Фанни Микро ва макро иқтисод

Назарияи фоида ва Тақсими натиҷаҳои истеҳсолот

Назарияи фоида. Тақсими натиҷаҳои истеҳсолот, фоидаи иқтисодӣ, даромади соҳибкорӣ, музди кор ва фоиз.

1. Шарҳи фоида аз нигоҳи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ.

2. Фоида ва омилҳои муайянкунандаи андозаи он.

3. Шароитҳои ба дастовардани фоидаи максималӣ.

4. Даромад ва шаклҳои он.

5. Моҳият, шаклҳо ва системаҳои музди кор.

6. Назарияи фоиз ва омилҳои ба он таъсиркунанда.

1. Шарҳи фоида аз нигоҳи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ фоида нақши муҳимро мебозад, ки тавассути он кафолати устувории фаъолияти фирма муайян карда мешавад. Назарияи фоида аз нигоҳи мактабҳои гуногуни иқтисодӣ шарҳ дода мешавад.

Мактаби меркантелистон ақида бар он доштанд, ки фоида дар натиҷаи фурӯши мол бо нархи баланд ба дигар мамлакат ба вуҷуд меояд ва асоси онро савдои хориҷӣ ташкил медиҳад.

Мактаби физиократҳо бошад фоидаро дар соҳаи хоҷагии қишлоқ медиданд, ки он дар натиҷаи ҷараёни таъсиррасонии инсон ба табиат ба вуҷуд меояд.

Мактаби классикон фоидаро ҳамчун ташкили арзиши иловашуда дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ шарҳ додаанд.

Ба ақидаи Карл Маркс бошад фоида ин як шакли арзиши иловашуда мебошад, ки сармоядор аз ҳисоби коргари кироя ба вуҷуд меорад.

Фоида дар фаъолияти хоҷагидории фирма ба худ хос вазифаҳоро иҷро мекунад:

— вазифаи тақсимотӣ, яъне ташкил намудани фондҳои воситаҳои пулӣ, ки барои таъмини фаъолияти ояндаю пешгирии муфлисшавии фирмаро таъмин менамояд;

— вазифаи ҳавасмандгардонӣ, ки барои кам кардани хароҷотҳои истеҳсолӣ ва истифодабарии технологияҳои нав мусоидат менамояд.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ асосан чунин шаклҳои фоидаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

— фоидаи бухгалтерӣ, қисми даромади фирма мебошад, ки фарқи байни даромади умумӣ ва пардохти хароҷотҳои берунаро нишон медиҳад;

— фоидаи иқтисодӣ, яъне фарқияти байни даромади умумӣ ва хароҷотҳои умумӣ мебошад;

— фоидаи балансӣ, яъне фарқи байни даромад аз ҳисоби фурӯш ва суммаи масоирифоту истеҳлоку музди кор мебошад.

2. Фоида ва омилҳои муайянкунандаи андозаи он.

Андозаи фоида барои фирма имконият медиҳад, ки раванди истеҳсолот ва маблағгузориро такмил диҳад. Ба андозаи фоидаи фирма омилҳои зерин таъсир мерасонад.

1. Омилҳои бавуҷудоваранда, ки ба он дохил мешавад:

— даромад аз ҳисоби фурӯши молу маҳсулот ва хизматҳо;

— даромад аз ҳисоби воситаҳои асосӣ;

— даромад аз ҳисоби иштироки корӣ дар дигар фирмаҳо;

— даромад аз ҳисоби қоғазҳои қимматнок;

— даромад аз ҳисоби ҷаримаҳо.

2. Омилҳои ба ҳам таъсиркунанда, ки ба он дохил мешавад:

— гардиши воситаҳои гадон;

— нархҳо, таруфаҳо;

— дараҷаи фоизи қарз;

— меъёри андозҳо;

— арзиши аслӣ;

— ҳосилнокии меҳнат;

— боздеҳии фондҳо;

3. Омилҳои тақсимотӣ, ки ба он дохил мешавад:

— ба буҷа ва фондҳои ғайрибуҷавӣ равона мешавад;

— ба бонк барои рӯйпуш кардани қарз ва пардохти фоизи қарз равона мешавад;

— дар корхона боқӣ мемонад;

— омилҳои дигари тақсимотӣ.

4. Омилҳои истифодабарӣ, ки ба он дохил мешавад:

— андӯхт (истеҳсолӣ ва илмию техникӣ);

— эҳтиёҷоти иҷтимоӣ;

— рӯйпуш кардани зарар ва дигар хароҷотҳо;

— сармоягузорӣ;

— истеъмолот (пардохти дивиденд, фоизи қарз ва ғайра).

3. Шароитҳои ба дастовардани фоидаи максималӣ.

Дар бозори рақобати мукаммал ягон фирма ба дараҷаи нархи маҳсулоти худ таъсир расонида наметавонад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард, ки соҳибкор ва ё фирма фоидаи максималиро ба даст оварад? Вай метавонад танҳо ҳаҷми истеҳсолотро тағир диҳад. Дар ин ҳолат саволе ба миён меояд, ки чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кард ва ё фурӯхт, ки дар натиҷа фоидаи максималиро ба даст овард? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, бояд нархи бозории маҳсулот ва хароҷотҳои ниҳоиро муқоиса намуд.

Агар фирма истеҳсоли воҳиди маҳсулотро зиёд намояд, чунин ҳолат ба афзоиши даромад ва хароҷоти он оварда мерасонад. Ин ҳамчун даромади ниҳоӣ ва хароҷоти ниҳоиро мефаҳмонад.

Агар даромади ниҳоӣ нисбат ба хароҷоти ниҳоӣ зиёд бошад, дар ҳолати афзоиш додани истеҳсоли воҳиди маҳсулот, бузургии даромад ҳамавақт нисбат ба хароҷотҳои иловагӣ зиёд мебошад. Аз ин ҷо фарқи байни даромади ниҳоӣ (MRmarginal revenue) ва хароҷоти ниҳоӣ (MCmarginal costs), яъне фоида (Pprofit) зи ёд мешавад:

P=MRMC

Дар ҳолати зиёд будани хароҷоти ниҳоӣ нисбати даромади ниҳоӣ ҳолати баръакс рух медиҳад.

Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки максимуми фоидаи умумиро дар ҳолати мувозинати нарх ва хароҷоти ниҳоӣ таъмин кардан мумкин аст P=MC.

Агар P нисбат ба MC зиёд бошад, дар ин ҳолат истеҳсолтро бояд васеъ намуд.

Агар P нисбат ба MC кам бошад, дар ин ҳолат истеҳсолтро бояд маҳдуд намуд.

Мувозинати фирма ва фоидаи максималӣ дар ҳолати мувозинати даромади ниҳоӣ ва хароҷоти ниҳоӣ таъмин мегардад.

4. Даромад ва шаклҳои он.

Даромади соҳибкориро бояд аз як тараф ҳамчун натиҷаи ниҳоии тақсими фоидаи корхона ва аз тарафи дигар ҳамчун натиҷаи қобилияти соҳибкорӣ тадқиқ карда мешавад.

Даромад – ин воситаҳои пулиест, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ дар дар давраи муайяни вақт ба даст оварда мешавад.

Даромадро вобаста ба азонихудкунӣ, вобаста ба ҳаҷм, вобаста ба таҳлил

Вобаста ба азонихудкунии субъектҳо чунин шаклҳои даромадро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

— даромади аҳолӣ;

— даромади корхона (фирма);

— даромади давлат;

— даромади ҷамъиятӣ (даромади миллӣ).

Вобаста ба ҳаҷм бошад чунин шаклҳои даромадро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1. Даромади номиналӣ – суммаи ҳамаи даромадҳоест, ки ба даст оварда мешавад.

2. Даромади соф (холис) – даромадест, ки баъд аз пардохти андозҳо боқӣ мемонад.

3. Даромади ҳақиқӣ – даромадест, ки дар натиҷаи тағирёбии дараҷаи нархҳо дигаргун карда мешавад.

Вобаста ба таҳлили даромад дар корхонаҳо чунин шаклҳои онро фарқ мекунанд:

— даромади умумӣ – маҷмӯи маблағҳои пулиест, ки аз фурӯши маҳсулот ба даст оварда мешавад.

— даромади миёна – даромадест, ки ба сари ҳар як воҳиди маҳсулот ҳисоб карда мешавад.

— даромади ниҳоӣ – ин муносибати байни даромади умумиро аз фурӯш нисбати воҳиди маҳсулот мефаҳмонад.

Даромади ниҳоӣ=даромади умумӣ/воҳиди маҳсулот

Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми даромадро дар сатҳи микроиқтисод ва дар сатҳи макроиқтисод аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Дар сатҳи микроиқтисод даромадро аз ҳисоби омилҳои истеҳсолот фарқ мекунанд:

— даромад аз ҳисоби меҳнати коргарон, ки онро ҳамчун музди кор меноманд;

— даромад аз ҳисоби истифодабарии замин, ки онро рента меноманд;

— даромад аз ҳисоби истифодабарии сармоя, ки он ҳамчун фоида ва ё фоизи қарз фаҳмида мешавад.

— даромад аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ, ки он ҳамчун даромади соҳибкорӣ дониста мешавад.

Даромадро дар сатҳи макроиқтисод даромади миллӣ меноманд, ки маҷмӯи даромадҳои соҳибони омилҳои истеҳсолотро дарбар мегирад.

Умуман даромади соҳибкорӣ ин фоидаи умумиест, ки бо истиснои фоизи қарз, андоз ва дигар пардотҳои буҷавӣ боқӣ мемонад.

5. Моҳият, шаклҳо ва системаҳои музди кор.

Меҳнат мисли дигар омилҳои истеҳсолот даромадеро меоварад, ки онро музди кор меноманд.

Мувофиқи консепсияи марксистӣ музди кор мувофиқи арзиши неъматҳое муқаррар карда мешавад, ки барои нигоҳдории коргар ва оилаи он зарур мебошад.

Мувофиқи консепсияи неоклассикӣ музди кор дар асоси тақозо ва арза ба қобилияти ба меҳнат доштаи инсон муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолати мувозинати тақозо ва арзаи меҳнат музди кори мувозинатӣ ба вуҷуд меояд. Ба тақозои меҳнат асосоан ҳосилнокии меҳнати коргар таъсир мерасонад. Ба арзаи меҳнат бошад асосан – шумораи аҳолии қобили меҳнат дар мамлакат, давомнокии вақти корӣ ва дараҷаи ихтисоснокии аҳолӣ таъсир мерасонад.

Дар илми иқтисод ва амалияи ҷамъиятӣ асосан чунин шаклҳои музди корро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

1. Музди кори номиналӣ гуфта маблағеро меноманд, ки коргар бар ивази меҳнати худ дар даст мегирад.

2. Музди кори ҳақиқӣ ин маҷмӯи неъматҳо ва хизматҳое мебошад, ки бар ивази маблағҳои бадастоварда харидорӣ кардан мумкин аст.

3. Музди кори вақтбайъ аз рӯи давомнокии меҳнат муқаррар карда мешавад.

4. Музди кори корбайъ аз рӯи воҳиди маҳсулоти истеҳсолкардаи коргар ба даст оварда мешавад.

Дар қатори шаклҳои гуногуни музди кор системаҳои гуногуни музди кор (сдельно-прогрессивная, сдельно-премиальная, многофакторная и т.д.) низ истифода карда мешавад.

6. Назарияи фоиз ва омилҳои ба он таъсиркунанда.

Фоизи қарз – ин даромади соҳиби сармояи қарзӣ мебошад.

Мувофиқи ақидаи марксистӣ сармояи қарзие, ки ба истеҳсолот равона карда мешавад дар навбати худ арзиши изофаро ба вуҷуд меоварад, ки як қисми онро соҳибкор азони худ мекунад ва қисми дигарашро ба соҳиби сармояи қарзӣ пардохт менамояд. Пардохти сармояи қарзӣ ҳамчун фоиз баромад менамояд, ки мутаносибии даромади солонаро (аз ҳисоби сармояи қарзӣ) бо худи сармояи қарзӣ ифода менамояд.

(20000сомони/100000сомони)*100%=20%

Мактаби неоклассикӣ бошад на ба сарчашмаи фоиз, балки ба меъёри он аҳамият медиҳанд, ки ба ақидаи онҳо меъёри фоиз дар асоси тақозо ва арза ба сармояи қарзӣ ба вуҷуд меояд.

Дар назарияи иқтисодӣ ва амалияи ҷамъиятӣ фоизи қарзӣ номиналӣ ва фоизи қарзӣ ҳақиқиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Фоизи қарзи номиналӣ – ин меъёрест, ки ҳамчун воҳиди пулӣ мувофиқи қурби баромад мекунад.

Фози қарзи ҳақиқӣ – ин меъёри фоиз бо назардошти таваррум (инфлятсия) мебошад.

Фарқияти байни инҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои зерин метавонад тағир ёбад:

1. Хавф (риск). Ҳар чӣ кадаре, ки қарздор қобилияти пардохти фоизро надошта бошад, ҳамон қадар қарздиҳанда зиёд гирифтани сармояи қарзиро кӯшиш менамояд.

2. Мӯҳлат. Қарзҳои дарозмӯҳлат меъёри фоизашон баланд аст нисбат ба кӯтоҳмӯҳлат, чунки дар натиҷаи мӯҳлати дароз соҳиби сармояи қарзӣ имконияти истифодабарии сармояи худро аз даст медиҳад.

3. Ҳаҷми қарз. Мувофиқи қоида ҳаҷми қарзи хурд фоизи баланд дорад, чунки хароҷотҳои маъмурии қарзи калон ва хурд қариб ки баробаранд.

Ба ғайр аз ин омилҳо меиавонад шароитҳои рақобат, дараҷаи андозҳо низ таъсир расонад.

Нақши меъёри фоиз муҳим буда, ба дараҷа ва таркиби истеҳсолот метавонад таъсир расонад:

1. Меъёри пасти фоиз ба афзоиши маблағгузорӣ ва васеъкунии истеҳсолот оварда мерасонад. Меъёри баланди он ба маҳдудкунии маблағгузорӣ ва сустшавии истеҳсолот оварда мерасонад.

2. Меъёри фоиз ба равона кардани сармоя таъсир расонида, пулҳоро ба соҳаҳои фоидаовар тақсим менамояд. (Оиди ин масъала мо дар қисмати макроиқтисод муфассалтар хоҳем посух дод).

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *