҷот ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ.

Дар шароити иқтисоди бозори чорчӯбаи истеъмолкунандаро манфиати (сифати) молу хадамот ва манфиати фирмаро хароҷот, ё худ истифодаи захираҳои иқтисодӣ ташкил медиҳад.

Аз ин ҷиҳат масъалаи хароҷот аз қадим то инҷониб дар маркази диққати на танҳо назариячиёни иқтисоддон, балки субъектҳои иқтисодӣ, яъне хоҷагидорон меистад.

Оиди хароҷот ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Вобаста ба сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, хислат ва нерӯи низомҳои иқтисодӣ, хусусиятҳои соҳаву корхона, анъанаҳои миллию таърихӣ ва ғайра хароҷотҳои иқтисодӣ дар ҳар як макону замон, ҳархела сурат мегиранд.

Таҳлили нисбатан амиқ ва илмии хароҷот аз ҷониби классикони иқтисоди сиёсӣ оғоз меёбад.

Намояндагони ин мактаб таҳлили хароҷот, нарх, арзиш, фоида ва дигар масъалаҳоро, ки яке бидуни дигаре арзи вуҷуд дошта наметавонад, аз нигаҳ ва дар давраи худ мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Масалан, А.Смит фаҳмиши хароҷоти мутлақ ва Д. Рикардо хароҷоти муқоисавиро ҷорӣ кардаанд.

Таҳти «хароҷот» онҳо масрафи миёнаи ҷомеавиро ба ҳар як воҳиди маҳсулот, яъне ташкили арзиши воқеии маҳсулоти алоҳида ба ҳисоби миёна дар корхона ё худ ташаккули масрафи миёнаи маҳсулот дар доираи соҳа дар назар доштанд.

Хароҷот аз нигаҳи классикон ҳамчун нархи истеҳсол бо назардошти пардохтҳои рентавӣ ташкил меёбад.

Назарияи А. Смит ва Д. Рикардо минбаъд аз ҷониби К. Маркс дастгирӣ, такмил ва инкишоф дода шудааст.

Тибқи ақидаи К. Маркс хароҷоти истеҳсолот ҳамчун кулли масрифоти капиталист, ки барои харидани сармоя ва қувваи коргарӣ, яъне масрафи сармояи доимӣ ва сармояи тағйирёбанда, сарф карда мешавад сурат мегирад.

К. Маркс хароҷоти воқеии истеҳсоли мол (масрафи меҳнат), ки арзиши молро ба вуҷуд меоварад ва хароҷоти холиси истеҳсолоти капиталистиро аз ҳам фарқ мекунад.

Ин тарзи хосаи тақсимбандии хароҷоти истеҳсолот ҳамчун масрафи меҳнат ва масрафи сармоя яке аз заминаҳои ташаккули принсипи марксистии таҳлили такрористеҳсоли капиталистӣ дониста мешавад.

К. Маркс дар асоси тафриқабандии хароҷот ба хароҷоти қувваи коргарӣ ва хароҷоти воситаҳои истеҳсолот (сармоя), мақсади асосии истеҳсолоти капиталистӣ — меҳнат ва ба даст овардани арзиши изофа, фоида ва минбаъд фоидаи миёнаро ошкор гардондааст.

Яке аз хизматҳои К. Маркс дар он аст, ки вай аз маҷмӯи хароҷотҳо — хароҷоти истеҳсол ва хароҷоти муомилотро ҷудо кардааст.

Хароҷоти истеҳсол, кулли масрифотҳое, ки мустақиман дар раванди истеҳсолот оиди тавлиди неъматҳову хадамот истифода карда мешаванд дар бар мегирад.

Ба он К. Маркс масрафи музди кор, материал, сӯзишворӣ, ашё, энергия, истеҳлок (амортизатсия)-и сармояи асосӣ, масрифотҳои дигар оиди идораи корхона ва ғайраро ҳамроҳ мекунад. Ин гурӯҳи масрифот арзиши молро ташкил дода, баъди фурӯш он дар шакли пул (П=П+П) ба капиталист (соҳибкор) бармегардад.

C— сармояи доимӣ

V— сармояи тағирёбанда

M — арзиши изофа

W — арзиши мол

Ҷамъи масрафи сармояи доими (С) ва сармояи тағирёбанда (v) хароҷоти истеҳсоли (К)-ро ташкил медиҳад.

Хароҷоти муомилот-гуфта хароҷоти соф (холис) ва иловагиро дар бар мегиранд.

Ба хароҷоти соф хариду фуруш дар шакли соф (музди кори коргарони савдо, масрафи биноҳо ва хароҷоти иловаги бошад-масрифот оиди ба навъҳо ҷудосозӣ, ба қутти андохтан, нигоҳ доштан, баркашонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Намояндагони мактаби марҷиналистон — Менгер, Визер ва дигарон, хароҷотро ҳамчун ҳодисаи психологӣ, ки дар мояи манфиатнокии интиҳоӣ қарор дорад тафсир мекунанд.

Тибқи ақидаи онҳо маблағе, ки фирма барои омилҳои истеҳсолот масраф мекунад, аз нигаҳи манфиатнокии интиҳоии фурӯшанда муайян карда мешавад.

Хароҷот аз диди онҳо ҳамчун хароҷоти алоҳидаи корхона сурат мегирад. Хароҷот ва даромад ҳамчун функсия (вазифа)-и миқёси истеҳсолот ташкил меёбад.

Назариячии австралӣ Ф. Визер назарияи субъективии хароҷоти имконоти алтернативиро пешниҳод намудааст, ки тибқи он хароҷоти ҳақиқии истеҳсоли маҳсулоти мазкур ба манфиатнокии олии он молҳое, ки ҷамъият метавонад дар ҳолати истифодаи хели дигари захираҳои мавҷуда ба даст орад, баробар бошад.

Бо дастгирии шогирдон ва минбаъд ба забони риёзӣ даровардани ин назария ҳамчун тамсилаи ба ҳадди ақал расондани хароҷот тавсиф карда шудааст.

К. Кларк яке аз ҷумлаи мутафаккирони илми иқтисодӣ мебошад, ки шакл ва намудҳои мухталифи хароҷотро мавриди таҳлил қарор додааст. Масалан, хароҷотҳои инфиродӣ, ҷамъиятӣ, мутлақ, кӯтоҳмӯҳлат ва ғайра.

А. Гобсон якӯмин шуда, дар адабиёти иқтисодӣ мавҳуми хароҷоти инсонӣ (human cost)-ро ҷорӣ намудааст. Ин хароҷот ҳамчун сифат ва ҷидду ҷаҳди меҳнатии инсон, қобилият ва ташаббуси шахс, ки он қобилиятро амалӣ мегардонад зуҳур мегардад.

Намояндагони мактаби неоклассикӣ (классикони ҷадид) хароҷотро ҳамчун ҷамъи масрифоти доимӣ ва тағйирёбанда оид ба даст овардани омилҳо тасаввур мекунанд.

Инчунин бояд кайд кард, ки хароҷот- ин шакли бо пул ифодаёфтаи захираҳои истеҳсолӣ мебошад, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо истеҳсол ва фурӯши маҳсулот сурат мегирад фаҳмида мешавад.

2. Шакл ва намудҳои хароҷот дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат.

Дар амалияи хоҷагидорӣ мафҳуми масраф (масриф, сарф) ва хароҷот аз ҳам фарқ карда мешавад.

Таҳти масраф (inputs) меъёри муайяни хароҷотҳо ва истифодаи захираҳо (табиӣ, моддӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ, иттилоот…) дар ҷараёни тавлидот тасаввур карда мешавад.

Хароҷот бошад на фақат раванди истифодаи захираҳо, балки ҷараёни баҳодиҳии онҳоро низ дар бар мегирад. Аз ин нигаҳ хароҷот на фақат масрафи муқаррарӣ, балки масрафи захираҳо ва шакли пули (арзиши)-и онҳоро дар бозор низ ифода мекунад.

Ин шакли хароҷоти истеҳсол, ки дар худ фоидаи мӯътадил ва фоидаи миёнаро таҷассум менамояд — хароҷоти иқтисодӣ ном дорад.

Хароҷоти иқтисодӣ ҳамчун масрафи фирма оид ба беҳтарин ва қулайтарин қарорҳои соҳибкор, ки тарз ва услуби хоҷагидорӣ дар натиҷаи истифодаи захираҳо тасаввур карда мешавад.

Аз ин сабаб дар илми иқтисод, ду тарзи ҳисоби хароҷот вуҷуд дорад:

  1. Хароҷоти иқтисодӣ — хароҷотҳое мебошад, ки баҳодиҳии сармоя ва гардиши онро метавон аз диди гузашта, ҳозира ё худ оянда баҳо медихад фаҳмида мешавад.
  2. Хароҷотҳои бухгалтерӣ — хароҷотҳое мебошанд, ки ҳамчун масрафи омилҳои истеҳсолот, ки барои тавлиди миқдори муайяни маҳсулот, тибқи нархҳои муайян истифода карда шудаанд сурат мегирад. Хароҷоти корхона аз нигаҳи ҳисоботи бухгалтерӣ ва статистикӣ (оморӣ) ҳамчун арзиши аслӣ баромад мекунад.

Дар мазмуни фарох хароҷотҳои иқтисодӣ дар чорчӯбаи нодирии захираҳо ва имконияти бо услубҳои гуногун иваз ва истифода кардани онҳо, яъне нусхаҳои алтернативӣ асос меёбад.

Хароҷоти алтернативӣ ё худ хароҷотҳои интихоб — масрифоти пулии корхонаҳое мебошад, ки вобаста ба беҳтарин имкониятҳои аз даст додаи фирма оиди истифодаи захираҳо ташкил меёбад.

Асоси ташкили хароҷоти алтернативиро маҳдуд будани захираҳо, тарз ва услуби интихоб ва самаранок истифода кардани онҳо ташкил медиҳад.

Ҳамчун хулоса бояд қайд намуд, ки фарқи асосии хароҷот-ҳои бухгалтерӣ ва иқтисодӣ оиди ҳаҷм, намуд, шакл ва таркиби онҳо зуҳур меёбад.

Хароҷотҳои иқтисодӣ аз нигаҳи таркиб ба хароҷотҳои гуногун — доимӣ, тағйирёбанда, миёна, умумӣ, кӯтоҳмӯҳлат, дарозмӯҳлат, ҳудудӣ, дохилӣ, берунӣ ва ғайра ҷудо мешаванд.

Яке аз омилҳои муайянкунандаи хароҷот, аниқ кардани давраи амали он дар вақти муайян мебошад.

Дар низоми хароҷотҳо ба ду давра ҷудо мекунанд:

  1. Давраи кӯтоҳмӯҳлат, як давраи муайяне мебошад, ки дар давоми он иқтидорҳои истеҳсолӣ дар як шакли доимӣ боқӣ мемонанд. Дар давоми ин давра ҳаҷми истеҳсол фақат бо воситаи дигаргуншавии ҳаҷми омилҳои тағйирёбанда танзим карда мешавад.

Давраи кӯтоҳмӯҳлат дар худ ду намуди хароҷотҳоро таҷассум менамояд:

— хароҷоти доимӣ (fixed costs-FC) масрифотҳое мебошанд, ки новобаста ба пасту баландшавии ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот тағйир намеёбанд (масрифоти нигоҳдории биноҳову иншоотҳо, ҳаққи меҳнати роҳбарону маъмурият, пардохтҳои рентавӣ, ҳиссаи истеҳлоки биною таҷҳизот, суғурта ва ғайра). Алоқамандии хароҷоти истеҳсол ва ҳаҷми маҳсулот (унсурҳои асосии муайянкунандаи хароҷоти доимӣ)-ро бо таври графика чунин тасвир кардан мумкин аст .

Хароҷоти истеҳсол 0 Ҳаҷми маҳсулот

Хароҷоти доимӣ

— хароҷоти тағйирёбанда (Vanable costs-VC) масрифотҳое мебошанд, ки вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тағйир намеёбанд (ашё, қувваи коргарӣ, сӯзишворӣ, энергия, хиз-матрасонӣ бо нақлиёт ва гайра). Ҳаҷми умумии онҳо ҳамеша зери таъсири ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот қарор дорад. Вобастагии хароҷоти тағйирёбандаро аз ҳаҷми маҳсулот ва хароҷоти истеҳсол дар нақша дидан мумкин аст .

Хароҷоти истеҳсол

0 Ҳаҷми маҳсулот

Хароҷоти тағйирёбанда

Аз нақшаҳои мазкур бар меояд, ки байни хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда фарқи муайяне вуҷуд дорад. Хароҷоти доимӣ, гарчанде маҳсулот тавлид карда нашавад ҳам онҳо бояд пардохта шаванд. Хароҷоти тағйирёбанда бошад аз ҷониби соҳибкор, тибқи зарурат танзим ва идора карда мешавад.

хароҷоти истеҳсол TVC=TFC +ТС

TVC

TVC

TFC

TFC

0 ҳаҷми истеҳсол

Нақшаи 45. Хароҷоти умумӣ

Хароҷоти доимӣ ва хароҷоти тағйирёбанда дар ҳамҷоягӣ хароҷоти умумиро (total costs-ТС) ташкил медиҳад. Онро ҳамчун маҷмӯи

ТVC+ТFC =ТС

тасвир кардан мумкин аст (ниг. нақшаи 45).

Хароҷотҳое, ки ба ҳар воҳиди маҳсулот дар давраи кӯтоҳмӯҳлат рост меояд, дар шакли хароҷоти миёнаи умумӣ, миёнаи доимӣ ва миёнаи тағйирёбанда сурат мегирад.

Хароҷоти миёнаи умумӣ, ё худ хароҷоти миёна (аverage total costs-АТС) ҳамчун ҳиссаи тақсимгардидаи хароҷоти умумӣ ба миқдори истеҳсоли молҳо (ҳамчун таносуби онҳо) муайян карда мешавад.

АТС=ТС /Q

Хароҷоти миёнаи доимӣ (average fixed costs-AFC) ҳамчун таносуби хароҷоти доимӣ ва ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида муайян карда мешавад.

AFC=TFC /Q

Хароҷоти миёнаи тағйирёбанда (average variable costs -AVC)-ҳамчун таносуби хароҷоти тағйирёбанда ба ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида муайян карда мешавад AVC=TVC/Q. Вобастагии онҳо дар нақша нишон дода шудааст.

АТС

AV

Хароҷоти

истеҳсолӣ AFC

0 ҳаҷми истеҳсол

Нақша. Тағйироти хароҷоти миёна дар давраи кӯтоҳмӯҳлат

Аз нақша бар меояд, ки дар давраи кӯтоҳмӯҳлат хароҷоти миёнаи умумӣ (АТС) ба ҳаҷми умумии хароҷоти миёнаи доимӣ (АFС) ва хароҷоти миёнаи тағйирёбанда (AVC) баробар мебошад.

Фарқи хароҷоти миёна аз хароҷоти миёнаи умумӣ дар он аст, ки баробари афзун гардидани ҳаҷми маҳсулот, бо таври афзоянда зиёд нашуда, сароғоз тамоюли пастравӣ ва минбаъд ривоҷу равнақ меёбад (ATC).

Хароҷоти миёнаи тағйирёбанда (AVC) низ, ҳангоми зиёд шудани миқдори махсулоти тавлидгардида, ҳамин хел амал мекунад.

Хароҷоти миёнаи доимӣ (AFC) бошад, зина ба зина бо мурури афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, рӯ ба поён ниҳода, байни воҳидҳои маҳсулоти зиёд тақсим карда мешавад.

Барои аниқ кардани стратегияи инкишофи фирма муайян кардани нақш ва мақоми хароҷоти интиҳоӣ, ё худ хароҷоти иловагӣ аҳамияти беназир дорад.

Хароҷоти интиҳоӣ (marginal cоst) мустақиман бо тавлиди иловагии маҳсулот вобаста мебошад. Он дар мояи ҳарчи арзонтар сурат гирифтани тавлиди неъмату хадамот асос меёбад.

Хароҷоти интиҳоӣ, масрифоте мебошад, ки барои истеҳсоли ҳар як воҳиди иловагии маҳсулоти аз меъёр зиёдати талаб карда мешавад.

Истеҳсоли ҳар як воҳиди иловаи маҳсулот, хароҷоти иловагиро талаб мекунад ва дар навбати худ даромади иловаро баъд аз фурӯши он таъмин менамояд. Андозаи он даромад (даромади интиҳоӣ) ҳамчун фарқи байни маблағи умумии баъди фурӯш ба даст омадан n ва n-1 маҳсулот сурат мегирад.

Хароҷоти интиҳоӣ бо чунин формула ифода карда мешавад:

МС= ТС / Q

Таносуби шакл ва намудҳои хароҷот дар китоби дарсии «Назарияи иқтисод» оварда шудааст, он имкон медиҳад, ки хонандаи арҷманд таркиб, нақш ва мақоми ҳар яке аз онҳоро дарк ва ба ҳам қиёс намояд.

Стратегияи инкишофи фирма нафақат дар асоси ташаккул ва инкишофи шаклҳои мухталифи хароҷоти кӯтоҳмуддат, балки хароҷоти дарозмуддат низ ба роҳ монда мешавад. Охирон, яке аз воситаҳои асосии муайянкунандаи шоҳроҳи рушди фирма мебошад. Агар, фирма дар давраи кутоҳмуддат, тағйиротҳои куллиро дар аппарати истеҳсолӣ гузаронидан имкон надошта бошад, пас ин тадбирҳоро дар давраи тарҳрезӣ ва идораи дарозмӯҳлат анҷом дода метавонад.

Дар ин давра, фирма имкон пайдо мекунад, ҳаҷм ва иқтидори таҷҳизот, мошинҳои корӣ, зерсохти истеҳсолию иҷтимоиро бо таври кул дигаргун созад. Фирма метавонад биноҳои нави истеҳсолӣ, иқтидорҳои азим, сехҳои нав ҷорӣ намуда, барои худ чандин бозорҳои нав кушояд. Фирма бо корхонаҳои дигар як шуда, самт ва равиши тараққиёти худро дигар кунад, ё худ ба туғёни рақобат ғӯтида, муфлису хонахароб гардад.

Аз ин нигаҳ хароҷотҳои фирма барои давраи дарозмуддат ҳамчун хароҷоти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва қувваи коргарӣ дар шакли хароҷотҳои тағйирёбанда ташкил карда мешавад.

Ҳар як фирма ҳангоми тарҳрезӣ ва идораи фаъолияти худ наметавонад фақат бо зиёд кардан ё худ кам кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, яъне бо хароҷотҳои тағйирёбанда сару кор дошта бошад (киро кардани қувваи коргарӣ, истифодаи ашё, нимфабрикатҳо ва ғайра).

Ҳангоми дуру дароз дар як сатҳ ва дараҷа боқӣ мондани иқтидорҳои истеҳсолӣ (хароҷоти доимӣ) таносуби муносибтарини истифодаи омилҳои истеҳсолот вайрон карда мешаванд. Барои афзун гаштани ҳаҷми фоида, фирма кӯшиш ба харҷ ме-диҳад, то ин ки ҳаҷми миёнаи хароҷот то ҳадди ақал паст гардад. Аз ин нигаҳ фирма ҳаҷм ва миқёси худро бо мурури зиёдшавии маҳсулоти тавлидгардида, зина ба зина такмил медиҳад.

Хароҷоти дарозмуддати миёна, хароҷотҳоро ба ҳар воҳиди маҳсулоти баровардашуда ва тағйиротҳои омилҳои онҳоро пурра дар худ таҷассум мекунад. Он талаб менамояд, ки ин тағйи-ротҳо ногузир, дар ибтидо баробари густариш ёфтани иқти-дорҳои истеҳсолӣ ва ҳаҷми тавлиди неъматҳо бояд паст бошанд ва минбаъд, зина ба зина баробари ҷорӣ намудани иқтидорҳои нав, бо майлони зиёд ба ташаккули хароҷотҳои миёнаи дарозмуддат мусоидат кунанд. Вобастагии онҳоро дар каҷхатти нақ-шаи 48 баръало дидан мумкин аст:

AC

ATC1 ATC2 ATC3 ATC4

Хароҷоти истеҳсол

LAC

A Г

Б В

0 Q1 Q2 Q3 Q4

ҳаҷми истеҳсол

Нақшаи 48. Хатти каҷи хароҷоти миёна дар давраи дарозмуддат

Дар нақшаи 48 якчанд вариантҳои каҷхати хароҷотҳои миёнаи кутоҳмӯҳлати фирма бо миқдори ҳархелаи ҳаҷми истеҳсол (АТС1 Q1; АТС2Q2; АТС3Q3; АТС4 Q4) нишон дода шудааст.

Аз нигаҳи аввал чунин хулоса бар меояд:

-баробари ба истеҳсолот ҷорӣ намуднаи иқтидорҳои нав, зиёд гаштани боздеҳ аз миқёси истеҳсол ва афзудани ҳамагуна масрифот дар доираи фирма, таносубан ба пастравии хароҷоти миёна оварда мерасонад (нуқтаҳои А, Б), хароҷоти миёна аз шакли АС ба АТС1 ва АТС2 табдил меёбад. Он ба хатти LАС расида аз он поён намефурояд;

-бо мурури паст гаштан ва ба эътидол даромадани боздеҳ аз миқёси истеҳсол, ҳангоме, ки ҳаҷми тавлид хеле ҳам бузург аст, зиёд гаштани хароҷотҳои мавҷуда, таносубан хароҷотҳои миёна дар як муддати муайян дар ҳолати истиқрор (беҳаракати) боқӣ монда, минбаъд рӯ ба боло менигаранд (фосилаи Б, В, Г).

Хатти каҷи LАС, ки ҳамаи нуқтаҳои хароҷотҳои миёна ба он расида мегузаранд, хатти каҷҷи хароҷоти миёнаро дар давраи дарозмуддати фирма ифода мекунад (ниг. 18, 89-90; 19, 124-126; 61, 110-116).

Бояд кайд намуд, ки хароҷотҳо чунин нумуд мешаванд:

  1. Харҷотҳои беруни- инхароҷотҳое, ки ба тавлидгарони беруна пардохт карда мешавад доҳил мешаванд.

Аз маҷмуи даромад хароҷотҳои беруниро тарҳ намуда, фоидаи бухгалтериро ҳосил мекунем.

Фоидаи бухгалтерии бошад хароҷотҳои дохилиро ба назар намегирад.

Ба хароҷотҳои дохили мансубанд:

— хароҷотҳо барои истифодаи захирахое ки ба худи соҳибкор таалуқ доранд;

— фоидаи муқарарӣ ҳамчун натиҷаи истифодаи омилҳои муҳимтарин, қобилияти соҳибкор.

Аз фоидаи бухгалтерии хароҷотҳои дохилиро тарҳ намуда мо фоидаи иқтисодиро ҳосил мекунем.

Хамин тариқ дар фарқият аз фоидаи бухгалтери, ки фaқат хароҷотҳои беруриниро ба назар мегирад, фоидаи иқтисодӣ бо роҳи аз даромад тарҳ намудани ҳам хароҷотҳои дохили ва хам хароҷотҳои беруни ҳосил мегардад.

Ҷамъи хароҷотҳои дохили ва беруниро дар маҷмуъ хароҷотҳои иқтисодӣ ё хароҷотҳои алтернативиро ташкил медиҳанд.

Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми муайян намудани хаҷми фоидаи ҳақики бояд ҳамон нархи захираро ба назар гирифт, ки онро соҳибмулк дар шароити истифодаи самараноки захира ба даст меоварад.

Мафҳуми хароҷотҳои иқтисодӣ имконияти фаҳмиши тафовути байни нигоҳи муҳосиб ва иқтисодчиро оид ба арзёбии фаъолияти фирма нишон медиҳад.

Ин шакли хароҷоти истеҳсол, ки дар худ фоидаи мӯътадил ва фоидаи миёнаро таҷассум менамояд — хароҷоти иқтисодӣ ном дорад.

Харочоти иктисодӣ ҳамчун масрафи фирма оид ба беҳтарин ва кулайтарин карорҳои сохибкор, тарз ва услуби хочагидорӣ ва истифодаи захираҳо тасаввур карда мешавад.

Ин тарики маънидодкунии харочот аз тарз ва услуби истифодаи он дар амалия, албатта, фарк мекунад. Аз ин сабаб дар илми иктисод, ду тарзи хисобу китоб — харочоти иктисодӣ ва харочоти бухгалтери (хисобдорй)-ро аз ҳам фарк мекунанд.

Ин фаркият дар мояи гардиши сармоя сурат мегирад.

Баҳодихии сармоя ва гардиши онро метавон аз диди гузашта, ҳозира ё худ оянда баҳо дод. Агар гардиши сармоя аз нигахи замони гузашта, ҳамчун раванди ба анчом расида дониста шавад, дар ин сурат баҳодидии бухгалтерӣ (хисобдорй) ва агар гардиши сармоя аз диди оянда кадр гардад, дар ин маврид баҳодиҳии иктисодии харочот, яъне харочоти иктисодй ҷой дорад. Баҳодиҳии бухгалтерӣ ҳисобу китоби пешакӣ ташаккулёфтаи хароҷот, чамьбасти фаъолияти кори корхона, яъне харочотҳои воқеии фирмаро дар як давраи муайян нишон медиҳад.

Дар чараёни ҳисобу китоби бухгалтерӣ хароҷот хамчун масрафи омилҳои истехсолот, ки барои тавлиди миқдори муайяни маҳсулот, тибки нархҳои муайян истифода карда шудаанд сурат мегирад. Харочоти корхона аз нигахи ҳисоботи бухгалтерӣ ва статистики (оморӣ) ҳамчун арзиши аслӣ баромад мекунад.

Баходихии иктисодӣ (харочотҷои иктисодӣ) — раванди воқеии ташаккули харочот, муайян кардани роҳҳои оптимали (муносибтарин)-и истифодаи захираҳоро ифода менамояд. Харду тарзи баходихии харочот новобаста аз гуногун будани накдӣ ва макомашон дар фаъолияти фирма бо таври васеъ истифода карда мешаванд.

Дар мазмуни фарох харочотхои иктисодӣ дар чорчубаи нодирии захирахо ва имконияти бо услубҳои гуногун иваз ва истифода кардаи онҳо, яъне нусхаҳои алтсрнативй асос меёбад.

Дар назди фирма, хамеша тарз ва услуби гуногуни истифодаи захирахову воситахо вучуд доранд. Фирма метавонад мустакиман ба раванди тавлидот пул гузаронда аз он фоида ба даст орад; пулро ба бонкхо гузошта аз он фоиз гирад; сахмияи корхонахои дигарро харида гирифта, аз он дивидент гирад, аз хисоби сармоягузории гайр (аз берун чалб карда шуда) раванди истехсолотро такмилу ривоч дода, даромади худро афзун гардонад. Кадом варианте, ки фирма истифода накунад, натичаи он хархела боқӣ мемонад. Аз ин нигох низоми хисобу китоби иктисодй, харочоти алтсрнативй ба миён меояд.

Хароҷоти алтернативӣ ё худ харочотхои интихоб — масрифоти нулии корхонахое мебошад, ки вобаста ба беҳтарин имкониятхои аз даст додай фирма оиди истифодаи захирахо ташкил меёбад.

Асоси ташкили хароҷоти алтернативиро махдуд будани захирахо, тарз ва услуби интихоб ва самаранок истифода кардани онхо ташкил медиҳад. Дар хар як мавриди истифода кардани ин ё он намуди захирахо ва интихобу иваз кардани онхо бо намуди дигари алтернативй, сохибкор аз яке аз намудхои он дасткашй намуда, молу пули худро ба ин мақсад таваккал менамояд. Дар амалия харочотхои алтернативй хамчун харочотхои зуҳурй (возех, ошкор, ки дар намуди пули ташкил мегарданд) ва харочотхои uайри зухурй (гайри ошкор) ташкил меёбанд.1

Чун қоида, кисми асосии масрафи корхонахоро харочоти зуҳурӣ ташкил медихад. Он хамчун маблагхои пулие, ки ба ивази омилхои истехсолот ба таъмингарон дода мешавад баромад мекунад. Бо ибораи дигар, ба харочоти зухурй масрафи ҳақиқии корхона оиди ба даст овардани таxхизот, олоту асбоб, ашё, материал, нимфабрикатхо, энергия, адои музди кор, ичораи бино ва гайра дохил карда мешавад.

Аксар вақт фирма чизхоеро истифода мекунад, ки ба худи он таалук доранд. Масалан, сармояи худи, бинои худи, кобилият ва истеъдоди профессионалии кормандон ва гайра. Корхона, гайр аз адои пардохтхои маъмурй, барои ба даст даровардани онхо, заҳмати зиёде намекашад. Гуё онхо барои корхона «бепул» меафтанд. Вале хамагон медонанд, ки дар xаҳони бозорй ягон чиз бе пул (бе музд) ба даст намеояд. Хама чиз нарх (киммат) дорад ва он хариду фуруш карда мешавад. Дар асл ин гурухи харочоти «бепул» аз нигахи бахои бухгалтерй истифодаи захира буда, яке аз воситахои даст кашидан аз даромад дониста мешавад. Онхо дар маxмeъ хамчун хароxоти uайризуҳурй кадр карда мешаванд ва бвдуни хисобу китоби бухгалтерй боки мемонанд. Гарчанде онхо ба дафтари амвол дохил карда нашаванд хам, хангоми баходихии иктисодй ба назар гирифта мешаванд.

Аз ин нуктаи назар хамаи унсурхои харочотхои алтернативй (зухурй, гайри зухурй) ва фоидаи муътадил хамчун даромади ҳадди ақали соҳибкор ба харочоти иктисодй дохил карда мешавад.

Ҳамчун хулоса боад қайд намуд, ки фарки асосии харочотхои бухгалтерй ва иктисодй оиди ҳаxм, намуд, шакл ва таркиби онхо зухур меёбад.

Хароҷотҳои иқтисоди аз нигахи таркиб ба харочотхои гуногун

— доимй, тагйирёбанда, миёна, умумй, кугоҳмуҳлат, дарозмудат, худудй, дохили, берунй ва uайра чудо мешаванд.

Яке аз омилхои муайянкунандаи харочот, аник кардани давраи амали он дар вакти муайян мебошад. Вобаста ба ин ду давра

— давраи кутохмухлат ва дарозмухлатро дар низоми харочотхо чудо мекунанд.

Давраи кутохмухлат, як давраи муайяне мебошад, ки дар давоми он иқтидорхои истехсолй дар як шакли доимй боқй мемонанд. Дар давоми ин давра хачми истехсол фақат бо воситаи дигаргуншавии хачми омилхои тагйирёбанда танзим карда мешавад.

Давраи кугохмухлат дар худ ду намуди харочот-харочоти доимй ва харочоти тагйирёбандаро тачассум менамояд.

Харочоти дойми (fixed costs-FC) масрафотхое мебошанд, ки новобаста ба пасту баландшавии хачми умумии истехсолй махсулот тагйир намеёбанд. Масалан, масрифоти нигохдории бинохову иншоотхо, ҳаққи мехнати рохбарону маъмурият (менечмент, маркетинг), пардохтҳои рентавӣ, хиссаи истехлок (амортизатсия)-и биною тачхизот, суғурта ва гайра. Алокамандии харочоти истехсол ва хачми махсулот (унсурхои асосии муайянкунандаи харочоти доимй)-ро бо таври графика чунин тасвир кардан мумкин аст.

Хароҷоти

истеҳсолӣ

Ҳаҷми маҳсулот

Накшаи 44. Хароҷоти доимӣ

Хароҷоти тағйирёбанда (Vanale costs-VC) масрифотхое мебошанд, ки вобаста ба хачми истеҳсоли маҳсулот тағйир намсёбанд. Масалан, ашё, қувваи коргарӣ, сузишворӣ, энергия, хизматрасонӣ бо нақлиёт ва гайра. Хаxми умумии онхо хамеша зери таъсири хачми истехсолот ва фуруши махсулот карор дорад. Вобастагии харочоти тагйирёбандаро аз хачми махсулот ва харочоти истехсол дар накшаи 45 дидан мумкин аст (ниг. нак, 45)

VC)

ҳаҷми маҳсулот

Накшаи 45. Хароҷоти тағйирёбанда

Аз нақшаҳои мазкур бар меояд, ки байни хароҷоти доимӣ ва тағйирёбанда фарқи муайяне вуҷуд дорад. Хароҷоти доимӣ, гарчанде маҳсулот тавлид карда нашавад хам онхо бояд пардохта шаванд. Хароҷоти тағйирёбанда бошад аз ҷониби соҳибкор, тибқи зарурат танзим ва идора карда мешавад.

Хароҷоти доимӣ ва хароҷоти тағйирёбанда дар ҳамҷоягӣ хароҷоти умумиро (total costs-TC) ташкил медиҳад. Онро ҳамчун маҷмӯи TVC+TFC =ТС тасвир кардан мумкин аст (ниг. нақшаи 45).

TVC=TFC +ТС

TVC

TFC

Накшаи 46. Хароҷоти умумӣ

Хароҷотҳое, ки ба ҳар воҳиди маҳсулот дар давраи кутохмухлат рост меояд, дар шакли харочоти миёнаи умумӣ, миёнаи доимӣ ва миёнаи тағйирёбанда сурат мегирад.

Хароҷоти миёнаи умумӣ, ё худ хароҷоти миёна (aveage total costs-АТС) хамчун хиссаи таксимгардидаи харочоти умумй ба миқдори истехсоли молхо (хамчун таносуби онхо) муайян карда мешавад.

АТС=ТС /Q

Хароҷоти миёнаи доимӣ (aveқage fixed costs-AFC) ҳамчун таносуби хароҷоти доимӣ ва ҳаҷми маҳсулоти тавлидгардида муайян карда мешавад.

AFC=TFC /Q

Хароҷоти миёнаи тағйирёбанда (aveage vaiale costs -AVC)-ҳамчун таносуби харочоти тағйирёбанда ба хаҷми маҳсулоти тавлидгардида муайян карда мешавад.

AVC=TVC/Q

Вобастагии онҳо дар нақшаи 47 нишон дода шудааст.

Хароҷоти

истеҳсолӣ

АТС

AVC

AFC

Ҳаҷми истеҳсол

Нақшаи 47. Тағйироти хароҷоти миёна дар давраи кутоҳмуҳлат

Аз нақша бар меояд, ки дар давраи кутоҳмуҳлат хароҷоти миёнаи умумӣ (АТС) ба хаҷми умумии хароҷоти миёнаи доимӣ (AFC) ва хароҷотӣ миёнаи тағйирёбанда (AVC) баробар мебошад.

Фарқи хароҷоти миёна аз хароҷоти миёнаи умумӣ дар он аст, ки баробари афзун гардидани ҳаҷми маҳсулот, бо таври афзоянда зиёд нашуда, сароғоз тамоюли пастравӣ ва минбаъд ривоҷу равнақ меёбад (АТС).

Хароҷоти миёнаи тағйирёбанда (AVC) низ, ҳангоми зиёд шудани миқдори маҳсулоти тавлидгардида, ҳамин хел амал мекунад. Хароҷоти миёнаи доимӣ (AFC) бошад, зина ба зина бо мурури афзоиши хаҷми истеҳсолот, ру ба поён ниҳода, байни воҳидҳри маҳсулоти зиёд тақсим карда мешавад.

Барои аниқ кардани стратегияи инкишофи фирма муайяи кардани нақш ва мақоми хароҷоти интиҳоӣ, ё худ хароҷоти иловагӣ аҳамияти беназир дорад.

Хароҷоти интиҳоӣ (marginal cost) мустакиман бо тавлиди иловагии маҳсулот вобаста мебошад. Он дар мояи ҳарчи арзонтар сурат гирифтани тавлиди неъмату хадамот асос меёбад. Хароҷоти интиҳоӣ, масрифоте мебошад, ки барои истеҳсоли ҳар як воҳиди иловагии маҳсулоти аз меъёр зиёдати талаб карда мешавад.

Дар амалия он ҳамчун фарқи байни хароҷоти истеҳсолӣ п воҳиди маҳсулот ва хароҷоти истеҳсолии п-1 воҳиди он муайян карда мешавад. Бо ибораи дигар он бо усули аз рақамҳои ҳамсоя тарҳ карда партофтани хароҷоти умумӣ ба даст оварда мешавад.

Чадвали 4

Миқдори истеҳсол, дона, мол Хароҷоти умумии истеҳсоли молҳо, долл. Хароҷоти миёна, долл.
42 4200 100
43 4257 99
44 4312 98
45 4365 97

Аз руи маълумотҳои зер ҳаҷми хароҷоти интиҳоиро чунин ҳисобу китоб кардан мумкин аст:

4257-4200=57 долл.-43-ум воҳиди мол

4312-4257=55 долл.-44-ум воҳиди мол

4365-4312=53 долл.-45-ум воҳиди мол

3. Нарх унсури асосии иқтисоди бозорӣ.

Дар хаёти вокеии инсон нарх ва фахмиши он ба як чизи содда ва мукаррарй табдил ёфтааст. Аз кeдаки хурдсол то одамони синну соли гуногун онро бо мавриду бе маврид талаффуз менамоянд.

Дар олами бозори муосир ягон чиз бидуни нарх хариду фуруш карда намешавад. Ҳар як неъмат, молу махсулот, хадамот ва миллион раванду ходисахои иктисодию ичтимой хоҳ дар доираи хочагидории инфиродй ва хоҳ хочагии чахонй бошад, ба доираи нуфус ва таъсири нарху нархгузорй кашида мешавад.

Нарх яке аз омилхои мухимтарини иктисоди бозорй буда, хамчун манобеъи асосии таъмини маълумот барои кабул намудани чорахои таъхирнопазири идора хизмат мекунад.

Нарх хамчун фишанги асосии танзими фаъолияти бисёрчанбаи хочагидории фирма, тарҳрезию идоракунй, тавлиду фуруш, тичорату молия ва мустахкамгардонии робитахои хамдигарию бурунмарзй баромад мекунад.

Нарх гарчанде дар назар содда намояд, хам он дорой сехру муаммохои беинтихо мебошад. Аз ин чо мутафаккирон таи қарнҳои зиёд барои кушодани ин сирру асрори нарх кушишхои зиёде ба харч додаанд.

Намоёнтарин ашхосоне, ки бо таври илмй ба ин масъала шуuл варзидаанд — классикони «иктисоди сиёсй» (А. Смит, Д. Рикардо, К. Маркс) буданд. Онхо якумин шуда, назарияи харочотии нархро тавсиф намудаанд.

Чи тавре маълум аст, нарх хамчун ифодаи пулии арзиш (ё худ киммат)-и мол баромад мекунад. Арзиш, мехнати дар мол тачассумёфтаи молистехсолкунанда мебошад. Нарх дар ин асно тибқи харочоти миёнаи корхонахое, ки ин гурухи молхоро тавлид кардаанд, ташкил карда мешавад.

Аз таърифи марксистии нарх хулоса бар меояд, ки чавхари марказии онро назарияи мехнатии арзиш ташкил медихдд.

Аз сабаби соф сирати назариявй доштани хам арзиш ва хам мехнат ва микдоран ченнашаванда будани онхо, нарх хам ба муаммохои онхо дучор гардида, аз руи мачмуи масрифотхо чамъбаст карда мешавад.

Баробари ин бояд тазаккур дод, ки дар олами ихтисод ва табиат на хама чиз маврид ва натичаи масрафи мехнат мебошад (замин, об, сарватхои табиат, зеризаминй). Аз ин нигах киммати хакикии ин чизхоро тибки методологияи марксиста муайян кардан аз имкон берун мебошад.

Дар шароити хозира сади ташаккули нарх ду равияро аз ҳамдигар фарк мскунанд: а) равияи бозорй ва б) равия тавлидотй (масраф).

Равияи бозорӣ, рафторе дар таҳқики нарху нархгузорие мебошад, ки дар мояи омрзиши конъюктураи бозор, такозо, арза, ракобат ва дигар омилхову амали механизми бозор сурат мегирад.

Равияи тавлидотӣ, чунон шакли хисобу китоби нархмукарраркуние дониста мешавад, ки он дар чорчубаи масрифоти истехсолй (сарфи мехнати xорй) ташкил карда мешавад.

Равияй аввал (бозорй), равияе мебошад, ки тарафдорони он нархро хамчун шакли ифодаи киммати неъматхо, ки дар раванди муомилот зухур мегардад қадршиноси менамояд. Дар ин маънидодкуни ду лаҳза назаррас мебошад:

—лахзаи якум нарх мустакиман бо киммат ва манфиатнокии мол хамчун объекти истеъмол алокаманд мебошад;

— лахзаи дуввум — нархи мол хамчун мохияти иктисодй факат хангоми мубодила шудани он ба пул ё худ ба моли дигар зохир мегардад. Аз гуфгахои боло хулоса бар меояд, ки нарх бидуни мол, хариду фурeш, бозор ва унсурхои асосии он имконнопазир аст. Нархро танҳо бозор кобилияти муайян кардан дорад.

Равия дуввум (тавлидотй) равияе мебошад, ки дар асоси тахлили нархгузорй алокамандии нарх бо омилҳои истеҳсолот (меҳнат) гузошта мешавад. Тахкики он чй тавре дар аввал кайд карда гузаштем, аз назарияи мехнатии арзиш (К. Маркс) uизо мегирад. «Нарх шакли бо пул ифода ёфтаи арзиш мебошад».

4. Таснифоти нархҳо.

Дар амалияи хочагидори шакл ва намудхои гуногуни нарх истифода карда мешавад. Аз сабаби нисбатан зиёд будан онхоро ба гуруҳҳо, ва гуруҳчахо таксимбандй менамоянд. Гурухбандй дар мояи методология, услуб ва меъёрхои муайян тасниф карда мешавад. Таснифи нарх дар асоси меъёрхои гуногун сурат мегирад. (ниг. накшаи 50).

Тарзи муккараркуни

Гардиши хизматрасони

нарх

Тасниф

Тибки

Мухлати амалиёт

Дарачаи асосноки

Худуди амалиёт

Подошти харочот

Чараёни харакат

Накшаи 50. Таснифи нарх тибқи меъёр

1. Тибки меъёри гардиши хизматрасоий: нарххои яклухт, нарххои чакана, нархи хариди махсулоти сохаи кишоварзй, нархи хадамот ва корхои сохтмонию васлкунй, нарх ва тарифхо барои хадамот ба ахолй;

2. Тибки тарзи мукарраркунй: нарххои озод, танзимшаванда, шартномавй, трансфертй, биржавй;

3. Тибки мухлати амалиёт: нарххои доимй, ҷорӣ, мавсимӣ;

4. Тибки дарачаи асосноки: нарххои базисӣ, маълумотӣ (иттилоотӣ), нархи вокеии хариду фуруш, нархи истеъмол;

5. Тибқи худуди амалиёт: нархҳои чумхуриявй, махаллӣ, минтакавӣ;

6. Тибки чараёни харакати мол, нархи яклухти корхона, нархи яклухти саноат;

7. Тибки подошт (рупуш кардан)-и хароxот: нархи фран-костансия (истгох)-и фиристонандаи бор, нархи фраикостансия (истгох)-и таъминот ва гайра фарк карда мешавад

Нархи молхо бештар ба бозор ва шаклхои он, алалхусус савдо алокаманд мебошад.

  1. Даромад ва фоидаи корхона :даромади умумӣ, миёна ва интиҳоӣ.

Барои гузаронидани таҳлили амиқи фаъолияти иқтисодии фирма мафҳумҳои маҷмуи даромад, даромади миёна ва интиҳоиро дида мебароем.

Маҷмуи даромад (total revenue)- ин маблағи даромаде, ки фирма аз фуруши миқдори муайяни неъматҳо меоварад;

дар ин ҷо:

(total revenue)- маҷмуи даромад;

P (price) нарх;

Q (quantity) миқдори молу маҳсулот.

Маромади миёна (average revenue-TR) даромад аз ҳисоби фуруши як воҳиди неъмат ба даст оварда шуда мебошад. Дар шароити рақобати комил даромади миёна ба нархи бозорӣ баробар аст:

Даромади интиҳоӣ (marqinal revenue- MR)- ин афзудани даромад, ки аз ҳисоби дар ҳаҷми кам ва беохир зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ба вуҷуд меояд:

Дар адабиёти ғapб таҳти харочоти истеҳсол шакли бо пул ифода ёфтаи масрифоти корхона оид ба даст овардани омилҳоии истеҳсолот фаҳмида мешавад.

Дар амалияи хочагидорӣ мафхуми масраф (масриф, сарф) ва хароҷот аз хам фарк карда мешавад. Тахти масраф (inputs) меъёрива иқтисодчиро оид ба арзёбии фаълияти фирма нишон ме муайяни истифодаи захираҳо (табий, моддӣ, меҳнатӣ, энергетики, иттилоот) дар чараёни тавлидот тасаввур карда мешавад. Хароҷот бошад на факат раванди истифодаи захираҳо, балки чараёни баҳодиҳии ондоро низ дар бар мегирад. Аз ин нигаҳ хароҷот на фақат масрафи муқаррарӣ, балки масрафи захираҳо ва шакли пули (арзиши)-и онҳоро дар бозор низ ифода мекунад. Аз ин сабаб хароҷотро хамчун шакли бо пул ифодаёфтаи захираҳои истеҳсолӣ, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо истехсол ва фуруши махсулот сурат мегирад мефаҳманд.

Дар адабиёти кунунии иқтисодӣ ба хароҷоти истеҳсол даромади соҳибкор низ ҳамроҳ карда мешавад. Охирон, ҳамчун инъом (мукофот) барои анҷом додани корҳои таваккали ва ҳавасмандгардонии фаъолияти ҳоҷагидори истифода карда мешавад. Даромади аз хаҷми хароҷот бо таври илова бавучуд омада (фоидаи барзиёд, фоидаи монополй) ҳамчун натичаи мавридҳои қулай ва конунан бавучуд омада шинохта мешавад.

Дар шароити бозор хангоме, ки нарххо бо таври озод аз чониби худи фирмахо ва шуъбахои махсуси бозоршиносӣ- маркетинг муайян карда мешавад, ботадрич стратегияи нархгузорй сайкал дода мешавад. Охирон, ба максади ташкил ва такмили раванди тавлиду хадамот, таъмин намудани фазой озоди гардиши захирахои моддию молиявй, афзун гаштани даромаду фоиданокй, мустахкам гардидани мавкеи фирма, дарёфтани бозорхои нав нигаронида мешавад. Вазифаи мухимтарини стратегияи нархгузорй-бозёфтани шакл ва намудхои нави нархгузорй мебошад. Дар амалияи хочагидории мамлакатхои Fapб чунин стратегияи нархгузорй бештар истифода карда мешавад:

1. Нарххои «воридотй» (нарххои арзон), нарххое дониста мешаванд, ки барои фатхи ибтидой ва мустахкам кардани мавкеи фирма дар бозор, барои молхои наву тару тоза ё худ такмил дода шуда гузошта мешавад. Ба ин максад фирма харочотхои худро паст карда, бо мурури реша давондан ва пурра забт карда гирифтани бозор, «гушаки» нархро ботадрич боло тофта, вазъи ибтидоии аз даст додай худро аз нав баркарор мегардонад.

2. Нарххои тафриқави, нарххои мухталифе мебошанд, ки тибки гузориши изофа пардохт ё худ имтиёзхо аз сатхи миёнаи нарх (харочот), гуногунтаркибии истеъмолгарон, молу хадамот, мубодила (хариду фуруш), мавкеи фуруш ва гайра ташкил карда мешаванд.

3. Нарххои мавзунй. Нарххо асосан, тибки такоэою арза паст ё баланд шуда метавонанд. Нарххои мавзунй нарххое мебошанд, ки вобаста ба вазъи бозор ва хислату лаёкати савдои байни харидору фурушанда, дар лахзаи муайяни вакт имконияти бетағйир монда ё худ пастравиро кабул карда метавонад. Масалан, дар мавриди кулай ва забон як кардан, чизи 300 доллараро бо нархи 240-250 долл. харидан мумкин аст.

4. Нарххои хавасмаидгардонй. Азбаски дар шароити бозор масъалаи фуруши махсулот ба муаммохои зиёде гирифтор аст, бинобар ин тавлидгарону фурушандагон услуби хавасмандгардонии фурушро истифода мебаранд. Масалан, агар харидор микдори зиёди молро имкони харидан дошта бошад, онгох фурушанда нархи моли худро арзон, ё бо мурури зиёдтар харидан як ё якчанд моли худро бепул хамчун мукофот такдим мекунад.

Фоида (profit) хамчун фарқи байни маҷмуи даромад (total revenue) ва маҷмуи хароҷотҳо муайян карда мешавад:

(total cost) — маҷмуи хароҷотҳо;

(total revenue)- маҷмуи даромад;

(profit)- фоида.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

  1. Хулоса надорад
    Лутфан хулосаро тартиб дихед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *